Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо зиёиёни кишвар 20 марти 2002 такид намуда буданд, ки: «Илму маориф барои мо на танҳо воситаи пешрафт, балки калиди таҳкими истиқлолияти миллӣ ва фарҳанги мост. Олимони мо бояд дар роҳи хизмат ба миллат саъй кунанд то Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои илмии худ шинохта шавад».
Илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили асосии рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ мавқеи махсус дорад. Аз замони истиқлолият давлат ба ташаккули заминаи ҳуқуқии фаъолияти илмӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои пешбурди он санадҳои меъёрии муҳим қабул кардааст. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 № 753 "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳамасола Рӯзи илми тоҷик - якшанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун рамзи эҳтиром ба дастовардҳои олимон ва нишонаи аҳамияти илм дар сиёсати давлатӣ таҷлил мегардад.
Баъди касби истиқлолият Тоҷикистон бо мушкилоти ташаккули сиёсати миллии илмӣ рӯ ба рӯ гардид. Соли 1994 Конститутсияи кишвар қабул шуд, ки дар моддаи 40-и он ҳуқуқи шаҳрвандон ба фаъолияти илмӣ кафолат дода шуд. Соли 1998 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" қабул гардид, ки асосҳои ҳуқуқии ташкили фаъолияти илмиро муқаррар намуд. Ин санад вазифаи давлатро дар таъмини шароити мусоид барои олимон ва рушди таҳқиқот мушаххас кард. Дар ин давра санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии муассисаҳои илмӣ қабул шуданд, ки барои барқарорсозии инфрасохтори илмӣ замина гузоштанд.
Рӯзи илм бо чорабиниҳои гуногун аз қабили конференсияҳо, намоишгоҳҳо ва муаррифии лоиҳаҳои инноватсионӣ ҳамроҳ аст. Дар муқоиса бо ҷашнҳои байналмилалӣ, ба мисли Рӯзи умумиҷаҳонии илм (10 ноябр, ЮНЕСКО), Рӯзи илми тоҷик хусусияти миллӣ дошта, ба таъриху фарҳанги илмии кишвар такя мекунад. Ин рӯз нақши муҳим дар таҳкими ифтихори миллӣ аз дастовардҳои олимони тоҷик мебозад.
Қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи илм дар тӯли солҳои истиқлол такмил ёфт ва ани ҳол чунин санадҳо амал мекунанд: Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №114 аз 28 феврали 2025 "Дар бораи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2025, № 81 "Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2024, № 612 "Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2025-2027 Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, № 417 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, № 136 "Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва таҳкими заминаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022, № 1922 "Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 263 "Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 264 "Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 267 "Дар бораи Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, № 165 "Дар бораи Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзи, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, № 165 "Дар бораи Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзи, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2021, № 1780 "Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон", Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2020 № 1557 "Дар бораи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 № 1445 "Дар бораи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" эълон намудани солҳои 2020-2040", Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 № 1430 "Дар бораи табдил додани Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 № 1197 "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 № 145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, № 288 "Дар бораи Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013 - 2028", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 № 593 "Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, № 308 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон аз 2 майи соли 2008, № 215 "Дар бораи тасдиқи Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 535 "Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилооти илмӣ-техникӣ", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, № 525 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ташаккул, экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва иҷрои барномаву лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд" ва дигар.
Рӯзи илми тоҷик бо баргузории чорабиниҳои муҳими илмӣ ва тантанавӣ дар саросари кишвар қайд мешавад. Масалан, санаи 14 апрели 2025 ҳайати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ин рӯз бо роҳбарии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба пояи нимпайкараҳои олимони барҷаста гулчанбар гузоштанд. Баъдан маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид ва дар он Президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи илми тоҷик баромад намуда, зикр намуд, ки истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти бунёдӣ омили рушди устувор аст. Ӯ инчунин дар маҷлиси тантанавӣ ба зарурати омодасозии кадрҳо дар зинаҳои магистратура, докторантура ва посдокторантура ишора карда, хабар дод, ки аз соли 2024–2025 дар 46 ихтисос посдокторантон қабул мешаванд. Ин амал ба рушди иқтидори илмии кишвар хизмат мекунад. Аз 2 то 14 апрели соли 2025 дар АМИТ «Даҳаи муаррифии илми академӣ» доир шуд, ки барои табодули дастовардҳои олимон ва ҷалби ҷавонон мусоидат намуд.
Рӯзи илми тоҷик, ки ҳамасола моҳи апрел таҷлил мегардад, на танҳо рамзи эҳтиром ба дастовардҳои олимони кишвар, балки нишонаи равшани сиёсати давлатӣ дар таҳкими иқтидори илмии Тоҷикистон мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли 2024 дар мулоқот бо аҳли илм ва маориф зикр намуданд, истиқлолият барои рушди бесобиқаи таҳқиқоти илмӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муаррифии миллати тоҷик ҳамчун тамаддунсоз дар арсаи ҷаҳонӣ замина фароҳам овард. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд, нақши олимони кишварро дар илми байналмилалӣ таъкид менамоянд. Қадрдонии беш аз 40 олим бо ҷоизаҳои ҷаҳонӣ ва садҳо нафар бо мукофотҳои давлатӣ, ки дар суханронии Пешвои миллат зикр шуданд, аз мавқеи устувори илм дар сиёсати давлат шаҳодат медиҳад. Чорабиниҳои Рӯзи илм, аз қабили «Даҳаи муаррифии илми академӣ» ва муаррифии лоиҳаҳои инноватсионӣ, татбиқи амалии қонунгузориро нишон дода, ба рушди иқтисодиёту фарҳанг мусоидат мекунанд. Барои таҳкими ин раванд зарур аст, ки қонунгузорӣ бо талаботи рақамикунонӣ мутобиқ гардад, дастгирии олимони ҷавон афзоиш ёбад ва ҳамкориҳои байналмилалӣ тавсеа дода шаванд. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 илмро ҳамчун омили рақобатпазирии иқтисод муайян кардааст. Соли 2025 оғози «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шуда, барои рақамикунонии таҳқиқот ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав замина мегузорад. Барои такмили заминаи ҳуқуқӣ пешниҳод менамоем, ки қонунгузорӣ оид ба имтиёзҳои андозӣ барои стартапҳои илмӣ қабул шавад; грантҳо барои олимони ҷавон афзоиш ёбанд; шартномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкории илмӣ тавсеа дода шаванд.
Сангинзода Дониёр Шомаҳмад - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор