Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.
Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он — гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.
Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.
Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебошад. Дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекардаанд. Муроду мақсади мардум аз баргузории он оғоз намудани омодагиҳо ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад.
Оид ба шарҳи истилоҳи “Сада” дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки “сада” аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад. Аммо ба ақидаи олимони устурашинос истилоҳи “Сада” аз калимаи “санд”-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шуданро дорад. Яъне падид омадани равшанӣ ва гармӣ.
Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.
Ҷашни Сада (форсӣ: جشن سَده) — яке аз ҷашнҳои эронитаборон ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10 баҳманмоҳ (30 январи тақвими мелодӣ) баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд.
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад.
Ходими илмии - маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ Ғанизода Н.Х.
Имрӯз 22.06.2024 баъди гузаштани шанбегӣ дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ - омили муҳимми рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Бо ибтикори ТИ “Дипломат” ва Шурои занони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии ҲХДТ аксияи “Тоҷикона мепӯшем”-ро бо роҳпаймоии бонувони Институт дар боғи “Куруши Кабир” роҳандозӣ кард. Ҳадаф аз ин иқдом арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан, баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки чорабинии мазкур давоми чорабиниҳои институт, бахшида ба рӯзҳои муҳиму таърихии кишвар, ҳамзамон эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, силсилаи аксияи “Тоҷикона мепӯшем” буда, дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тамоми гӯшаву канори кишвар ҷараён дорад, амалӣ шуда истодааст.
Бояд гуфт, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли асрҳо назокаташро гум накардааст. Либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дошта, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, бозгӯ аз завқи зебоипарасти мардуми покнажоди тоҷик аст. Ба бар намудани либоси миллӣ барои ҳар шаҳрванд ба хотири имрӯзу фардои миллат муҳим ва масъулият буда, пӯшидани он шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакати мо паст мекунад.
Бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 21 июни соли 2024 ба ифтихори 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ - омили муҳимми рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институт профессор Убайдулло Насрулло Каримзода оғоз намуд.
Дар маърузаҳои олимон Ҳ. Пирумшоев, А. Ғафуров, Н. Ҳотамов, Р. Абулҳаев ва дигарон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини фазои орому осудаи кишвар баён шуд.
Аз ҷумла қайд шуд, ки ба даст овардани ризоияти миллӣ, сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт мебошад. Роҳбарии оқилона, самимияти инсонии бемисл, ватандӯстӣ, ҳамкории самаранок дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкили моҳиронаву босамари фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, ҳаракатҳои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, боварии мардуми кишвар, аз ҷумла гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ нисбат ба сарвари давлат омилҳои мусоидаткунандаи татбиқи нақшаҳои асосӣ ба шумор мераванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба муносибати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аҳамияти бузурги таърихии ин ҳодисаи барои тамоми тоҷикистониён тақдирсозро қайд намуда, изҳор дошта буданд: «Талошҳо ва умеду орзуҳои 5-6 соли охир оид ба нигоҳ доштани давлатдории миллии тоҷикон дар ин рӯзи нек ҷомаи амал пӯшиданд. Имрӯз ман метавонам қайд намоям, ки гарчанде насли имрӯзаи миллати тоҷик дар оғози роҳ пешпо хӯрда бошад ҳам, вале имрӯз ғолибият насиби он гардид, зеро тавонист бар қувваи бадӣ пирузӣ ёбад, аз таъсири қувваҳои бадкина, ки мафкураи мардуми моро фаро гирифта, сабаби марги ҳазорҳо одамони ҷавон шудааст, озод гардад. Ақлу хирад ғолиб баромад. Он рӯзе, ки дар ҳар як шаҳру ноҳия, ҳар як деҳу дар ҳар як оила интизор буданд, фаро расид».
Танҳо баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва дар натиҷаи талошҳои доимии Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар кишвар фазои сулҳу оромӣ ва мусолиҳаи миллӣ ҳукмрон гардид. Маҳз бо шарофати сулҳу ризоияти миллӣ мо тавонистем ваҳдати милливу якпорчагии Ватанро таъмин намуда, чорабиниҳои бошукӯҳу умумимиллиро гузаронем.
21 июни соли равон дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинии мазкур, ки бо иштироки роҳбарияти Агентӣ ва кормандони он доир гардид, оид ба нақши Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, ҳифзи Истиқлолу озодӣ, якпорчагии мейҳан ва дастовардҳои замони Истиқлол ибрози назар карда шуд.
Илҳом Мирсаидзода - директори Агенти амнияти ХБРЯ АМИТ дар оғози суханронӣ ҳамаи ҳозиринро бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, оид ба аҳамияти ин санаи таърихӣ ва талошщои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан сулҳу субот суханронии пурмуҳтаво намуд.
Дар робита ба авзои зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон дар интиҳои чорабинӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо-Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, Истиқлоли давлатӣ ва осоиштагӣ бирасанд ва аз пештара дида онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоянд.
НАҚШИ СИСТЕМАИ ИНТЕГРАТСИОНӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ВА ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ ТРАНСМИССИВИИ ОДАМУ ҲАЙВОНОТ
Имрӯз (21.06.2024) бо ташаббуси Институти зоология ва паризатологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Нақши системаи интегратсионӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешгирии бемориҳои трансмиссивии одаму ҳайвонот” бахшида ба 140 – солагии академик Е. Н. Павловский ва 110 – солагии академик М.Н. Нарзиқулов баргузор гардид.
Барои поси хотир ва ёдовари аз бузургон аҳли олимони соҳа ва дар умум ташкилкунандагони конфронс нимаи аввали рӯз ба саҳни Институти химияи АМИТ ташриф оварда, дар назди нимпайкараи Е. Н. Павловский маросими гулгузориро анҷом дода, ҳамзамон бо меҳмонони ташрифоварда дар назди ин нимпайкара акси хотиравӣ гирифтанд.
Дар идомаи конфронс дар маҷлисгоҳи Институти зоология ва паризатологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзораҳимзода Акобир ҳусни оғоз бахшида шад. Тибқи барнома олимону кормандони институ ва марказҳои Хуҷанду Хатлон мутобиқ ба мавзуҳои муайяншудаи конфронс баромадҳо намуда, ба иштирокдорон маълумотҳои мукаммал муайян доданд.
Шурӯъ аз аввали соли ҷорӣ дар асоси дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои баланд бардоштани савияи дониши сиёсии ҳаводорони академия пайваста хонишҳои сиёсӣ бо иштироки академикон, профессорон ва умуман олимони соҳибмактаб, ки таҷрибаи бойи илмиву сиёсӣ ва зиндагӣ доранд, хонишҳои сиёсӣ бо ҷалби магистрантон, аспирантон, докторантони PhD ва кормандони АМИТ баргузор карда мешавад.
Имрӯз (21.06.2024) бо иштироки сершумори ҳаводорони ин хониш дар Маркази “Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат” – и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хониши сиёсии навбатӣ бо баромади узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Маҳмадалӣ Музафарӣ ва Мирзоев Ғаффор доктори илмҳои фалсафа ҳамзамон мудири кафедраи фалсафаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Неъматов Акмал доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини саркотиби илмии АМИТ дар мавзуи “Шуури сиёсӣ ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ” баргузор карда шуд.
Зимни баромад доктори илмҳои фалсафа, узви вобастаи АМИТ Маҳмадалӣ Музаффарӣ муҳтавои асосии мавзуро ба иштирокчиён фаҳмонида, роҳҳои мантиқан фикр кардану ба умқи масъала сарфаҳм рафтанро дар шуури онҳо ҷо намуда, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда гардониданд. Ҳамзамон дигар устодон ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои қонеъкунанда гардониданд.
21 июни соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони муассисаҳои илмии Тоҷикистону Чин семинари байналмилалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ва Чин – шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ” баргузор гардид. Пеш аз оғози конфронс меҳмонон аз намоишгоҳи дастнависҳои хаттии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, таъаасуроти хешро доир ба фарҳангу осори шоирону мутафаккирони барҷастаи тоҷик иброз намуданд.
Ба кори конфронс директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ узви вобастаи АМИТ Саидов Абдусаттор ҳусни оғоз бахишда, доир ба моҳияти баргузории конфронси мазкур андешаҳои худро баён доштанд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуда, зикр дошт, ки дар асосои созишномаҳои шарикии стратегӣ байни Тоҷикистону Чин бо фароҳам овардани дӯстиву бародарии роҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои мо дар самтҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамин аст, ки таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд, ки ба анъанаҳои чандинсолаи дӯстии мустаҳкам, эҳтиром ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтааст мо бояд ин муносибатҳои дӯстонаро густариш дода, дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ натиҷаҳои назаррасро ба даст орем.
Дар ҷараёни конфронс ноиби президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Хитой Чжен Чжан Мин дар суханронии хеш ба роҳбарияти академия барои баргузори намудани чунин конфронси сатҳи байналмилалӣ изҳори сипос намуд. Таъкид дошт, мо дар ҳама ҳолат омода ҳастем, ки ҳамкориҳои илмии худро бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми сифтан нав ва дар доираи созишномаҳои имзогардида ба роҳ монда, дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ таҳқиқотҳои илмиро тақвият бахшидан лозим аст.
