
САҲМИ АКАДЕМИК ФОЗИЛҶОН ТОҲИРОВ ДАР РУШД ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚШИНОСОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Вақте ки сухан дар бораи Устод Фозил Тоҳирович меравад, гуфтан ҷоиз аст, ки Устод дар ҳақиқат падари маънавии тамоми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон мебошанд. Як гурӯҳ шогирдони болаёқати ҳуқуқшиносро тарбия кардаанд, ки зери роҳбариии он кас ҳам рисолаҳои номзадӣ ва ҳам рисолаҳои докториашонро дифоъ кардаанд.
Боиси ифтихор аст, ки ин шогирдон имрӯзҳо дар асоси дарёфти малака ва маҳорати соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар вазифаҳои гуногун дар мақомот ва вазорату идораҳои баланди давлатӣ кору фаъолият мекунанд.
Маҳз тавассути касбияти баланди Устод Фозил Тоҳирович буд, ки бо як қатор олимони Россия дӯстӣ пайдо карда, чанд шогирдашон аз Тоҷикистон барои дифои рисолаҳояшон ба Донишгоҳҳои Маскав рафта дифо мекарданд.
Устод Фозил Тоҳирович пули ҳуқуқшиносии тоҷик ва Россияро барпо намуданд. Аз дӯстон ва олимони ҳуқуқшиноси Россия Нерсессянс В.С., Сюкияйнен Л.Р.,Гравский М.Н. ва ғайраҳо, аз ҷумла яке аз ҳуқуқшиносони барҷастаи Россия Чистяков О.И. роҳбари илмии эшон буданд.
Ба ҷуз сифатҳое, ки дар боло ном гирифтем, устод Фозил Тоҳиров сухангӯйи тавоно ҳам маҳсуб мешуданд. Он кас бо маърӯзаҳои илмӣ борҳо дар конгрессу симпозиумҳо дар Миср, Италия, Олмон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Лаҳистон, Австрия, Москва ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Россия ва ИДМ дастовардҳои илми ҳуқуқи ватаниро муаррифӣ кардаанд.
Аксар пажӯҳишҳо ва китобҳои устоди зиндаёд дар ганҷинаи илми ватанӣ ба ёдгор мондаанд ва ҳар муҳаққиқ ва донишҷӯ, албатта, ба онҳо муроҷиат мекунад. Китобҳои он кас – «Становление советского права в Таджикистане» (1987), «Правовая система Таджикской АССР» (1988), «Ташаккули ҳуқуқи шӯравӣ дар Тоҷикистон» (1994), «Правовая система дореволюционного Таджикистана» (1998), «Шариат ва танзими муносибатҷои ҳуқуқӣ-оилавӣ (бо забонҳои тоҷикиву русӣ, соли 1999, бо ҳаммуаллифӣ), “Таърихи давлат ва ҳуқуқи дунёи қадим» (2003), «История государства и права Республики Таджикистан» (қисми 2, 2001), «Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ (дунёи қадим ва асрҷои миёна)» (2004), «Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷа (давраи нав ва навтарин)» (2007), «Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана, 1917-1994 гг.», «Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана» (такмили китоби пешина, 2019) аслан ниёз ба муаррифӣ надоранд, зеро ҳамеша мавриди истифодаи алоқамандон ҳастанд.
Мо ки дар остонаи таҷлили 34-солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қарор дорем, ин лаҳзаҳо ёдам меояд, ки ки сулҳу суботи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Воқеан, аз аввали солҳои 90-уми қарни гузашта то ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардида, дар он рӯзҳо бенизомиву бетартибӣ ҳукмфармо, меъёрҳои қонунҳои давлат зери по шуда, бесарусомониву ҷинояткорӣ қариб дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ шакли муташаккилонаро гирифта буд. Дар ин марҳила, бисёре аз фарди Тоҷикистон Ватанро тарк карда, ба дигар кишварҳо фирор намудаанд. Аммо,мо ба ҳеҷ куҷо нарафтем, гуреза ҳам нашудем ва ҳама мушкилоти низоъи шаҳрвандиро бо кулли мардуми Тоҷикистон паси сар намудем.
Устод симоҳо ва шахсиятҳои барҷастаи ҳуқуқшиносии дигар кишварҳо ва ҳуқуқшиносони ватаниро мисли В.Г. Грингберг, Л.С. Явич, Е.Н. Стрелникова, Х.Қ. Раҷабов, Э.С. Севликянс, В.А. Ойгензихт, В.И. Коретский, Г.Л. Осокина, Р.Н. Ҳамроқулов, Ш.Р. Розиқов, Л.М. Франк, Л.З. Зимина, С.Ш. Шарофов ба ёд меоварданд.
Устод дар ҳарду ҷабҳа – ҳам омода намудани мутахассисон барои сохторҳои кишвар ва ҳам рушди танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар мамлакат бевосита саҳм доштанд. Махсусан дар таҳия ва коркарди лоиҳаи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, асоснокгардонии илмиву назариявии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бевосита иштирок мекарданд.
Он кас як ҷумлаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун шиор пазируфта буданд ва ҳамеша такрор мекарданд, ки чунин буд: «Пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст». Мегуфтанд, ки ин ҷумла як олам маъно дорад ва моҳияти давлатдории моро ифода мекунад, яъне бидуни танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои иҷтимоӣ давлати ҳуқуқбунёд асолат надорад ва буда ҳам наметавонад.
Хулоса, зиндагиномаи Устод Фозил Тоҳирович боиси ибрат ва намуна аст. То метавонистанд некӣ мекарданд. Доиман ба ҷавонон, хусусан шогирдонашон таъкид мекарданд, ки бисёр китоб хонед, маърифати баланд дошта бошед, ҳуқуқи худатонро донед, нагузоред, ки дар зиндагиатон беадолатӣ шавад.
Санаи 10 июни соли 2025 дар Толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов конференсияи ҷумҳуривии илмӣ-назаривии «Хонишҳои академӣ-ҳуқуқӣ”- дар мавзуи “Илми ҳуқуқшиносӣ: таърих, масоили мубрам ва дурнамои рушд”, бахшида ба рӯзи “Ваҳдати миллӣ” ва фаъолияти илмии академик Фозил Тоҳиров, баргузор мегардад.
Китоби академик Фозил Тоҳирович 995 саҳифа бо ташаббуси академик Қобилҷон Хушвахтзода ва шогирдонашон рӯи чоп омадааст.
Академик Фозил Тоҳирович яке аз муаллифони Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар таҳия ва мураттаб сохтани Парчам ва Нишони давлатӣ иштироки фаъолона доштанд.
Зиёда аз 39 нафар номзадҳо ва докторони илми ҳуқуқро тайёр намудаанд. Раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ буданд, ки ин Шӯроро худашон ташкил намудаанд.
Имрӯзҳо шогирдони эшон дар мақомотҳои баланди давлатӣ кору фаъолият мекунанд. Академик Тоҳир Фозилович Арбоби шоистаи илм ва техника буданд. Зиёда аз 5 сол директори Ииститути давлат ва ҳуқуқ ба ӯҳда дошта, ташкилкунандаи Институти мазкур буданд.
Инҷо ҷоиз аст, ки мо сатрҳои шоири шаҳири Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро ба ёд биёрем:
Ошён гар мегузорӣ дар дили инсон гузор,
Дар раҳи меҳру вафою аҳди бепоён гузор.
Нест ҳеҷ чизе ки аз дили инсон баланд,
Ошёни меҳри хеш дар мағзи ҷон гузор.
Меҳри Устод академик Фозилҷон Тоҳиров дар мағзи ҷонҳои фарзандонашон, шогирдонашон, пайвандонашон ҷой гирифтааст. Равонашон шод бошад!
Санавбарбону Воҳидова - мудири шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
РӮНАМОИИ КИТОБИ ТОЗАНАШРИ “РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ – ДАСТПАРВАРИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”
Имрӯз, 18 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби тозанашри «Рустами Эмомалӣ – дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат», ки зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт чоп гардидааст, рӯнамоӣ гардид. Ба рӯнамоии китоби мазкур ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш изҳор дошт, ки ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби тозанашр бо номи “Рустами Эмомалӣ – дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо услуби хосса рӯйи чоп омад ва боиси сарфарозии ҳайати олимони кишвар аст, ки рӯнамои китоби мавриди назар дар боргоҳи илму маърифати тоҷик-Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мегардад. Басо рамзист, ки рунамои китоби мазкур ба тантанаҳои ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷиҷикстон рост омадааст, ки ба ин муносибат яко яки Шумо ҳозирини арҷмандро табрику таҳният мегӯем.
Таъкид гардид, ки китоби “Рустами Эмомалӣ - дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо сифати баланд чоп шуда, фарогири мақолаҳои 18 нафар чеҳраҳои маъруфи кишвар мебошад. Китоб аз 280 саҳифа иборат буда, нигоштаҳои он бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф шудаанд. Муаллифони мақолаҳо дар сохторҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ ва илмию фарҳангӣ фаъолият менамоянд, ки нигоштаҳои хешро дар асоси санаду далел таълиф намуда, раванди меҳнату кӯшишњои созандагиву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро инъикос намудаанд. Китоб бо аксаҳо оро ёфтааст, ки аксҳои дар китоб ҷойдода муҳтавои нигоштаҳоро таҳкиму тақвият мебахшанд.
Гуфта шуд, ки бо 3 забон нашр шудани китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани дастовардҳои 8 соли охири мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба пойтахти кишвар мусоидат менамояд.
Китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” маҷмуи мақолаҳои олимону зиёиён ва ходимони давлатию сиёсии кишварро ҷиҳати муаррифии хизматҳои мондагори шаҳрдори ҷавон-муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвар ва идомабахши мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар гирифтааст.
Воқеан, мактаби давлатдории Пешвои миллат ба ҳайси бузургтарин мактаби сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, ин мактаб ба таҳкими сулҳу субот, амнияту осоиштагӣ дар сартосари мамлакат, рушди тамоми инфрасохтори кишвар замина гузошта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як муддати кутоҳ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як ҷумҳурии сарсабзу хуррам, бо суръат рушдкунанда ва муҳимтар аз ҳама ба як кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ табдил дод. Ин мактаби бузурги сиёсӣ дар ташаккул ва рушду инкишоф ёфтани шахсиятҳои ворастаи сиёсӣ ва тарбияи нерӯи зеҳнию ақлонии кишвар мунтазам мусоидат намуда, дар худ як қатор чеҳраҳои сиёсиро ба камол расонидааст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори ҷавони кишварро метавон бешак аз зумраи беҳтарин дастпарварони асили ин мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат номид, ки тули фаъолияти хеш ба ҳайси шарҳрдори кишвар шаҳри Душанберо ба беҳтарин маркази маъмурии кишвар, давоми фаъолияти хеш ба ҳайси Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон нишон додани ташаббуси байналмилалӣ дар соҳаи мазкур ва ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Палатаи болоии парломуни кишвар-Маҷлиси Миллиро ба яке аз ниҳодҳои асосии ташаббускор дар низоми қонунгузории кишвар табдил дод.
Дар ин росто лозим ба ёдоварист, ки маҳз завқи баланди кордонӣ, эҷодкорӣ, андӯхтани таҷрибаи кишварҳои мутамаддин, маҳорати шоистаи роҳбарӣ, ишқи ҳақиқӣ ба Ватан, нигоҳи шаҳрофар ва иқдоми бузурги бунёдкориву созандагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат буд, ки дар пойтахти кишвар раванди ободиву навсозиҳо нисбат ба 10-солаи қалб рушд намояд. Пешрафти босуръати соҳаҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ба рӯйдоди муқаррарӣ табдил ёфтааст ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии солҳои охир пойтахтро бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса кардан имконнопазир мебошад.
Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки чопи китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” ва рӯнамоии он дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин гувоҳӣ аз эҳтироми беандоза гузоштани олимону муҳаққиқон ба заҳмату талошҳои созандаи шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Таъкид гардид, ки дар китоби мазкур фаъолияти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути таҳияи мақолаҳои гуногун таҷассум ёфтааст, ки ин фаъолият намунаи ибрат аст. Муаллифон зимни таҳияи мақолаҳои хеш дар асоси далелу санад ҳақиқати ин иддаоро дар китоби мазкур исбот кардаанд. Китоби тозанашр дабистони муқаддасест, ки ҷавонони имрӯзу фардо аз он сабақи зиндагӣ, дарси хештаншиносиву ватандорӣ ва созандагиву бунёдкориро меомӯзанд.
Сипас, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷурахон Зоир Маҷидзода, доктори илмҳои таърих Насрулло Убайдулло Каримзода, узви вобастаи АМИТ Ҳасани Султон, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам дар маърузаҳои хеш доир ба чопи китоби тозанашри “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” ва фаъолияти пурсамари шаҳрдори ҷавон муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуданд. Дар фарҷом Мирзоамини Мирсаидзода барои талошу заҳматҳои анҷомдодааш дар мураттабгардонии китоби мазкур бо Ифтихорномаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардонида шуд.
САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ГЕНДЕРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
17 сентябри соли равон зимни вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо занону бонувони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон курси омӯзишии “Зан – сарвар” ҷамбаст гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш қайд намуданд, ки таи солҳои Истиқлолият таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тавонист, ки ба беҳбудии вазъи занон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намояд. Ҳукумати кишвар бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хоскор карда баромад.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо маҳз бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар муҳим арзёби мегардад. Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ нақши занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, маҳз барои таҳсил ва фаъолияти онҳо дар ниҳодҳои гуногуни давлатӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо фароҳам овардааст.
Боиси зикри хос аст, ки дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои занон ва бонувон фаъолият менамояд, ки занону бонувон дар ҳар давру замон бо масъулияти баланди ватанпарастӣ дар пешрафти соҳаи илми кишвар ва баланд бардошатни нуфузу эътибори кишвари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард. Бо ҳамин мақсад бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар байни занону бонувони академия курси омӯзишии “Зан сарвар” таъсис дода шуда буд.
Шурӯъ аз лаҳзаи фаъолият дар ин курс аз тамоми ниҳодҳои илмӣ бонувон иштирок намуда, аз суҳбат бо бонувоне, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши устувор гузоштаанд баҳравар гардиданд. Сипас дар анҷоми вохурӣ зумрае аз занону бонувон бо Шаҳодатномаи хатми курси мазкур қадршиносӣ гардид.
15 сентябри соли 2025 Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу, бо ҳайати ҳамроҳаш дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.
Роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» ташрифи меҳмононро гарму самимӣ истиқбол намуда, вохӯрии имрӯзаро фурсати муносиб барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба арзёбӣ карданд.
Ҳайати меҳмонон нахуст аз бинои корхона дидан намуда, бо фаъолияти корхона ва имкониятҳои технологӣ ва инфрасохтории КВД «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд.
Мақсади асосии вохӯрӣ табодули таҷриба дар самти ташкили «шаҳрҳои ҳушманд» ва татбиқи ҳалли пешрафтаи технологияҳои иттилоотӣ дар муҳити шаҳрӣ арзёбӣ гардид.
Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати барқарорсозии робитаҳои шарикӣ миёни муассисаҳои соҳавии ду кишвар изҳор намуда, пешрафти назарраси шаҳри Душанбе дар самти рушди рақамиро таъкид карданд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда ва самарабахш баргузор гардида, бо нияти густариши ҳамкориҳои минбаъда ба анҷом расид.
Паёми Душанбе
Имрӯз, 13 сентябр дар толори Маркази илмии Хуҷанди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсяи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Истиқлолу озодӣ – арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик” баргузор гардид.
Ба кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, дар сухани ифтитоҳии хеш бори дигар иштирокдорони конфронсро бо эҳсоси садоқат ва муҳаббати бепоён ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ифтитоҳи ду озмоишгоҳи наву замонавӣ, самимона ва содиқона табрику таҳният намуданд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ, ки дар бораи бадастории он халқи Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Эъломия қабул намуда, онро ба тамоми ҷаҳониён арза намуд, на танҳо дар даҳсолаву садсолаҳо, балки дар ҳазорсолаи охир воқеаи муҳимтарин барои миллати куҳанбунёди мо ба ҳисоб меравад. Ин вобаста ба он аст, ки баъди давлати Сомониён танҳо таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон фароҳам сохт, ки ормону орзуҳои деринаи тоҷикон амалӣ гашта, роҳи аз нав бунёд сохтани давлатдории миллии навин пеш гирифта шавад.
Заминаҳои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ барои кишвару миллати тамаддунофари мо, барои мардуми соҳиби таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи тоҷик гуногун буданд. Аммо, чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, маҳз ормони қариб ҳазорсолаи халқи мо барои аз нав бадастории соҳибистиқлолӣ моро ба ин бузургтарин неъмати давлатдорӣ расонид, зеро “Решаҳои Истиқлоли мо ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд!».
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон на танҳо ба дарки маънои соҳибихтиёрию истиқлолият расид, балки Рӯзи истиқлолиятро дар баробари ҷашнҳои бузурги миллии қадимаамон, чун Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада ва амсоли он арҷгузорӣ намуда, имрӯз ҳамасола 9 сентябр дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бо як шукуҳу шаҳомати хосса хурду бузург, зану мард онро ҷашн мегиранд.
Ин нишонаи он аст, ки соҳибихтиёрӣ, яъне ба дасти худ гирифтани зимоми давлатдорӣ аз ҷониби миллати унвонӣ – тоҷикон, истиқлолияти давлатӣ ҳамчун танзими мустақилонаи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии тамоми сокинони кишвар новобаста аз баромади этникияшон дар Тоҷикистон мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд буда, онҳо ҳамчун шаклҳои олии зуҳури озодӣ, ки барои инсон бузургтарин неъмати табиӣ ба ҳисоб меравад, қадрдонӣ карда мешаванд.
Зикр гардид, ки фароҳам овардани шароити корӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ яке аз дастовардҳои арзишманди олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки маҳз имрӯз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида истодаанд.
Имрӯз, 12 сентябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндаи Вазорати тандурустии Федератсияи Русия Мамедов Меҳман Ниёзиевич мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтӣ маълумоти муфассал дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмӣ, гузаронидани озмоишҳои муштарак бо олимони Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти кардиология ба мувофиқа омаданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо зимни суханронии хеш ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар самти омода кардани кадрҳои илмӣ тавассути табодули академӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Инчунин, ҷонибҳо барои баргузорӣ ва иштирок дар симпозиюми байналмилалӣ бахшида ба 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, изҳори андеша намуданд.
Имрӯз, 12 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт», ки зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷониби мураттибон профессор Суфизода Шодимуҳаммад ва академик Муҳаммадюсуф Имомзода омода гардидааст, рӯнамоӣ гардид.
Дар оғози маҳфил президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки устод Садриддин Айнӣ аз чеҳраҳои калидии таърихи навини тоҷикон буда, саҳми ӯ дар истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Воқеан, ба унвони бунёдгузори адабиёти навини тоҷик ва нахустин президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи пешоҳангоне ба шумор меравад, ки равишҳои мухталифро дар пажӯҳишҳои илмӣ ҳамаҷонибаву мукаммал ба роҳ монда, заминаҳои ташаккули илми муосири тоҷикро фароҳам оварданд.
Умуман, таъсири амиқе, ки устод Садриддин Айнӣ ба ҷаҳони маънавӣ ва маърифати мардум дошт, то ба имрӯз пояндаву арзишманд аст. Ба таъбири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст».
Таъкид гардид, ки китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» библиографияи осори мутафаккири бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва адабиёт доир ба ӯро фаро гирифтааст. Асари мазкур як таҳқиқоти муҳим ва муфассалест, ки ба таҳлили мероси адабии Садриддин Айнӣ ва пажуҳишҳое, ки дар бораи ӯ анҷом дода шудаанд, бахшида шудааст. Феҳристи мазкур ҳамчун як манбаи боэътимод ва роҳнамои арзишманд барои муҳаққиқон ва ҳаводорони фарҳангу адабиёт пешкаш мегардад.
Дар идомаи маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф, директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Ганди Шодимуҳаммади Сӯфизода, шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким суханронӣ намуда, бори дигар аз хизматҳои таърихии устод Садриддин Айнӣ дар рушди забон ва адабиёти муосири тоҷик ёдовар гардиданд.
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода, ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода, ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара
Дар Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, Хонақоҳ 1-2 ва Оби Мазори Ховалинг дарёфт шудаанд, ҷамъоварӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ёдгориҳои осорхонаи мазкур бозгӯй аз се давраи таърихӣ, асри санг, асрҳои миёнаи барвақт ва миёнаи охир мебошад.
Олоти кории сангӣ, ки қисми зиёди бозёфтҳои ин осорхонаро ташкил медиҳанд, ба давраи полеолити поин таалуқ дошта, беш аз 950 ҳазор сол умр доранд.
ТААССУРОТ ДОИР БА МУШАРРАФ ГАРДИДАНИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ БА НОМИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ
Ман, ҳамчун ҷавони хушбахту саодатманди даврони Истиқлолияти давлатӣ, бо эҳсосоти гарму самимӣ ва бо дили пурифтихор хабари мушарраф гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой пазируфтам. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди мамлакат, хоса барои мо ҷавонон, манбаи ифтихор, илҳом ва нерӯи тоза гардид.
Ҷоизаи мазкур, ки ба шахсияти Пешвои миллат тақдим гардид, дар худ арзиши ҷаҳонӣ дорад, зеро ин ҷоиза танҳо ба онҳое дода мешавад, ки дар таҳкими сулҳ, ваҳдат ва арзишҳои башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳақ ба ҷониб аст, ки Пешвои миллатамон сазовори чунин қадрдонӣ гардиданд, маҳз бо сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва ҷасорати фарзонагии худ Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ бароварданд ва ба кишвари орому суботманд табдил доданд.
Имрӯз, вақте ки ҷаҳон бо буҳронҳои сиёсӣ, ихтилофоти қавмиву мазҳабӣ ва низоъҳои зиёде рӯ ба рӯ аст, Тоҷикистони азизу маҳбубамон бо раҳнамоии Пешвои миллат ҳамчун кишвари сулҳҷӯ, ваҳдатофар ва дӯстдори тамаддуну арзишҳои инсонӣ шинохта шудааст. Маҳз ҳамин сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат боис гардид, ки номи Тоҷикистон дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо калимаҳои «сулҳ», «ваҳдат» ва «ҳамдигарфаҳмӣ» пайванд хӯрад.
Ҳар як дастоварди Пешвои миллат на танҳо ба номи шахсии ин абармарди майдони сиёсат, балки ба номи тамоми миллати тоҷик вобаста аст. Зеро Пешвои миллат ҳамчун рамзи ваҳдат, сарҷамъӣ ва умед ба ояндаи дурахшон маъруф гардидаанд. Мо, ҷавонон, бо дидани чунин муваффақиятҳо масъулияти бузургтар эҳсос мекунем, барои мо Пешвои миллат намунаи бузурги ватандӯстӣ, фидокорӣ ва инсонпарвариянд.
Ман ҳамчун ҷавон, ки неъматҳои Истиқлолиятро бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунам, хуб дарк менамоям, ки имрӯз ҳар як имконияти таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии осоишта маҳз ба туфайли сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар гардидааст, агар сулҳ намебуд, агар ваҳдат пойдор намешуд, мо ҷавонон ҳаргиз чунин имкониятҳои фарохи рушдро ҳатто дар мағзи хеш ҳам тасаввур карда наметавонистем.
Мушарраф гардидани Пешвои миллат ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой дар воқеъ нишон медиҳад, ки сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон намунаи ибрат барои тамоми ҷаҳон аст. Ин ҷоиза барои мо насли ҷавон на танҳо мояи ифтихор, балки дарси бузурги масъулият ва ҳидоят барои оянда мебошад.
Ман бо камоли ифтихор мегӯям, ки мо — ҷавонони даврони Истиқлолият бояд ин роҳу равиши сулҳпарвариро идома диҳем, арзишҳои Ваҳдати миллиро пос дорем ва барои ободии Тоҷикистони гул гул шукуфонамон саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро беҳтарин қадрдонӣ аз заҳматҳои Пешвои миллат дар он аст, ки мо ҷавонон бо дониш, меҳнат ва саодати худ ватани худро ободу пешрафта гардонем.
Ин ҷоиза барои Пешвои миллат дар асл ҷоиза барои ҳар як тоҷик аст. Ин қадрдонӣ нишон медиҳад, ки миллати тоҷик миллати сулҳпарвар, ваҳдатофар ва фарҳангдӯст мебошад. Мо бо чунин Пешво ифтихор дорем ва ҳамеша ба сиёсати хирадмандонаи фарзонафарзанди миллатамон такя мекунем.
Поянда бод Тоҷикистонам !
Поянда бод Ваҳдати миллӣ!
Зиндаву саломат бод Пешвои хирадсолору меҳандусти Тоҷикистони азизу ҳамешабаҳор!
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 уми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.