Skip to main content

1Ҷавонон қисми муҳими ҷомеаро ташкил дода, ҳамчун нерӯи пешбаранда ва кафили ояндаи давлату миллат шинохта мешаванд. Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки "ҷавонон на танҳо оянда, балки имрӯз низ қувваи созанда ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд". Ин гуфтаҳо гувоҳи равшани мавқеи ҷавонон дар сиёсату иқтисод ва ҳаёти ҷамъиятии кишвар мебошанд.

МОҲИЯТИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН:

Сиёсати давлатии ҷавонон маҷмӯи тадбирҳоест, ки аз ҷониби давлат барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҷавонон, таҳкими рушди шахсиятӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиву иқтисодии онҳо амалӣ карда мешавад. Ин сиёсат инчунин шароити мусоидро барои худшиносӣ, ватандӯстӣ, таҳсил, кор ва ташаккули ҷаҳонбинии солим фароҳам меорад.

ҚОНУНГУЗОРӢ ВА САНАДҲОИ МЕЪЁРИЮ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ҶАВОНОН:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», ки соли 2004 қабул гардидааст, амалӣ мешавад. Ин қонун ҳадафҳои асосии сиёсати ҷавононро муайян мекунад ва нақши давлатро дар рушди насли ҷавон тавсиф менамояд. Илова бар ин, барномаҳои стратегии давлатӣ, мисли Стратегияи рушди ҷавонон барои солҳои 2023–2027 ва дигар барномаҳои соҳавӣ, барои беҳтар намудани шароити зиндагии ҷавонон равона шудаанд.

НАҚШИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН:

Ҳукумати кишвар пайваста ба масъалаҳои ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, сохторҳои махсус, аз ҷумла Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ин ниҳод бо ҳамоҳангии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ сиёсати давлатро дар самти кор бо ҷавонон амалӣ мекунад.

Ҳамасола баргузории чорабиниҳои бузург, аз ҷумла Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон, Ҷашнвораҳои илмӣ ва варзишӣ, Барномаҳои таълимии дохилӣ ва байналмилалӣ, Грантҳо барои ҷавонони соҳибкор, ва барномаҳои омӯзишии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, гувоҳи таваҷҷуҳи ҷиддии давлат ба ҷавонон мебошад.

ДАСТГИРИИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ҶАВОНОН

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон — дастгирии иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад. Ҷавонон бо имкониятҳои гуногуни таҳсил, соҳибкории хурду миёна, гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои президентӣ таъмин мешаванд. Ҳамчунин, барои хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ барномаи квотаҳо ва дастгирии шуғл мавҷуд аст.

ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ВАТАНДӮСТӢ:

Давлат тавассути барномаҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти хос медиҳад. Таълифи китобҳо, филмҳо, барномаҳои тарбиявӣ ва баргузории озмуну конференсияҳо дар самти баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва худшиносии миллӣ саҳми муҳим доранд.

Бо дарназардошти аҳамияти баланди ҷавонон дар ҷомеа, сиёсати давлатии ҷавонон ҳамеша зери таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳадафи асосӣ — ин ташаккули насли худшинос, донишманд, ватандӯст ва бо ҷаҳонбинии васеъ мебошад, ки метавонад дар рушди устувори кишвар саҳм гузорад. Ҷавонон бояд ин дастгирии давлатро қадр намоянд ва барои ободии Ватан саҳми арзанда гузоранд.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1-уми ихтисоси идоракунии давлатӣ-и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон