Skip to main content
Дар Тоҷикистони муосир сиёсати созанда ва ояндадоре, ки аз ҷониби сарвари давлат – Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад, аз бисёр ҷиҳат тамоми соҳаҳои тараққиёт ва нашъунамои давлатро муайян мекунанд. Чунин хусусияти хоси сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ бо моҳияти конститутсионии давлати тоҷикон, ки ҷумҳурии демократӣ бо шакли президентии ҳукмронӣ мебошад, алоқаманд аст.

Дар ноил шудан ба ҳадафҳои олии ба таври конститутсионӣ муқарраргардидаи ташкили давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қатори дигар омилҳо паёмҳои Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони мамлакат – Маҷлиси Олӣ аз аҳамияти калон бархӯрдор мебошанд.

Паёмҳои Президенти ҷумҳурӣ бо ҳамаи самтҳои дигари фаъолияти функсионалии ӯ дар давоми таърихи зиёда аз сиюсесолаи давлатдории мустақили тоҷикон дар таъмини тараққиёти пешравандаи мамлакат дар самти таҳкими муносибатҳои дӯстона ва созандаи хориҷии он нақши муҳим ва пешрафтаро бозидаанд.

28 декабри соли 2024 дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаро оид ба «Самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори аввал дар бинои наву боҳашамати Парлумони мамлакат пешниҳод гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таклифҳоро оид ба пешбурди сиёсати нисбатан самараноки дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини пешрафту тараққиёт дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, энергетика, роҳҳо ва нақлиёт, ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ, меҳнат ва шуғли аҳолии мамлакат, сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, гумрук ва андоз, амнияти мамлакат ва мудофиаи он, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавиро пешниҳод карда, вазифаҳои мушаххасро барои соҳаҳо муайян карданд.

Дар рафти таҳлилу баррасии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мамлакати мо дар асосии сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи зиёда аз се даҳсола бо кишварҳои ҷаҳон омодагии худро барои идома додани таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба ҳам дар сатҳи дуҷониба, ҳам дар сатҳи бисёрҷониба баён мекунад.

Пешвои муаззами давлат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ҳамкории ояндадор ва созандаро дар доираи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳо ва шарикони байналмилалии молиявӣ оид ба рушд тавсеа медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тадбирҳои заруриро барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда ва тавсеа ва таҳкими ҳамкории дарозмуҳлат ва созанда бо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ва шарикони байналмилалии Тоҷикистон меандешад.

Дар самти мазкур мамлакати мо робитаҳои худро бо Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва сохторҳои дигари бисёрҷонибае, ки ба иштироки минбаъдаи фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва сохторҳои байналилалӣ кӯшиш мекунанд, тавсеа мебахшад.

Пешвои миллат инчунин саъю талошҳои Тоҷикистонро ба рушди сиёсати бисёрсамтаи иқтисодии хориҷӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ба монанди Бонки умумиҷаҳонӣ ва Бонки Осиёгии рушд таъкид намуда, қайд карданд ки ин шарикиҳо ба ҷалби сармоягузориҳо ва рушди инфрасохтор нигаронида шудаанд.

Аҳамияти иштироки фаъоли ҷумҳурии Тоҷикистонро дар равандҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои ҳамаҷониба бо мамлакатҳои ҳамсоя таъкид намуда, Президенти мамлакат қайд намуданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи амният, аз ҷмула терроризм ва ифротгароӣ, барои Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятнок боқӣ монда, зарурати саъю кӯшишҳои муштаракро барои таъмини амният дар минтақа таъкид намуданд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон иштироки фаъолонаи худро дар конференсияҳо ва иқдомоти байналмилаллии марбут ба захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим идома дода, дар соли 2025 ба нақша гирифтааст дар ҷумҳурӣ конференсияи якуми байналмилалиро доир ба ҳифзи пиряхҳо баргузор намояд.

Дар хотимаи Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки шаҳрвандони мамлакат бояд ҳар рӯз ва ҳамеша барои рушди давлати мустақили мо, ободонӣ ва гулшукуфоии Ватани ниёгонамон ва пайваста беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии ҳар як оилаи халқи шарафманди Тоҷикистон саъю талош намоянд.

Иброҳимов Исроил Нуралиевич, - докторанти PhD курси 2 Институти омӯзиши масъалаҳот давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ