Skip to main content
weqweqw

Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони гиромӣ!

Боиси хушнудист, ки ҳамасола санаи 5-уми октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил мекунем.

Имрӯз забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба сифати забони давлатӣ, балки ба ҳайси забони илму фарҳанг ҳам амал намуда истодааст, зеро имрӯз ба ин забон асарҳои зиёди илмӣ таълиф гардида, аз забонҳои дигар ҳам асарҳои зиёди илмию техникӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд.

Чунин мақоми баланд ва аҳаммияти иҷтимоии забони тоҷикӣ моро водор месозад, ки ба таълиму омӯзиш, таҳқиқ ва истифодаи шоистаи забони тоҷикӣ бо як муҳаббати бепоёну масъулияти баланд муносибат намоем. Чунин аст, рисолати зиёиёни имрӯза ва ояндаи ҷумҳурии мо, ки аз суханони зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: “Барои озодона бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтану суҳбат карда тавонистан, бояд ҳар як зиёии тоҷик на танҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад.”

Мусаллам аст, ки забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва он яке аз арзишдмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои ояндаи мо арзёбӣ мегардад. Таърихи башар гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад.

Бояд бо ифтихор иброз дошт, ки пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони Истиқлол дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзу рушди он саъйу талош намуда, дар кишвар ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар баробари ин, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, барои пешрафти он силсилабарномаҳои давлатӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ба хотири бузургдошти ин рукни муҳимми давлатдориамон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид гардидаву ҳамасола Рӯзи забони давлатиро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки он яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик гуфта, дар корҳои илмию таҳқиқотиятон комёбиҳо таманно дорам.

Рӯзи забони давлатӣ муборак!