Skip to main content
Тавре, ки иттилоъ дорем, субҳи 11 октябри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди корӣ ба Туркманистон сафар намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ва дигар намояндагони воломақом самимона пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони “Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо - асоси сулҳу тараққиёт” иштирок ва суханронӣ намуданд. Қобили тазаккур аст, ки имсол бо қарори ЮНЕСКО 300-солагии шоир ва мутафак­кири маъруфи туркман Мах­думқулии Фироқӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад. Бо фармони Президенти Туркманистон соли 2024 «Соли Махдумқулӣ» эълон шудааст. Осори Махдумқулиро, ки аз шоирони классики тоҷик Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҷало­лиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон илҳом гирифтааст, тоҷи­кон низ хондаву хуб дар хотир доранд. Шеърҳои фалсафии ӯ дорои бадеияти баланд ва инъ­икоскунандаи тобишҳои зиндагии бошарафона мебошанд.

Қобили зикри хос аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ оид ба робитаҳои дӯстию бародарӣ бо мардуми туркман, ҳамкории аҳли зиё ва гиромидошти шоир ва маорифпарвари маъруфи Туркманистон Махдумқулӣ Фироқӣ, ки зери сарпарастии ЮНЕСКО 300-солагии зодрӯзаш васеъ таҷлил мегардад, андешаронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон низ ба солгарди мутафаккири бузург эҳтиром гузоштанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон баргузор кардани мизҳои мудаввари байналмилалӣ бахшида ба ҳаёту эҷодиёти Фироқӣ, гузоштани пайкараи Махдумқулӣ дар шаҳри Душанбе, номгузории яке аз кӯчаҳои зебои пойтахти кишвар ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлонро нишони возеҳи дӯстӣ ва муносибатҳои созандаи мардумони бародари Тоҷикистону Туркманистон унвон намуданд. Таъкид шуд, ки эҷодиёти шоир бо мероси бузурги адабии тоҷику форс пайванди ногусастанӣ дорад. Аз осори Фироқӣ бармеояд, ки ӯ аз мероси адабии мутафаккирони маъруфи сатҳи ҷаҳонии тоҷику форс, аз ҷумла Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ илҳом гирифтааст. Бисёр ходимони адабиёт ва тарҷумонҳои шинохтаи тоҷик даҳҳо маҷмӯаи осори ӯро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр кардаанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мазмуну мундариҷаи эҷодиёти Махдумқулӣ ба монанди ғояҳои инсонпарварӣ, дӯстию бародарӣ ва рафоқат изҳори андеша карда, мероси эҷодии ӯро пули муҳими густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ба ҳам наздик кардани кишварҳову мардумон номиданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳамкории фарҳангӣ ҳамчун омили муассири робитаи миёни миллатҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии мардумон аз иқтидори бузург бархурдор аст. Дар ин замина зарур шумурда шуд, ки кишварҳо бо муносибати эҳтиромона ва таҳаммулгароёна нисбат ба анъанаву арзишҳо ва мероси маънавию фарҳангии ҳамдигар намунаи ибрат бошанд. Гуфта шуд, ки дар ин замина, Тоҷикистон пайваста аз иқдомоти амалии муштарак барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи башариро ҷонибдорӣ мекунад. “Мо минбаъд низ барои рушди ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ бо ҳамаи шарикони худ, аз ҷумла бо Туркманистони бародар талошҳои зарурӣ ба харҷ хоҳем дод”- изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо аз сатҳи сифатан баланди тамоми маҷмӯи муносибатҳои миёни Тоҷикистону Туркманистон, ки хусусияти “шарикии амиқи стратегӣ”-ро касб кардаанд, ёдовар шуда, роҳбарияти олии кишвари дӯстро барои танзими бошукӯҳ ва сатҳи баланди баргузории ин ҳамоиш табрик гуфтанд.

Дар Ҳамоиши байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали ҷашнии “300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Имрӯз, ки дар байни Тоҷи­кистону Туркманистон дӯстӣ ва муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ ба роҳ монда шуда, робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ рӯз аз рӯз иншикоф ёфта, паҳлуҳои нави он татбиқ мегарданд, меро­си бадеии ҷовидонаи Махдумқу­лии Фироқӣ барои халқи тоҷик боз ҳам аҳаммияти муҳим касб хоҳад кард.

Дар ҳамин замина ёдовар шудан ба мақсад мувофиқ аст, ки муносибатҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун ду давлати мустақил 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол “Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон” заминаи ҳуқуқӣ пайдо намуд.

Аз моҳи феврали соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод ва аз 26 июни соли 1999 Сафорати Туркманистон дар Душанбе ба фаъолият шуруъ карданд.

Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд дорои ҳусни эътимод буда, ба дастгирии мутақобила асос меёбанд.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки робитаҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон рӯ ба инкишоф ниҳода, дар сатҳи беҳтар амалӣ гардидани нақшаҳои созандаи ҳамгироӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна – ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа

Ҷашни Меҳргон яке аз чаҳор ҷашнҳои куҳантарини мардуми тоҷику форси даврони бостон дар баробари Сада, Наврӯз ва Тиргон мебошад, ки ҳар кадоми ин ҷашнҳо ба ҳам пайванд ва дар идомаи ҳам омада, рамз ва арзишҳои ҷавҳарӣ доранд. Ин ҷашнҳо намоёнгари равшани ҷаҳонбинии хосса ва тафаккуроту дониши баланди мардуми форсизабон мебошанд, ки сабаби сарфарозии ҳар як аз мост. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва бо ташаббус ва талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнҳо ва расму ойинҳои суннатии бостонӣ аз нав эҳё гардидаанд. Дар навиштаи мазкур, пеш аз таҳлили ҷашни Меҳргон, муаррифии мухтасари ҷашнҳои зикрёфта низ баён мегардад.

Ҷашни Наврӯз аз эҳё гардидани табиат, омадани баҳори сарсабз ва фарорасии соли нав хабар дода, мардумро ба берун омадан аз сахтиҳои фасли зимистон омода намуда, ба ҳамкорӣ ва ҳамзистии осоишта, ба кишту кор ва покиву озодагӣ, сохту соз, тадорукот ва омодагӣ ба фаъолиятҳои нави корӣ, ба хусус дар соҳаи кишоварзӣ, даъват менамояд. Таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии Наврӯз ба яке аз авлодони нажодии Каюмарс (нахустинсон) Ҷамшед, ки аз сарватмандтарин подшоҳони тоҷику форс буд, мансуб дониста мешавад. Дилбастагии мардуми форсизабон ба суннатҳои гузаштагони худ боис шуд, ки то ба имрӯз Наврӯз, ҳамчун намудори азамат ва шукӯҳи мардум боқӣ монда, тантанавор ҷашн гирифта мешавад.

Тиргон ҷашнест, ки дар замони фарорасии фасли тобистон таҷлил шуда, мардуми форсинажод аз он бо самимият истиқбол менамуданд ва маросимҳои бошукӯҳе барпо мекарданд. Дар таърихи фарҳанги ҷашнгирии Тиргон, оинҳои ба монанди рӯзи гиромидошти камонандозии Ораши камонгир ва ситораи бороновар Тиштар, обу обпошӣ, саршурон, фоли кӯза, хӯрдани гандуми пухташуда, пошидани об ба якдигар бо рамзи расидан ба рӯшноиву покӣ, осоишу хушҳолӣ ва амсоли инҳо ёдрас шудааст.

Ҷашни Сада аз бузургтарин ҷашнҳои оташ, ки намоде аз нур, гармӣ ва рӯшаноӣ дар бостон буд, бо афрӯхтани оташи дастиҷамъӣ, рамзи ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумро нишон медиҳад ва он дар фасли зимистон баргузор мегардад, ва намоёнгари омодабошӣ ба ин фасл ва ҳифз аз нерӯҳои баду торикӣ, ғалабаи нур бар зулмот мебошад. Расми оташафрӯзӣ ниҳоятан муждаи наздик шудан ба фасли баҳору соли нав - ҷашни Наврӯзро хабар медиҳад, ки то ба ҳол ин расм дар Эрон идома дорад. Дар таърихи дунёи бостони мардуми тоҷику форс пайдоиши оташ ва ҷашнгирии бошукӯҳи онро бо номи Сада ба яке аз наберагони Каюмарс, фарзанди Сиёмак Ҳушанги Пешдодӣ нисбат медиҳанд. Ҳушангшоҳ пас аз кашфи оташ нахустин касест, ки ба ихтирои фузулот, хонасозӣ, роҳсозӣ ва шаҳрсозӣ рӯй овард ва мардумро ба кишоварзию домдорӣ ҷалб намуд ва ба онҳо чигуна кандани ҷӯю рӯдҳо ва дарахтшинониро ёд дод.

Ҷашни Меҳргон низ таърихи қадимӣ ва беш аз 4000 сола дорад. Бар асоси матнҳои Авесто (китоби муқаддаси зардуштиён), пеш аз сулолаи Ҳахоманишиён, тақвими бостонӣ танҳо дорои ду фасли сол: тобистон ва зимистон буд, ки Наврӯз ҷашни оғози соли нав ва фасли тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози нимаи дуввуми сол ва фасли зимистон будааст. Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома»-и худ ба равшанӣ ба ин ҷашни бостонӣ ва пайдоиши он дар даврони подшоҳии Фаридун ишора кардааст, ки ба навиштаи ӯ, оғози ҷашни Меҳргон дар нахустрӯзи ба тахт нишастани шоҳ Фаридун мебошад. Ҳамчунин Абурайҳони Берунӣ дар китоби худ Осор-ул-боқия дар бораи Меҳргон чунин навиштааст: «…иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст.. ва ин ид барои умуми мардум аст ва тафсири он дӯстии ҷон аст ва гӯянд, ки Меҳр номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд. Ин аст, ки ин рӯзро Меҳргон гӯянд…».

Ҳамчунин ишора шудааст, ки ҷашни он дар замоне буд, ки дар тирамоҳ шабу рӯз баробар мегашт. Ҷашни Меҳргон аз даҳум то шонздаҳумин рӯз аз ҳафтумин моҳи сол – Меҳррӯз дар Меҳрмоҳ дар Эрони бостон баргузор мешуд ва онро дар қадим Митрокана мехонданд. Имрӯза ин ҷашни бузургро дар тоҷикӣ-форсӣ Меҳргон меноманд. Ҳамин тавр ҷашни Меҳргон пас аз Наврӯз яке аз маросимҳои дорои аҳамияти бузургтарини мардуми тоҷику форси бостон буда, дар оғози фарорасии фасли зебою заррини тирамоҳ баргузор мегардад.

Ҷашни Меҳргон ба монанди Наврӯз бо расму одоб ва маросимҳои ба худ хосса ва ягона баргузор мешавад. Дар ин маросим низ дастархони Меҳргонӣ, ки аз порчаи арғувониранг паҳн карда мешавад ва дар мобайни он гули «ҳамеша шукуфта» (гули «Ҳамешабаҳор»-ро Т.М.) мегузоранд. Сипас атрофи онро бо гулҳои дигар меороянд ва дар паҳлӯи он гулҳо чанд шохаи сабзи дарахтро гузошта ва аз паси он меваҳои хушбӯю рангоранги тирамоҳӣ монанди ангур, санҷид, анор, хурмо, себ, анҷир, бодом, писта, фундуқ, зардолу, шафтолу, чормағз ва амсоли инҳоро рӯи дастархон мечинанд. Ҳамчунин дастархони Меҳргонӣ бо нӯшиданиҳои гулобу шири рақиқ, оби бо гиёҳ омехтаи хушбӯй ва хӯрданиҳо ба монанди нонҳои махсус боз ҳам пурнеъматтар ороста мешуд. Изофа бар ин дар гирди суфраи пурнеъмати Меҳргонӣ нугчаи шамъ ва ё ҷоми оташи гирён, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва ғайраҳо гузошта мешуд. Пас аз хӯрдану нӯшидани неъматҳо, мардум шурӯъ мекарданд ба навохтани мусиқиву рақсу хушҳолӣ ва баъдан гиёҳҳои хушбӯю дуркунандаи балову офатҳоро дар оташ ҳамроҳ карда, ба мисли исфанду заъфарон ва анбар оташро боз ҳам дурашон мекарданд. Мардум дар ҳадди тавоноӣ бо либосу ҷомаҳои ранго-ранги арғувонӣ вориди маҷлиси дастархони Меҳргонӣ мешуданд ва дар ибтидо ҷашнро бо шукргузориву дуо аз неъматҳо оғоз мекарданд. Ба ғайр аз ороиши дастархони меҳргонӣ боз ойинҳои дигар ба монанди тарошидани санг ва рӯӣ навиштан ва ё нигориши шахсҳои таърихӣ-асотирӣ, аз ҷумла нигораҳои Митра, Митра – Варуна, Рита ва амсоли инҳо вуҷуд дошт. Дар охири маросими ҷашнӣ ба шӯълаҳои оташ дастҷамъӣ нигариста, барои таҷдиди пойбандӣ ба паймонҳои гузашта дасти ҳамдигарро фишурда, рӯи паймону аҳди хеш устувор мемонанд. Аз ин ҷо, муҳимтарин фалсафаи ҷашни Меҳргон ин сипосгузорӣ аз Офарандаи якто барои фузунии неъматҳое, ки ба инсонҳо бахшидааст ва ҳамчунин устувории аҳду пайванду меҳрварзӣ, садоқату муҳаббат ва бастани паймонҳои дустӣ байни инсонҳо мебошад.

Мардуми Эрон аз ҳамон даврони қадим то замони ҳол, оғози тирамоҳ, ки моҳи Меҳр шурӯъ мешавад, аз шаш (6) то даҳ (10) рӯзи онро бо ойину одоб ва расми хос ҷашн мегиранд. Умед аст, ки ин ҷашн дар кишвари мо ба монанди ҷашни Наврӯз бо тантана барпо гардад, зеро агар ҳикмати ҷашни Наврӯз сохту соз ва поккуниву озодагӣ пас аз зимистон, заминагузорӣ ва кошти неъматҳои моддӣ, барномагузории корҳои эҷодиву маънавӣ ва амсоли инҳо бошад, Меҳргон намоди ҷамъбасту ҷамъоварии неъматҳои моддӣ, фикрӣ-маънавӣ ва сохту созҳои заҳматҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад.

Меҳр, дар «Авесто» Митра ва дар паҳлавӣ Миҳр, ҳамчун рамзи фуруғу рӯшноӣ ва паймоншиносӣ ва дар асотири ҳиндуэронӣ баракатовар, нигаҳбони паймон ва шарик дар фармонравоии ҷаҳон, посдору пуштибони ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа, нигаҳбонӣ аз ростиву ростгӯӣ ва ғайраҳо мебошад. Аз ин рӯ, Меҳр мутародифи «паймоншикан» аст.

Митра аз муқаддасоти саршиноси Ҳинду Аврупо ва тоҷику форси бостон аст, ки маънии Митра аз решаи мирӣ ба маънои аҳду паймон ва меҳру садоқат омадааст ва аз инҷо ӯро ба назм дароварандаи рафтору гуфтор ва муносиботу иртибототи инсонро бо аҷзои мухталифи иҷтимои башарӣ донистаанд. Ҳамчунин Митра, дар миёни мардуми тоҷику форс бо унвони Миҳр ва ё Меҳр аст, ки рамзи дӯстӣ, муҳаббат ва отифа байни мардум ва зоти паймон буда, намоёнгари фазоест, ки иртиботи одамон бо якдигар бар он устувор аст.

Достони Митро ва ё Митра дар байни мардуми бостони Ҳинд ва тоҷику форс бо унвони худои Хуршед машҳур аст. Мувофиқи таҳқиқотҳои бостоншиносӣ вуҷуди маъбадҳои мухталифе дар Ҳинд, Эрон, Байнаннаҳрайн, Юнон, Италияю Олмон баёнгари он аст, ки онҳо барои ниёиши ин маъбуд бино шудаанд ва аз ин ҷиҳат Митраро танзимкунандаи иртиботи афрод бо аҷзои мухталифи иҷтимои башарӣ донистаанд.

Аммо таъбиру тафсири Миҳр дар Авесто нисбат ба Митраи Ҳинду Европа фарқ дорад. Зеро ки андешаю ҷаҳонбинии мардуми тоҷику форси даврони бостон нисбат ба Ҳинду дигар кишварҳои Европоӣ хеле пешрафта ва аз хурофот дур буд. Дар фаҳмиши ҳиндиҳо «Митра» бо «Варуна» ҷуфти абадиро ташкил медиҳанд, ки аз тарафи мардум ба ёрӣ хонда мешаванд ва дар фарҳанги онҳо «Митра» гардунаи дурахшон ва иқоматгоҳи заррин дорад. Чунин тарзи тафаккурот аз ҷаҳонбинии мардуми Ҳинди қадим то замони кунунӣ ҳам оиди «Митра» вуҷуд дорад. Аммо, «Митра» дар таълимоти ойини зардуштӣ дар мақоми пойинтар аз Аҳурамаздо ва офаридаи ӯ ҳисоб мешавад: «Меҳр – шаҳриёри ҳама сарзаминҳоро меситоем, ки Аҳура Маздо ӯро фараҳмандтарини изадони менуӣ биофарид. Бишавад, ки он бузургворон – Меҳр ва Аҳура Маздо – ҳарду ба ёрии мо оянд».

Ҳамин тавр тафаккуроти мардуми тоҷику форс дар бораи кайҳони нуҷумӣ хеле воқеитару ба ҳақиқат наздиктар нисбати Ҳинди бостон шарҳу баён ёфтааст. Тафаккуроти мардуми Ҳинд бештар дар асоси асотир ташаккул ёфта, дар атрофи худоён ва олами нуҷумӣ мечархад ва онҳо Хуршеду Меҳр ва ё Митраро ба номи яке аз худоёни худ мегузоранд.

Дар андешаҳои Зардушт («Авесто») Меҳр ё Митра пеш аз Хуршед зоҳир мешавад ва ҳамроҳии ӯ бо Хуршед сабаб шудааст, ки баъдҳо Меҳр маънии Хуршед пайдо кунад. Аз ин ҷо, дар Авесто омадааст, ки «Хуршеди ҷовидонаи ройуманди тезаспро меситоем, Меҳр–шаҳриёри ҳама сарзаминҳоро меситоем,». Ҳамин тавр Меҳр-Хуршед яке аз мақомҳои асосиро дар олами кайҳони ахтарони осмонӣ фаро мегирад ва бисёре аз дарахту гиёҳҳону гулҳо ба монанди нилуфари обӣ, гули офтобгардон, дарахтони сарву нахлу коҷ намодҳои Хуршеданд, ҳамчунин аз аносир оташ, аз рангҳо сурху зард ва аз фузулот тилло мансуб ба Хуршед аст.

Таҷлили ҷашни Меҳргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Тиргон, ки ҳама мероси арзишманди ниёгон мебошанд, ҷашни мавсимии тақвимӣ буда, фарҳанги алалхусус кишоварзиро ташвиқ менамоянд ва ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва обу замин робитаи мустақим доранд. Ҳамчунин Меҳргон таҷассумгари одобҳои неки инсонӣ аст ба монанди ситоиши Худованд, сипосгузорӣ аз заҳмат ва дастоварди кишоварзон, ривоҷ додани арзишҳои Замин, парастиши меҳрубонӣ, кирдорҳои дуруст, аҳду паймонҳо ва озодихоҳии мардум.

Боиси ифтихор ва хушҳолӣ аст, ки рамзу мафҳум ва русуми баргузории ин ҷашнҳои бостонии мо аз қадим то ба имрӯз боқӣ мондаанд ва сол ба сол мавриди омӯзиш ва баррасии бештар мебошанд. Ин ҷашнҳои мавсимии тақвимӣ шоҳиди ҷовидонагии маънавият, фарҳанг ва андешаҳои болои мардуми тоҷику форс мебошанд ва бешубҳа падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонианд. Аз нав бозсозии ин ойинҳои бостонӣ сабаби эҳё ва шинохти бештари ҳувияти миллии мардуми кишварамон Тоҷикистон хоҳад буд.

Муродова Тоҷинисо – н.и. фал., дотсент, ходими пешбари
илмии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

( Дар ҳошияи эълон гардидани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”)

Воқеияти даҳаи дуюми садаи XXI баёнгари он аст, ки рушди муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоно дар давраи гузариш қарор дошта, низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ дар ҳоли ташаккул мебошад. Дар манзари геополитикии ҷаҳони муосир, дигаргуниҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ сурат гирифта, боиси тағйироти муассир дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мегарданд.

Вусъати рӯзафзуни раванди ҷаҳонишавӣ аз муҳимтарин хусусиятҳои замони муосир дониста мешавад. Ин раванд дар баробари мусоидат ба муносибатҳои наздики халқу кишварҳо ва ташаккули низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ миёни онҳо, ҳамзамон метавонад пайомадҳои номатлуберо, аз қабили амиқтар шудани фарқи байни кишварҳои пешрафта ва ақибмонда, шиддат гирифтани фишор ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ғайра ба дунбол дошта бошад. Илова бар ин, таҳти таъсири бевоситаи раванди ҷаҳонишавӣ мушкилот ва таҳдиду чолишҳои замони муосир низ хусусияти глобалӣ касб карда, ба омилҳои нигаронкунандаи ҷомеаи инсонӣ табдил ёфтаанд [Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 27 январи соли 2015, №332].

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштан аз марҳилаи аввали пас аз истиқлол, ки даврони ба эътидол овардани ­вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро ба рӯи кишварҳои олам боз кард ва бо эъломи «сиёсати дарҳои кушода» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд. Имрӯз мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷанбаро дар арсаҳои гуногун мебинем. Ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хоси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари талошҳои муассир ва масъалагузориҳои мантиқию саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст.

Мусаллам аст, ки башарият дар оғози қарни 21 мувоҷеҳи хатар ва таҳдидҳои номатлубе гардид, ки чунин падидаҳои номатлуб барои рушди ҳмаҷанибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, густариши муносибатҳои байнидавлатии кишварҳо монеаҳои назаррас ба миён овард. Аз тарафи дигар, рӯйдодҳои рӯзафзун дар арсаи ҷаҳонӣ, чун нуфузи технологияҳои иттилоотӣ, зуҳури манфию ифротгароёнаи ҷаҳонишавиро ба қаламрави таърихи асри нав ворид намуданд.

Дар шароити нави давлатдории миллии тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳузури мунаввари хеш ва афкору андешаи наҷибона ва созандаву бунёдкоронаашон, муҳимтарини василаи наҷот ва саодатмандиро, ки Сулҳ номдорад, бунёд намуданд. Пас, Сулҳ омили асосии таъминкунандаи зиндагии шоиста барои инсоният аст. Сулҳ ҳаёт аст. Сулҳ зиндагист. Сулҳ нишот васт. Сулҳ хурсандиву фараҳ аст. Сулҳ тавъам бо нерӯи Офтоб ва ҷилои Моҳу тобиши Ситорагон аст.

Ан рӯ, маҳз ана ҳамин падидаи поку ояндаофаро, ки Пешвои муаззами мо ба миллати тоҷик ҳадя карданд, дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва мушкилу мураккабу тақдирсоз пеши роҳи он ҳама ҷангу хунрезӣ гирифта шуда, кишвари азизи мо, воқеан аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ба ин васила дар Тоҷикистон ва минтақа, таъмини сулҳу субот падид омад.

Далели равшану возеҳ аст, ки ибтикорот ва ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои аҳаммияти умумибашарӣ буда, дар меҳварашон дониш, илм, маърифат, фарҳанг, сулҳу оромӣ, инсонгароию таҳаммулпазирӣ қарор доранд. Аз ин лиҳоз, пеш гирифтани чунин роҳи бузург, яъне даъват ба Сулҳ аз ҷониби фарзанди асили миллати тоҷик дар асри нав аз ҷониби аҳли олам эътироф гардидааст.

Вуруд ба мавзӯъ:

Қобили зикр аст, ки Ташаббуси шашуми Пешвои миллат тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон гардид. Чунин Ташаббус ва ибтикорот дар таърихи муносибатҳои байналхалқӣ бори нахустин нақш ёфта, дар масири сулҳҷӯиву сулҳофарӣ ба хотири ояндаи босубот ва осоиштаву пурсаодати аҳли башар мусоидат хоҳад кард.

Дар қаринаи шаклгирии нави низоми муносибатҳои байналхалқӣ ҷиҳати ҳалли масоили байналмилалӣ, даъвати ҷомеаи ҷаҳон ба ҳамдиливу ҳамфикрӣ, роҳандозии ташаббуси ҷаҳонии сулҳ дар ҳамкориҳои байналхалқии кишварҳо нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят назаррас, бориз ва боиси зикр аст. Зеро ба ақидаи коршиноси ватанӣ Зубайдулло Давлатов фаъолият ва тадбирҷӯиҳои саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар пояи адолат бунёд ёфта, дар он ҷаҳонбинии илмӣ, фалсафӣ ва миллӣ бо ҳам тавъам буда, баробарӣ, адолати иҷтимоӣ, сулҳу бародарӣ, таҳаммулпазирӣ на танҳо ба шаҳрвандони худ, балки бо тамоми башарият манзур шудааст. Пас, ин арзишҳои умумӣ ва бунёдии инсонӣ мебошанд, ки на танҳо ҳуввияти тоҷикӣ, балки ҳуввияти миллии дигар қавму халқҳоро низ дар тули таърих ҳифз намуданд. Ғояҳои дурбинонаи Сарвари давлати тоҷикон дар бораи фалсафаи сулҳ ва эҷоди мактаби сулҳофаринӣ метавонанд ба хотири бартараф кардани паҳлуҳои ихтилофовари ҷаҳонишавӣ, пешгирии доман паҳн кардани падидоҳои номатлуби аср, ифротгароӣ, шиддат гирифтани низоъҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муассир ва мусбӣ дошта бошад.

Илова бар ин, Ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи консепсияи сулҳофарии ин шахсияти нотакрори таърихӣ ба миён омада, на танҳо аҳаммияти миллӣ, балки байналмилалӣ дорад. Чунки пеш гирифтани таъмини сулҳ дар ҳамкориҳои байналмилалии кишварҳо ҳамчун иқдоми беназир барои ҳаллу фасли мушкилоти сулҳ дар саросари ҷаҳон ва ҳама манотиқи он мусоидат хоҳад кард.

Ба тариқи хулоса метавон иброз дошт, ки ҳастии инсоният ва таъмини зиндагонии босаодати ӯ дар оянда аз устувории сулҳ вобастагии нагусастанӣ дорад. Зеро сулҳ сарчашмаи рушду тараққиёти давлату миллатҳо дар ҳама давру замон аст.

Воқеан, боиси ифтихор ва сарфарозии мо тоҷикон аст, ки имрӯз аҳли сайёра Пешвои муаззами миллати моро ҳамчун Роҳбари дорои Мактаби бузурги сулҳофарӣ мешиносанд. Воқеан, афкори сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминагузори пойдории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон буда, таҷрибаи волои сулҳофарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст. Аз ин лиҳоз, ташаббуси Роҳбари давлати мо иқдоми ояндасоз ва наҷотовари заминиён буда, бозгӯи дигарбора тасдиқи мақому манзалати азалӣ ва бузургу беқиёси Пешвои миллатамон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Зеро, дар марҳалаи кунунии муносибатҳои байналхалқӣ ва шиддатёбии равандҳои мураккаби геосиёсии сайёра омили наҷот ва раҳоии аҳли башар аз ҳама гуна низоъ, нофаҳмӣ, носуботӣ, ноамнӣ ва ифротгароиву ҷудоихоҳӣ танҳо дар устувории сулҳи саросарии курраи Замин маънидод мегардад.

Ардамеҳр Ашуров - ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих

(дар ҳошияи Пешниҳоди Пешвои миллат дар бораи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дар “Саммити Оянда” – и Иҷлосияи 79 – уми Созмони Милали Муттаҳид)

Чӣ метавонад дар ин ҷаҳон қиматтар аз сулҳ бошад! Ба ақидаи ин ҷониб ҳеҷ як падидаи дигар барои мардуми сайёра қимматтар аз сулҳ буда наметавонад. Сулҳ пеш аз ҳама барои инсоният, хурсандӣ ва хушбахтӣ аз ҳаёт аст. Сулҳ ин робитаҳои дӯстона, ҳамфикрии байни одамон, амният, субот, оромӣ ва тинҷиву амонӣ аст.

Сулҳу субот, осоиш ва саодатмандии халқҳои алоҳида ва тамоми ҷаҳон ба ҳамдигар вобастаанд. Бинобар ин танҳо бо воситаи сулҳ барпо намудани тартиботи хушбахтона, суботона ва сулҳона танҳо дар як вақт дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон имконпазир аст. Некуаҳволии ҳар як инсон дар ҷаҳон ба некӯаҳволии ҳамаи аҳолии кураи замин вобаста аст. Дар ҳоле ки падидаҳои гуногун, ҷангу куштор, хиёнату душманӣ миёни мамлакатҳо дар ҳама давру замонҳо рух додаанд, аммо огоҳӣ аз онҳо инсониятро маҷбур кардааст, ки тағйир ёбад.

Сулҳ, амният ва оянда се эҳтиёҷоти асосии одамоне мебошад, ки дар минтақаҳои аз низоъҳои мусаллаҳона зарардида зиндагӣ мекунанд ва онҳо орзуи зиёд доранд ва ба таври ҷидди онҳоро ҷустуҷӯ мекунанд. Дар давоми 5,5 ҳазор соли охир дар рӯи замин 14500 ҷанг ба амал омадааст, ки дар он 4 миллиард нафар одамон ҳалок гардидааст. Муноқиша, ноамнӣ, институтҳои заиф ва дастрасии маҳдуд ба адолат ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ барои рушди устувор имрӯз низ боқӣ мондааст. Теъдоди одамоне, ки аз ҷанг, таъқиб ва низоъ фирор кардаанд, дар соли 2018 аз 70 миллион нафар гузашт, ки баландтарин сатҳест, ки Агентии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон (UNHCR) дар тақрибан 70 соли охир сабт кардааст. Дар соли 2019 Созмони Милали Муттаҳид 357 куштор ва 30 ҳодисаи нопадидшавии иҷбории ҳомиёни ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон ва иттифоқҳои касабаро дар 47 кишвари ҷаҳон пайгирӣ кардааст. Имрӯз бошад, зиёда аз 1,5 миллиард нафар одамон дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз даргириҳои мусаллаҳона осеб дидаанд. Дар ҳоли ҳозир 59,5 миллион нафар дар саросари ҷаҳон овора шудаанд, ки 19,5 миллион нафари онҳо гурезаанд ва нисфи онҳо кӯдакон мебошанд. Аз рӯи маълумотҳои гуногун имрӯз дар саросари дунё бештар аз 80 бархурду муноқишаҳо мавҷуданд, ки хатари ҷиддиеро дар таҳкими сулҳи давлатҳои алоҳида ва ҷаҳон эҷод кардааст. Дар бистсолаи охир дар ҷаҳон зиёда 28 ҷанги шаҳрвандӣ, амалиёти ҷангӣ, ҷангҳои байнидавлатӣ, низоъҳои дохиливу байналмилалӣ рух дода, баъзеашон даҳсолаҳо ва то имрӯз давом ёфта истодаанд. Ҷангҳои байни давлатҳо, низоъҳои дохилӣ, таҷовуз ба ҳаёти арбобони давлатӣ, ҷосусӣ, таҷовуз ба истиқлолияти давлатӣ, тамомият ва дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, бо роҳи зӯроварӣ ғасб ва нигоҳ доштани ҳокимияти давлатӣ, терроризм, экстремизм, қоҷоқи силоҳ ва маводи мухаддир аз ҷиноятҳое мебошанд, ки ҳамасола 4,5-5 миллион қурбониву талафоти ҷониро дар байни аҳолии осоишта дар пай дошта, таҳдиди асосӣ ба сулҳ ва зиндагии осоиштаи башарият ба ҳисоб мераванд. Ин ҳама омилҳои болозикр рушду инкишофи бомаром ва суботи сайёраро зери хатар ва нободӣ қарор додааст. Тибқи ҳисоботи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи ҷаҳонӣ то соли 2030 фақат ба 17 фоизи Ҳадафҳои рушди устувор ноил шуда метавонад, ки омилҳои дар боло ишорашуда бевосита таъсир мерасонанд. Аз ин ҳисоботи пешниҳодшудаи Дабири кулли СММ Пешвои миллат изҳори нигаронӣ карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки “нооромиҳои сиёсӣ, буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, гармшавии бесобиқа бар асари тағйирёбии иқлим ва талафоти гуногунии биологӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумлаи мушкилоти расидан ба рушди устувор мебошанд”.

Кӯшишҳои муштараки миёнамӯҳлат ва дарозмуддат, инчунин иродаи сиёсие лозим аст, то ба мамлакатҳо ва одамон дар муайян ва ҳал кардани сабабҳо ва омилҳои муноқишаву бархӯрдҳо ба мавқеъи ягона оянд. Имрӯз даҳшатҳои ҷанг дар Сурия, Яман, Фаластин, Лубнон ва Украина хеле равшананд. Аммо ҳоло ҳам чунин ба назар тааҷҷубовар аст, ки дар ҷомеаҳои таҳҷоии Шарқ ва Ғарб бисёр ҷомеаҳои сулҳҷӯ вуҷуд доранд. Омӯзиш аз таҷрибаи ин ҷомеаҳо ва муайян кардани омилҳои асосии ҳамоҳангӣ як раванди муҳимест, ки метавонад ба сулҳи ҷаҳон мусоидат кунад. Аз ҷумла, модели сулҳи тоҷикон, яке аз ноёбтарин моделҳои сулҳофарӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки имрӯзҳо аз ҷониби марказҳои бонуфузи олам мавриди таҳқиқи ҳаматарафа қарор гирифтааст. Аммо то ҳол қобилияти ҳозираи мо барои дарёфти чунин механизмҳои осоишта хеле нокофӣ аст.

Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар “Саммити Оянда” дар бораи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” боз як ташаббуси ояндасоз барои башарият ба хотири таъмини сулҳу субот дар ҷаҳон мебошад. Пешвои миллат аз минбари баланди СММ кишварҳои ҷаҳонро ба таҳкими сулҳи байналмилалӣ даъват карда, зикр намуданд, ки “ба ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна муттаҳид шаванд”. Ташаббуси мазкур барои таъмини амният дар сайёра мусоидат карда, ҳамкории байналмилалиро тақвият мебахшад ва ояндаи устувору осоиштаро барои наслҳои имрӯзу оянда таъмин менамояд.

Шарифов Искандар - ходими илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар Маскав нишасти сарони кишварҳои ИДМ таҳти раёсати раисиҷумҳури Русия Владимир Путин баргузор шуд.

Тавре ёвари раисиҷумҳури Русия Юрий Ушаков қаблан изҳор дошт, нишасти дарпешистода натиҷаи ҳама чорабиниҳо дар чаҳорчӯби раёсати Маскав дар ИДМ дар соли 2024 хоҳад буд.

Дар чорабинӣ раиси ҷумҳури Беларус Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Қирғизистон Содир Жапаров, раисони ҷумҳури Ӯзбекистон ва Туркманистон Шавкат Мирзиёев ва Сердар Бердимуҳамедов, инчунин сарвазири Арманистон Никол Пашинян ширкат меварзанд.

Тибқи қарордод ва аз рӯйи алфавит Раёсати ИДМ соли 2025 ба Тоҷикистон мегузарад

Нишасти навбатии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 10 октябри соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков дар брифинг гуфт, ин тасмим ва ҳамчунин санаи баргузории Шӯрои навбатии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нишасти сарони ассотсиатсия тасдиқ карда мешавад.

Ба гуфтаи ёвари раҳбари Русия, дар миёни мавзӯъҳои мавриди баҳси сарони давлатҳо “масъалаи раисӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025” аст.

«Тоҷикистон вазифаи раисро ба ӯҳда мегирад», - изҳор дошт Ушаков.

«Дар ин ҷо низ аз ҷониби ҳамкасбони тоҷик пешниҳодҳои дахлдор омадаанд ва ин пешниҳодҳо пазируфта мешавад», - гуфт ёрдамчии президенти Федератсияи Русия.

Сарони давлатҳо дар бораи эълони пойтахтҳои фарҳангии кишварҳои муштаракулманофеъ барои се соли оянда қарор имзо карда, ба як қатор санадҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва ҳамчунин дар соҳаи амният тағйироту иловаҳо қабул мекунанд.

«Пеш аз ҳама, мехоҳам таъкид намоям, ки ҳамкориҳо дар доираи ИДМ яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Федератсияи Русия мебошад», - гуфт роҳбари Русия зимни ифтитоҳи ҷаласа, менависад РИА Новости.

Ӯ инчунин қайд кард, ки барои Русия кишварҳои муштаракулманофеъ ҳамсояҳои наздик, дӯст ва шарикони стратегӣ мебошанд.

«Ва мо, табиист, ки ба таҳкими ҳамкориҳоямон аз ҳар ҷиҳат омодаем, ки консепсияи раёсати Русия дар соли 2024 ва нақшаҳои васеъмиқёси чорабиниҳои марбут ба он маҳз ба ҳамин мақсад нигаронида шудааст», - афзуд раиси ҷумҳури Русия.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзномаи нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ба мавзӯъҳои иқтисодӣ ва дурнамои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад.

Сарони давлатҳо нахуст масъалаҳои рӯзномаи рӯзномаро дар доираи танг баррасӣ намуда, сипас мулоқот бо иштироки аъзои ҳайатҳо идома ёфт.

Роҳбарон як рӯз пеш ба муошират шурӯъ карданд. Рӯзи душанбеи 7 октябр, дар зодрӯзи раисиҷумҳури Русия, раҳбарони кишварҳои ИДМ барои як вохӯрии ғайрирасмӣ ҷамъ омаданд, ки омодагӣ ба ин нишаст буд.

Қаблан Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия, дар бораи тарҳи рӯзномаи ин нишаст сухан гуфт.

«Лоиҳаи рӯзнома чордаҳ масъаларо дар бар мегирад. Интизор меравад, ки сарони давлатҳо рушди ҳамкориҳоро дар доираи Иттиҳод дар соли ҷорӣ ҷамъбаст намуда, вазифаҳои асосиро барои соли 2025 муайян кунанд. Ва, албатта, дар онҳо масъалаҳои мубрами байналмиллалӣ ва минтақавӣ, инчунин тадбирҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти созмон ва сохторҳои иҷроияи он, мақомоти соҳавӣ ва ғайра баррасӣ хоҳанд шуд», - гуфт Юрий Ушаков.

Ба гуфтаи Ушаков, дар ҷаласа дар доираи танг раҳбарон се масъаларо баррасӣ хоҳанд кард.

«Якум, табодули афкор оид ба ҳамкориҳо дар доираи ИДМ дар ин банд муҳокимаи пӯшидаи сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои гуногунро дар бар мегирад. Ҳар як сарвари давлат метавонад ҳар як масъалаи мавриди таваҷҷӯҳро ба миён гузорад», - гуфт ёрдамчии президент.

Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, раҳбарон масъалаи интиқоли салоҳиятҳои раиси ИДМ дар соли оянда ба Тоҷикистонро баррасӣ карда, пешниҳоди баргузории нишасти навбатии сарони кишварҳои узви ИДМ дар моҳи октябри соли 2025 дар Душанберо баррасӣ хоҳанд кард.

Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон дар нишасти сарони ИДМ дар бораи тағйирот дар фаъолияти Иттиҳод иттилоъ дод.

Аз 1 январи соли 2025 раёсати ИДМ аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад, ин тасмим рӯзи 8 октябр дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ гирифта шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар нишасти сарони ҳашт кишвар: Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Беларус дар Маскав, авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ИДМ-ро муаррифӣ кард.

- Ба ин тартиб, ба гуфтаи ӯ, яке аз авлавиятҳои аслии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардани баҳс дар мавриди беҳбудифаъолияти кишварҳои муштаракулманофеъ хоҳад буд.

- Дар самти сиёсӣ кор барои ташаккули симои мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ идома хоҳад ёфт.

- Ӯ таъкид кард, ки ба пешбурди рӯзномаи иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

- Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки ба таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир хоҳад шуд.

- Рушди ҳамкориҳои парлумонӣ низ аз авлавиятҳои муҳим муайян карда шуд.

- Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар соҳаи амният ба таҳкими ҳамкориҳои амалӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои амниятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Вай дар поёни суханронии худ изҳори итминон кард, ки қарорҳои дар ҷараёни мулоқоти кунунӣ қабулшуда ба ҳамкориҳои бисёрҷониба дар тамоми соҳаҳо такони мусбат мебахшанд.

Раисиҷумҳури Русия, ки дар ин ҳамоиш суханронӣ мекард, ваъда дод, ки ҳангоми ба мақоми раиси ИДМ шудани кишвараш ба раҳбари Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

«Дар пайи Русия, раисӣ дар ИДМ аз 1 январи соли 2025 ба дӯстони тоҷики мо мегузарад. Мо ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмон ва ба ҳамаи ҳамкорони мо дар Тоҷикистон муваффақият таманно дорем", гуфтааст В.В.Путин.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамкорӣ дар доираи ИДМ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Русия мебошад.

“Кишварҳои Иттиҳод барои мо ҳамсояҳои наздиктарин, дӯстон, шарикони стратегии мо ҳастанд ва табиист, ки мо ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳоямон аз ҳар ҷиҳат ҳастем», - афзудааст президенти Русия.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Русия, дар ин ҳамоиш ба мавзӯъҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Путин муътақид аст, ки тамоми имконот барои роҳандозии тарҳҳои бузург дар саноат, кишоварзӣ ва зербинои молӣ вуҷуддорад.

«Дар саросари ИДМ динамикаи мусбати макроиқтисодӣ ва воқеан иқтисодӣ вуҷуд дорад, ки ММД-и кишварҳои узви Иттиҳод бо суръати хуб афзоиш ёфта, равобити тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ҳамагӣ дар байни Русия ва кишварҳои ИДМ таҳким меёбад. Раҳбари Русия дар суханронии худ, ки дар сомонаи Кремл нашр шудааст, қайд кард, ки гардиши мол дар ИДМ 7,7 дарсад афзоиш ёфта, ба 63,2 миллиард доллари ИМА расидааст - ин сарфи назар аз ноустувории бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Дар нишасти Маскав Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус гуфт, ки мехоҳад “оилаи ИДМ” дар ҳайати қаблии худ барқарор шавад, менависад агентии хабарнигории Беларус Белта.

«Хеле хуб мебуд, агар Гурҷистон ба оилаи мо баргардад, Молдова иштироки пурраи худро барқарор кунад, мақомоти Украина низ баъд аз барқарор кардани ҳаёти муқаррарӣ ба худ меоянд, ки ман комилан боварӣ дорам, ки ин воқеа рӯй хоҳад дод, он танҳо масъалаи вақт аст," гуфт Лукашенко ва таъкид кард, ки кишварҳо бояд он чизеро, ки дар Иттиҳод доранд, қадр кунанд.

"Ҳар нафаре, ки аз Иттиҳодияи мо набаромадааст, имрӯз натиҷаҳои шоиста нишон медиҳад. Онҳо назорати кишвари худро аз даст надодаанд ва субъектҳои комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ боқӣ мемонанд" гуфт президенти Ҷумҳурии Беларус.

Ҳуҷҷатҳои ба имзо расонидашуда

Дар натиҷаи нишасти сарони ИДМ як бастаи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла Паёми сарони давлатҳои ИДМ ба мардуми кишварҳои иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муносибати 80-солагии Ғалабаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги ватанӣ ба имзо расид.

Иштирокчиёни нишасти ИДМ Қарор дар бораи пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шудани шаҳри Лочин (Ҷумҳурии Озарбойҷон) дар соли 2025, шаҳри Меғри (Ҷумҳурии Арманистон) дар соли 2026 ва шаҳри Молодечно (Ҷумҳурии Беларус) соли 2027 ба имзо расониданд. Конвенсия дар бораи вазъи ҳуқуқии ҳайатҳои ба кишварҳои ИДМ фиристодашуда ва тағйироту иловаҳо ба Шартнома дар бораи ҷустуҷӯи байнидавлатии одамон аз 10 декабри соли 2010 қабул карда шуд.

Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи дерадикализатсия барои солҳои 2025-2027 қабул гардид. Ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби Ӯзбекистон, созмони асосии омӯзиши масъалаҳои мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти ифротгароӣ ва Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси Шавкат Мирзиёев, ки дар нишаст аз декабри соли 2020 эълон шуда буд, таҳия шудааст.

Барнома барои аз байн бурдани сабабу шароите, ки ба пайдоиш ва паҳншавии радикализм мусоидат мекунанд, равона шудааст. Вазифаҳои асосии он таҳияи заминаи ҳуқуқии байналмилалии ҳамкориҳои кишварҳои узви Иттиҳод дар ин самт, рушди амалияи ҳамкории мутақобила, таъмини иттилоотӣ, таҳлилӣ ва илмию методии фаъолияти давлатҳо дар соҳаи дерадикализатсия мебошанд.

Бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ соли 2027 дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Соли маорифи ҳуқуқӣ эълон шудааст. Интизор меравад, ки ин ба баланд шудани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо оид ба фаҳмонидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ба шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ва инчунин ба ташаккули ҷомеаи устувор дар асоси эҳтироми умум ба қонун мусоидат хоҳад кард.

Сарони давлатҳо ҳамчунин Изҳорот дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ барои мақсадҳои таъиноти истифодаи шаҳрвандӣ қабул карданд. Дар ин санад ҷорӣ намудани босуръати технологияҳои зеҳни сунъӣ ба соҳаҳои асосии ҳаёти ҷомеа ва давлат, аҳамияти назорати давлатӣ аз болои ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ба самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат таъкид гардида, инчунин такмили минбаъдаи инфрасохтори рақамӣ ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ номбар шудаанд.

Дар изҳорот раҳбарони ИДМ ҷонибдории худро дар ташаккули низоми байналмилалии танзими зеҳни сунъӣ бо нақши марказии ҳамоҳангсози СММ дар асоси ҳуқуқи истисноии давлатҳо барои қабули қарорҳо дар чаҳорчӯби муколамаи баробарҳуқуқии мутақобилан эҳтиромёфта дар асоси меъёрҳои қонунҳои байналмилалӣ изҳор намуданд.

Бо қарори Шӯрои Сарони Давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил унвони фахрии «Шаҳри шӯҳрати меҳнатӣ. Солҳои 1941—1945» таъсис карда шуд. Ин унвон ба шаҳре дода мешавад, ки сокинони он дар ба даст овардани Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таъмини истеҳсоли бемайлони маҳсулоти ҳарбӣ ва гражданӣ дар корхонаҳои воқеъ дар шаҳр саҳми арзанда гузошта, дар баробари ин қаҳрамониву фидокории оммавии меҳнатӣ нишон додаанд.

ИДМ 8-уми декабри соли 1991, замоне таъсис ёфт, ки Русия, Украина ва Белорус як созишномаро имзо карданд. Ва 21 декабри соли 1991 сарони 11 давлат протоколи ин созишномаро қабул карданд.

Дар он гуфта мешавад, ки Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина ИДМ-ро дар асоси баробарҳуқуқӣ таъсис медиҳанд.

Моҳи январи соли 1993 Оинномаи ИДМ қабул карда шуд. Гурҷистон соли 1993 узви ИДМ шуд, аммо соли 2009 аз он хориҷ шуд. Украина дар моҳи майи соли 2014 намояндагони худро аз мавқеъҳои квота дар Кумитаи иҷроияи ИДМ хориҷ кард ва моҳи майи соли 2018 дар бораи қатъи ширкат дар кори мақомоти оинномавии ИДМ эълон кард.

Молдова аз соли 2021 дар ҷаласаҳои мақомоти олии оинномавии ИДМ ширкат намекунад ва аз моҳи апрели соли 2022 намояндаи худро бо мақоми квота дар кумитаи иҷроияи ИДМ бозхонд.

Иттилои дар боло зикршуда оид ба натиҷаҳои ҷаласаи сарони давлатҳои узви ИДМ имкон медиҳад хулоса намоем, ки созмони ИДМ барои кишварҳои пасошӯравӣ аҳамияти нақши созанда ва ҳамгироии байни ин давлатҳоро гум накардааст. Ва таҳаввулоти тезутунди сиёсии дар ҷаҳони муосир ба амал меомада, давлатҳои мазкурро вазифадор месозад, ки ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимою фарҳангӣ ва маънавиро боз ҳам зичтару амиқтар намоянд, онҳоро густариш диҳанд.

Дар ҷаласа чанд назару андешаҳои ҷолиб аз ҷониби роҳбарони давлатҳои ИДМ ироа шуданд, ки амалӣ шудани онҳо дар ҳаёти ин кишвар ба суди манфиати мутақобилаи мардуми ин мамлакатҳо мебошад.

Аз ҷумла:

«Ҳамкории мутақобила дар доираи ИДМ яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Федератсияи Русия аст», - ёдовар шуд Путин зимни ифтитоҳи ҷаласа: «Барои мо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамсояҳои наздиктарин, дӯстон, шарикони стратегии мо мебошанд ва мо табиист, ки ба ин ҷониб содиқем, барои ҳамаҷониба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод».

Президент итминон дорад, ки “мо барои роҳандозии лоиҳаҳои нави бузурги мутақобилан судманд дар саноат, кишоварзӣ, молия ва инфрасохтор тамоми имкониятҳоро дорем”.

Яке аз мавзуъҳои асосӣ ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи Иттиҳод буд. «Бо саъю кӯшишҳои муштарак инфрасохтори молиявӣ, ки аз таъсири беруна устуворанд, ба вуҷуд оварда мешаванд», - таъкид кард В.Путин, «Истифодаи асъори миллӣ дар муомилоти тиҷорӣ байни кишварҳои ИДМ аллакай беш аз 85 фоизро ташкил медиҳад. Равандҳои воридотивазкунӣ дар фазои муттаҳидшавӣ низ бо суръати баланд – “бо ин васила таҳкими истиқлолияти технологӣ” идома доранд.

"Соҳаи асосии кори муштарак дар доираи Иттиҳод маъмулан мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил, қочоқи маводи мухаддир ва коррупсия буд", - қайд кардааст президенти Русия.

Дар ин замина ташаббуси Сарвари Ӯзбекистон Мирзиёев оид ба таҳияи барномаи ҳамкорӣ дар самти дерадикализатсия саривақтӣ мебошад, қайд намудааст В.Путин.

Ҳамоҳангсозии зичи аъзоёни ИДМ дар роҳи амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ аҳамияти калон дорад. Илова бар ин, аъзоёни иттиҳодия таърихи муштараки худро фаромӯш намекунанд: соли 2025 онҳо 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро якҷоя ҷашн мегиранд.

Дар ҷаласа инчунин дар бораи дурнамои тавсеаи формати мавҷудаи Иттиҳод сӯҳбат баргузор шуд. Президенти Қазоқистон аз ҷумла пешниҳод кард, ки масъалаи таъсиси формати ИДМ+ баррасӣ шавад. Ин платформа "асоси тавсеаи робитаҳои минтақавӣ" хоҳад шуд, таъкид кард ӯ.

Соли оянда раёсати ИДМ дар чаҳорчӯби ротатсия (аз рӯи алифбо) аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад. Аммо робитаҳои анъанавии наздики Маскав бо шарикон, албатта, идома хоҳанд ёфт. Ҷониби Русия меҳмононро дар нишасти БРИКС, ки баъди ду ҳафта дар Қазон ифтитоҳ мешавад, интизор аст.

Камолов К. - ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Раванди ҷаҳонишавӣ ҳамгироиро миёни кишварҳои ҷаҳон наздиктар сохтааст. Кишварҳои ҷаҳон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили СММ ва Созмони Умумиҷаҳонии Тиҷорат, ҳамкориҳоро бештар намуда, баҳри пешрафтҳо дар сатҳи байналмилалӣ кор мекунанд. Вале ин созмонҳо ва ин сатҳи ҳамкориҳо барои расидан ба ҳадафҳои муштарак дар як минтақа басандагӣ намекунанд. Бинобар ин, ҳар минтақа барои худ созмону ташкилотҳои минтақавиро ташкил намуда, барои расидан ба рушду пешрафти худ дар доираи онҳо ҳамкориҳои бештар мекунанд.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои тозаистиқлоли минтақа ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ гаштанд. Дар ҳамон солҳои аввал маълум шуд, ки ба якборагӣ даст кашидан аз ҳама шакли ҳамгироиҳои минтақавӣ ба иқтисод зарари зиёд мерасонад. Ин буд, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил карда шуд ва дар доираи он тиҷорату рафтуомади шаҳрвандон миёни кишварҳои аъзои ин иттиҳод осонтар гардид. Ин як созмоне буд, ки бояд зарару зиёни деинтегратсияшавиро камтар мекард ва заминае барои ба вуҷуд омадани иттиҳодҳои ҳамгироии қавитар миёни кишварҳои пасошуравӣ мешуд.

Имрӯз метавон гуфт, ки ИДМ то дараҷаи муайян вазифаи худро иҷро кард. Дар солҳои баъдӣ созмонҳои дигаре дар минтақа роҳандозӣ гаштанд, ки ҳамгироии кишварҳои пасошуравиро ба маротиб бештар намуданд. Дар бахши амниятиву мудофиавӣ Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва дар самти иқтисод Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ташкил карда шуд. Ин созмонҳои минтақавӣ ҳамгироиҳоро миёни кишварҳои мазкур қавитар намуда, боиси рушди устувор ва таъмини сулҳу субот дар минтақа гардиданд. Бо вуҷуди ин, ИДМ аҳамияти худро барои боз ҳам мустаҳкамтар намудани муносибатҳои кишварҳои минтақа аз даст надодааст ва фаъолияти худро идома дода истодааст.

Бо назардошти аҳамияти ИДМ дар осон намудани ҷудошавии кишварҳои собиқ сотсиалистӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои ба миён омадани созмонҳои нави интегратсионӣ, кишварҳои аъзо дар доираи он ҳамкориҳоро идома дода истодаанд. Ҷаласаи навбатии ин иттиҳод рӯзи 7–уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он ба ғайр аз президенти ин кишвар сарварони кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон ширкат карданд. Дар ин ҷаласа раҳбарони кишварҳои номбурда суханронӣ намуда, диду назари худро доир ба масъалаҳои мубрам ироа доштанд. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи бештарро ҷалб намуд. Чунки аз 1-уми январи соли 2025 кишвари мо раёсат дар ИДМ-ро ба уҳда хоҳад гирифт ва сарвари давлат авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ин иттиҳодро муаррифӣ намуданд. Яке аз чорабиниҳои аҳамиятнок барои ҳамаи кишварҳои аъзои ИДМ таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ хоҳад буд, ки ҷониби Тоҷикистон омодагии худро барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани он таъкид намуд. Масоили иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ ҳамчун авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ИДМ муаррифӣ гардиданд.

Бо вуҷуди он ки қисме аз вазифаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар солҳои охир иттиҳоду ташкилотҳои дигари минтақавӣ иҷро менамоянд, ин иттиҳод аҳамияти худро гум накардааст. Чунки бахшҳои зиёде дар муносибатҳои кишварҳои минтақа ҳастанд, ки маҳз дар доираи ин Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима шуда, ҳалли худро меёбанд.

Илова бар ин, созмонҳое, ки сатҳи ҳамгироии қавитаре доранд, ба монанди СПАД ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, на ҳамаи кишварҳои ИДМ-ро дар бар мегиранд. Ин аст, ки мавҷудияти ИДМ дар ояндаи наздик нигаҳ дошта шуда, дар доираи он мушкилоти зиёде дар минтақа ҳалли худро хоҳанд ёфт. Раҳбарияти Тоҷикистон низ ин аҳамияти иттиҳоди мазкурро ба пуррагӣ дарк намуда, омодагии худро барои боз ҳам қавитар намудани он дар давраи раёсати худ изҳор доштанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки соли оянда таҳти раҳбарии Тоҷикистон кишварҳои аъзои ИДМ 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар сатҳи хеле баланд ҷашн гирифта, масоили дигари баррасишуда дар ҷаласаи мазкурро зери назорати қатъӣ мегиранд ва дар натиҷа ҳамгироиҳо бештар мегарданду рушди устувори минтақа нигадорӣ ва амният дар он таъмин карда мешавад.

Баротов Л. - ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

7 октябри соли равон сафари кори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия шурӯъ шуд. Зимни ин сафари корӣ Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд. Ҳамзамон дидору гуфтушунид бо Роҳбарияти Олии Федератсияи Русия дар назар аст.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 8 апрели 1992 барқарор шудааст ва Федератсияи Русия яке аз аввалинҳо шуда Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намудааст. То имрӯз муносибатҳои ду кишварро бештар аз 300 созишномаи байнидавлатӣ, байнимақомотӣ ва байниҳукуматие, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳоро ба танзим медароранд. Созишномаҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро Шартнома оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила (25-05-1993) ва Шартномаи ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия (16-04-1999) ташкил медиҳад. Дар таҳкиму тақвияти робитаҳои шарикӣ, густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, нақши Роҳбари ду давлат беандоза буда, ба шарофати вохӯриҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ, ҳамкориҳои дуҷониба мақоми хосси шарикии стратегиро касб кардаанд.

Шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни давлатҳо заминаи мустаҳками тавсеаи рӯзафзуни ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мебошанд. Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатии ду давлат дар давраи соҳибистиқлолии ҳарду кишвар ба худ ранги дигар касб карда, давра ба давра тақвият ёфтаанд. Иродаи сиёсӣ ва мавқеи ягонаи Роҳбариятии Олии ҳарду кишвар дар ҳалли хатарҳои воқеиву эҳтимолӣ, таҳдидҳо ба истиқлолу амнияти кишварҳо, робитаҳои ду давлатро боз ҳам мустаҳкам намудааст.

Масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ, афзоиши табодули мол, суръат бахшидан ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва коркарду истихроҷи газу нафт ва канданиҳои фоиданок, инчунин рушди ҳамкории ҳарбию техникӣ ва фарҳангӣ, ки асоси муносибатҳои Тоҷикистону Русияро ташкил медиҳад, зимни ҳар як мулоқоту вохурии президентҳо ва дигар аъзои ҳукуматҳои ҳарду ҷониб, мавриди таваҷҷӯҳ ва баррасии ҷиддӣ қарор мегиранд. Дар самти иқтисод, саноат ва савдо низ ду давлат ҳамкориҳои мустаҳками иқтисодиро ба вуҷуд овардаанд, ки тибқи маълумотҳо ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2023 1,7 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 2,4% афзоиш ёфтааст. Аммо дар ҳашт моҳи соли 2024 гардиши мол ба беш аз 1,2 миллиард доллар расида, 14% афзоиш зиёд гаштааст. Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо 70 минтақаи (субъекти) Русия ҳамкориҳои тиҷоратиро дар сатҳи хуб ба роҳ мондааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Россия паҳлуҳои мухталифро дар бар гирифта, дар умум сатҳи муносибатҳо ҷавобгӯи ҳамшарикии стратегист, ки он пеш аз ҳама марбут ба соҳаҳои ҳарбию сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣва гуманитарӣ мебошад.

Дар баробари равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳамкориҳои онҳо дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай идома доранд. Пеш аз ҳама, ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз солҳои аввали соҳибистиқлолии ҳарду кишвар шурӯъ шудааст. Тибқи санадҳои таъсисии ИДМ Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам муассисон ва ҳам узви комилҳуқуқи ин созмон мебошанд. Ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ба манзури густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин иттиҳодия ва рафъи ихтилофу мушкилоти мавҷуда мавқеи муштарак доранд. Дар сиёсати хориҷии хеш, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои узви ИДМ аҳамияти вижа медиҳад. Миёни аъзоёни асосии кишвар дар миқёси ИДМ ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, ин давлат чун шарики асосии стратегии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Дар доираи ИДМ Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор санади қабулшударо ба имзо расонидааст, ки шумораи умумии он то имрӯз қариб 3 ҳазорро ташкил медиҳад.

Дар марҳилаи кунунӣ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо фаъолияти воқеии худ мубрамият, арзишмандӣ ва устувориашро собит менамояд. Ба тариқи хулоса метавон гуфт, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун як ниҳоди ҳамгироӣ ва мутаҳидкунандаи давлатҳои узв мебошад. Ҳамзамон иштироки Русия дар ин созмон нуфузу эътибори онро дар ҷаҳон нигоҳ медорад. Авлавият бахшидан ба ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия дар доираи созмони мазкур имкониятҳои навро барои давлатҳои узв фароҳам меорад.

Шарифов И.И. ходими илмии шуъбаи ИДМ, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Пешрафти давлат, рушди мунтазами иқтисодиёт ва беҳтар гардонидани сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ ҳамбастагии қавӣ дорад. Тараққиёти ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистонро бе рушди соҳаи энергетика тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо ҳамин сабаб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини аҳолӣ ба неруи барқ ва сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ таваҷҷуҳи фавқуллода зоҳир менамоянд. Ҳамзамон, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ ҳадафи афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад.

Хушбахтона, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об буда, дар сурати истифодаи иқтидори пурраи неруи об ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардем. Истифодаи оқилонаи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон на танҳо эҳтиёҷоти энергетикии имрӯзаи кишварамонро қонеъ мегардонад, балки ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа хоҳад буд. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба муваффақиятҳои азим ноил гардидааст, неругоҳҳои барқи обии зиёди хурду бузург сохта ва ба истифода дода шудаанд. Ҳамзамон, сохтмони бузургтарин иншооти аср – НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН босуръати баланд идома дорад ва дар ҳолати пурра ба кор даромадани ҳамаи чархаҳои он (17 млрд кВт-соат нерӯи барқ дар як сол)Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил гашта, ба кишвари содиркунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил меёбад.

Лоиҳаи НБО-и Роғун ҳарчанд аз даврони Шуравӣ таҳрезӣ гардида бошад ҳам, аммо сохтмони он бо сабабҳои гуногун ба таъхир меафтод. Пас аз Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт ва дар ин марҳила масъалаи аз ҳама муҳим ҳифзи ҷони шаҳрвандон ва пешгирии азбайнравии давлату миллати тоҷик буд. Бо фарорасии Ваҳдати миллӣ ва бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлатамон новобаста ба монеагузориҳои ҷиддии давлатҳои ҳамсоя НБО-и Роғун аз санҷишҳои созмонҳои байналмилалӣ гузашта, сохтмони он аз нав оғоз гардид. Имрӯз дар НБО-и Роғун тамоми корҳои сохтмонӣ бо сатҳу сифати баланд ва босуръат идома дорад, дар сохтмони аср шаҳрвандони зиёди кишварамон (қариб 15 ҳазор корманд) ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд ва барои фаъолияти самараноки онҳо тамоми шароит муҳаё шудаанд.

Фикр мекунам, сохта ва ба истифода дода шудани НБО-и Роғун ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ барои Тоҷикистон чунин манфиатҳо дорад:

рушди босуботу устувори иқтисодиёти миллӣ;

амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва пешрафти саноати миллӣ;

афзоиши неруи содиротии кишвар;

афзудани буҷети кишвар;

коҳиш ёфтани таъсири хавфу хатарҳои буҳронҳои иқтисодӣ;

пойдор мондани қурби пули миллӣ;

боз ҳам коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва афзудани ҳиссаи намояндагони синфи миёна;

таъмини гардидани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ;

беҳтар гардидани сатҳи сифати зиндагӣ ва таъмин гардидани зиндагии шоистаю сазоворӣ аҳолӣ;

устувор гардидани ваҳдати миллӣ ва амнияти миллӣ;

баланд гардидани ҳисси ватандустӣ ва ҳуввияти миллии шаҳрвандон;

баланд гардидани нуфузу мартабаи кишварамон дар арсаи байналхалқӣ ва ғайраҳо.

Албатта, сохтмони чунин иншооти беназири аср, ки ҳатто давлати шуравӣ бо он ҳама қудрату бузургии худ ба анҷом расонида натавонист, кори саҳлу осон набуда, захираҳои бузурги молию молиявӣ, неру ва сармояи инсонӣ, сабру таҳаммул ва аз ҳама муҳимтар – ваҳдату оромии кишвар ва дастгирии васеи ҳамаи қишрҳои ҷомеаро талаб менамояд. Бунёди НБО-и Роғун орзуи деринтизори тоҷикистониён, нангу номус ва ифтихори миллӣ мебошад.

Аз ин рӯ, бояд ҳар фарди ватандӯст ва бо нангу номуси Тоҷикистон бо ҳар васила дар анҷом ёфтани ин сохтмони беназир, боҳашамат ва бузурги аср саҳмгузор бошад. Ояндаи дурахшони кишварамон, ҷойгоҳи сазовори ҷаҳонии Тоҷикистон ва зиндагии шоистаю сазовори мардуми шарифи мамлакатамон ба рушди соҳаи энергетика ва ба истифода дода шудани НБО-и Роғун вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, сохтмони НБО-и Роғунро яке аз самтҳои сиёсати муваффақу оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастоварди муҳими халқи тоҷик дар даврони Истиқлоли миллӣ номида метавонем.

Миров Ф.С. ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ

“Имрӯз таърих бар дӯши мову Шумо мардуми шарафманду сарбаланд ва озодаву худшиноси тоҷик боз як рисолати бузург – бунёди кохи нурро гузоштааст. Ин барои насли мо ҳам масъулияти азим ва ҳам ифтихору шарафи бузургест. Ҳоло майдони сохтмони ин иншооти барои мамлакат тақдирсоз ба корзори заҳмати созанда, майдони ҳиммату ҷавонмардӣ, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин ба ғояи миллии мо табдил ёфтааст.”

Эмомалӣ РАҲМОН

Мусаллам аст, ки таърих ва ҳамзамон воқеияти зиндагӣ собит хоҳад намуд, ки бунёди сохтмони бузурги асри ХХ1- Неругоҳи барқи обии “Роғун” на танҳо боиси рушди иқтисоди кишвар ва инчунин ғанӣ гардонидани буҷаи давлат гардида, Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати ободу зебо ва худкифо дар миқёси байналмилалӣ обрӯ ва нуфуз мебахшад.

Аз ин рӯ, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанбаи қавии ҳувиятӣ доштани ин иншооти стратегии аср боварӣ зоҳир намуда, ба таври пайваста тамоми кӯшишу ғайраташонро ба харҷ медиҳанд ва инчунин ҳамаи онҳоеро, ки дар ин сохтмони азим саҳми муносиб мегузоранд, ҳамеша қадрдонӣ менамоянд.

Лозим ба тазаккур аст, ки НБО “Роғун” нуҳумин силсиланеругоҳ дар дарёи Вахш ба ҳисоб рафта, тақрибан 70 километр болотар аз НБО “Норак” сохта шуда истодааст. Неругоҳи барқи обии “Роғун” бузургтарин неругоҳ маҳсуб ёфта, тавоноииаш аз иқтидори истеҳсолии НБО “Норак” якуним маротиба зиёд аст. Баландии сарбанди он 335 метр буда, дорои 6 чарха ва иқтидори лоиҳавиаш 3600 мегаватт/соат мебошад. Неругоҳи мазкур тавре бунёд гашта истодааст, ки он дар давоми як сол ба миқдори 17,3 миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол менамояд.

Майдони обанбор 170 км мураббаъ буда, ҳаҷми ғунҷоиши об 10, 3 км3ва дарозии нақбҳо беш аз 70 км мебошад. Бартарӣ ва афзалияти ин неругоҳ аз дигар неругоҳҳо дар он зоҳир мегардад, ки толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо дар зери замин бунёд карда мешаванд. Корҳои сохтмонии сарбанди 335 - метра ба зиммаи Ширкати бонуфузи итолиёвии “Салини Империҷило”, ки ғолиби тендери байналмилалӣ гардида аст, вогузор карда шудааст.

Бояд қайд кард, ки сохтмони Неругоҳи барқии обии “Роғун” ҳанӯз нимаи солҳои 60-уми асри гузашта тарҳрезӣ гардида буд. Бо ин мақсад соли 1965 аз тарафи коршиносон таҳқиқоти техникӣ-иқтисодии сарбанди неругоҳ оғоз гардид. Моҳи сентябри соли 1976 сохтмончиён дар ин неругоҳ ба корҳои аввалия оғоз бахшиданд. Ба корҳои асосӣ, ки аслан гирем дар зери замин анҷом дода мешуданд, ҳанӯз соли 1982 шуруъ карда буданд.

Неругоҳи барқии обии “Роғун”-ро метавон сохтмони бузурги аср ва инчунин байналмилалӣ номид. Зеро дар сохтмону ба истифодадиҳии ин иншооти бузург намояндагони кишварҳои Россия, Украина, Молдова, Грузия, Хитой, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Непал, Италия, Покистон, Британияи Кабир, Франсия, Аргентина, Миср, Эфиопия, Малайзия, Филиппин, Марокко, Нигерия, Камерун, Португалия, Бразилия, Перу, Сербия, Колумбия, Намибия,Чили, Зимбабве, Панама ва ҳоказои дигар фаъолона иштирок доранд. Бар замми ин дар радифи ширкатҳои ватанӣ, инчунин намояндагони ширкатҳои хориҷӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар раванди таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва муносибатҳои дӯстона саҳми босазои худро дар бунёди ин сохтмони иншооти стратегии аср мегузоранд.

5 - уми январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Неругоҳи барқии обии “Роғун”-ро ҷабҳаи нангу номус номида, аз мардуми шарифи кишварамон даъват ба амал оварданд, ки саҳми худро дар бунёди неругоҳ гузоранд. Маҳз ин даъвати ватандӯстонаи Сардори давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳар чи тезтар суръат бахшидан ва анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург буд. Ҳарчанд, ки дар масъалаи бунёди Неругоҳи барқии обии “Роғун” дар он даврон мушкилоти зиёде пеш меомаданд, аммо азму иродаи қавии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи монеаҳоро бартараф намуда, ба мардуми баору номус ва шарифу сарбаланди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон муяссар гардид, ки то имрӯз аллакай ду чархаи ин неругоҳ фаъол карда шавад.

Лозим ба тазаккур аст, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2016 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди НБО “Роғун” оғоз гардида буд. Худи ҳамон рӯз Роҳбари давлат паси чанбари булдозер нишаста, якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин Неругоҳи азими аср ҳусни оғоз бахшида буданд. Айни замон корҳои бунёду ба истифодадиҳии чархаи сеюм идома доранд, ки соли оянда, яъне соли 2025 ба истифода супорида мешавад.

Алъон НБО “Роғун”, пуриқтидортарин иншооти силсилаи силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аст, ки аз 6 чарха, яъне агрегатҳо иборат буда, тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳанд ва бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз17 миллиард киловатт - соат калонтарин НБО дар сатҳи минтақа ба шумор меравад[1].

Лоиҳаи ин неругоҳи обӣ тавре тартиб дода шудааст, ки он на танҳо ба манфиати энергетикии Тоҷикистон, балки бештар ба қонеъ намудани талаботу ниёзҳои кишоварзии мамлакатҳои поёноб ва ҳамзамон манфиати иқтисодии ин давлатҳо нигаронида шуда аст. Яъне, Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳанӯз дар оғози лоиҳакашӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва сохтмон ба худ аҳаммияти геоиқтисодӣ ва геополитикиро касб намуда буд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлолу соҳибиқболи Тоҷикистон бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти он, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчун иншооти муҳимму стратегӣ барои амният ва сулҳу суботи минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти геостратегии худро дорад, ба идомаи сохтмони ин неругоҳ авлавияти бештар ва ҳамзамон аввалиндараҷаи худро медиҳад.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” саҳми назарраси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят калон аст. Зеро, расман ба истифодаи умум супоридани чархаи якуми ин иншооти стратегӣ маҳз ба иродаи қавии сиёсии ин абармард ва инчунин дурандешиҳои Роҳбари давлати тоҷикон оид ба аҳаммияти Неругоҳи барқии обии “Роғун” ҳамчун як иншооти стратегӣ ба рушди устувори Тоҷикистон ва минтақа иртиботи бевоситаи худро дорад.

Тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ, сохтмон, азхудкунии захираҳои бузурги гидроэнергетикии мамлакат барои дигаргунсозии иқтисоди Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад. Сохтмони Неругоҳи барқии обии “Роғун” пурра ба сиёсати энергетикӣ ва дипломатияи оби Тоҷикистон бо мақсади таъмини истиқлоли энергетикӣ ва амнияти ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мувофиқат менамояд.Чунки дар ояндаи наздик истеҳсолу истифодаи энергияи “сабз” дар мамлакат имкон хоҳад дод, ки аксарияти аҳолӣ ба истифодаи нақлиёти барқӣ гузаранд ва бо ин тартиб талаботи ҷумҳурӣ аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода шавад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавонад солҳои наздик ба истеҳсолкунандаи автомобилҳои барқӣ дар миқёси минтақа мубаддал гардад [2].

Бояд қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтавои худ дар рӯзи оғози расмии сохтмони НБО “Роғун” дар таърихи 26-уми сентябри соли 2005 таъкид намуда буданд, ки ”...ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлоли энергетикии Тоҷикистон буда, дар ин кор саҳми арзандаи кишварҳои Тоҷикистону Россия дар самти наҷот бахшидани баҳри Арал аз хушкшавӣ хоҳад буд, ки аҳаммияти муҳимми минтақавӣ дорад”.

Хусусияти дигари НБО “Роғун” ҳамзамон дар амал ҳамаҷониба татбиқ намудани ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Президенти кишвар дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва аз ифлосшавӣ эмин нигоҳ доштани муҳити зист низ ба шумор меравад.

Неругоҳи барқии обии “Роғун” дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чархаи асосӣ иборат хоҳад буд, ки қудрати ҳар кадом 600-мегаваттиро ташкил медиҳанд. Сарбанди Неругоҳи “Роғун” бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт – соат) калонтарин буда, аз Неругоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёдтар мебошад [3].

Ҳамин тариқ, аз таҳлилҳои оморӣ бармеоянд, ки Ҳукумати Шуравӣ ин рӯдро асосан бо мақсади густариши соҳаи гидроэнергетика, баҳри обёрии заминҳо ва инчунин беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданию полезӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст[4].

Муҳандисон И. Каминский ва А. Гандин дар асоси омӯзишу таҳлилҳо ниҳоятан ба чунин хулосаи аниқ омада буданд, ки рушди босуръати соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба азхудкунии иқтидорҳои гидроэнергетикии ин рӯд вобастагии бештари худро дорад.Чунки муҳандиси рус Н. Караулов иқтидори ҳамасолаи гидроэнергетикии ин рӯдро дар ибтидо 3171000, баъдан 22 млрд. кВт /соат муайян намуда, ҳамзамон иброз дошта буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати ба таври пурра азхудкунии иқтидорҳои гидроэнергетикии ин рӯд, дар як муддати кӯтоҳ на танҳо ба хазинаи энергияи электрикии минтақа, балки ба яке аз бузургтарин кишвари тавлидкунандаи неруи барқ дар қитъаи Осиё мубаддал мегардад.

Муҳандиси маъруфи соҳаи гидроэнергетика И. Нехамкин бошад иқтидори ҳамасолаи гидроэнергетикии ин рӯдро 36 млрд кВт/соат баҳогузорӣ намуда, ниҳоятан ба чунин хулоса омада буд, ки рушди гидроэнергетикаи бузург дар Тоҷикистон бояд аз дарёи Вахш оғоз гардад[5].

Ҳамин тариқ, метавон барҳақ зикр кард, ки НБО “Роғун” истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ба таври пурра таъмин намуда, ҳамзамон онро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ мебахшад. Неруи барқе, ки дар НБО “Норак” тавлид мегардад, ба қувваи 54 млн одам ва НБО “Роғун” ба 72 млн. одам баробар аст. Пас худатон қазоват намоед, ки Тоҷикистон бо чунин иқтидор чӣ корҳоеро ба субут расонида метавонад.

НБО “Роғун” дар баробари таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, инчунин дар густариши дигар самтҳои иқтисодиёти минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад. Бо вуҷуди он, ки зимни бунёди ин неругоҳ 17500га замини ҷумҳурӣ зери об монад ҳам, аммо ба туфайли бунёди он 320 ҳазор га заминҳои кишварҳои поёноб, аз он ҷумла ҷумҳуриҳои ҳамсояамон Узбекистону Туркманистон шодоб шуда, дар маҷмуъ ҳолати мелиоративии зиёда аз 4 миллион гектар заминҳои кишварҳои поёноб беҳтар мегардад.

Агар сухан дар хусуси 17500 га замини зериобмонда равад, он гоҳ аз ин киштзор - 633 га, токзор-517 га ва бақияро заминҳои лалмӣ ва чарогоҳҳое ташкил медиҳанд, ки дар соҳаи кишоварзӣ на он қадар арзишу моҳияти баланди иқтисодӣ доранд. Ба қавли муҳандиси тоҷик Б. Юнусов зарари зери об мондани қитъаи замин дар Неругоҳи “Роғун” он қадар зиёновар нест. Танҳо шаш ҳазор га замини кишоварзӣ дар минтақаи обанбор меафтаду халос.

Илова бар ин тибқи пешгӯйии мутахассисон, ба туфайли бунёди ин неругоҳ 250 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор шуда, дар маҷмуъ сатҳи иқтисодию иҷтимоии анқариб 60 миллион нафар аҳолии минтақа беҳтару хубтар хоҳад гашт. Бархе аз коршиносон бар он назаранд, ки ҳамзамон ба туфайли бунёду ба истифода супоридани неругоҳи мазкур, дар ҳудуди минтақа зиёда аз панҷсад ҳазор ҷойҳо нави корӣ пайдо хоҳад гашт.

Бунёди ин неругоҳ дар минтақаи Осиёи Миёна талаботро ба энергияи ҳароратӣ як дараҷа коҳиш дода, баҳри боз ҳам беҳтару хубтар гардидани вазъи экологии минтақа ҳамаҷиҳата мусоидат менамояд. Бар замми ин ин неругоҳ на танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар миқёси ин минтақа зарурати бунёд намудани неругоҳҳои хурдро аз байн мебарад [6].

Академики шинохтаи кишвар Фарҳод Раҳимӣ, аз ҷумла чунин зикр кардааст, ки Роҳбари давлат аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданашон, масъалаи истиқлолияти энергетикиро ба унвони ҳадафи стратегӣ пазируфта, дар ин самт талошҳои зиёде ба харҷ доданд. Махсусан тарҳи “Роғун” ва роҳандозии пружаи бузурги энергетикии аср бо ибтикори Президенти мамлакат амалӣ гардид.

Чунки мо хуб дар ёд дорем, ки 29-уми октябри соли 2016 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савори булдозери вазнин тӯли беш аз якуним соат, яъне аз соати 10:00-и субҳ то соати 11:30-и нисфирӯзӣ бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи “Вахш”-ро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки барои мардуми Тоҷикистон марзаи ҳаёту мамот аст, ҳусни оғоз бахшиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимнан таъкид карданд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳимми стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзаву оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.Баъди ба истифода супоридани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад[12,2].

Бояд тазаккур дод, ки кишвари мо маҳз дар давраи аз назари молиявӣ ва иқтисодӣ ҳассос амалӣ намудани се ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳамзамон расидан ба истиқлолияти комили энергетикиро пайгирӣ намуда, дар бахши раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ, ки меҳвари кор дар самти саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, муваффақ шуд. Айни замон низ ҳадафи ниҳоӣ - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар ҳоли татбиқ қарор дорад ва дар ин самт корҳо боз ҳам бо суръати баланд ва муваффақона идома доранд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар самти бунёди давлати дунявӣ ва миллӣ, ки бар асоси тараққиёти илму техника ва саноату энергетика устувор мегардад, устуворона қадам мебардорад. Аз ҷумла, эълон гардидани “Солҳои 2022 – 2026 солҳои рушди саноат” пеш аз ҳама ба раванди сохтан ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти хурду миёна ва бузурги саноатӣ пайваст аст.

Дар ин байн Неругоҳи барқии обии “Роғун” ба сифати лоиҳаи меҳварии саноатӣ шинохта мешавад, ки чархаҳои он яке паси дигаре ба гардиш медароянду дарёи иқтисоду истеҳсолоти миллиро шодоб месозанд ва тавассути ин ҳарду иқтисоди рақамиву инноватсионӣ рушд менамоянд ва мақоми ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ дар ин самт боло меравад[7].

Бунёди ҳар як иншооти таърихӣ ва ё стратегие, ки барои давлату миллат ва ё халқи алоҳида таърихи хоссаи худро дорад, дар варақҳои таърихи он миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Имрӯз фаронсавиҳо бо манораи Эйфел, чиниҳо бо Девори бузург, ҳиндуҳо бо Тоҷмаҳал, мисриҳо бошанд бо аҳромҳои худ ва дигар халқу миллатҳо низ бо дастоварде аз ҳаёти меъмориву бунёдкории давраҳои мухталифи таърихи худ мефахранду ҳамзамон барои муаррифияш талош менамоянд. Аммо мо тоҷикон бо ҳамин иншооти бузурги худ Неругоҳи барқи обии “Роғун” ифтихор менамоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми асри ХХI дар минтақа аз аввалинҳо шуда, ба бунёди иншооте азм намуд, ки мисолашро таърих ёд надорад. Ин ҳам бошад, Неругоҳи барқии обии “Роғун” мебошад, ки бо талоши пайваста, азми қавӣ ва иродаи устувори матини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қарибиҳо дар ҷараёни анҷом ёфтан қарор дорад.

Бунёди НБО “Роғун” бунёди ояндаи гулгулшукуфони Тоҷикистон буда, саҳмгузорӣ дар сохтмони он мояи ифтихор ва ҳисси баланди ватандориву ватандӯстӣ мебошад[8].

Зубайдулло Давлатов - сардори Раёсати Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нигоштаи худ зимнан чунин зикр кардааст: Неругоҳи барқии обии “Роғун” бо иқтидори 3 ҳазору 600 мегаватт солона беш аз 17 миллиард киловатт/соат барқ тавлид хоҳад намуд. Шаш чархаи он - ҳар кадомашон 600 мегаватт иқтидор доранд.Он дар маҷрои Вахш аз болооб нуҳум хоҳад шуд.Сарбандаш бо баландии 335 метр бузургтарин садди хокию сангӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ин неругоҳ дар минтақа аз ҳама калонтарин мешавад.

Мардуми кишварамон даъватҳои Сарвари давлатамонро, ки бо вуҷуди мушкилиҳо мегуфтанд, ки агар зарур ояд, мо “Роғун”-ро бо нохунҳоямон месозем, гарм истиқбол намуда, қувваю неруяшонро ба анҷоми ҳарчи зудтари корҳо дар ин иншооти сарнавиштсоз равона карданд.

Дар назар аст, ки то соли 2030 иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ аз 17 то 45 миллиард киловатт - соат дар як сол ё қариб се баробар афзоиш ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои соҳа ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ гардад. Ҳамзамон содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза тавассути хатҳои минтақавии интиқоли неруи барқ, аз ҷумла КАСА-1000 то 10 миллион киловатт – соат ба давлатҳои ҳамсоя зиёд шавад[9].

Тавре, ки доктори илмҳои филологӣ, профессор Шуҳрат Каримзода хуб зикр кардааст:”Агар ба таърихи бунёди НБО “Роғун” назар андозем, маълум мегардад, ки дар тарҳрезӣ ва сохтмони он давоми солҳои тӯлонӣ монеаҳои бисёре пеш омадааст. Аз як тараф, нотавонбинон ва афроде буданд, ки ба ҳеҷ сурат бунёди ин сохтмонро намехостанд ва ба ҳар роҳу восита монеа эҷод карда, сохтмони онро ба таъхир меандохтанд.

Вале, бо азму иродаи устувори Пешвои оянданигари миллат бо такя аз аз мардуми шарифу бунёдкори кишвар ин иншооти азими аср дар марҳалаи бунёд ва созандагӣ қарор гирифт. Ҳамагон аз ибтикороти шоёни таҳсини Роҳбари давлат бо хушҳолӣ истиқбол намуданд. Зеро аҳли ҷомеаи кишвар накӯ дарк намуданд, ки “Роғун” на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад.

Ба дурустӣ ҳар гоҳе, ки сухан аз хусуси энергетика меравад, пеш аз ҳама Неругоҳи барқи обии “Роғун” пеши назар падид меояд. Ин иншооти бузург, ки бо саъю талош ва иқдоми бунёдкоронаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад, боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Бидуни тардид, ин корномаи ояндасози давлату миллат шукуҳу эътибори моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам боло бурд”[10].

Чуноне, ки корманди масъули Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Аброр Назиров иброз доштааст:”Имрӯз барои ҳар сокини пуршараф ва соҳибфахри Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон қарз ва зарур аст, ки аз наздик бо азаммату бузургӣ ва воқеан ҳам муъҷиза будани иншооти аср - НБО “Роғун” ошно шавад. Вақте мо шоҳиди бевоситаи корҳои созандагию сохтмонӣ ва натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони Неругоҳи барқии обии “Роғун” бо сарварӣ ва роҳнамоиҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мешавем, амиқан дарк месозем, ки воқеан ин муъҷиза нур, ободӣ, зиндагӣ ва ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад.

Бешак бунёди “Роғун” ояндаи чароғон ва дурнамои рушду пешрафти Тоҷикистон аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид сохтаанд, ки бунёди ин неругоҳи бузург на танҳо мушкилоти нарасидани барқро барои аҳолӣ ҳаллу фасл менамояд, балки дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва ҳамзамон беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан маорифу тандурустӣ ҳамаҷиҳата мусоидат менамояд.

Илова бар ин метавон қайд намуд, ки бунёди ин неругоҳ аз чанд ҷиҳат аҳаммияти бузурги худро дорад;

- аз нигоҳи иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои зиёди саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиётамон пеш меравад, аз диду назари сиёсӣ бошад, давлатамон дар байни давлатҳои мутараққӣ мавқеи худро пайдо мекунад, илова бар ин бо бунёди ин неругоҳ Тоҷикистон истиқлоли энергетикиро пурра ба даст меорад[11].

Номи “Роғун”-ро тамоми дунё шунидааст. Махсусан дар кишвари мо вақте сухан аз энергетика ва барқ равад, қабл аз ҳама, “Роғун” пеши назар меояд. Ҳар як кӯдаки тоҷик аз хурдӣ номи “Роғун”-ро шунидааст, ҳатто мӯйсафедон даст ба дуо мебардоранд, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” тезтар бино ёбад ва мамлакати мо аз танқисии барқ раҳо шавад.

Чанд даҳсола боз масъалаи НБО “Роғун”, баҳси “Роғун”, аҳамият ва манфиати “Роғун” дар байни сиёсатмадорон, дӯстону бадхоҳон, ҳатто дар байни мардуми одӣ идома дорад, вале он барои махсусан мутахассисон ва соҳаи энергетика фаҳмиши амиқтар, мукаммалтар ва манфиатнокеро дорост. Дар ин бора садҳо китобу мақола нашр гаштанд, ҳамзамон даҳҳо таҳлилу экспертизаҳо низ пушти сар шуданд.

Оқибат НБО “Роғун” бино ёфт, ду агрегати он ба кор сар кард ва барои иқтисодиёти миллию аҳолии ҷумҳурӣ неруи барқ истеҳсол карда истодааст.

Ҳарчанд обанбори неругоҳ то ҳанӯз то ба охир бунёд наёфтааст ва фишори об ҳанӯз паст аст, вале дар Неругоҳи барқи обии “Роғун”, то ин дам аллакай 7 миллиард киловатт/соат барқ истеҳсол шудааст. Барои муқоиса – дар як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ то 45-50 миллион киловатт/соат барқ истеҳсол мегардад. Аз ҳама муҳим он аст, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат ворид шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ҷодаи бунёди “Роғун” ними роҳ тай шуд. Ҳарчанд давоми роҳ низ одиву осон нест, вале акнун аниқу иҷрошаванда аст. Ин ҳама нишонаи амалӣ шудани сиёсати оқилонаи энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Ин кори одиву осон набуд. Вақте мо мегӯем, ки НБО “Роғун” бино ёфт, худ аз худ симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мешавад. Бале, агар обрӯву нуфузи байналмилалии Сарвари давлати мо, меҳнату заҳмат ва азму иродаи қавии ин абармард намешуд, бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” комилан номумкин мегардид[12].

АДАБИЁТ

1. Саъдулло Маҳкамов, Эмомалӣ Раҳмон: “Роғун” ояндаи ободи халқи тоҷик ва сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан аст”, нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Ҷумҳурият” № 194 (24 805) 29 сентябри соли 2023, саҳифаи 1.

2. Рустам Ҳайдаров, Неругоҳи “Роғун” - унсури калидии таъмини суботи геополитикӣ ва амният дар Осиёи Марказӣ. Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – “Минбари халқ” № 30 (1478) 24 июли соли 2024, саҳифаҳои 1- 4.

3. Наргис Усмонова, НБО “Роғун” – самараи истиқлол, Роҳи пуршебу фарози НБО “Роғун”. “Ҷумҳурият” № 190 (24 801) 22 сентябри соли 2023, саҳифаи 1.

4. И. Каминский, А. Гандин. Проблемы использования реки Вахш.- Ташкент 1930. Рукопис.-36с.

5. И. Нехамкин. Наступление на пустыню.// Наука и жизнь.-1961, №7-с.30-32.

6. Ҳасан Асоев, “Роғун – машъалафрӯзи минтақа”. Ҷилди 1, Душанбе, Нашриёти “Дониш”- 2018, саҳифаҳои 39-41.

7. Фарҳод Раҳимӣ. Истиқлоли давлатӣ – арзишмандтарин дастовард. Нашрияи “Минбари халқ” № 35 (1432) 7 сентябри соли 2023, саҳифаи 3.

8. Султон Саидзода. Бунёдгузори “Роғун”. Нашрияи “Мароми пойтахт”,

№ 42 (773) 22-юми ноябри соли 2023, саҳифаи 7.

9. Зубайдулло Давлатов. “Роғун” - кафили истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон. Нашрияи “Минбари халқ” № 40 (1437) 11 октябри соли 2023, саҳифаи 4.

10. Шуҳрат Каримзода. Кохи нуру сурури Тоҷикистон. Нашрияи “Мароми пойтахт”, № 46 (777) 20-уми декабри соли 2023, саҳифаи 5.

11. Аброр Назиров. Неругоҳе, ки ояндаи дурахшон ва муъҷизаи замон аст... “Мароми пойтахт”, № 40 (771) 1-уми ноябри соли 2023, саҳифаи 8.

12. Нозир Ёдгорӣ. Афсонаи ҳузнангез ва ҳақиқати гуворои “Роғун”. Нашрияи парлумонии “Садои мардум”, № 136-137 (4719 - 4720) 15-уми ноябри соли 2023, саҳифаи 5 ва № 142 (4725) 20-уми ноябри соли 2023, саҳифаи 2.

БУНЁДИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ “РОҒУН” САҲМИ БОРИЗ

ВА ҲАДАФИ АСОСИЮ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бунёди сохтмони бузурги асри ХХ1- Неругоҳи барқи обии “Роғун” на танҳо боиси рушди иқтисоди кишвар ва инчунин ғанӣ гардонидани буҷаи давлат гардида, Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати ободу зебо ва худкифо дар миқёси байналмилалӣ обрӯ ва нуфузи иловагӣ мебахшад, балки аз нигоҳи дигар миллати бузурги тоҷикро ҳувияти тоза ато менамояд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлолу соҳибиқболи Тоҷикистон бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти он, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчун иншооти муҳимму стратегӣ барои амният ва сулҳу суботи минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти геостратегии худро дорад, ба идомаи сохтмони ин неругоҳ авлавияти бештар ва аввалиндараҷаи худро медиҳад.

Неругоҳи барқии обии “Роғун”ба сифати лоиҳаи меҳварии саноатӣ шинохта мешавад, ки чархаҳои он яке паси дигаре ба гардиш медароянду дарёи иқтисоду истеҳсолоти миллиро шодоб месозанд ва тавассути ин ҳарду иқтисоди рақамиву инноватсионӣ рушд менамоянд ва мақоми ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ дар ин самт боз ҳам боло хоҳад рафт.

Ин иншооти бузург, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо саъю талош ва иқдоми бунёдкоронаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад, боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Бидуни тардид, ин корномаи ояндасози давлату миллат шукуҳу эътибори моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам боло бурд ва ҳамзамон хоҳад бурд.

Калидвожаҳо: Неругоҳ, барқ, об, Роғун, иншооти муҳим, стратегӣ, ифтихори миллӣ, саҳм, байналмилалӣ, бунёдгузор, миллат, лоиҳа, давлат.

СТРОИТЕЛЬСТВО ГИДРОЭЛЕКТРОСТАНЦИИ "РОГУН"

ГЛАВНАЯ И МУДРАЯ ЗАДАЧА ЛИДЕРА НАЦИИ

Фундамент великого строительства ХХ1 века – Рогунская ГЭС не только ведет к развитию экономики страны, но и обогащает государственный бюджет, дает независимую Республику Таджикистан как процветающую, красивую и самодостаточную страну заявить о дополнительной репутации и влиянии в международном масштабе, но и с точки зрения другой великой нации, дает таджикскому народу новую идентичность.

Независимая и процветающая Республика Таджикистан под мудрым руководством Основателя национального мира и единства, Президента страны, великого Лидера нации Его Превосходительства Эмомали Рахмона, принимая во внимание, что Рогунская ГЭС как важный и стратегический объект для безопасности, мира и стабильности в Центральноазиатском регионе, имеющий свое геостратегическое значение, придал высший и первостепенный приоритет продолжению строительства этой электро-станции.

Гидроэлектростанция «Рогун» признана проектом промышленной оси, колеса которой вращаются одно за другим и осчастливливают реку национальной экономики и производства, и благодаря этому развиваются как цифровая, так и инновационная экономики, повышается статус республика на международной арене еще выше пойдет в этом направлении.

Это величественное здание, построенное в период независимости усилиями и новаторской инициативой сына нации Эмомали Рахмона, является предметом гордости каждого гражданина страны. Без сомнения, эта работа по строительству будущего государства и нации увеличила нашу славу и престиж на мировой арене и будет продолжать делать это в то же время.

Ключевые слова: Энергия, электричество, вода, Рогун, важные объекты, стратегическое, национальная гордость, вклад, международный, основатель, нация, проект, государство.

CONSTRUCTION OF THE ROGUN HYDROELECTRIC POWER STATION THE MAIN AND WISE TASK OF THE LEADER OF THE NATION

The foundation of the great construction of the 21st century - Rogun HPP not only leads to the development of the country's economy, but also enriches the State budget, gives the independent Republic of Tajikistan as a prosperous, beautiful and self-sufficient country declare additional reputation and influence on an international scale, but also from the point of view of another great nation, gives the Tajik people a new identity.

The independent and prosperous Republic of Tajikistan under the wise leadership of the founder of national peace and unity, the President of the country, the great leader of the nation His Excellency Emomali Rahmon, taking into account that the Rogun HPP as an important and strategic facility for security, peace and stability in the Central Asian region, having its own geostrategic significance, gave the highest and primary priority to the continuation of the construction of this power plant.

The Rogun hydroelectric power station is recognized as an industrial axis project, the wheels of which rotate one after another and make the river of national economy and production happy, and thanks to this, both digital and innovative economies are developing, the status of the republic in the international arena is increasing and will go even higher in this direction.

This majestic building, built during the period of independence through the efforts and innovative initiative of the son of the nation Emomali Rahmon, is a source of pride for every citizen of the country. Without a doubt, this work on building the future state and nation has increased our glory and prestige in the world arena and will continue to do so at the same time.

Key words: Energy, electricity, water, Rogun, important objects, strategic, national pride, contribution, international, founder, nation, project, state.

Сведения об автора: Кенджаев Мухбир Джурабоевич - соискатель Института истории, археология и этнографии имени А. Дониша НАНТ. Телефон: (+992) 93-440-28-86, Е-mail: mukhbirjon.kendzhaev@mail.ru

Information about the authors: Кendzaev Mukhbir Dzhuraboevich - is a competitor of the Departmentof the Institute of History, Archeology and Ethnography named after A. Donisha HАНT. (+992) 93-440-28-86, Е-mail: mukhbirjon.kendzhaev@mail.ru

КЕНҶАЕВ Мухбир Ҷӯрабоевич, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Истиқлол ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст.

Аҳмадшоҳи Масъуд

Мактаби азими сиёсии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусиятҳои хоси худро дорост, ки он аз муҳаббати бепоён ба халқу Ватани худ зимни дарки амиқи мардумшиносӣ сарчашма мегирад. Ривояте ҳаст, ки миллатеро Офаридгор дӯст дорад ва амну оромиро насибаш гардонад, барояш шоҳи одилу фозилу фарзонаро лоиқ мебинад ва дар мисоли Пешвои тоҷикон ривояти мазкур беасос набудааст.

Ибтидои солҳои 90-уми асри XX буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ давлати пуриқтидор ва абарқудрати Иттиҳоди Шуравиро аз байн бурд. Дар қатори 15 ҷумҳурии Иттиҳоди Шуравӣ дар таърихи 9 – уми сентябри соли 1991 ҷумҳурии мо низ истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Орзуи чандинасраи мардуми тоҷик амалӣ гардид, лекин дере нагузашта Тоҷикистони тозабунёдро буҳрони шадид фаро гирифта, кишвари мо ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи шаҳрванди мубтало гашт.

Намедонам, ки наҳсӣ аз замин ё зи кайвон буд,

Зи қисмат буд, туҳмат буд, ё васвоси шайтон буд.

Дар кӯтоҳтарин фурсат ҳазорон нафар хонабардӯш, фирорӣ ва кушта шуданд. Қаҳтию гуруснагӣ, харобкориҳои пайдарпай мардумро ба тарки манзилу макони аҷдодӣ маҷбур месохт. Хатари парокандагии давлат ва миллат ба миён омад.

Ба вақти кандани ҷон мардуми бечора нон мегуфт,

Ба рӯйи хон ниҳода бурдаи кунҷора нон мегуфт.

Рӯзҳои мудҳиш ва ноорому мушкили солҳои 1992-1997 дар саҳифаҳои таърихи кишвар бояд боқӣ монад. Миллат бо Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ машҳур буд, ба халқи ҷафокашида Яздони пок Эмомалӣ Раҳмон дод.

Агар бахшад ба мо як Сарвари зеби замон бахшад,

Азизе, раҳнамое, дастгири молу ҷон бахшад.

Дар Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шурои Олӣ (16-уми ноябри соли 1992) дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд аз 197 вакил ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон 186 нафар вакил овоз доданд. Натиҷаи овоздиҳӣ аз он шаҳодат медод, ки халқи тоҷик дар марҳалаи тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки бевосита аз байни халқ баромада буд ва барои халқ ҳамчун вакил дар ҷаласаҳо ҳақталошӣ мекард. Аз рӯзҳои аввали раиси Шуро интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон мардум ба фардои дурахшон бовар кард.

Суханони аввалини Эмомалӣ Раҳмон бар ин минвол буд:

“Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард”, “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам ва мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем”.

Ӯ барои саодату осоиштагии халқи азизаш аз ягон душворӣ намеҳаросид, чунки ин садои дили ҷавонмарде буд, ки аз миёни мардум баромада, осудаҳолӣ ва оромии кишварашро қарзи ҷавонмардонаи худ меҳисобид ва ба халқи шарафмандаш боварӣ дошт. Ӯ дилпур аз он буд, ки бо такя ба халқи азизаш метавонад ҳамаи монеаҳоро паси сар кунад. Ин садо садои дили ӯ буд ва ба ин садои қалбаш содиқ монд. Ҳамин тавр, роҳбарияти нави сиёсии мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуда, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор кард;

- хатари барҳамхӯрии ҷумҳурӣ ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд;

- тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии баромадани ҷомеаро ба миён гузошт;

- самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд ба кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод.

Сарвари давлат ҳамон вақт изҳор намуд, ки мо вазифадорем аввал амнияти давлатро таъмин намоем, артишро созмон дода, милитсия, кумитаи амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, арзише надорад.

Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ Пешвои миллат ба таъсиси Артиши миллӣ ва барои мустаҳкам намудани сарҳад чораҳои мушаххас андешид. Авфи умум, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмини маводи озуқаворӣ ва зиёд намудани музди меҳнат яке аз масъалаҳои асосии ҳамонвақта буд. Аз ҳама заруртарин масъала ин сулҳу субот ва оромию амнияти кишварро таъмин намудан буд. Чи хеле ки Пешвои миллат мегӯяд, сарчашмаи истиқлолият аз ваҳдат аст.

Раҳми парвардигори мо омад,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Ҷонибҳоро дар атрофи мизи мудаввар ба ҳам оварда, оштии миллиро барқарор кард. Таърих гувоҳ аст, ки то ин дам ягон сарвари давлат рақиби худро ба оштии миллӣ даъват накарда буд.

Фақат бахти накӯи халқи худро муддао дорад,

Худодод аст ӯ, дар чеҳрааш нури Худо дорад.

Бо сайъю талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ба маротиб афзудааст. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ҳалли чаҳор муаммои муҳими стратегии аср – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, дарёфти истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръатро марҳала ба марҳала муваффақ шуда истодааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи дуруст ҷиҳати роҳандозии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат қарор дорад ва ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар чунин авзоъ нақши босазои худро дар пешрафти давлату миллат гузорад. Ҳақ ба ҷониби шоир Мирзо Файзалӣ аст, ки гуфтааст:

Ҳама амволи неки дигарашро як тараф мондам,

Фақат бар хотири сулҳе, ки барпо кард дар кишвар,

Ба ин шахси бузургу ҷонфидои миллату Меҳан,

Агар аз дасти ман ояд, гузорам ҳайкалаш аз зар.

Ширин Қурбонова, доктори илмҳои таърих

Муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ

Бо фаро расидани Истиқлолият ва забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ масъалаи забон аҳамияти хоса пайдо кард ва ба ҳадде мубрам гардид, ки онро метавон яке аз падидаҳои муҳимми шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятии ин солҳо номид.

Эмомалӣ Раҳмон

3312312Аз таърихи башарӣ бармеояд, ки арзишмандтарин муқаддасот барои миллат дар радифи истиқлолу озодӣ, забон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти аҳамияти хоссааш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро сарчашмаи ҳастии миллат номидааст. Воқеан, дар ҳама давру замон ягона нишонаи инъикосгари миллату халқиятҳо забон мебошад. Вақте ба таърихи миллатҳо назар меафканем маълум мегардад, ки маҳз забон дар равандҳои тақдирсозу мураккаб кафолати мавҷудияти миллатро дар навбати аввал таъмин намудааст. Дар робита ба ин бояд тазаккур дод, ки забони тоҷикӣ ҳамчун куҳантанрин забон дар минтақа дар тамоми марҳилаҳои сарнавиштсози таърихӣ барои миллати мо нақши сипарро иҷро намудааст. Ин забони тамаддунофар тавассути чеҳраҳои мондагори миллат, ки бо хираду ҷаҳонбинии хеш ба фарҳанги башарӣ саҳм гузоштаанд, то имрӯз моро ҳамчун миллати фарҳангофару тамаддунсолор муаррифӣ намудаистодааст.

Дар ин радиф забон яке аз воситаҳои муҳимтарини инъикоси таърихи пуршебу фарози миллат маҳсуб ёфта, чун оина роҳи сипарикардаи ниёкони моро инъикос менамояд. Таҷрибаи давлатдории ниёкони тоҷикон мо нишон медиҳад, ки аксар сарварони сиёсӣ талош менамуданд, ки ҷиҳати таҳкими аркони давлатдорӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсурҳои забонӣ истифода намоянд. Чун ба таърихи ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ назар меафканем маълум мегардад, ки ниёкони мо ҷиҳати рушду равнақ ва мақоми устуворро касб кардани забони модарӣ чи талошҳое накардаанд. Наъустин маротиба аҷдоди тоҷикон дар аҳди шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён таҳти роҳбарии Куруши Кабир (550–529 т.м.) ва пасон дар замони ҳукумати Кушониён таҳти роҳбарии Канишкаи Кабир забони қадимаи форсӣ-тоҷикиро ба сифати забони расмӣ коргузорӣ қабул намуданд. Бояд гуфт, ки унсури марказии тамаддуни аҷдодии моро дар замони сулолаҳои ҳукумрони Варорӯд, Хуросон ва Эрон забон ташкил медод, ки он решаи забони имрӯзаи тоҷикӣ маҳсуб меёфт. Аз замони ҳукумати Ҳахоманишиҳо сангнавиштаҳое то имрӯз боқӣ мондаанд, ки инъикосгари арҷгузорӣ ба забони модарии худ буд. Ба ин мисол шуда метавонад катибаҳои «Бесутун», «Куруши Кабир» ва «Эъломияи ҳуқуқи инсони Куруши Кабир», ки ба забони қадими форсӣ-тоҷикӣ ҳакокӣ шудаанд.

Бо ташаббуси сиёсати фарҳангпарваронаи сулолаҳои ориёитабор минбаъд забони форсӣ-тоҷикии миёна мавқеи назаррасро соҳиб гардид. Дар аҳди ҳукумати Ашкониён ва Сосониён аз шарқи Чин то Осиёи Хурд ва аз Қафқоз то соҳили Уқёнуси Ҳинд забони форсии миёна чун забони расмӣ ва илму фарҳанг эътироф шуда буд. Забони форсии миёна дар муносибатҳои тиҷоратӣ дар заминаи шоҳроҳи Бузурги Абрешим ва дар муносибатҳои дипломатӣ нақши аввалиндараҷаро касб карда буд, ки аз ҳашомати сиёсати фарҳангпарваронаи шоҳаншоҳони Сосониён хабар медод. Ёдгориҳои нодири хаттӣ аз ҷумла «Дарахти асурик», «Ёдгории Заррирон», «Худойнома» ва амсоли инҳо аз ҷойгоҳи устувори забони форсии миёна хабар медиҳад.

Баъди инқирози ҳукумати сулолаҳои маҳаллӣ ва забт кардани минтақа аз ҷониби арабҳо муддате забони арабӣ маъмул буд, вале заминаи устувори забони тоҷикӣ, ки забони илму адаб ва тиҷорат буд, боис гардид, ки аз нав эҳё шавад. Тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абубакри Наршахӣ амирони арабтабори Хуросон маҷбур шуданд, ки баъзе аз сураҳои китоби муқаддаси дини Ислом «Қуръон»-ро дар солҳои 740-742 ба забони тоҷикӣ тарҷума намоянд. Ҳарчанд муддате забони арабӣ дар доираҳои илмӣ ва адабӣ маъмул буд, вале дар аҳди сулолаи Саффориён, махсусан замони ҳукумронии Яъқуб ибни Лайс забони тоҷикӣ аз нав эҳё шуда, ба сифати забони расмӣ-коргузорӣ қабул гардид. Шоҳи арҷгузор ба арзишҳои миллӣ – Яъқуби ибни Лайс чунин гуфта буд: «Чизе, ки ман андар наёбам, чаро бояд гуфтан?».

Қудрату тавоноӣ ва рақобатпазирии забони тоҷикиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бо тафсил иброз намудаанд: «Вақте ки забони арабӣ ҳампойи футуҳот ва густариши ислом дар як қисми бузурги ҷаҳон фотеҳона қадам зада, забони бисёр давлатҳои муқтадири дунёи қадим, ба монанди забони маҳаллии Испания, лаҳҷаҳои романии Ситсилия, забонҳои барбарии соҳилҳои Африқои Шимолӣ, забони қибтии Миср, забон ва гӯйишҳои оромии Сурия, Фаластин, Ироқ ва ғайраро аз феҳристи забонҳои ҷаҳон нобуд мекард, муҳим он аст, ки забонҳои дар ҳоли ташаккул ва ҳатто бехати эронии мардуми Хуросону Мовароуннаҳрро фурӯ бурда натавонист. Ба иборати дигар, дар миёни миллатҳои зиёди мутеи араб мо ягона мардуме будем, ки забони худро ҳифз карда, аз истиқлоли адабӣ маҳрум намондаем».

Дар муқобили фарҳангу забони арабӣ аксар забонҳои қисми шимолии Африқо ва Шарқи Наздик аз байн рафтанд. Айни замон бо сабаби аз даст додани рукни муҳимми миллат, яъне забони модарӣ ин халқҳо дар Миср, Либия, Ироқ, Марокаш ва Сурия, араб номида мешаванд. Маҳз забони тоҷикӣ дар муқобили чунин як раванди бисёр таъсирпазир ҳастии худро аз даст надод, ки ин аз амалӣ гардидани рисолати бузурги соҳибони он хабар медиҳад.

Наҳзати фикрии шуубия, ки дар саргаҳи он мутаффакирони барҷастаи тоҷик бо ашъору эҷодиёти худ меистоданд, бо мақсади ҳифзи фарҳанги миллӣ ва забони миллат ба амал омад. Дар заминаи хидматҳои намояндагони мактаби шуубия забони тоҷикӣ мақомашро устувор намуд. Яке аз марҳалаҳои «тиллои»-и рушди забони тоҷикӣ ва устувор гардидани ҷойгоҳи он ба аҳди ҳукумронии нахустин давлати миллии тоҷикон Сомониён рост меояд. Амирони сомонӣ дар радифи арҷ гузоштан ба аркони исломӣ, ҳамчунин ба унсурҳои фарҳанги миллӣ ва эҳёи онҳо диққат медоданд. Ҳамин буд, ки бузургтарин пешвоёни забон ва адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва барҷастатарин олимони асрҳои миёна чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав ва пайравону шогирдони онҳо маъруфтарин осори илмии он давраро ба забони модарии хеш навиштаанд.

Пас аз инқирози ҳукумати Сомониён дар манотиқи Мовароуннаҳру Хуросон ҳарчанд сулолаҳои тоҷиктабор аз истиқлоли сиёсӣ муддате маҳрум гардиданд, вале истиқлоли фарҳангии онҳо пойбарҷо буд. Фаъолияти барҷастаи олимон ва шуарои тоҷик дар асрҳои минбаъда боис шуд, ки забони тоҷикӣ чун забони расмӣ ва илму адаб аз ҷониби сулолаҳои дигар қабул гардад. Дар аҳди Ғазнавиён, Салчуқиён, Хоразмшоҳиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён, Манғетиҳо, ки дар сарзамини тоҷикон ҳукумат доштанд, забони тоҷикӣ дар натиҷаи талоши абармадони илму ирфон ба монанди Абулфазли Байҳақӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хаём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва даҳҳо тан аз дигар мутафаккирон ба сифати забони давлатӣ қабул шуд.

Муддати асрҳои вопасини начандон мусоид ва гоҳе ниҳоят фоҷиабор соҳибони ин забон яке аз ғанитарин адабиёт, шеър ва тулонитарин ҳамосаи миллии ҷаҳонро офариданд. Аз лиҳози миқдор, рангорангии мавзуъ, вусъати андеша, матлаби ҳакимона ва ғайра низ он дар дунё камназир аст.

Новобаста аз он ки сиёсати баъзе аз ҳокимони асрҳои охир боиси тақсими қаламрави паҳновари интишори забони тоҷикӣ шуданду миёни ҳамзабонон бо сабабҳои мухталиф ҷудоӣ андохтанд ва ё мамониату маҳдудиятҳое дар роҳи такомули забон эҷод намуданд, вале онро нобуд ва ё дигаргун сохта натавонистанд.

Бояд гуфт, ки дар ибтидои асри ХХ баъди 1000-соли ба сифати забони давлатӣ амал кардани забони тоҷикӣ аз боиси таъсири идеологияҳои зиддитоҷикӣ, махсусан пантуркизм муддате забони тоҷикӣ мақоми худро аз даст дод. Дар замони ҳукумати шуравӣ низ мавқеи забони тоҷикӣ то ҷое коста гардид, вале талошу эҷодиёти зиёиёни арҷгузор ба фарҳангу забони миллат боис шуд, ки соли 1989 забони тоҷикӣ ба сифати забони расмӣ қабул гардад.

Истиқлоли давлатӣ ба миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик имкон дод, ки дар заминаи соҳибихтиёрии миллӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ арҷ гузорад. Имрӯз дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ чун яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар роҳи рушду такомул қарор дорад. Пешвои миллат забонро чун кафили ҳастии миллат дониста, дар самти устувор намудани мақоми ин арзиши олии миллат як қатор ташаббусҳои саривақтӣ ва муҳимро дар амал татбиқ намуданд. Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои хеш забони моро муаррифӣ намуда, онро ба забон сулҳу субот ва ба ҳам овардани мардумони ҷаҳон мубаддал гардонидаистодааст.

Дар айни замон миллати куҳанбунёди тоҷикро зарур аст, ки дар пайравӣ аз ниёкони хеш ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба ин арзиши миллӣ арҷ гузошта, онро ҳифз намояд. Ҳифзи забон кафолати мондагории миллат аст. Зарур аст, ки забони тоҷикиро чун восиати аз худ кардани забонҳои хориҷӣ истифода намуд. Дар ҳоле, ки мо забони хешро ба сатҳи лозима намедонем ҳеҷ гоҳ дар роҳи омӯзиши забони дигар муваффақ намешавем. Қишри зиёии ҷомеаро низ зарур аст, ки тавассути осори хеш ва таълифи он бо забони ноби тоҷикӣ дар устувор гардидани забони миллат саҳмгузор бошанд. Дар сатҳи оилаҳо низ зарур аст, ки бо забони ноби тоҷикӣ муколама кард. Мутаассифона имрӯзҳо мо мушоҳида менамоем, ки баъзан дар дохили оилаҳо ба ин арзиши миллӣ арҷ гузошта намешавад ва бо забони дигаре муколама менамоянд, ки чунин ҳолат паёмади манфӣ дорад. Зарур аст, ки дар дохили оила бо насли наврас ба забони ноби модарӣ ҳарф заду муҳиммияти арҷ гузоштан ба ин унсури меҳварии миллатро шарҳу тавзеҳ дод. Фарзанди тоҷик аз оила бояд ба ҷомеа бо забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ ворид шавад. Дар раванди бунёди давлатдории миллӣ яке аз шартҳои асосӣ ва меҳварӣ ҳифзу гиромидошти забони миллӣ маҳсуб меёбад.

Хушвахтзода Қ.Х. – Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ

Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад. Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии Истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки пас аз пош хӯрдани давлати Сомониён, ки халқи тоҷик давлатдории худро аз даст дода буд, вале забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ дар мақоми поянда устувор нигоҳ дошта тавонист. Забон неъмати бебаҳоест, ки инсон онро аз замонҳои қадим истифода мебарад. Он яке аз унсурҳои асосии фарқкунандаи инсон аз махлуқоти дигар аст.

Дар ҳар давру замон одамон ба он чун муқаддастарин, заруртарин ва пояндатарин дороии худ муносибат намуда, маъмулан барои таъмини волоияти он мекӯшанд. Халқу мардуме, ки забонашро маҳфуз дошта наметавонад, ногузир аз он маҳрум мегардад. Аз ин ҷост, ки ҳар як соҳибзабон дар рушди забони хеш саҳмгузор бояд бошад. Тоҷикон, хушбахтона, яке аз он камтарин мардум, ки забони худро дар дудмони куҳани таърих хубу марғуб нигоҳ дошта, на танҳо мавҷудияташро, балки рушдашро таъмин карда меояд. Ба вижа дар даҳсолаҳои охир, ки равиши ҷаҳонишавии арзишҳои моддию маънавӣ доираи имконоти рушди забонҳои хурдро торафт маҳдуд менамояд, масъалаи ҳифозати забони миллӣ беш аз пеш доғтар мегардад, зеро, забони тоҷикӣ дар масири мавҷудияташ борҳо рушду нумӯъ карда, маротибаҳо равнақу инқирозро аз сар гузаронидааст. Охирин марҳалаи рушду ғаномандии он ба солҳои 80-и асри ХХ ва оғози садаи ХХI рост меояд. Дар ин давра ба шарофати қувват гирифтани худогоҳию ҳуввияти миллию расидан ба истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ беш аз ҳарвақта аҳамияти амалию ҳаётӣ пайдо кард.

Замони ба даст овардани Истиқлол бо ибтикори Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ тағйир ёфта, он на танҳо дар манотиқи Тоҷикистон балки да арсаи ҷаҳонӣ обрӯву эътибор пайдо намуд. Бо дарки хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатсозии забон Пешвои миллат онро ҳамчун як рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намуданд. Маҳз хидматматҳои беназир ва шоёни Пешвои миллат буд, ки ин забон дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ садо медиҳад. Ҳамчунин, Пешвои миллат дар таълифоти илмию пажуҳишиашон муҳимтарин масоили таърихи тоҷиконро дар ҳамбастагӣ бо масъалаи забон баррасӣ мекунанд ва иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳими милатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатсози ҷомеа - забон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ бамаротиб зиёд мегардад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ ду ҷанба- мусбат ва манфӣ дорад ва дар баробари хусусияти ҷаҳонӣ касб кардани урфу одатҳои миллӣ, аз ҷониби дигар, хатари кам шудани мавқеъ ва нуфуз ва аз байн рафтани онҳо, бахусус забонҳои миллӣ пеш меояд. Бино ба назари пажуҳишгарон дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора чорасозӣ мекунад ва таваҷҷуҳи шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин масъала намунаи беҳтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Чунки забон василаи сохтани ҳуввияти миллист, шахсе ки асолати худро мешиносад, аз Ватан ва муқаддасоти миллӣ ифтихор мекунад ва бадин васила худшинос ва худогоҳ мегардад. Яъне, забон қисми таркибии ҳуввияти миллӣ буда, воситаи заминасоз барои падидории ифтихори миллӣ дар замири ҳамватанон аст. Ҳамин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва ҳисси баланди худшиносии Президент буд, ки бо тасмими номбурда соли 2008 “Соли бузургдошти забони тоҷикӣ” эълон гардид. Баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ эҳсоси худшиносии ҷомеаро бамаротиб боло бурд. Нашри асари дуҷилдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” – ро падидаи нодир ва беназир дар амри таърихи пайдоиш, ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ баршумурдан мумкин аст. Ба андешаи мо, «Забони миллат-ҳастии миллат» асари арзишманди дорои хусусияти энсиклопедӣ буда, аз рӯйи хислат, мавзуъ, муҳтаво, равиши таҳқиқ, навгонӣ, фарогирии мавод, дастабандии таърихи ташаккул, сохти дастурии забони тоҷикӣ, арзёбии куллии масоили забону адабиёт, забон ва тарзи баён дастоварди беназир, таҳқиқоти пурарзиш ва саҳифаи тоза дар илми забоншиносии замони истиқлол маҳсуб мегардад. Маводи арзишманди онро метавон ба сифати дастури таълим дар дарсҳои забон, адабиёт ва таърих мавриди истифода қарар дод.

Бо вуҷуди ҳамаи ин пешравиҳову густариши забони яке аз масъалаи муҳими нигоҳ доштани асолат ва покизагии забони модарӣ аз мавзуъҳои муҳими ҷомеаи имрӯза табдил ёфтааст. Чӣ тавре ки дар кӯчаву хиёбонҳо, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки доираи васеидонишҷӯён ва хонандагонро фаро гирифтааст муоширати онҳо бо забони дурушту пурғалат ва омехта сурат мегирад.

Имрӯз дар байни ҷавонон омӯзиши забонҳои хориҷа ба тадриҷ густариш ёфта истодааст. Мутаассифона онҳо забони шевои худро бо забонҳои бегона омехта намуда, зебоӣ ва асолати онро аз байн мебаранд. Аз ин рӯ зарур аст, ки тамоми асарҳои илмиро на бо забони бегона балки бо забони худ иншо намоем. Ҳар қадаре ки бо забони бегона гуфтугӯ намоем, ҳамон қадар асолати забонро аз даст медиҳем. Вақте ки асолати забон аз даст меравад, забон ногузир маҳкум ба нобудӣ мешавад. Донишмандони тоҷик бояд саъй намоянд, ки дар баробари таълифи асар ба забони модарӣ, асарҳои худро бештар ба саҳифаи сомонаҳои интернет ворид намуда, забони ширину шевои тоҷикиро дар зеҳни мардум мақом диҳанд ва худашон низ дигар забонҳоро хуб омӯзанду асар ва кашфиётҳои навтарини илму фанро ба забони тоҷикӣ баргардон кунанд.

Хушбахтона таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси омӯзиши забони давлатӣ ва таълими босамари он дар назди забоншиносон, мутахассисони соҳа ва устодони соҳибтаҷриба илова ба таҷдиди усули таълим, инчунин усули инноватсионии тадрис ва истифодаи воситаҳои технологияи муосири таълим ва дар ҳамин замина таълифи китобҳои дарсиро бо атрибутҳои миллӣ ба миён гузошт. Чунин талабот дар ҷодаи омӯзиш ва парвариш тафаккури навро ба вуҷуд меорад, зеро мутобиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси методологии тарбияро дар кишвари мо тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад, ки моҳияти он таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ мебошад.

Мутахассиси бахши маҷаллаҳои тиббии шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ Юлдошева З.И.

Subscribe to Мақолаҳо