Skip to main content
Истиқлол беназиртарин неъмат барои мардуми шарафманди кишвари азизамон мебошад. Истиқлол ин сулҳу ваҳдат, оромию осудагии мардум буда, барои миллати заҳматкашу соҳибфарҳанги точик имконоти нави рушди давлатдории навинро фароҳам овард. Ватани азизи мо – Тоҷикистон, ки имрӯзҳо 34-юмин солгарди Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад, ҳамчун давлати муосир ва демократӣ дар паҳнои ҷаҳон эътироф гардида, бо дастовардҳои назаррас мавқеи шоистаеро дар ҳалқаи давлатҳои ҷаҳон соҳиб шуддааст. Сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва дастовардҳои марҳалаи давлатдории навин, бешак, бо саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошанд.

Дар замони Истиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат арзишҳои волои аҷдодӣ, оину суннатҳои давлатдории миллӣ эҳё шуда, таърихи пурғановати халқи тоҷик ва таҳқиқу омӯзиши он вусъати тоза пайдо намуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат, ба монанди таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил шудан ба истиқлоли энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳиби пешрафти назарраси иқтисодию фарҳангӣ гардида, рӯ ба фардои ободу дурахшон овардааст.

Дар ҷаҳони муосир масъалаи амнияти тамаддун ва арзишҳои волои фарҳангӣ, соҳибихтиёрии кишварҳо яке аз масоили муҳимтарини ҳаёт шудааст, зеро зиддиятҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бештар зиддияти фарҳангиро дар худ таҷассум намуда, аз рақоботу муборизаи мазҳабу оинҳои мафкуравӣ ва динӣ ба таври фаровон истифода мешавад. Мардуми Шарқу Ғарб муносибатҳои тезутундеро, ки ба вуҷуд омадааст, ҳамчун муқовимат ва муқобилияти олами масеҳӣ бо ҷаҳони исломӣ талаққӣ мекунанд. Ин зиддиятҳо, ки имрӯз ба хунрезиҳои бесобиқа ва даҳшатафканиҳои бемонанд овардаанд, инсониятро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ менамоянд.

Воқеаҳое, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта сурат гирифтанд, фарогири тақрибан тамоми ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ гардиданд, дар баъзе ҷумҳуриҳо сари вақт пеши муқовиматҳо гирифта шуданд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон зиддиятҳо ба ҷанги таҳмилии шадиди шаҳрвандӣ ва харобии иқтисоди миллӣ, вайронии чандин шаҳрҳову ноҳияҳо боис шуд. Муқовимат шакли мусаллаҳонаро ба худ гирифт. Ин низоъ аз лиҳози мафкуравӣ низои байни ҷаҳонбинии диниву дунявӣ буд. Экстремизми динӣ аз тарафи баъзе кишварҳо ва неруҳои хориҷӣ аз ҷиҳати моддӣ, маънавӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёфтанд ва бо силоҳ низ таъмин мешуданд. Дар оғози Истиқлолияти давлатӣ раванди ҷаҳонишавӣ, «демократия»-и таҳмилӣ ва таҳаммулнопазирии динӣ кишварро ба коми оташу хун кашид.

Халқи тоҷик дар он солҳо ба роҳбаре ниёз дошт, ки ба ҷанг хотима бахшида, роҳро ба сулҳу тараққиёт боз намояд. Чунин роҳбар дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омад. Дар ҳақиқат, ӯ бо ташаббусҳои худ барои расидан ба ормони мардум, ки ташнаи сулҳу зиндагии ором буданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ гардида, рисолати Пешвои миллат буданро исбот карданд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид, воқеан ҳам, санади сарнавиштсози миллӣ гардид. Ин санади муҳим аз тамом шудани ҷанги шаҳрвандӣ башорат дод ва хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар он аст, ки маҳз бо ибтикори бевосита, заҳмати шабонарӯзӣ ва азму талоши пайгирона барои ба даст овардани сулҳ Ватанро аз хатари нобудӣ эмин дошт.

Мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон ягона роҳи тағйири сохти давлатдорӣ ва ба сари қудрат омаданро на ба воситаи риояи қонуният ва дарназардошти манфиатҳои миллӣ, балки дар зӯроварӣ ва аз роҳи табаддулоти давлатӣ пеш гирифтанд. Бо вуҷуди таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ, созмонҳои мухолиф ҳаракати тундравонаи худро идома дода, барои ғасби пурраи ҳокимият амалҳои зиддиконститутсиониро анҷом доданд. Яке аз ҷиноятҳои гурӯҳи ифротӣ бо таҳдиду зӯроварӣ дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе аризаи истеъфои президенти аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ интихобшуда Раҳмон Набиевро гирифтани онҳо буд. Ин амал ва қонуншиканиҳои дигар, аз ҷумла ба фаъолияти иҷлосияҳои Шурои Олии ҷумҳурӣ мудохилаи пайдарпай кардан ва имкони амали озодона надодан ба вакилони халқ ва кӯшиши ғасби ҳокимият, норозигии умумихалқиро ба вуҷуд овард ва аксарияти ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки таъсири неруҳои мухолиф дар он ҷойҳо заиф буд, барои истиқрори қонуният ва ҳимояи сохти конститутсионӣ бархостанд. Дар ниҳоят, бинобар имконнопазирии фаъолияти бемамонияти Шурои Олӣ вакилони халқ дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, кори худро идома доданд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар вазъияти ниҳоят вазнин барои мардуми ҷумҳурӣ ва таҳдиди хатари парокандашавии давлат ва миллат баргузор гардид, дар сарнавишти давлатдории миллии тоҷикон нақши воқеан таърихӣ бозид. Дар ин иҷлосия вазъияти сиёсӣ ва низомии ҷумҳурӣ ба таври ҷиддӣ таҳлил шуда, вакилон раиси нави Шурои Олиро интихоб намуданд, ки, ҳамзамон, Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт. Ба ин вазифаи олӣ интихоб шудани яке аз шахсиятҳои ҷасур ва воқеъбин Эмомалӣ Раҳмон, тавре баъдан собит гардид, қарори хеле муҳим ва аҳаммияти таърихӣ дошта буд. Аз рӯзи аввали ба раисии Шурои Олӣ интихоб шудан Эмомалӣ Раҳмон барномаи стратегии худро эълон дошт. Пеш аз ҳама, ӯ ваъда дод, ки ба халқ сулҳ меоварад, яъне ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карда, ҳаёти осоиштаи халқро таъмин менамояд. Дигар ин, ки тарафдории худро ба низоми давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуданд. Дар ҳамин вазъияти ниҳоят мураккаб ва хавфнок Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро дар шаҳри Душанбе оғоз карданд.

Фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон равона шуда буд. Сарвари нав ва ҷавон ба таври хастагинопазир ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ барои тасвири воқеан фалокатбори кишвар кӯшиш мекарданд ва диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба воқеаҳои Тоҷикистон ҷалб менамуданд. Мақсад ва оғози фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат дар он марҳила ноил шудан ба сулҳу ризояти миллӣ ва ҳифзи якпорчагии кишвар буд. Бинобар ин, ӯ бо шеваҳои ғайриодӣ, ҷасурона, ҷоннисорона ва ватанпарастона роҳи ҳалли қазияи тоҷиконро ҷустуҷӯ мекарданд ва мехостанд ҳарчи зудтар мардум сарҷамъ шавад, зиндагӣ дар кишвар ба маҷрои одӣ ворид гардад.

Бо талошҳо ва ҷасорати Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана кард. Имрӯз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар радифи таҳкими сулҳ дар ҷумҳурӣ ба бунёди нақбҳо ва роҳҳои мошингард, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва бозсозӣ кардани онҳо оғоз намуданд. Соҳаи кишоварзӣ низ рушд ёфт. Ҳамчунин, дар мамлакат як қатор неругоҳҳои барқи обӣ бунёд гардиданд, ки ҳам истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин намуданд ва ҳам ба пешрафти соҳаи саноат мусоидат карданд. Maxсусан, бунёди НБО «Роғун» ва ба истифода додани ду агрегати он, аз муҳимтарин фаъолияти таърихии Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ мешавад.

Пешвои миллат дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ ва беҳтар намудани иқтисодиёти давлат, ҳамчунин, арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни қадимаи миллати тоҷикро эҳё, ҳифз ва системаи инкишофашро таъмин намуданд. Эҳёи ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик, таҷлили солгарди бузургони ниёгон ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра аз ташаббусҳои фарҳангсолории Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин муддат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд. Илова бар ин, эҳё ва бозсозии маконҳои таърихии миллати тоҷик ҷузъи таркибии сиёсати таърихиву фарҳангии Сарвари давлатро ташкил медиҳанд.

Боиси ифтихору шукургузорист, ки дар арафаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвари азизамон қарор дорем, ин ҷашни муҳимми таърихиро дар якҷоягӣ бо ободкорию созандагӣ таҷлил намуда, ба дигарон собит намоем, ки мо миллати сулҳпарвару соҳибфарҳанги тоҷик якдилу яктанем.

Қозизода Шӯҳратҷон - ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ

«Оғози ҳастии арзишманди ҳар зуҳуроти зинда вуҷуди иродаи озод аст. Вуҷуди иродаи озод калиди мураккаби ҳамоиши мавзуни низоми умум, низоми саодатовару равиши устувори татбиқи адли умум аст. Инсон дар ҳар шакли зиндагиаш бидуни озодии ихтиёр саодатманд буда намета­вонад, маҳз озодии ихтиёр ба ӯ истиқлолияти фикрӣ ва мустақилияти зиндагиро фароҳам меорад. Соҳибихтиёрии иттиҳоди сиёсӣ аз соҳиб­ихтиёрии субъектони он манша мегирад».

Аксиомаи ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар остонаи ҳазораи се бо роҳҳои мураккабу печида инсониятро ба сӯйи ояндаи номуайян ҳидоят менамояд, ки шинохту пешбинии ҳоди­соти он ба беҳтарин ва баргузидатарин ашхоси илмии даврони нав осон ба даст намеояд. Ҳодисоти оламгири охири қарни гузашта бо силсилаи пошхӯриҳои низоми кишварҳои сотсиалистию истиқлоли давлатҳои миллӣ тавлидгари як сиёсату як мафкура буда, пошхӯрию парокандашавиро барои қисмате аз кишварҳо ва муттаҳидию ваҳдатро ба иддаи дигари давлатҳо чун ҳоди­соти таззод рӯйи харитаи ҷаҳон овард. Барҳамхӯрии давлати шуроҳою муттаҳидии миллати олмон, пошхӯрии давлатҳои мураккаби Аврупои Шарқию муттаҳидии давлатҳои Аврупои Ғарбӣ идомаи мантиқии як сиёсати ҷаҳонӣ буд. Сиёсате, ки оқибатҳои мухталифро ба сиёсати ояндаи халқу миллатҳо инъом кард.

Азбайнравии таззоди мафкуравӣ ва тавлиди таззоди усулӣ ба зоҳирёбии манфиати кишварҳо таъсир расонида, наққошони ояндаи авзои сиёсии инсониятро (архи­тек­торҳои ояндаи олам) ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ кард. Назарияи интиҳои таъриху одами ниҳоӣ (Ф. Фукуяма) ба муш­килиҳои таърихие рӯ ба рӯ шуд, ки нишона аз интиҳои таъ­рих надошта, хабар аз ибтидои даврони нав менамуд. Андешаи машҳуру дилфиреби ҷаҳони сармоядории муноқишаи тамад­дунҳо (С. Хантингтон) бо мафкураи гуфтугӯи тамад­дунҳо (Хотамӣ) бархурд, консепсияи тахтаи бузурги шоҳ­моти ҷа­ҳонӣ (З. Бжезинский) воситаи паҳнгардии ғояҳои ин­қи­лоб­ҳои рангоранг гашт. Шинохти таърих аз даричаи фор­мат­сионӣ (марксизм), дарки инкишоф аз назари фавворавӣ (флуктуатсионӣ – назарияи П. Сорокин), биниши ҷомеаи ин­сон­ҳо аз назари тамаддунӣ (А. Тойнби) бо асрору муш­килиҳои нав ба нав рӯ ба рӯ шуд, ки назири онро ҷомеаи ин­сонӣ ёд надошт.

Ин ҳама дар назари мо асирони воқеии муаммоҳои имрӯз чун қонунияти зиндагӣ ногузир ва муътадил менамояд. Ҳар нафаре, ки аз рӯзгори гузаштагон хуб огоҳӣ дорад, ба осонӣ пай мебарад, ки таърих дар ояндаи наздику дур нисбат ба ин даврон хеле баланд ва ҷиддӣ ҳарф хоҳад зад. Ин давронест, ки бо ҳама мушкилиҳояш чунин муносибатро арзанда аст, зеро маҷмуи ҳодисоту лапишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисо­дию ҳуқуқии он то он дараҷа тақдирсозу тағйирпазиранд, ки садоҳои он ба умқи садсолаҳои оянда ба ҳайси як даврони гардиши куллӣ бидуни мушкилӣ хоҳад расид. Ин даврон бо вуҷуди он ки бисёре аз равандҳои пошхӯрию бархурдҳоро дорост, ба ҳар халқ ва ҳар кишваре чизе дода, инъоме бахшидааст. Барои мо тоҷикон соҳибистиқлол шудан бузургтарин неъмат буд.

Яке аз рукнҳои муҳимми бунёди давлат истиқлоли давлатист. Истиқ­лол танҳо бо эълон намудану қабули санади соҳибихтиёрӣ ва Эъломия анҷом наёфта, ҳуқуқи халқу миллатро ба таъсиси ҳокимияти давлатии мустақил дар дохили кишвар амалӣ намудану онро чун субъекти соҳиб­ихтиёр ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва майдони муборизаи ҳастӣ ворид сохтан аст. Аз дидгоҳи ҳуқуқи конститутсионии муосир истиқлоли давлатӣ сарчашмаи худро аз соҳибих­тиёрии давлатӣ мегирад. Соҳибихтиёрии давлатӣ як навъи соҳибихтиёрии умумист. Соҳибихтиёрӣ усулан ба се навъ тақсим мешавад: халқӣ, миллӣ ва давлатӣ[1].

Соҳибихтиёрии халқӣ дар ифодаи иродаи халқ ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ зоҳир меёбад, яъне халқ сарчашмаи ягонаи ҳоки­мияти давлатист. Барои соҳибихтиёрии халқӣ демократия ва институтҳои демократӣ, қонуният ва низоми интихоботи озод, пинҳонӣ ва шаффоф хизмат мекунанд. Ба як маънӣ халқ дар муайян намудани тарзи зиндагӣ, шакли идора ва низоми иқтисодию иҷтимоӣ соҳибихтиёр аст. Соҳибихтиёрии миллӣ ҳуқуқи миллат мустақиман бе дахолати дигар миллатҳо ҳуқуқи худро дар муттаҳид шудан, таъсис додани давлати мустақил ва муайянкунии мақоми сиёсии худ фаҳмида мешавад.

Натиҷаи амалӣ шудани соҳибихтиёрии миллӣ таъсиси давлати миллист ва ҳамроҳшавӣ ба он ташаккули соҳибихтиёрии халқӣ ба табиати давлати миллӣ аломати мардумсолорӣ демократияро зам менамояд. Соҳибихтиёрии миллӣ ҳуқуқи миллат ба худмуайянкунии миллист. Соҳиб­ихтиёрии халқӣ ҳуқуқи истисноии мардум ба соҳибихтиёрии сиёсӣ ва давлатист. Одатан дар давлатҳои федеративӣ ҷумҳуриҳои аъзои он соҳибихтиёрии халқӣ ва миллиро доранд, аммо соҳибихтиёрии давлатиро, ки мустақилияти давлатро ҳамчун соҳибихтиёрии сиёсӣ дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд, доро нестанд. Чунин ҳуқуқ ба аъзои федератсия ва ё штатҳо дар баъзе аз кишварҳо ба тариқи маҳдуд пешниҳод шудааст. Умуман соҳибихтиёрии давлатӣ, ки ба истиқлолияти давлатӣ анҷом мепазирад, зинаи охирини соҳибихтиёрист, ки мустақилияти дав­латро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд. Ба қавли устод Ашурбой Имомов «Соҳибихтиёрии давлатӣ волоият ва мустақилияти ҳокимияти давлатӣ дар дохил ва муносибатҳои хориҷи кишвар аст. Соҳибихтиёрии давлатӣ дар конститутсияҳо муаррифӣ гардида, нишонаи муҳимми дав­лат аст. Танҳо давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи дар муноси­батҳои байналхалқӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад карданро дорад»[2]. Соҳибихтиёрии давлатӣ ба соҳибихтиёрии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дохилию хориҷӣ тақсим мешавад, ки, дар маҷмуъ, мустақилии давлатӣ ва ё истиқлоли онро мефаҳмонад. Соҳибихтиёрии сиёсӣ ҳокимияти ягонаи дав­латӣ дар ҳудуди муайян, ҳуқуқӣ – низоми ягонаи сарчаш­маҳои ҳуқуқӣ, қонунҳои ягона ва тартиботи якхеларо баён мекунад. Ҳамин тавр соҳибихтиёрии давлатӣ, ки ба истиқ­лоли комили давлат дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ анҷом меёбад, давлатро ҳамчун падидаи томи комилҳуқуқ муаррифӣ кардан аст.

Ба андешаи ҳуқуқшиноси шинохтаи ватанӣ, профессор А. Имомов, соҳибихтиёрии Тоҷикистон хусусияти хоси он буда, ҳокимияти олии ягона ва истиқлоли ӯро ифода мекунад[3]. Ба андешаи устод А. Имомов, соҳиб­ихтиёрии дав­латӣ дар заминаи соҳиб­ихтиёрии халқ амалӣ мегардад ва яке аз шаклҳои ифодаи соҳибихтиёрии халқ соҳиб­ихтиёрии миллӣ мебо­шад[4]. Ҳамин тавр, мо алоқамандии устувори соҳиб­ихтиёрии давлатӣ, халқӣ ва миллиро мушоҳида мекунем, ки он бо рукнҳои асосии васлкунанда ҳокимияти олии давлатӣ, ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ[5], ягонагӣ ва умумияти худро ҳифз менамояд.

Дар илми конститутсияшиносӣ ва давлатшиносии муосир ду наза­рияи созишномавии қудрати соҳибихтиёрии миллат ва халқ вуҷуд дорад. Яке назарияи суверенитети муассисӣ ва дуюм назарияи сувере­нитети созишномавӣ ё шартномавӣ. Ба назари Бернард Як, назарияи суверенитети муаассисӣ, ки ҷонибдорони он Ҷ. Лок, Т. Пейн ва дигарон мебошанд, миллат ва халқ хамчун сарчашмаи ташаккули соҳибихтиёрӣ ва қудрат ҳуқуқҳои номаҳдудро аз таъсиси қудрати сиёсӣ то парокандагии он дар даст дорад[6]. Аммо дар назарияи суверениттети шартномавӣ миллат ва халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ буда, ҷиҳати риояи созиш пайваста ва мудом кӯшиш менамояд ва ҳуқуқҳои пароканданамоии қудрати қонуниро дар даст надорад.

Таҷрибаи солҳои охир суиистифода ва норасоиҳои назарияи сувере­нитети муассисиро аз бисёр ҷиҳат бар зарари давлатҳои миллӣ собит кард. Назари Г. Гегел доир ба дигар сифатҳои халқ ба сони абстраксияи номуайян, тасаввуроти бешаклӣ, беқудратӣ, бе ниҳодҳои идоравӣ[7] ва озодманиши вайронкунанда дар шароити нави давлатҳои демократӣ аз худ на танҳо ҷиддӣ хабар доданд, балки ҳамчун кашишҳои популистӣ дар муқобили дигар рақибони анъанавиаш, ҳуқуқ ба сарчашмаи қудрати қонунӣ будани худро дар кишварҳои рушдкардаи демократӣ низ ба тарзҳои ғайриҳуқуқӣ муаррифӣ намуд. Сазовор ба қайд аст, ки эътирофи ғояи шартномавии таъсиси қудрат ва идораи ҷомеа ҳамчн усули намуна ва одилона дар таҷрибаи динҳои ҷаҳонии зардуштия ва баъдан яккахудоии яҳудия, насрония ва ислом[8] низ ба назар мерасад.

Ба хотири муттаҳид шудан ба ташкилотҳои байнидавлатӣ ва иҷрои ҳадафҳои боз ҳам васеътар мумкин аст, ки давлатҳо баъзе аз рукнҳои соҳибихтиёрии худро маҳдуд кунанд ва ё ба маслиҳати якдигар вогузор намоянд. Маълум мешавад, ки ҳар як навъи соҳибихтиёрӣ чӣ қадар қимати бузургу беандозаро барои халқу миллатҳо дорост. Тоҷикистон то пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ соҳибихтиёрии халқӣ ва миллиро нисбатан дошт, аммо пас аз пош хӯрдани Иттиҳод, ки дар асоси шартнома ҳуқуқҳо маҳдуд шуда буданд, ҳуқуқҳои соҳиб­ихтиёрӣ то соҳибихтиёрии давлатӣ ба Тоҷикистон насиб гашт. Ба кишвари мо зарур буд, ки ба мафҳум ва аҳаммияти ин неъматҳои олӣ дуруст сарфаҳм рафта, онро ба манфиати умум истифода намояд.

Истиқлоли миллӣ ва мушкилиҳои сиёсати ҷаҳонӣ

Эълон намудани истиқлоли кишвар, аз роҳи вазнину ноҳамвор ҳифз намудани он аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ва баромад ба низоми давлатҳои ҷаҳонӣ бо мақсади эътирофи миллати соҳибдавлат дар назди мардуми Тоҷикистон тайи беш аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ вазифа ва муаммоҳои мухталифи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисо­диро пеш гузошта истодааст. Дар сарҳади ду тамаддуни аз назари иқтисод тафовутдошта (капитализм ва сотсиализм), ду идеологияи таърихан ноошно (дунявият ва ислом) ва гуруҳи забонҳои аз қадим дар рақобат буда (забонҳои форсӣ ва туркӣ), давлати Тоҷикистон қарор гирифта, баъд аз пош­хӯрии низоми давлати шуравӣ нуктаи ниҳоят дарднок ва осонгирро мемонд. Аз ин ҷост, ки давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ, ки аз қадим нисбат ба ҳавзаи Осиёи Миёна иштиҳои хуб доштанд, пас аз озодшавии мулкҳои Осиёи Миёна нақшаҳои стратегии худро нисбат ба ин минтақа тарҳрезӣ намуда, бо ҳар роҳу восита кӯшиши ба ҷониби худ кашидани онҳо ва гирифтани фоидаҳои муайянро аз минтақа ҷустуҷӯ менамуданд. Ба ин минтақа ҳам он давлатҳое, ки замоне дар ин сарзаминҳо империяи бузургро таъсис дода буданд…, онҳое, ки дар замони нав ба ин минтақаҳо роҳ ёфта буданд… ва ҳам онҳое, ки аз тақсимоти таърих дар ибтидои асрҳои миёна ва замони мустам­ликадории даврони навини асри ХIХ аз ин ҳудуд маҳрум монда буданд…, лекин ҳанӯз ҳисобу китоби худро бо онҳое, ки дар ин минтақа нуфуз доштанд, баробар кардан мехостанд (Германия, Фаронса, Британияи Кабир[9]), дастдарозӣ намуда, имконияти фурӯ бурдани луқмаи навбатии омодагардидаро дар даст доштанд…

Ба қавли идеологи стратегии ШМА – Збигнев Бжезинский, ки оламро чун тахтаи шоҳмоти ҷаҳонӣ байни қудратҳо тақсим намуда, вазифаи шоҳиро ба амрикоиҳо додааст, ба ин сар­заминҳо ба ҷуз аз давлатҳои номбаршуда чанд кишварҳои бузурги дигари минтақа низ метавонанд дастдарозӣ намоянд[10]. Осиёи Марказӣ аз назари манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ тайи се сад соли охир аз нуктаҳои ҳассосу диққатҷалбкунанда барои абарқўдратони олам аст. Ин ҳолат вазъи ўро дар ҳама лаҳзаҳои ҷунбишҳои иҷтимоӣ ва ҳарбьӣ ба маротиб ноором менамуд .

Чунин нооромӣ ва ғаразҳои геополитикӣ зери пардаи ҳама муносибатҳои дӯстонаи давлатҳо дар ҳавзаи Осиёи Миёна пас аз пошхӯрии низоми Шуравӣ аз нав лапишхои тоза касб кард. Воқеият нишон дод, ки ҳамаи ин кўшишу ѓиромиҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ дар назди иродаи қавии халқу миллатҳо, ки роҳи бебозгашти хешро ба сохибихтиёрию истиқ­лолият муайян намудаанду ҳамдигар­фаҳмию ваҳдатро аз ҳама неъматҳо боло медонанд ва пайравии худро бо Пешвои содиқу ватанправараш устуовр нигноҳ медоанд, ҳеҷ аст ва ҳеҷ мемонад…

Барои ин, мардуми ин кишварҳо ва давлатҳои тозаистиқлол, чи тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар роҳи муттаҳид сохтани қишр­ҳои мухталифи ҷомеа дар атрофи арзишҳои олии давлат саҳм­гузор бошанд. Онҳо бояд ба таҳкими давлатдорие даст зананд, ки он аз таҷрибаи хуби пешқадами ҷаҳонӣ, аз решаҳои фар­ҳанги миллӣ ва дастовардҳои ҷаҳонӣ истифода намуда, дар асоси ақли созанда ва хиради тамизкунандаи неку бад ба бинои давлати миллӣ иқдом намоянд. А. Имомов дуруст қайд менамояд, ки соҳиб­ихтиёрии давлатии Тоҷикистон неъмати бузургест, ки миллати тоҷик ва тамоми мардуми ҷумҳурӣ ба он комёб шудааст. Аз ин рӯ, соҳибихтиёрии ҷумҳуриро қадр кардан, пойдории онро устувор гардонидан ва ҳифзи онро таъмин намудан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди он мебошад[11].

Воситаҳои ҳуқуқӣ ва маънави ҳимояи истиқлоли сиёсӣ

Яке аз омилҳои муҳимми ҳимояи истиқлол дар кишварҳои тозаистиқлол ташаккули амалии андешаи давлати миллӣ, ҳуқуқи миллӣ ва ҷорӣ намудани реҷаи шоистасолорӣ дар онҳо аст. Идеяи соҳибихтиёрӣ, ки дар ибтидои мустақилгардии давлатҳои собиқ шуравӣ ба якчанд омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ такя менамуд, тадриҷан дар байни ин омилҳо ҷавҳари аслии истиқлолиятро ҳамчун омили муҳимми идеологӣ ҷустуҷӯ менамояд. Ин хеле воситаи муҳим буд, зеро шакли сохтори федеративӣ, ташкили принсип ва арзишҳои идора ва ҳуқуқэҷодкунии интернатсионалӣ, имкони ташаккули ғояи миллати ҷудогонаро тадриҷан заиф мегардонд. Интернатсионализм, махлут­гардии беҷо баъзан сунъӣ ва ассимилатсияи сохта зина ба зина ба шаклҳои зоҳирёбии ягонагии миллатҳои ҷудогона таъсири манфӣ мерасонд. Таърихи начандон тӯлонӣ шаҳодати он аст, ки чунин маҳак ва ҷавҳари асосии мафкуравии давлатҳои соҳибистиқлолро идеяи (ғояи) давлати миллӣ бар дӯши худ мегирад. Акнун давлатҳо воситаи муҳимми ҳимояи истиқлолияти худро дар ҷавҳари аслии худ – мафкураи давлати миллӣ, мебинанд. Аҷиб он аст, ки агар дар зинаи ибтидои истиқлол, мустақилгардӣ дар давлатҳои сермиллат мафкураи миллӣ омили муҳимми такондиҳанда набошад ҳам, вале баъдан вай ба чунин як унсури такондиҳанда табдил меёбад. Соҳибихтиёрии миллӣ аз зинаи амали воқеии худ убур намуда, то ба соҳибихтиёрии давлатӣ хидмат мекунад. Давлати соҳибистиқлол ба зинаҳои баландтари муносибатҳо ворид мешавад.

Оид ба сарҳади соҳибихтиёрии миллӣ ва ғояи давлатдории миллии демократӣ

Аҷоиби дигар он аст, ки агар дар ибтидо мақсади он давлатҳое, ки парокандагии империяҳои бузургро, ки дар асоси миллатҳои мухталиф бунёд ёфта буд, ба нақша гирифта, омили баланд бардоштани худшиносии миллии ин халқҳоро бисёр мехостанд, зеро он такондиҳандаи парокандашавии империяҳои сермиллат буд (ИҶШС, Чехословакия, Югославия ва ғ.), вале баъд аз ноил шудан ба чунин мақсад бо ҳар роҳу восита садди роҳи баланд рафтани чунин унсур­ҳои худшиносӣ дар ин давлатҳои тозаистиқлол гаштанд. Маълум буд, ки дигар мустаҳкамгардии истиқлолияти онҳо ба манфиати ин даллолони таърихӣ, ки воридсозии давлатҳои кӯчакро ба фазои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодии худ ба нақша доштанд, мусоидат намекард. Вале онҳо қонунияти то кунун кашфшудаи андешаи давлати миллиро ҳамчун воситаи муҳимми муқобилияти онҳо дар набардҳои байналмилалӣ аз мадди назар дур карда буданд.

Андешаи давлати миллӣ ва ё ҳуқуқи миллӣ дар аксари давлатҳои рӯ ба инкишоф ва давлатҳои мутараққӣ дар даврони ҳассоси ҳифзи истиқлолият хамчун воситаи муҳимми муҳофизати истиқлолият хидмат менамуд ва дар оянда низ хоҳад кард. Муҳаққиқ Ф. Фукуяма баланд рафтани худшиносии миллиро дар чунин ҳолатҳо дуруст таъкид намудааст: «Миллатчигӣ айни ҳол дар Аврупои Шарқӣ ва ИҶШС, ки дергоҳ ба худшиносии миллии халқиятҳои онҳо монеъ мешуданд, хеле боло рафтааст. Миллатгароӣ ҳамчунин дар давлатҳои куҳна ва устувори миллӣ низ вақтҳои охир ба тағйирпазирӣ рӯ овардааст. Даъвати худшиносии миллӣ дар Аврупои Ғарбӣ ба худшиносии универсалӣ табдил ёфтааст, ки аз бисёр ҷиҳат ба даврони се чор қарни пеш, ки бо созиши дин рӯйи кор омада буд, мувофиқат дорад».[12] Яъне миллатгароӣ ва худшиносии миллӣ дар даврони навтарин аз сари нав нақш ва нуфузи худро дар ҳалли масъалаҳои муҳимми давлатӣ тақозо дорад. Давроне, ки пешгӯии анҷомёбии таърих бо ғалабаи пурраи демократияи либералӣ дар интиҳои асри ХХ рух надод, давроне, ки назарияи «мубориза барои эътирофнамоӣ»-и Гегель, Маркс ва Фукуяма ҳамчун воситаи муҳимми инкишофи таърих аҳаммияти худро ҳамчун маҳаки пешбаранда гум кард, таърих ба анҷом нарасида, баръакс, унсурҳои дар назар архаистию куҳнашудаи идеологӣ чун миллатгароӣ, тобеияти динӣ ва ғ. аз сари нав дар раванди инкишофи давлатҳои мутамаддин садо баланд намуда истодаанд, пешгӯии ояндаи наздик барои аҳли илми ҷамъиятшиносӣ мубрам аст. Таҳлили ҳамин омилҳои вусъатгирифта риштаест, ки ба кушоиши роҳи ояндаи инкишофи давлатҳои дар паҳнои он қоматафрохта мусоидат хоҳад кард.

Сиёсати дарҳои боз маънии кандани дарҳоро надорад\

Дар солҳои аввали истиқлолият мардуми таҳҷоӣ ва ҳукуматҳои тозаистиқлол ба хотири он, ки бародарҳои нав ва миллатҳои соҳибдавлат онҳоро бо дӯстию меҳру муҳаббат ба оғӯш гирифта, мавқеи онҳоро тавассути созмонҳои байналмилалӣ дар ҷаҳони нав муаррифӣ менамоянд, озодона манфиатҳои давлатии худро бо оғуши кушод ба дӯстони гирду атроф боз менамуданд… Онҳо ҳанӯз намедонистанд, ки ин ҳама дӯстию оғушбозкуниҳо решаҳои ғализи ҳақталабию нусратёбиҳои зиёдро дорад, ки на ҳамеша ба манфиати давлатҳои тозаистиқлол буданд. Ҳамин тавр, вазъияти дар назар ором ва дар асл ноором буда, ҷараёнҳои мухталифу мавҷҳои ноаёнро дар ботин нигоҳ дошт, ки ҳар лаҳза имкони киштии тозаистиқлоли давлатҳои ин минтақаро чаппа кардан доштанд.

Давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна, ки саргарми истиқлолияти ба осонӣ бадастомада буданд, имкони таҳлили чунин иштиҳои бениҳоят вазнини атрофиёнро надоштанд, зеро вақт ва таҷрибаи кофӣ надоштан ба онҳо чунин имконро фароҳам наоварда буд. Ин буд, ки аввалин шуда мардуми Тоҷикистон ба ин гирудорҳо фурӯ рафт. Неъмати бузург он аст, ки аз ин вазъият мар­думи Тоҷикистон ва Ҳукумати он сари вақт бо ҳамгироӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдат берун баромаданд.

Тоҷикистон бо қабули Конститутсияи соли 1994 чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона роҳи кишвардорию сохтори давлатӣ, табиати қудратофарию реҷаи сиёсии ояндаи худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Интихоби ҳар яке аз ин роҳҳо бо таҳлили чуқури авзои сиёсии кишвар ва ҷаҳон сурат гирифта, дар ҳамон даврон роҳи ягона ва асосии халосии миллат ва халқиятҳои минтақа буд, ки ягонагии мардумро дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун давлати мустақили Тоҷи­кистон муаррифӣ карда метавонист.

Аммо проблемаҳо, душвориҳо ва масъалаҳои ҳалталабе, ки ҳар як давлати моро дар пешорӯйи буҳронҳои вазнини сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ қарор медод, мавҷуд буданд ва аз ҳар сӯ пайдо шуда ҳалли худро талаб намуда, ба мазмуни давлатдорию ҳуқуқи мо махсусиятҳою аломатҳои фарқкунандаро ворид менамуданд. Ҳамагӣ ин масъалаҳо собит менамуданд, ки ҳанӯз роҳ дар бунёди давлати ободу зебо ба пуррагӣ ҳалли худро наёфта, қонуниятҳою унсурҳои нонавиштае, ки ҳар як метавонад бо тақдири миллат ва давлат ба осонӣ бозӣ намуда, ҳама кӯшишу ормонҳои моро дар як замон барбод ди­ҳад, ҳанӯз зиёданд.

Яъне мо роҳро муайян кардаем, вале усули ҳаракати мошинаи дав­латиро, ки қудрати пеш бурдани бори вазнини миллат ва халқи Тоҷи­кистонро бар дӯш дорад, бо суръати ҳаракати тағйирёбандаю унсури нигоҳ ва боздорандаи он дар ҳолатҳои болоравию фурӯравии роҳ ба пуррагӣ дар назар нагирифтаем. Ҳамагӣ таҳлили амиқи илмиро аз назари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ талаб намуда, ҳамзамон инқилоби илмии фанҳои дақиқро хостор аст. Барои ин аз чӣ бояд сар кард? Ба чӣ бояд диққат дод? Махсусияти давлатдории тоҷиконро имрӯз аз чӣ бояд донист? Кадом унсурҳо аломатҳои ҳатмии ин равандро таҷассум менамоянд? ва дигар саволҳои муҳим ҳамагонро ба ташвиш оварда буд. Дар ин маҷро муайян намудани мафҳуми давлатдории тоҷикон ҳамчун ҷараёни пайдоиш, инкишоф, шаклдигаркунии давлат ва ҳуқуқ дар давраҳои муайяни таърихӣ, меросият ва тағйирпазирии сиёсӣ, ҳудудӣ ва ҳуқуқии ҷамъият ва умуман раванди дурударози таърихии давлатӣ-ҳуқуқии халқи тоҷик аҳаммияти боризро дороанд.

Эҳёи ватандӯстӣ ва ташаккули садоқат ба принсипҳои бунёдии адолат

Охирҳои садаи ХХ ва ибтидои ҳазораи се бо тағйирёбии низоми идорӣ ва ҳуқуқии собиқ давлатҳои шуравӣ дар звенои татбиқи ҳуқуқ проблемаҳо ва душвориҳои назаррасе ба миён омаданд, ки олимони назариявӣ ва соҳавӣ дунболи ҳалли онҳо ба роҳҳои мухталифи илми ҳуқуқ ворид гардида, бо пешниҳод намудани ҷараёну назарияҳои мухталифи ҳуқуқӣ ба даъвати навбатии таърих ҷавоб меҷустанд. Дар баробари ин раванди васеъгардии олами илми ҳуқуқ мушоҳида мешуд. Баҳси асосӣ сари масъалаи боздоштани ҷараёни то рафт қувват гирифтаистодаи девал­ватсияи ҳуқуқ ва нигилизми ҳуқуқӣ меистод, ки майдони васеи сабзиши худро дар равандҳои озодигардии афкори умум аз назария ва идеологияи ҳокими коммунистӣ, аз як сӯ ва дар ноустувории низоми идории кишварҳои истиқлолият касбкарда, аз сӯйи дигар, ёфта буд. Дар асл ин раванд ногузир ва интизорӣ буд. Зеро дар харобаи империяи бузурги ҷаҳонӣ сабзиши истиқлолиятҳои нави сиёсӣ бо қудрату ҳашамат ва мақому мартабаи қаблӣ аз ҳар ҷиҳат номумкин буд. Воқеан, истиқлолияти ба тозагӣ касбкардаи ҷумҳуриҳои шуравӣ ба истиқлолияти ҳуқуқии онҳо дар ибтидо комилан дар шакли идеологияи қаблӣ мусоидат накард.

Гузариш ба низоми ҳокимият майдони мувофиқи ҳуқуқиро талаб мекард, аммо, мутаассифона, муҳайё намудани ин майдон кори саҳл набуд. Таҷриба нишон дод, ки мақоме, ки бояд ба бунёди роҳи ҳуқуқии ҷомеаи озоду истиқлол кӯшиш менамуд, зери таъсири манфиатҳои мухталиф ба нуқтаи марказии майдони муборизаи манфиатҳо табдил ёфт

Ба ҳар ҳол раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ, ҳокимият­хоҳии миллат, муборизаи сиёсии халқ ҳамчун унсурҳои муҳимми худшиносии миллӣ зина ба зина эҳё шуда, дар қа­тори дигар кишварҳои тозаистиқлол давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар ҳолат­ҳои вазнин барои якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳастии миллати сиёсӣ мубориза бурда, номи тоҷику давлати Тоҷикистонро ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид намуд. Ин амал пас аз таърихи ҳазорсолаи суқути давлати Сомониён, воқеан, ҳодисаи наҷиб ва таърихие буд.

Миллат ва халқе, ки анқариб ҳазор сол тақдири вазнини бедавлатиро бар дӯш дошта, донишмандону шоирону равшанфикронаш пояи давлатдорию низоми ҳуқуқии халқҳои ғосибро ташаккул дода, дар ҷаҳонгардии нуфузи халқиятҳои саҳронишину бодиянишин саҳмгузорӣ намуд, бо қаҳра­мо­нию далерӣ ва қавииродагии хеш тайи ин муддат забон, адаб ва илми хешро маҳфуз дошта, то ба ин дами умед – субҳи давлатдории навин расид. Умед аст, ки ин субҳи ҷови­донагии давлатдории тоҷикон абадӣ буда, дигар камбудиҳои гузаштагонро такрор нанамуда, ин неъмати бебаҳо – истиқлолият ва озодиро аз даст нахоҳем дод. Дар ин самт зарур аст, ки ба чанд масъалаҳо афзалиятҳо бахшем.

Пеш аз ҳама, дар шинохти воқеияту манфиати халқу миллат ба хатоӣ роҳ надода, вазифаи муқаддаси худро дар назди гузаштагон, имрӯзиён ва ояндагон бояд аз ёд набарорем. Дўст доштани Ватан, муҳаббат ба низоми идора ва соҳибони фармонро тибқи эътиқодамон ҳифз кунем, ифтихор аз давлату соҳибихтиёриро бояд дар қалбамон ҳамчун инсони соленҳи замону макон дошта бошем.

Онҳое, ки аз шаббодаи озодиҳои либералӣ мадҳуш мешаванд, аққалан ба осори бунёдгузорони таълимоти озодихоҳону адлгустарони замони нав, бояд назари таҳлилӣ дошта бошанд. Шарл Луи Монтескё – бузургтарин озодипараст ва донандаи асрори ҳуқуқ бо эҳсоси ватандўстӣ ва ифтихор аз давлати буржуазии Фаронса, дар ибтидои китоби «Руҳул қавонин» навишта буд: «Агар дар байни мавзуъҳои беохири гуногуне, ки дар ин китоб гуфта шудаанд, чизе бошад, ки бар хилофи интизориҳои ман метавонад касеро ранҷонад, (пас бояд донист, ки) дар он чизе ҳадди ақал бо нияти бад гуфта нашудааст. Ақли ман табиатан ба танбеҳ майл надорад. Афлотун ба осмон ташаккур гуфт, ки дар замони Суқрот таваллуд шудааст, аммо ман осмонро шукр мегӯям, ки тақдир маро ба даврони ҳукумате тавлид кунонд, ки ман дар итоати он зиндагӣ мекунам, ба ман супориш шудааст ба онҳое, ки муҳаббат ба онҳо дорам, итоат кунам»[13].

Дигар ин ки ҳар як соҳаи ҳаёт бо назардошти талаботи воқеӣ ба манфиати ҷамъият ва давлат бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки арзиши муайянкунанда, тақдирсоз ва умумиятдоштаи одамият – ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ба таври зарурӣ ҳаддал­имкон мадди назар гирифта шаванд.

Садаи ХХ ва ХХI ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун маҳаки муҳимму марказии инкишоф ва баҳодиҳии воқеияти давлату давлатдорӣ муайян кардааст. Ба ин хотир ҳама арзишҳои дигар бояд баҳри амалишавии он нигаронида шуда, дар хизмати он гузошта шаванд. Давлат, сиёсат ва ҳама гуна манфиат, ба қавли И.Кант, бояд назди ҳуқуқи инсон сари таъзим фуруд оранд. Ба назари мо, роҳи ягона ва асосии баромад ва инкишофи ояндаи давлатдории мо маҳз дар ҳамин арзиши марказӣ, ки моддаи 5 Констутсияи кишвар аз соли 1999 онро ҳадаф ва арзиши олӣ ҳисоб кардааст, нуҳуфта шудааст.

Ба инобат бояд гирифт, ки ҳуқуқи инсон, аз як ҷониб, дар алоҳидагӣ ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ дар қатори дигар арзишҳои ҳуқуқӣ неъмати ҳуқуқии хоса аст, аз ҷониби дигар, ҳар як ҳуқуқу озодиҳо дар алоҳидагӣ ва ё дар шакли дастаҷамъӣ – наслҳои ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши муттахидшуда дар шакли муфрад низ баромад менамоянд. Масалан, ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, озодии ҳаракат, озодии виҷдон, эътиқод, меҳнат ва ғ. дар алоҳидагӣ чунин нақшро иҷро мекунанд.

Гузашта аз он, арзишҳои ҳуқуқӣ дар шаклҳои мақсадҳо, принсипҳо, қоидаҳо, усули ҳалли баҳсҳо, расмиёти баррасии парвандаҳо ва ғайра дар иртибот бо васлияти ҳаводиси таърихии гузаштаю имрӯза ва оянда баромад карданашон мумкин аст, ки ҳар яке дар мавқеи худ муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ мегардад. Барои ин зарур аст, ки илми ҳуқуқ­шиносӣ ва раванди ҳуқуқэҷодкунӣ бо таҳлилҳои устувори мантиқӣ, аналитикӣ, дастрасии дастовардҳои ҷаҳонӣ ва таъ­рихӣ ҳама гуна арзиш, манфиат, принсип ва усулҳои ҳуқу­қиро дар мизони адл тарзе ҷо ба ҷо гузорад, ки ҳақиқат, озодӣ, адолат ва баробарии инсонҳо зарар наёбанд.

Холиқзода А.Ғ. – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими пешбари илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Бобоҷонзода И.Ҳ. – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

[1]Конституция Российской федерации: научно-практический комментарий // Под ред. академика Топорнина. – М., 2003. – С. 97.

[2]Арутюнян Г.Г., М.В. Баглай. Конституционное право. Энциклопедический словарь. – М.: 2006. – С. 471.

[3]Имомов А. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2004. – С. 195.

[4]Имомов А. Асари номбаршуда. – С. 196-197.

[5]Ҳамон ҷо. – С. 197.

[6]Бернард Як. Национализм и моральная психология сообщества / Пер. англ. К. Бандуровского. – М.: Издательство Института Гайдара, 2017. – С. 176.

[7]Гегель Г.Г.В. Философия права. – С. 320-321.

[8] Ниг.: Ҷомеу-л-мутун. Панҷ ганҷи эътиқодии ҳар муъмин. Мураттиб ва мутарҷим: Суннатуллоҳи Яъқуб. Душанбе 2014. -102с.

[9]Бжезинский З. Великая шахматная доска. Господство Америки и его геостратегические императивы. – М., 2006. – С. 163.

[10]Бжезинский З. Великая шахматная доска. Господство Америки и его геостратегические императивы. – М., 2006. – С. 163.

[11]Имомов А. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2004. – С. 195.

[12]Фукуяма Ф. Конец истории и последний человек. – М., 2005. – С. 21.

[13]Шарль Луи Монтескье. О духе законов. Предисловие. – М.: РИПОЛ классик, 2018.
-С. 3.

1321«...аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам намудани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем»

(аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2024).

Ҳамагӣ як сол мондаст, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон 35-умин солгарди яке аз муҳимтарин арзишҳои миллии хеш, яъне Истиқлолияти миллӣ ва давлатиашро таҷлил месозад. Тамоми фаъолияти вазоратҳо ва кумитаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва кулли мардуми тоҷик дар гирдди Пешвои хеш ҷамъ омада, ба ин ҷашн омодагии ҳаматарафа дида истодааст. Пас аз чанд рӯз ҷашни 34-солагии истиқлолияти давлатиро таҷлил мекунем ва ба пешвозгирри санаи муҳим қадам мегузорем. Истиқлолият як марҳилаи муҳим дар таърихи миллате, ки роҳи озодӣ, худшиносӣ ва рушди устуворро интихоб кардааст, маҳсуб мегардад.

Истиқлолият барои мо на танҳо рамзи озодӣ, балки оғози масъулияти нав дар ҳифзи тамоми арзишҳои маънавии ва модии миллат аст. Азбаски фаъолияти ман бевосита ба муҳити зист ва экология иртибот дорад, ман ҳифзи ҳаматарафаи муҳити зисти Ватанро яке аз вазифаҳои муҳим ва ҳамчун масъулият волои худ ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурӣ меҳисобам. Истиқлолият миллӣ барои иҷрои ин вазифа имконияти ҳамаҷонибаро барои мо фароҳам овардааст. Дар шароити тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои табиӣ ва афзоиши фишорҳои антропогенӣ, нақши экологҳо беш аз пеш муҳим мегардад.

Бо эълони истиқлолият 9 сентябри соли 1991, Тоҷикистон имкони ташаккули сиёсати мустақили экологиро ба даст овард. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки табиатро ҳамчун амонати миллӣ эҳтиром намоем, ва ҳифзи он ба як қисми сиёсати давлатӣ табдил ёбад.

Тоҷикистон бо табиати нодир ва гуногунрангаш - аз пиряхҳои Помир то алафзорҳои баландкӯҳ - як ганҷи экологии минтақа ба шумор меравад. Захираҳои обии кишвар, ки аз пиряхҳо ва дарёҳои кӯҳӣ сарчашма мегиранд, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд. Ҳифзи ин захираҳо, нигоҳдории биогуногунӣ ва танзими истифодаи замин, вазифаҳои муҳими экологӣ дар даврони истиқлол мебошанд.

Дар тӯли 34 сол, мутахассисони муҳити зист дар Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил шуданд. Татбиқи технологияҳои муосир, аз ҷумла сенсори дурдаст (remote sensing), таҳлили биомасса ва моделсозии сохторӣ (SEM) ба мо имкон доданд, ки равандҳои экосистемавиро дақиқтар омӯзем. Лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ ва ҳамкорӣ бо барномаҳои иқлимӣ, саҳми Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ нишон медиҳанд.

Ман ҳамчун эколог, дар таҳқиқи алафзорҳои баландкӯҳ, арзёбии биогуногунӣ ва таҳлили истеҳсолоти биомасса саҳмгузорь дорам. Ин тадқиқотҳо на танҳо барои илм, балки барои сиёсати истифодаи замин ва ҳифзи табиат аҳаммияти амалӣ доранд.

Бо вуҷуди дастовардҳо, Тоҷикистон дар ин самт бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ аст, чунончи: тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои обӣ, шӯршавии заминҳо ва фишори афзояндаи инсон ба табиат. Барои посух додан ба ин чолишҳо зарур аст, ки ҳамкорӣ миёни экологҳо, ҷомеа, муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ тақвият ёбад.

Рушди маориф ва маърифат дар соҳаи муҳити зист, ҷалби ҷавонон ба илм ва ташаккули фарҳанги экологӣ - ин ҳама шохаҳои муҳими рушди устувор мебошанд.

Истиқлолият ба мо на танҳо озодӣ, балки масъулият низ ато кардаст, ки ҳифзи табиат, захираҳои обӣ ва биогуногунӣ ва интиқоли безарари онҳо барои наслҳои оянда аз ҷумлаи ин масъулиятҳо мебошанд. Муҳити зист - амонати муқаддасест, ки бе он на озодӣ, на зиндагии солим имконпазир нест. Дар ин рӯзи ҷашн, мо бояд на танҳо истиқлолиятро таҷлил кунем, балки ба худ савол диҳем: ман барои ҳифзи арзишҳои моддӣ ва маънавии Ватанам чӣ кор кардаам?

Ҳамчун эколог, ман бовар дорам, ки ҳар як қадам дар роҳи ҳифзи табиат - як қадами устувор дар роҳи истиқлолияти воқеӣ аст.

Меҳровар Охонниёзов, - доктори илмҳои экологӣ (PhD), мутахассиси муҳити зист дар Маркази илмӣ- таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и АМИТ.

Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик ба шумор меравад. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 34 сол ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.

212Муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо, инчунин эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ аз ҷумлаи ин дастовардҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръон” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва мазҳаби ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат боиси баланд шудани сатҳи маърифати аҳолӣ гардида, дар пешгирии гароиши мардум ба мазҳабҳои бегона мусоидат намуд.

Ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудани майдони боғу токзори кишвар, ки нисбат ба соли 1991-ум қариб 2,5 маротиба зиёд мебошад, дастгирии илм, маориф ва фарҳанг ҳамчун сармояи рушди давлат, бунёди зиёда аз 3 ҳазор иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 645 ҳазор ҷойи нишаст, ќариб то 500 адад афзудани теъдоди муассисаҳои тандурустии давлатӣ, ба зиёда аз 10 ҳазор адад расонида шудани теъдоди иншооти варзишӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва тахминан се маротиба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ комёбиҳои назаррасӣ кишвари мо дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Агар маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2003 ҳамагӣ 45 сомонӣ буд, пас он дар соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш ёфт. Аз моҳи июли соли 2024 бошад, дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40%-и дигар зиёд карда шуд, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф дарак медиҳад.

Эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳро таъмин хоҳад намуд ва ин боис мегардад то алайҳи ҳама гуна буҳронҳои ҷаҳони муосир рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошем. Чуноне ки Фирдавсии бузург мефармояд: «Тавоно бувад ҳар ки доно бувад».

Ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи

АМИТ Иброҳимзода Беҳруз Иброҳим

Бояд гуфт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо фазои ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ, тинҷиву осоиштагӣ эҷод гардид. Мамлакати мо рӯз ба рӯз ободу тараққӣ ёфта, ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодааст. Инчунин Истиқлолият ба ҷавонон барои соҳибкасб шудану пешрафт кардан шароитҳо фароҳам овард. Истиқлолият ва ташаббусҳои созандаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боиси он гардид, ки Тоҷикистон бо ҷаҳон ва ҷаҳон бо Тоҷикистон пайвандҳои дустиву рафиқиро барқарор намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба лаҳзаҳои мудҳишу пурхатар нигоҳ накарда, баҳри сулҳу субот ва ободии кишвар чун куҳҳои сарбаланди ватан устувору қавӣ қадам мениҳод. Ин матонату ҷасорати Пешвои Миллат барои мо ҷавонон омӯзанда аст.

Дар даврони Истиқлолият як қатор соҳаҳо аз ҷумла маориф ва илм рушд ёфта, дар ин самти афзалиятноки ҷомеа донишмандони тоҷик садҳо китобу мақола ба табъ расонидаанд. Қодири Қосим дар китоби худ: «Пешвои сангаршикани миллатсоз» барҳақ қайд менамояд,ки,“агар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ин миллати бостони сарварӣ намекард, давлати навистиқлоли тоҷикон низ, ба монанди фоҷиабори империяи Сомониён ба нобуди мерафт.”

Мо ҷавонон ҳамеша аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат сарфарозему шукрона мекунем,ки дар чунин кишвари ободу зебо кору фаъолият менамоем. Истиқлолияти давлатӣ давлати аз байнрафтаи тоҷикон – Сомониёнро аз нав эҳё сохт ва дар таърихи навини давлатдориии тоҷикон саҳифаи нав боз шуд.

Яке аз донишмандони тоҷик Зафар Сайидзода роҷеъ ба кору фаъолияти Пешвои Миллат чунин иброз намудаанд : “ Оре, ин фарзанди диловару шуҷои халқ ба ҳукми сиришти поки миллӣ ва ғайрати инсонии хеш барои ҳифзи обу хок ва шарофати сарзамини аҷдодӣ аз худ қаҳрамонӣ нишон дод. Қаҳрамоние, ки назирашро баъд аз амирони Сомонӣ касе нишон надода буд.”

Имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолияту озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Пас биёед, ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоему барои пойдории он саҳмгузор бошем.

Махмедов Муҳаммадҷон - ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои

Институти Оӯзиши Масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои - АМИТ

Яке аз шартҳои истиқлолияти воқеии ҳар давлат эътироф гардидан ва шинохта шудани он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи хоси худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат пояи ҳастӣ ва омили асосии пешрафт ба шумор меравад. 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди сарнавиштсоз ба вуқӯъ пайваст - Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро эълон намуда, ба ҳайси давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳонӣ гардид. Аз ҳамин давра сиёсати хориҷии кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷузъи муҳимми ҳаёти сиёсӣ ва кафолати ҳифзи истиқлолият ташаккул ёфт.

Истиқлолият ба Тоҷикистон на танҳо имкони соҳибихтиёрӣ дод, балки шароити заруриро барои ташкили низоми сиёсати хориҷии мустақил фароҳам овард. Бояд таъкид кард, ки дар оғози истиқлол кишвар аз ниҳодҳои мукаммали сиёсати хориҷӣ маҳрум буд. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки ҳам сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ҳам Вазорати корҳои хориҷӣ зодаи ҳақиқии истиқлолият буда, бо заҳматҳои пайгирона ва талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба як дастгоҳи муассир табдил ёфтаанд.

Самтҳои асосии ташаккули сиёсати хориҷӣ

Таъмини амният ва суботи миллӣ

Яке аз аввалин вазифаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол ҳифзи сулҳу субот буд. Бо кӯшишҳои пайгирона ва роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон тавонист бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои минтақа ба низои дохилӣ хотима бахшад ва соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Ин ҳодиса ҳамчун дастоварди барҷастаи дипломатияи тоҷик дар таърих сабт гардид.

Эътирофи байналмилалӣ ва густариши робитаҳо

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрии муайянкунандаи усулҳо ва ҳадафҳои сиёсати хориҷӣ таҳия ва тасвиб гардиданд. Дар натиҷа, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби 192 кишвари ҷаҳон эътироф шуда, бо 186 давлат робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Ҳамзамон, кишвар бо беш аз 70 созмони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориҳои фаъоли судмандро роҳандозӣ кардааст.

Боиси зикри махсус аст, ки дар заминаи сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, аз солҳои 1993-1996 намояндагиҳои як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, ХБА ва дигарон - дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, фаъолияташонро оғоз намуданд.

Сиёсати «дарҳои кушода»

Яке аз хусусиятҳои барҷастаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода» мебошад, ки бо ташаббуси Пешвои миллат эълон ва пайгирона татбиқ мегардад. Ин усул имкон дод, ки кишвар робитаҳои созандаро бо тамоми давлатҳои ҷаҳон барқарор намояд, узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ гардад ва дар арсаи ҷаҳонӣ симои хоси худро ҳамчун давлати сулҳҷӯ ва ташаббускор муаррифӣ намояд.

Тоҷикистон дар ин замина то кунун беш аз 1300 ҳуҷҷати ҳамкориҳои дуҷонибаро бо кишварҳои гуногун ба имзо расондааст, ки соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва башардӯстонаро фаро мегиранд. Ҳамчунин, теъдоди зиёди санадҳо дар доираи СММ, САҲА, СҲШ, СААД, СҲИ ва дигар сохторҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба тасвиб расидаанд.

Ибтикороти байналмилалӣ

Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ пеш аз ҳама бо ташаббусҳои глобалии худ дар масоили обу экология шинохта шудааст. Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об - «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77 доир ба эълон намудани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 14 декабри соли 2022 қабул гардид, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим нақши муассир гузоштаанд.

Ин ташаббусҳо бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ шуда, ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ таҳким бахшиданд. Ҳамзамон, мавқеи кишвар дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳалли мушкилоти Афғонистон аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Дастовардҳои ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва минтақа

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя равона шудааст. Далели равшан - мулоқоти таърихии сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд (31 марти 2025), ки бо имзои Шартнома оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳо ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ анҷом ёфт. Ин дастовард ҳамчун яке аз марҳилаҳои муҳими ҳамгироии минтақавӣ ва муваффақияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона

Бо дарёфти Истиқлолияти давлатӣ дипломатияи фарҳангӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Мақсади асосии он ҳифз ва густариши арзишҳои миллӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои фарҳанги бостонӣ ва дар айни замон давлати муосир мебошад.

Бо ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнҳои миллӣ ва фарҳангии дорои аҳамияти умумибашарӣ бо шукӯҳи хоса таҷлил гардиданд. Аз ҷумла, 1100-солагии давлати Сомониён, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Соли тамаддуни ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 2700-солагии «Авесто», ҷашни бошукӯҳи 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва дигар санаҳои муҳим дар сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ таҷлил шуданд.

Дар ин замина, барқарор гардидани номҳои таърихии бархе шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳамчунин бо фармони Президент сарфароз гардонидани фарзандони баруманди миллат – устод Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров, шоир Мирзо Турсунзода, арбобони давлатӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон – аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки ғояҳои асили миллиро тарғиб карда, дар таҳкими ҳуввияти миллӣ ва худшиносии тоҷикон саҳми назаррас гузоштанд.

Дипломатияи фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ низ самаранок ба роҳ монда шуд. Натиҷаи муҳимми он ворид гардидани беш аз 100 номгӯйи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии тоҷикон ба Феҳристи созмони байналмилалии ЮНЕСКО мебошад. Ин дастовард на танҳо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои таъриху фарҳанги бой муаррифӣ намуд, балки нуфузи байналмилалии онро низ афзун сохт.

Хулоса

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик бори дигар имкони таърихӣ дод, ки бо такя ба он ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки бо роҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифтааст, ба таҳкими сулҳу субот, эътирофи арзишҳои ҷаҳонӣ, густариши ҳамкориҳо ва пешбурди ташаббусҳои глобалӣ мусоидат намуд.

Дар арафаи таҷлили 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ метавон бо итминон хулоса кард, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як омили асосии таҳкими истиқлолият ва муаррифии шоистаи кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва ҳамчун омили калидӣ дар ҳифз ва таҳкими истиқлолият ҷойгоҳи худро собит намудааст.

Неъматов Икромиддин, номзади илмҳои таърих, дотсент,

ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи навтарин

Феҳристи адабиёт ва сарчашмаҳо:

1. Раҳмон, Э. Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2022). Душанбе., 2022.

2. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон. - Душанбе, 1997.

3. Сайидзода Зафар Шералї (Саидов Зафар Шералиевич). Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалї Рањмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷањонї: Монография. – Душанбе, 2016.

4. Ҳисоботи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ (солҳои 1991-2024). Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – www.mfa.tj

5. United Nations Official Documents on Water Initiatives by Tajikistan. – New York, UN, 2003-2023.

6. Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон / Мураттиб-муаллифи пешгуфтор Зафар Шералӣ Сайидзода. – Душанбе, 2019.

7. Сайидзода Зафар Шералӣ (Саидов Зафар Шералиевич). Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ. - Нашри дуюми иловадор. – Душанбе, 2020.

Истиқлолияти Тоҷикистон дар соли 1991 як марҳилаи навро дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илм ва пажӯҳиш, кушод. Аз он солҳо, кишвар бо ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ ва ҷалби занон ба соҳаҳои пажӯҳишӣ пешрафтҳои назаррасро мушоҳида кард. Ҳукумат ва шарикони байналмилалӣ тадбирҳои муҳим барои боло бурдани мақоми занонро роҳандозӣ карданд, ки ба илм низ паҳн шуданд ва ба афзоиши ҳузури онҳо дар муассисаҳои илмӣ мусоидат намуданд.

212Ин пешрафтҳо Тоҷикистонро ҳамчун намунаи муваффақияти гендерӣ дар минтақа муаррифӣ карданд. Дар давраи истиқлол, ҳукумат ба рушди илм таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард, ки ин ба занон имкониятҳои нав барои иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ва дастовардҳои илмӣ фароҳам овард. Масалан, афзоиши шумораи занони муҳаққиқ дар аспирантура ва докторантура нишонаи равшани ин пешрафт аст.

Пас аз истиқлол, Тоҷикистон ба рушди илм ва маориф таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кард, ки ин ба афзоиши ҳузури занон дар соҳаҳои илмӣ мусоидат намуд. Аз соли 2000 пешрафтҳои назаррас оғоз шуданд, ки ба сиёсатҳои давлатӣ ва кӯмакҳои хориҷӣ вобаста буданд. Ин тадбирҳо ба занон имкониятҳои нав барои таҳсил ва пажӯҳиш фароҳам оварданд, ва ҳузури онҳо дар муассисаҳои илмӣ афзуд. Масалан, дар солҳои аввали истиқлол, ҳукумат барномаҳои ҳавасмандгардонӣ барои занонро ҷорӣ кард, ки ба афзоиши шумораи онҳо дар соҳаҳои илмӣ оварда расонд. Ин пешрафтҳо Тоҷикистонро дар минтақа ҳамчун кишвари пешқадам дар тавонмандсозии занон муаррифӣ карданд. Ҳамчунин, ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ба монанди UNESCO ва Бонки Осиёии Рушд ба рушди илмии занон мусоидат карданд, ва лоиҳаҳои зиёде барои омӯзиш ва пажӯҳишҳои онҳо маблағгузорӣ шуданд. Ин ҳама ба афзоиши дастовардҳои илмӣ ва байналмилалии занони тоҷик оварда расонд.

Дар солҳои пас аз истиқлол, ҳукумат ба рушди инфрасохтори илмӣ сармоягузорӣ кард, ки ин ба занон имкониятҳои нав барои фаъолият дар лабораторияҳо ва марказҳои пажӯҳишӣ фароҳам овард. Масалан, таъсиси марказҳои нав дар Душанбе ва минтақаҳо ба афзоиши шумораи занони муҳаққиқ мусоидат кард. Ин пешрафтҳо на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуданд, ва занони тоҷик дар конфронсҳои ҷаҳонӣ ширкат варзида, дастовардҳои худро муаррифӣ карданд.

Пас аз истиқлол, мақоми занони муҳаққиқ бо пешрафтҳои назаррас ҳамроҳ буд, ва аз соли 2000 рушдҳои бузург мушоҳида мешаванд. Масалан, дар солҳои 1994-1995 дар аспирантура 23 зан таҳсил мекард, аммо ба соли 2006 ин шумора ба 329 нафар афзуд. Ба соли 2018, фоизи занони муҳаққиқ ба 37,5% расид, ва ба соли 2020 – 38,6%, ки ин аз миёнаи ҷаҳонӣ (33,3%) болотар аст. Ин рушд бо ҳамкориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои давлатӣ марбут аст, ки ба занон имкониятҳои нав фароҳам оварданд. Дар солҳои охир, занон дар соҳаҳои тиб, кишоварзӣ ва муҳити зист дастовардҳои бузург ба даст оварданд, ва шумораи мақолаҳои илмии онҳо дар маҷаллаҳои байналмилалӣ афзуд.

Дар давраи истиқлол, занон ба мансабҳои баланд дар муассисаҳои илмӣ пешбарӣ шуданд, ва намунаҳои зиёди муваффақиятҳо мушоҳида мешаванд. Масалан, занони муҳаққиқ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолиятҳои пурсамар мебаранд, ва лоиҳаҳои онҳо ба рушди иқтисодии кишвар саҳм мегузоранд. Ин пешрафтҳо ба занон имконият медиҳанд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шаванд ва ҳамкориҳои байналмилалиро тавсеа диҳанд.

Ба соли 2025, пешбинӣ мешавад, ки фоизи занони муҳаққиқ боз ҳам афзояд, ва Тоҷикистон ҳамчун маркази илмӣ барои занон дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ шавад. Ин рушдҳо бо сиёсатҳои ҳавасмандгардонӣ ва маблағгузории давлатӣ марбутанд, ки ба занон имкониятҳои омӯзиш ва пажӯҳишҳои нав медиҳанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлат дар пешбурди баробарии гендерӣ ва ҳавасмандгардонии занон дар илм саҳми бузург гузоштааст. Дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ ва мулоқотҳо бо занони фаъол, ӯ ҳамеша ба боло бурдани мақоми занон таъкид карда, сиёсатҳои давлатиро барои ҷалби онҳо ба пажӯҳишҳо ҳавасманд гардонидааст. Зери роҳбарии ӯ, квотаҳо барои духтарон дар донишгоҳҳо ҷорӣ шуданд, ки ба афзоиши шумораи занони муҳаққиқ мусоидат кард. Ҳамчунин, дар солҳои гуногун ба занони олим унвонҳои фахрӣ дода шуд ва дар форумҳои байналмилалӣ, аз қабили "Занони ихтироъкор-2025", ташаббусҳои рушди илмӣ барои занон пеш бурда шуданд. Нақши ӯ дар тавонмандсозии занон барои саҳмгузорӣ дар илм ва рушди устувори кишвар ҳалкунанда аст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳои зиёд бо занони олим ва муҳаққиқон таъкид кардааст, ки занон ҳамчун қувваи пешбарандаи илм ва инноватсияҳо ҳастанд. Зери роҳбарии ӯ, барномаҳои омӯзишӣ барои занон дар соҳаҳои STEM (илм, технология, муҳандисӣ ва математика) роҳандозӣ шуданд, ки ба афзоиши ҳузури онҳо дар пажӯҳишгоҳҳо оварда расонд. Масалан, дар соли 1994 ӯ ба занони олим унвонҳои фахрӣ дод, ва ин таҷриба солҳои минбаъда идома ёфт. Дар паёмҳои солонаи худ, ӯ ба рушди илм ва маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, занонро ҳамчун намунаи муваффақиятҳо муаррифӣ мекунад.

Нақши Пешвои миллат дар ҳамкориҳои байналмилалӣ низ муҳим аст. Ӯ дар форумҳои ҷаҳонӣ, ба монанди конфронсҳои UNESCO, ташаббусҳои Тоҷикистонро барои тавонмандсозии занон дар илм пешбарӣ кардааст. Ин кӯшишҳо ба афзоиши грантҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ барои занони тоҷик оварда расонданд. Ба шарофати ин сиёсатҳо, занон дар соҳаҳои муҳити зист, тиб ва кишоварзӣ дастовардҳои бузург ба даст оварданд, ва Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалӣ ҷои баландро ишғол мекунад.

Дар соли 2025, зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон форуми байналмилалии "Занони ихтироъкор-2025"-ро баргузор кард, ки дар он занони муҳаққиқ аз ҳамаи қитъаҳо ширкат варзиданд. Ин чорабинӣ нишонаи равшани саҳми ӯ дар баланд бардоштани мақоми занон дар илм аст ва ба ҳамкориҳои нав мусоидат кард.

Аз соли 1991, Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии зиёдеро қабул кард, аз ҷумла Қонуни "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои мардон ва занон" (2005) ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон (2010-2020). Ин чораҳо ба афзоиши ҳузури занон дар илм мусоидат карданд ва ба онҳо имкониятҳои омӯзиш ва пажӯҳишҳои нав фароҳам оварданд. Созмонҳои байналмилалӣ, чун Бонки Осиёии Рушд ва СММ, лоиҳаҳои тавонмандсозии занонро дар соҳаҳои илмӣ маблағгузорӣ намуданд. Кумитаи корҳои занон ва оила (аз 1996) ин ташаббусҳоро ҳамоҳанг месозад ва ба занон кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва молиявӣ мерасонад.

Дар маориф, квотаҳо барои духтарон ҷорӣ шуданд, ки ба афзоиши шумораи онҳо дар донишгоҳҳо оварда расонд. Дар соли 2019, занон ҳудуди 30% донишҷӯёни донишгоҳҳоро ташкил медоданд, ва ин нишондиҳанда дар соҳаҳои илмӣ-техникӣ низ афзудааст. Ин сиёсатҳо ба занон имконият медиҳанд, ки дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ширкат варзанд ва дастовардҳои нав ба даст оранд.

Ба ғайр аз ин, ҳукумат барномаҳои омӯзишӣ барои занон дар соҳаҳои STEM роҳандозӣ кард, ки ба афзоиши ҳузури онҳо дар пажӯҳишгоҳҳо мусоидат намуд. Масалан, ҳамкориҳо бо UNESCO ба таъсиси марказҳои омӯзишӣ барои занон оварда расонд, ва ин марказҳо ҳазорҳо занонро омӯзониданд. Ин тадбирҳо ба рушди илмии кишвар саҳм гузоштанд ва Тоҷикистонро ҳамчун намунаи муваффақияти гендерӣ муаррифӣ карданд.

Дар солҳои охир, стратегияҳои нав барои 2021-2030 қабул шуданд, ки ба тавонмандсозии занон дар илм таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд. Ин стратегияҳо ба афзоиши грантҳо ва стипендияҳо барои занони муҳаққиқ оварда расонданд, ва онҳо дар конфронсҳои ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Барои фаҳмиши беҳтари пешрафтҳои Тоҷикистон, муқоиса бо кишварҳои Осиё (Ҳиндустон, Япония), Аврупо (Олмон, Британияи Кабир) ва Амрико (ИМА, Канада) аз соли 1991 то 2025 муфид аст. Ин муқоисаҳо бар асоси оморҳои UNESCO ва пажӯҳишҳои байналмилалӣ сурат гирифта, таъкид бар дастовардҳои Тоҷикистон мекунанд.

Дар Осиё, Ҳиндустон аз соли 1991 то 2025 рушди номутаносиб нишон медиҳад: дар соли 2013 фоизи занони муҳаққиқ 14% буд, аммо ба соли 2022 ин рақам дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Ғарбӣ ба 33,6% расид. Япония бошад, аз 15% дар соли 2013 ба 18,3% дар 2022 афзуд, ки ин бо сиёсатҳои тавонмандсозии занон марбут аст. Дар муқоиса, Тоҷикистон аз 30,3% дар 2013 ба 38,6% дар 2020 расид, ки ин аз Ҳиндустон ва Япония болотар аст ва нишонаи сиёсатҳои муваффақи гендерӣ мебошад.

Дар Аврупо, Олмон аз 25% дар соли 2013 ба 29,4% дар 2021 афзуд, ки ин бо барномаҳои ҳавасмандгардонӣ марбут аст. Британияи Кабир бошад, аз 43,8% дар 2013 ба 41,6% дар 2017 кам шуд, аммо то соли 2025 пешрафтҳои навро интизор аст. Тоҷикистон бо 38,6% дар 2020 аз Олмон болотар аст ва ба сатҳи Британия наздик мешавад, ки ин бо назардошти рушди тез дастоварди бузург аст.

Дар Амрико, ИМА фоизи занони муҳаққиқ ҳудуди 40% (2012) аст, ва Канада дар соҳаҳои муҳандисӣ 19% (2013) дорад, аммо то 2025 ба 30-35% мерасад. Тоҷикистон бо 38,6% ба сатҳи ИМА наздик аст ва аз Канада болотар, ки ин нишонаи пешрафтҳои назаррас дар соҳаҳои STEM мебошад.

Ин муқоисаҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ҳолати ҳаракати мусбат қарор дорад ва дар баъзе нишондиҳандаҳо аз кишварҳои пешрафта пеш мегузарад. Ин дастовардҳо бо сиёсатҳои устувор ва ҳавасмандгардонии давлатӣ марбутанд.

Дар Осиё, Тоҷикистон ҳамчун намунаи муваффақият дар тавонмандсозии занон дар илм эътироф шудааст, ва фоизи баланди занони муҳаққиқ аз Япония ва Ҳиндустон болотар аст. Дар Аврупо, Тоҷикистон ба сатҳи Олмон ва Британия наздик мешавад, ва дар Амрико – ба ИМА. Ин пешрафтҳо ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва сиёсатҳои гендерӣ марбутанд.

Оморҳо аз афзоиши ҳузури занон шаҳодат медиҳанд. Дар солҳои 1994-1995 шумораи занони муҳаққиқ дар аспирантура 23 нафар буд, ки ба 329 нафар дар 2006 расид. Дар соли 2018 дар Тоҷикистон 37,5% муҳаққиқон занон буданд, ва ба соли 2020 ин фоиз ба 38,6% афзуд. Дар соли 2018, шумораи умумии муҳаққиқон дар R&D 292 нафар барои ҳар миллион аҳолӣ буд, ки аз онҳо ҳудуди 109 нафар (барои ҳар миллион) занонро ташкил медоданд. Бо ҳисоби аҳолии тақрибан 9,1 миллион дар 2018, шумораи умумии занони муҳаққиқ ҳудуди 996 нафарро ташкил медод.

Зиёда аз 1000 зани муҳаққиқ дар муассисаҳои пажӯҳишии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ва барномаҳои байналмилалӣ чун UNESCO ба онҳо кӯмак мерасонанд. Намунаҳо: Занони олим дар бахшҳои тиб, кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист натиҷаҳои муҳим ба даст овардаанд. Масалан, ассотсиатсияи занони гласологҳо дар пажӯҳишҳои пиряхҳо дастовардҳои бузург дорад, ва ин лоиҳаҳо ба ҳифзи муҳити зист саҳм мегузоранд.

Дар соҳаи тиб, занони муҳаққиқ лоиҳаҳои нав барои беҳтар кардани саломатии аҳолӣ роҳандозӣ карданд, ва дар кишоварзӣ – усулҳои нав барои афзоиши ҳосил. Ин дастовардҳо дар маҷаллаҳои байналмилалӣ нашр шуданд ва эътирофи ҷаҳонӣ гирифтанд.

Ба ғайр аз ин, занон дар соҳаи муҳити зист пажӯҳишҳои муҳим барои ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ гузарониданд, ки ин ба рушди устувори кишвар саҳм мегузоранд. Масалан, дар соли 2025, занони муҳаққиқ дар конфронсҳои байналмилалӣ дастовардҳои худро муаррифӣ карданд ва грантҳои нав гирифтанд.

Дар соҳаи тиб, занони тоҷик дастовардҳои бузург ба даст оварданд. Масалан, пажӯҳишҳои онҳо дар бораи бемориҳои сироятӣ ва саломатии модарон ба беҳтар шудани системаи тандурустӣ мусоидат карданд. Ин лоиҳаҳо бо ҳамкории байналмилалӣ амалӣ шуданд ва ба ҳазорҳо одамон кӯмак расонданд.

Дар кишоварзӣ, занон усулҳои нав барои афзоиши ҳосил ва ҳифзи заминҳо пешниҳод карданд, ки ин ба амнияти озуқавории кишвар саҳм гузошт. Ин дастовардҳо дар минтақа эътироф шуданд ва ба ҳамкориҳои нав оварда расонданд.

Дар муҳити зист, ассотсиатсияи занони гласологҳо пажӯҳишҳои муҳим барои омӯзиши пиряхҳо гузаронид, ки ин ба ҳифзи захираҳои обӣ мусоидат кард. Ин лоиҳаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуданд ва ба Тоҷикистон ҳамчун пешқадам дар ин соҳа муаррифӣ карданд.

Дар соҳаҳои технология ва муҳандисӣ, занон лоиҳаҳои инноватсионӣ роҳандозӣ карданд, ки ба рушди иқтисодӣ саҳм гузоштанд. Масалан, ихтироъҳои онҳо дар соҳаи энергияи барқароршаванда дастовардҳои бузург ба даст оварданд.

Дар давраи истиқлол, Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро бо UNESCO, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳо тавсеа дод, ки ин ба занони муҳаққиқ имкониятҳои нав фароҳам овард. Масалан, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи муҳити зист ва тиб ба дастовардҳои бузург оварда расонданд.

Ин ҳамкориҳо ба афзоиши мақолаҳои илмӣ ва патентҳои занони тоҷик оварда расонданд, ва онҳо дар конфронсҳои ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ба соли 2025, Тоҷикистон ҳамчун маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ барои занон дар илм муаррифӣ шуд.

То соли 2025, пешрафтҳои Тоҷикистон дар баланд бардоштани мақоми занони муҳаққиқ идома меёбад. Ҳукумат барномаҳои нав барои афзоиши фоизи занон дар илм роҳандозӣ кард, ва пешбинӣ мешавад, ки ин фоиз ба 45% расад. Ин тадбирҳо ба рушди илмии кишвар саҳм мегузоранд ва Тоҷикистонро ҳамчун намунаи муваффақият муаррифӣ мекунанд.

Дар оянда, ҳамкориҳои байналмилалӣ тавсеа меёбанд, ва занони тоҷик дар лоиҳаҳои глобалӣ ширкат меварзанд. Ин пешрафтҳо ба рушди устувори кишвар мусоидат мекунанд ва мақоми занонро боз ҳам боло мебардоранд.

Истиқлолият барои занони муҳаққиқ имкониятҳои бузург эҷод кард. Тавассути сиёсатҳои самаранок ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, мақоми онҳо боло рафт, ва дастовардҳои зиёде ба даст омаданд. Ин барои пешрафти илмии Тоҷикистон ҳаётӣ мебошад ва ояндаи дурахшонро ваъда медиҳад.

Шарифзода Сурайё - мутахассиси шуъбаи кор бо мактаббагони

Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар назди Раёсати АМИТ

Истиқлоли давлатӣ яке аз арзишҳои олӣ ва муқаддас барои ҳар як миллат ва давлат ба шумор меравад. Он рамзи озодӣ, худшиносӣ ва худмуайянкунии миллат дар арсаи сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад. Барои миллати тоҷик, ки таърихи чандинҳазорсолаи давлатдорӣ ва фарҳанги ғанӣ дорад, истиқлолият на танҳо падидаи сиёсӣ, балки рӯйдоди бузурги таърихӣ аст, ки сарнавишти минбаъдаи онро дигаргун сохт. 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин қадами таърихӣ марҳалаи нави давлатдорӣ ва рушди миллӣ оғоз гардид.

Истиқлолият ба тоҷикон имконият дод, ки ҳамчун миллати озод тақдири сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро мустақилона муайян намоянд. Аз ҳамин рӯ, омӯзиши моҳият, аҳамият ва дурнамои истиқлолият барои ҷомеаи имрӯза аҳамияти назаррас дорад. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи тӯлонӣ борҳо давлати мустақили худро бунёд карда буд. Давраи Сомониён (асрҳои IX–X) авҷи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад, ки дар он на танҳо пояҳои сиёсӣ, балки фарҳанг ва илм низ ба сатҳи баланди рушд расида буданд. Аммо пас аз фурӯпошии Сомониён, сарзамини тоҷикон зери нуфузи қудратҳои гуногун қарор гирифт ва тоҷикон муддати тӯлонӣ аз имконияти соҳибистиқлолӣ маҳрум шуданд.

Дар асри XX, баъди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон (1929), тоҷикон имкони муайян барои рушди миллӣ ба даст оварданд, аммо соҳибистиқлолии воқеӣ вуҷуд надошт, зеро сиёсат ва иқтисод комилан вобаста аз маркази Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Танҳо дар натиҷаи фурӯпошии Иттиҳод ва равандҳои ҷаҳонии солҳои 90-уми асри гузашта шароити воқеӣ барои эълони истиқлолият фароҳам омад.

9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Ин рӯз ҳамчун оғози марҳалаи нави таърихии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Давраи аввали истиқлолият барои Тоҷикистон хеле душвор буд. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ оварда расонд. Инқилобҳои сиёсӣ ва низоъҳои дохилӣ боиси ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 гардиданд, ки кишварро ба буҳрони амиқ гирифтор сохт.

Ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо ҳазорҳо қурбонӣ гирифт, балки иқтисодро суст, корхонаҳоро хароб ва ҳамбастагии миллӣ ва иҷтимоиро вайрон кард. Маҳз дар чунин шароити вазнин зарурати роҳбарии сиёсӣ ва иродаи қавии миллӣ пеш омад. Дар ҳамин давра бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раванди сулҳу оштӣ оғоз ёфт ва дар соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанг хотима дода шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавони соҳибистиқлол баъд аз барқарор гардидани сулҳи сартосарӣ ба дастовардҳои муҳим дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Ин комёбиҳо дар заминаи ваҳдати миллӣ ва сиёсати босамари давлатӣ амалӣ шуданд ва имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дорои дурнамои равшан муаррифӣ месозанд.

Дар соҳаи сиёсӣ дастовардҳои зиёде ба назар мерасанд. Аз ҷумла, қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ҳамчун санади асосии ҳуқуқӣ пояи устувори давлатдорӣ ва низоми демократиро ташкил дод. Бо шарофати он сохтори давлатдорӣ бо се шохаи ҳокимият — қонунгузор, иҷроия ва судӣ — ба вуҷуд омад. Барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ баъди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ имконият фароҳам овард, ки ҷомеа ба сӯи рушди устувор роҳ гирад. Тоҷикистон ҳамчунин ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ нақши созандаро дар ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, мебозад.

Дар бахши иқтисодӣ Тоҷикистон тавонист сиёсати миллии рушдро ба роҳ монад. Яке аз муҳимтарин самтҳо ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Бо талошҳои пайгиронаи давлат ва дастгирии мардум, сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” оғоз ва марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст. Иншооти мазкур рамзи қудрати иқтисодӣ ва истиқлолияти энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад. Имрӯз Тоҷикистон ба яке аз истеҳсолкунандагони асосии нерӯи барқи обӣ дар минтақа табдил ёфтааст ва имконияти содироти нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, Покистон ва Узбекистон дорад. Барномаҳои минтақавии CASA-1000 ва дигар лоиҳаҳои инфрасохторӣ Тоҷикистонро ба маркази муҳими энергетикии Осиёи Марказӣ табдил медиҳанд.

Дар соҳаи бонкдорӣ низ қадамҳои назаррас гузошта шудаанд. Баъди истиқлолият низоми бонкдории миллӣ ташаккул ёфт ва Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи марказии молиявӣ фаъолиятро ба роҳ монд. Дар заминаи он бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ таъсис ёфтанд, ки имрӯз дар пешбурди иқтисоди миллӣ нақши муҳим мебозанд. Низоми бонкӣ имконият медиҳад, ки сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб карда шаванд, фаъолияти соҳибкорон рушд ёбад ва муомилоти молиявӣ шаффофу муосир гардад. Истифодаи технологияҳои нави бонкдорӣ, ба монанди пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасонии онлайнӣ ва корти бонкӣ, марҳилаи сифатан навро дар иқтисоди Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.

Иқтисоди кишвар ҳамчунин дар дигар бахшҳо пешрафт намудааст. Соҳаи кишоварзӣ бо татбиқи барномаҳои давлатии озуқаворӣ рушд карда, имрӯз Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Саноат низ тадриҷан тавсеа ёфта, корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва коркарди ашёи хом бунёд шуданд. Тоҷикистон бо барқарории роҳҳои байналмилалӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардид, ки ин ба рушди савдо ва сайёҳӣ заминаи нав гузошт.

Дастовардҳои иқтисодӣ на танҳо шароити зиндагии мардумро беҳтар карданд, балки нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурданд. Лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва молиявӣ имрӯз Тоҷикистонро ба кишвари дорои нақши калидӣ дар минтақа табдил медиҳанд ва заминаи рушди устуворро барои наслҳои оянда фароҳам месозанд.

Дар соҳаи фарҳанг низ дастовардҳои назаррас ба назар мерасанд. Эҳёи анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои фарҳангӣ, таҷлил ва ба расмият шинохтани ҷашнҳои миллӣ, ба мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада, нақши муҳим дар таҳкими худшиносии миллӣ доштанд. Забони тоҷикӣ мақоми арзандаи худро ҳамчун забони давлатӣ пайдо кард ва барномаҳои давлатӣ барои рушди он амалӣ шуданд. Дар баробари ин, мероси фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд, аз ҷумла шомил гардидани Наврӯз ва Шашмақом ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО. Дар давраи соҳибистиқлолӣ фарҳанг, санъат ва илм рушд ёфта, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ густариш ёфтанд ва имкониятҳои нави ҳамкории байналмилалӣ фароҳам оварда шуданд.

Ҳамин тавр, дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият на танҳо пояи давлатдорӣ ва рушди устувори кишварро таъмин карданд, балки обрӯву нуфузи онро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд. Пешрафти соҳаҳои гуногун далели он аст, ки Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯи ҷомеаи пешрафта ва шукуфон равона шудааст ва ояндаи равшанро барои наслҳои оянда таъмин хоҳад кард.

Имрӯз истиқлолият ҳамчун пояи асосии амният, сулҳ ва рушди устувор арзёбӣ мешавад. Давлат сиёсати худро ба таҳкими ваҳдат, рушди иқтисоди бозорӣ, ҷалби сармоя, густариши инфрасохтор ва рушди соҳаи сайёҳӣ равона намудааст.

Тоҷикистон инчунин дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, нақши фаъол мебозад. Пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузург ва бебаҳоест, ки сарнавишти миллатро дигаргун сохт. Он имконият дод, ки тоҷикон ҳамчун миллати озод ва соҳибдавлат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо кунанд. Барои ҳифз ва таҳкими истиқлолият, ҳар як шаҳрванд масъулият дорад.

Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ, балки пояи рушди устувор, сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Агар дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид, имрӯз он бо қадамҳои устувор ба сӯи рушду шукуфоӣ равона шудааст. Ояндаи Тоҷикистон танҳо дар сурати ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдат ва меҳнати созандаи мардум дурахшон хоҳад буд.

РАСУЛЗОДА Аслам Зафар, - ходими калони илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ба истиқболи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлоли давлатӣ — ин арзиши бузург ва муқаддасест, ки ҳар як миллату давлат онро бо меҳнати ҳалол, ҷасорат ва садоқат ба Ватан ба даст меорад. Истиқлол маънои озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва имконият барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад. Дар замони муосир, истиқлолият на танҳо аз озодии сиёсӣ иборат аст, балки ин маънои онро дорад, ки миллат метавонад фарҳанг, забон, таърих ва арзишҳои худро ҳифз намуда, ба ояндаи дурахшон қадам гузорад.

Маҳз бо соҳибистиқлолӣ метавон дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳо пешрафт кард. Инчунин, истиқлоли комил барои миллат имконият медиҳад, ки сиёсати хориҷиро мустақилона муайян намуда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор созад. Ҳамзамон, истиқлолиятро бояд бо масъулияти баланд ва ҳисси баланди миллӣ эҳтиёткорона ҳифз карда шавад. Ҳар як шаҳрванд бояд дар рушду ободии Ватан саҳмгузор бошад ва арзишҳои миллӣро ҳифз намояд. Тавре ки таърих нишон медиҳад, танҳо бо меҳнати ҳалол ва садоқат ба Ватан метавон истиқлолиятро нигоҳ дошт ва онро ба наслҳои оянда интиқол дод.

Хотиррасон бояд кард, ки истиқлолият на танҳо дастоварди гузаштагон аст, балки вазифаи ҳар як шаҳрванд барои нигоҳ доштани он дар оянда мебошад.

Истиқлоли Тоҷикистон — ин дастоварди бузург ва муқаддасест, ки миллати тоҷик дар роҳи мубориза барои озодӣ ва соҳибихтиёрӣ ба даст овардааст. Барои ба даст овардани истиқлолият як зумра фарзонафарзандони миллат аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазо гузоштаанд ва дар солҳои аввали истиқлолият мушкилоти зиёде пешорӯи ин миллат истода буд, ки бо хиради азалии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинда ба зинда ин мушкилот роҳи ҳалли худро ёфт.

Истиқлоли Тоҷикистон маънои озодӣ соҳибихтиёрии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дорад. Ин дастоварди таърихӣ имконият дод, ки миллат забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худро ҳифз ва рушд диҳад. Ҳамзамон, истиқлолият шароит фароҳам овард, ки кишвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор созад ва сиёсати хориҷии мустақилона дошта бошад.

Истиқлоли Тоҷикистон — ин дастоварди бузург ва муқаддасест, ки миллати тоҷик дар роҳи озодиву соҳибихтиёрӣ ба даст овардааст. 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон расман ҳамчун давлат мустақил эълон шуд ва аз он вақт ба баъд, ин сана ҳамчун рӯзи истиқлолияти миллӣ таҷлил мегардад.

Дар даврони истиқлолият, Тоҷикистон бо талошҳои пайваста ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, беҳбуди сатҳи зиндагӣ ва таҳкими субот кӯшиш мекунад. Инчунин, ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон ва фарҳанг ҳамчун асоси давлатдории мустақилона ба ҳисоб меравад.

Истиқлоли Тоҷикистон — ин рамзи озодӣ ва худшиносии миллат аст, ки онро бояд бо эҳтиёт ва масъулият ҳифз кард. Ҳифзи истиқлолият — вазифаи муқаддас ва масъулияти ҳар як шаҳрванд ва ҳукумат мебошад. Барои нигоҳ доштани истиқлолият, бояд чораҳои зеринро амалӣ кард, ки сараввал ин ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад. Маҳз тавассути эҳтиром ва ҳифзи забон, фарҳанг, анъанаҳо ва таърихи миллӣ метавон истиқлолиятро устувор нигоҳ дошт. Яке дигар аз ин таҳкими давлатдории мустақил мебошад. Дар соҳаҳои иқтисод, сиёсӣ ва иҷтимоӣ бояд сиёсати мустақилона ва самаранок роҳандозӣ шавад, ки кишвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор дошта бошад. Яке дигар аз чораҳое, ки бояд амалӣ шавад, ин муттаҳидӣ ва худшиносӣ мебошад. Ҳамкории халқ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ташаккули ҳисси худшиносӣ барои муҳофизати истиқлолият муҳим арзёбӣ мегардад.

Ободонӣ ва рушди иқтисодӣ яке аз дигар роҳҳое мебошад, ки метавон истиқлолиятро мустаҳкам намуд. Тавассути рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар, беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва таъмин намудани шуғл, метавон устувории давлатро таъмин кард.

Маърифату таҳсилот яке аз роҳҳои дигаре аст, ки дар ҳолати маърифатнокии миллат ва таҳсилоти хубу созгор метавон ҷомеаро мустаҳкам намуд. Таҳсилоти босифат ва тарғиби арзишҳои миллӣ дар ҷомеа кӯмак мекунад, ки наслҳо бо ҳисси масъулиятшиносӣ ба Ватан хизмат кунанд.

Масъулияти баланди ҳар як шаҳрванд аст, ки тамоми арзишҳои миллиро ҳифз намоянд. Ҳар як нафар бояд дар нигоҳ доштани истиқлолият саҳмгузор бошад, бо меҳнат, садоқат ба Ватан ва ҳимояи арзишҳои он.

Ҳифзи истиқлолият — вазифаи муқаддас ва масъулияти ҳар як шаҳрванд, ҳукумат ва тамоми ҷомеа мебошад. Барои нигоҳ доштани истиқлолият, бояд чораҳои зеринро амалӣ кард:

Якум: Ҳифзи арзишҳои миллӣ: Маҳз тавассути эҳтиром ва ҳифзи забон, фарҳанг, анъанаҳо ва таърихи миллӣ метавон истиқлолиятро устувор нигоҳ дошт.

Дуюм: Таҳкими субот ва амният: Беҳбуди вазъи амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткорӣ барои нигоҳ доштани сулҳ ва оромии кишвар муҳим аст.

Сеюм: Рушди иқтисодии мустақил: Ташкили соҳаҳои иқтисодиёт, истифодаи самараноки захираҳо, пешгирии фасод ва ташаккули иқтисодиёти мустақил барои устувории давлат зарур аст.

Чаҳорум: Маориф ва фарҳанг: Таҳсилоти босифат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ барои устувор нигоҳ доштани истиқлолият муҳим аст.

Панҷум: Мубориза бо ҳар гуна таҳдидҳо: Ҳамеша бояд омода буд, ки аз ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолият ҳимоят кард, дар муқобили таҳдидҳои хориҷӣ ё дохилӣ.

Шашум: Ҷонибдорӣ аз сиёсати давлат: Ҳамкории фаъол бо ҳукумат, иштирок дар интихоботҳо ва қабули қарорҳо барои рушди кишвар муҳим аст.

Ҳафтум: Муносибати дӯстона бо кишварҳои дигар: Ташаккули муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкории байналмилалӣ барои мустаҳкам кардани мақоми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ.

Ҳифзи истиқлолият — кори дастаҷамъона аст, ки танҳо тавассути меҳнат, садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ имконпазир аст.

Ба қадри истиқлолу озодӣ расидан — вазифаи ҳар як шаҳрванд ва тамоми ҷомеа мебошад. Барои ин, бояд:

-Арзишҳои миллӣ ва арзишҳои озодиро эҳтиром кард: Забон, фарҳанг, таърих ва суннатҳоро ҳифз ва гиромӣ дошт.

-Маърифату таҳсилро баланд бардошт: Ҷавононро бо арзишҳои миллӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулиятшиносӣ тарбия намуд.

-Ҳамкории созанда ва сулҳомезро тарғиб кард: Дар ҷомеа оромиву суботро нигоҳ дошт ва дар муносибатҳо эҳтиром ба фикру ақидаи дигарон дошт.

-Дар рушди иқтисодии кишвар саҳм гузошт: Бо меҳнат, дониш ва иқтидори худ барои ободии Ватан кӯмак кард.

-Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолиятро ба назар гирифт: Дар ҳар кору амали худ аз манфиатҳои давлату миллат ҳимоят кард.

-Бузургдошти арзишҳои озодӣ ва истиқлолият: Аз дастовардҳои гузашта ҳимоят кард ва онҳоро насл ба насл интиқол дод.

Ба қадри истиқлолу озодӣ расидан маънои онро дорад, ки ҳар як нафар масъул аст, ки арзишҳои миллиро эҳтиёткорона ҳифз кунад ва барои рушди Ватан саҳмгузор бошад. Ин танҳо бо меҳнат, садоқат ва эҳтироми арзишҳо имконпазир аст.

Нақши олимон дар нигоҳдошти арзишҳои замони истиқлол хеле муҳим ва муассир аст. Олимон бо донишу таҳқиқот, тарғиб ва ташаккули фикру ақидаҳои ҷомеа метавонанд дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди давлат нақши асосӣ бозанд. Вазифаи олимон дар ин раванд:

-Таҳқиқ ва омӯзиши таърихи миллӣ: Олимон бо омӯзиши амиқи таърихи Ватан, анъанаҳо ва арзишҳои миллиро ба ҷомеа фаҳмонда, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихорро бедор мекунанд.

-Тарғиби фарҳанг ва забон: Олимон бо эҷоди осор, нашри китобҳо, гузаронидани чорабиниҳо ва барномаҳои фарҳангӣ ба ҳифзи забон, суннатҳо ва арзишҳои милли кӯмак мерасонанд.

-Омӯзиш ва пажуҳиш: Олимон дар тарбияи наслҳо, таълим додани арзишҳои ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми озодӣ нақши муҳим доранд.

-Илм ва инноватсия: Бо пешбурди илм, технология ва инноватсия олимон метавонанд рушди иқтисодии кишварро таъмин намуда, истиқлолиятро мустаҳкам гардонанд.

-Тавсияи олимон ба ҳукумат: Олимон бо пешниҳод ва маслиҳатҳои худ дар қабули қарорҳо оид ба ҳифзи арзишҳо ва рушди кишвар саҳмгузор мешаванд.

-Маърифату ташвиқот: Олимон бо баромадҳо, мақолаҳо ва барномаҳои телевизионӣ метавонанд аҳолиро ба қадр кардани арзишҳои миллӣ ташвиқ кунанд.

Ҳамчунин, олимон ҳамчун намунаи ибрат барои ҷомеа хизмат мекунанд, зеро тавассути меҳнату дониш ва садоқат ба Ватан метавонанд арзишҳои истиқлолиятро пойдор нигоҳ доранд. Дар маҷмӯъ, нақши олимон дар нигоҳдошти арзишҳои замони истиқлол беназир аст ва онҳо ҳамчун нерӯи зеҳнӣ барои устувории давлат хизмат мекунанд.

Нақши истиқлолият дар сиёсати хориҷӣ:

-Мушаххас кардани самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ: Дар шароити истиқлолият, давлат метавонад мустақилона қарор гирад, ки бо кадом кишварҳо ва созмонҳо ҳамкорӣ кунад.

-Ҳимояи манфиатҳои миллӣ: Истиқлолият имкон медиҳад, ки давлат дар арсаи байналмилалӣ манфиатҳои миллиро ҳимоя кунад, аз таҳдидҳо муҳофизат намояд ва мавқеи худро устувор нигоҳ дорад.

Нақши сиёсати хориҷӣ дар нигоҳ доштани истиқлолият:

-Муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ: Ташкили муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои дигар барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва амният муҳим аст.

-Ҳамкории байналмилалӣ: Иштирок дар созмонҳои байналмилалӣ (Ҷомеаи Умумиҷаҳонӣ) барои ҳифзи манофеи миллӣ ва пешгирии таҳдидҳо кӯмак мерасонад.

Истиқлолият ба давлат имконият медиҳад, ки сиёсати хориҷиро мустақилона муайян кунад. Дар навбати худ, сиёсати хориҷӣ воситаи асосии нигоҳ доштани истиқлолият мебошад. Ҳамкории мутақобилан судманд бо дигар кишварҳо ва ташкилотҳо метавонад ба рушди устувор ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат кунад.

ЗИЁЕВ Субҳиддин - ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар таърихи миллату давлатдории тоҷикон, нақши занон ҳамеша нақши ҳалкунанда ва таъсиррасон буд. Аз замонҳои қадим то имрӯз, занон ҳамчун муаррифони фарҳанг, илм, маориф ва давлатдории миллии тоҷикон саҳми беназир доранд. Воқеан, дар баробари мардон, занон низ дар рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштанд. Хусусан, дар марҳилаи барқарории мустақилият ва ташаккули давлатдории нав, саҳми занон хеле назаррас буд.

Дар замони пешазинқилобӣ ва пас аз он, занон ҳамчун фаъолон ва муаррифон дар соҳаи илм, маориф ва равобити байналмилалӣ нақши муҳим бозиданд. Дар давоми солҳои 1990-ум, вақте ки Тоҷикистон ба роҳи мустақилона пойдор шуд, занон ба таври васеъ дар мубориза барои соҳибихтиёрии миллат ва ташаккули давлат саҳми арзанда гузоштанд. Онҳо дар ҳукумат, ҳомиёни ҳуқуқ, ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карданд, то ки роҳи истиқлолияти кишвар бозгардон ва устувор гардад.

Аз ҷумла, олимон ва муҳаққиқон ба таҳқиқ ва таърихнависӣ дар бораи таърихи миллат ва иштироки занон дар ин марҳила фаъолона саҳм гирифтанд. Занон ҳамчун олимони илмҳои

иҷтимоӣ, таърих ва ҳуқуқ дар ташаккули фарҳанги миллӣ ва ҳимояи манофеи миллат нақши муҳим бозиданд. Дар байни онҳо, олимони варзида, мисли профессорон ва муҳаққиқон, дар таҳияи рисолаҳо, китобҳо ва мақолаҳое саҳм доштанд, ки саҳми занон дар ташаккули худшиносии миллӣ ва ҳимояи истиқлолиятро нишон медиҳанд.

Аз замони соҳибистиқлолӣ сар карда, олима-занон ҳамчун сипари пойдор ва роҳбари ҷомеа дар рушди илми тоҷик, маориф, тиб, ва фарҳанг фаъолона ширкат карданд. Онҳо бо талоши худ дар соҳаҳои гуногун фаъол шуданд ва барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар саҳм гузоштанд. Бо истифода аз имкониятҳои нав ва донишҳои муосир, онҳо кӯшиш карданд, ки кӯмак кунанд ба бунёди ҷомеаи демократӣ, озод ва тараққикарда.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар, саҳми олима-занонро қадрдони карда, онҳоро барои саҳми худ дар ҷомеа ва рушди кишвар ташвиқ кардааст. Дар замони роҳбарии ӯ, занон бо дастгирии сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ва сиёсати иҷтимоӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, ва иқтисод фаъолона иштирок карданд. Ин дастгирии созмонёфта ба онҳо имконият дод, ки нақши худро дар ҷомеа боз ҳам мустаҳкамтар гардонанд.

Занони хизматчии давлатӣ низ нақши калидӣ доштанд. Онҳо дар сохторҳои ҳукуматӣ, судҳо, вазоратҳо ва ташкилотҳои давлатӣ фаъолона иштирок карданд. Дар даврони қабули қарорҳои муҳими сиёсӣ ва иқтисодӣ, занон ҳамчун намояндагони ҷомеаи кӯмаккунанда, ба рушди кишвар кӯмак расониданд. Ба инҳо метавон мисол овард, ки чӣ тавр занон дар интихоби роҳбарон, қабули қарорҳо ва ташкили системаи давлатӣ нақши муҳим бозиданд. Онҳо дорои манфиатҳои миллӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ буданд ва саҳми худро дар ташаккули давлатдории нав гузоштанд.

Ҳамзамон, дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, занон ҳамчун соҳибкорон, омӯзгорон ва фаъолони ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар баробари мардон, онҳо дар равнақаи рушди иқтисодии Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Ба ибораи дигар, саҳми занон дар ин раванд хеле назаррас буда, онҳо ҳамчун сохтори асосии ҷомеа, имкониятҳои инкишофи кишварро афзун мекунанд.

Хулоса

Бо диққат ба саҳми занон, олимон ва хизматчиёни давлатӣ дар рушди истиқлолияти Тоҷикистон, равшан аст, ки онҳо ҳамчун қувваи асосӣ ва ҳомии арзишҳои миллӣ саҳми арзанда гузоштанд. Занон ҳамчун олимон, муҳаққиқон, роҳбарон ва фаъолони ҷамъиятӣ дар ташаккули давлат ва таъмин намудани мустақилият нақши ҳалкунанда бозиданд. Имрӯз, мо бояд ба онҳо арзи сипос гузорем ва кӯшиш кунем, ки саҳми занон дар ҷомеа ва давлат боз ҳам афзун шавад. Зеро, танҳо дар шароити баробарӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳар як намояндаи ҷомеа, Тоҷикистон метавонад ба сӯи рушди устувор ва ташаккули ҷомеаи демократӣ қадам гузорад.

Аминова Нигора Аминовна н.и.т МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам!

Эмомалӣ Раҳмон

Дар давраи начандон тӯлонӣ соҳаи иҷтимоии мамлакат, хусусан соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ рушд карда, таи зиёда аз се даҳсола беш аз 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо тамоми шароити ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шудааст. Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Дар соли 2024 шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти илму маорифро самтҳои афзалиятнок ҳисобида, ҷавонони бомаърифатро давомдиҳандаи наслҳои миллати тоҷик арзёбӣ намудаанд.

Маҳз самараи соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Ин ҳама пешравӣ дар кишвари мо таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоиро ба амал оварда, татбиқи омилҳои рақамикунонӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи маорифро замина гузошт.

Дар шароити муосир дар раванди таълим якчанд заминаҳои моддиву техникӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тадбирҳои муассир гузошта шуда, дар кишвар низоми рақамикунонии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Ин омили низоми идоракунӣ дар соҳаи маориф, барномаи иттилоотии «eDonish» буда, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 августи соли 2020, №409 “Дар бораи татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” тасдиқ гардидааст.

Ҳадафи асосии рақамикунонии соҳаи маорифи кишвар, ин баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, ки яке аз оимлҳои мусбати ин барнома, назорати волидайн тариқи рӯзномаи электронии хонанда огаҳӣ ёфтан мебошад. Инчунин, имкониятҳои барномаи «eDonish» ба хонандагон ва омӯзгорон барои беҳтар намудани шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда, тариқи ин барнома: ҷадвали дарсӣ дар шакли электронӣ, хабарнома аз омӯзгор, рӯзномаи электронии хонанда, мавзӯи дарс, вазифаи хонагӣ, баҳо ва ҳозиру ғоиби хонанда, пешрафти хонанда, муқоисаи хонандагон дар синф инчунин муқоисаи хонандагон дар мактаб аз тарафи волидайн ва ҳам аз тарафи омӯзгорон назорат карда мешавад.

Ҳадафи дигари рақамикунонии соҳаи маориф, ин муомилоти ҳуҷҷатҳо яъне истифодаи интиқолдиҳандаҳои иттилоотии коғазӣ коҳиш ёфта, ба ин васила нигоҳ доштан ва ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла буридани дарахтон сарфа карда мешавад. Инчунин, таъсири мусбии рақамикунонии соҳаи маориф дар он аст, ки маълумоти тарбиятгирандагон ва хонандагони тамоми муассисаҳо дар барномаи «eDonish» сабт гардида, бо ин усул мутахассисони соҳа метавонанд, вобаста ба савияи дониши толибилм, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ равона созанд.

Маҳз дастовардҳои мазкур дар соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, имрӯз дар кишвар 744 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 4037 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо шароити ба талаботи муосир ҷавобгӯ фаъолият намуда, ҳамаи муассисаҳо бо технологияҳои муосири замонавӣ ва бо китобхонаҳои электронӣ таъмин мебошад.

Ҳамин тариқ, низоми рақамикунонии соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, ба дастовардҳои назарраси иқтисодиёт мушарраф гардидааст. Инчунин, ин дастовардҳо ба ташаккули “ҳукумати электронӣ”, “энергияи сабз”, “иқтисоди сабз”, “иқтисоди рақамӣ”, ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ замина гузошта истодааст.

Сарчашмаҳо:

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 28.12.2024 https://president.tj

2. Рақамҳои оморӣ аз https://www.maorif.tj

Муҳаммадализода П.М. – н.и.и., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва

Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Соли 1991 бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ таносуби манфиатҳои геополитикию геостратегии қудратҳои ҷаҳонӣ дигар шуд. Дар таърихи башар марҳалаи нави сиёсӣ, давраи нави зери нуфузи қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор гирифтани қисматҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ фаро расид.

Бар асари қатъ гардидан ё коста шудани пайвандҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва дигар робитаҳо байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамчунин бархӯрди манфиатҳои неруҳои қудратталаби минтақавию ҷаҳонӣ Тоҷикистони тозаистиқлол ҳам ба буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ гирифтор шуд.

Ба Истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон низ ба ҳамин давраи ҳассоси таърихӣ рост омад.

Дар рӯзҳои вопасини салтанати давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки дар саросари қаламрави он оташи низоъҳои милливу сиёсӣ аланга мезаданд, Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар таърихи 24 августи соли 1990 «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон»-ро пазируфт ва дар сарнавишти Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихиро оғоз кард.

Агарчи эъломияи мазкур ҷойи Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Шӯравии нав медид ва бовар дошт, ки «пайванди озодона ва баробарҳуқуқии миллатҳои Шӯравӣ дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистии навшуда ба инкишофи ҳаматарафаи онҳо кафолат медиҳад». Мувофиқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонист дар қаламрави худ тамоми масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро, ба ҷуз аз ваколатҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ вогузор шуда буданд, мустақилона ҳаллу фасл намояд.

Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъул сохта буд, ки ҳуқуқи дахлнопазирии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва ҷумҳуриҳои иттифоқиро эҳтиром ва эътироф намояд. Ин эъломия бо ҳама фазилат ва аҳаммияти худ ҳанӯз маънии истиқлоли комили давлатиро ифода намекард, зеро дар моддаву бандҳои ҷудогонаи он нукоте таъкид шуда буданд, ки вобастагиҳое ба ҷумҳуриҳои дигарро тақозо менамуданд.

Дар муддати як соли аз қабули эъломия сипаригашта Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ бо дарназардошти воқеияте, ки босуръат ҷараён мегирифт ва таҳаввулоти азими ғайримунтазирро ба вуҷуд меовард, ба мазмуну муҳтавои истиқлоли худ аз нав рӯй оварданд ва барои дарёфти истиқлоли комил бо қатъият талош варзиданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо дарки зарурати тағйиру иловаҳо ба Эъломияи 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум 9 сентябри соли 1991 ин андеша чунин ифода гардид: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оид ба аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда, мувофиқи Эъломия дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».

Дар ин баёнот ду матлаби муҳим ироа шудааст, ки тасмими қатъии Тоҷикистонро дар роҳи касби истиқлоли пурраи мамлакат равшан нишон медиҳад: якум, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёр барои аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ; дувум, такмили мафҳуми «истиқлол» бо истилоҳи «давлатӣ», ки арзиш ва моҳияти байналмилалӣ дошт. Маҳз бо такя ба ин мавқеъгирӣ изҳороти мазкур Тоҷикистонро ба сифати субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ карда буд.

Мутаассифона, раванди амалисозии гузариш ба низоми нави сиёсии ҷомеа, сохтори давлатӣ, таҷзияи шохаҳои ҳокимият, ислоҳоти сохторӣ дар ҳокимияти иҷроия бар асоси меъёр ва қонунҳои ҷомеаи демократӣ, ки оғози он дар Эъломия эълон гардида буд, дар натиҷаи муташанниҷ гардидани вазъи сиёсӣ, оғози ҷанги шаҳрвандӣ, мудохила ва манфиатҷӯйиҳои неруҳои моҷароҷӯйи дохилӣ ва берунӣ шикаст хӯрд ва ноком шуд.

Соли 1992 дар Тоҷикистон гурӯҳҳои тундрави ифротгаро чун неруи қавии қудратталаб шакл гирифта, мавқеи неруҳои демократиро заиф сохтанд ва бо сӯйиистифода аз фурсат ва имконоти равандҳои демократӣ ва озодихоҳӣ ба муборизаи ошкоро шурӯъ намуданд.

Мардуми бехабар аз бозиҳои сиёсӣ ва манфиатҷӯйиҳои неруҳои дохиливу хориҷӣ ба ду сангар тақсим шуданд. Дар ду майдони ҳамшафати маркази шаҳри Душанбе, ки он вақт, яке «Шаҳидон» ва дигаре «Озодӣ» номида мешуд, гирдиҳамоиҳои серодам ташкил ёфтанд.

Талабу дархостҳои ҷонибдорони ду майдон комилан муқобили ҳамдигар буданд. Дар чунин ҳолат вазъияти сиёсии пойтахт ва умуман кишвар башиддат мураккаб шуд.

Тавҳину таҳдидҳои мутақобилаи гирдиҳамомадагони ду майдон то ба ҳадде шиддат гирифтанд, ки дигар онҳо гӯшу ҳуши шунидан ва таҳаммули фикру ақидаи ҳамдигарро надоштанд.

Ба майдони муборизаҳои сиёсӣ ва мансабталошӣ кашидани мардуми одӣ, ки аз умқи ин сиёсатбозиҳо ва қудратталабиҳои пурхатар огоҳии комил надоштанд, яке аз сабабҳои асосии ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои фоҷиабори он замон ба шумор меравад.

Муборизони роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, хусусан мардуми одии гирдиҳамомада, гумон ҳам надоштанд, ки кор то ҷанги бародаркушӣ мерасад.

Гурӯҳҳои тундрави ифротгаро бо дастуру фармоиши хоҷагони хориҷии худ барои ба қудрати сиёсӣ расидан солҳои зиёд омода шуда буданд ва аз рафтору гуфторашон баръало аён буд, ки аз ҳеҷ гуна пайомади муборизаи ҳадафмандонаашон ҳарос надоранд.

Ҳамин тавр, сарриштаи муборизаҳои сиёсии неруҳои демократии кишвар, ки хуб ташаккул наёфта буданд ва таҷрибаи кофии сиёсӣ низ надоштанд, ба зудӣ ба дасти гурӯҳҳои тундрав гузашт. Онҳо бо суханпардозиҳои моҳиронаву соҳирона мардуми одиро чунон ба доми худ кашида буданд, ки дигар майдони андешаи солим танг шуд.

Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби неруҳои мухолифи Ҳукумат як созмоне бо номи «Ситоди наҷоти Ватан» ташкил шуд, ки аслан, як дастгоҳи истинтоқу шиканҷаи шахсони ба кор ва афкори онҳо муқобил буд.

Моҳи апрели соли 1992 гурӯҳҳои тундрави мухолифон кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Ҳукумат ва Шӯрои Олии мамлакат, аз ҷумла 15 нафар вакилони Шӯрои Олӣ ва 2 нафар муовини Раиси Шӯрои вазирони мамлакатро гаравгон гирифтанд. Роҳбари Гвардияи президентӣ генерал Баҳром Раҳмонов ба ҷониби иттиҳоди мухолифони Ҳукумат гузашт. Президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев аз ҳисоби гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ» Гвардияи нави миллӣ ташкил намуд.

Ҳамин тариқ, намояндагони ҳар ду майдон аввал бо калтаку белу каланд, баъдан, бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ шуданд. Дар миёни ду майдон, аниқтараш дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ (имрӯза кӯчаи ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур), ки дар наздикии меҳмонхонаи «Тоҷикистон» воқеъ аст, ҳатто як тӯпхона – аслиҳаи вазнини артилерӣ низ рӯ ба ҷониби майдони «Озодӣ» гузошта шуд.

5 майи соли 1992 бори нахуст, дар рӯйи ҳавлии бинои Шӯрои Олӣ тирпарронӣ баргузор шуд, ки дар натиҷа сармуҳаррири нашрияи парлумонии «Садои мардум» Муродулло Шерализода қатл карда шуд. Худи ҳамон рӯз дар деҳаи «Олӣ Совет»-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) бар асари нахустин тирпарронии ду гурӯҳи мусаллаҳи ба ҳам муқобил якчанд нафар ҷавонони бегуноҳ ҳалок гардиданд. Он рӯз муборизаи сиёсӣ ба муқовимати мусаллаҳона табдил ёфт ва ҷанги хунину нангини шаҳрвандии бародаркуш оғоз шуд.

Ба хотири авҷ нагирифтани амалиёти ошкорои ҷангӣ дар шаҳри Душанбе ва пешгирӣ аз хунрезии зиёд, гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ» пароканда шуда, бо аслиҳае, ки барояшон дода буданд, тарки пойтахт намуданд.

Президенти вақти кишвар Раҳмон Набиев зимоми идораи давлатро аз даст дода, аз таҳдиди ошкоро ба ҷони худ, нахуст дар бинои Вазорати амнияти миллӣ ва сипас дар қароргоҳи «Дивизияи 201»-и Федератсияи Русия паноҳ ёфт.

Моҳи майи соли 1992 «Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ» таъсис дода шуд, ки ба он аз роҳбарони Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик 9 нафар шомил гаштанд. Аммо ин тадбир ба ором гардидани вазъи сиёсии кишвар таъсире нарасонид.

Охири моҳи май мухолифон кӯшиш намуданд, ки Шӯрои давлатӣ таъсис дода, зимоми идораи давлатро ба даст гиранд, аммо ин нақшаашон амалӣ нагашт.

Аз ноуҳдабароии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ки зери таъсири ифротгароёни динӣ ва мухолифони тундрав қарор гирифта буданд, вилояти ҳамонвақтаи Кӯлоб дар муҳосираи шадиди иқтисодӣ афтод. Мардум ба хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ шуданд. Аз нарасидани орду гандум қисме аз аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Кӯлоб маҷбур шуданд, ки ҳатто сабӯсу кунҷораро истеъмол намоянд. Ин ҳолат ба хуруҷи бесобиқаи бемориҳои вазнини сироятӣ (ҳелиотропӣ) боис шуд. Дар ноҳияи Фархору Восеъ аз чунин бемориҳо шахсони зиёд фавтиданд.

Номзади илмҳои химия, ходими пешбари илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Муллоева Нуқра Мазабшоевна

Subscribe to Мақолаҳо