Skip to main content

“Мо бояд ҷашнҳои миллӣ, забони модарӣ, таърих ва фарҳангу тамаддуни бостонии худро гиромӣ дорем, онҳоро чун азизтарин сарвати миллӣ ҳифз кунем ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир неъмати бузургтарини зиндагиамон - истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ҳимоя намоем”

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон мақому манзалати худро аз даст надода, то замони мо омада расидааст. Дар замони соҳибистиқлолии Точикистон муяссар гашт, ки Иди Навруз - ҷашни аҷдодиамон бо ҳама шукӯҳу шаҳомати хос ва расму анъанахои неку созандааш дигарбора зинда гардад ва Тоҷикистону тоҷиконро дар саросари олам шӯҳратёр созад.

Боиси ифтихори мо, мардуми ориёитабор аст, ки соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қарорномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” дар асоси ташаббуси Тоҷикистон ва бо пуштибонии чандин давлатҳои дигар доир ба ҷашни байналмилалӣ эълон намудани Наврӯзи Аҷам қатънома қабул кард. Дар қарорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил карда шавад. Аз ин пас Наврӯз бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд донишу маърифати фарҳанги миллиашонро дар сатҳи баланд нишон дода, таъриху фарҳанг ва суннатҳои ҷашни наврӯзиро ба ҷаҳониён тарғибу ташвиқ намоянд. Инчунин барои гузаронидани чорабиниҳои фархангиву адабӣ ва илмӣ дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз омода бошанд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад. Имрӯз Наврӯзро дар беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Туркия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра ҷашн мегиранд.

Наврӯз ҷаҳонӣшуд, то бод чунин бодо!

Ҷашни ҳамагонӣшуд, то бод чунин бодо!

Бояд қайд кард, ки ҷаҳони шудани Наврӯз боиси он гардид, ки ба суннатҳои неки наврӯзӣ, на танхо дар Точикистон, балки хориҷ аз он низ арҷ гузошта мешаванд. Ҳаммиллатони мо, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият мебаранду зиндагонӣ менамоянд, Баҳору Наврӯзро бо хушнудиву фараҳ пешвоз мегиранд. Аз ҷумла тоҷикони берун аз кишвар ва ҳамзабонони мукими мо дар Амрикову Канада, Олмону Белгия ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ба истиқболи Наврӯз на танҳо дастархони наврӯзӣ меороянд, инчунин ба зиёрати якдигар мераванд ва дар чорабиниҳои фарҳангию адабие, ки дар сафорату консулгариҳо доир мегардад, фаъолона ширкат меварзанд. Яке аз расму русум ва суннатҳои шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни баҳорӣ на танҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ба ҳамдигар бо чеҳраи гарму дили саршори муҳаббат таманниёти нек мефиристанд. Бузургони гузаштаи мо барҳақ гуфтаанд, ки: “Ҳар кас, ки талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад”.

Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудаас”. Аз ин рӯ, Ҷашни Наврӯз на танҳо ҷашни миллии мо, балки ҷашни умумибашарӣ мебошад. Халқу миллатҳои дигар низ Наврӯзро иди миллии худ ҳисоб накунанд, ҳам онро мисли фасли Баҳор дӯст медоранд.

Мавриди зикр аст, ки хамасола дар шаҳру ноҳияҳои кишвари мо фарорасии Наврӯзи Аҷамро бо силсиланамоишҳои идона бо унвони “Корвони шодӣ” ботантана таҷлил менамоянд. “Корвони шодӣ” дар маҷмӯъ аз бахши мухталифи фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла “Парандаҳои муждарасон”, “Омадани Баҳор”, “Гулбоғи Ватан”, “Дунёи кишоварз”, “Дастархони наврӯзӣ”, “Бозиҳои наврӯзӣ”,”Дунёи ҷавонӣ”, “Тиргон”, “Меҳргон”, “Сада”, “Оташ”, “Суманак”, “Базми идона”, “Шаш ранги Ватан” ва ғайра иборат мебошад, ки ҳар яке аз онхо дорои маънии амик ва инъикосгари рамзҳои ҷашни Наврӯзи куҳанбунёди миллати точик мебошад.

Ҳамин тарик, Ҷашни Наврӯз яке аз ойинҳои мардумӣ ва мероси арзишманди гузаштагони фарҳангпарвару тамаддунсози мо ба ҳисоб рафта, аз фарорасии фасли зебои баҳор ва оғози баракати сол мужда медиҳад. Наврӯз ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи гузашта бо имрӯзу фардо, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хурраму осоишта шинохта шудааст. Хулоса, фарҳанги ориёӣ дар симои Наврӯзӣ оламафрӯз ба ҷаҳониён ҷашнеро бахшидааст, ки бар пояи меҳру садоқат, хираду заковат ва адлу адолат бунёд гардида, ба ташаккул ёфтани дипломатияи фарҳанги ва мардуми дар саросари ҷаҳон заминаи воқеи мегузорад.

Дар охир мехоҳам фарорасии Наврӯзи оламафрӯзро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам, ки ин ҷашни зеборо дуст медоранду таҷлил мекунанд, муборакбодӣ намоям. Бигзор Наврӯз бо қадамҳои мубораки худ ба Тоҷикистони азизи мо, ки ватани Наврӯз мебошад сарсабзиву хуррамӣ, ободиву пешрафт, сулҳу субот, ваҳдати миллии ҷовидонаро ҳадя намояд.

Дӯстон, фасли дилафрӯз муборак бошад,

Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад.

Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣбинам,

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!

Юсуфӣ Фарзона, - ходими хурди илмии Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

123123Наврӯз — яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре, ки дар китобҳои таърихӣ омадааст аввалин касе, ки ӯро ҷашн гирифт, шоҳи форсҳо бо номи Ҷамшед буд.

Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март ҳудуди шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, Наврӯз фаро мерасад. Иди Наврӯз бо ташабусс ва сайю кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо Қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфта, ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад.

Иди Наврӯз дар Тоҷикистон бо руҳи сиёсӣ доир карда, ба таври расмӣ ҳар сол 21-24 март ҷашн гирифта мешавад, ки расман рӯзҳои истироҳатӣ мебошанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихӣ доштанд, ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабонӣ минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа Узбекҳо, Кирғизҳо, Қазоқҳo ва Туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофиёӣ густариш ёфтаааст.

Ҳоло, ки дар шаҳрҳои марказӣ, Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термeз, Деҳнав, ки мардуми Тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми таҳҷоии ин мантиқ тоҷик ҳастанд, сунат ва анъаноти Наврӯз ҳифз шуда, мардуми ӯзбек низ бо чунин расм аз наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотиқи мухталифи Ӯзбекистон ҳамчун ғизои наврӯзӣ саману ё суманак, омода карда мешавад ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд.

Калимаи «Наврӯз» маънои «Рӯзи нав» дорад. Ин иди баҳор, якум рӯзи соли нав, баробарвақтии байни рӯзу шаби баҳор мебошад. Дар ҳар як шаҳру деҳот ин идро одамон бо расму русуни гуногун ҷашн мегиранд.

Қадимтарин манбаъи иди Наврӯз — ин китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» мебошад. Решаи аниқ аз қадимтарини таърихӣ то 3000 сол пеш аз милод рост меояд. Таърихи гузаштаи Наврӯз, чи хеле, ки дар «Наврӯзнома» (Китоби Наврӯзии) Умари Хайём дар давраҳои таърихи шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён, дар «Шоҳнома» гузоштаи ин ид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад.

Чӣ тавре, ки маълум аст, дар 21 март дар баҳор шабу рӯз баробар шуда, ба 12 соати тақсим мешавад. Вақте, ки Ҷамшед тахти тилогини худро сохт (аз рӯи достон якумин тахти дар таърихи одамизот вуҷуд дошт) дар вақти баромади офтоб дар кӯҳи баланд бардошта ва тилло дар нурҳои офтоб ҷилло дода, равшанӣ мисли офтоб медод. Ин рӯзро Наврӯз номиданд, ва ҳамчун аввалин соли нав ҷашн мегирифтанд. Дар «Наврӯзнома» гуфта шудааст, ки Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида, ӯро ба расму оин дохил кард. Шоҳону одамон ин идро ҷашн мегирифтанд. Дар ин мероси халқӣ ҳамчун бузкашӣ, пойга, гуштини паҳлавонҳо, тухмзанак, буҷулбозӣ ва арғамчинбозӣ мекунанд.

Аҳамияти калон барои ороиши дастархони идона ҳатман хӯрокворӣ гузошта мешавад. Таомҳое, ки бо ҳарфҳои «С» ва «Ш» сар мешавад гузошта мешуд. Ҳамчун қойда дар ид 2 намуди дастархон оро дода мешавад: Ин «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» мебошад. Дар алифбои форсӣ «Син» ва «Шин» ҳарфҳои «С» ва «Ш» мебошад. Дар дини зардуштӣ ва исломӣ рақами 7-ро ҳамчун рақами муқаддас мешуморанд.

Эҳёи Иди Наврӯз ин яке аз рисолатҳои асосии мардуми тоҷику форсзабон мебошад, ки тавассути худшиносии таърихӣ дар гунбази ҳозиразамонаи сиёсӣ ба рушди ҷомеаи кишвари маҳбубамон мусоидат намуда, ҳамчун ситораи раҳнамо дурахшон мебошад ва ҳар як фарди соҳибақл ва ватандӯст бояд кӯшиш ба харч диҳад, ки ин рисолат дар наслҳои ояндаи миллат боз ҳам пурзӯр гардад.

Директори Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ, д.и.б., дотсент Сатторов Ҷ.С.

Эй дуст, биё, боз ба Наврӯз расидем,
Нав қисса бипардоз, ба Наврӯз расидем.

Дар пардаи гул бод наво карда парешон:

Эй мурғи хушовоз, ба Наврӯз расидем

213Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва ҷашни муқаддаси ниёгон мазмуну шукӯҳи тоза пайдо кард. Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини камназирамон дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хосса ва шукргузории том таҷлил мегардад.

Ҷашни наврӯз яке аз кадимтарин чашнҳои чаҳони аст. Он ҳануз пеш аз замони зардушти маълум буд, ҳануз то асри VII пеш аз милод зикр шуда буд. Дар давлати Ҳахоманишинҳо ( асриVI- IV пеш аз милод) ва Сосониён (асрхоиIII- VII пеш аз милод) Наврӯз чашни асоси ба хисоб мерафт. Дар бораи ин ид муаррихи Юнони кадим Страбон навиштаст. «Дар замонхои кадим сокинони Сирдарё ва Амударё дар маъбади оташ чамъ омада, кайфу сафо намуда, оташро ситоиш карда, беморихоро табобат мекарданд. Чунин дониста мешавад, ки пайдоиши ин ид аз Эрониёни Бостон буда, бо парастиши офтоб ва номи Зарушт алокаманди дорад. Қадимтарин сарчашмае, ки дар он ҷашни Наврӯз зикр шудааст, китоби «Авесто» мебошад.

Иди Наврӯз моҳи сентябри соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд. 19 – уми феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Истиқболи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” баъд аз қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. 21 – 24 март дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад.

Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад - омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.

Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт. Донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.

Айёми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,
Илҳоми ҳазор омад, Наврӯз муборак бод.

Кардем видоъ бо дай, нӯшед зи ҷоми май,
Шодӣ ба канор омад, Наврӯз муборак бод.

Хокироева А.Н - ходими хурди илмии Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ

Наврӯзи соли равон (2025) тибқи ҳисобҳои астрономӣ санаи 20 март соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро мерасад. Одатан маркази қурси Офтоб дар ин лаҳзаи вақт аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ гузариш мекунад. Нуқтаи бурриши масири Офтоб (эклиптика) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ ё баробаршавии шабу рӯз меноманд. Ин лаҳза дар нимкураи шимолӣ ба оғози фасли баҳор ва дар никураи ҷанубӣ ба фарорасии фасли тирамоҳ гувоҳи медиҳад.

Тоҷикон Наврӯзро аз замонҳои қадим бо як шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз ҷашни баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ, боғдорӣ ва накӯкорию эҳсонкорӣ мебошад. Худ калимаи Наврӯз ба маънои “рӯзи нав” буда, дар оғози баҳор ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни оламафрӯз рамзи оғози соли нав аз рӯи тақвими офтобӣ буда, таҳаммулпазирӣ, ҳамоҳангӣ бо табиат ва идомаи анъана ва наслҳоро ифода мекунад.

Наврӯз ё баробаршавии шабу рӯз (нуқтаи эътидоли боҳорӣ) ҳамасола 20 – 22 март фаро мерасад, ки ин тафовут ба далели таъсири ҷозиба дар гардиши Замин аз ҷониби дигар сайёраҳо ба амал меояд. Инчунин бинобар сабаби бутун набудани миқдори шабонарӯзҳо дар давоми сол (365.2422 шабонарӯз), шабонарӯзи миёна (365 ё 366 шабонарӯз) истифода бурда мешавад ва вақти фарорасии Наврӯз, ки ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ алоқаманд аст, тағйир ёфта меистад. Офтоб дар яке аз ду нуқтаи буриши ҳамвориҳои экватори осмон ва эклиптика воқеъ гардида, аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Дар ин рӯз дарозии шабу рӯз баробар мешавад. Дар давоми сол Офтоб дар осмони ситоразор аз рӯи бурҷҳое, ки қад – қади эклиптика ҷой гирифтааст пайиҳам ҳаракат мекунад. Аз 88 бурҷҳои осмони ситоразор 12-тошон таърихан хоса мебошанд, ки онҳоро бурҷҳои зодиакӣ меноманд. Вале як чизро бояд қайд намуд, ки бархилофи тасаввуроти қадима, махсусан тасаввуроти астрологие, ки то ҳоло мавҷуд аст, Офтоб ҳангоми ҳаракати зоҳирии солонааш на аз рӯи 12 бурҷ, балки аз рӯи 13 бурҷ мегузарад, аммо гузариши Офтоб аз бурҷи Морафсо дар осори гузаштагонамон ба назар гирифта намешавад. Инчунин, муддати гузариши Офтоб дар ҳар бурҷ баробар набуда, вобаста ба андозаи бурҷ аз 7 рӯз (дар бурҷи Ақраб) то 45 рӯз (дар бурҷи Сунбула) сурат мегирад. Мувофиқи тасаввуротҳои муосир таҳвилёбии Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ ба нимкураи шимолӣ дар бурҷи Ҳут мувофиқ меояд. Бинобар сабаби ҳаракати тақдимӣ, ки аз ҳисоби претсесияи Замин ба амал меояд, нуқтаҳои эътидолӣ дар пасманзари осмони ситоразор ҳамасола ба андозаи 50.3" ҳаракат намуда, дар давоми 25771.6 сол як даври пурра мекунад. Ин ба он маъност, ки дар ҳар соли ситорагӣ фарорасии Наврӯз нисбат ба соли пешина тақрибан 20 дақиқаю 24 сония барвақттар ба амал меояд.

Ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб аз рӯи мадори элипс (байзашакл) мебошад, ки ин сабаби номунтазамии ҳаракати он ё ҳаракати номунтазамии Офтоб дар осмони ситоразор мебошад. Бо ин сабаб давомнокии ҳақиқии шаборӯзи офтобӣ тағйиёбанда аст. Ними роҳи солонаро Замин ҳангоми ба Офтоб наздик шудан (аз нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ то ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ) дар давоми 179 шабонарӯз ва ними роҳи дури аз Офтобро (аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ то ба нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ) дар давоми 186 шабонарӯз тай менамояд. Зеро ҳангоми Замин ба масофаи наздиктарин ба Офтоб ҷойгир шудан ҳаракати он нисбатан тезтар гардида, миқдори шабонарӯзҳо дар ин муддат кам ба мушоҳида мерасад, инчунин дар масофаи дуртарин аз Офтоб бошад, ҳаракати Замин аз ҳолати аввала нисбатан сустар мегардад ва миқдори шабонарӯзҳо зиёд мешавад. Ба ин мисол шуда метавонад, 23 декабр нисбат ба 16 сентиябр 51 сония дарозтар аст.

Инсон аз замонҳои қадим барои корҳояшон дар зиндагӣ ба вақти муайян ниёз доштанд ва асоси муайян кардани вақт ин ивазшавии шабу рӯз, ивазшавии фазаҳои моҳ дар осмон ва ивазшавии мавқеи Офтоб дар осмони ситоразор дар муддати сол буд. Аз ин рӯ зарурати омода намудани тақвимҳо пеш омад ва тақвими аввалине, ки сохта шуд, ин тақвими қамарӣ буд, зеро ягона ҷирми осмоние, ки зуд-зуд фаза (шакл)-и худро иваз менамояд ин Моҳ аст. Моҳ дар муддати 29.53 шабонарӯз он мавқеи худро аз як фаза ба фазаи нав ё аз як моҳ ба моҳи нав табдил медиҳад. Тақвими дигар, ки аз рӯи ҳаракати Офтоб вобастагӣ дорад, ин тақвими шамсӣ аст. Ин аз рӯи ҳаракати зоҳирии солонаи Офтоб дар осмони ситоразор мебошад. Тақвимҳое, ки мавриди истифода қарор доранд, инҳо тақвимҳои шамсӣ, қамарӣ ва шамсӣ-қамарӣ мебошанд. Дар Тоҷикистони тақвимҳои шамсӣ ва қамарӣ мустақиман мавриди истифода қарор доранд.

Тақвимҳои нисбатан саҳеҳтар мавриди амал қарор гирифт, бахусус тақвими юлиалӣ ва тақвими григорианӣ мебошад. Дар асл тақвими григорианӣ такмили тақвими юлиалиро медиҳад, ки пас аз оне, ки дар тақвими юлианӣ иштибоҳе ба мушоҳида расид ба ислоҳи он пардохтанд. Шабонарӯзи ҳақиқии офтобӣ, ки ба 365.2422 шабонарӯз баробар аст, аз ин рӯ мо наметавонем аз шабонарӯзи ҳақиқии офтобӣ истифода барем ва мо шабонарӯзи миёнаи офтобиро мавриди истифода қарор медиҳем. Бо ин тартиб давомнокии шабонарӯзҳо дар давоми 4 сол, як маротиба сол ба 366 шабонарӯз ва се сол ба 365 шабонарӯз баробар мешавад. Тақвимҳои дигар ҳастанд, ки аз тақвимҳои григорианӣ саҳеҳтар, ин тақвими Умари Хайём аст, ки дар замони давлати Салҷуқиён дар дарбори Маликшоҳ омода карда буд ва онро тақвими Ҷалолӣ ҳам мегӯянд. Саҳеҳии он нисбат ба тақвими григорианӣ якуним маротиба буда, он дар давоми 4500 сол як шабонарӯз ба хатогӣ роҳ медиҳад. Ин тақвим аз даври 33 сола бо 8 соли кабиса (бо изофаи як шабонарӯз фарқ аз солҳои оддӣ) иборат аст. Тақвиме, ки айни замон мавриди истифода қарор додаем, ин тақвими григорианист ва хатогии он дар муддати 3300 сол як шабонарӯзро ташкил медиҳад.

Экватори осмонӣ нисбат ба эклиптика таҳти кунҷи 23 градс ва 26 дақиқаи кунҷи аст ва ин сабаб мегардад, ки дар Замин фаслҳои сол ба вуҷуд биёяд. Ҳангоми ба нуқтаҳои эътидолӣ, яъне ба нуқтаи буриши экваторӣ осмонӣ ва эклиптика расидани Офтоб дар ин ҳолат кунҷи байни эклиптика ва экватории осмонӣ ба нол градс баробар мешавад. Аз ин рӯ дар тамоми кураи Замин миқдори шабу рӯз баробар гардида, бошандагони рӯи Замин 12 соати шабӣ ва 12 соати рӯзро мушоҳида мекунанд. Он рӯзро Наврӯз меноманд. Баъд аз рӯзи Наврӯз миқдори соатҳои рӯз бар шаб ғалаба мекунад. Нуқтаи эътидоли баҳорӣ нуқтаи сарҳисоб аст, ки дар астрономия ҳамчун нуқтаи сарҳисоб ва эътидоли координатаҳо буда, аз ҳамин нуқта сар карда мавқеи ҷирмҳои осмони муайян карда мешавад. Офтоб ҳангоми ҳаракат аз рӯи эклиптика аз чор нуқтаи муҳим мегузарад. Нуқтаи эътидоли баҳорӣ (20-22 март), инқилоби тобистона (20-21 июн), эътидоли тирамоҳӣ (22-23 сентябр) ва инқилоби зимистона (21-22 декабр) мебошад.

Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Пирова В.С. - таҳияи ходими калони илмӣ ва лаборанти калони Институти астрофизикаи АМИТ

“Мо аз умқи таърих набояд хокистар, балки шуъла бардорем. Таърих сабақомӯз аст ва ягон халқу миллат бе арҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба қадри истиқлолият ва ойини давлатдориаш расида наметавонад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз аз куҳантарин ва шукуҳмандтарин ҷашни миллии ниёкони аҷдодиамон маҳсуб меёбад. Маҳз ба шарофати кӯшишҳои гузаштагонамон, ки дар тӯли садсолаҳо ба харҷ додаанд, забону фарҳанг ва ҳувияти миллии мо - тоҷикон то - имрӯз пойдору устувор монд. Бо вуҷуди мушкилоти рӯзгор, харобкориҳо ва таъсиру фишори аҷнабиён, аҷдоди мо ин арзишҳои волои миллиро аз умқи ҳазорсолаҳо ба ояндагон ҳамчун ганҷи бебаҳо ба мерос гузоштаанд.

Наврӯз ҷашни баҳор ва эҳёи табиат буда, яке аз ҷашнҳои дӯстдоштатарини мардуми ориёитабор, ки аз қадимулайём аз гузаштагони дурамон ба мо мерос мондааст, маҳсуб меёбад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯзро на танҳо дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, балки дигар миллатҳо ҳам бо диду назари ҷадиду анъанаҳои хоси минтақаи худ таҷлил менамоянд. Мардуми тамаддунпарвару донишманди тоҷик аз замонҳои қадим иди Наврӯзро ҳамчун ҷашни оғози соли нав, рӯзи нав бо орзуву ормонҳо, бо дилу нияти нек, бо либоси идона истиқбол намуда, таманно менамуданд, ки пайю қадами соли нав бо файзу баракат шавад.

Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ - ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас - дар таърихи навини тоҷикон бо ҳамдигар пайванди амиқ пайдо кардаанд, зеро Наврӯз ҳамчун шиносномаи таъриху фарҳанги миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Аз ҷониби дигар, маҳз неъмати соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки Наврӯз бо ин ҳама шукӯҳу шаҳомат ва расму ойинҳои неку созандааш дар сарзамини мо дигарбора эҳё ва таҷлил гардад. Бино бар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифода аз суннату анъанаҳои неки миллиамон ба хотири шукуфоиву рушди кишвари азизамон ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ минбаъд низ талоши созанда намоем ва тамоми имконияту неруи худро ба бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон- равона созем (аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Наврӯз 2024).

Дар воқеъ, рӯ овардан ба ойинҳои ниёгон ва дубора эҳё намудани расму русуми аҷдодӣ бе муҳобот метавонад, дар тарбияи наврасону ҷавонон таъсири амиқ гузорад. Онҳоро аз шомил шудан ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои хатарзо даҳшатафкан эмин медорад.

Боиси сарфарозист, ки риояву дар ҳаёт татбиқ намудани расму ойинҳои наврӯзӣ барои ояндаи миллат ва бақои инсоният дастури нодиру беназир аст. Дар ҳақиқат эҳсоси ватандориву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегиранд. Зикр намудани он бомаврид аст, ки Наврӯзи имсола бо хусусиятҳои хоси худ аз дигар Наврӯзҳои ватани соҳибистиқлоламон бо он фарқ мекунад, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ, бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон, 21- уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муқаррар карда шуд, ки ин падидаи нек мебошад.

Лоиқи зикри хос аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаллу арзёбии масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба ояндаи инсоният муносибати дурбинона ва ҷиддӣ доранд. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва соли 2025-ро “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кард. Ҳамчунин, тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, аз соли 2025 ба баъд ҳар сол 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” таҷлил мешавад. Навиди дигар ин аст ва боиси ифтихору сарбаландии тоҷикони олам мебошад, ки бо мақсади гиромидошти суннатҳои миллӣ, эҳёи расму ойинҳои бостонии мардуми тоҷик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардидааст, ки бар тибқи он ҳар сол 1-уми июл “Иди Тиргон” ҷашн гирифта мешавад. Мардуми тамаддунофару соҳибдили тоҷик минбаъд низ суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии “Сада”, “Наврӯз”, “Тиргон” ва “Меҳргон” - ро бо тамоми нозукиҳои хоси ориёӣ пос дошта, ба наслҳои оянда ба мерос мегузорад.

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалии оламафрӯз барои баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ, аз нав эҳё намудану ба замони муосир мутобиқ намудани расму ойинҳои ниёгонамон заминаи боэътимод мегузорад.

Наврӯзатон фирӯз бод,

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, - ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

qwewqeТоҷикон аз қадим мардуми фарҳангофар, тамаддунсоз, соҳибдавлат буда, бунёд ва таҷлили ҷашнҳои мавсимӣ ё тақвимӣ аз арзишҳои пурэъҷози онон маҳсуб меёфт. Онҳо зери мафҳуми ҷашн амали сутудан, парастидан, ниёиш, анҷоми расму ойинҳои динӣ ва анъанаҳои миллӣ, баргузории базму сурро, ки ба инсонҳо хурсандӣ, шодӣ ва тараб меовард, мефаҳмиданд. Махсусан, ба ин ҷашнҳои мавсимӣ чор ҷашни бостонии ниёконамон, ки онҳоро донишмандон ба чаҳор подшоҳони зиндагисоз ва фарҳангустари Пешдодиён: ҷашни Садаро ба Ҳушанг, ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед, ҷашни Тиргонро ба Ораши камонгир ва ҷашни Меҳргонро ба Фаридун нисбат медоданд, шомил мешуданд.

Дар мавриди таърихи пайдоиш, анъанаву суннатҳои ин ҷашнҳо аз қадим то ба имрӯз иттилоъ ва маводи фаровон захира шудааст, ки як кохи бегазандро ташкил дода, тамоили ҳувиятшинохтӣ доранд. Бо вуҷуди ин, ҷанбаҳои мухталифи онҳо пурра таҳқиқ карда нашудаанд. Тақозо мегардад, ки вобаста ба тағйироту дигаргуниҳое, ки дар ҷомеаи имрӯзаи инсонӣ рух медиҳанд, андешаи нав, диди тоза доир ба ҳикмати ҷомеасозӣ ва зиндагиофарии ин ҷашнҳо баён карда шаванд.

Бояд зикр дошт, ки аз ҷанбаи фалсафӣ ҳар як ҷашни аҷдодиамон як унсурро, ки таркиби чор унсурро ташкил медиҳанд, ба сифати унсури зиндагиофар ва ҷомеасоз эътироф гардад:

- дар ҷашни Сада унсури меҳвари оташ маҳсуб меёбад, ки рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, гармӣбар сардӣ мебошад;

- дар ҷашни Наврӯз унсури асосӣ хок (замин) пиндошта мешавад, ки покиза нигоҳдорӣ ва коркарди дурусти он маншаи фаровонии ҳосил мегардад.

- дар ҷашни Тиргон об ба сифати унсури ҷавҳарӣ эътироф карда мешавад, зеро дар фасли гармо, рӯзҳои тафсони тобистон об ва бориши борон ба фаровонии ҳосил мусоидат менамояд;

- дар ҷашни Меҳргон унсури муҳим ҳаво эътироф мешавад. Ин ҷашн даврае, таҷлил карда мешавад, ки гармои тафсони тобистон ҳарорати худро паст карда, ҳавои мусоид ва файзбахши тирамоҳ ҷойи онро иваз менамояд ва ғайра.

Ин хусусиятгирии ҷашнҳои аҷдодӣ аз он далолат мекунанд, ки чор унсур асоси пайдоиши ҳаёт, пайвандгари силсилабандии фаслҳои сол, фаровонгардии неъматҳо барои инсонҳо мебошад. Бинобар ин, ҷашнҳои аҷдодии мо моҳиятан тақвимӣ, тарғибгари фарҳанги кишоварзӣ, ташаккулдиҳандаи фазилатҳои ахлоқӣ ва диди зебоипарастии мардум ба ҳисоб мераванд.

Мувофиқ ба сарчашмаҳои таърихӣ калимаи «наврӯз» дар забони форсии қадим ва миёна (паҳлавӣ) дар шакли «нукруч», «науграуч» ё «наугруз» шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Бо забони имрӯзаи тоҷикӣ он маънои рӯзи навро ифода мекунад, ки дар арсаи байналмилалӣ маҳз бо ҳамин номи тоҷикиаш, ки ба забонҳои туркӣ ва ғайри онҳо ягон қаробате надорад, истифода бурда мешавад.

Дар бораи пайдоиши Наврӯз байни муҳаққиқон андешаҳои гуногун вуҷуд дорад. Дар ин бобат китобу таълифоти зиёди ҷудогона ба нашр расида, нуктаи назари донишмандон мавриди таҳлилу муқоиса қарор гирифтаанд, ки зикри муфассали онҳо таҳқиқоти комили алоҳидаро талаб мекунад. Аммо мувофиқ ба маълумоти сарчашмаҳои муътамади таърихӣ мебояд ба он андеша бештар такя кард, ки ҳақиқатан мардумони тоҷику форс Наврӯз гуфта, рӯзеро меномиданд, ки он рӯз Аҳурамаздо олами ҳастиро офарид. Маънои Наврӯз - рӯзи нав, расидани Офтоб ба аввали бурҷи ҳамал, оғози фасли баҳор мебошад.

Дар осори хаттии аҳди Сосониёнбаромади ҷашни Наврӯз бевосита ба шоҳи пешдодиён - Ҷамшед иртибот дода мешавад. Баъдан ин нуктаро донишмандони бузурги тоҷику форс, аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигарон тасдиқ намуда, нисбати пайдоиши ҷашни Наврӯз ва ба шоҳ Ҷамшед рабт доштани он маълумоти дақиқ додаанд. Масалан, Умари Хайём дар китоби “Наврӯзнома”-и худ менависад, ки Ҷамшед рӯзеро дарёфт, ки Офтоб баъди 365 шабонарӯз ба «рубъи аввали дақиқаи Ҳамал» баргашт. Бо ин далел ӯ тақвим ё худ солшумории офтобӣ сохта, рӯзи нахустини бозгашти Офтобро ҷашн гирифт. Пас, аз он давра то ҳоло ин рӯз Наврӯз ном ниҳода шуд ва ҳамчун оғози рӯзи нав, эҳёи табиат, рӯзи шуруъи шукуфтану рустаниҳо таҷлил карда мешавад. Абурайҳони Берунӣ низ қайд мекунад, ки Ҷамшед рӯзи нахустини бозгашти Офтобро рӯзи наҷот аз нестӣ ҳисобида, онро Наврӯз номид [Ризо Шаъбонӣ. Одоб ва русуми Наврӯз. - Душанбе: Пайванд, 2008.-С.27] Табарӣ низ Наврӯзро ба давраи подшоҳии Ҷамшед мансуб медонад.

Воқеан, фалсафаи Наврӯз ифодакунандаи мавзуҳое мебошад, ки шаклан ва мазмунан бо фитрату офариниши инсон тавъаманд. Чунки Наврӯзро рӯзи тавлиди сайёраи Замин ва тулуъи Офтоб, меҳвари чархи гарданда, ки субъекти фаъолаш инсон мебошад, меноманд. Дар робита бо ин, ойинҳои наврӯзӣ инъикоскунандаи мавзуҳои ҳастӣ ва нестӣ, мақоми инсон дар ҷомеа, риояи принсипҳои адолати иҷтимоӣ, идеяи бозгашт ба оғоз ва ғайра ба ҳисоб мерафтанд. Ин мавзуҳо дар расму ойинҳои ҷашнӣ, аз ҷумла ҳафт син, фраваршиҳо, бозгашт ба оғоз ва Фарри каёнӣ таҷассум мегардиданд. Махсусан, «ҳафт син» ифодакунандаи масъалаи офариниши олами ҳастӣ аз тарафи Аҳурамаздо, офариниши шаш гавҳари муқаддасро бозтобӣ мекунад.

Ҳамзамон, додгустарӣ, адолат ва қомуси илму маърифат низ реша аз Наврӯз мегиранд ва инкишофу таназзулашон низ алоқамандии зич бар Наврӯз доранд. Аз ҷумла, агар пайванди ногусастании инсон бо табиат рамзи пойдории Наврӯз бошад, пас инсон бо баробари поён ёфтани шабҳои сарду дилгиркунандаи зимистон ва омадани баҳор дардҳои кӯҳнаро аз қалб ва фикрҳои ғаразнокро аз тафаккур берун мекунад. Бо амали неки расми хонатаконӣ вай бо табиат ҳамроҳ мешавад. Тақвими қадимаи наврӯзӣ ба ворисони имрӯзаи ориётабор дар мисоли толеънома, пешбинии ояндаи нисониятро бозгӯ менамояд.

Дар масири таърихи таҳаввули инсоният ҳарчанд Наврӯз бо чанд дину мазҳабҳои гуногун рӯ ба рӯ гардид, вале бо ҳар кадомашон мувофиқа мекард, аз ин лиҳоз, барои Наврӯз қавми арабу дини Ислом низ бегона набуд. Чӣ тавре ки муаррихи эронӣ Ризо Шаъбонӣ дар ин хусус менависад: «Аъроб иди Наврӯз ва иди Меҳргонро аз куҳантарин замонҳо мешинохтанд. Аз ҷумла, Олусӣ навишта буд, ки «мардуми Мадина пеш аз ислом ду ид доштанд: Наврӯз ва Меҳргон ва чун Расули акрам (с) ба Мадина омад, бар одобу русуми эшон дар ин ду ид огоҳ шуда, гуфт: «Худои таборак ва таъоло ба ҷои ин ду ид беҳтар аз онҳоро барои шумо арзонӣ доштааст, ки явмулфитр ва явмуннаҳр аст», ин амр нишонаи он аст, ки аъроб бо эрониён улфати куҳан доштанд ва ҳатто дар бархе аз мазоҳири маданӣ аз онон пайравӣ мекарданд» (Р.Шаъбонӣ. “Одоб ва русуми Наврӯз”// Пайванд. -Душанбе, 2011, саҳ. 143).

Дар замони давлатдории хилофати Уммавиён (661-750) низ бо мақсади дар байни мардумони Варорӯд пайдо намудани обрӯ ва пешниҳоди ҳадяҳои беҳисоб, ки ба таври яқин даромади муфту ғанимат ҳам ба хилофат ҳисоб меёфт, барои гузарондани иди Наврӯз муқобилат намекардаанд.

Дар ин маврид андешаҳои гуногун аз ҷониби донишмандон матраҳ шудааст. Аз ҷумла, пажуҳишгари эронӣ Муҳаммадризо Тоҷдинӣ менависад: «Дарборҳои нахустини халифаҳои ислом ба Наврӯз эътиное надоштанд ва ҳатто ҳадяҳои ин ҷашнро ба унвони хироҷи солона мепазируфтанд. Вале хулафои уммавӣ барои афзудани даромади худ, ҳадяҳои Наврӯзро маъмул донистанд ва амирони онҳо барои ҷалби манфиатҳои худ мардумро ба ҳадяҳои наврӯзӣ ва эҳдои туҳфаҳо даъват мекарданд. Вале баъдҳо ин маросим аз тарафи халифаҳои уммавӣ дигар ба баҳонаи гарон омадани эҳдои туҳфаҳо бар мардум аз байн бурда шуд. Вале дар тамоми ин муддат, эрониён маросими ҷашни Наврӯзро барпо медоштанд ва дар замони хилофати Аббосиён (750-1258) ва дар натиҷаи зуҳури Абумуслими Хуросонӣ ва рӯйи кор омадани халифаҳои Аббосиён ва нуфузи Бармакиён (Оли Бармак) ва дигар вазирони эронитабор ва ташкили силсилаи давлатҳои Тоҳириён ва Саффориён ва ба вижа Сомониён ҷашнҳои мардуми таҳҷоӣ, аз ҷумла Наврӯз равнақ ёфтанд» (faraj.tj/index/php/tj/tarikh/13408-sajri-ta-rikhii-navr-z-dar-eron.html).

Ҷашни Наврӯз дар замони Сомониён мавқеи хоссаро пайдо карда буд. Наврӯзро бо тамоми ҷузъиёташ Сомониён таҷлил менамуданд. Дар эҷодиёти шоирони он давра низ васфи баҳору Наврӯз хеле бо нафосату рангин тасвир меёфт. Баъд аз асрҳои XII-XIII якбора бо иллати вусъат ёфтани идеологияи хурофотии руҳониёни мутаассиб ва ҳимояти онҳо аз ҷониби амирони қабоили турк илму фарҳанг тадриҷан рӯ ба завол меовард. Ҳатто барои таҷлили ҷашни Наврӯз ҳам бисёр монеаҳо эҷод мегардад, вале мардуми таҳҷойӣ - тоҷикон нагузоштанд, ки ин падидаи фарҳанги миллиашон нобуд шавад ва аз саҳифаи таърих нопадид гардад.

Дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон баргузории ҷашни Наврӯз дар сатҳи давлатӣ мамнӯъ гардида буд. Он танҳо чун ҷашни мардумӣ дар минтақаҳо бо баробари фарорасии фасли баҳор ва мавсими кишту кор таҷлил карда мешуд. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлол ва таъсиси давлатдории миллӣ мардуми тоҷик Наврӯзро ҳамчун ҷашне, ки аз зиндашавии табиат дарак медод, чун ҷашни зиндагисоз, ки покизагиву оростагӣ, ваҳдату сарҷамъиро дар байни инсонҳо талқин мекард, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт ва бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин падидаи фарҳангиро ба рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ҳамчун бозёфти нодири тоҷикон дохил карданд, ки имрӯз он хусусияти байналмилалӣ касб кард.

Наврӯз ҳақиқатан куҳантарин ҷашни аҷдодии тоҷикон, арзиши волои фарҳангии ин миллат аст, ки бо мазмуни фалсафӣ гирдгардии даврии табиат, зиндашавӣ, шинохти воқеии олами ҳастиро ифода мекунад. Падидаи воқеии кайҳонӣ буда, аз фарорасии фасли баҳор, сабзишу наврустани сабзаву растанӣ, айёми кишту кори деҳқонӣ пайк медиҳад, маншаи ташаккули фарҳанги ахлоқӣ-зебоипарастӣ, покизакорӣ ва ободкорӣ мебошад.

Аз ин рӯ, аз ин фаҳмиши чаҳор хусусиятгирии фалсафии Наврӯз мушаххас мегардад:

1) гирдгардии даврии табиатро бозгӯ мекунад;

2) шинохти воқеии олами ҳастиро ифода медорад;

3) пайкест аз фарорасии фасли баҳор, айёми шукуфтану рустанҳо;

4) манбаи ташаккули фарҳанги ахлоқӣ-зебоипарастӣ, покизасозию ободкорӣ дар ҷомеаи инсонист.

Ҳамзамон, мазмун ва моҳияти фалсафии Наврӯз дар он ифода меёбад, ки ин ҷашн ҳанӯз аз аҳди қадим ба ягон дину мазҳаб, идеологияи расмӣ вобастагӣ надошт, балки такя ба қонунҳои табиат мекард ва рамзу суннатҳои он ба зуҳуроти табиат робитаи мустақим доштанд. Махсусан, ҳифз кардани обу оташ ва ҳавою хок ҳамчун унсурҳои зиндагиофар, дуруст коркард ва истифода бурдани замин, оғоз намудан ба парвариши анвоъи гуногуни зироат ва ғайра аз идеяҳои зиндагисози ин ҷашн маҳсуб меёфтанд.

Ба фаҳмиши дигар, Наврӯз дар худ ақидаҳои космологии аҷдодони гузаштаро, ки аз идеяҳои созандаи фарҳанги ориёӣ ба ҳисоб мерафтанд ва минбаъд онҳо дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ нақши муассир бозиданд, таҷассум медошт. Суннатҳои Наврӯз бошанд, хотираи зиндаи таърихи тоисломии мардуми тоҷик буданд.

Ҳамин тавр, дар асоси ин чанд далели тасдиқкунанда месазад чанд нуктаи муҳимро зикр намуд, ки воқеан Наврӯз ба ҳаёти маънавии инсоният, бахусус халқҳои ҳавзаи он як таҳаввулоти ҷиддиеро ворид кард:

1. Дар арсаи вусъати тоза касб кардани бархӯрди тамаддунҳо ва аз байн рафтани арзишҳои моддию маънавӣ Наврӯз дар асл падидаи муттаҳидкунанда, пайвандагари қавму халқиятҳо мебошад. Даъвати инсонҳо ба ваҳдату ҳамзистӣ, ба роҳ мондани ҳамкории тарафайн, вусъат додани раванди муколамаи фарҳангҳо аз тамоили умумибашарӣ доштани рамзу суннатҳои Наврӯз далолат мекунад. Бинобар ин, арзиши умумибашарӣ касб кардани суннатҳои Наврӯз нагузошт, ки он ҳамчун бозёфти фарҳангии тоҷикон новобаста аз монеаҳо ва бархурдҳои фарҳангӣ вижагии ҷомеасозӣ, зиндагиофарии худро аз даст диҳад, балки ба он мусоидат кард, ки арзишҳои он насл ба насл мерос монда, шиори фараҳмандкунандаю хушояндро дар байни халқиятҳо бо мазмуни “Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!” вирди забонҳо гардонад.

2. Мафҳумҳои калидии ба Наврӯз тавъамбуда – сулҳ, ваҳдат ва тозакорӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, Наврӯз ғояи сарҷамъ кардан, ба ваҳдат овардани инсонҳоро ташвиқ мекунад. Бинобар ин, ваҳдати мардумони ҷаҳон ва тоҷикони бурунмарзӣ аз беҳтарин кӯшишҳоест, ки ҳангоми таҷлилии ин ҷашн ба эътибор гирифта мешавад. Аз ин рӯ, ташаббуси тоҷикон бо ҳамзабонони худ дар мавриди ба ҷашни байналмилалӣ табдил додани он дуруст ва мантиқӣ мебошад. Ба он хотир, ки ба маънии куллӣ “Наврӯз – намоди сулҳ аст”.

3. Суннатҳои наврӯзӣ: маҳалҳо, манзили зистро аз чангу ғубор, ифлосӣ тоза кардан, либоси тозаву идонаи ба фарҳанги наврӯзӣ мувофиқ ба бар кардан, ҳашарҳои ҷуйбортозакунӣ, ниҳолшинонӣ, ободонии боғу гулгаштҳо, нармкунии бехи дарахтон, ташкилу баргузор кардани бозиҳои варзишӣ аз қабили гуштингирӣ, бузкашӣ, дави миллӣ, мусобиқаҳои велосипедронӣ, баргузор кардани намоиши муаррифии либосҳои миллӣ, ташкили озмунҳои ҳунарӣ ва касбӣ, ки зимнан рӯҳияи маънавиятгустарӣ ва зебоипарастӣ доранд ва ғайра барои ташаккули фарҳанги экологӣ, зебоишиносӣ, беҳдошти саломатии инсон, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, дар маҷмуъ ҳаёти солими ҷомеаи инсонӣ асари нек доранд;

4. Наврӯз – муҳаббату ба ҳам меҳрубон будани инсонҳоро тарғиб мекунад. Бо ин шева дӯстиро байни аҳдбастагон қавӣ мегардонад, кинаандӯзию ба ҳамдигар муносибати хусуматомезонадоштаро сифати ношоистаи инсонӣ мешуморад. Бо суннати инсоншинохтии худ талқин менамояд, ки нафароне, ки то имрӯз бо сабабе бо ҳам қаҳрӣ ҳастанд, дар рӯзи ҷашни Наврӯз бидуни ҳеҷ баҳонае оштӣ шаванд, аз гуноҳи якдигар гузашт кунанд. Ошиқон бошанд, бо тақдими гул изҳори муҳаббаташонро боз ҳам ошкоротар баён намоянд, аз қудрати бузурги Наврӯз, ки метавонад одаму оламро ба кулли тағйир диҳад, илҳом гиранд.

5. Наврӯз - куҳантарин ҷашни аҷдодии тоҷикон мебошад. Бинобар ин, имрӯз аз дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Тоҷикистон онро бо иҷро ва риояи тамоми рамзу суннатҳояш хубтару беҳтар ва дар сатҳи давлатӣ таҷлил мекунанд, ки ин амал ба василаи боло бурдани ҳувият ва худшиносии миллии мардуми тоҷик ва ифтихор доштан аз гузаштаи миллат мусоидат карда истодааст. Махсусан, ҷашни Наврӯзро рамзи эҳёи табиат ва тамоми мавҷудоти ҷаҳон медонанд. Бо расми хонатаконӣ мардум дар аёми Наврӯз ҳавои наврӯзӣ ва баҳориро ҳамроҳ бо шӯру шодӣ ба хонаҳои худ меоваранд. Ба маънои дигар, бо зоҳир ва ботини пок ба рӯзу соли нав ворид мешаванд. Кӯдакону занон ва духтарон либоси нав ва рангоранг мепӯшанд ва ба ин ҷашн шукуҳу ҷалол меафзоянд.

Агар ғизоҳои маъмули наврӯзӣ - суманак, кочӣ, бот ё ҳалво, шир ба изофаи равған, боҷ ё далила ва ғайра, ки аз гандум, орд ва шир тайёр карда мешуданд ба неруи нав ба зиндагӣ бахшанд, пас иҷрои намуди бозиҳои наврӯзӣ: алвончак, буҷулбозӣ, санчиқ ё қолбозӣ, кабкҷанг, хурӯсҷанг, тухмҷанг, бузкашӣ, гуштингирӣ ва ғайра завқи эстетикии мардум, хусусан насли наврасу ҷавонро тақвият медоданд. Дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон суннатҳое мисли оташафрӯзӣ ва ё «аловпарак» низ роиҷ буд, ки мардум зимни иҷрои ин расм аз болои оташ парида, бо овози баланд садо мекарданд, ки «сурхии ту аз ман ва зардии ман аз ту». Ҳамзамон, тифли навтаваллудшударо, ки ба рӯзи ҷашн мувофиқ меомад Наврӯз ном мениҳоданд.

6. Дар баробари рамзу суннатҳои қаблан зикршуда вижагирии дигари Наврӯз он буд, ки мардуми тоҷик Наврӯзро иди кишоварзон эътироф мекарданд. Зеро аз ин рӯз шурӯъ карда, деҳқонон ба кишту кори баҳорӣ оғоз мекарданд. Тавассути ҷуфти гов донаи аввалинро ба замини кишт карда, ин расмро чуфтбаророн меномиданд, ки то имрӯз дар минтақаҳои куҳистони кишвар ин анъана ба шукуҳу шаҳомати хосса баргузор карда мешавад.

7. Наврӯзро тоҷикон на танҳо бо хондани шеър ва сароидани таронаи идона, иҷрои рамзу суннатҳои дерина, балки тавассути ороста доштани дастурхони ҷашнӣ бо тантана таҷлил мекарданд. Хони наврӯзӣ бо гузоштани анвои гуногуни мева, сабза, тасвири ҷонварон ва ашёҳои рангоранг, ки ҳар кадом рамзе аз ойини наврӯзӣ ҳаст оро дода мешуд, ки ҳақиқатан диққатҷалбкунанда буда, аз фарҳанги баланди дастархондории тоҷикон далолат мекард.

8. Ранги сафед бошад, барои тоҷикон ранги аслии ҷашни Наврӯз маҳсуб меёфт, зеро шоҳони Сосонӣ дар бомдоди рӯзи Наврӯз бози сафед ба ҳаво сар медоданд ва бо хӯрдани шири навдӯшида рӯзи худро оғоз мекарданд. Ё худ ранги сафедро - рамзи покӣ, тозагӣ, сулҳ, ва осмони соф меҳисобанд. Анвоъи ғизо, ашё, пӯшок ва ороиши хонаҳои мардум низ ҷилои ранги сафедро доштанд. Либоси ба баркардаи духтарон низ аз матои ранги сафеддор дӯхта мешуд. Анвоъи ғизои рӯйи хони наврӯзӣ гузошта, низ ранги сафед доштанд. Масалан, шакар, панир, мост, ғизоҳои аз шир ва биринҷ таҳияшуда, аз маҳсулоти гӯштӣ бештар гӯшти мурғ ва моҳӣ, аз меваҷот: себ, сир ва санҷид, ки мағзи сафед доштанд ва ғайра.

Дар маҷмуъ, дар таърихи фарҳанги тоҷикон ҳеҷ падидаи фарҳангие ба мисли ҷашни Наврӯз дорои шумори рамзҳо ва суннатҳои ба ин андоза ғанӣ нест. Наврӯз падидаи комилан мифологӣ ва мазҳабӣ нест, балки як фарҳангест муназзаму том ва пеш аз ҳама падидаи табии кайҳонӣ, рамзи бозгашт ба фасли нави зиндагӣ, оғози кишту кори баҳорӣ мебошад. Барои он ҳамчун ҷашни тақвимӣ, парастиши замин, экологияи он ва умуман экологияи табиат муҳим аст. Аз ин рӯ фалсафаи Наврӯз - фарҳанги ҳувиятсоз буда, фазои олами моддӣ ва маънавии мардумро муайян менамояд, ба вай рӯҳияи оптимистӣ эҳдо менамояд. Зеро инсон бо тамоми арзишҳои созандаву гуманистиаш дар фикри ривоҷ додани арзишҳои Замин мебошад.

Наврӯз - нишоне аз ғолибияти нур бар зулмат, рамзи офариниши дубораи табиат, эҳёи баҳор, муждаи шукуфа ва бориши борон, ҷашни кишту кор, паёмовари ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ, нишонаи ҳуввияти фарҳангӣ ва миллӣ мебошад. Наврӯз - давоми муборизаи умумимиллӣ барои мондагорӣ ва рушди фарҳанги миллист. Он пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи мардумони ҳалқаи наврӯз мебошад.

Бобоҷон Самиев - мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

213123Дар ҷашну маросимҳо ва расму оини мардум арзишу муқаддасоте таҷассум ёфтаанд, ки нишонагари ҳувияти этникӣ ва равонии он буда дар дохили гуруҳи этникӣ нақши муттаҳидгар ва аз нигоҳӣ берунӣ- фарқкунандаи онанд. Махсусан дар этногуруҳҳои бостонӣ ин расму оин ва ҷашну маросим шакли архетипҳои қавӣ - яъне сохторҳои ирсии равонии инсон, ки муҳтавои "бешуурии ҳайатии" умумиинсонӣ ва ногаҳон тафаккур ва рафтори инсонро муайян менамоянд, мегиранд. Онҳо интиқолдиҳандаи хусусияти этникӣ буда бо рамзҳои муайян ифода мегарданд. Наврӯз он ҷашнест, ки дар он аз бостон кулли архетипҳои бостонӣ таҷаммуъ гардида аз қадим то ба ин рӯз ҷовидон ва мавриди истифодаанд. Рамзиёти Наврӯзӣ хеле гуногунҷабҳаву сермазмун буда ифодагари мазмунҳои амики бо дирузу имруз ва фардои миллат вобаста мебошанд.

Дар ҳама давру замонҳо дар қатори дигар рӯйдодҳои фараҳбахши зиндагии мардум аз ҳама муҳимаш фарорасии баҳор буду ҳаст ва ин падида боқӣ мемонад. Мардум онро бо тарзҳои гуногун ҷашн мегирифтанд, вале ҳамагон онро ҳамчун иди эҳёи табиат ва тантанаи зиндагӣ, умед ба соли пурфайзу пурсамар қадр мекарданд. Фалсафаи Наврӯз аз он ҳикматҳои муҳими ҳаётиест, ки пайванди инсонро бо табиат ва ҳодисоти табиӣ мустаҳкам намуда роҳи ҳаёти нек ва таъмини ояндаи умедбахшро ато менамояд. Руй овардан ба унсурҳои табии обу оташ, замину ҳаво, нуру офтобу гармии он, мушоҳида аз фаслу мавсимҳои табии ва донистани ҳикмати онҳо, дар шакли устуравӣ тасаввур кардани онҳову дар тасвиру ороиш, мафҳумҳои эстетикӣ ифода намудани унсурҳои табиӣ натанҳо барои ҳаёти инсон зарур аст, балки таъмингари ояндаи бани башар ба шумор меравад.

Рамзиёти Наврӯзӣ ба замоне мансуб аст, ки ҳануз хат вуҷуд надошт ва асотири марбут ба он дар шакли шифоҳӣ ва нақшу нигор, мусиқбву рақс ифода мегардиданд. Дар онҳо он мазмуну донишҳо-маълумоте, ки оид ба ҳастии моддиву маънавии мардум ба даст омада буданд, таҷассум ёфта аз насл ба насл интиқол меёфтанд. Бинобар ин ҷашну маросимҳои гунаи Наврӯз муҳимтарин воситаи интиқоли донишу таҷрибаи қадимтарини мардум оид ба ҳаводиси табиат, сарчашмаи ҳастӣ, чистии аносири табиӣ ва чигунагии он ва ғ. аз давраи бостонӣ то имруз ба ҳисоб меравад.

Наврӯз бо гардиши афлок ва кавокиб пайваста аст ва заминаи космологӣ низ дорад. Ногуфта намонад, ки дар даврони бостон бо шинохти ситораҳо афкори асотириву динӣ низ марбут буда аст. Масалан дар зардуштия Муштариро бо Аҳурамаздо яке медонистанд ва дар ин худошиносӣ маърифат ба ҳақоиқ, кашфу шуҳуд бо таҳзиб ва тазкияи нафс ва пиростани он аз аносири дахил ва ороиши он ба нури азалӣ ва ишроқ вобаста карда мешавад.

Рамзиёти Наврӯз хеле гуногунранг буда аз фалсафаи он ва ҳифзу нигаҳдории маънову муҳтавои амиқи миллӣ дар тули қарнҳо, меросбарии арзишҳо ва аз даст надодани онҳоро дарак медиҳад. Дар рамзиёти наврузӣ раванди муҳими ташаккули тафаккури фалсафии миллӣ, яъне аз асотир ва тасаввуроти моддӣ - воқеӣ ба абстраксияву тасаввурӣ - фалсафӣ мубаддал гардидани он ифода ёфтаанд. Раванди мазкур ифодагари мураккабшавии тасаввуроти инсон ва донишҳои он дар бораи ҳастӣ, сохтордиҳии тарҳҳои мантиқӣ-маъноӣ ва эъмори муҷассамаҳои маъноии конгинтивӣ мебошад.[1]

Пеш аз ҳама дар Наврӯз гардиши абадии олам таҷассум ёфтааст. Бозгашт ба асл ё абадӣ аз ҷумлаи қадимтарин донишҳои башар буда, тавре Мирча Элиаде таъкид дорад, аз устураҳои Байнаннаҳрайну Бобул сарчашма мегирад.[2] Он аз қавси сууд ва қавси уруҷ иборат буда бозгашт ба асли хеш, яъне Офаридгорро ифода менамояд. Ба ибораи Мавлоно- Ҳар касе, ки дур монд аз асли хеш, бозҷуяд рузгори васли хеш.[3] Навруз пеш аз ҳама рамзи бозгашт ба асл, ки поку беолоиш ва соф буда минббаъд бо афзошиш замон ғашноку ифлосу олуда шуда аст, мебошад. Дар ин архетип, ки давраи сарбаста аст, дар баробари маънои зоиш-марг нуҳуфта аст, ки боз ҳам ба ҳаёт мубаддал мешавад. Инчунин Наврӯз бо “бозгашт ба офариниш” ва ё чархи гардун марбут аст. Ин рамз то ҳануз дар ҳамаи офаридаҳои мардуми тоҷик чун рамзи асосӣ истифода мешавад, аз ороиши либос дар кашидадузии чакану тоқиву руймоли миён, ҷиҳози хона то нақшу нигоҳи тавақу косаву пиёла ва хонаву дигар. Аз як ҷиҳат рамзи мазкурро бо офтобу гармӣ ва аз ҷиҳати дигар бо гардиши фалак марбут медонанд. Ягонагии мазмунии ин архетип бо рамзиёти Ҳинду Чин ва Бобулу

Бо офтоб вобаста кардани рамзи чарх бо донишҳои космологии ориёиён марбут буда гардиши офтобро дар чаҳор фасли сол ва ивазшавии фаслҳо ва дараҷаи гармои офтобро ифода менамоянд. Чархаи дувоздаҳрузаи Навруз низ ишора ба гардиши соли дувоздаҳмоҳа аст, ки оғоз ва анҷоми солро таҷассум карда аст.

Фалсафаи Наврӯз аз ҷумлаи аносири табиӣ оташро баргузида, мефармояд, то оташи ҳаётбахш бо чубҳои пок барпо дошта шавад. Ин фармуда ба ин маънӣ аст, ки мо бояд ҷараёнҳои ҳаётии танро фақат бо хӯрокҳои табиӣ, ки пеш аз он барои нирӯи зисти инсонӣ муносибат дошта ва шоиста буда, бипарварем (ва зеҳн ва андеша ва дарёфтҳои волои фикриро, чунон ки Зардушт худ ба вузуҳ мегуяд, аз нури холис ва оташи беғаш борвар созем. Наврӯз тараннуми покиву сафо, равшаниву гармӣ, фаъолнокиву кор ва мазаммати касифиву торикӣ, сардиву зулмот, танбаливу бекорӣ буда барои вусъат додани неруи инсон дар муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб дар сароғози баҳории сол таҷлил мегардад. Ҳар гоҳ касе ба кажандешӣ ва бероҳагӣ андар шуд, фарри яздонӣ ё нуру фуруғи илоҳӣ варо тарк мекунад, чунон ки Ҷамшедро тарк гуфт ва ба касе, ки шоиста аст, дарун шуда мепайвандад, чунон ки ба Зардушт андар шуд ва ба Ардашер расид), оташ - кинояи намод ва нишонвораи покӣ ва руҳонияти одамӣ аст.[4] Арҷгузории оташро, ки дар ин айём анҷом дода аз Сада то Наврӯз идома медиҳанд, мавриди мулоҳиза қарор дода Дақиқии бузург онро бо асотири маъруфи замонаш мепайвандад ва чунин меангорад:

Яке миҷмар оташ биёвард боз

Бигуфт аз биҳишт оваридам фароз

Ҷаҳонофарин гуфт бипзир ин

Нигаҳ кун бадин осмону замин

Ки бе обу хокаш баровардаем

Нигаҳ кун баду фош чун кардаем

Нигар то тавонад чунин кард кас

Магар ман, ки ҳастам ҷаҳондору бас...

Дар Наврӯз он арзишу тимсол ва амалу ҳаракоте арҷгузорӣ мегардад, ки барои рушду нуму, сабзишу инкишоф, зебоиву хушнудӣ, сафову покӣ, равшаниву гармӣ муосидату ёрмандӣ намоянд, чӣ аносир бошанду наботу ҳайвон, ва чӣ расму оини бо ин арзишҳои пайваста. Рамзи он муқобилгузории некӣ ба бадӣ, маърифат ва шинохти асҳоби ростини тафаккур ва андеша ба ҷаҳолату нодонӣ, равшанӣ ба ҳуқд ва буғзу таассуб ва каҷравиро нишон медиҳад. Бинобар ин таҷлили Навруз – ин ҷашни аҷдодӣ, бо он, ки анъаноти бостонии марбут ба даврони асотириро ҳифз намудааст, дар худ таъсири давраҳои гуногуни тамаддуни мардуми ориёӣ ва дигар қавму қабоили парастандаву арҷгузори Наврузро таҷассум менамояд. Навруз бо ин хусусияти худ муттаҳидгари ҷомеаву тамаддунҳост, ки имрӯз бо номи Ҳавзаи парастиши Навруз маъруф гардида бо рисолати ҷашни арҷгузорӣ ба бедоршавии табиат доштани худ, бо орои умуми кишварҳои узви Созмони милали муттаҳид ҷашни байналмилалӣ шинохта шудааст.

Рамзҳои зооморфӣ (хайвонотпарастӣ) ва баъзе аломатҳои марбут ба фарорасии баҳор меравад. Дигар вижагии Навруз он аст, ки вобаста бо кавокиб ва гардиши фалак аст, ба маъное, ки сароғози сол ва баробарии шабу рузро дар баҳор нишон медиҳад. Ин замон аз муҳимтарин гоҳҳое ба шумор меравад, ки дар тайину дақиқан муайян намуданаш донишмандони мунаҷҷиму ситорашиноси бостон заҳматҳо кашидаанд. Дар мутуни паҳлавӣ ба вижа онҳое, ки тавассути Зарвониён навишта шуда, чун Минуи Хирад, Бундаҳишн ва Андарзномаҳо - таъсири кавокиб бар зиндагии мардум чун шавоҳиди табиъӣ машҳуд аст.[5] Дар фарҳанги суғдӣ яке аз тасвирҳои муҳими зооморфӣ тасвири шер ва гов аст, ки дар набарданд ва асосан ин набард бо ғалабаи шер анҷом меёбад. Дар баъзе тасвирҳо ин набардро шоҳе шаҳсавор бо найза сарварӣ мекунад, ки таҷассуми фарри шоҳӣ ва фатҳи гармӣ ба сардӣ, гардиши зимистон ба баҳор аст.

Аҷдодони мо замони фаро расидани баҳор – Наврӯзро на танҳо бо расидани нури офтоб ба нишонаҳои муқарраршуда ва бедоршавии табиату тастанишҳо, пайдо шудани аввалин гулҳои зардранг – гули зардак ё бойчечак, балки бо аломатҳои гуногуни мардумии марбут ба паррандагон ва олами ҳайвонот низ муайян мекардаанд. Тоҷикон мисли аксари мардуми ҷаҳон наздикшавии Наврӯзро, аз ҷумла, аз рӯи вақти гашта омадани паррандагон, масалан, лаклаку турнаҳо аз манотиқи гарм муайян мекардаанд. Инчунин рамзҳои муқаддаси зооморфӣ монанди Симурғ –махлуқе болдору паррандашакл, бо пойҳои шер/хирс/саг, танаш пушида бо пусти моҳӣ, ки таҷассумгари ягонагии се унсур- замину обу осмон ва ҳомии унсурҳои табиат мавҷуданд. Симурғ рамзи ҳосилхезиву ҳаёт, ободиву фаровонии обу борандагӣ мебошад.

Рамзиёти мазкури ҷашни Наврӯз, ки дар фарҳанги бостонии суғдӣ ва бохтарӣ низ фарогиранд, дарак аз хотираи ҷовидонии миллати бостонии дорои фарҳангу тамаддуни пешрафта ва боқимондаҳои тасаввуротҳо оид ба ҳайвонот ва иртиботи он ҳамчун нишонаи донишмандиву хирад, таҷрибаву ҳувият далолат мекунанд. Ҷолиб он аст, ки дар тасвиру рамзиёти мазкур мо бо тасаввуроти бостонии миллат оид ба омодагии ҳастӣ ба ҳаёти нав, баҳор ва сарватмандӣ, бахту саодат ва шукуфоӣ дар соли нав огоҳ шуда аз умеду эътимод ба боварии он ба оянда, сабзаву шукуфоии ҳаёти минбаъдаро дармеёбем.

Маҳмадҷонова М.-д.и.ф., профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

[1] А.В.Александров. Когнитивные информационные конструкции//Образовательные ресурсы и технологии. 2016, 4 (16). - с. 93.

[2] Элиаде М. Мир о вечном возвращении (перевод Е.Морозовой и Е.Мурашкинацевой). М. Ладомир. 2002.-414 С.- с76.

[3] Ҷалолуддин Балхии Румӣ. Маснавии маънавӣ. Душанбе, 2013.-с.25.

[4] Ҳошим Разӣ. Ҳикмати хусравонӣ (сайри татбиқии фалсафа ва ҳикмат ва ирфон дар Эрони бостон аз Зардушт то имруз). Теҳрон. Интишороти Баҳбаҳат 1379.с.37

[5] Ҳошим Разӣ. Ҳикмати хусравонӣ (сайри татбиқии фалсафа ва ҳикмат ва ирфон дар Эрони бостон аз Зардушт то имруз). Теҳрон.Интишороти Баҳбаҳат1379.с.26.

Равобити дуҷонибаи сиёсиву иқтисодию фарҳангӣ бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз муҳимтарин самтҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва метавон гуфт, ки ҳамкориҳои кишвари мо бо мамлакатҳои аъзои ИДМ дар тӯли ҳамаи солҳои гузашта дар сатҳи баланданҷом мегиранд.

Сатҳи баланди муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва равобити дӯстонаи Тоҷикистонро бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, пеш аз ҳама, гузаштаи начандон дур, ки ин ҷумҳуриҳо аъзои низоми воҳиди сиёсӣ ва иқтисодӣ буданд, боис гаштаанд. Имрӯзҳо, бо ин ки ҳар як аз ҷумҳуриҳои собиқ давлати мустақил гаштаанд, шаҳрвандони ин кишварҳо бо ҳам бо риштаҳои маҳками умумияти иҷтимоиву фарҳангӣ пайванд мебошанд.

Дар сояи истеъдоди баланди сиёсатмадорӣ, назари борикбин ва жарфнигарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ бо муҳтавои прагматикӣ ва воқеъбинона, ки самтҳои асосӣ, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои дарозмуддати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад, ба вуҷуд оварда шуданд. Истеъдоди сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар ин воқеият низ зоҳир гардидааст, ки ӯ аз ибтидо суботи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва суботи кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва, умуман, ҷаҳонро дарк намуд. Бар асоси ин фалсафа, ки моҳиятан диалектикаи тавсеаи давлат мебошад, Сарвари давлати тоҷикон аз нахустин рӯзҳои ба сарварии Тоҷикистон расидан равобити ҳамаҷониба, зич ва дӯстона бо ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқро аз муҳимтарин ва афзалиятноктарин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян намуд. Зеро бо диди амиқи сиёсӣ дарк менамуд, ки иҷрои вазифаҳои душвору печидаи бунёд ва таҳкими Тоҷикистони соҳибистиқлол ва эҷоди қудрати иқтисодии он бидуни ҳамкории сиёсию иқтисодии густурда бо кишварҳои пасошӯравӣ, ки то дирӯз дар фазои ягонаи иқтисодӣ қарор доштанд ва бо ҳазорон риштаҳои дар тӯли даҳсолаҳо шаклгирифта ба ҳамдигар пайваст мебошанд, имконнопазир аст. Бо талошу кӯшиши пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар созмонҳои ҳамгироӣ - чи дар фазои пасошӯравӣ ва чи дар минтақа ва ҷаҳон, - аз ҷумлаи СММ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё ва дигар созмону ниҳодҳои ҳамгироӣ, симои вижа ва ширкати фаъолона дорад. Бо ба тарзи саҳеҳ мушаххас намудани самтҳои тавсеаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва бо дар назар гирифтани мавқеияти ҷуғрофию геосиёсӣ, манфиатҳои миллӣ ва инчунин омилҳое, аз қабили равобити фарҳангиву таърихӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва яксон будани манфиатҳо, Эмомалӣ Раҳмон равобити дӯстонаи Тоҷикистонро бо ҳамаи кишварҳо танзим намуд.

Аз ҷумла ҶумҳурииТоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ду ҳамсояи пайванд бо муносибатҳои ҳасанае мебошанд, ки аз оғози роҳандозии равобити дипломатӣ дар таърихи 14 январи соли1993 то имрӯз аз ҳамкории умедбахш бархурдор мебошанд. Усули асосӣ ва самтҳои ҳамкории ду ҷонибро Аҳднома оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки 12 июли соли1996 имзо шудааст, Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва мушорикат, ки 26 майи соли2004 ба имзо расида буд, муқаррар намудаанд.

Дар ин қарина 12-13 марти соли 2025 Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом доданд, ки дар амри густариши самтҳои гуногуни муносибатҳои байнидавлатии дуҷониба, бидуни муболиға, марҳалаи нав боз кард. Барои ба сатҳи сифатан нав боло бурдани онҳо дар арсаҳои гуногун шароити хубе фароҳам гашт. Дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонва дурнамои рушди он дар фазои дӯстиву созандагӣ ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмию ҳамсоягии нек ботафсил баррасӣ гардид. Махсусан иштироки маҷозииПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар маросими ифтитоҳи ду гузаргоҳи наздисарҳадии воқеъ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Ботканти вилояти Ботканти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳим арзёбӣ мегардад, ки дар рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба нақши басо муҳим дошта, дар саҳифаҳои таърихи навтарини ду давлати ба ҳам дӯстто абад ба ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. 16 асноди дуҷонибае, ки дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистонба имзо расидаанд, дарак аз он медиҳанд, ки аҳду паймонҳои умдаю ҷиддӣ ба даст омадаанду дар миёни онҳо Аҳднома дар бораи марзи давлатӣ санади воқеан таърихӣ ва натиҷаю зуҳуроти баръалои фарҳанги баланди сиёсии гузашту муросо маҳсуб меёбад. Зиёда аз ин, ин санади деринтизор комилан дархури манфиатҳои ҳар дукишвар ва мардуми дӯсту бародар аст. Аз баимзорасии Аҳдномаи марзи давлатӣ ягон ҷонибба ҳеҷ ваҷҳбой надодааст, балки яқинанкомёб гаштааст.

Барои Осиёи Марказӣ таъмини амнияти минтақавӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад. Баҳсу мунозираҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон тайи солҳои дароз барои суботи минтақа хатари воқеӣ доштанд. Ва инак, хатар аз байн бурда шуд.

Имрӯз аз касе пӯшида нест, ки он доираҳои муайяни ҷаҳонӣ, ки паси пардаи «исломисозӣ» қарор доранд, ҳам ба дини ислом ва ҳам ба ифротиёнидинӣ назари хуб надоранд. Барои онҳо назарияи «исломисозӣ» ва истифода аз ифротиёни динӣ танҳо барои эҷоди «ҳарҷу марҷи ҳидоятпазир» лозим ҳастанд. Барои ин доираҳо маълум шуд, ки идораи ҳарҷу марҷ мувофиқтар ва судовартар аз идораи назм аст. Назарияпардозоне, ки дар хидмати ин доираҳо ҳастанд, ҳатто як назарияи комили «ҳарҷу марҷи ҳидоятпазир ва созанда»-ро ба вуҷуд овардаанд. Ҳифзутаъмини суботу амният ва мусоидат ба рушди мин-баъдаи равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа аз афзалиятҳои равобити сиёсии ҷамоҳири Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд. Зимни мулоқоти сарони ду кишвар ба масъалаи муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундравӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, киберҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир диққати махсус дода шуд. Дар ин пасманзар сафари давлатии Сарвари давлат, Пешвои миллат ба кишвари ҳамҷавор, бидуни муболиға, саҳми назаррасест ба таъмини бақодорӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ.

Зафар Сайидзода, - мудири Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих

Акбар Салимов - ходими калони илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Тағйирёбии муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки кишвари мо марҳалаи ташаккул ва мавқегирӣ дар ҷомеаи ҷаҳониро сипарӣ намуда, дар давраи боз ҳам устувор намудани обрӯ ва нуфузи байналмилалии хеш қарор дорад. Таҳия ва амалӣ намудани сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки имконияти ҳамкории самаранок ва мутақобилан судмандро бо давлатҳои пешбар, созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ фароҳам меорад, далели ин гуфтаҳост.

Сиёсати хориҷӣ омили асосии рушди бомуваффақияти ҳар давлат маҳсуб меёбад. «Ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои дарозмуддат, тавре ки зикр шуд, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои олии кишвар бояд аз фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори гуногунарсаи кишвар, инкишофи минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр, дарёфти ризоият ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни ҳалли вазифаҳое иборат бошанд, ки онҳоро афзалиятҳои сиёсати хориҷии давлатамон муайян мекунанд».

Дар марҳалаи муосир дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани робитаи ҳасанаи наздик ва собит ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа ба хотири эҷоди камарбанди боварӣ ва амниятӣ дар тӯли марзҳои кишвар ва таъмини сулҳу оромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз авлавиятҳо ба шумор меравад. Аз ҷумла, ҳамкориидуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар марҳалаи соҳибистиқлолӣ аз 14 январи соли1993 бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ оғоз гардида, имрӯз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон беш аз 100 санадро дар бар гирифта, самтҳои аслии ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар он принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат дар арсаи байналмилалӣ муайян шудаанд. Санадҳои асосие, ки самтҳои аслии ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар онҳо приниспҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муайян шудаанд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некуҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 мебошанд.

Бояд гуфт, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон 12 марти соли 2025 дар ҳамкории ду кишвари ба ҳам дӯст саҳифаи тамоман нав боз кард. Ҳамзамон, 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин барои барқарор ва тағйирёбии муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯйдоди таърихӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои навини байнидавлатии ду кишвар хосанд, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Пеш аз ҳама, имзои санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин дигар санадҳои дуҷониба қабул шуданд, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҷонибҳоро комилтар мекунанд.

Дар гуфтушунидҳо мо афзалиятҳои ҳамкории муштаракро дар ояндаи наздик муайян карда, бар аҳамияти идомаи муколамаҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд таъкид намудем.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии тадбирҳо доир ба таҳкими бахши тиҷоратию иқтисодии шарикии мо нигаронида шуд. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин самт имконоти бузург доранд.

Бо дарназардошти ин, мо аҳамияти фаъолтар намудани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро таъкид намудем ва ба мувофиқа расидем, ки онро ба Шӯрои байниҳукуматӣ табдил дода, ҳамраисони Шӯроро дар сатҳи сарвазирон таъин менамоем.

Мо бар аҳамияти истифодаи мутақобилан судманд аз имконоти транзитӣ-нақлиётии ҳамдигар бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти ду кишвар ва дар маҷмуъ минтақа таъкид намудем. Дар рафти гуфтушунид мо ба робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш андешаҳои худро баён намудем. Дар ин самт барои таҳкими ҳамоҳангии кори хадамоти махсус ва дигар идораҳои дахлдор ба мувофиқа расидем. Кишварҳои мо таҷрибаи дастгирии ташаббусҳои ҳамдигарро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳанд. Дар маҷмӯъ натиҷаҳои гуфтушунидҳои имрӯза ба мо имкон медиҳанд, ки ба рушди муносибатҳои кишварҳоямон бо назари нек нигарем».

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масоили вобаста ба дурнамои рушди муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон батафсил баррасӣ шуд.

Инчунин, ба масъалаҳои афзун намудани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва истифодаи имконоти ҳарду кишвар дар ин самт таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Дар рафти гуфтушунидҳо сарони давлатҳо ба қарор омаданд, ки Шурои байниҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазирон таъсис дода шавад.

Дар мулоқот ба идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳо, инчунин хатсайрҳои нақлиёти мусофиркаш, аз ҷумла байни ноҳияҳои наздисарҳадӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Ҳамчунин имконоти бузурги ҳамкории байниминтақавиро дар комплекси агросаноатӣ таъкид гардид. Густариши муносибатҳо дар бахши ояндадори саноат, ташкили корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама КАСА-1000, истифодаи захираҳои об, рушди робитаҳои нақлиёту коммуникатсия, истифодаи мутақобилан судманди имконоти транзитӣ ва нақлиётӣ аз масъалаҳои муҳими музокироти сатҳи олии ду кишвар буд.

Маврид ба зикр аст, ки роҳбарони ду давлат борҳо аз кишварҳои якдигар боздидҳои расмӣ ва корӣ анҷом дода, ҳамкориҳои сиёсии байни ду кишвар дар Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ фаъолият доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамкории зич дошта, ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигарро ҷонибдорӣ менамоянд. Ин аст, ки соли 2018 Ҷумҳурии Қирғизистон дар радифи 190 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи Созмони Милали Муттаҳидро, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028», пешниҳод шуда буд, дастгирӣ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Табиат марзро намешиносад: ҳамкории фаромарзӣ — омили калидии ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии зистӣ», ки бо ташаббуси ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ҷонибдорӣ намуд.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он аст, ки принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар асоси он мардумони тоҷику қирғиз аз қадимулайём мезистанд, минбаъд низ ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мусоидат менамояд. Инчунин, тағйирёбии муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар марҳалаи муосир равнақ ёфта, барои амалӣ гардидани сиёсати сулҳҷӯёнаи дуҷониба ба марҳалаи сифатан нав ворид мешавад.

Маврид ба таъкид аст, ки бо назардошти равандҳои муосир сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар хусусият ва муҳтавои прагматикӣ ва воқекъбинонаро рушд медиҳад, ки он албатта, ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатии кишвар мусоидат мекунад. Махсусан, дар ду даҳсолаи охир Тоҷикистон якчанд тадбирҳоро роҳандозӣ кард, ки онҳо ба сифати омилҳои рушди сиёсати хориҷӣ ҷумҳуриро ба дастовардҳои муҳим дар ин раванд комёб гардонданд.

Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа аз як тараф дар заминаи умумиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат гирад, аз ҷониби дигар, дар заминаи муносибати дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад. Чунин сиёсат дар доираи созмони минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, СААД, ИДМ, СҲИ, СҲИ, Машвари ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё сурат гирифта, ҳадафи рифоҳи умумӣ ва таъмини амнияти минтақавиро пайгирӣ менамоянд.

РАҲМОНЗОДА А.Ш. – н.и.т., ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

«Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур ба мо омада расидааст»

Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеч як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархуидаи Наврӯз азизу арчманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имруз бо расму ойин, арзишҳои эстетики, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Наврӯз ягона ҷашни миллии мост, ки тайи ҳазорсолаҳо бо ҳама истисмори душманон аз байн нарафта, маҳбубият ва ҳашомату азамати хешро нигоҳ дошта меояд. Ин ҷашни ниёгонамонро аҷнабиён ҳатто натавонистанд дар давоми ин ҳама гирудор ва кашмакашу қатлу ғорати ориёитаборон аз байн бибаранд. Наврӯзро мардуми ориёӣ тайи ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни баҳору рӯзи наву соли нав таҷлил мекарданд. Бо ҳама фишору таҳдидҳо аз таҷлили ин ҷашни зебо даст накашидаанд. Бо сахтгириҳо тоҷикон ба ҳар навъе онро аз нобудӣ нигаҳ дошта, дигарбора эҳё намуданд.

Имрӯз бо ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз дар кишвари мо шукӯҳу шаҳомати нав пайдо кард ва дар ниҳоят ба иди миллии мардуми тоҷик табдил ёфт. Вобаста ба ин, метавон гуфт, ки эҳё гардидани ҷашнҳои мардумӣ ба монанди Меҳргон ва Сада аз баракати Наврӯз аст, зеро Наврӯз яке аз ҷашнҳои хеле қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, дар баробари дигар кишварҳои ориётабор, ки имрӯз иди Наврӯзро ҷашн мегиранд, тоҷикон низ бо тамоми шукӯҳу шаҳомат омад - омади ин ҷашни аҷдодиро интизор мешаванд. Қадами тозаи Наврӯз муборак бошад, Ҷашни фархундаву фирӯз муборак бошад. Дар фарҷоми сухан мехоҳам аз таҳти дил ҳамаи ҳамдиёрон ва тоҷикони тамоми дунёро бо иди миллӣ ҷашни байналмиллаии Наврӯз табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу субот ва хурамиро таманно менамоям. Ҳар рӯзатон Наврӯз бод, Наврӯзатон фирӯз бод!

Комрон Бобоев – Мудири шуъбаи амнияти химиявӣ, доктор фалсафа (PhD), ходими калони илмии Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ

13 феврали соли равон дар Раёсати АМИТ маҳфили илмӣ-адабии “Хирад” бо иштироки кормандони илмии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ (Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский ва Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ), омӯзгорони факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор карда шуд.

Дар маҳфил устодони собиқадори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, ходими пешбари илмии Шуъбаи флора ва систематикаи растаниҳо, н.и.б., дотсент Давлатов А.С. дар мавзуи “Флора ва набототи Тоҷикистон”, мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳо, д.и.к., профессор Партоев Қ. дар мавзуи “Нақши дастовардҳои селексионӣ дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии Тоҷикистон”, д.и.б., профессори кафедраи ботаника ва дендрологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимов С. дар мавзуи “Биоморфология ва фитосенологияи растании Камоли тоҷикон (Ferula tadshikorum M.Pemen.)” ва д.и.б., профессори кафедраи зоологияи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Сатторов Т. дар мавзуи “Зоологияи мӯҳрадорон” маърӯза карданд.

Дар маҳфили “Хирад” аз ҷониби устодони собиқадор пешниҳод карда шуд, ки Ҷоизаи АМИТ ба номи академик Носиров Юсуф Саидович дар соҳаи биологияи таҷрибавӣ таъсис шавад ва ҳар сол “Хонишҳо” бахшида ба бузургдошти ин олимони барҷастаи соҳаи биология гузаронида шавад.

Subscribe to Мақолаҳо