Skip to main content
Дар тӯли таърих мардуми ориётабор бештар кӯшидаанд, ки донишу хирад ва офаринандагиро дунбол ва тарғиб бикунанд. Аз ин ҷост, ки нахустин китоб ва фарҳангу мероси маънавии башарӣ аз ҷониби эронитаборон халқ гардидаву пажуҳишгарону муаррихони риштаи фарҳангу мардумшинос низ ин нуктаро таъйид кардаанду мекунанд.

Дар ин росто, миллати тоҷик аз пешгомони бунёдгузори илму фарҳанг маҳсуб меёбад. Фарзонафарзандони форсу тоҷик дар гузаштаи дур то ба имрӯз тавонистаанд, ки осори гаронмоя халқ кунанд, ки тамоми башарият аз он истифода бикунад ва нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки гузаштагони тоҷик хату забони комил доштанд, ки тавассути инҳо афкору пиндорҳои худро бинависанд. Имрӯз ҷаҳониён аз осору рисолаҳои бузургони эронитабор баҳравар гардида, осори ононро бо ҳазорон нусха нашр мегардонанд ва ин бозгӯкунандаи бузургии осору забони форсии тоҷикӣ мебошад.

Бояд хуб дарк кард, ки забони форсии тоҷикӣ дар миёни забонҳои дунё мақоми бузургро соҳиб мебошад, зеро чи гунае, ки дар боло зикр кардем, соҳибони забони форсии тоҷикӣ барои пойдориву ҷовидонагии забонашон ҳазорон асару луғатномаҳо иншо карданд, ки дигар мардумон барои аз ганҷинаи забони форсии тоҷикӣ бархӯрдор гардидану тарҷума кардан, ин забони нобу нафисро омӯзиш кардаанду мекунанд.

Ҳарчанд дар тӯли таърих сарзаминҳои тоҷикон аз ҷониби аҷнабиён ғасбу ғорат гардид, чӣ тавре, ки устод Бозор Собир гуфтаанд, ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, вале ягона чизе, ки миллати тоҷикро поянда нигаҳ дошт, ин забонаш ва аҳли китоб будаш буд, аз ин рӯ, беҳуда нагуфтаанд, сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

Дар баробари зӯргӯиву нобудкунии фарҳангу мероси тоҷикон дар тӯли таърих аз ҳама бештар забони форсии тоҷикӣ муқовимату дар пайкор будааст ва ҳамин тавонмандии забон буд, ки на ъарабу на тукртозӣ натавонист миллати тоҷикро дар сафҳаи таърих маҳв кунад.

Лоиқи ёдоварист, ки барои пойдории забони форсии тоҷикӣ хидмати Сомониён хеле бузург аст, зеро замони ҳукмронии онҳо дар Вароруд ҳама осори гузашта ниёгонро ба ин забон тарҷума карданд ва вазири бузурги ин сулола Балъамӣ Қуръонро ба забони Форсӣ тарҷума кард, ҳама ин хидматҳо буд, ки забони порсӣ оламгир шавад. Баъд аз ин адабиёти бузурге бо ин забон халқ гардид, ки барои пойдории забон мусоидати бештар кард.

Пас аз ба худсолорӣ расидани кишвари азизамон Тоҷикистон нисбати забону осори гузашта таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд, ки имрӯзҳо барои боз ҳам беҳтару хубтар гардидани забон Ҳукумати ҷумҳурӣ қонуну қарорҳои муфидро баровардаву рӯи даст гирифтааст.

Пеш аз ҳама мардуми кишварро зарур аст, ки забони модариро хуб азхуд бикунанд ва барои ҳифзу гиромӣ доштани забон ҳамин амали мо бештар аҳамияти бузург дорад. Бинобар ҳамин, адабиёти муосири тоҷик барои посдории забон бисёр асарҳои арзишмандеро ба миллати тоҷик инъом карда, то ба қадру манзалати забони модарӣ бирасанд.

Чӣ гунае, ки шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ фармудааст:

Забони модариро пос дорем,
Ки аз модар варо мерос дорем.

Аз ин рӯ, забони модарӣ барои ҳифзу нигаҳдориаш ҳамчун амонат ба мо вогузор гардидааст, мо ин ганҷинаи модарон бо баҳои ҷон боястӣ ҳифз кунем. Зеро ҳастии ҳар миллат бештар ба забонаш пайванд аст ва мо барои беганзандии кишвару миллати худ пеш аз ҳама бояд забонамонро тозаву пок нигаҳдорӣ карда бошем ва ин вазифаи хеле гарон аст, ки бар дӯши ҳар тоҷик гузошта шудааст.

Ҳолиё, ки дар остонаи ҷашни забони давлатӣ қарор дорем, ҳамватанон ва ҳамтаборони арҷмандро ба ин ҷашни бузурги миллӣ ҳумоюнбод мегӯем!

Зоҳири САЙФУЛЛО, ходими хурди шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ,

Зебо ЗИЁЕВА, ходими калони шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ,

Садаф ҶАНГИБЕКОВА, лабаранти калони шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Рисолати касбии устод ва муаллим ҳангоми таълиму тарбия ҳамчун фарзанди хеш ҳисобидану ҷиддан кор кардан бо толибилм ва нисбат ба ояндаи неки ӯ дилсӯзу ғамхор будан аст. Ва шогирдон ҳам дар навбати худ бояд ба қадри заҳмату машаққати устодон расанд ва ба заҳмати устод арҷ гузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар як миллату давлат барои рушду пешрафти Ватани азизи хеш ба илм, маърифат ва дониш такя мекунад. Аммо дониш худ аз худ ба вуҷуд намеояд: онро шахсони фидоиву заҳматкаш – омӯзгорон ба шогирдон меомӯзонанд. Аз ин рӯ, дар тамоми ҷаҳон ба омӯзгорон ҳамчун бунёдгузорони ҷомеаи муосир ва роҳбаладони илму маърифат эҳтироми хоса зоҳир мешавад.

Ҳар сол дар кишвари мо низ Рӯзи омӯзгор бо ифтихори бузург ҷашн гирифта мешавад. Ин сана рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба онҳое мебошад, ки тамоми умри худро барои тарбия ва ояндаи фарзандони миллат мебахшанд. Омӯзгор на танҳо дониш меомӯзонад, балки шахсияти инсонро рушд медиҳад, ба зиндагӣ маъно мебахшад ва ӯро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ мекунад.

Аз давраҳои қадим дар адабиёт ва фарҳанги тоҷик омӯзгор мақоми баланд доштааст. Агар омӯзгорро бо муҳаббат ва самимият дарси худ фурӯ нанишонад, он илм барои шогирд ширин нахоҳад гашт. Бинобар ин, омӯзгор дар баробари муаллими дониш будан, муаллими қалбҳо низ ҳаст. Абӯалӣ ибни Сино низ таъкид кардааст, ки муаллим бояд на танҳо донишманд, балки хоксору боахлоқ бошад, то шогирдон аз ӯ на танҳо илму ҳикмат, балки одоби зиндагиро низ омӯзанд.

Дар асри XXI, ки илму технология босуръат рушд дорад, нақши омӯзгор боз ҳам муҳимтар мешавад. Омӯзгорон имрӯз танҳо дарс намедиҳанд – онҳо бояд ҷавононро барои зиндагӣ дар ҷаҳони рақобатпазир, барои таҳқиқ, ихтироъ ва навоварӣ омода созанд.

Ҷомеаи муосир омӯзгореро талаб мекунад, ки на танҳо омӯзанда, балки ҳамзамон дӯсту маслиҳатчии шогирд бошад. Чунки муносибати самимӣ ва дӯстона бо шогирдон имконият медиҳад, ки онҳо бо ишқ ба илм рӯ оваранд ва дар оянда шахсиятҳои комил ба воя расанд.

Дар кишвари мо бо ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Сохта шудани мактабҳои нав, баланд шудани маоши омӯзгорон ва ворид шудани усулҳои нави таълимӣ нишон медиҳад, ки давлату ҷомеа ҷойгоҳи омӯзгорро ҳамчун қувваи пешбаранда қадр мекунад. Шогирдон низ бояд фаромӯш насозанд, ки ҳар як дастоварди онҳо – хоҳ донишомӯзӣ, хоҳ муваффақият дар илм, санъат ё варзиш маҳз аз меҳнати омӯзгор оғоз мешавад.

Рӯзи омӯзгор на танҳо ҷашни касбии муаллимон аст, балки рӯзи худшиносӣ ва арҷгузории мо ба меҳнати пуршарафи онҳо мебошад. Чуноне, ки шоир гуфтааст:

Муаллим, ту шамъи равшани замонӣ,

Ба рӯи мо ту офтоби ҷовидонӣ.

Бо самимият ва эҳтироми беандоза ҳамаи омӯзгорони кишварро бо ин иди пурифтихор табрик мегӯем! Ба онҳо саломатӣ, сабру таҳаммул, бахту саодат орзу намуда, дар тарбияи наврасон ва шогирдон барору комёби орзумандам.

Назрублоев Н.Н. – н.и.ф.м., дотсент, муди ри шӯъбаи назарияи ададҳо,

алгебра ва топологияи Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ

Абдуллозода А.Ф. – ходими калони илмии шӯъбаи назарияи ададҳо,

алгебра ва топологияи Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ

Нури маърифат ба рӯям боз кард омӯзгор,

Мурғи иқболам баландпарвоз кард омӯзгор.

Озармеҳр

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябри соли 2024 дар суханронӣ ба муносибати “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ” изҳори самимӣ намуданд, ки «Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шаъну шарафи омӯзгор таҳти кафолат ва муҳофизати қонун қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад».

Бале, омӯзгор шахси барумандест, ки инсонро аз хурдӣ илму адаб омӯзонида, тарбия мекунад. Омӯзгор сутуни асосии ҷомеа ба ҳисоб рафта, маҳз тавассути заҳмат, дониш ва меҳнати касбии худ наслҳои ояндаро тарбия дода, ба роҳи пешрафт барои миллат равшан мегардонад. Агар ба таърих назар афканем, ҳамеша гуфтаҳои бузургон дар бораи муаллим – омӯзгор, ки ба ӯ ҳамчун чароғи роҳ ва асоси камолоти худ ёдовар мешуданду мешаванд, чунин суханҳоро навиштаанд: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад» (Эмомалӣ Раҳмон). «Муаллим, то даме, ки зиндааст, мехонад: Ҳамин, ки аз хондан бозмонд, симои муаллимиаш низ барҳам мехӯрад» (К.Д. Ушинский). «Муаллими ҳақиқӣ ҳамонест, ки дониши ӯ дониши хонандагонаш гардад» (Д.И. Менделеев). «Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хизмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт» (А.С. Макаренко).

Воқеан сарчашмаи тамоми ҳастии инсон аз муаллим - омӯзгор оғоз мегардад. Омӯзгор ба қавли бузургон муҳандиси руҳии инсон ба ҳисоб меравад. Омӯзгор шахси воломақомест, ки аз хурди инсонро илму адаб омӯхта, ба воя мерасонад. Ӯ бузургтарин шахсест, ки дар баробари волидон мунису ғамхор буда, шахсро олами маънӣ мебахшад. Омӯзгорро оинаи чароғи роҳи зиндагӣ гӯем ҳам, хато намекунем, чаро, ки вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, шахсро тарбия намуда, илм меомӯзонад. Омӯзгор барои тарбияи хуб гирифтани шогирдонаш кӯшишҳои беандоза мекунад, тамоми ҳастиашро ба ӯ мебахшад, то ки шогирдон ба камол расида, тарбияи хуб гирифта, бузург гарданд. Зеро шогирди хуб ифтихори худи омӯзгор мебошад. Омӯзгор шогирдро ба роҳи рост равона накунад, ҳеҷ гоҳ шогирд шарафманду комёб намегардад. Барои як шахсро ба шахсият табдил додан заҳматҳои беандозаи зиёдро сарф менамояд, зеро мекӯшад, ки шогирд тарбияи хуб гирифта соҳибмаълумот гардад. Саодатманд ҳамон шахсест, ки сазовори номи бузурги устодӣ ё омӯзгорӣ гаштааст. Омӯзгор аз ҳар як норасоиву носазоиҳо ва беаҳамиятии шогирдони худ ба изтироб афтода, қуввати худро барои тарбияи фарзандони мардум дареғ намедорад.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки омӯзгор касест роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори ҳама норасоиву нуқсонҳои инсон аст. Омӯзгор пешвою омӯзандаи алфози накӯ, таҷассумгари ростию ростқавлист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтору пиндори нек омӯхтааст. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба мартабаи камолот намерасад. Чуноне, ки шоири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ дар васфи омӯзгор менависад:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирадон рӯзгор.

Ифтихор ва сари баланди мост, ки мо тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат, бузургон ва олиму омӯзгорон доштему дорем. Дар замони соҳибистиқлолӣ аз тарафи роҳбарияти давлат ба хотири баланд бардоштани шаъни омӯзгорон, дар маҷмӯъ рушди соҳаи маорифи кишвар тадбирҳои хеле зиёде андешида шудааст. Аз он ҷумла, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музди меҳнати омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар сол то сол зиёд мегардад. Ин ҳам ғамхории бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ҷаноби олӣ-сарвари давлат нисбат ба омӯзгор мебошад.

Агар ба таърих назар афканем, аз мактаби куҳнаи устод Садриддин Айнӣ (1936) ба мо маълум аст, ки таҳсилот дар он замон чи гуна буду баъд аз ба даст овардани Истиқлолият алҳол чи гуна шудааст. Махсусан тавҷҷуҳи сарвари воломақоми давлатамон дар самти илм шароити хеле муфид ва замонавӣ фароҳам овардааст, ки имрӯз омӯзгорон аз усулҳои навини дарсдиҳӣ бе ягон душворӣ истифода мебаранд, бар замми ин, мақоми омӯзгор хеле баланд рафтааст.

Ҷомеае, ки ба омӯзгор эҳтиром дорад, ҳамеша пешрафт мекунад. Зеро обрӯ ва мақоми омӯзгор нишондиҳандаи дараҷаи маърифати ҷомеа мебошад. Имрӯз дар баробари дигар соҳаҳо, ҷомеа аз омӯзгор талаб мекунад, ки шахсияти намунавӣ ростқавл, босалоҳият, адолатпеша ва меҳрубон бошад.

Яке аз даргоҳи муққадаси илму эҷод ин Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки дар ин ҷо олимону, муҳақиқон ва устодони соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд. Дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон, ки аз соли 1971 таъсис дода шудааст, дар 13 бахш бо устодону муҳақиқони пуртаҷриба фаъолият дорад.

Омӯзгорони ин даргоҳ шогирдонро бо алфози неку таҷассумгари ростию росткорӣ, ба гуфтору рафтори дуруст низ омӯзонданд. Дар баробари ин фаъолияти омӯзгорони бахшҳо дар пояи муасиссаҳои илмӣ-таҳқиқотии АМИТ хонандагонро аввалин ҷанбаҳои амалии иҷроиши кори илмӣ-таҳқиқотӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ дар унвони мактабхонӣ омӯзониданд, ки ин яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи фаъолияти омӯзгорони бахшҳои Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон аз дигар омӯзгорони зинаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин муддат, чандин хонандагони болаёқат дар самти илмӣ-таҳқиқотӣ ба унвонҳои академикӣ ва узви вобастаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонидаанд шудаанд.

Самти фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бо мақсади ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши илму ҳунар ва донишҳои замони муосир, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тарғибу ташвиқи ҷаҳонбинии илмӣ ва ба ин васила тарбияи дурусти хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ буда, ба ҷалби истеъдодҳои нав ҳангоми иҷроиши корҳои илмию таҳқиқотӣ дар даврони мактабхонӣ равона гардида, татбиқи натиҷаҳои илмии хонандагонро дар доираи бахшҳои илмҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва ҷамъиятшиносӣ амалӣ мегардонад.

Аз ин рӯ, фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти истеъдодҳо, эҷодкорон ва дар оянда омода намудани мутахассисони моҳир, бомаърифат, инчунин такмилдиҳандаи фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар, пеш аз ҳама, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Воқеан, Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар оянда бо дастгирии роҳбарияти АМИТ дигар бахшҳоро низ ба роҳ монда, фаъолияти худро дар ин ҷода васеъ гардонад.

Хулас, бо назардошти андешаҳои баёнгардида, метавон хулоса намуд, ки таваҷҷуҳ ба илму таълиму тарбия, бахусус саҳми омӯзгор ва омода намудани кадрҳои баланд соҳибихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони имрӯза масъалаҳои афзалиятдошта, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат, бахусус ғамхориҳои Сарвари муаззами давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мо ҷавононро мебояд пайрави Пешвои миллат бошем ва ба суханону роҳандозиҳои вай такя намуда, кӯшишу заҳматҳои омӯзгорони худро фаромӯш накунем. Зеро дар масири ҳама ин ноилгардидаҳо заҳматҳои беандозаи омӯзгор бузург аст. Ва мо бояд ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ ба хизматҳои омӯзгорон ва калонсолон эҳтиром гузорем.

Дар бобати саҳми устод шоири бузург Саъди Шерозӣ чунин мисраҳои шеърӣ баён намуданд:

Подшоҳе писар ба мактаб дод,

Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.

Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар,

“Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар”.

Идатон муборак, омӯзгорони азиз!

Салимов Аҳмадҷон - мутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони

Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

“То он даме ки миллати тоҷик ҳаст, забони тоҷикӣ низ поянда аст ва шириниву равонии он ҳамеша ҳифз хоҳад шуд”. Эмомалӣ Раҳмон

12312Забон бузургтарин омили рушду ташаккул, камолоти ҳувияти миллат ба шумор меравад. Забони ҳар як миллат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз худшиносиву худогоҳии миллат шаҳодат медиҳад. Солҳои охир ҷаҳонишавӣ нишон медиҳад, ки баҳри пеш бурдани манфиатҳои геополитикӣ масъалаи забон ва дарки ҳувияти миллӣ ба таъсироти манфӣ рӯ ба рӯ шуда истодааст. Ҷомеаи башарӣ исбот сохт, ки забон ва ҳувияти миллӣ ду ҷанбаи асосии муаррифгари ҳар як халқу миллат буда, зери фишори омилҳои ҷаҳонишавӣ ба баъзе тағйирот дучор хоҳад шуд.

Мустаҳкам гардидани имконоти забон, аз ҷумла: баёни нозук ва балеғи мафҳумҳои мураккаби илмию фалсафӣ, фарҳангӣ, адабию ҳунарӣ барои баланд бардоштани маънавият замина фароҳам меоварад. Аз ин рӯст, ки рушди забон ва маънавият бо ҳамдигар ҳамбастагии зич дошта, вазъи дирӯз, имрӯз ва фардои миллатро нишон медиҳанд. Забон аст, ки як халқро аз халқи дигар фарқ мекунонад, илму адабиёт, фарҳанги мардумро барои ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, иқтидори маънавии онро муаррифӣ месозад. Мисоли равшани гуфтаҳои болоӣ он аст, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҳар як забон, аз ҷумла забони тоҷикӣ, ҳам тағйироти зиёдеро паси сар намудааст, ки баъзан метавонист пояи маърифативу маънавии онро суст гардонад. Новобаста аз ин, забон дар шакли воҳиди диалектӣ бошад ҳам, пояи миллатро нигаҳ дошт, сайқал дод, арзишҳои милливу фарҳангиро муаррифӣ мекард. Дар сурати маҳрум гардидан аз забони миллӣ, мансубияти миллии ҳар як халқу миллат низ тағйир меёбад.

Аз нуқтаи назари баромади таърихӣ забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин ба шумор рафта, давраҳои гуногуни ташаккули таърихиро паси сар намудааст, ки ҳар як давра ба он таъсири худро расонидааст. Садҳо адибону донишварон бо ин забон асарҳои худро офаридаанд, ки аксарияти онҳо дар адабиёти форсу тоҷик мақоми худро ишғол намудаанд. Мисоли равшани гуфтаҳои болоӣ осори адабии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Камол, Аҳмади Дониш, Айнию Лоҳутӣ ва Турсунзодаю Лоиқ шуда метавонад. Таърих гувоҳ аст, забони тоҷикӣ дар раванди ташаккулу таҳаввули таърихӣ тағйироти зиёдеро паси сар намуда, дар забони муоссир яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.

Баҳри пос нигаҳ доштани забон ҳамчун рукни давлатдорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни навро 5-уми октябри соли 2009 бо унвони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намудааст, ки то имрӯз амал мекунад. Дурнамои рушди забон дар замони истиқлолияти давлатӣ дар масири дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вазифаи асосии қонуни мазкур ба ҳисоб меравад. Бо ибтикори Пешвои миллат забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф гардида, дар ҳама самтҳои ҷомеа ҳамчун забони расмӣ коргузорӣ ба кор меравад. Дар замони муоссир барномаҳои зиёди давлатӣ, марказҳои омӯзиши забони давлатӣ таҳия гардида, омӯзиши забони давлатӣ дар тамоми муассисаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як муддат муайян намудани мақоми забони тоҷикӣ ба масъалаи асосӣ ва ҳалталаб табдил ёфт. Баъдан, 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни забони тоҷикӣ” қабул карда шуд ва тибқи ин қонун дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми июл Рӯзи забони тоҷикӣ ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон”-ро қабул кард ва 5 октябри соли 2009 баъд аз ба имзо расидани қонуни мазкур аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он мавриди амал қарор гирифт. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Хотиррасон мешавем, ки аз соли 2009 то инҷониб, дар Тоҷикистон 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор гирифта, барои омода ва таҳия намудани лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъул гардиданд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 тасдиқ шуд. Бо дарназардошти он ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти мамлакат истифода мешавад, омӯзиш ва донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур дониста шудааст.

Баҳри пос доштани забон ва мустаҳкам сохтани пояи ҳувияти миллӣ, вижагиҳои миллӣ, тозагии забон, назокати забонро бояд нигоҳ дошт. Сарнавишти забон ва ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ дар дасти ҳар як миллат ва соҳибзабонон мебошад. Мустаҳкам сохтани ин раванд ба коркарди барномаву стратегияҳои мушаххаси давлатӣ оид ба забон ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар масири замони муоссир алоқамандӣ дорад, зеро забони тоҷикӣ давраҳои гуногуни ташаккули таърихиро паси сар намудааст, ки барои асолати он хатару монеаи зиёдеро эҷод намудаанд. Дар баробари забони давлатдориву коргузорӣ забони тоҷикӣ муаррифгари манфиатҳои халқу миллат дар ҳар як давраи таърихӣ ба шумор мерафт. Беҳтарин неъмат дар таърихи миллати халқи тоҷик забони мо ба ҳисоб меравад, ки донишу маърифати ҳазорсолаҳо андӯхтаи халқро дар худ таҷассум намудааст. Таъриху фарҳанги беназири халқи тоҷик маҳз бо ин забон офаридашуда, барои ҷаҳониён муаррифӣ гардидааст.

Дар давраи ҷаҳонишавӣ ва ташаккули босуръати илму технологияи нав бархӯрди фарҳангу тамаддунҳои гуногуни дунё ба забони дар самти рушду инкишофи табиии он давлатӣ, таъсири манфӣ мерасонад. Ба вуҷуд омадани

«иқтибосҳои бемавқеъ» боиси халалдор гардидани табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мегардад. Давраи истиқлолият тарбияи насли наврасро дар чаҳорчубаи ҳувияти миллӣ: хуб донистани забони модарии худ ва ба инобат гирифтани талаботи ҷаҳони муосир: донистани ду се забони хориҷӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ амалӣ мегардонад. Набояд фаромӯш кард, ки нахустин маротиба дар таърихи давлатдории миллати тоҷик забони тоҷикӣ яке аз муқаддасоти давлат эътироф гардида, нисбат ба забон эҳтироми хоса зоҳир мегардад, зеро «забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст…».

Ҳифз намудани ҳувияти миллӣ тавассути забон муҳим арзёбӣ гардида, нигоҳдории забон яке аз васоити муттаҳид намудани миллат ва таъмини якпорчагии давлат маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дар муҳити муоссири илмӣ ноб нигаҳ доштани забон ва коркарди истилоҳоти соҳаҳои гуногуни илм дар асоси хусусиятҳои муоссири забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як олиму муҳаққиқ ба шумор меравад. Ворид гардидани истилоҳоти нави илмӣ тариқи асару адабиётҳои илмии муҳаққиқону олимон сурат ёфта, он воқеияти таърихии миллати тоҷик мебошад. Баҳри дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ кардани нуфузи забони олимону муҳаққиқони зиёд ихтирооти олимон тариқи забони модарии онҳо сурат меёбад, ки мавқеи забони тоҷикиро дар арсаи ҷаҳонӣ танг месозад. Баҳри бартараф кардани зуҳуроти болозикр аҳли илму адабро зарур аст, ки истилоҳоти илмии тоҷикиро бештар коркард намуда, мавриди истифодабарӣ қарор диҳанд.

Барои иҷрои ҳадафи болозикр маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ки аз тарафи маркази номбурда коркарди истилоҳоти соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда шудааст. Баҳри оммафаҳм гардонидан ва мутобиқ намудани истилоҳоти забони давлатӣ ба талабот дар муҳити нави илмӣ, аз тамоми олимону муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварамон даъват ба амал оварда мешавад, ки саҳми онҳо дар коркарди истилоҳоти нави илмӣ назаррас бошад.

Ҳамин тариқ, забони давлатӣ яке аз рукнҳои ҳувияти миллӣ ба ҳисоб рафта он сабаби аслии аз нав эҳё гардидану рушди устувори давлати миллии тоҷикон мебошад. Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва илму фарҳанги миллии худро ҳифз намояд ва гиромӣ дорад. Бузурдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ буда, ҳар фарди бо нангу номуси меҳанпарварро бо асолати миллӣ пайванд медиҳад. Аз ин ҷост, ки забон омили асосии рушду камолоти миллат аст ва забону давлат ҳамеша дар паноҳи якдигаранд.

Мавзӯи асолату ҳувияти миллӣ бояд ҳар як фарди миллатдӯсту хештаншиносро бетараф нагузорад. Ин мавзуъ басо муҳиму зарурӣ буда, солҳо боз интизори роҳҳои ҳаллу фасли худ аст. Ашхосе, ки ҳисси баланди миллӣ доранд, худогоҳу хештаншиносанд, миллат ва забони модарии худро дӯст медоранд, бояд ба ин мавзуъ бетараф набошанд. Забони тоҷикӣ дар партави сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат рушду такомул ёфта, он ҷойгоҳи наву фархундаро дар ҷомеа сазовор шудааст, ки худи Ҷаноби Олӣ, дар ин бора мефармояд: «забон хишти аввалини кохи миллат ном буда, он яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ, нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад».

Аз ин лиҳоз, ҳар нафар соҳибмиллатро мебояд, ки баҳри боз ҳам рушду нумӯъ ёфтани забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати он ҳамчун фарзанди сазовори миллат ҳиссаи арзанда гузорад.

Абодуллоева Сафина доктори илмҳои филологӣ, профессор сарходими илмии шуъбаи Забони тоҷикии Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рудакии АМИТ

Рӯзи омӯзгор яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва байналмилалӣ ба шумор меравад, ки ба омӯзгорон — роҳнамоёни маърифат ва тарбиятгарони насли оянда бахшида шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҷашн ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар рӯзи шанбеи аввали моҳи октябр таҷлил мегардад. Ин рӯз, ҳамчун рамзи эҳтиром, сипосгузорӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои пурмасъулияти онҳо баҳисоб меравад.

Дар сатҳи байналмилалӣ низ Рӯзи омӯзгор ҳамчун ҷашни муҳим пазируфта шуда, дар кишварҳои мухталиф санаҳои гуногун таҷлил мегардад. Ба таври махсус, рӯзи байналмилалии омӯзгор санаи 5 октябри соли 1994 бо ташаббуси ЮНЕСКО ва Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Бевосита интихоб шудани рӯз бо қабул шудани «Тавсиянома оид ба вазъи омӯзгорон» мебошад — санади муҳимтарин дар таърихи ҷаҳонӣ, ки мақоми иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва шароити кори омӯзгоронро танзим мекунад, аз аҳамияти холӣ нест.

Ҳадафи аслии ин рӯз қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои волои омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ва таъмини дастгирии ниҳодҳои давлатӣ барои рушди соҳаи маориф мебошад.

Инчунин, дар кишварҳои гуногун Рӯзи омӯзгор санаҳои гуногун дорад, ки аз он ҷумла метавон номбар кард:

· Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Латвия — шанбеи аввали моҳи октябр;

· Ҳиндустон — 5 сентябр (рӯзи таваллуди файласуф Сарвепалли Радҳакришнан);

· Аргентина — 11 сентябр;

· Бразилия — 15 октябр;

· Ветнам — 20 ноябр;

· Туркия — 24 ноябр;

· Тайван — 28 сентябр (рӯзи таваллуди Конфутсий);

Ҳарчанд санаҳо фарқ кунанд њам руҳияи умумии ин ҷашн — эҳтиром ва эътироф ба нақши омӯзгорон ва арзишҳои онњо бањисоб меравад.

Мақому манзалати омӯзгор дар фарҳанги миллати тоҷик аз замонҳои қадим бо эҳтиром бархурдор буд. Устодон ҳамчун роҳнамоёни маърифат, тарбиятгари ахлоқ ва равшанкунандаи роҳи зиндагӣ шинохта мешуданд. Дар асрҳои миёна марказҳои бузурги илмӣ ва мадании мисли Бухоро ва Самарқанд маконҳои омӯзиш ва илмомӯзӣ буданд. Дар даврони Шӯравӣ низ соҳаи маориф дар шакли расмӣ рушд карда, муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳо бунёд гардиданд.

Дар даврони истиқлол, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маориф дар маркази сиёсати иҷтимоии кишвар қарор дорад. Омӯзгорон бо дастгирии давлат имкониятҳои васеъ барои таҳсил, фаъолияти касбӣ ва пешрафт доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ чунин таъкид кардаанд:

«Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Омўзгор, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш мебошад ва қисми асосии зиёиёни кишварро омўзгорон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, вазифаи асосии омўзгор дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти омўзгор табдил ёбад.»

Ин суханон моҳияти аслии касби омӯзгориро бо омезиши дониш, ахлоқ ва масъулияти иҷтимоӣ ифода менамоянд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму технология, нақши омӯзгор ҳамчун таъсиргузори калидӣ дар тарбияи шахсият ва таҳкими илму маърифат боқӣ мемонад. Омӯзгорон на танҳо маълумотдиҳанда ҳастанд, балки инсонро барои ҳаёти босаводона, бо андешаи солим ва ҷаҳонбинии васеъ омода месозанд.

Новобаста аз мушкилоту маҳдудиятҳо, омӯзгорон дар минтақаҳои дурдаст ва мактабҳои камшароит бо фидокорӣ ва самимият фаъолияти худро идома медиҳанд ва дар қалби шогирдон умеду рӯшноиро мерӯёнанд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба масъулин дода шудааст, дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод мегардад. Ин иқдом барои беҳтар намудани мақоми иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва шароити кори омӯзгорон аҳамияти бузург дорад.

Хулоса, Рӯзи омӯзгор ҷашни маърифат, муҳаббат ба илм ва эҳтиром ба устодон аст. Ин рӯз моро водор мекунад, ки омӯзгоронро ҳамчун сутуни ҷомеа, бунёдгузорони давлатдории устувор ва офарандагони фардои миллат эҳтиром намоем. То даме ки омӯзгорро қадр мекунем, маърифат зинда, ахлоқ боло ва ҷомеа ба сӯи рушди устувор ва камол қадам мегузорад.

Мусоев Дилшод - ходими калони илмии МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ

Ҳар миллату ҳар ҷомеа барои рушду камол ва бақои худ ба ду нерӯи асосӣ такя мекунад: илму маърифат ва тарбияи насли нав. Ва қувваи асосие, ки ин ду рукнро ба ҳам мепайвандад, омӯзгор аст. Омӯзгор шахсияти нотакрорест, ки инсони оддиро ба инсони комил, кӯдакро ба шахсияти бофарҳангу соҳибдонишу соҳибмаърифат ва ҷавонро ба созандаи ҷомеа табдил медиҳад. Ба ҳамин хотир, бузургдошти омӯзгор ва ҷашни касбии ин шахсияти тавоно рамзи арҷгузорӣ ба дониш, маърифат ва фарҳанги миллӣ мебошад.

ОМӮЗГОР ДАР ТАЪРИХ ВА ТАМАДДУНИ БАШАРӢ

Таърихи башарият пур аз мисолҳои равшанест, ки нақши омӯзгорро ҳамчун поягузори тамаддун нишон медиҳанд. Агар ба гузашта нигарем, мебинем:

-Афлотун бо роҳнамоии устодаш Суқрот ба камол расид;

-Искандари Мақдунӣ бо омӯзгории Арасту ҷаҳонгир гардид;

-Ибни Сино бо раҳнамоии устодони худ то ба ҳадди “Шайх-ур-раис” табдил ёфт;

- Рӯдакӣ — падари адабиёти тоҷик, бо илҳоми устодони худ ва меҳри беандоза ба илм ва ҳунар, шеърҳое офарид, ки асрҳо боз дар қалби мардум зиндаанд. Ӯ бо сухани нобу зебо ва маърифати баланд, поягузори адабиёти форсӣ-тоҷикӣ гардид ва ба омӯзгорону аҳли илм арҷ мегузошт.

Ин гуфтаҳо ҳама шаҳодат онанд, ки пойдории ҳар тамаддун ва рушду шукуфоии ҳар миллат аз омӯзгор оғоз мегардад.

ОМӮЗГОР ҲАМЧУН ТАРБИЯТГАРИ ШАХСИЯТ

Фарқияти асосии омӯзгор аз дигар касбу ҳунарҳо дар он аст, ки вай на танҳо дониш меомӯзонад, балки шахсияти ояандаро месозад. Омӯзгор тарбиягари дилу зеҳн аст. Ӯ:

• ба шогирдон на танҳо фаннҳои таълимӣ, балки ахлоқ, инсондӯстӣ ва одоби ҳаёт меомӯзонад;

• онҳоро ба дӯст доштани забон, фарҳанг ва таърихи миллӣ ҳидоят мекунад;

• ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва зиракии сиёсиро бедор месозад;

• намунаи ибрат ва такягоҳи маънавӣ мегардад.

Ҳар як сухани омӯзгор метавонад роҳи зиндагии як шогирдро куллан тағйир диҳад.

АРҶГУЗОРИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА ОМӮЗГОР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд:

«Омузгор қувваи бузурги созанда аст ва ҷомеа бе омӯзгор рушд карда наметавонад».

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, бахусус солҳои охир, барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва рушду инкишофи соҳаи маорифи мамлакат корҳои зиёде анҷом ёфтанд:

• сохтмони садҳо муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳо;

• зиёд шудани маоши омӯзгорон ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии онҳо;

• ворид намудани технологияҳои муосир ба низоми таълим;

• омода намудани китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимии мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ.

Ин ҳама шаҳодати он аст, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат омӯзгорро такягоҳи асосӣ ва сармояи маънавии миллат мешуморанд.

ОМӮЗГОР ВА ҶАҲОНИ МУОСИР

Дар асри XXI ҷаҳонишавӣ, техника ва технология бо суръати баланд рушд мекунанд. Дар чунин шароит нақши омӯзгор боз ҳам муҳимтар мегардад. Ӯ бояд:

• донишҷӯёну хонандагонро бо илму фанни муосир мусаллаҳ созад;

• онҳоро ба истифодаи босамари технологияи иттилоотӣ роҳнамоӣ кунад;

• ҷавононро аз хатарҳои фарҳангии ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд;

• дар дили онҳо эҳсоси ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиро бедор кунад.

Омӯзгор имрӯз на танҳо омӯзанда, балки пироягари маънавӣ ва муҳофизи худшиносии миллӣ мебошад.

МАҚОМИ ОМӮЗГОР ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Дар фарҳанги тоҷик омӯзгор ҳамеша мавқеи бузург доштааст. Шоирон ва мутафаккирон омӯзгорро ҳамчун чароғи маърифат ва падари рӯҳонӣ васф кардаанд. Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ гуфтааст:

«Муаллим офтоби рӯзгори мост,
Ба ҳар хона дарояд нури ӯ рост».

Ин мисраъҳо нишон медиҳанд, ки омӯзгор барои ҷомеа ҳамон қадар муҳим аст, ки офтоб барои зиндагӣ.

Рӯзи омӯзгор иди касбии аҳли маориф аст, аммо дар асл ин ҷашн ба тамоми ҷомеа тааллуқ дорад. Зеро ҳар як шахси муваффақ, хоҳ олим бошад, хоҳ табиб, хоҳ шоир аввал аз назди омӯзгор гузаштааст.

Омӯзгор меъмори инсони комил, чароғи маърифат, ҳидоятгари миллат ва такягоҳи давлат аст. Арҷгузорӣ ба омӯзгор, дар асл, арҷгузорӣ ба илму дониш, фарҳанг ва ояндаи дурахшони миллат мебошад.

Бо ифтихор мегӯем: омӯзгор – меъмори ояндаи миллат ва чароғи роҳи маърифат аст!

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 2 - юми ихтисоси идоракунии давлатии

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Имрӯзҳо 80-умин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таҷлил мешавад. Қарор дар бораи таъсиси СММ дар Конфронси байналмилалии Сан-Франсиско, ки аз 25 апрел то 26 июни соли 1945 баргузор гардид, қабул карда шуд.

Мақсади асосии СММ дар моддаи 1 Оиннома ба таври зайл баён шудааст: "Муҳофизат намудани сулҳу амнияти байналмилалӣ ва бо ҳамин мақсад андешидани чораҳои самарабахши дастаҷамъона барои пешгирӣ кардан ва бартараф намудани таҳдид ба сулҳ ва саркӯб намудани амалҳои таҷовузкорона ва ё дигар вайронкуниҳои сулҳ, бо воситаҳои осоишта мувофиқи принсипҳои адолат ва ҳуқуқи байналмилалӣ танзим ё ҳалли баҳсҳо ё вазъиятҳои байналмилалӣ, ки метавонанд ба вайрон кардани сулҳ оварда расонанд».

Аз лиҳози сохтор системаи СММ шаш мақомоти асосиро дар бар мегирад. Ба ғайр аз мақомоти асосӣ системаи СММ инчунин аз барномаҳои сершумор, мақомоти ёрирасон ва муассисаҳои махсусгардонидашуда иборат аст, ки фаъолияти худро бо СММ ҳамоҳанг мекунанд.

Ҳама аз вазъи ногувори СММ изҳори нигаронӣ мекунанд ва бисёриҳо онро бӯҳронӣ меноманд.

Моҳи июни соли ҷорӣ нишон дод, яъне пас аз он ки Исроил хиёнаткорона ҷанги зидди Эронро оғоз кард. ИМА узви Шурои Амният дар шарикӣ бо Исроил зидди Эрон таҷовуз кард, яъне 22 июни с.2025 ба объектҳои атомии мамлакат зарба зад. Шурои Амният дар ин робита алайҳи Исроил ҳеҷ гуна таҳримот ҷорӣ накардааст, вале таҳримҳо алайҳи Кореяи Шимолӣ барои нақзи мушобеҳ кайҳо ҷорӣ карда шудааст, ки равиши духӯраи онро нишон медиҳад. Шубҳаҳо вуҷуд доранд, ки СММ баъди 80-солагии худ зинда мемонад ё не. Лигаи Миллатҳо де-юре соли 1919 таъсис ёфта то соли 1946, яъне ҳамагӣ 27 сол вуҷуд дошт. Аммо пас аз сар задани Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар соли 1939 он дар ҳолати фалаҷи комил қарор дошт. Давраи аз соли 1939 то охири соли 1945 замоне буд, ки Лигаи Миллатҳо аллакай фалаҷ шуда буд ва СММ ҳанӯз ба дунё наомада буд.Ҳоло СММ баъди 80-сол дар ҳолати фалаҷӣ қарор дорад.

Чаро вазъ дар чунин ҳолат аст?

Мавзеи баъзе аз аъзоёни СММ-ро таҳлил намоем. Масалан, Д.Трамп иштироки ИМА дар бисёр созмонҳои байналмилалӣ ба Иёлоти Муттаҳида фоидаи ночиз мебахшад ё тамоман нафъ намерасонад. Ӯ иддао дорад, ки созмонҳои байналмилалӣ дасти Иёлоти Муттаҳидаро бастаанд. Амрико дар навбати худ бояд аксари масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва иқтисодиро тавассути гуфтушунид ва созишномаҳои дуҷониба ҳал кунад. Дар рӯзи аввали президентии худ дар Кохи Сафед (20 январи соли 2025) Доналд Трамп фармонеро имзо кард, ки Иёлоти Муттаҳида аз Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) хориҷ мешавад. Вай инчунин фармони иҷроияро дар бораи хуруҷи Иёлоти Муттаҳида аз Шурои ҳуқуқи башари СММ (UNHRC) имзо кард. Ва дар рӯзи аввали худ, ӯ фармонеро имзо кард, ки Иёлоти Муттаҳидаро аз Созишномаи Париж оид ба тағирёбии иқлим хориҷ мекунад. Пас аз ду ҳафта, 4 феврал, президенти ИМА фармони иҷроияро имзо кард, ки дар он иштироки ИМА дар маҷмуъ дар СММ ва аз ҷумла ЮНЕСКО баррасӣ мешавад. ИМА аз созишномаҳо ва конвенсияҳои бисёрҷониба хориҷ шуд. Ӯ зидди гендер ё DEI (Diversity, Equity, and Inclusion - Гуногунӣ, баробарӣ ва фарогирӣ) аст ва ошкоро ба Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ мухолифат мекунад.

Яке аз зуҳуроти бӯҳрони СММ маблағгузории ками созмон аст. То аввали моҳи майи соли 2025 танҳо 108 мамлакат ҳаққулузвияти доимии худро пурра супурдаанд. Дар чор моҳи аввали соли 2025 каме бештар аз нисфи ба нақша гирифташуда аз 3,5 миллиард доллар саҳмҳои мунтазами буҷет - 1,8 миллиард доллар пардохта шуд. То 30 апрели соли 2025, қарзҳои якчанд кишварҳо маблағи умумии 2,4 миллиард долларро ташкил доданд. Қариб аз се ду ҳиссаи қарзҳои боқимонда (1,5 миллиард доллар) ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рост меояд. Чин бо тақрибан 0,6 миллиард доллар (597 миллион) дар ҷои дуюм аст. Аз паси онҳо (бо миллионҳо доллар): Россия—72; Арабистони Саудӣ — 42; Мексика — 38; Венесуэла – 38; кишварҳои дигар – 137.

Бо афзоиши қарз, Антонио Гутерриш ташаббуси ислоҳоти буҷаи худро, ки «Ташаббуси СММ-80» номида мешавад, дар арафаи 80-солагии СММ муаррифӣ кард. Ӯ пешниҳод намуд, ки то соли 2026 аз 15 то 20 дарсади хароҷоти котиботи СММ кам карда шавад ва 20 дарсади мақомҳои СММ барҳам дода шавад. Котиботи СММ ҳар сол буҷети мунтазами тақрибан 3,7 миллиард долларро назорат мекунад ва тақрибан 33,000 кормандро дар бар мегирад.

Пешниҳоди ислоҳоти Антониу Гутерриш ба се қисм тақсим мешавад:

1. Дар зери роҳбарии СММ, пасандозҳоро метавон тавассути ба тартиб даровардани амалиётҳо, қатъ кардани қабули персонали нав, кам кардани сафар ва кӯчонидани кормандон аз Ню Йорк ва Женева ба шаҳрҳои камхарҷ ба даст овард.

2. Баррасии тақрибан 4000 мандате, ки аз ҷониби давлатҳои узв ба СММ дода шудааст, бо мақсади муттаҳидсозӣ ва рафъи такрори онҳо. Давлатҳои аъзо бояд дар бораи чунин тағйирот мувофиқа кунанд.

3. Ниҳоят, ташаббус баррасии ислоҳоти сохтории густурда дар тамоми системаи СММ-ро, ки аз даҳҳо агентиҳо иборат аст, ки рӯз то рӯз беаҳамият мешаванд ва ё кори якхеларо ба мисли дигар ниҳодҳо иҷро мекунанд, тақозо мекунад.

СММ самаранокии худро аз даст медиҳад ва он ба ислоҳоти амиқ ниёз дорад.

Яке аз муҳимтарин ислоҳот тағйир додани нақши Дабири кулл мебошад. «Ислоҳоти Шурои Амният ҳеҷ гоҳ ба даст нахоҳад омад - ҳадди ақалл, то замоне, ки як таҳаввулоти ҷиддие дар ҷаҳон рух надиҳад. Варианти хеле воқеъбинтар ин тағир додани вазифаҳои Дабири кулл аст. Агар мо мехоҳем, ки СММ муассиртар шавад, мо бояд ба Дабири кулл салоҳият ва мустақилияти бештар диҳем. Ин муҳимтарин вазифаи имрӯз аст» - мегӯянд журналистони фаронсавӣ Анн-Сесил Робер и Ромюл Стиора.

В.Чуркин, намояндаи собиқи ФР дар СММ вазъият дар Котиботи СММ-ро чунин арзёби намуда буд: «Инро муқаррарӣ ҳисобидан мумкин нест ки се вазифаи асосӣ — чонишини котиби генералӣ оид ба муҳофизати сулҳ, сиёсӣ ва гуманитарӣ — аз тарафи се мамлакат ИМА, Фаронса ва Британияи Кабир самарабахш ғасб карда шавад. Мо итминон дорем, ки барои нигоҳ доштани таъсирбахшӣ ва қонунӣ будани фаъолияти Котибот ротатсияи ин ва баъзе дигар вазифаҳои баландпояи Котибот байни ҳамаи кишварҳои узви СММ зарур аст. Раванди таъини онҳоро шаффофтар намудан муҳим аст».

Пешниҳодҳои сершумор оид ба азнавташкилдиҳии Шурои Амният садо медиҳанд. Инҳоро метавон дар чаҳор гурӯҳ ҷамъбаст кард:

1) аъзои доимии худро аз ҳуқуқи вето маҳрум мекунанд;

2) қоидаеро муқаррар мекунад, ки ду овози аъзои доимиро барои вето ба лоиҳаи қатъномаи Шурои Амният талаб мекунад;

3) шумораи аъзоёни доимии Шурои Амният зиёд карда шавад, вале онҳо набояд ҳуқуқи вето дошта бошанд;

4) шумораи аъзоёни доимии Шурои Амният бо ҳуқуқи вето зиёд карда шавад.

Тибқи ду варианти охир, номзадҳои бештар пешбаришуда Ҷопон, Олмон, Ҳиндустон ва Бразилия (G-4) буданд. Аммо ба ин номзадҳо баъзе аъзоёни доимии ҳозираи Шурои Амният, инчунин дигар давлатҳои аъзои СММ мукобил буданд ва мебошанд. Масалан, Русия ва Чин ба номзадии Олмон (ҳамчунон Италия ва Испания) мухолифанд. Дар бобати Ҷопон мушкилот вуҷуд дорад: аввалан, миёни Русия ва Ҷопон то ҳол шартномаи сулҳ ба имзо нарасидааст ва ин кишвар бо Русия ва Чин даъвои ҳудудӣ дорад. Бархе аз кишварҳои Амрикои Лотин (Аргентина, Колумбия ва Мексика) ба номзадии Бразилия мухолифанд. Покистон ба номзадии Ҳиндустон мухолиф аст. Ҳиндустон низ бо Чин муносибатҳои хеле печида дорад ва байни онҳо баҳсҳои ҳудудӣ вуҷуд дорад.

«Гурӯҳи 77» ва Чин ҷонибдори беҳбуди идоракунӣ дар СММ буда, аҳамияти намояндагии бештари кишварҳои рӯ ба тараққӣро таъкид мекунанд. Онҳо ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз қабили ислоҳоти меъмории байналмилалии иқтисодӣ ва молиявӣ, решакан кардани камбизоатӣ ва рушди устувор афзалият медиҳанд. Кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз эҳтимоли коҳиши маблағгузории рушд, ки барои онҳо як авлавият ва як бахши хеле ҳассос аст, сахт нигаронанд. Як намояндаи G77 изҳор дошт, «дигарон зиндагии моро дар фақр дарк карда наметавонанд. Барои мо ин воқеият аст: одамон бидуни ғизо ва сарпаноҳ зиндагӣ мекунанд».

Соли 2013 Фаронса пешниҳод кард, ки аъзои Шурои Амнияти СММ дар ҳолатҳое, ки амалҳои ваҳшиёнаи оммавӣ, ба мисли наслкушӣ содир мешаванд, давлатҳои аъзои доимии Шурои Амният аз ҳаққи вето даст кашанд. Дере нагузашта Мексика ва Испания ин пешниҳодро дастгирӣ карданд ва то соли 2018 шумораи ҷонибдорон ба беш аз 100 иёлот расид [3]. Ин пешниҳодро ИМА, Чин ва Русия рад карданд.

Сохторҳои нав дар системаи СММ пайдо шуданд. Комиссияи эҳёи сулҳ (КЭC) соли 2005 таъсис дода шуд. Соли 2006 Хазинаи сулҳи СММ таъсис дода шуд. Соли 2006 Шурои ҳуқуқи башар таъсис дода шуд. Соли 2005 бо пешниҳоди ИМА Хазинаи демократияи СММ (UNDEF) таъсис дода шуд (аммо, давлатҳо зидди Freedom House, Human Rights Watch, Бунёди Миллии Демократия ва Институти Байналмилалии Ҷумҳурихоҳон ҳастанд). Соли 2024 бо пешниҳоди ҶТ Хазинаи ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Мо пешниҳод мекунем, ки Суди умумиҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад.

Дар бобати ислоҳоти СММ Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 80-умини Маҷмаи Умумии СММ баромад намуда, мавқеи Тоҷикистонро чунин изҳор намуданд: «Тоҷикистон аз ислоҳоти фарогири низоми СММ зимни ташаббуси “Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80”, "Созмони Милали Муттаҳид-2.0" ва Диди Дабири кулл оид ба низоми муосири Созмони Милал ҷонибдорӣ менамояд. Дар баробари ин, мо аз "Паймон ба хотири оянда" ҳамчун иқдоми муҳимми дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор истиқбол менамоем. Мо бори дигар зарурати тақвияти нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози СММ-ро дар таъмини сулҳу осоиши фарогир таъкид менамоем. Танҳо бо эътимод, ҳамкорӣ ва иродаи устувор мо метавонем ояндаи одилона, сулҳомез ва устуворро барои кулли инсоният бунёд намоем.

Тоҷикистон дар амри дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯзномаи ҷаҳонӣ омодаи ҳамкориҳои муштарак бо кишварҳои шарик ва тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид мебошад».

Ба андешаи мо Созмони Милали Муттаҳид комил нест, аммо инсоният созмони беҳтаре надорад. СММ платформаи универсалии муколама оид ба офариниши тартиботи нави одилонатари ҷахонӣ мебошад. Потенсиали беназири СММ на ҳамеша амалӣ мешавад. Мушкилот дар майли кишварҳои узв барои истисмори СММ ва сохторҳои он ба манофеи миллии худ, расидан ба ҳадафҳои геополитикӣ, таъсир ва фишор ба рақибон ва муттаҳам кардани онҳо ба рафтори номатлуб нуҳуфта аст.

Муваффақият дар сохтмони бехатар ва одилонаи тартиботи ҷаҳонӣ ва ислоҳоти системаи СММ дар соҳаи ғояҳо ва арзишҳо ҷойгир аст. Пешравӣ дар ин самт аз огоҳӣ ва иродаи сиёсии худи давлатҳои узв, тавоноии онҳо дар амри созиш кардан, аҳду паймони ҳосилшударо якҷоя ба амал баровардан нуҳуфта аст.

Умедворем, ки давлатҳо ҳама ихтилофотро канор гузошта, барои бунёди ҷаҳони беҳтар ба мувофиқа расида, ислоҳоти лозимаро ворид месозанд ва Созмони Милали Муттаҳид вазифаи дар назди худ истода - нигоҳдории сулҳ ва амнияти ҷаҳониро сарбаландона ва боз ҳам самараноктар анҷом хоҳад дод.

Саидумар Раҷабов – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,

мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ АМИТ

Забони давлатӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ ва нишонаи ҳастии миллат дар ҳар кишвари соҳибистиқлол аҳамияти беназир дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки рамзи ваҳдати миллӣ ва тамаддуни бостонӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили забони давлатӣ нақши калидӣ дар ҳифз, рушд ва тарғиби он дорад.

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи таҳкими давлатдориро интихоб кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф гардид. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Моддаи 2) забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ муайян шудааст, ки ин санад таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст. Аз соли 1993, Пешвои миллат таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масъалаи забони давлатӣ зоҳир намуд ва ташаббусҳои қонунгузорӣ барои ҳифзи онро пеш бурд. Масалан, қонунҳои марбут ба истифодаи забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таҳия шуданд, ки инҳо заминаи ҳуқуқии рушди забонро фароҳам меоваранд.

Дар солҳои аввали истиқлолиятПешвои миллат Ваҳдати миллиро ҳамчун омили асосии таҳкими забони давлатӣ муайян кард. Дар суханронии худ соли 1994 ӯ таъкид намуд, ки Ваҳдати миллӣ шароити мусоид барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забонро фароҳам меоварад. Ин сиёсат натиҷаи мусбатро дод ва имрӯз забони тоҷикӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз идораҳои давлатӣ то расонаҳо мавқеи устувор касб кард.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кафили забони тоҷикӣ шинохта шудааст. Аз соли 1993 ӯ ташаббусҳои зиёде барои муаррифии забони тоҷикӣ дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) пешниҳод кардааст. Масалан, соли 1993 шӯҳрати суханронии волои ӯ бо забони тоҷикӣ дар Маҷмаи Умумии СММ ("Бани одам аъзои якдигаранд...") ҳамчун нишонаи ҳифзи забони миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ сурат гирифт. Ин ташаббусҳо ба рушди дипломатии фарҳангӣ мусоидат карда, забони тоҷикиро дар минбарҳои байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Ҳамчунин, ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамзабон чун Афғонистон ва Эрон таҳти роҳбарии Пешвои миллат густариш ёфтанд. Дар сафари соли 2005 ба Афғонистон 11 қарор, аз ҷумла "Қарордод дар бораи дӯстӣ" имзо шуд, ки робитаҳои фарҳангӣ ва забониро тақвият бахшид. Ин тадбирҳо на танҳо забони тоҷикиро ҳамчун мероси муштарак таҳким бахшид, балки ба таъсири мусбати забони тоҷикӣ (мувофиқи моддаи 2 Конститутсия) мусоидат карданд.

Яке аз саҳмҳои барҷастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа эҷоди осори илмӣ-фарҳангии бахшида ба забони тоҷикӣ мебошад. Китоби нави ӯ бо номи «Забони миллат – ҳастии миллат» сарнавишти таърихии забони тоҷикиро баррасӣ мекунад, ки решаҳои ориёии онро бо далелҳои илмӣ исбот намуда, даврабандии таърихиро дар асоси маводи нав матраҳ месозад. Дар ин асар зодгоҳи забони тоҷикӣ – Хуросон ва Мовароуннаҳр, инчунин шебу фарозҳои он дар замони истилои араб ва эҳёи он дар аҳди Сомониён таҳлил шудааст. Ин китоб на танҳо барои тоҷикон, балки барои форсизабонони дунё дастоварди муҳим аст ва дар илми забоншиносӣ саҳми калон мегузорад.

Инчунин, китоби дигаре, ки гулчине аз суханҳои ҳикматомӯзи Президенти маҳбуб мебошад, «Суханҳои ҳикматомӯзи Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон» мебошад, ки соли 2015 нашр шудааст. Ин маҷмӯа афкор ва нуктаҳои волои ӯро дар бораи омӯхтани забон, ҳифзи он ва афзудани қудрати он фароҳам овардааст. Масалан, дар ин китоб суханҳои зерин омадаанд: «Забони миллӣ симо ва пайкараи миллат мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст». Ин суханҳо нақши забонро ҳамчун асоси ҳастии миллат таъкид мекунанд. Ҳамчунин, «Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост» – нуктае, ки пайванди забон бо таърих ва ояндаи миллатро нишон медиҳад. Ин маҷмӯа ҳамчун дастури раҳнамо барои тоҷикистониён хидмат мекунад ва саҳми Пешвои миллатро дар тарғиби забон боз ҳам баланд нишон медиҳад.

Дар ҳар паёмҳои табрикотӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ Пешвои миллат забони тоҷикиро "рамзи муқаддас ва ҷовидонаи ҳастии миллат" номида, рушди онро чунин муайян мекунад: омӯзиши гӯйишҳо, таҳияи луғатномаҳои соҳавӣ, таълими забони модарӣ аз кӯдакӣ ва баланд бардоштани сатҳи забондонии ҷавонон. Ӯ доимо таъкид мекунад, ки "забони модарӣ хишти аввалини пойдевори миллат ва рукни асосии давлатдорӣ аст" ва фаромӯш кардани он метавонад миллатро ба нестӣ оварад. Ин паёмҳо ҳамчун роҳнамои сиёсати давлатӣ оид ба забон амал мекунанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили забони давлатӣ саҳми бузург дар ҳифзу рушди забони тоҷикӣ гузоштааст. Ташаббусҳои ӯ аз қонунгузорӣ то байналмилалӣ ва эҷоди осори илмӣ то тарғиби фарҳанги миллӣ на танҳо забонро таҳким бахшидааст, балки худшиносии миллӣ ва давлатдориро низ мустаҳкам гардониданд. Имрӯз забони тоҷикӣ дар минбарҳои ҷаҳонӣ садо медиҳад, ки ин саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забон мебошад.

Дар мақолаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушватзода Қ.Х. бо номи “Забон василаи муҳимми шинохти миллат” дарҷ гардидааст, ки: “Истиқлоли давлатӣ ба миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик имкон дод, ки дар заминаи соҳибихтиёрии миллӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ арҷ гузорад. Имрӯз дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ чун яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар роҳи рушду такомул қарор дорад. Пешвои миллат забонро чун кафили ҳастии миллат дониста, дар самти устувор намудани мақоми ин арзиши олии миллат як қатор ташаббусҳои саривақтӣ ва муҳимро дар амал татбиқ намуданд. Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои хеш забони моро муаррифӣ намуда, онро ба забони сулҳу субот ва ба ҳам овардани мардумони ҷаҳон мубаддал гардонидаистодааст”.

ҚУРБОНОВА ШИРИН ИСМОИЛОВНА, - сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих.

1231Забон на танҳо воситаи гуфтор ва муошират, балки рукни асосии давлатдорӣ ва ҳастии миллӣ мебошад. Ҳар миллат дар тӯли таърих забонро ҳамчун оинаи ҳастӣ ва нишондиҳандаи фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури худ медонад. Забони тоҷикӣ, ки аз қадим то имрӯз мавқеи худро дар илму адаб ва фарҳанги ҷаҳонӣ собит намудааст, имрӯз ҳамчун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад.

Бо назардошти аҳамияти бузурги он, ҳамасола дар кишвари мо 5-уми октябр Рӯзи забони тоҷикӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана барои ҳар як тоҷикистонӣ рамзи эҳтиром ба гузашта, посдории фарҳанги миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.

То соли 2009 Рӯзи забон дар Тоҷикистон 22-юми июл таҷлил мегардид. Аммо бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 5-уми октябри соли 2009, санаи таҷлили Рӯзи забон ба 5-уми октябр гузаронида шуд. Ин рӯз ба як иди расмии давлатӣ табдил ёфта, дар саросари ҷумҳурӣ бо баргузории ҳамоишҳо, конфронсҳои илмӣ, чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ ва мулоқотҳо таҷлил мегардад.

Мақсади асосии таҷлили ин рӯз арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони модарӣ ва забони давлатӣ, таҳкими ҷойгоҳи он дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад.

Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои куҳантарини олам буда, решаҳои он ба ҳазорсолаҳо бармегардад. Ин забон шохаи муҳими забонҳои эронии шарқӣ буда, дар давраҳои гуногуни таърих бо номҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ мавриди истифода қарор дошт.

Дар ин забон осори ҷовидонаи устод Рӯдакӣ – падари адабиёти классикии тоҷик, «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ, ғазалҳои пурҳикмати Ҳофиз, асарҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Абулмаонӣ Бедил ва садҳо шоиру олими барҷастаи дигар офарида шудаанд. Ин мероси ғанӣ собит месозад, ки забони тоҷикӣ яке аз ганҷинаҳои нодири фарҳанги башарист.

Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ мебошад. Тавассути забони давлатӣ муносибатҳои расмӣ, санадҳои ҳуқуқӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ба роҳ монда мешаванд. Бо ҳамин забон қонунҳо қабул мегарданд, илму фарҳанг рушд меёбад ва ҷомеа ба сӯи пешрафт қадам мегузорад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Забон рукни давлатдорӣ ва ҳастии миллат аст».

Дар ҳақиқат, маҳз тавассути забони модарӣ миллати тоҷик тавонист, ки дар тӯли садсолаҳо фарҳангу тамаддуни худро нигоҳ дошта, то ба даврони истиқлолият бирасонад.

Забони тоҷикӣ, ки мероси чандинҳазорсолаи ниёгони мо мебошад, дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи наву шоиста пайдо кард. Дар ин ҷода саҳми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург ва таърихист. Маҳз бо ташаббус ва сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ эҳё ва рушд ёфт.

Бо сиёсати забондӯстонаи Сарвари давлат, имрӯз забони тоҷикӣ дар тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, расонаҳои омма ва дигар сохторҳо ҳамчун воситаи асосии муошират истифода мешавад.

Бо дастгирии Пешвои миллат, ҳамасола бахшида ба Рӯзи забон конфронсҳои илмӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҳамоишҳои фарҳангӣ ва нашри китобҳои илмӣ-оммавӣ доир мегарданд. Ҳадафи ин ҳама чорабиниҳо баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ дар ҷомеа мебошад.

Президенти мамлакат ба ҷавонон ҳамеша таъкид мекунанд, ки бояд забони модариро бо эҳтиром омӯзанд ва онро поку фасеҳ истифода баранд. Дар баробари забонҳои хориҷӣ, ки воситаи дастрасӣ ба илмҳои муосир мебошанд, истифодаи дуруст ва ифтихор аз забони модарӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷавонони тоҷик дониста мешавад.

Ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Барои покизагии забон бояд кӯшиш кард, ки онро бо вожаҳои бегонанавиштаи худ бой гардонем, аз ифлосшавии забон бо вожаҳои бегона пешгирӣ намоем ва онро ба таври дурусту фасеҳ истифода барем.

Ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, бояд забони модариро бо муҳаббат омӯзанд ва дар баробари забонҳои хориҷӣ онро бо ифтихор истифода баранд. Муаллимон, олимон, рӯзноманигорон ва аҳли зиё низ масъуланд, ки забони тоҷикӣ бо сифати баланд ва дар сатҳи илмӣ рушд дода шавад.

Рӯзи забони тоҷикӣ рамзи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва эҳёи мероси ниёгон мебошад. Ҷашн гирифтани ин рӯз на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта аст, балки масъулияти ҳар яки моро дар назди наслҳои оянда низ хотиррасон месозад. Забони тоҷикӣ ганҷинаи бебаҳоест, ки бояд аз он ифтихор намоем ва онро ҳамчун рамзи ваҳдат, истиқлолият ва ҳастии миллӣ ҳифз кунем. Ҳар як фарди ҷомеа бояд дар пос доштани покизагии забон, рушду такомули он ва интиқоли ин ганҷина ба наслҳои оянда саҳмгузор бошад.

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ ва омили ваҳдати миллӣ бо сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат рушд ва такомули бесобиқа ёфтааст.

Қобилов М.М. – доктори илмҳои физикаю математика, мудири шуъбаи математикаи

амалӣ ва механикаи Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ

Муҳаққиқону донишмандони муосири ҷаҳони араб ба эҷодиёти Мавлоно таваҷҷуҳ доранд ва осори манзум ва мансури ин нобиғаи тоҷикро омӯхтаву дар заминаи он корҳои илмии зиёд таълиф намудаанд. Аксари мақолаҳое, ки дар бораи Мавлавӣ ва афкору осораш ба забони арабӣ мунташир шудааст, ӯро ба унвони шоире тавоно бо афкоре сӯфиёна ва ишқе бузурги илоҳӣ ва соҳиби осори баландмазмун ва бадеъ тавсиф намудаанд. Ин падида нишон аз он дорад, ки мавлавипажӯҳони араб ва бисёре аз ҳамзабонони онон бо шахсияти фикрӣ ва адабии Мавлавӣ ошноии кофӣ доранд. Наргис Ганҷӣ ва Фотима Ишроқӣ –мавлоношиносони эронӣ дар мақолае бо номи «Диранге дар осор ва манобеъи мавлавипажӯҳӣ дар ҷаҳони Араб» қайд намудаанд, ки «собиқаи нахустин мақолоти мавлавишиносӣ дар ҷаҳони араб беш аз ҳафтод сол аст»[1,159-186]. Вале агар мо ба ҳамаи он пажӯҳишҳову тарҷумаҳои осори шоирон, ки аз ҷониби арабҳо ба нашр расидаанд назар намоем, ба хулосае меоем, ки Мавлоноро дар ҷаҳони араб хуб мешиносанд. Аввалин маротиба муҳаққиқон ва адабдӯстони араб соли 1872 бо «Маснавии маънавӣ» ошноӣ пайдо намудаанд. Бори аввал тавассути Юсуф ибни Аҳмад ал-Қунавӣ ал-Мавлавӣ ар-Румӣ, олим ва адиби туркнажоди арабдон ва шайхи хонақоҳи Бектоши Истанбул машҳур ба «Зуҳдӣ», соли 1877 китобе бо номи «ал-Манҳаҷ ал-қавӣ литуллоб аш-шариф ал-маснавӣ»-ро таълиф намуд, ки ин китоб баргардон ва шарҳи шаш дафтари «Маснавии маънавӣ» аст ва ин китоб дар чопхонаи «Булоқ»-и Қоҳира ба табъ расидааст.

Абдулазиз Соҳиб ал-Ҷавоҳир, мавлавишиноси дигари араб, дар асараш «Ҷавоҳир-ал-осор фи тарҷумати Маснавии Мавлоно Худовандгор Муҳаммад Ҷалолуддин ал-Балхӣ ар-Румӣ» қайд намудааст, ки «ал-манҳаҷ ал-қавӣ литуллоб аш-шариф ал-Маснавӣ» яке аз беҳтарин шарҳҳои “Маснавии маънавӣ” маҳсуб мешавад»[5,148].

Аз мавлавипажӯҳони дигари чаҳони араб Абдулваҳҳоб Аззом мебошад, ки ӯ дар соли 1946 китобе бо номи «Фусулун мин ал-Маснавӣ»-ро дар ҳаҷми 199 саҳифа дар Қоҳира ба табъ расонидааст. Муаллиф дар ин асар бахшҳое аз «Маснавии маънавӣ»-ро аз қабили «Қиссат ат-тоҷири ва-л-бабғо» ва «Қиссат ал -асад ва-л-вуҳуш» ва якчанд қиссаи дигари “Маснавии маънавӣ”-ро ба арабӣ тарҷума намудааст.

Тарҷумаи комили «Маснавии маънавӣ» ҳосили кӯшиши Абдулазиз Соҳиб ул-Ҷавоҳирӣ, бародари Муҳаммад Маҳдӣ ал-Ҷавоҳирӣ, шоири шаҳири Ироқ мебошад. Ҷавоҳирӣ, ки аз овони ҷавонӣ шефтаи Мавлоно ва осораш буд, ба сарзамини Хуросон омада ва пеш аз иқомат дар Кирмоншоҳ шаш дафтари «Маснавии маънавӣ»-ро ба назми арабӣ даровард ва шарҳу тавзеҳоте бар он афзуд. Ин асар бо номи «Ҷавоҳир ул-осор фи тарҷумати маснавии Мавлоно Худовандгор Муҳаммад Ҷалолуддин ал-Балхӣ ар-Румӣ» дар соли 1958 тавассути интишороти Донишгоҳи Теҳрон мунташир шуд.

Мавлонопажӯҳи дигари араб, устоди Донишгоҳи Қоҳира Муҳаммад Абдуссалом Каффофӣ мебошад, ки ӯ худро шогирди Абдулваҳҳоби Аззом мешуморад. Ӯ дар соли 1966-1967 китоби дуҷилдае бо номи «Маснавии Ҷалолуддин ар-Румӣ шоир ас-суфӣ ал-акбар»-ро ба табъ расонидааст. Муаллиф дар дебочаи асараш, ки дар Бейрут чоп шуда буд, аз мавлавипажӯҳӣ дар ҷаҳони Ғарб ва Араб ва аз тасвирҳои форсӣ, туркӣ ва арабии маснавӣ мабоҳиси арзишмандеро ироа намудааст.

Мавлоношиноси дигари араб, Сайид Муҳаммад Ҷамол ал-Ҳошимӣ ал -Ироқӣ, дар соли 1995 ҳикоёти ʼʼМаснавӣʼʼро ба назми арабӣ дароварда бо унвони «Ҳикоётун ва ибарун мин ал-маснавӣ» дар нашрияи “Дор ал-ҳаққ”-и Бейрут дар ҳаҷми 325 саҳифа аз чоп баровард. Аз вижагиҳои ин китоб он аст, ки мутарҷим ҳар қофияро дар ҳар байт бино бар намунаи тоҷикии он ҳифз кунад, ки бешак ин кор барои ӯ тарҷумаро сахт ва душвор кардааст[10,18].

Мавлоно, ки сафари дарозтарини худро дар Шом (Сурияи имрӯза) гузаронидааст ва дар он ҷо ба таҳсил пардохтааст, дар назди донишмандони беҳтарини он диёр таълим гирифтаву ба лаҳҷаи суриягӣ хуб ошноӣ доштааст. Имрӯз бошад муҳаққиқони суриягӣ барои пажӯҳиши осори сӯфиёнаи Мавлонои мо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Мақолаи мо перомуни яке аз мавлонопажӯҳони муосири кишвари Шом, ки чандин аср сарзамини илму маърифат ва дорои китобхонаҳои машҳури дунё будааст, доктор Исо Алӣ ал-Окуб мебошад.

Доктор Исо Алӣ ал-Окуб аз адабиётшиносони номвари кишвари Сурия мебошад. Ӯ соли 1950 дар яке аз деҳаҳои устони Раққаи Сурия ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби деҳааш гирифта, соли 1972 ба бахши забони арабии Донишгоҳи Ҳалаб дохил шуда, баъди хатми он ба Донишгоҳи Теҳрон пайваст. Пас аз ин ӯ дар Маркази мутолаоти илмӣ ба гуруҳи забони арабии Донишгоҳи Ҳалаб (Диросот ул-улйа фи луғати-л-арабиййати ва адабиҳо мин қисми-л- луғати-л-ъарабиййати ва адабиҳо) шомил гардида, риштаи магистратураро хатм кардааст. Дар давраи таҳсили бакалавриат бошад дар мавзӯи “Пайвандҳои адабӣ миёни эрониён ва арабҳо” корҳои илмӣ анҷом додааст. Тахассуси адабии Алӣ ал-Окуб бештар дар заминаҳои ирфон, нақди адабӣ ва балоғати арабӣ аст. Аз ҷумла ирфон яке аз дилмашғулиҳои доимии ӯ буда, бахши асосии таълифоти ин донишманд тарҷумаи осори ирфонии тоҷику форс ба забони арабӣ мебошад.

Доктор Исо Алӣ ал-Окуб аз байни шоирони тоҷику форс ба осори Мавлоно бештар таваҷҷуҳ намуда, чандин китоб дар бораи Мавлоно ва осори ӯ тарҷума карда ва фикру андешаи Мавлоноро ба хонандагони арабизабон муаррифӣ намудааст. Чуноне, ки худи ӯ мегӯяд, “вақте забони англисиро фаро гирифтам, мутаваҷҷеҳ шудам, ки ғарбиҳо сахт маҷзуби Мавлоно ҳастанд ва ӯро меситоянд. Пас осори аллома Муҳаммад Иқболро ба забони арабӣ хондам. Бо хондани осори Иқбол сахт шод шудам, ва дарёфтам, ки ӯ бо шефтагии хосе аз Ҷалолуддини Румӣ ёд мекунад. Аз ин замон буд, ки ба Мавлоно гароиш пайдо кардам. Ва талош кардам, осореро, ки ба забони арабӣ дар бораи ӯ навишта шудааст, бихонам. Дар ҳақиқат бояд гӯям ки ман дар ҷустуҷӯи чизе будам ва оқибат онро ёфтам. Гӯё ки ман қалбамро дар “Маснавӣ ёфтам”. Устод ал-Окуб байти зерини Саъдиро иқтибос намуда

Ба дарё дар манофеъ бешумор аст,

Агар хоҳӣ саломат, бар канор аст.

Сипас мегӯяд: “....ман натавонистам канори ин соҳил биистам, бо ин ки васоили шино карданро низ надоштам. Аз он замон зиндагии ман аз ҷанбаҳои маънавӣ ҳақиқатан тағйир кард.....” [1,20-27].

Исо Алӣ аз ҷумлаи олимест, ки дар асри ҳозир ба фарҳанги тоҷикӣ ва форсӣ хидмати бисёре карда, барои шиносонидани ин фарҳанг ва таъсири он ба аҳли илму адабу фарҳанги арабӣ таҳқиқоти арзишманде анҷом додааст. «Та’сир ал-ҳикам ал-форсия фил-адаб ал-’араби ал-му’асир фил-аср ил-’аббаси-л-аввал» аз ҷумлаи ин гуна таҳқиқоти ӯст, ки бо номи «Таъсири панди порсӣ бар адаби араб» ба қалами Абдуллоҳ Шарифи Хуҷаста ба форсӣ тарҷума ва бо сармояи ширкати Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ дар соли 1996 мунташир шуда ва дар дастраси хонандагон қарор ёфтааст[6,20-27].

Пажӯҳишгари суриягӣ перомуни муқоисаи адабиёти тоҷику форс ва адабиёти араб андешаронӣ намуда, адабиёти тоҷику форсро аз адабиёти араб бартар медонад ва дилбастагиву шефтаи адабиёти тоҷику форс гардидани худро аз маънии шеъри бикри Мавлоно медонад.

Бояд зикр намоем, ки аксари тарҷумаҳои асарҳои Мавлоно анҷомдодаи Алӣ ал-Окуб аз забони англисӣ мебошад. Нахустин тарҷумаи ӯ “Яду-ш-шеър” ном дорад. Ин китоб дар асл шаш суханронӣ аст, ки суфии машҳури ҳиндӣ Иноятхон дар соли 1923 дар Амрико эҷод кардааст. Ин суфии ҳиндӣ ба таври шигифтангез дӯстдори ирфон буда ва сулуку зиндагии илмии ӯ баёнкунандаи ин амр будааст. Суханрониҳо дар китоби ин суфӣ дар бораи Саноӣ, Аттор, Мавлоно, Ҳофиз, Хайём ва Саъдӣ мебошанд ва ба қавли Исо ал-Окуб баъдҳо бахши Хайёми ин китоб бо сабабҳои номуайян аз байн рафтааст. Шоир ва мутарҷими амрикоӣ, ки Колиман Брайян Баркс (1937)сахт шефтаи ирфону тасаввуф ва ашъори Мавлоно гаштааст, панҷ суханронии боқимондаро (Саноӣ, Аттор, Мавлоно, Ҳофиз ва Саъдӣ)-ро гирдоварӣ карда ва бар он муқаддима навишта, бо шарҳи ҳоли ин шоирон чоп кардааст. “Ӯ агарчи забони форсӣ намедонад, вале ба хотири бознависии ашъори Мавлоно бар асоси дигар тарҷумаҳои англисӣ шинохта шудааст”[9].

Исо ал-Окуб китоби дигаре низ дар бораи Мавлоно зери унвони “Ҷалолуддин ар-Румӣ ва-т-тасаввуф” навиштааст, ки онро бонуи шарқшиноси фаронсавӣ Ева де Витрай Мееровитч (1909 –1999) [7] тарҷума намудааст. Ин шарқшиноси рустабори фаронсавӣ, ки дар натиҷаи мутолааи кутуби тасаввуфи исломӣ дини исломро қабул кардааст, сахт шефтаи Мавлоно буд. Ин китобро, ки дар Амрико ба англисӣ тарҷума шуда буд, устод Алӣ ал-Окуб ба арабӣ тарҷума мекунад. Устод ал-Акуб оид ба ин китоб чунин мегӯяд: “Нависандаи ин китоб сахт таҳти таъсири Мавлоно буда, ҳар касе, ки ин китобро мехонад, аз шиддати таъсири он мегиряд” [2,20-27].

Муҳаққиқи араб китоби дигаре, ки ба шарқшиноси олмонӣ Анне Мери Шиммел (тав. 7 апрели 1922 – ваф. 26 январи 2003) тааллуқ дорад ва он тарҷумаи “Гузидаи Девони Шамс” аст, асли англисии онро бо тарҷумаи форсии он муқобала карда аз англисӣ ба арабӣ тарҷума намудааст. Ӯ мегӯяд, ки “... ин кор дар тарҷумаи он ба забони арабӣ кӯмак кард ва ба Мавлоно бештар наздик шудам” [2,20-27]. Инчунин китоби “Фиҳи мо фиҳи”-и Мавлоноро, ки муҳаққиқ ва мутарҷими англис Артур Ҷон Арберри (тав. 12 майи 1905- ваф. 2 октябри 1969), ки асли форсии он низ ба кӯшиши Бадеъуззамони Фурӯзонфар таҳия гардидааст, доктор Исо Алӣ ал-Окуб ба забони арабӣ тарҷума намудааст ва тарҷумаи ин китобро интишороти “Дору-л-фикр”-и Димишқ нашр кардааст. Мавлоношиноси суриягӣ баъди тарҷумаи асари фалсафии “Фиҳи мо фиҳи”, “Куллиёти Шамс”-ро, ки низ бо таҳияи Бадеъуззамони Фурӯзонфар рӯи чоп омадааст ва тарҷумаи англисии онро дастрас намуда, дар асоси он “Мухтороти Девони Шамс” (“Гузидаи Девони Шамс”) - ро тарҷума намудааст, ки бо номи “Йаду-л-ишқ” (“Дасти ишқ”) нашр шуд.

Тарҷумаи китоби “Маҷолиси сабъа”-и Мавлоно яке аз хидматҳои шоистаи дигари ин донишманди суриягӣ мебошад. Ин асарро ӯ аз форсӣ ба арабӣ тарҷума намудааст ва дигаре аз корҳои ӯ тарҷумаи рубоиёти Мавлоно аст.

Яке аз омилҳои ба адабиёти тоҷику-форс таваҷҷуҳ намудани доктор Исо Алӣ ал-Окуб ин таъсири адабиёти бостонии мо ба адабиёти араб мебошад, ки дар асрҳои VIII-X ба арабҳо гузаштааст. Дар ин замина ин донишманди суриягӣ асари арзишманде зери унвони “Таъсир ал-ҳикам ал-форсият фи-л-адаби-л-араби фи-л-асри-л-Аббоси ал-аввал” (“Таъсири андарзҳои форсӣ ба адабиёти арабӣ дар замони Аббосиёни аввал”) таълиф намудааст. Ғайр аз ин асар, чандин асарҳои дигаре дар ҳавзаи адабии арабӣ навишта шудаанд, ки ба ҳамин масъала рабт доранд. Ин муҳаққиқ бо як ибораи аҷибе аз Ҷоҳиз таъсири адабиёти моро ба адабиёти арабӣ баён медорад: “Давлати Бани Умайя – давлати арабӣ аст ва давлати Бани Аббос хуросонӣ”. Ӯ сохтори ҷомеаи он замонро арабӣ-хуросонӣ медонад[2,24]. Аз нигоҳи ин донишманд фарҳанги исломиро на фақат арабҳо ба вуҷуд оварданд, балки нақши донишмандони тоҷику форс дар рушди фарҳангу адаби арабӣ-исломӣ беназир аст. Ӯ мегӯяд, ки “... касоне, ки фарҳанги исломиро ба вуҷуд оварданд, фақат араб ва фақат ҳам эронӣ набуданд. Балки онҳо гурӯҳе аз мардум буданд, ки гурӯҳ-гурӯҳ ба оини ислом даромаданд ва ҳар як аз онҳо ба андозаи хеш ба ин фарҳанг хидмат карданд. Аммо хуросониён ба сабаби наздикии бештар ба дини ислом дар ин амр нақши босазое доштанд ва нишонаҳои ошкоре аз эшон дар ин заминаҳо вуҷуд дорад” [2,24]. Барои ҳамин ҳам яке аз шарқшиносони машҳури рус И.Ю. Крачковский беҳуда нагуфтааст, ки “....дар рушду такомули фарҳанг ва адабиёти араб натанҳо арабҳо, балки як қатор халқу миллатҳои дигар низ саҳм гузоштаанд”.

Дар китоби «Та’сир ал-ҳикам ал-форсия фил-адаб ал-а’раби ал-му’асир фил-аср ал-’ Аббаси ал-аввал» омадааст, ки Ҷоҳиз мегӯяд,: Абдуллоҳ ибни Тоҳир номаеро чунин имзо карда аст: “Ман саъо раъа ва ман лазума ал-манома раъа-л-аҳлом”. Ӯ мегӯяд, ки Абдуллоҳ ибни Тоҳир ин матлабро аз Анушервон гуфтааст. Анушервон мегӯяд: “Ҳар ки равад, чарад ва ҳар ки хусбад, хоб бинад”. Омӯзаи Абунувос ҳамчунин будааст, ки бо тамсил ба сухани Кисро мегӯяд: “Мин фураси-л-лисси заҷҷати с-суқи” яъне: “Дӯзд бозори ошуфта мехоҳад” [2,25]. Саросари ин асар аз ҳикмату масалҳои тоҷикӣ-форсӣ иборат буда, тарзи асарпазирии аъроб аз ин панду андарзҳои гузаштагони моро бозгӯ месозад. Аз таҳқиқоти Исо Алӣ ал-Окуб бармеояд, ки дар асрҳои пешина нависандаҳои араб дар осори худ аз панду андарзҳои тоҷикӣ-форсӣ зиёд истифода кардаанд, вале сарчашмаи истифодакардаи худро дар асарҳояшон намеоварданд, вале дар ҷои дигар муҳаққиқ бархе аз ин мазоминро ҳамчун муштаракоти инсонӣ миёни халқҳои тоҷику форс ва аъроб эътироф менамояд.

Чуноне ки пештар қайд кардем, доктор Исо Алӣ ал-Окуб бештар ба ирфон дилбастагӣ дорад. Ӯ мегӯяд, ки ирфон бо сиришти ман созгор аст ва гӯё ӯ барои ҳамин офарида шуда бошад. Ӯ ҳикоятҳои манзуме, ки аз ҷониби шоирону мутафаккирони тоҷику форс, аз қабили Мавлоно, Ҷомӣ, Аттор, Саноӣ ва дигарон суруда шудаанд, ин гуна шеърро унсури асосӣ ва сифати мушаххаси шеъри тоҷикӣ-форсӣ медонад, ки маънавиётро бо ҳикоёт баён ва мунтақил мекунанд ва аз таъсиргузортарин шеваҳои тарбияти инсон мешуморад. Ба назари ӯ, Мавлоно ҳар фикрро бо достон баён мекунад, зеро мехоҳад ба мо биомӯзад. Дар забони арабӣ “сӯфӣ” аз “соф” гирифта шуда ва “сафо” ба маънии ихлос ва поксозии нафс аст. Мавлоно дар “Маснавӣ” достони “Чиниҳо ва румиҳо”-ро меоварад. Онҳо ба ҳунари наққошии хеш ифтихор мекарданд, то ин ки эшон назди яке аз мулук омаданд ва хостанд, ки ӯ маҳорати эшонро дар нигоргарӣ биёзмояд. Он подшоҳ ба ҳар як аз чиниҳо ва румиҳо хонае рӯ ба рӯи ҳам дод, то нигораҳои хешро ба ӯ нишон диҳанд. Бо рангомезии деворҳо зеботарин тасвирҳои хешро офариданд. Румиён бо худ гуфтанд, ки эшон аз мо маҳорати бештаре доранд ва мо ҳамсанги эшон нестем, бояд ки деворҳои хонаи худро ба некӣ сайқал диҳем. Ҳангоме, ки подшоҳ омад сахт маҷзуби нигораҳои чиниҳо шуд. Румиҳо парда аз хонаи хеш ва хонаи чиниҳо бар гирифтанд. Ҳуҷраи чиниҳо бар деворҳои сайқалии румиҳо бо зебоии ҳарчи тамомтар медурахшид....... [3,171-173] .......Ин маънии ирфонӣ як маънии муҷаррад аст, мегӯяд муҳаққиқи суриягӣ. Ҳангоме, ки Мавлоно онро дар ин қисса нақл мекунад, ин достон дар хотираи ҳамаи мо мемонад, чаро ки ҷанбаҳое аз зебоӣ ва ҷамолро дар бар дорад. Акнун агар арзи мо аз зебоӣ, зебоии адабӣ ё зебоӣ ба мафҳуми куллӣ он бошад метавонем бигӯем, ҳар он чи бо сиришти одамӣ созгор ва мувофиқ бошад, зебо аст. Ҳар адабиёте, ки имконоти таъсиргузориҳоро дошта бошад, он адабиёт зеботар аст, мегӯяд доктор Исо Алӣ ал-Окуб[6].

Нуктаи бисёр аҷибро дар ин мақола баён намудан айни муддаост, ки муҳаққиқи суриягӣ перомуни масоили инсонӣ ва афзалияти адабиёти Шарқ аз адабиёти Ғарб андешаронӣ мекунад. Ӯ мегӯяд: “Ман мехоҳам масъалаеро баррасӣ намоям, ки ин мавзӯъ ба фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ марбут мешавад, ки ман сахт шефтаи он ҳастам. Ман аз адабиёти ғарбӣ бо тарҷумаи ҳашт китоб аз забони англисӣ ба арабӣ таҷрибаи зиёде дорам. Аз ҷумла “Ал-Хаёл ар-рамзӣ” (“Достонҳои рамзӣ”), “ар-Румонсият-ул-аврубия биақломи аъломиҳо” (“Таълифоти ошиқонаҳои донишмандони аврупоӣ”), “ан-Назарийят-ул-адабия фи-л-қарн-ил-ишрин” (“Назарияҳои адабӣ дар қарни бистум”), “Луғату-ш-шуъаро” (“Забони шоирон”) ва “Қазойо ан-нақд” (“Нақди адабӣ”). Ман дар ин таҷрибаи хеш ба ин натиҷа расидам, ки ғарбиҳо суди чандоне барои мо надоштаанд. Он чи мо дорем, басе зеботар аст аз он ҳастанд, ки онҳо доранд. Ман дар оғоз тасаввур мекардам, ки вақте бо афкори ғарбиҳо ба чизҳои арзишманде даст меёбем, мағлуби Ғарб ва ғарбиҳо мешавем. Аммо ман масоили инсониро назди шарқиён ёфтам. Он чи дар ин заминаҳо дорем, хеле бештар аз он чизҳоест, ки ғарбиҳо доранд” [2,27].

Ӯ ҷои дигар мегӯяд: «Сухан дар ҷони мардумони Машриқзамин таъсири вижа дорад. Гоҳ сухане пардаҳои замон ва маконро дарменавардад, барои ҳамеша дар тору пуди ҷони онон танин андохта ва асари худро ҳамчунон бар рафторашон мегузорад. Он гоҳ ки битавон чунин вазъеро шомили дигар милали Шарқ донист, камтарин тардиде барои пажӯҳишгар намемонад, ки эрониёни бостонро дар ин бора, беҳтарин намунаи рӯҳи Шарқ бишуморад. Рӯҳе, ки ба суханони ҳикматомез ва пандҳову масалҳо бовар дорад»[9]. Вақте мушикофона ба гуфтаҳои ин пажӯҳишгар андеша намоед, дар ҳақиқат гуфтаҳои ӯ айни муддаост. Чун таълифоти мутафаккирон ва шоирону орифони моро дар кишварҳои Ғарб ба хубӣ пазироӣ мекунанд, ки ин аз бузургии маънии бикру таъсирбахшу инсондӯстонаи осори мутафаккирони мо шаҳодат медиҳад. Масалан, дар ҷаҳони Ғарб, китоби “Маснавии маънавӣ” аз серхаридортарин ва серхонандатарин асар шумурда шудааст, ки ин далели гуфтаҳои доктор Исо Алӣ ал-Окуб шуда метавонад.

Дар китоби “Таъсири панди порсӣ бар адаби арабӣ: Пажӯҳише дар адабиёти татбиқӣ” омадааст, ки “метавонем бигӯем, нахустин ҳакиме, ки Шарқ ӯро мешинохт, Зардушт аст, ки ба ҷону тан ва ба дасту забон эронӣ аст. Китобаш “Авесто” мояи ифтихори натанҳо эрониён, балки ҳамаи милали Шарқ аст. Ӯ тавонист тайи муддати начандон кӯтоҳ миллати пароканда ва нерӯи аз каф додаро перомуни худ гирд оварад ва ба сӯи зиндагии пурқудрат ва ҳукумат роҳ ниҳад”. Ва инчунин омадааст, ки “Ардашери Бобакон ба тезбинии худ дарёфт, ки баъд аз таъсири вайронгари ҷангҳо ва душманиҳо барои сомон ёфтан аз ҳамгусехтагии миллат ва тармими парокандагиҳои мардум бозгашт ба “Оини Зардушт” зарурӣ аст” ва мисоли ҷолиби дигар низ чунин омадааст, ки: “Бисёр шигифтовар аст, ки халифа Умар ибни Хаттоб дар бораи зардуштиён гуфтааст: “Бо онон ҳамчунон рафтор кунед, ки бо аҳли китоб” ва аз он шигифтангезтар ин ки пайравони Зардушт корвони тамаддуни исломиро дар даврони Аббосиён ҳамроҳӣ карданд. Коре, ки танҳо аз уҳдаи афроштақоматони сарафроз сохта буд”[4,32].

Хулоса... Омӯзиши адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва тамаддуни куҳани халқи тоҷик аз ҷумла Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз ҷониби як пажӯҳишгари араб идома хоҳад кард. Бояд ёдовар шуд, ки шоирону мутафаккирони мо аз адабиёти араб бисёр таъсир пазируфтаанд ва ин асарпазирӣ аз ҷониби донишмандони тоҷик ба андозае таҳқиқу баррасӣ гардидаанд. Вале як масъалаи муҳимме, ки имрӯз бояд мавриди омӯзиш қарор бигирад, ин таҳқиқу омӯзиши осори шоирону мутафаккирони тоҷик аз ҷониби пажӯҳишгарони араб мебошад. Умедворем, ки арабшиносон ва шарқшиносон ба ин масъала таваҷҷуҳ мекунанд ва шинохти нобиғагону мутафаккирони халқамонро, ки муҳақиқони араб пажӯҳиш намудаанд ва таъсири каломи бадеъи тоҷикиро дар забону адабиёташон дарёфтаанд мавриди омӯзишу таҳқиқ ва баррасӣ қарор медиҳанд.

Зиёев Субҳиддин Насриевич, номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи Шарқи

Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёт:

Ганҷӣ, Наргис. Ишроқӣ, Фотима. Диранге дар осор ва манобеъи мавлавипажӯҳӣ дар ҷаҳони Араб. Нашрияи илмӣ-пажӯҳишии пажӯҳишҳои адаби ирфонӣ.-Соли ҳафтум.-шумораи 2.-Паёпай 25.-Пойиз ва зимистон, 1392. 2013-С..159-186.

Гуфтугӯ бо доктор Исо ал-Окуб. Китоби моҳи адабиёт ва фалсафа / Шаҳривари 1382. 2003 Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолеоти фарҳангӣ. С.20-27.

Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Маснавии маънавӣ. Теҳрон: Амири Кабир.-Дафтари аввал.-С.-171-173.

Ал-Окуб, Исо Алӣ. Таъсири панди порсӣ бар адаби араб: Пажӯҳише дар адабиёти татбиқӣ. – Тарҷумаи Абдуллоҳ Шарифии Хуҷаста. – Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1995. – 353 с.

Соҳиб ул-Ҷавоҳир, Абдулазиз. Ҷавоҳир ул-осор фи тарҷумати маснавии Мавлоно Худовандгор Муҳаммад Ҷалолуддин ал-Балхӣ ар-Румӣ.- Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1958.- С.148.

http://www.noormags.com/view/fa/articlepage/37446. Марворидҳои форсӣ дар дарёи забони арабӣ. Иттилои расонаӣ ва китобдорӣ: Китоби Моҳи адабиёт ва фалсафа: шаҳривари 1382. 2003-шумораи 71 аз 20 то 27.

http://www.tariqa.org/rp/eva_de_vitray.php (Дар ҳама таҳқиқотҳо варианти англисии ному насаби бонуи рустабори фаронсавӣ Eva de Vitray-Meyerovitch омадааст)

https://fa.wikipedia.org/wiki/ Тарҷумаи ашъори Мавлоно 06.03.2021

https://fa.wikiquote.org/wiki/عیسی_علی_العاکوب

www.neelwafurat.com.-С.18.

Забон дар даҳон, эй хирадманд чист?

Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.

Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,

Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар.

Забон, ҳамчун бузургтарин падидаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз замони пайдоиши ҷомеаи башарӣ то имрӯз муҳимтарин василаи алоқа, муошират ва ифодаи андешаи инсонӣ ба шумор меравад. Он на танҳо воситаи гуфтор, балки рамзи ҳастӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Тавре ки донишмандони забоншиносӣ таъкид кардаанд, зуҳури ҷомеа ва забон ҳамзамон ва ҳамқадам сурат гирифтааст, зеро бе меҳнат ва муоширати дастаҷамъона рушди ҷомеаи инсонӣ ғайримумкин буд. Забон дар айни замон на танҳо воситаи иртибот, балки оинаи фарҳанг ва таҷассуми рӯҳи миллат аст.

Ҳар як забон, ки аз сӯи миллате парвариш меёбад, аз ҳастӣ, таърих ва фарҳанги он миллат дарак медиҳад. Забон воситаи аслии нигоҳдории арзишҳои маънавӣ, адабӣ ва илмӣ буда, бидуни он на ҳифзи мероси гузашта имконпазир асту на таҳкими худшиносии миллӣ. Ҳастии ҳар як миллат аз қудрат ва пойдории забони модарии он вобаста аст. Аз ин ҷост, ки бузургон ва шоирони порсизабон ҳамеша забонро чун муқаддастарин ганҷи маънавӣ васф намудаанд.

Забони тоҷикӣ, ки қисми ҷудонопазири оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва бахусус шохаи эрониаш ба шумор меравад, таърихи хеле тӯлонӣ ва пурбор дорад. Ин забон се марҳалаи асосии ташаккулро аз сар гузаронидааст:

Форсии қадим – забони катибаҳо ва матнҳои ахеменӣ;

Форсии миёна – забони давлати Сосониён;

Форсии нав (тоҷикӣ–дарӣ–форсӣ) – забоне, ки аз асрҳои VIII–IX оғоз ёфта, то имрӯз дар шакли зинда ва рушдёбанда боқӣ мондааст.

Зиёда аз ҳазор сол аст, ки тоҷикон бо ҳамин забони шево ва пурғановат гуфтугӯ мекунанд ва фарҳангу тамаддуни худро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд. Асарҳои устодони сухан – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бедил ва садҳо дигар бузургони илму адаб маҳз ба ҳамин забон эҷод гардида, ҷаҳониёнро мафтун сохтаанд. Забони тоҷикӣ, тавре донишмандон таъкид мекунанд, яке аз пурғановатарин забонҳои олам буда, дорои захираи бузурги луғавӣ, сабку услубҳои гуногун ва имкониятҳои фарохи ифода мебошад.

Бо вуҷуди фишору маҳдудиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар давраҳои гуногуни таърих, забони тоҷикӣ ҳеҷ гоҳ завол наёфт. Баръакс, маҳз тавассути ҳамин забон тоҷикон тавонистанд ҳастии худро нигоҳ доранд ва мероси фарҳангии худро ҳифз намоянд. Чунончи, шоири тавоно Бозор Собир таъкид мекунад:

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,

То наафтад бар замин қадри сухан…

Ин байтҳо шаҳодат медиҳанд, ки забон на танҳо василаи гуфтор, балки мояи нангу номус ва рамзи истиқлолияти маънавии миллат аст.

Дар замони Тоҳириёну Саффориён ва махсусан давраи Сомониён забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ касб намуда, ба забони илм, адаб ва идора табдил ёфт. Аз ҳамон давра асарҳои бузурги илмӣ ва адабӣ ба ҳамин забон навишта шуданд. Баъдан дар замони муосир ва махсусан пас аз эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (1991), давраи нави инкишофи забони тоҷикӣ оғоз гардид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» (1989) ва санадҳои минбаъда мақоми давлатӣ доштани забони тоҷикӣ ва зарурати татбиқи васеи онро дар ҷомеа тасдиқ намуданд.

Нақши устод Садриддин Айнӣ дар эҳё ва рушди забони тоҷикӣ махсус зикр бояд гардад. Асарҳои ӯ, аз ҷумла «Одина», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Дохунда», на танҳо ба забони адабӣ мазмуну муҳтаво ва фасоҳати тоза бахшиданд, балки онро ба забони гуфтугӯии мардум наздиктар карданд. Минбаъд шоирону нависандагони бузурги муосир – Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат ва дигарон ин парчами муқаддасро баланд нигоҳ доштанд.

Муъмин Қаноат бо ифтихор гуфтааст:

Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст.

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,

Чунки меҳри модар аст.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони модариро гиромӣ дорад ва ба наслҳои оянда омӯзонад. Татбиқи пурраи Қонуни забон масъулияти шаҳрвандӣ ва нишонаи садоқат ба миллат аст. Беғалат навиштан, риояи қоидаҳои имло ва меъёрҳои услубӣ на танҳо талаботи қонун, балки мояи ҳифзи ҳувият ва шарафи миллӣ мебошад.

Ҳафзи забон дар айни замон имконият медиҳад, ки инсон дигар забонҳоро низ бо осонӣ биомӯзад. Ҳамчунон ки ҳикмати халқӣ мегӯяд:

Ҳар кас бо забони худ сухандон гардад,

Омӯхтани сад забон осон гардад.

Забон падидаест, ки миллатро бо таърих ва фарҳанги худ мепайвандад. Маҳз забон миллатро аз нобудшавӣ наҷот медиҳад ва заминаи рушду пешрафтро фароҳам месозад. Барои тоҷикон, ки соҳиби яке аз қадимтарин ва шевотарин забонҳои дунё ҳастанд, ҳифзу рушди он вазифаи муқаддас аст. Забон ганҷинаест, ки бояд онро бо меҳру садоқат ҳифз ва ба наслҳои оянда мерос гузошт.

Эҳёи забон – пурарзиштарин мероси мост, ки масъулияти таърихии ҳар як тоҷик мебошад.

Саидов Давлатёр Маҳмадсалимович – и.в. мудири Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

“Он рӯз дур нест ки рафтагон бармегарданд. Мисли пештара хона обод мекунем, тӯю маърака месозем. Душман шикаст хӯрда аст. Бо пойи худ омада таслим мешавад. Мо ғалаба мекунем”.

Китоб дӯсти беминнати кас, ҳамрози лаҳзаҳои танҳоӣ ва руҳбахши замони хастагиву афсурдагист. Миёни асарҳое ки мутолиа намудаам беҳтарин асаре ки дарду алами ҳар як қаҳрамони онро дар мағзу устухони ҷони худ ҳис намуда, баробари ғами онҳо ғусса хурда, дар хурсандияшон шодӣ намудам ин романи “Занони сабзбаҳор” ба шумор меравад.

Тавре дар мундариҷаи асар дарҷ гардидааст сохторе ки дар ин асар тасвир ёфтааст дигар гаштааст, вале ҳамоно ишқ, садоқат, меҳр, вафо, нанг ва ор, шаън ва шараф, виҷдон ва имон, ҷоннисорӣ баҳри ҳифзи марзу буми ватан, занони нотарсу диловар ки мавзуҳои асосии асарро ташкил медиҳанд ҳамоно рӯзмарра боқӣ мондаанд.

2123“Занони сабзбҳор”-рӯзгори занони деҳаҳои дурдасти Тоҷикистонро дар солҳои ҷанг баён намудааст. Ҷанги хонумонсӯз тамоми мардони сабзбаҳорира ба майдони набард бурд, корҳои хоҷагидориву заминдорӣ, амлокдорӣ, молу говдорӣ, хуллас тамоми пастиву баландии зиндагӣ ба уҳдаи занону кӯдакон ва муйсафедон монда буд. Ҷанг — имтиҳони шадиди сабр ва тамкин деҳаро ба як хонадон, сокинонашро ба узви як хонавода табдил дода буд.

Романи “Занони Сабзбаҳор” аз тавлиди тифле дар Сабзбаҳор, бо номи Алам, тифле ки чанд муддат пеш хати сиёҳи падараш аз ҷанг омада буд ва модараш низ ҳангоми тавлидаш вафот мекунад, оғоз меёбад. Соли дуюми ҷанги хонумонсӯз буд, ҷанг ҳамоно идома дошт, зиндагӣ барои зиндагон идома меёфт. Нигоҳубин ва парастории тифли аз падару модар маҳрум ва модари аз пойи равонмонда ба уҳдаи Нишонаи безабон монданд. Нишонаи лолу нотавоне, ки наҳси ҷанги хонумонсӯз, бесарумомониҳо ва ноадолатиҳои давр ҳаёт, орзу, номус, ғурури ӯро ба коми ноҷавонмардони давр ва билохира худи ӯро ба суйи “Қабри Шайтон” бурд. Нишонаи пок ва бегуноҳро беимонӣ, нопокӣ, нафс, ҳирс ва ҷаҳолати ҳамзамононаш ба ҳалокат расонд.

Ҳамарӯза аз маркази ҷанг хати сиёҳи ҷавонмардону шоҳписарон омада, рӯзгори бе ин ҳам пурсӯзи онҳоро тираву тор мегардонд. Модарон дар сӯзи ҷигарбандон, гуларӯсон дар фироқи шаҳон, фарзандон дар интизори падарон рӯзҳои худро сипарӣ мекарданд.

​«Наҳси ҷанг танҳо дар ҷаҳл ва куштораш нест. Ҷанг кушторҳои даҳшатноке дорад бехун, — меандешид марди корзордида Ҳасан Ризо. — Занҳо сарҳуй шудаанд, навозиш ва муҳаббат мехоҳанд, гулҳо ташнаи обанд. Ҳайфи занҳо!». Ҳасан Ризо яке аз қаҳрамонҳои асосии романи “Занони сабзбаҳор” он гоҳ бо асобағал ба деҳа баргашт ки ду писараш арӯсонашонро дар паноҳи сабр ва тоқати модари нолонашон гузошта, ба фронт рафта буданд. Хонаи Ҳасан Ризо мисли ҳама хонаҳо умедпаноҳ буд. Аз равзанаш риштаи нури ноаёне партав афканда, дилҳоро бақувват медошт. Аммо таноби умри мардак фарсуда буд.

Зебо зани собиқ раиси хоҷагии "Комуна", ки нисбати дигарон хату савод ва маҳорати идоракунӣ дошт баъди ба ҷанг гусел намудани шавҳараш вазифаи раисии хоҷагии "Комуна"-ро бо қарори якдилонаи занон ба ӯҳда гирифт, дар ҳамаи корҳо аз Ҳасан Ризо ҳамчун шахси корозмудаву рӯзгордида маслиҳат мепурсид. Зебо рӯзорӯз вазнинии бори хоҷагиро ҳис мекард. Ба қавли худаш аз ҷон безор шуда буд, аммо назди раиси захмин зинҳор аз касе ва чизе норозӣ буданашро зоҳир намекард. Бо сардори хоҷагӣ маслиҳат ва машварат мекард, аммо зинҳор наздаш арз ва шикоятро раво намедид.​

Зебо рамзи занонест, содиқу вафодор ва нотарсу шуҷоу далер, зане ки новобаста ба ҳама пастиву баландии зиндагӣ устуворона ба хотири ояндаи нек мезист. Ҳатто баъди аз дасти додани шавҳари аз ҷанг захмӣ баргаштааш тамкину ҷасораташ побарҷо буд, ба хотири духтараш Лола ва фарзанди дар батнаш буда, ба хотири ояндаи орому осуда зист. Мардонавор дар рӯзҳои вазнини ҷанги пурдаҳшат баҳри ҳамдеҳагонаш, баҳри зиндагӣ талош кард. Дар ин баробар пайваста кӯшиш менамуд, ки беҳтарин ҳадяҳоро ба фронт, ба азизони аз чашм дуру ба дил наздикашон фиристанд.

Хулоса, бо мутолиа намудани романи “Занони сабзбаҳор”-и устод Гулрухсор бори дигар хонанда дарк менамояд, ки занон дар ҳама давру замон аз қишри осебпазири ҷомеа ба шумор рафта, аз уҳдаи ҳама мушкилоти зиндагӣ баромада метавонанд.

Мехостам андешаи худро бо ибрози суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки инъикосгари рафтору кирдори қаҳрамонони романи “Занони сабзбаҳор” аст, анҷом бахшам: “Модарону бонувони тоҷик дар мушкилтарин рӯзҳои таърихи давлат ва халқи Тоҷикистон ва дар сангинтарин лаҳзаҳои ҳаёти мардуми кишвар бо сабру тамкин ва ватандӯстиву садоқат такягоҳи боэътимод буданд ва ҳастанд.”

Шаҳноза НУСРАТОВА, унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Subscribe to Мақолаҳо