Skip to main content
Вақте баргҳои таърихро варақ мезанем ва ба сарнавишти халқи тоҷик назар меандозем, дармеёбем, ки ин миллат дар тӯли асрҳо бо дили пурифтихор аз тӯфонҳои ҷанг, парокандагӣ ва фишор гузаштааст. Аммо ҳар дафъа, пас аз уфти сахт, боз бо иродаи шикастнопазир қомат рост кардааст. Яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихи навини миллати тоҷик, ки дар рӯҳи ҳар фарди бономус ҷой гирифтааст, Ваҳдати миллӣ мебошад.

Ваҳдат — ин на танҳо як рамзи сулҳу оромист. Ваҳдат — ин нафаси зиндагии миллат, пайванди дилҳост. Агар миллатро як бадан тасаввур кунем, пас ваҳдат қалби он бадан аст. Бе он зиндагӣ маъно надорад.

Бо имзои Созишномаи сулҳ, Тоҷикистон ба сӯи оромӣ ва пешрафт раҳсипор шуд.

Имрӯз Тоҷикистонро тамоми ҷаҳониён чун кишвари амну субот, сулҳ ва оромӣ мешиносанд. Ин ҳама ба шарофати ваҳдат ба даст омадааст. Имрӯз кӯдаки тоҷик бо хандаи беғам ба мактаб меравад, модар бо оромӣ фарзандашро тарбия мекунад, ҷавонон бо умеди фардо дониш меомӯзанд. Ин ҳама аз файзи Ваҳдати миллӣ ва раҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ваҳдат бояд дар дил бошад, дар рафтор, дар гуфтор. Вақте мо якдигарро гиромӣ медорем, ба забони ҳамдигар эҳтиром дорем, ба фарҳанги якдигар арҷ мегузорем — ин ваҳдати воқеист.

Чӣ қадар зебост, ки дар Тоҷикистон имрӯз намояндагони миллатҳои гуногун бо ҳам зиндагии осоишта доранд, ҷашнҳоро якҷо меороянд, ҳамдигарро ба хонадориҳо ва тӯю идҳо даъват мекунанд. Ин худ нишонаи комили Ваҳдати миллӣ аст.

Бигзор бошад ҳар нафас, саршор аз оромиву сулҳ,
Ҳар забон гӯяд сухан, бо муҳаббату фатҳ.
Даст ба даст, дил ба дил, мо равем роҳи саодат,
Миллати муттаҳидем, пояндаем то абад.

Шукр, ки имрӯз Ватан, чун баҳоре сарсабз аст,
Аз хуну ашки гузашта, мондааст дарси бас арзаст.
Аз барои ваҳдати худ, ҷони худро дод касе,
Пас биёмӯзем мо, дӯст доштан ба ҳамдигар басе.

Насли ҷавони имрӯза бояд бо дарки масъулияти бузург ин неъмат — ваҳдати миллиро ҳифз намояд. Ҳар як ҷавон бояд донанда, офаранда, дӯстдор ва муҳофизи ваҳдат бошад. Дар саҳифаҳои рӯзгори навин, ҷавонон бояд номашонро ҳамчун бунёдгарони фардои обод сабт намоянд.

Ҷавонон бояд донанд, ки ваҳдат на танҳо як таърихи гузашта, балки оинаи равшани оянда аст. Агар мо онро аз дилу ҷон ҳифз кунем, Ватани мо рушду тараққӣ хоҳад кард.

Ваҳдати миллӣ як чароғест, ки дар зулмот роҳи моро равшан мекунад. Ин нури ваҳдат аст, ки миллати моро ба сӯи рушд мебарад. Мо — насли имрӯз, насли соҳибистиқлол, бояд бо тамоми ҳастӣ ин гавҳари гаронбаҳоро пос дорем. Зеро ваҳдат меваест, ки бо заҳмати ҳазорон дил ба даст омадааст, ва ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди боифтихор аст.

Соҷидхон Баҳронов-директори Маркази минтақавии таълимию ва омӯзишӣ дар соҳаи амнияти ХБРЯ ва муқовимат бо терроризм бо истифода аз силоҳи қатли оми Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Ҳамасола санаи 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон ба таври хосса ҷашн мегардад. Ваҳади миллӣ дар таърихи навини халқи тоҷик нақши калидиро дар пойдор намудани рукнҳои давлатдории миллӣ нақши бориз дорад.

Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки ин санаи тақдирсози миллати тоҷик бевосита бар асари заҳмату талошҳо ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи куллан тозаро дар таърихи миллати тамаддунсози тоҷик оғоз намуда, барои ташкил ва гузаронидани ислоҳоти сифатан навини тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардуми тоҷикро бар қиёси давлатҳои пешрафтаи замони мо ҳамчун раҳнамо хизмат менамояд.

Дар яке аз суханрониҳои худ Сарвари давлатамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан қайд кардаанд: «Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард. Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки хотима бахшидан ба мухолифати мусаллаҳона, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба мо бар ивази хисороти зиёди ҷониву молӣ ва дигар маҳрумияту мушкилоти сангин муяссар гардида, дар ин раванд ҳадафи шуми дар ниҳояти кор аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон барбод рафт».

Бояд махсусан қайд кард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар иҷлосияи ХV Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб ба хотири таъмин сулҳ ба ҷонибиҳои мухолиф роҳи осоиштаи ҳалли низои сиёсиро пешниҳод карда буданд.

Пешниҳоди сарвари давлати тоза интихобшудаи Тоҷикистон намунаи нодири таҷрибаи сулҳофарӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи тамаддуни замони мо бо роҳи созиш ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, ниҳоят ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ расидани ҷонибҳои мухолифро талқин мекард.

Ин ташаббуси нахустини сулҳофарӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд чун қутбнамои оянда хизмат карда, роҳи минбаъдаи тоҷиконро ба сӯи ваҳдати миллат кушод.

Вақт собит сохт, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шаҳодати пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангсолори тоҷик мебошад, ки сиёсати пешгирифтаи давлатро дар он рӯзҳои душвор самимонаву дилгармона дастгирӣ намуданд.

Маҳз хислатҳои наҷиби азалии миллати тоҷик ҳамчун миллати ба сулҳу салоҳ ва муросову мадоро эътиқоди устувор дошта имкон дод, ки мо аз кӯшишҳои бо роҳи зӯрӣ ҳал намудани мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ даст кашида, музокироту созишро чун роҳи ягонаи расидан ба сулҳ ва наҷоти миллӣ пазируфтем.

Ба қавли собиқ Муншии Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва яке аз сиёсатмадорони бонуфузи байналмилалӣ Кофи Аннан, тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд.

Аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва бӯҳрони миллӣ эътироф гардидани таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон далели возеҳи ин матлаб мебошад, ки эътибори моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ афзуд.

Маҳз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар сарзимини биҳиштосои мо заминаи устувори барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва рӯ овардан ба нақшаву ҳадафҳои неки созандагиву бунёдкорӣ барпо намуд.

Имрӯз мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки тавонистем тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ бартараф созем, арзишҳои бузурги умумимиллӣ - соҳибистиқлолӣ, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми давлати соҳибистиқлоламон-Тоҷикистони азизро таъмин намоем.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон, азму талошҳои худро ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва ягонагии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро дар фазои пойдори сулҳу субот таъмин намоем. Нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ ва ҷудоиандозӣ ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон роҳ ёбанд.

Мо тоҷикистониён бояд дар раванди давлатсозиву давлатдории навини худ рӯ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ оварда, ҷавҳари андешаи миллиро бо дарки амиқи мафҳумҳои тақдирсози истиқлолияту озодӣ, тамомияти арзӣ ва Ватани ягона, посдории рамзҳои давлатдорӣ ва ифтихор аз миллати фарҳангсолору тамаддунсоз ғанитар гардонем ва онро тақвият бахшем.

Дар дунё миллату халқиятҳое ҳастанд, ки аз рӯи шумораи аҳолӣ ва қаламрави ҷуғрофиашон дар муқоиса бо миллати мо хеле афзалият доранд, вале садсолаҳо дар орзуи давлатдории мустақилона мебошанд. Аз ин хотир мову шумо бояд ба қадри соҳибистиқлолӣ ва давлату давлатдории миллӣ расем ва онро азизу муқаддас донем.

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳам тавъам мебошанд ва чун қутбнамо моро ба сӯи оянда ҳидоят менамоянд. Агар ваҳдати миллӣ ба таҳкими пояҳои истиқлолият мусоидат кунад, пас истиқлолияти давлатиро бе ваҳдати миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Холмурод Назаров – муовини директори Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Акпар Адҳамов–корманди Филиал

Беш аз се даҳсола аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27 июн ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Он барои мардуми мамлакатамон рамзи як пайкари том будани миллати тоҷик ва ҳамзистии намояндагони гурӯҳҳои этникии гуногун дониста мешавад, ки ҳар кадом ҷузъе аз ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.

Муруре ба пешинаи ҷомеаи мо дар даҳаи навади қарни гузашта, вазъи онро дар ҳофизаҳо ва зеҳнҳо бедор мекунад, ки дар пасманзари он моҳияти таърихии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавию фарҳангии рӯзи ба ҳам омадани фарзандони як миллат равшантару барҷастатар дарк ва ламс мегардад. Онҳо, ки муддате бо ҳам аз сари ихтилоф бархоста буданд, ба расми хирадварзӣ ва зудудану дур рехтани кинаву ситез аз дилҳояшон, манфиатҳои миллат ва давлатро болотар аз ҳар иддаои фардӣ ва гурӯҳӣ қарор доданд ва бо гирд омадан бар сари суфраи созиш, манбаи ситезпароканиҳо ва пархошҷӯиҳоро фурӯ нишонданд. Рӯзи Ваҳдати миллиро бояд нуқтаи устувори оғози таърихи навини Тоҷикистон донист, ки роҳи душворгузар ва заҳматталаби тармим, бунёд ва камол бахшидан бар пайкари захмдидаи ватани азизамон аз он неру гирифт.

Пас аз расидани Тоҷикистон ба истиқлол, ҷомеа бо бесуботии сиёсӣ ва ихтилофи мусаллаҳона миёни гурӯҳҳои гуногун рӯ ба рӯ омад. Гусастан аз зербинои иқтисодӣ ва иҷтимоии шуравӣ, ки худ як марҳалаи мураккаби таърихӣ буд ва бунёди як инфраструктураи нави давлати тоза ба истиқлолрасидаро тақозо менамуд, ҳамроҳ бо фишори рӯзафзуни ин ихтилофу бесуботӣ ва нуфузи ҷараёнҳои дохилию берунии минтақа печидатар мегардид, ҷомеаро ба ҷанги шаҳрвандӣ расонд. Миллати табиатан нарму меҳрубон ва дурандеши тоҷик рӯзҳои фоҷиабори ситезу ихтилоф ва хунрезиро аз сар гузаронд. Дар ҷомеа парокандагӣ сурат гирифт, мардум дар муқобили ҳамдигар сангар гирифтанд, ҳазорҳо нафар аз вазъи ба амал омада фирор намуда, рӯ ба он сӯи Ому бурданд ва бо сахттарин шароит сохтанд; деҳкадаҳои хайманишин ва дар канори онҳо, мазорҳои тоҷикони муҳоҷир ба вуҷуд омад. Мардуми тоҷик, ки бо муҳоҷират хӯ надошт ва миллати хонапарварда буд, дар ин давра бо имтиҳонҳои сангини зиндагӣ рӯ ба рӯ омад. Ҷомеаро руҳияи ноумедӣ фаро мегирифт. Дар чунин вазъ, ки идомаи роҳ ғуборолудаву хира менамуд, фарзандони диловар ва хирадманди миллат бо пуштикор, фидокорӣ ва ҳиммати камназир тавонистанд ин парешониро ба ваҳдат табдил бидиҳанд. Дар садри онҳо Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, ки бо талошҳои шабонарӯзӣ, музокираҳои бисёр бо намояндагони ҷониби мухолиф, гузаштҳо ва канор гузоштани иддаову кинаҳо, саранҷом муваффақ гардид, то фарзандони як хонадон – хонадони миллат ва давлати тоҷикро бар сари суфраи оштӣ, созиш ва бахшоиш бинишонад. 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Пас аз имзои расмии ин санади сарнавиштсоз, марҳалаи дар амал пиёда сохтани он низ бо кӯшишҳо ва заҳматҳои фаровони сарвари давлат ва аҳли ҷомеа ҳамроҳ буд. Даргириҳои мусаллаҳ батадриҷ поён ёфтанд, мардуми фирорӣ ва овора марҳала ба марҳала ба ватан баргардонда шуда, вориди зиндагии осуда ва барқарор намудани хонаву рӯзгори хеш гардид. Ба қавли шоири миллат – Лоиқи зинданом:

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ гувоҳи як оштӣ ва мусолимати воқеии миллӣ гардид, ки Тоҷикистон ба даст овард. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар сатҳи ҷаҳони муосир як падида (феномен)-и камназир ва барои бисёре аз давлатҳо ва миллатҳо омӯхтанӣ ва намуна унвон шуд.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ватани азизамон, ки ба муносибати он 27 июн дар тақвими расмии Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон гардида ва дар тӯли чанд рӯз ба сурати барномаҳо ва ҳамоишҳои гуногуни фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷараён мегирад, пеш аз ҳама, барои бедор ва дур аз ғафлат нигоҳ доштани ҳофизаи таърихии миллат ва зеҳни он муҳим аст. Он рӯзест, ки хираду дурнигарӣ ва дурандешии миллати соҳибтамаддуни тоҷик бар торикӣ ва кайди аҳриманӣ пирӯз омад ва руҳияи ваҳдату ҳамдилиро бар фазои ватан биншонд, заминаи муҳимро барои дубора сохтану обод намудани он фароҳам овард.

Имрӯз ҷомеаи миллии Тоҷикистон хонаи миллатҳои дигаре низ ҳаст, ки зодаву парвардаи ин хок ва ин замин мебошанд. Фазои осудае, ки гаштугузори амни аҳли ҷомеаро дар ҳар соате аз шабонарӯз таъмин намудааст, аз беҳтарин ва беназиртарин неъматҳоест, ки дар шароити ҷаҳони ошуфта ва ноороми муосир фароҳам аст. Ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамкорӣ ва тафоҳуме, ки миёни табақаҳои ҷомеа ва намояндагони гурӯҳҳои гуногуни этникӣ ва ақидатӣ мавҷуд аст, пеш аз ҳама, далели хиради азалӣ ва таҷрибаи таърихии мардуми тоҷик аст.

Дар ҷаҳони пурҳаводиси оғози ҳазораи севвум, ҷангҳо ва низоъҳои миёни қудратҳо ва кишварҳо, буҳронҳои моддӣ ва маънавӣ, таҳрими кишварҳое аз як сӯ ва имтиёзҳои навишта ва нонавиштаи қудратҳое аз дигар сӯ, ҳар фарди солим ба унвони ҷузъе аз пайкари ҷомеа, нигарони пайомадҳое аст, ки барои ин ҷаҳон ногузир пеш омада ва дар оянда пеш меояд. Дар чунин шароите, донистан ва дифоъ аз таърихи куҳани миллат, андарзпазирӣ аз таҷрибаҳои он, нигоҳдории осори илмӣ, фарҳангӣ, табиӣ ва моддии миллат ва давлат беш аз пеш муҳим аст, то битавонем ватани худро аз хатарҳои ошкор ва ниҳони давраи муосир дур бидорем. Яке аз заминаҳое, ки роҳро барои ин ҳадаф ҳамвор намуд, ваҳдати миллии мардуми мо ва ба қавли фарзанди шоири миллат, “сулҳи деринтизори мо” аст, ки ба кӯшишҳо ва фидокориҳои Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамдилию ҳамкории мардуми Тоҷикистон имконпазир гардид. Дар тӯли чанд даҳсола ин таҷрибаи камназир аз хиради сиёсӣ ва инсонӣ барои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон намунаи шоистаи пайравӣ арзёбӣ гардидааст. Дар сатҳи дохили ватанамон дарки аҳаммияти ин созиши миллӣ фарҳанги хирадмеҳвари фарзандони миллатро сол аз сол пуррангтар ва барҷастатар намоён месозад. Ин таҷрибаро гиромӣ бидорем ва нагузорем, ҳеч неруе аз дарун ва берун моро даргир бо худамон созад, зеро ваҳдати миллӣ меъёри ҳатмии ҳар давлат ва ҷомеаи миллӣ ва ростин аст.

Ҳоҷибоева Л., Шарофова М. Муассисаи давлатии «Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ», Озмоишгоҳи фарматсевтика ва пизишкии таҷрибавӣ

Ваҳдати миллӣ ва пойдории он асосан се омили асосӣ дорад. Якум, иродаи матини мардум, ки сиёсати оштии миллиро ҷонибдорӣ мекунад. Дуюм, омили байналмиллалӣ- сиёсати сулҳҷӯёнаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ вобастагӣ дорад, ки ба устувории сулҳ дар кишвари тоҷикон манфиатдоранд. Омили аслӣ ва ниҳоие, ки сабаби ба вуҷуд омадани ин ду омили дигар аст, ин нақши шахсият мебошад.

Поягузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалкунанда буд ва ҳаст. Талошу ҷонбозиҳои Сарвари давлат омили ваҳдату ягонагии тоҷикон гардид. Ваҳдати миллӣ буд, ки ҳазорон фирориёни тоҷик ба ватан баргаштанд. Ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон сол ба сол рушд карда истодааст. Ваҳдат ва ягонагӣ буд, ки дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистон ба ин қадар комёбиҳо ва пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, дар шаҳру ноҳияҳо ноил гардидааст. Махсусан, шаҳри Душанбе босуръати хеле тез тараққӣ карда истодааст. Ҳангоме ки саёҳону меҳмонони хориҷӣ ба шаҳри зебои мо ворид мегарданд, баъзеҳо дар ҳайрат мемонанд, ки чи тавр ин шаҳри мо дар кутоҳтарин муддат рушт кардааст. Биноҳои замонавии истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, китобхонаҳо ва осорхонаҳо намуди шаҳри Душанберо зеботар гардонидаанд. Дар пойтахт биноҳои баландошиёна: Китобхонаи Миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, майдони “Истиқлол”, мактабҳо ва майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар ин ҷо албатта саҳм ва ташаббусу кордонии мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, низ ҳалкунанда мебошад.

Дар тӯли 28 соли ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон ба пешравиҳо ва комёбиҳои бузург дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ноил гардидааст. Дар ин солҳо, дар кишвар чӣ қадар корхонаҳо, мактабҳо, нақбҳо, роҳҳои нав, пулҳо, варзишгоҳҳо ба истифода дода шудаанд. Нақби“Анзоб”, “Чормағзак”, “Шаршар” ва “Дарвоз” сохта ба истифода дода шудаанд.

Дар соли 2025 як нақби дуюм дар ноҳияи Дарвоз бояд ба истифодаи сокинон қарор бигирад.

Ваҳдати миллӣ буд, ки дар Тоҷикистон барномаҳои бузург рӯйи кор омад. Аз ҷумла, аз гумбасти комуникасии раҳо ёфтани Тоҷикистон. Роҳҳо дорои аҳамияти стротегӣ доштани ҷумҳурӣ мебошад, яъне сохтимони роҳҳои автомобилгарди Ҷануб - Шимол, роҳҳои мошингарди Душанбе - Кулоб-Дарвоз ба истифода дода шуда буд. Дар соли 2025 бошад роҳи мошингард, аз ноҳияи Ванҷ то дарвозаи Рӯшон бояд ба истифода дода хоҳад шуд. Инчунин нақшаи стротегӣ дар соҳаи энергетика, сохтимони Неругоҳи аср - Роғун бо маром идома ёфта истодааст

Бо шарофати сулҳу оромӣ - кишвари мо мунтаззам рушт карда ба пеш рафта истодааст. Дар ҳамаи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои кишвар мардум ба бунёдкорӣ, созандагӣ, ободкорӣ диққати махсус дода истодаанд.

Масалан, агар дар худи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гирем, шаҳри Хоруғ симои худро сол ба сол тағъир дода истодааст, хонаҳои истиқоматии 9 ошиёна сохта ба истифода дода шудааст. Театри мазҳакави ба номи Меҳрубон Назаров сохта ба истифода дода шудааст, инчунин биноҳои маъмурӣ, идораҳои давлатӣ, мактабҳо, майдончаҳои варзишӣ дар солҳои 2024 - 2025 биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ сохта ба истифола дода шудаанд. Дар шаҳри Хоруғ сохтмони хонаи истқоматии 20 ошёна идома дорад.

Дар ноҳияи Мурғоб Нерӯгоҳи барқиро соли 2022 сохта ба истифода дода шуд. Ҳоло бошад дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва Беморхонаи вилоятиро сохта ба истифода дода мешаванд. Инчунин дар ноҳияи Роштқалъа Нерӯгоҳи барқии “Себзор” сохтимонаш давом дорад ва солҳои наздик сохтмонаш ба анҷом мерасад ва мушкилоти барқро, ҳам дар ноҳия ва вилоят бартараф хоҳад кард. Ин албатта ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ба амал омадааст.

Дар нақша аст, ки имсол ба муносибат Рӯзи ваҳдати миллӣ Нерӯгоҳи “Себзор”-ро ба истифода хоҳанд дод.

Як мисоли дигаре, ки ба шарофати ваҳдати миллӣ ба вуқуъ пайвастаст, ин сохтмони шоҳроҳи Кулоб -Дарвоз мебошад, ки роҳсозон ин роҳро мутобиқи талаботи сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгу сохта ба истифода додаанд. Инчунин шоҳроҳи Дарвоз- Ванҷ, то даромадгоҳи Рӯшон давом дорад. Сохтмончиён ин шоҳроҳро мутобиқи стандартҳои байналмилаллӣ сохта истодаанд. Соли 2025 бояд минтақаи шоҳроҳи Ванҷ то дарвозаи Рӯшонро ба истифода хоҳанд дод. Дар ояндаи наздик сохтмони ин роҳ байни ноҳияҳои Рӯшон - Шуғнон оғоз хоҳад ёфт, албатта ин корҳои бунёдкорӣ ва азнавсозӣ ҳамааш ба шарофати Ваҳдати миллӣ ба амал омадааст.

Бояд қайд кард шаҳре, ки аз сол 1997 ба худ номи Ваҳдатро гирифт дар ҳамаи соҳаҳо бо суръати тез рушт ёфта истодааст. Дар ин шаҳри зебо низ хонаҳои баландошиёна қомат афрӯхтаанд ва ҳусни шаҳрро дигар карданд. Инчунин шаҳри Турсунзода низ бо биноҳи зебо ва замонавӣ, симои худро дигар карда, саёҳон ва меҳмононро ба худ ҷалб менамояд.

Марказҳои маъмурии вилоятҳои Хатлон, шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва Норак, вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанд, Ғафуров, Бӯстон ва Исфара инчунин дар вилояти Бадахошон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои он, рӯз то рӯз ва сол то сол обод мешаванд ва мо шаҳрвандон бояд аз ин навсозиҳо фахр кунем, ки Тоҷикистон азиз зеботар мегардад.

Маркази маъмурии ҳамаи ноҳияҳои вилояти Бадахшон: Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ пурра азнавсозӣ карда шуд ва симои шаҳру ноҳияҳоро тамоман дигар шудааст. Ин корҳо албатта ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ба вуқуъ омадааст, ки сокинони ин вилоят азнавсозӣ ва бунёдкорӣ мекунанд.

Шаҳрвандони асилу солимақли Тоҷикистон, махсусан ҷавонон бояд доимо зираку ҳушёр бошанд, нагузорем, ки нохалафон ба пешравии Тоҷикистони азизи мо халал расонанд, Ваҳдати миллиро ҳифз намоем.

Тоҷикистон соҳибистиқлол, ки ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, таҳти роҳбарии Сарвари муаззам, Асосгузори Суҳу Ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷаҳон мақом ва нуфузи хоссае доранд.

Аммо мо бояд фаромӯш накунем, ки нооромиҳо дар чандин кишварҳои олам, махсусан дар кишварҳои исломӣ, аз хатарҳои байналмиллалӣ, терроризму экстеремизм сар мезанад ва онҳо ба ҷаҳони мутамаддин таҳдид мекунад. Инчунин он ашхосе, ки дар хориҷа истода, ба тарафи Тоҷикистони азизи мо санги маломат мепартоянд ва намехоҳанд кишвари мо пеш равад ва рушт кунад. Мо бояд бо ин гуна нохалафон муборизаи беҳамто бибарем.

Сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ба таҷрибаи Сулҳи тоҷикон ва саҳми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд медиҳанд.

Бигзор, ҳамеша дар Тоҷикистони азизи мо, сулҳу ваҳдати миллӣ поянда бошад!

Шиоре, ки аз тарафи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуда буд, саривақтӣ аст ва мардуми шарафманди тоҷик кӯшиш мекунанд, ки Тоҷикистони азиз бояд дар ҳамаи соҳаҳо; пеш аз ҳама дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, кишвари мо намуна бошад ва инчунин азнавсозӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, техниологияи муосир, саноат, энергетика ва хоҷагии халқ пешрафта бошад.

Толибзиё Сафдаршоев, - ходими илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ

Самараи ваҳдати миллӣ ва тарғибу ташвиқҳои пайвастаи ғояҳои миллӣ буд, ки Тоҷикистон дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ба эҳтироми хосса ва дастовардҳои гуногун ноил гардида, аз ҷониби тамоми кишварҳо узви СММ пазируфта шудааст. Чуноне, ки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «То фаро расидани давраи бӯҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба хеле дастовардҳо ноил гардид»[1].

Пешвои миллат мафҳуми ваҳдатро бо диди сиёсӣ ва арзишҳои нав ғанӣ гардонида, қайд менамояд, ки: «Идеали сиёсии мо Ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад»[2]. Барои амиқтар гардидан ончунин иброз медоранд, ки: «Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо нигоҳ доштани хусусиятҳои хоси худ бо роҳе пеш рафтанист, ки кулли кишварҳои тараққикардаи дунё манфиаташро кайҳо дидаанд. Мундариҷаи онро пеш аз ҳама бунёд сохтани давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва комёб шудан ба Ваҳдати миллӣ - ро ташкил медиҳад»[3].

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо як таассуроти баланди меҳанпарастӣ 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки 27-уми июн фаро мерасад, бо тантана ҷашн мегиранд. Маҳз Ваҳдати миллӣ ва раванди сулҳи тоҷикон буд, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ бо кӯшишу талошҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум ба ин неъмати бузургу назаррас ноил гардиданд.

Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки маҳз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи ин фарзанди фарзонаи миллат дар роҳи созандагию ободкорӣ марҳила ба марҳила ба рушди соҳаҳои гуногун саҳм гузошта истодаем. Чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар ҳамаи бахшҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали Сарвари кишвар интихоб гардидан, давра ба давра роҳи ҳалли мушкилоти соҳаҳоро меҷӯстанд.

Аз ҷумла, бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ, бахусус, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ барои бартараф намудани мушкилоти ин ду соҳаи ҳаётан муҳим кӯшишу талошҳои зиёде намуданд. Маҳз бо шарофати Президенти кишвар дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф, шуруъ аз базаи моддию техникӣ то ба ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самтҳои гуногуни он мунтазам рӯ ба беҳбудӣ оварданд.

Ҳамзамон, сохтмонҳои азими аср роҳҳои мошингарди Кӯлоб- Хоруғ-Қулма-Қайроқурум, Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, нақбҳои «Шар-Шар», «Истиқлол», «Шаҳристон», "Чормағзак», нерӯгоҳҳои барқии обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи «Ҷануб Шимол», «Хатлон Лолазор», «Лолазор Сангтӯда-1,2», «Роғун» , барқарор сохтани роҳу пулҳо, корам сохтани заминҳои нав далели бунёдкорию созандагии мардуми кишвар бо сарварии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ин ҳама аз неъмати муқаддаси Ваҳдати миллӣ дарак медиҳад.

Инчунин, дар ҷумҳурӣ гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, равнақу ривоҷ ёфтани муносибатҳои бозаргонӣ , хусусигардонии моликият, ба деҳқонон барои истифодаи доимӣ додани 75 000 га замин, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ихтиёри худи хоҷагиҳо вогузор намудани даромад аз ҳосилоти замин ва як қатор тадбирҳои дигари иқтисодӣ на танҳо сатҳи ҳаёти иқтисодии аҳолии деҳоту шаҳрҳоро баланд бардоштанд, балки заҳматкашони Тоҷикистонро дар атрофи Президент сарҷамъ оварданд[4].

Дар умум, Ваҳдати миллӣ дар рушду пешравиҳои ҳаёти ҷомеа нерӯ бахшида, ҳар як сокини кишвари азизамонро водор месозад, ки ин неъмати бебаҳоро бо тамоми ҳастиаш нигоҳ доранд. Зеро то замоне, ки Сулҳу Ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳифз мегардад. Таърих нишон медиҳад, ки мардуми тоҷик аз ибтидо миллати созандаю бунёдкор, меҳанпарасту сулҳдӯст, бохираду адолатхоҳ ва фарҳангпарвар мебошанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳамеша паҳлӯи ҳамдигар истода, таҳти сарварии Пешвои миллат ҳамқадами замона бошем, Ваҳдати миллии ва дигар арзишҳои миллии кишвари маҳбубамонро бо сари баланд нигоҳ дорем. Чуноне Сарвари кишвар таъкид менамоянд: «Мо бояд ба якдигар бовар кунем, дар симои якдигар дӯст, бародар, ҳамватан ва ҳамтақдирро бинем»[5].

Ходими хурди илмии Шуъбаи география ва зондкунии

фосилавии Раёсати АМИТ Раҳмонова Ф.А.

[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15-уми апрели соли 2009. / «Ҳақиқати Суғд», 18 апрели соли 2009

[2] Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. – Душанбе: Ирфон, 2001. – с.207. ҷ.1

[3] Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. – Душанбе: Ирфон, 2001. – с.208. ҷ.1

Чанде қабл, 13 июн дар саҳнаи театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бузургтарин театри пойтахти кишварамон, бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи хеле муҳимми фарҳангӣ, яъне нахустин ҳунарнамоии коллективи навтаъсиси ҳунарӣ оркестри симфонии кӯдакон ва наврасони назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид.

Аҳли зиё, намояндагони вазорату идораҳо, мухлисони мусиқии симфонӣ, тайи як соати иҷрои барномаи ҳунарӣ иборат аз осори композиторони ҷаҳонӣ ва тоҷик шоҳиди рӯйдоди нодири таърихӣ дар ҳаёти фарҳангии мамлакат гардиданд ва дар иҷрои оркестри тозабунёди симфонӣ, ки навозандагонаш комилан аз зумраи истеъдодҳои наврас – ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” буданд, беҳтарин асарҳои симфониро дар сатҳи хеле баланди ҳирфаӣ гӯш карданд.

Нахуст бояд бо ифтихор ва сипоси беҳад зикр намуд, ки таъсиси ин гурӯҳи нодири мусиқии муосир, ҷалби беҳтарин истеъдодҳо – навозандагони созҳои симфонӣ ва таъмини фаъолияти эҷодии онҳо бевосита бо ташаббус ва дастгирии Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Тавре Пешвои миллат дар суханрониашон зикр намуданд, теъдоди зиёди навозандагони наврас маҳз бо дастуру супориши ва ғамхории бевоситаи он кас ба оркестр ҷалб гардидаанд.

Яъне дар партави сиёсати хирадмандонаи фарҳангӣ, бо таъмини ҳамаи шароити зарурӣ ва ғамхории шахсан Президенти мамлакат ҳамин гуна оркестри симфонии наврасон дар Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд ва бо ҳамин кунун фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ғановати тоза пайдо кард. Аксари кулли мутрибони наврас солҳои охир дар озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ғолиб омада буданд, яъне маълум гардид, ки яке аз ҳадафҳои озмуни мазкур рӯйи кор омадааст.

Моҳияти фарҳангии чунин иқдом пеш аз ҳама дар он аст, ки барои рушди минбаъдаи анвои мухталифи мусиқии муосир ва бо ҳамин восита ба ҷаҳонбинии омма, хусусан ҷавонон ва наврасон ворид намудани эҳсоси пайвандӣ бо тамаддуни аҳли башар, рушди эҳсоси зебоипарастӣ ва худшиносии миллӣ дар маркази сиёсати ояндабинии Пешвои миллат қарор дорад.

Барномаи консертӣ хеле гуногунранг ва пурмуҳтаво буд. Оркестр бо маҳорати хеле баланд душвортарин асарҳои мусиқии ҷаҳонӣ – осори Волфганг Амадей Мотсарт, Людвиг Ван Бетховен, Ҷорҷ Бизе, Камбиз Муждаҳӣ навоҳои композиторони тоҷик Шуҳрат Ашуров, Саидқул Билолов, Ибодулло Машрабов, Бахтовар Давлатов ва дигаронро ба ҳозирин пешниҳод намуданд ва воқеан мақбули ҳамагон шуданд.

Иҷрои асарҳои душвортарини мусиқии симфонии ҷаҳонӣ аз қабили “Увертюра” аз операи “Кармен” ё худ “Рондо”-и Мотсарт нишон дод, ки оркестр воқеан дар як муддати кутоҳ сатҳи баланди ҳирфаиро соҳиб шудааст.

Сарояндаи ҷавон Муҳиба Шокирова асари К.Муждаҳиро (Ҷони Марям), ки чанде қабл дар толори ЮНЕСКО иҷро гардида буд, бо овози марғуладори хеш моҳирона иҷро намуд. Мутахассисони соҳа бо якдилӣ қайд намуданд, ки маҳорати навозандагии оркестри наврасон аз сатҳи иҷрои оркестрҳои маъруфи олам ҳеҷ камӣ надорад ва ҳайратовараш он буд, ки ҷавонони соҳибистеъдод бо як намуд илҳоми саршор бидуни изтироб ва ҳаяҷон аз уҳдаи иҷрои партитураҳои хеле душвор баромада тавонистанд.

Тавлиди чунин оркестр барои фарҳанги Тоҷикистон фоли нек аст, зеро кайҳост, ки ҳамагон интизори он буданд, ки асарҳои симфониро дар иҷрои хуб ва таҳти сарварии дирижери моҳир шунида баҳра баранд. Маълум аст, ки оркестрро ё худ умуман иҷрои ин ё он асари мукаммалро нахуст дирижер таҳия мекунад ва маҳз мувофиқи завқи бадеиву дониши дирижер партитура ба садо меояд.

Воқеан бояд зикр намуд, ки дар таҳияи барнома ва иҷрои сатҳи баланди ҳирфаии он хизмати сардирижери оркестр, композитор ва мусиқишиноси ҷавон Бахтовар Давлатов хеле бузург аст. Аҳли фарҳанги кишвар аз эҷодиёти ин соҳибистеъдоди нодир кайҳост, ки ошно ҳастанд ва масалан дар консерти сатҳи баланди ҳукуматӣ, ки моҳи марти соли ҷорӣ ба пешвози Рӯзи модарон дар пойтахт баргузор гардида буд, маҳз Бахтовар Давлатов кулли барномаро дар сатҳи олӣ сарварӣ намуд. Дар он чорабинӣ низ кулли иштирокчиён аз зумраи кӯдакон ва наврасон буданд, ки ба ҳозирин хеле хуш омада буд.

Консерти оркестри симфонии наврасон гӯё идомаи мантиқии ҳамин иқдом шуда, бори дигар собит гардид, ки Ҷаноби Олӣ ба маротиб зиёд таваҷҷуҳ ба рушди истеъдодҳои ҷавон доранд. Мутмаинем, ки ҳамин ҳайати оркестр, ки имрӯз бо ҳунарнамоии воло ва маҳорати олӣ бузургтарин намунаҳои мусиқии симфониро ба садо дароварданд, фардо шаъну шуҳрати фарҳанги муосири Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳанд намуд.

Дар фарҷоми консерт Ҷаноби Олӣ ба ҳамаи мутрибони оркестр ва сардирижери он аҳсант гуфтанд, пешниҳодҳои муфид баён карданд, супориш доданд, ки чунин консерт ҳар моҳе як маротиба баргузор гардад ва ҳарчи бештар мухлисони мусиқии муосир аз он баҳраманд шаванд.

Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат эълон намуданд, ки минбаъд ба оркестри мазкур, ки дар назди Дастгоҳи иҷрои Президенти Тоҷикистон таъсис дода шудааст, унвони “Оркестри Президентӣ” дода шавад. Ҳозирин дар толор ин пешниҳодро бо кафкӯбиҳо қабул карданд ва ҳамагон ифтихор аз он доштанд, ки боз як иқдоми бузург ва нақшаи нодири Пешвои миллат ба хотири ояндаи Тоҷикистон амалӣ гардид.

Аслиддин Низомов - доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири Шуъбаи санъатшиносии назди Раёсати АМИТ

Дар раванди гузаронидани тақсимоти миллӣ қарори анҷумани 8-уми Ҳизби Коммунистии Туркистон, ки моҳи маи соли 1924 барпо шуду тақсимотро сари вақт ва мувофиқи мақсад донист, қадами амалӣ ва муҳимме буд. Бюрои Осиёи миёнагӣ ба Комиссияи марказии тақсимот тавсия намуд, ки ҳангоми тайёрии масъала барои ҳар воҳиди алоҳида нишонаҳои зеринро ба инобат гиранд: алоқаи иқтисодӣ, сарҳади тахминии миллӣ, имкониятҳои идоракунии маъмурӣ, хусусиятҳои психологии мардумӣ (этнографӣ)-и ноҳияҳо, мавқеи ҷуғрофӣ ва ғайраҳо. 28 – уми апрели соли 1924 Бюрои Осиёмиёнагии Комитети Марказии ҲКУ (б) ҳисобот ва маърӯзаҳои РАСС Туркистон, РАСС Қазоқистон, РХШ Бухоро ва РХШ Хоразмро шунида, баъди мубодилаи афкор қарор кард, ки тақсимот аз рӯи аломати миллӣ-ҳудудӣ дар миқёси Осиёи Миёна дар сари вақт ва мувофиқи мақсад ҳисоб карда шавад. [4. С. 147] 12 -уми июни соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ҲК (б) Русия дар асоси ҳуҷҷату таклифҳои пешниҳодшуда «Дар бораи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (Туркистон, Бухоро ва Хоразм)» қарор қабул кард. Дар асоси он пешниҳод карда шуд, ки ҷумҳуриҳои иттифоқии сотсиалистии Туркманистон ва Ӯзбекистон ташкил карда шаванд.

Инчунин зарурияти муттаҳид кардани ноҳияҳои қирғизии (қазоқии) Туркистонро бо ҶМШС Қирғизистон (Қазоқистон), ташкил додани вилояти мухтори Қара-Қирғизро (Қирғизистонро) дар ҳайати Федератсияи Русия, вилояти мухтори Тоҷикистонро дар ҳайати Ӯзбекистон пешниҳод кард. КМ ҲК (б) Русия инчунин масъалаи ба Иттиҳоди Шуравӣ дохил шудани ҷумҳуриҳои нави иттифоқӣ ва барпо намудани ташкилотҳои ҳизбии онҳоро дид.

Комиссия оид ба тайёрӣ ва гузаронидани тақсимоти миллӣ-давлатӣ қарори Бюрои Осиёмиёнагии КМ ҲКУ(б) –ро аз 15-уми июли соли 1924 асоси кори худ дониста буд. Дар ин қарор таъкид мешуд, ки «дар вақти муайян намудани сарҳадҳои байни ҷумҳуриҳои ҷудогона, дар вақти ба ноҳияҳои иқтисодӣ тақсим кардани Осиёи Миёна бояд ҳамаи шароитҳое, ки ба ин ё он миллат мусоид мебошанд, пурра ба ҳисоб гирифта шаванд. Маҳз ба миллатҳои аз ҳама камқувват ва ақибмонда бояд диққати калон дода шавад. Дар ҳар ҷумҳурӣ ва вилоят манфиатҳои миллатҳои камшумор бояд комилан ба назар гирифта шаванд». [4.С. 149]

3 августи соли 1924 дар маҷлиси Бюрои Осиёимиёнагӣ бо иштироки котиби КМ ҲК(б) Русия И.А. Зеленский, «Лоиҳаи таклифҳо дар бораи кори комиссияҳои тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна» муҳокима гардид. Дар он ба бюроҳо ё худ комиссияҳои миллӣ супориш дода шуд, ки то 12-уми август лоиҳаи пешакии ҳудудҳои ҷумҳурию вилоятҳои миллии навбунёдшавандаро пешкаш намоянд. Инчунин ба онҳо ҳуқуқ дод, ки ба кори комиссия, аз рӯи зарурият, шахсони алоҳидаро бо ҳуқуқи овоздиҳии машваратӣ ҷалб намоянд, ё худ комиссияи хурди дигарро ташкил диҳанд.

То миёнаи августи соли 1924 ягон гурӯҳ ё худ комиссияе вуҷуд надошт, ки он бевосита ба баррасии тақдири тоҷикон машғул шавад. Танҳо 16 август дар маҷлиси Бюрои Осиёимиёнагӣ ба ҳайати аъзоёни комиссияи сарҳадӣ аз тоҷикон Ч. Имомов, А.Ҳоҷибоев (роҳбари гурӯҳ) ва М. Саидҷонов дохил гардиданд[3.С. 41.]. Вале эшон ҳангоми муҳокимаи масъала соҳиби танҳо ҳуқуқи овози машваратӣ буданду халос. Онҳо инчунин мӯҳлати заруриро низ надоштанд, ки масъаларо ба тарзӣ зарурӣ омӯзанд. Зеро, ба онҳо ҳамагӣ 5 рӯз мӯҳлат дода буданд, ва дар ин муддат бояд аз тарафи эшон ҷамъбасти фикру андешаҳо оид ба тақдири тоҷикон пешкаш мегардид. Бо ҳамин сабаб, ин комиссияи ба ном тоҷикӣ, танҳо имконият пайдо кард, ки лоиҳаи тайёрнамудаи комиссияи ӯзбекиро омӯзад ва бо ҳамон «марҳамате», ки онҳо нисбат ба тоҷикон кардаанд, қаноатманд гардад ва он андешаҳоро, ё худ нусхаи дигарашро чун тавсияҳои комиссияи тоҷикӣ пешкаш намояд.

21 августи соли 1924 дар маҷлиси 5-уми комиссияи тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ масъала «Дар бораи вилояти мухтори Тоҷикистон ва ҳудуди он» шунида шуд. Дар ин маҷлис А. Ҳоҷибоев, чун раиси комиссияи тоҷикӣ баромад карда, саховатмандии бемисл нишон дод. Аз ҷумла, ӯ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки тоҷикони Бухорои Ғарбӣ ва вилоятҳои дигари Туркистон «ҳам аз ҷиҳати хоҷагӣ, аз ҷиҳати идораи маъмурӣ бо ӯзбекҳо робитаи зич доранд, аз ин сабаб онҳо ба вилояти мухтори Тоҷикистон, ки дар Бухорои Шарқӣ таъсис хоҳад ёфт, ҳамроҳ шуда наметавонанд».

Вале раиси маҷлис аз А. Хоҷибоев пурсид, ки чаро ӯ дар маърӯзааш тоҷикони Фарғона, Самарқанд ва Бухороро зикр карда, дар бораи тоҷикони Хуҷанд чизе нагуфт. Пас маърӯзачӣ дар ҷавоб: дар Хучанд тоҷикон бартарӣ доранд, онҳо «он ҷо дар баъзе волостҳо ба мисли Конибодом, Исфара, Ашт, Чусти вилояти Фарғона ва якҷоя бо тоҷикони Бухоро 95 %- ро ташкил медиҳанд ва онҳоро ба вилояти Тоҷикистон ҳамроҳ кардан мумкин аст, аммо роҳҳои иртибот нестанд, фақат роҳҳои пиёдарав вуҷуд доранд ва онҳо аз ҷиҳати тиҷорату иқтисодӣ бо ӯзбекҳо сахт пайвастанд. Мо чунин мешуморем, ки онҳоро дар ҷумҳурии Ӯзбекистон мондан лозим аст» [3. С. 43].

Дар ин ҷамъомад аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда, ҳангоми музокирот Ҳоҷибоев роҷеъ ба маркази мадании тоҷикон чунин изҳор дошт «мо ақида дорем, ки шаҳри марказии тоҷикон Самарқанд хоҳад буд, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон мемонад ва дар он бояд мактабҳо ва ғайра ташкил кунем. Чунки дар айни ҳол имконияти мустақилона ташкил намудани маркази маданиро надорем» [3.С. 45] .

Аз ин далел овардашуда бараъло равшан аст, ки А. Ҳоҷибоеви ҳамон лаҳза 24 сола аз қолаби тавсиякардаи комиссияи ӯзбекӣ берун баромада натавонистаст. Ӯ намедонист, ки бо чунин саховатмандиҳо нисбат ба халқи худ ҷинояти сахттарин зоҳир намудааст.

24 августи соли 1924 Комиссияи марказии ҳудудӣ аз комиссияи миллии тоҷикӣ хоҳиш намуд, ки пойтахти вилояти мухтори худро муайян кунанд. Дар чунин лаҳза ҳам комиссияи ба ном тоҷикӣ ақалан ҷуръат накард, ки масъалаи соҳиб шудан ба яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷиконро ба миён гузарад. Ҷавонӣ ва дуруст надонистани масъала, ба аъзоёни ин комиссия имконият намедод, ки оқибати мавқеи худро дуруст сарфаҳм раванд. Барои онҳо тақдири миллати худ - тоҷикон гӯё бегона буд. Онҳо дар лаҳзаҳои ҳалкунанда барои ҳимояи манфиати халқи худ ягон хел ҷонбозӣ накарда, лаҳза ба лаҳза ҷиноят содир мекарданд. Ниҳоят онҳо саховотмандона аз чунин шаҳрҳои машҳури қадимаи тоҷикон - Бухоро, Самарқанд ва ҳатто Хуҷанд ҳам даст кашида, як деҳаи назарногири дурдаст - Душанберо чун маркази вилояти мухтори тоҷикон пешниҳод карданд. 6 сентябр он комиссияи марказӣ лоиҳаи ҳудуди вилояти мухтории Тоҷиконро тасдиқ намуд.

Дар раванди тақсимоти миллӣ- марзӣ нақши намояндагони дигар ҷумҳуриҳо, аз ҷумла қазоқҳо, қирғизҳо ва туркманҳо дар лаҳзаи тақдирсози халқи тоҷик нисбат ба баъзе намояндагони худи тоҷикон баландтар буд. Дар маҷлиси Бюрои узбекӣ оид ба масъалаи тақсимоти марзӣ бо иштироки Ф. Хоҷаев, А. Сегизбоев, А. Ҳоҷибоев, Ч. Имомов, А. Раҳимбоев ва ба ҳайати Ӯзбекистон мондани Ӯротеппа мавриди муҳокима карор гирифт. Доир ба ин масъала Сегизбоев дар баромадаш қайд намуд, ки «дар қатори дигар волостҳо Ӯротеппа низ ба ҳайати Тоҷикистон шомил гардад». [3. С. 49]

Сентябри соли 1924 масъалаи тақсимоти ҳудуди миллӣ дар қарорҳои мақомоти болоии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба шакли қонун даромад. Чунончӣ, 15-16 – уми сентябр Сессияи фавқулодаи КИМ Туркистон ба мардуми кишвар ҳуқуқ дод, ки аз ҳайати ҷумҳурии Туркистон баромада, ҷумҳурӣ ва ё вилоятҳои миллии худро ташкил диҳанд. 20 сентябр Анҷумани Умумибухороии Шуроҳо ҳамин гуна ҳуқуқро ба мардуми ҷумҳурии Бухоро дод. 29 сентябр бошад Анҷумани Умумихоразмии Шуроҳо ҳам ҳамин тавр қарор қабул кард.

Раиси КИМ-и Бухорои Шарқӣ Нусратулло Махсум ба Тошканд рафта, бо қарори комиссияи тақсимоти миллӣ-марзӣ шинос гардида, ба И.В.Сталин мактуб навишт, ки масъалаи миллии тоҷикон беадолатона ҳал гардидааст:

1.Сарҳади «вилояти автономии Тоҷикистон» нодуруст ҷудо гардида, бисёр ноҳияҳои тоҷикнишин ба ҳайати Ӯзбекистон ҳамроҳ гардидаанд.

2.Қарор доир ба ҳайати Ӯзбекистон ворид гардидани вилояти автономии Тоҷикистон ҳуқуқии миллии худмуайянкунии тоҷиконро поймол мекард ва соҳиби чунин ҳуқуки миллӣ танҳо халқҳои ӯзбек ва туркман ҳастанд.

Инчунин оид ба масъалаи тақсимоти миллӣ-марзӣ Нусратулло Махсум чунин пешниҳодоти муҳимму заруриро ба муҳокима гузошт:

1.Ба ҳайати ҳудуди Тоҷикистон ҳамроҳ намудани Ӯротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Риштон, Учқурғон ва дигар маҳаллаҳои тоҷикнишин.

2. Тоҷикистон низ бояд мисли Туркманистон ваӮзбекистон ҷумҳурии мустақил бошад. Чунки мавқеи ҷуғрофии он имконият медиҳад, ки вай ба тамоми талабот оид ба ҷумҳурии мустақил гардидан мисли ҷумҳуриҳои дигар ҷавобгӯ аст [5. С. 25-26] .

Нусратулло Махсум эътирози худро бо он асоснок мекунад, ки аз як тараф бисёр ноҳияҳои тоҷикнишин ба ҳудуди Ҷумҳурии Мухтории Тоҷикистон дохил нашуда, дар худуди Ӯзбекистон монданд, аз тарафи дигар сараввал ба тоҷикон на ин, ки ҳуқуқи «ҷумҳурии мухторӣ», балки танҳо ҳуқуқи ташкил намудани «вилояти мухторӣ» дода мешуд.

Аҳаммияти мактуб ва пешниҳоди Нусратулло Махсум барои тақдири тоҷикон бағоят бузург буд, ки тавассути ин хизматҳои ӯ аъзоёни комиссия қарори худро иваз намуда, ба ҷойи вилояти автономии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Автономии Тоҷикистонро таъсис доданд.

Чӣ тавре дар боло қайд гардид, Нусратуллои Махсум аз як тараф беадолатиҳои дар ҳаққи тоҷикон содиршуда сахт эътироз карда, аз тарафи дигар масъалаи ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистонро гузоштааст. Аммо мутаассифона, чунин талабҳоро дар вакташ комиссияи ба ном «тоҷикӣ» дар ҳайати Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев (роҳбари комиссия) ва Мусо Саидҷонов, ки 16 августи соли 1924 таъсис ёфта буд, нагузошт. Аъзоёни он комиссия бо хулосаи комиссияи узбекӣ пурра розӣ шуда ва нисбат ба миллати худ ба хатоии ҷиддӣ роҳ доданд.

Абдуқодир Муҳиддинов, ки барои аз ҳайати ҶШС Ӯзбекистон баромадан ва ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани ҶМШС Тоҷикистон ҷонбозиҳо кардааст, маҳз бо мақсади аз ҳудуди Ӯзбекистон ҳар чӣ тезтар баровардани Тоҷикистон, ҳатто таклифи бунёди федератсияи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро гузоштааст, ки мебоист Тоҷикистон низ ҳамчун воҳиди алоҳида ба ин федератсия шомил мешуд. Инчунин ӯ таъкид мекард, ки дар натиҷаи бо роҳи адолат ба Тоҷикистон баргардонидани шаҳру ноҳияҳои аксар тоҷикнишин, ба монанди Бухоро, Самарқанд, қисми Фарғона, Хуҷанд ва округи Сурхондарё, бартарии ҳудудию иқтисодие, ки барои Ӯзбекистон муҳайё намудаанд, аз байн бардошта мешавад [2. С. 469] .

4 октябри сол 1924 комиссияи миллии тоҷикӣ ба Бюрои сиёсии КМ ҲКР (б) пешниҳод намуд, ки Помир ҳамчун вилояти автономӣ ба ҳайати Тоҷикистон ҳамроҳ карда шавад. [3. С. 62]

5 октябри соли 1924 Бюро оид ба тақсимоти миллии Ӯзбекистон ноҳияҳои Ӯротеппа, Панҷакент, Мастчоҳ, Шаҳристон, Фалғар, Киштут, Фороб ва якчанд ноҳияҳои дигарро, ки пештар ба ҳайтаи ҶМШС Туркистон дохил буданд, ба ҶМШС Тоҷикистон дод. [4. С. 164]

11 октябри соли 1924 дар маҷлиси ғайринавбатии Бюрои сиёсии КМ ҲКР (б) комиссия дар ҳайати В.В. Куйбишев, Я.Э. Рудзутак, Г.В. Чичерин оид ба масъалаи Помир таъсис дода шуд [3. С. 62].

14 октябри соли 1924 сессияи дуюми КИМ Умумирусиягӣ қарори КИМ Туркистонро «Дар бораи ба мухториятҳои алоҳида тақсим намудани Ҷумҳурии Мухтории Шуравии сотсиалистии Туркистон» маъқул шуморид. Ин сессия низ ба тоҷикон ҳуқуқ дод, ки ба ҷои вилояти мухтор, ҷумҳурии мухторро ташкил диҳанд [3. С. 62] .

Дар натиҷа Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамчун ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Тоҷикистон ҷумҳурияти мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон, вилояти мухтории Қирғизҳо ташкил ёфтанд. Аз ин рӯ, 14 - уми октябр рӯзи тавлиди ҷумҳуриҳои Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 27 -уми октябр сессияи 11 КИМ ИҶШС, даъвати 2-юм қарорро оид ба тақсими ҳудуди миллии Осиёи Миёна маъқул шуморид.

Ҳангоми ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон ба ҳайати он аз ҶХШ Бухоро вилоятҳои Ғарм, Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, аз ҶМШС Туркистон вилоятҳои Панҷакент ва Уротеппа (Истаравшан) дохил шуданд. Ҳамон лаҳза масоҳати ҷумҳурӣ 135,6 ҳазор км буда, аҳолияш 739,5 ҳазор нафарро ташкил медод, ки 78,33 фоизаш аз тоҷикон иборат буд.

26 -уми ноябри соли 1924 дар Тошканд Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон бо сарварии Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ташкил ёфт. 6 декабри он сол Бюрои Осиёмиёнагӣ роҳбарияти муваққатии ҳизбӣ - бюрои ташкилии ҲК (б) Ӯзбекистонро дар ҶМШС Тоҷикистон барпо намуд.

3 феврали соли 1925 ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати пурра ба Душанбе омад. Рӯзи дигар, 4 феврал дар Душанбе гирдиҳамоии серодам барпо гардид. Дар он Декларатсияи ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон хонда шуд. 5 феврал ба барҳам додани ташкилотҳои Бухорои Шарқии собиқ ҷумҳурии Бухоро шурӯъ намуданд.

Ҷумҳурии Автономии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар давраи барпо гардидани худ аз Республикаи Советии Туркистон 12 волостро ба территорияи худ дохил карда буд. Аз РХШ Бухоро қариб тамоми Бухорои Шарқӣ иборат аз 5 вилоят ба ҳайати ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Масоҳати ҷумҳурии нав ташкилшуда 135,620 километри мураббаъ ва аҳолии он 739503 нафар буд. Ба ҳайати РАСС Тоҷикистон аз ҷумҳурии Туркистон 135665 нафар, аз ҶХШ Бухоро 603838 нафар аҳолӣ гузашт. Дар ҷумҳурӣ тоҷикон 55, 4% узбекҳо 32,4%-ро ташкил медоданд [6. С. 39] .

1 – уми декабри соли 1926 Анҷумани якуми Муассисони Советҳои ҶМШС Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барпо гардида, то 12 декабр давом кард. Дар Анҷуман 336 вакил иштирок дошт, ки аз рӯи хайати миллӣ тоҷикон 57,3%, русҳо 17,8%, узбекҳо 14,2% ва дигар миллатҳо 10,7 % вакилони анҷуманро ташкил медоданд. Дар байни вакилон 12 нафар занон, аз он ҷумла 4 нафар занони тоҷик буданд [4. С.66] .

Анҷуман оид ба барпо гардидани ҶМШС Тоҷикистон тантанавор Эъломия қабул намуд ва ба ин хотир табрикномаи КМ ВКП (б), котиби генералии КМ И.В.Сталин ба халқи тоҷик, ба муносибати эълон карда шудани ҶМШС Тоҷикистон вазифаҳои асосие, ки дар назди ҷумҳурии ҷавон меистод, баён кард. Дар барқияи табрикӣ гуфта шуда буд: «Салом ба Тоҷикистон - ба республикаи нави советии меҳнаткашон дар пеши дарвозаи Ҳиндустон. Ба ҳамаи меҳнаткашони Тоҷикистон дар кори мубаддал намудани республикаи худ ба республикаи намунавии мамлакатҳои Шарқ муваффақиятҳо орзу мекунам.

Тоҷикон таърихи бой доранд; қобилияти бузурги ташкилотчигӣ ва сиёсии онҳо дар гузашта ба ҳама маълум аст.

Коркунони Тоҷикистон! Маданияти мамлакати худро инкишоф диҳед, хоҷагии онро тарақкӣ диҳед, ба меҳнаткашони шаҳр ва қишлоқ ёрӣ расонед, беҳтарин фарзандони ватанро дар атрофи худ муттаҳид намоед ва ба тамоми Шарқ нишон диҳед, ки Шумо беҳтарин авлодони бобою аҷдодони худ буда, байрақи озодиро устуворона дар дасти худ нигоҳ медоред» [4. С. 167] .

Тақсимоти миллӣ-давлатӣ ва ташкил ёфтани ҶМШС Тоҷикистон ғалабаи бузурги сиёсати миллии ҳукумати шуравӣ буд. Тақсимоти миллӣ - таъкид карда буд М.И. Калинин:- «санади аз боло маҷбуран мукаррар кардашуда ва дар шароити кори бофта баровардашуда набуда, балки инъикоси орзӯ ва умедҳои ҳақиқии халқҳои меҳнаткаши сокини Шарқи Советӣ мебошад» [4. С. 170] .

Оид ба хатоиву камбудиҳои тақсимоти миллӣ - марзӣ як қатор мақолаву дастхатҳои олимону муҳаққиқон, мутахассисони ҳизбиву давлатӣ, ҳуҷҷатҳо ва баромадҳои намояндагони сиёсии Бюрои Осиёмиёнагии КМ ва роҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна вуҷуд доранд, ки дар онҳо чандинмаротиба оид ба беадолатҳои нисбат ба халқи тоҷик содиргардида сухан гуфта шудаанд. И.Зеленский дар мақолаи худ «Тақсимоти миллӣ-давлатии Осиёи Миёна» ошкоро қайд намудааст, ки «барои ҳалли масъалаи миллӣ дар Туркистон, ба хатоиҳо роҳ дода шуд ва дар раванди ташкилёбии ҷумҳурии миллӣ, асосан тақсимоти ҳудудӣ қарорҳое қабул гардиданд, ки дар оянда ислоҳи онҳо имконнопазир буд. Бояд, ки тақсимоти ҳудудӣ боадолатона ба мустақилият ва иродаи халқ вобаста бошад» [1. С. 2] .

Чӣ тавре, ки раиси Бюрои Осиёмиёнагии КМ ҲКР (б) И.А. Зеленский дар баромади расмии худ, дар ҷамъбасти тақсимоти миллӣ- ҳудудӣ қайд намудааст, «қадами аввалини мо, оид ба тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ ин бурдани кор барои таъсиси ҷумҳурии миллӣ буд. Ин кор сиёҳкорона буда ва ба воситаи табар тақсим шудааст» [1. С. 2] .

Ҳақиқати таърихӣ ва рафти воқеаҳо ба мо исбот намуд, ки ҷудо намудани тоҷикон ба вилояти автономӣ ва ба ҷумҳурии автономӣ бо фишори пантуркистон ва бузургманишии ӯзбекӣ ҳуқуқҳои оддитарини тоҷикон дар қаламрави ҷумҳурии автономӣ маҳдуд гардида буд.

И.В.Сталин вобаста ба тақсимоти миллӣ-марзӣ ва содир гардидани хатоиву беадолатиҳоро нисбат ба халқи тоҷик ба худи намояндагони тоҷик нисбат додааст. Ӯ дар яке аз вохӯриҳояш баъди ҷанг ба котиби аввали ҷумҳурӣ Б. Ғафуров оид ба тақсимоти миллӣ - марзӣ гуфтааст: «агар худи тоҷикон мехостанд соли 1924 ҶШС Тоҷикистонро таъсис медоданд ва барои ин масъала Абдулло Раҳимбоевро гунаҳкор ҳисоб намуд» [3.С. 25] .

Ҳамин тарз халқи тоҷик дар натиҷаи муқобилияти сахт соҳиби ҷумҳурии мухтории худ гардид, ки он барои ин халқи қадима аҳаммияти бузурги таърихию сиёсӣ дошт. Вале ин ҷумҳурӣ дар гӯшаи қафомондатарини кишвар - Бухорои Шарқӣ, ки аз собиқ марказҳои машҳуру мадании халқи тоҷик - Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд хеле дар канор буд, бунёд гардид.

Миллатгароён ба халқи азияткашида имконият надоданд, ки ҳамон лаҳза яке аз он марказҳоро пойтахти ҷумҳурии мухтори худ эълон намояд. Аз ҳамин сабаб ҳам халқи тоҷик бо бунёди ҷумҳурияти худ деҳаи хурди назарногири Душанберо пойтахти худ қарор дода, минбаъд ба яке аз шаҳрҳои зебою саноатии замона табдил дод.

Адабиёт:

1. Варейкис И., Зеленский И.А. Национально - государственное размежевание Средней Азии. - Ташкент.- 1924. – С.2.

2. Масов Р.- История таджикского народа. -Т.5. Новейшая история (1917-1941). -Душанбе.-2004. -С.469.

3. Масов Р. История топорного разделения. – Душанбе: «Ирфон», -1991. – С. 41.

4. Раҷабов С. РСС Тоҷикистон - давлати соҳибихтиёри Советӣ. - Сталинобод.-1959.- С.147.

5. Речи, доклады, статьи Нусратулло Махсума и материалы о его жизне деятельности. - Душанбе, 1994. – С. 25-26.

6. РСС Тоҷикистон дар зарфи 25 сол. - Сталинобод.- 1955. – С.39.

Қозизода Ш.– докторанти (PhD)-и Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар ҳошияи иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин”, шаҳри Остона, Қазоқистон, 17 июни 2025

Тағйирёбиҳои амиқ дар сохтори ҷомеаи ҷаҳонӣ, дигаргунии харитаи геосиёсии ҷаҳон ва ташаккулёбии гурӯҳҳои ҳамгироии байналмилалӣ бисёре аз давлатҳоро водор ба он сохт, ки ба ҷустуҷӯйи шаклҳои нави амнияти дастаҷамъӣ ва ҳамкории иқтисодӣ машғул шаванд. Равандҳои наздикшавии давлатҳои мустақил ва муттаҳид гардидани онҳо дар ниҳодҳои асосии минтақавӣ омили асосии муносибатҳои байналмилалии муосир гардидаааст. Бинобар ин, зарурати гузаронидани таҳлили ҳамаҷонибаи падидаи ҳамгироӣ аз нуқтаи назари воқеияти муосир ва ояндаи давлатҳо ва минтақаҳо дар фазои геосиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ пайдо мешавад.

Формати C5+1 як форуми бисёрҷониба бо мақсади густариши ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои гуногун мебошад. Дар нишастҳо дар шакли С5+1 масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодии кишварҳои минтақа, ҳифзи муҳити зист, таъмини амният ва суботи минтақа баррасӣ мешаванд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи асосии пешрафти босуръат ва босуботи иқтисодии кишварҳои минтақаро дар рушди комплекси энергетикӣ мебинанд. Таъкид менамоянд, ки “Ҳаминро ҳам нодида гирифтан мумкин нест, ки проблемаи истењсолу истифодаи энергия дар давоми солҳои наздиктарин ба проблемаи асоситарини иқтисодию иҷтимоӣ, геостратегӣ, аз ҷумла геосиёсӣ, табдил хоҳад ёфт”

Мақоми афзалиятноки ҶМЧ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози Истиқлоли сиёсии кишвар сарчашма мегирад. Беҳуда нест, ки аввалин сафари расмии хориҷии Сарвари давлати тоҷикон низ маҳз ба ин кишвар дар таърихи 9 – 11 марти соли 1993 сурат гирифтааст. Ин мақом дар тамоми изҳороти расмӣ, баромаду Паёмҳои Президенти Ҷуимҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои муайянкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид ва тасдиқ гаштаанд. Новобаста аз эъломи сиёсати “дарҳои кушода” ва хислати бисёрсамтӣ гирифтани сиёсати хориҷӣ, мақоми ҶМЧ авлавиятнок боқӣ мемонад, ки бо ирода ва талошҳои ду ҷониб то ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд. Инчунин, заминаи мусоидро барои тавсеаи рӯзафзуни ҳамкориҳои гуногунҷанбаи сиёсию амниятӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ фароҳам овардаанд”.

Ин аст, ки ҶМЧ яке аз аввалин шуда Истиқлоли сиёсии кишварҳои минтақаро эътироф карда, бо онҳо муносибатҳои дипломатиро барқарор намуд. Боиси таъкид аст, ки тақвияти ҳузури ҶМЧ дар минтақа бинобар зиёд гаштани таъсири қудратҳои ғарбӣ, боло рафтани аҳаммияти минтақа, қиммати арзиши маводи сӯхт ва афзоиши иқтидори иқтисодии худи кишвар аз оғози ҳазораи нав вусъат гирифт.

Консепсияи “Як камарбанд – як роҳ” – ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин (минбаъ ҶМЧ), ба такмили роҳҳои мавҷуда ва бунёди масирҳои нави тиҷоратӣ, нақлиётӣ, инчунин долонҳои иқтисодӣ равона шудааст, ки зиёда аз 60 кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро пайваста ба рушди муносибатҳои тиҷоратӣ байни онҳо ва ҶМЧ мусоидат хоҳад кард. Моҳиятан ин ташаббус бунёди модели нави ҳамкории байналмилалиро бо роҳи таҳкими механизмҳои мавҷуда, инчунин ҷустуҷу ва роҳандозии механизмҳои нави ҳамкорӣ бо ҳадафи ҳавасмандгардонии рушди иқтисодии кишварҳоро дар қаринаи ташаббуси мазкур ифода менамояд.

Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим бунёди се долонҳои иқтисодиро пешбинӣ менамояд:

– Чин – Осиёи Марказӣ – Россия – Аврупо;

– Чин – Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ – Халиҷи Форс ва Баҳри Миёназамин;

– Чин – Осиёи Ҷанубу Шарқӣ – Осиёи Ҷанубӣ – уқёнуси Ҳинд.

Аз ҷониби дигар, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ лоиҳаи “Як камарбанд – як роҳ” — ин имконияти ҷалби сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ-боркашонӣ аз ҳисоби маблағҳои чинӣ, тақвияти транзити тиҷоратӣ, афзоиши ҳамкории истеҳсолӣ ва гардиши тиҷоратӣ бо ҶМЧ мебошанд.

Ҷумҳурии Мардумии Чин барои нигоҳ доштани мақоми мавҷуда тамоми чораҳоро меандешад, ки аз ҷумла дар чорчӯбаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (минбаъд СҲШ) амалӣ мегарданд. ҶМЧ дар сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолона мавқеъҳои пешсафро ишғол менамояд. Гардиши солонаи тиҷоратӣ байни ҶМЧ ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар зарфи 34 соли ҳамкорӣ зиёда аз 500 млн доллар то 30 млрд доллар афзоиш ёфт. Нишондоди баландтарин соли 2013 ба қайд гирифта шуданд, ки 50 млрд. долларро ташкил дода, ҶМЧ – ро дар Осиёи Марказӣ ба сифати сармоягузор, қарздиҳанда ва шарики тиҷоратӣ муаррифӣ мекунад.

Тавсеаи низоми байналмилалии долонҳои нақлиётию иртиботӣ барои таъмини дастёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳимтарин масирҳои ҳамлу нақл ва бозорҳои бузурги ҷаҳон, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва фановариҳои пешрафта ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ яке аз вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон амиқтар шудани робитаҳо бо ҶМЧ, ба маънои бархурдорӣ аз пуштибонии шарики боэътимоди иқтисодӣ дар муносибатҳои байналмилалии муосир ва ҷалби сармоягузорӣ мебошад, ки дар шароити бештар ниёз доштани кишвари мо ба маблағҳои бузург барои расидан ба амнияти энергетикӣ, инчунин барои тавсеаи пойдори иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат дорад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин нуктаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶМЧ дар оянда низ ба густариши ҳамкориҳои стратегии худ идома хоҳанд дод.

Ҳамин тариқ, тағйирёбии сиёсати хориҷии Осиёи Марказӣ нисбат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самтҳои зерин инъикос меёбад:

1. Равандҳои тиҷоратию сиёсии иқтисодиёти ҷаҳон наметавонанд ба равандҳои ҳамгироӣ бетаъсир бимонанд. Минтақаи Осиёи Марказӣ чун қолаби ҳамгироӣ дорои низом ва ташкилотҳои зарурӣ мебошад. Минтақа ҳамчунин дорои ҳувияти ба худ хос мебошад. Дараҷаи хеле баланди номуайянӣ дар сиёсати хориҷии давлатҳо, рақобати лоиҳаҳои ҳамгироӣ, ба ихтилоф байни ниҳодҳои минтақавӣ ва ҳамкориҳои самаранок дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ таъсир мерасонад;

2. Таъсиси бозори ягонаи энергетикӣ ва шабакаи долонҳои нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ;

3. Мусоидат ба рушди иқтисодии кишварҳои минтақа тавассути барномаҳои “баровардан” – и иштирокчиёни сусттараққикарда ба сатҳи миёна;

4. Ба танзим даровардани қонунгузории амалкунанда дар соҳаи пулию молӣ;

5. Ба таври васеъ татбиқ намудани барномаҳои ҳамкории илмию техникӣ ва маданӣ;

6. Таъсиси мақомот оид ба муқовимат ба таҳдидҳои ғайрианъанавии амният, аз ҷумла, мубориза бо чолишҳои нав – терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динию мазҳабӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ – низ ҳамкориҳои созандаи минтақавиро тақозо менамояд.

РАҲМОНЗОДА Азимҷон Шералӣ, ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои таърих

Дар он рӯзҳои барои миллати мо бисёр пурдаҳшату вазнин ва давраи бисёр ҳассоси сиёсӣ ба ояндаи нек умеди касе намонда буд, хушбахтона фарзанди фарзонаи сарсупурдаи миллат бо камоли ҷавонмардӣ ва ҳисси баланди ватандустӣ Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда доданд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Имрӯз ҳар як фарди бонангу номуси ва хештаншиноси Тоҷикистони азиз возеҳ дарк кардааст, ки агар дар кишвар сулҳу субот ваҳдату ягонагӣ хукмфармо бошад, ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқукбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи ниҳоии худ қарор додаем, идома диҳем ва барои шаҳрвандони мамлакат шароити сазовори зиндагиро муҳайё намоем. Хусусан дар шароити ҳассоси имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои глобализатсионӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад. Зеро мардуми Тоҷикистон дар ибтидои солҳои навадум то кадом андоза даҳшатнок ва фоҷиабор будани низои дохилӣ, оқибатҳои харобиовари беқонуниву беҳокимиятӣ ва ба андешаву афкори бегонапарастона ва таҳмилӣ гаравидани табақаҳову гурӯҳҳои гуногуни ҷомеаро дарк намуд.

Сулҳу озодӣ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон фароҳам оварда шуд, дастоварди бениҳоят бузург ва муқаддаси миллати мо маҳсуб меёбад.

Ваҳдати миллӣ асоси рушду шукуфоии Ватани азизамон аст, зеро дар ҳар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод гардид ва пешравӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти мардуми сарбаланди тоҷик ҳувайдо гардид. Имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарди тоҷик нишоту хурсандӣ, зиндагии осоишта ва сулҳу ваҳдат падидор аст. Хулоса, чун як фарзанди бонангу баномус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор мекунам. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

Ваҳдат беҳтарин неъмат барои тамоми аҳли башар буда, он тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум намудааст. Зеро танҳо бо будани ваҳдату якдилӣ душворию монеаҳо паси сар мешаванд. Рӯзгору зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва халқ орому осуда зиндагии босаодат менамояд. Мо бояд ба қадри истиқлолу озоди ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот бирасем. Ҳамеша барои шукуфоии ватани азизиамон талош варзида, дар арсаи байналмилалӣ кишвари азизамонро муаррифӣ намоем.

Ҳоҷизода Ганҷина - ходими илмии Маркази омӯзишии пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик, ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи кишвар мебошад, ки арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ кардаанд.

Таърихи куҳанбунёди тоҷикон саршор аз руйдодҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоиест, ки дар тамадуни халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Ин гуна воқеаҳо ҳам дар таърихи гузашта ва ҳам дар Тоҷикистони муосир рух доданд, ки боиси ифтихору сарфарозии мардуми кишвар мебошад. Руйдоди сиёсии нисбатан муҳимтаре, ки дар даврони навини таърихи тоҷикон ба вуқуъ пайваст, ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997» ифода мегардад, зеро ин Созишноами тақдирсоз тавонист, ки мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ раҳо намояд. Хушбахтона, имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, аз насли ҷавон то калонсолон аҳамияти ваҳдатро хуб дарк менамоянд ва қадру манзалати онро пос медоранд. Дар ин асос 27 июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Бояд тазакур дод, ки дар давоми 34 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи наҷотбахши миллат, рӯйдоди нодири таърихӣ, омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи ҷомеа, унсури асосии андеша ва худшиносии миллӣ, омили асосии таҳкими давлатдории навини тоҷикон гардид.

Ваҳдат ва амну суботи миллӣ дар ҳар давру замон, новобаста ба давраҳои таърихӣ, ҳамеша мазҳари идеалу ормонҳои волои инсон буда, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми заҳматкашу хирадманд, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ба шумор меравад.

Ин падидаи беназиру муқаддаси даврони Истиқлолият, ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат, тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти асолати таърихии миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва пойдориву бақои давлат буда, дар сиришти миллати тоҷик ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагиро барои ояндаи неку дурахшон тақвият мебахшад.

Масири Ваҳдатофарии миллати сарабаланд ва куҳанбунёди тоҷик аз умқи таърих сарчашма мегирад. Лозим ба ёдоварист, ки дар баробари дигар рукнҳои асосии давлатдории миллӣ аз ҷумлаи «Истиқлолият», «Забони давлатӣ», «Конститутсия» ва «Рамзҳои давлатӣ», Ваҳдати миллӣ мавқеи басо муҳими таърихиро касб кардааст ва мо метавонем нақши ин ҷашни воқеанҳам миллию аҷдодии хешро дар рушди давлатдоии миллӣ бо якчанд далелҳо асоснок намоем:

Якум, бояд қайд намуд, ки солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Ватанамон душвору пурпечутоб буд, зеро ҷанги шаҳрвандӣ минтақаҳои гуногуни кишварамонро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсию ҳарбӣ кашида буд. Дар ин шароити барои давлати тозаистиқлоли тоҷикон хавфноктарин бо баргузории Иҷлосияи таърихии тақдирсози ХVI Шурои Олии ҷумҳурӣ ва Раиси Шурои Олии кишвар интихоб шудани фарзанди наҷотбахши миллату давлат, меъмори сулҳу Ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон, давраи нави ташаккул ва рушд эътироф гардид. Дар сухани нахустини худ Эмомалӣ Раҳмон чун Раиси Шурои Олии Тоҷикистон чунин иброз намуда буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард…. Ман ҷонибдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Ҳар чӣ аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором кунем».

Ҳукумати навтаъсис бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба ҳаллу фасли масъалҳои зерин, ки мушкилоти муҳимтарини руз ва проблемаҳои аввалидараҷа буданд, оғоз намуд: Ҳар чӣ зудтар гирифтани роҳи хунрези, хотима додан ба ҷанги харобиовар ва барқарор кардани ҳаёти осоиштаи мардум, барқарор кардани шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият ва кори муътадили мақомоти давлатӣ аз марказ то маҳалҳо, пурра ба Ватан ва ҷойи зисти доимӣ баргардонидани гурезаҳо ва фирориён, барқарор намудани фаъолияти мунтазами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлати ва таҳкими ваҳдати милли, истифодаи муассир ва ҳамаҷонибаи воситаҳои сиёси ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои самарабахши байналмилалӣ.

Дуюм, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро бе якдигар тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чунки яке ба ҷумҳурӣ ва ҳалқи тоҷик соҳибихтиёрӣ бахшида бошад, дуюмин тавонист, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш созад. Бо шарофати ин рукни асосии давлатдории миллӣ, шохаҳои ҳокимият дар тамоми манотиқи мамалакат барқарор гардид, зеро чуноне, ки қайд намудем фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо қариб, ки фалаҷ шуда буд.

Сеюм, таҳкими ҳокимияти конститутсиони ва ба шароити нав мутобиқ намудани он. Бо ин мақсад ба Конститутсия ва қонунҳои мавҷуда тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳидаи давлат ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат дар доираи салоҳияти худ ба сифати ҳокмияти мустақили давлатӣ фаъолият дорад.

Чорум, масъалае, ки ҳалли бетаъхирро талаб мекард ин таъсис додани артиши милли ва қушунҳои сарҳадӣ ба хотири пурзур кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амияти давлати ва пуштибонии дастовардҳои истиқлолият буд. Пушида нест ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрванди надоштанаи артиши милли ифода мегардад, ки бо ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997 » ин масъала ҳалли пурраи худро ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси созандаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артиши милли ба як нерӯи пурқувват табдил ёфта, аз лиҳози техникию моддӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

- Панҷум, Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускори ҳалли як қатор масъалаҳои хусусияти глобалидошта эътироф шудааст. Давлати Тоҷикистон муаллифи чор ташаббуси бузург дар соҳаи об, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» мебошад, ки имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта ва амалӣ шудааст истодааст.

Ҳамзамон ташаббуси навбатӣ дар сатҳи байналмилалӣ ин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгири ёфтани пешниҳоди навбати оид ба эълон гардидани солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ” (яхшиносӣ) ифода мегардад, ки дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи обу иқлим заминаи мусоид фароҳам оварда барои ҳалли мушкилоти рӯзмарраи рушди “иқтисоди сабз” ва пешрафти босубот заминаи боэътимод фароҳам меоварад.

Шашум, Эҳё ва эҳтироми суннату арзишҳои миллӣ, зинда гардонидани номи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, муттафакирони оламшумули тоҷику форс, чеҳраҳои шинохтаи динӣ ва аҳли илму адаб. Чунончӣ санаи 11 июни соли 2025 дар қароргоҳи Юнеско дар идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ конфронси илмӣ-назариявии байналмилалӣ баргузор гардид.

Ҳафтум, бунёди давлати иҷтимои ва зина ба зина боло бурдани сатҳу зинадагонии мардуми кишвар. Асоси давлати иҷтимоиро таъмини шароити арзанда ва муносиби зиндагонии хуррам ва пурнишоти мардуми кишвар, дастгирии ҳамешагии маъюбону ятимон, бепарасторону бенавоён ва кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд такшил медиҳад.

Ҳаштум, бунёду таъмир ва ба истифода додани роҳҳу нақбҳои нав барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам овард, ки дар чор фасли сол миёни тамоми минтақаҳои кишвар рафту омади сокинони он таъмин карда шавад. Бунёди роҳҳои байналмилалӣ барои пайвастшавии бемайлони Тоҷикистон ба кишварҳои дунё ва бозори ҷаҳонӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Нуҳум, такмили фаъолияти мақомоти қонунгузор ва бунёди парламенти касбӣ дар кишвар. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни бунёдии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аз аввали ташкилёбиаш асолати таърихии хешро то кунун дар сатҳи баланди корӣ, ташкилӣ ва суботкорӣ ба пеш бурда истодааст.

Даҳум, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд. Маҳз расидан ба Ваҳдати миллӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар вазъияти воқеӣ ба амал бароварда шавад.

Ёздаҳум, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат.

Дар воқеъ, тарибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамин тавр, бо шарофати саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳи матин, нангу номуси ватандорӣ, меҳанпарасти ва ҷонибдории тамоми мардумӣ Тоҷикистон, мо тавонистем аз парокандаги ва ноумеди раҳои ёфта, иродаву иқдоми сулҳофарии мардумамонро ба самти созандагию бунёдкори равона созем, сулҳу ошти, оромиву суботро дар кишвари азизамон таъмин намоем. Сулҳу Ваҳдати тоҷикон ба ҷомеаи башар исбот намуд, ки мардуми мо соҳиби ақлу заковати воло, иродаи нек буда, баҳри ҳадафҳои олӣ ҳамеша омода аст.

Ҳамин буд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузоштем. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллии нав гардид. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда бо аксари кулли мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститусионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромада шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

Имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки мафҳумҳои истиқлолият ва озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, тамомияти арзӣ, ободии Ватан ва созандагӣ на танҳо ҳамчун ғояҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд, балки ба ҳайси қутбнамо дар тафаккури мардумамон ҷой гирифтаанд.

Аз ин рӯ мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Давлатзода Комрон Давлат, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими хурди илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Дар даврони ҷаҳонишавӣ, ки боиси бархӯрди тамаддунҳо ва таҳдид ба ҳувияти миллии давлатҳои соҳибистиқлол гардид, масоили ташаккул ва амалисозии идеяи миллӣ чи дар муҳити олимону зиёиён ва чи сиёсатмадорону нухбагон аҳамияту афзалияти стратегиро ба худ касб намуд. Дар ин қарина саволе ҳам ба вуҷуд омадааст, ки оё мо - тоҷикон идеяи миллӣ дорем ё не? Ба ин савол посух чунин аст: мо тоҷикон идеяи миллӣ дорем ва бунёди онро ватандӯстию ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад.

Идеяи миллии мо тоҷикон дар дӯст доштани Ватан инъикоси худро меёбад ва ин ҳиссиёт дар қалби мо ҷойгир асту онро касе ба воситаи дастуру фармон ва ё тавассути шиорпардозӣ наметавонад интиқол диҳад. Миллате, ки идеяи миллӣ надорад, қурбонии таҷовузгарони хориҷӣ гашта, рӯ ба олами фано хоҳад овард. Агар ба маънидоди фалсафии ин падида рӯ оварем, идеяи миллӣ ба савол дар бораи маънии ҳастӣ ва ҳадафи мавҷудияти як ҷомеаи муайяни таърихӣ, яъне миллат ва давлат, инчунин, рисолати маънавии миллати мушаххас посух медиҳад.

Яке аз хусусиятҳои идеяи миллӣ аз он иборат мебошад, ки он фақат ба ҳадафи бузург – сифатан тағйир додани воқеият ва бо ин роҳ тағйир намудани тақдири миллат равона аст. Вобаста ба ҳар як давру замон вазифаҳои идеяи миллӣ тағйирпазиранд. Рисолати идеяи миллӣ дар он таҷассум меёбад, ки як миллати мушаххасро аз як нуқтаи таърих ба марҳилаи нави тараққиёти ин миллат, яъне ба пешрафт ва ба фардои муваффақ интиқол медиҳад. Маҳз идеяи миллӣ моро илҳом мебахшад ва ба мо баҳри хизмат барои рушди Ватан неруи тозаи мудаввом медиҳад. Ба ғайр аз ин, идеяи миллӣ мунтазам бо амалия ва таҷрибаи муосири миллат дар ҳамоҳангӣ қарор ёфта, ба чолишҳои замони худ вокуниш нишон медиҳад.

Аслан идеяи миллӣ барои амалишавии чор падида зарур аст: ташаккули миллат, ҳимояти миллат аз таҳдидҳо, маҳфуз доштани миллат ва таъмин намудани рушду нумӯи миллат вобаста ба тағйирёбии вазъи иқтисодӣ - сиёсии ҷаҳони муосир.

Баъд аз заволи Иттиҳоди Шӯравӣ, ба миллати тоҷик як хатари нав эҷод гардид, яъне аз байн рафтани давлати миллӣ ва эъмори давлати динмеҳвар. Дар ин лаҳзаҳо маҳз ҳисси ватандӯстӣ, ки яке аз пойдеворҳои идеяи миллӣ мебошад, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки миллатро аз парокандагӣ ҳифз намуда, бо ҳамин восита яке аз рисолати идеяи миллӣ, яъне ҳимояти миллат аз таҳдидҳоро, амалӣ созанд. Ва дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикори Сарвари давлат идеяи миллии тоҷикон дар шакли олии назариявӣ - методологӣ яъне дар идеологияи миллӣ бо номи “ваҳдати миллӣ” таҷассуми худро пайдо намуд.

Ба назари мо ваҳдати миллӣ на танҳо дар таърихи муосири тоҷикон, балки дар воқеияти сиёсии минтақаи мо бисёр як падидаи нодир ба ҳисоб меравад. Ин арзиш дар зеҳни мардуми тоҷик тасаввуротро оид ба арзиши олии ҳар як миллат – истиқлоли сиёсии Ватан такмил дод. Ватан ҳамчун арзиши олии ҳар як тоҷик, маънии ҳастии тоҷикро муайян мекунад, яъне ҳар як тоҷик баҳри Ватан зиндагӣ дорад ва агар лозим шавад худро қурбони ин Ватан мекунад. Консепсияи Ваҳдати миллӣ, ки муаллифаш Пешвои миллат мебошанд, маснуияти идеологии моро аз таҳоҷуми арзишҳои зиддимиллӣ, афкори тахрибкори экстремизми динӣ, таҳдидҳо дар фазои воқеӣ, хушунати иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ ҳифз мекунад.

Чуноне ки зикр кардем, яке аз рисолати идеяи миллӣ ин дигаргунсозии сифатан беҳтари воқеияти кунунӣ ва эҷоди замина баҳри гузаштан ба марҳилаи нав дар рушди миллату Ватан мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо назардошти ҳамин рисолати идеяи миллӣ чор ҳадафи стратегии кишварро муайян намуданд: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар. Расидан ба ин чор ҳадафи стратегӣ воқеияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро дигаргун хоҳад сохт ва миллати моро ба марҳилаи сифатан нави рушди устувори миллӣ меоварад. Имрӯз вобаста ба расидан ба ҳадафҳои стратегӣ лоиҳаҳои бузург дар дилхоҳ соҳаи хоҷагии халқи Тоҷикистон амалӣ мешаванд ва дар оянда ҳам идома хоҳанд ёфт.

Пайкараи Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатии мо, Парчами давлатии мо, Суруди миллии мо, Конститутсияи мо – ҳамчун рамзҳои миллӣ инъикосгар ва таҷассуми идеяи миллии тоҷикон мебошад. Ин рамзҳои миллат - рамзи рӯҳу иродаи шикастнопазири миллат аст. Маҳз рамзҳои миллӣ метавонанд ба одамон таъсири такондиҳандаву мусбат расонанд ва миллатро ба маҷрои муайяни сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ равон созанд. Рамзҳои муштараки миллӣ шаҳодат аз ягонагии фарҳанги сиёсӣ ва эътиқоди сиёсии миллат медиҳанд. Ба ҳамин хотир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз мавҷудияти баъзе мушкилоти иҷтимоӣ - иқтисодӣ, ба ташаккули рамзҳои миллии тоҷикон, ки як унсури муҳими идеяи миллии мост, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Дар давраи пасоҷангӣ дар Тоҷикистон бояд рӯҳи мардумро зинда мекарданд ва қувват мебахшиданд. Ин рисолатро танҳо эъмори рамзҳои миллӣ иҷро карда метавонист.

Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз сохта ба истифода дода шуданд ва сохтмони Театри миллӣ идома дорад. Ин сохтмонҳо аз як тараф агар иншоот бошанд ҳам, аз тарафи дигар рамзҳои миллӣ мебошанд, яъне ҳамон рамзҳои фарҳангии миллати мо мебошанд, ки бунёди сохтори ҳувияти миллии тоҷиконро ташкил медиҳанд. Китобхонаи миллӣ таҷассуми хислати китобдорӣ ва китобдӯстии миллати тоҷик аст. Маҳз барои таҳкими ин хислати миллати тоҷик Ҳукумати Тоҷикистон чандин сол аст, Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”- ро хеле муваффақ амалӣ карда истодааст. Ё худ Чойхонаи миллӣ ки бо номи “Кохи Наврӯз” машҳури замон аст, таҷассуми меҳмондӯстӣ ва меҳмоннавозии миллати тоҷик мебошад. НБО “Роғун” аз як тараф ҳамчун иншооти техникӣ шинохта шудааст. Аз тарафи дигар он рамзи миллӣ ба ҳисоб меравад, яъне рамзи зарфияти зеҳнии тоҷикон. Баҳри рушди минбаъдаи тафаккури техникӣ дар Тоҷикистон солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуд. Ин иқдоми наҷиб барои иҷрои рисолати идеяи миллӣ саҳми худро хоҳад гузошт ва дар дигаргунсозии миллат аҳамияти калидӣ хоҳад дошт.

Дарахти идеяи миллӣ, албатта, дар таърихи миллат реша давонда, баргу шохаҳои ин дарахт баҳри фардои нек ва дурахшони миллат месабзанд. Ба ҳамин хотир, бо ибтикори Пешвои миллат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Шашмақом, Фалак ва монанди инҳо, эҳё гардиданд.

Албатта, ҳар як миллат кӯшиш мекунад, вобаста ба дигаргуншавии иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ, хусусан дар даврони ҷаҳонишавӣ, намунаи рафтору амалияи худро дар шароити муосир коркард намояд ва сайқал диҳад, ки он ҳам инъикоси худро дар такмили мудаввоми идеяи миллӣ пайдо мекунад. Ба ҳамин хотир, мо бояд анъанаҳои хуби миллати худ ва таҷрибаи давлатдории миллатҳои дигарро интихоб намуда, онро баҳри беҳбудии ҳаёти миллати тоҷик истифода барем. Рушди минбаъдаи Тоҷикистон ва амалишавии орзуҳои миллати мо дар доираи идеяи миллӣ дар солҳои минбаъда маҳз аз кӯшишҳои мо дар роҳи эҷоди рафтору амалияи ақлгаро ва илммеҳвар вобастагӣ дорад.

Ҳамин тариқ, таъкид кардан ҷоиз аст, ки Тоҷикистон соҳиби идеяи миллӣ аст ва ҷавҳари онро падидаи ватандӯстӣ ва Ваҳдати миллӣ ташкил медиҳанд. Ватандӯстӣ як ҳадаф дорад - обод намудани Ватан, саҳм гузоштан дар рушди устувори кишвар. Миллати тоҷик имрӯз атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид аст ва ин тамоюл ба як падидаи устувори сиёсӣ мубаддал гаштааст. Бо итминони комил таъкид кардан мумкин аст, ки имрӯз дар ҷомеаи тоҷик се падида – Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва ниҳоди Пешвои миллат барои ҳар як тоҷики ватандор ба се арзиши тақдирсози олӣ мубаддал гашта, бунёди идеяи миллии тоҷикон маҳсуб меёбанд.

Рустам ҲАЙДАРЗОДА, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ доктори илмҳои фалсафа

(дар ҳошияи иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” , шаҳри Остона, Қазоқистон, 17 июни 2025)

Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон барои иштирок дар дуюмин ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” (16 июни 2025) як рӯйдоди муҳими дипломатӣ ва стратегӣ дар таърихи муносибатҳои минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Ин сафар дар идомаи муносибатҳои тӯлонии Осиёи Марказӣ бо Чин, ки аз Роҳи Абрешим сарчашма мегирад, ва дар шароити афзоиши протекционизми ҷаҳонӣ ва ноустувории геополитикӣ сурат гирифт.

Муносибатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин решаҳои амиқи таърихӣ доранд, ки аз замони Роҳи Абрешим оғоз меёбанд. Роҳи Абрешим на танҳо як шабакаи тиҷоратӣ, балки як пул миёни фарҳангҳо ва технологияҳо буд, ки Осиёи Марказиро бо Чин ва дигар минтақаҳои ҷаҳон мепайваст. Дар асрҳои миёна, шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Хуҷанд марказҳои муҳими тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар ин роҳ буданд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон истиқлолият ба даст оварда, муносибатҳои дуҷониба бо Чинро барқарор карданд.

Дар солҳои 2000-ум форматҳои минтақавии 5+1, аз қабили “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” (2004), “Ҷумҳурии Корея— Осиёи Марказӣ” (2007) ва “C5+1” бо ИМА (2015) таъсис ёфтанд, ки ба ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат карданд. Чин бо истифода аз барномаи “Як камар – як роҳ” (2013), Газопроводи Туркманистон – Чин ва лоиҳаҳои минтақавии Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ нақши худро дар Осиёи Марказӣ таҳким бахшид. Соли 2020 мулоқотҳои вазирони корҳои хориҷии формати 5+1 оғоз шуд ва соли 2023 нахустин ҳамоиши сарони давлатҳо дар Сиан баргузор гардид, ки марҳилаи нави ҳамкориҳоро оғоз кард.

Нахустин ҳамоиши “Чин – Осиёи Марказӣ” (18–19 майи 2023, Сиан) як рӯйдоди таърихӣ буд, ки аввалин мулоқоти рӯ ба рӯи сарони давлатҳои формати 5+1-ро дар бар гирифт. Дар ин ҳамоиш президентони Қазоқистон (Касим-Жомарт Токаев), Қирғизистон (Садир Жапаров), Тоҷикистон (Эмомалӣ Раҳмон), Туркманистон (Сердар Бердимухамедов) ва Узбекистон (Шавкат Мирзиёев) таҳти раёсати Си Ҷинпин иштирок карданд. Сиан ҳамчун оғози таърихии Роҳи Абрешим ва рамзи робитаҳои қадимии минтақа бо Чин буд.

Дар ин ҳамоиш Декларатсияи Сиан қабул шуд, ки заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии ҳамкориҳои минтақавиро мустаҳкам кард. Си Ҷинпин “Пешниҳоди чор нукта”-ро пешниҳод кард, ки ба таъмини субот, шукуфоии иқтисодӣ, ҳамоҳангии сиёсӣ ва пайвастагии инфрасохторӣ нигаронида шудааст. Ин пешниҳод ба эҳтироми соҳибихтиёрӣ, муқовимат бо дахолати хориҷӣ, мубориза бо “се нерӯи бад” (терроризм, сепаратизм, экстремизм) ва бунёди ҷомеаи сулҳомез асос ёфтааст. Инчунин, Чин 3,7 миллиард доллар қарз ва грант барои рушди минтақа ваъда дод.

Чин бузургтарин шарики тиҷоратии Осиёи Марказӣ аст. Ҳаҷми тиҷорат аз 70 миллиард доллар дар соли 2022 ба 94,8 миллиард доллар дар соли 2024 расид, ва то соли 2030 ба 100 миллиард доллар расидани он пешбинӣ мешавад. Чин аз минтақа маҳсулоти кишоварзӣ ва маъданҳо ворид мекунад, дар ҳоле ки асбобҳои барқӣ ва маҳсулоти саноатӣ содир мекунад. Дар сатҳи дуҷониба, Қазоқистон 22 созишнома ба маблағи 22 миллиард доллар, Узбекистон 41 созишнома ба маблағи 25 миллиард доллар ва Тоҷикистон 25 созишнома ба имзо расонданд.

Лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз қабили роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Узбекистон, магистрали Чин – Тоҷикистон – Узбекистон, Транскаспийский маршрут ва терминали логистикии Қазоқистон дар Сиан, таҳким ёфтанд. Ин лоиҳаҳо на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба таҳкими амнияти минтақавӣ мусоидат мекунанд.

Ҳамоиши Сиан бо саммити G7 дар Хиросима (2023) ҳамзамон буд, ки нишонаи рақобати геополитикии Чин бо Ғарб аст. Чин тавассути ташаббусҳои ҷаҳонии худ, аз ҷумла Инициативаи ҷаҳонии амният, рушд ва тамаддун, ба таҳкими робитаҳо бо Глобалӣ Ҷануб, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, тамаркуз кардааст. Коршиносон, аз қабили Е Тяньлэ ва Аньни Ван, таъкид мекунанд, ки механизми “Чин – Осиёи Марказӣ” метавонад намунаи ҳамкории шаффоф ва бидуни шартҳои пинҳонӣ бошад.

Декларатсияи Сиан на танҳо ҳадафҳои муштарак, балки механизми амалисозии онҳоро низ муайян кард. Ин санад ба таҳкими амният, рушди иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ нигаронида шудааст. Инчунин, таъсиси секретариати “Чин – Осиёи Марказӣ” дар Сиан (2024) ва мулоқотҳои вазирони корҳои хориҷӣ дар Чэнду (декабри 2025) ва Алмато (апрели 2025) нишонаи идомаи ин раванд аст.

Тоҷикистон дар дуюмин ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Чин” (Остона, 2025) нақши муҳим бозид. Ҳузури Президенти Тоҷикистон нишон дод, ки кишвар ба рушди иқтисод, инфрасохтор ва технологияҳои сабз таваҷҷуҳи хоса дорад. Тоҷикистон дар ҳамоиши Сиан 25 созишнома имзо карда, ба тавсеаи магистрали Чин – Тоҷикистон – Узбекистон ва таъсиси коридори иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистони Шимолӣ манфиатдор аст. Ин лоиҳаҳо бо “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то 2030” ҳамоҳанганд.

Тоҷикистон ба лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз қабили магистрали Чин – Тоҷикистон – Узбекистон, CASA-1000 ва бозсозии гузаргоҳи Варшез, таваҷҷуҳ дорад. Ин лоиҳаҳо на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба таҳкими амнияти минтақавӣ мусоидат мекунанд.

Тоҷикистон бо захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, метавонад аз таҷрибаи Узбекистон дар истифодаи технологияҳои чинии кишоварзӣ (коҳиши 30%-и об ва афзоиши 40%-и ҳосилнокӣ) ва гидрогени сабз истифода барад.

Дуюмин ҳамоиши Остона заминаро барои тавсеаи ҳамкориҳо фароҳам меорад. Тоҷикистон метавонад аз платформаи “Осиёи Марказӣ – Чин” барои ҷалби сармоя, рушди технология ва таҳкими амният истифода барад. Инчунин, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла созишномаҳои академӣ бо донишгоҳҳои чинӣ метавонад ба рушди захираҳои инсонӣ мусоидат кунад.

Сафари Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон ба Остона ва иштирок дар дуюмин ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Чин” мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи минтақавӣ мустаҳкам мекунад. Пешниҳоди чор нукта ва Декларатсияи Сиан роҳи ҳамкориҳои минтақавиро равшан карданд. Тоҷикистон бо сиёсати фаъолонаи хориҷии худ омода аст дар таҳкими ин раванд нақши муҳим бозад. Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Чин” дар Остона як платформаи муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, амният, экология ва фарҳанг мебошад. Масъалаҳои баррасишуда, аз қабили густариши тиҷорат, рушди инфрасохтор, мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, татбиқи технологияҳои сабз ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ барои рушди устувори минтақа ва таҳкими мавқеи он дар арсаи ҷаҳонӣ муҳиманд.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Subscribe to Мақолаҳо