“Рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад”
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” (28.12.2024) ҷиҳати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар панҷсолаи минбаъда иҷрои панҷ вазифаи муҳимро таъкид намуданд, ки банди чоруми он маҳз ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ бахшида шудааст. Аз ҷумла, таъкид намуданд, ки “...бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо баланд бардоштани маърифати илмӣ таъмин намудани рушди сармояи инсонӣ аз омилҳои асоси рушди Тоҷикистон ба шумор меравад”.
Бо ин мақсад дар банди 7 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2024 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, “Таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030 ва дар он таваҷҷуҳи аввалиндараҷа додан ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ...таъкид шудааст”
Ҳамчунин, боби чоруми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳти унвони “Рушди сармояи инсонӣ” маҳз ба омӯзиши масъалаи инсон ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодии он дар шароити кунунӣ бахшида шудааст. Ин бори дигар водор месозад, ки омӯзиш ва таҳқиқи масъалаи сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон ба зарурати воқеӣ табдил ёфта, он бояд мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷомеаи илмӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қарор гирад.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи сармояи инсонӣ дар илми ҷаҳонӣ масъалаи нав набуда, ҳанӯз дар солҳои 60-70-уми қарни гузашта мавриди омӯзиш ва таҳқиқи олимону коршиносони кишварҳои хориҷӣ қарор гирифта буд. Назарияи сармояи инсонӣ дар нимаи дуюми асри ХХ аз ҷониби намояндагони мактаби неоклассикии Г.Беккер ва Т.Шултс пешниҳод шуда, мафҳуми «сармояи инсонӣ» дар доираи ин назария бо шаклҳои гуногун шарҳ дода шудааст. Баъзе аз намояндагони ин мактаб онро маҷмуи қобилият, донишу маҳорати инсон ва баъзе аз онҳо онро маблағгузорӣ барои гирифтани таҳсилот ва баланд бардоштани савияи донишу маҳорат шарҳ додаанд. Дар шакли пуррааш мафҳуми сармояи инсонӣ ҳамчун маҷмуи дониш, малакаю маҳорат, қобилият ва саломатии инсон шарҳ дода мешавад.
Аз ҷониби муаллифони дигари муосири хориҷӣ – Брукинг Э., Корицкий А.В., Леонтев Б.Б., Михнева С.Г., Эдвинсон Л., Мэлоун М., Ибрагимли З.И., Татаркин А.И., Тугускина Г.Н., Гарипова Ф.Г. ва дигарон дар давраҳои гуногун доир ба масъалаи инсон, сармояи инсонӣ ва захираҳои зеҳнӣ таҳқиқотҳои арзишманд анҷом дода шудаанд.
Дар асоси омӯзиш ва таҳлилҳои воқеӣ масъалаи рушд ва моҳияти инсон, роҳу василаҳои таҳкими сармояи инсонӣ дар шароити имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон, инчунин, нақши он дар рушди устувори кишвар баррасӣ ва арзёбӣ шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки масъалаи мазкур аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик Наврӯзов С., Шоисматуллоев Ш., Қурбонов А.Ш., Бобоев А.А. ва дигарон мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, аз ҷониби муаллифони номбурда дар ин самт таҳқиқотҳои муҳим анҷом дода шудаанд.
Вале, маврид ба зикр аст, ки доир ба масъалаи сармояи инсонӣ дар ҷумҳурӣ дар шакли фарогир ва бо тамоми вижагиҳояш то ҳанӯз таҳқиқоти мукаммали илмӣ анҷом дода нашудааст. Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки масъалаи сармояи инсонӣ ба омӯзиш ва таҳқиқ ниёз дошта, он бояд мавриди таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи олимону коршиносон қарор гирад.
Бояд тазаккур дод, ки шаклҳои сармояи инсониро бо дарназардошти унсурҳои зерини таркибиашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд: сармояи маърифатӣ, сармояи маданӣ ва сармояи тандурустӣ. Дар мақолаи мазкур масъалаи сармояи зеҳнӣ чун ҷузъи таркибии сармояи инсонӣ, ки қабл аз ҳама, хусусияти маърифатӣ дорад, мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дода шудааст.
Тавре ки маълум аст, мушкилоти соҳаи илм ва захираи зеҳнӣ ҳамчун омили муҳимми ташаккули сармояи инсонӣ дар шароити муосир аз нигоҳи худи олимон ба таври гуногун баррасӣ ва арзёбӣ мешавад. Илм ҳамчун самти махсуси фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир мушкилоти хоси худро дошта, аз ҷомеа таваҷҷуҳи бештар ва аз аҳли илм масъулияти баландро талаб мекунад. Ҳамзамон, ҳолати кунунии илм ва фаъолияти илмӣ дар ҷумҳурӣ водор месозад, ки раванди мазкур мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуда, барои рафъи мушкилоти мавҷуда тадбирҳои муфид ва зарурӣ андешида шавад.
1.Дастгирии молиявӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ. Бояд зикр намуд, ки рушди илм ва фаъолияти самараноки илмӣ-таҳқиқотӣ дар шароити муосир бе маблағгузорӣ ва таъминоти молиявӣ, инчунин, заминаи устувори илмӣ-техникӣ ғайриимкон аст. Худи фаъолияти илмӣ бевосита ба хароҷоти доимӣ – харидани таҷҳизот, масолеҳи зарурии ҳаррӯза, музди меҳнати кормандон, хароҷот барои нашр, сафарҳои хизматӣ ва ғайраҳо алоқаманд мебошад. Ҳамаи ин як қисми хурди хароҷоте мебошад, ки олими касбӣ дар тӯли фаъолияти хеш мунтазам ба он дучор мешавад.
Албатта, пешрафти давлатҳои муосир бидуни илму техникаи пешқадам ва технологияҳои инноватсионӣ, ба роҳ мондани тарзу усулҳои нави идоракунии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани дастовардҳои нави илмӣ дар иқтисодиёт тасаввурнопазир аст. Дар шароити шиддат ёфтани ҷаҳонишавии иқтисоди ҷаҳонӣ, раванди рақобати давлатҳо дар соҳаи рушди илму техника низ тақвият меёбад. Ин, қабл аз ҳама, ба он вобастагӣ дорад, ки мамлакатҳои дар ин соҳа пешрафта аз раванди ҷаҳонишавӣ бо тамоми оқибатҳояш аз ҳама бештар ба афзалияти иқтисодӣ ноил мешаванд. Аз ин рӯ, ҳадафи асосӣ аз рақобате, ки имрӯз миёни кишварҳо дар ин самт идома дорад, танҳо ба даст овардани даромадҳои иловагии иқтисодӣ аст. Таҳлили вазъи маблағгузорӣ ба соҳаи илм дар ҷаҳони муосир собит месозад, ки он ҳар сол дар ҳамаи кишварҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва аз муқоисаи рушди иқтисодии кишварҳои олам бармеояд, ки дар ин рақобат ҳамон кишваре ғолиб меояд, ки ба соҳаи илм аз ҳама бештар маблағгузорӣ мекунад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва нақши илм дар рушду шукуфоии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа беш аз пеш эҳсос гардида, аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ба он эътибори хосса зоҳир мегардад. Ин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди илми ватанӣ, ташаккул ва такомули тафаккури техникии ҷомеа, ҳамгироии илм ва маориф, ба вуҷуд овардани технологияҳои рақобатпазир, омӯзишу таҳқиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таҳқиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, таҳким бахшидани пояи илмӣ-техникии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ фармону амр ва қарору фармоишҳое қабул гардиданд, ки барои фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва дар маҷмуъ, барои рушди илм ва дастгирии олимон дар ҷумҳурӣ нақши муассир гузоштаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар оғози Истиқлолии давлатӣ олимону мутахассисони ҷавон беш аз пеш ба дастгирӣ ва кумакҳои иҷтимоӣ ниёз доштанд. Дар ҳолати мушкил қарор доштани пояи илмӣ-техникии кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, маош ва стипендияи ночиз, пешбинӣ нашудани маблағ барои нашри рисолаҳои илмӣ, автореферат ва дигар хароҷотҳои зарурӣ ва мавҷуд набудани шароити мусоиди манзилию маишӣ ва таҳсил барои аспирантон ва олимони ҷавон, боиси аз ин соҳа дур шудани ҷавонон гардид. Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо, институтҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавӣ ва кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз сабаби ба соҳаи илм таваҷҷуҳ надоштани ҷавонон ба мушкилоти шадиди кадрӣ рӯ ба рӯ гардида буданд. Чунончи, соли 2001 қабул барои таҳсил дар аспирантура ба муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 45 нафарро ташкил медод, ки ин нисбат ба талаботи воқеии муассисаҳои мазкур ба кадрҳои ҷавон хеле кам буд. Дар институтҳои математика, физикаю техника, астрофизика, сейсмология, зоология ва паразитология, физиологияи растаниҳо ва генетика, илмҳои гуманитарӣ, Маркази илмии Хуҷанди Академияи илмҳо ягон нафар ба аспирантура қабул нагардида буд ва бояд ёдовар шуд, ки дар дигар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ низ чунин ҳолат мушоҳида мешуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати мавҷударо хуб эҳсос намуда, ба мушкилоти молиявии ҷумҳурӣ нигоҳ накарда, барои беҳбудӣ бахшидан ба ин самти фаъолияти илмӣ дар ҷумҳурӣ чораҳои судманд меандешид. Хусусан, фармону супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантони таҳсили рӯзона», «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон» ва «Дар бораи таъсиси хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон» дар ин марҳила хеле бамаврид ва муфид маҳсуб мешуданд. Ҳамчунин, барои аспирантон 15 стипедияи махсус муқаррар карда шуд, ки ин марҳилаи аввали дастгирии аспирантон аз ҷониби Сарвари давлат буд.
Таъмир ва ба истифода додани «Хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон» дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ барои 300 нафар, маҳз бо дастури Сарвари давлат сурат гирифта, барои таъмир ва таҷҳизонидани он аз Фонди эҳтиётии Президени кишвар 4,5 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд ва он, воқеан, барои олимони ҷавон як туҳфаи шоистае маҳсуб мешуд. Зеро солҳои зиёд олимони ҷавон ва аспирантон аз нарасидани шароити мусоиди моддию маишӣ, аз ҷумла набудани манзили истиқоматӣ, танқисӣ мекашиданд ва дар тӯли мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантону олимони ҷавон таъсиси чунин як хобгоҳ ва бо чунин шароиту таҷҳизот бори аввал буд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар давраи аз соли 1996 то 2000-ум танҳо барои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳавасмандии моддии кормандони соҳаи илми ҷумҳурӣ 9 қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани музди меҳнати баъзе гурӯҳҳои кормандони ташкилотҳои буҷетӣ» (1997), Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зиёд намудани маблағ барои унвони аъзои ҳақиқии (академик) Академияи илмҳо ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон» (1998), инчунин, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани музд барои аъзои ҳақиқӣ ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1996), «Дар бораи супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника дар соли 1996» (1996) қабул гардиданд, ки дар ин марҳила барои дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии олимон хеле муфид ва саривақтӣ маҳсуб мешуданд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба мусоид гардидани вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, ҷиҳати ҳавасмандгардонии моддӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи илм давра ба давра чораҳои судманд меандешид. Бояд ёдовар шуд, ки аз соли 2000-ум дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии илм ва ҳифзи иҷтимоии олимон марҳилаи нав ва мусоид оғоз гардид. Фаро расидани сулҳу субот ва оромӣ дар ҷумҳурӣ барои фаъолияти самараноки корхонаю муассисаҳо, хоҷагии қишлоқ ва рушди соҳибкорию тиҷорат мусоидат намуд ва роҳбарияти давлату ҳукумат низ имконият пайдо намуданд, ки ба соҳаи иҷтимоӣ, қабл аз ҳама, ба кормандони соҳаи илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия» (2003), «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия» (2004), қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии зиёиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2004) ва ғайра маҳз ба хотири кумак ва дастгирии бевосита ва ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи мазкур равона гардида буданд.
Аз соли 2000-ум маоши кормандони Академияи илмҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ ҳар сол баланд бардошта мешуданд. Чунончи, аз 1 январи соли 2000-ум тибқи амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои дар ин замина қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маошҳои вазифавии кормандони Академияи илмҳо ва ташкилоту муассисаҳои он ба таври зайл баланд бардошта шудаанд:
-аз 1 январи соли 2000 ба андозаи 40%;
-аз 1 апрели соли 2003 ба андозаи 20%;
-аз 1 январи соли 2004 ба андозаи 25%;
-аз 1 июли соли 2004 ба андозаи 30%.
Ҳамагӣ дар ин давра маоши вазифавии кормандони илм ба андозаи 2,7 маротиба баланд бардошта шудааст.
Аз ҳамин давра, яъне аз соли 2000-ум шуруъ гардида, маблағгузорӣ барои иҷрои таҳқиқот ва коркарди илмӣ низ аз ҳисоби буҷети чумҳуриявӣ сол ба сол меафзояд. Чунончи, солҳои 2000 маблағгузорӣ барои соҳаи илм 1 миллиону 155 ҳазор сомонӣ, дар соли 2010 22 миллион сомониро ташкил медод. Дар маҷмуъ, то соли 2010 доир ба дастгирии молиявии соҳаи илм ва ҳифзи иҷтимоии олимони ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳукумат 27 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст, ки ин ба фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар самти таҳқиқот ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ нақши муҳим гузошт.
Ҳамин тариқ, ба хотири ташаккул ва рушди сармояи зеҳнии кишвар дар тӯли истиқлолият тадбирҳои муҳим рӯйи кор омада, ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи илм ва таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ давра ба давра дастгирии молиявии соҳаи илм зиёд гардида, то соли 2024 маблағгузорӣ барои соҳаи мазкур ба 235 млн сомонӣ расонида шуд. Ҳамчунин, дар арафаи Рӯзи дониш ва ҷашни Истиқлоли давлатӣ аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати тамоми кормандони соҳаи маориф ва илм дар ҳаҷми 20 фоиз зиёд карда мешавад. Рақамҳои болозикр аз он далолат мекунанд, ки соҳаи илм ва маориф дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, барои дар доираи имкониятҳои мавҷудаи молиявӣ зиёд намудани маблағгузории соҳаи илм ва коркардҳои илмӣ ҳамасола тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
2.Тайёр намудани кадрҳои илмӣ. Рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва ворид гардидани технологияҳои гуногуни инноватсионӣ ба ҷумҳурӣ, афзудани талаботи мардум ба дастовардҳои илму техника, тағйир ёфтани фазои таҳсилот ва дигар омилҳои муҳим водор месозанд, ки баҳри тарбияи мутахассисон ва, хусусан, олимони соҳибунвон барои самтҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шаванд.
Ба хотири ҳалли мушкилоте, ки дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ вуҷуд доштанд, соли 1997 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ» ба тасвиб расид, ки дар заминаи он шуроҳои диссертатсионӣ доир ба самтҳои гуногуни илм таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ намуданд. Бояд зикр намуд, ки ин иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ шуда, барои ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ дар дохили ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Тавре ки медонем, дар марҳилаи аввали истиқлолият вобаста ба вазъи иҷтимоии кишвар теъдоди муайяни кормандони илмӣ, аз ҷумла, олимони соҳибунвон аз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олӣ ба соҳаҳои дигари фаъолият гузаштанд, ки ин боиси косташавии иқтидори илмии ин муассисаҳо гардид. Бояд зикр намуд, ки дар ин маврид норасоии кадрҳои илмӣ бараъло эҳсос карда мешуд. Вобаста ба зарурати мавҷуда қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015” қабул гардида, барномаи мазкур дар ин марҳала барои тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ мусоидат намуда, дар таъмини муассисаҳои илмӣ бо кадрҳои илмӣ нақши муҳим гузошт.
Ҳамчунин, бо супориши Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ (18 марти соли 2020) Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 №264 ба тасвиб расид. Бояд зикр намуд, ки қабули ин барномаҳо аз иқдомҳои муҳим ва зарурии Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, давра ба давра дар ҳалли мушкилоти кадрӣ мусоидат намуданд.
Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбари давлат қарор дошта, аз ҷумла, дар паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2015, 2018, 2021, 2022, 2024) баррасӣ гардида, ҷиҳати рафъи мушкилоти самти мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Таҷриба собит месозад, ки яке аз воситаҳои муҳимми тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ намудани тадбирҳо тавассути фаъол намудани кор дар самти магистратура, докторантура ва аспирантура мебошад. Маврид ба зикр аст, ки то солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ низоми тайёр намудани кадрҳои илмӣ тавассути аспирантура, докторантура ва унвонҷӯйи амал мекард. Лекин теъдоди қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳое, ки ҳуқуқи қабул ба аспирантураро доштанд, хеле маҳдуд буд. Масалан, дар соли 1991 ҳамагӣ 10 муассиса барои қабул ба аспирантура ҳуқуқ дошт, вале дар соли 2023 бошад, теъдоди чунин муассисаҳо 24 ададро ташкил медод. Аз ҷумла, аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 1991 ҳамагӣ 4 муассисаи олӣ ҳуқуқи қабул ба аспирантураро дошт. Соли 2024 бошад, дар 19 мактаби олии ҷумҳурӣ таҳсил дар аспирантура роҳандозӣ шуда буд.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ чун неруи бузург ва манбаи тавонои рушди илм, тарбияи мутахассисон ва кадрҳои илмӣ барои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши бесобиқа доранд. Ҳоло теъдоди чунин муассисаҳо ба 49 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст, ки ин рақам, бешубҳа, хушҳолкунанда ва боиси ифтихор мебошад. Тавре ки мебинем, ҳам шумораи муассисаҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо нисбат ба давраи пеш аз истиқлолият қариб чор баробар афзудааст.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чун манбаи асосии тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ мақоми хосса дошта, дар тӯли фаъолияташ барои бо кадрҳои илмӣ таъмин намудани тамоми самтҳои ҳаёти хоҷагии халқи кишвар нақши беназир гузоштааст. Бо ифтихор метавон ёдовар шуд, ки имрӯз шогирдони ин боргоҳи бузурги илм дар тамоми муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар фаъолият менамоянд ва бо итминони комил онро чун макони муҳимтарини ташаккули зеҳнҳо ва рушди сармояи зеҳнии миллат арзёбӣ намуд.
Айни ҳол, дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тарбияи кадрҳои илмӣ дар самтҳои гуногун ба роҳ монда шуда, аз ҷумла, дар соли таҳсили 2024-2025 дар шуъбаи рӯзонаи магистратура 287 нафар магистрантҳо аз рӯйи 53 ихтисос таҳсилро идома дода истодаанд, ки аз ин теъдод 149 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар зинаи докторантураи PhD дар муасссаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 221 нафар докторанти PhD аз рӯйи 44 ихтисос ба фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ фаро гирифта шуда, шумораи докторантҳои анъанавӣ бошад 11 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар соли сипаришуда дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 345 нафар унвонҷӯён ба корҳои илмӣ таҳқиқотӣ машғул буданд.
Рақамҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз дар муқоиса ба замони то истиқлолияти давлатӣ барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои олии кишвар имкониятҳои бештар вуҷуд доранд.
Омили муҳимми дигаре, ки дар марҳилаи кунунии рушди ҷумҳурӣ барои ташаккул ва рушди сармояи зеҳнӣ мусоидат мекунад, ин фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ мебошад. Айни ҳол, дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 шурои диссертатсионӣ аз рӯйи 193 ихтисоси анъанавӣ ва 193 ихтисоси доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳоро ба ҳимоя қабул менамуданд. Дар тӯли фаъолияти КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то декабри соли 2024 дар маҷмуъ 2380 диссертатсия, аз ҷумла 206 кори докторӣ, 1969 кори номзадӣ ва 205 рисолаи доктори фалсафа (PhD) ҳимоя шудааст.
Ҳамчунин, дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 19 шурои дессертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд, фаъолият менамуданд. Шуроҳои мазкур, бешубҳа, дар самти тайёр намудани кадрҳои соҳибунвон, ташаккул ва таҳкими сармояи зеҳнии мамлакат нақши муҳим мегузоранд.
Тибқи ҳисоботи оморӣ соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 6250 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-педагогӣ машғул буданд, ки аз ин 950 нафар доктори илм, 5088 нафар номзади илм ва 212 нафар доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Ҳол он ки, то замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм фаъолият мекарданд.
Ҳамин тариқ, раванди ташаккули сармояи зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ тавассути тарбияи кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври мақсаднок ва самаранок ба роҳ монда шуда, барои таҳким ва рушди ин арзиши муҳимми маънавӣ ва омили зарурии рушди сармояи инсонии кишвар заминаи устувор гузошта мешавад.
3.Рушди илми бунёдӣ. Тавре ки зикр гардид, масъалаи сармояи инсонӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки сармояи зеҳнӣ ҳамчун маҷмуи донишҳо, малакаҳо, таҷрибаҳо, ғояҳо, технологияҳо ва сарватҳои ғайримоддӣ, қабл аз ҳама, бояд чун масъалаи бунёдӣ мавриди омӯзиш ва таҳлили муҳаққиқон қарор дода шавад. Ин, қабл аз ҳама, маблағгузории соҳаи маориф, таҳсил, таҳқиқотҳои илмӣ ва коркардҳо, ҳамчунин, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои инноватсия ва мубодилаи донишҳоро дар бар мегирад.
Воқеан, дар низоми фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар ҷумҳурӣ илмҳои бунёдӣ мақоми хосса дошта, ба дастгирӣ ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз доранд. Бо ин мақсад ҳанӯз соли 1996 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Фонди президентии таҳқиқотҳои бунёдӣ” аз 24 феврали соли 1996, №422 ба тасвиб расид, ки он дар самти дастгирӣ ва рушди соҳаи мазкур дар кишвар аҳамияти муҳим дошт. Тибқи Низомномаи Фонд дар қатори дигар сарчашмаҳое, ки маблағҳои он ташкил меёбанд, яке аз сарчашмаҳои асосӣ, ин 3% ҳиссаҷудокунӣ аз маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои соҳаи илм пешбинӣ шуданд, ба ҳисоб меравад.
Маврид ба таъкид аст, ки маблағи солонаи Фонд дар соли 2024 аллакай ба 4,2 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин маблағ барои ба анҷом расондани таҳқиқоти муайян ва мақсадноку муфид дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
Солҳои рушди илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ. Масъалаи дигаре, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм мақоми хосса дошта, барои ташаккул ва рушди сармояи зеҳнӣ мусоидат мекунад, ин омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад. Дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва зиёиёни мамлакат ба масъалаи 20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию дақиқ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ба хотири давра ба давра таъмин намудани иҷрои ин ҳадафҳо «Стратегияи миллии рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» қабул гардида, дар заминаи он санадҳои дигар:
- «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040;
-Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030;
-Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расонида шуданд, ки санадҳои мазкур барои татбиқи ҳадафҳо доир ба рушди илмҳои зикргардида дар ин марҳилаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат аҳамияти муҳим доранд.
Бояд ёдовар шуд, ки рушди илмҳои бунёдӣ бо рушди илмҳои табиатшиносию дақиқ робитаи мустақим дошта, ташаккули донишҳои нав дар самти табиатшиносӣ маҳз тавассути таҳқиқотҳои бунёдӣ муяссар мешавад. Дар ин замина солҳои 2020-2040-ро эълон кардани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ҳамзамон, барои рушди илмҳои бунёдӣ қадами ҷиддие хоҳад буд.
Бо ин мақсад тайи солҳои охир дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баъзе тадбирҳо амалӣ карда шуданд, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди илмҳои табиатшиносию дақиқ ва, инчунин, ба роҳ мондани таҳқиқотҳои бунёдӣ аз ҷониби муҳаққиқони муассисаҳои илмии он мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла, дар доираи чунин ҳамкорӣ бо дастгирии Агентии байналмилалии неруи атомӣ ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгоҳи PICARRO дастрас карда шуд, ки он як дастгоҳи гаронарзиш ва нодир маҳсуб шуда, истифодаи он имкон медиҳад, ки таҳқиқотҳо дар муҳити саҳроӣ ва лабораторӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо дақиқии баланд анҷом дода шаванд.
Ин дастгоҳ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Ташаккули иқтидори миллӣ барои арзёбии ҳолати пиряхҳо ва қабати барф дар шароити тағйирёбии иқлим» (TAD 7004, 2022-2025) бо дастгирии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои ҳамоҳангсози Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) дастрас шудааст.
29 октябри соли 2024 дар шаҳраки академии АМИТ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бинои мазкур аз 4 ошёна иборат буда, 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроиро фаро гирифтанд, ки барои муайян сохтани маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамоянд. Озмоишгоҳҳои мазкур бо таҷҳизотҳо ва технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, ҷиҳати гузаронидани таҳқиқот, ташхис ва таҳлили мутахассисони соҳа дар асоси стандартҳои байналмилалӣ таъсис ёфтааст.
Ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур бо мақсади амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сурат гирифта, барои иҷрои саривақтии таҳқиқотҳои бунёдӣ дар илми ватанӣ замина мегузорад. Бо ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад.
Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, барои ба истифода дода шудани он 12 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ва 35 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд хароҷот шудааст.
Ҳамчунин, пас аз маросими тантанавии ифтитоҳ ва шиносоӣ бо озмоишгоҳҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотиро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ, лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ, Лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ, Маркази байналмилалии омӯзишии муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва лоиҳаи Бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар вилояти Хатлон, ки ба фаъолият шуруъ намудани ин марказҳо барои рушди илмҳои бунёдӣ ва ҳам амалӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» танҳо дар соли 2024 Академияи миллии илмҳо 28 озмоишгоҳҳои замонавӣ таъсис дода шудааст.
Дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ озмоишгоҳи биотехнологӣ муҷаҳҳаз бо асбобу таҷҳизотҳои муосир аз нав таҷдид карда шуд. Бояд қайд намуд, ки дар озмоишгоҳ барои гузаронидани корҳои биотехнологӣ 25 дастгоҳу лавозимоти гуногуни муосири озмоишӣ насб карда шуда, ҳамчунин 25 реактиву моддаҳои химиявии зарурӣ дастрас карда шуданд.
Ҷиҳозонидани озмоишгоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир имконият медиҳад, ки ҳамкориро бо муассисаҳои илмии кишвар, ташкилотҳои байналмилалии таҳқиқотӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию инфиродии ҷумҳурӣ таҳким бахшида, дурнамои таҳқиқоти илмии озмоишгоҳ оид ба рушди илмҳои биотехнологияи муосир, ҳалли масъалаҳои таъхирнопазири рушди ҷанбаҳои бунёдӣ ва амалии соҳаи кишоварзӣ, ки ба вуҷуд овардани навъу намунаҳо ва генотипҳои устувору сермаҳсули зироатҳои кишоварзиро дар шароити тағйирёбии иқлим суръат мебахшанд, инчунин, ба татбиқи натиҷаҳо дар истеҳсолот барои ҳалли масъалаҳои амнияти озуқаворӣ равон карда шаванд.
Дар Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский бошад, соли 2024 озмоишгоҳи паразитологӣ таъсис дода шуда, бо асбобу таҷҳизоти муосир (дастгоҳи таҳлили иммуноферментӣ (Биобаза-1000), бокси бехатарии биологӣ, микроскопи дорои монитор ва ғ.) муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ҳадафи таъсиси озмоишгоҳи паразитологӣ вусъат бахшидани таҳқиқотҳо дар соҳаи мазкур буда, барои омӯзиши барангезандагони бемориҳои паразитии ҳайвонот, инчунин, паҳнкунандагони бемориҳои паразитии (бандпоёни хунмак - каннаҳо, хомӯшакҳо, пашшаҳои регзор ва ғ.) ҳайвонот ва одам нигаронида шуда, ҳамзамон, барои баланд бардоштани неруи кадрӣ дар самти пешбурди таҳқиқотҳои илмӣ ва омодасозии мутахассисон дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD аз рӯйи ихтисоси паразитология мусоидат хоҳад кард.
Бояд зикр намуд, ки дар озмоишгоҳ таҷҳизоти замонавии таҳлили иммуноферментӣ (ELISA) мавриди истифода қарор дорад, ки он барои муайян намудани як қатор бемориҳои паразитӣ аз қабили трихинеллёз, эхинококкоз, трипоносомоз, токсокароз, токсоплазмоз ва ғ. хеле муҳим мебошад. Айни замон ҷиҳати дастрас намудани ташхисвораҳои зарурӣ (диагностикумҳо ва тест-системаҳо) ҳамкориҳои Институт бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия идома доранд.
Ҳамзамон, озмоишгоҳи мазкур имкон дорад барои донишҷӯёни факултетҳои биологияи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамчун заминаи хуби таҷрибаомӯзӣ ва таҳкими савияи донишҳои амалӣ мавриди истифода қарор дода шавад.
Моҳи апрели соли 2024 дар заминаи озмоишгоҳи электроникаи квантии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ озмошигоҳи наномаводҳои функсионалӣ таъсис ёфт, ки бо маблағгузории Маркази байналмилалии илмию техникӣ ба он зиёда аз 25 таҷҳизоти муосири илмӣ ворид гардида, барои ҳосилкунӣ ва таҳлили маводҳои функсионалӣ имкониятҳои васеъро фароҳам овард. Аз ҷумла, микроскопи электронии JSM-IT200 бо модули спектрометрии EDS, спектрометрҳои UV-VIS ва инфрасурх, спектрофлуориметр, печҳои баландҳарорат (1700°C ва 1200°C) таҷҳизотҳои муҳимтарин маҳсуб мешаванд. Ин таҷҳизотҳо барои ба роҳ мондани таҳқиқоти муосири сохторӣ, элементӣ, оптикӣ ва спектралӣ мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамчунин, моҳи марти соли ҷорӣ озмоишгоҳи спектроскопияи молекулавии пажӯҳишгоҳи номбурда бо 9 адад таҷҳизоти муосир ва навтарин муҷаҳҳаз гардонида шуд. Бояд зикр намуд, ки таҷҳизоти воридгардида имконият медиҳад, ки фаъолияти таҳқиқотии озмоишгоҳ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла:
-омӯзиши сохтор ва таъсири моддаҳои органикию ғайриорганикӣ;
-таҳлили физикӣ ва химиявии макромолекулаҳо (масалан, селлюлозаи пахта);
-таҳқиқи таъсири омилҳои беруна (экологӣ, радиатсионӣ, географӣ) ба хусусиятҳои моддаҳо;
-омӯхтани изомерия, спектрҳои инфрасурх;
-арзёбии маводҳо барои истифодабарӣ дар соҳаи тиб, фармасевтика ва биотехнология роҳандозӣ карда шавад.
Таъмини озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосири илмӣ имконият медиҳад, ки дар соҳаҳои гуногун-аз омӯзиши молекулаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ то таҳлили биологӣ ва фармасевтӣ-биохимиявӣ таҳқиқотҳо гузаронида шуда, бо ҷалби мутахассисони касбияташон баланд ва нерӯи зеҳнӣ, ки дорои таҷрибаи амалӣ дар соҳа мебошанд, метавонад дар солҳои наздик ба як маркази пешсафи соҳаи спектроскопияи молекулавӣ ва таҳлили маводҳои табиию тиббӣ табдил ёфта, дар рушди илми таҳлилӣ, кимиё ва биотехнологияи кишвар нақши калидӣ бозад.
Таҳлилҳо ва рақамҳои болозикр аз он шаҳодат медиҳанд, ки татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини рушди илмҳои соҳаи табиатшиносию дақиқ дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, хусусан, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамвора идома дошта, барои ташаккул ва рушди сармояи зеҳнӣ заминаи муносиб фароҳам оварда мешавад.
Ҳамин тариқ, омӯзиш ва таҳлили низоми фаъолияти илмӣ дар муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ собит месозад, ки дар марҳилаи кунунии истиқлоли давлатӣ заминаи воқеии ташаккул ва рушди сармояи зеҳнӣ чун ҷузъи сармояи инсонӣ дар ҷумҳурӣ мавҷуд буда, барои тарбияи кадрҳои илмии ҷавобгӯӣ замони муосир, инчунин таъмини рушди устувори ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Маврид ба таъкид аст, ки илм ҳамчун шакли олии ҳаёти маънавӣ дар ҷомеаи муосир бо мушкилоту монеаҳои маъмулӣ, ки олимон дар тӯли фаъолияти худ рӯ ба рӯ мешаванд, арзи ҳастӣ намуда, чун омили муҳимтарини ҳалли мушкилоти сайёра ва воситаи боэътимоди ташаккул ва рушди сармояи инсонӣ нақши муассир ва ҳалкунанда дорад.
Тавре ки мушоҳидаҳо собит месозанд, кору фаъолияти ҳар як корманди соҳаи илм дар назар хеле одӣ ва содда менамояд, аммо дар амал он хеле мураккаб ва мушкил мебошад. Муҳаққиқ бо мушоҳидаю ҷустуҷӯҳои хеш ба масъалаҳое даст мезанад, ки таваҷҷуҳи ӯро ҷалб мекунанд ва ӯ ҷавоби деринтизори ин саволҳоро пайдо намуда, дастраси ҷомеаи илмӣ месозад. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки ташаккул ва рушди захираи зеҳнии ҳар як миллат маҳз тавассути заҳматҳои олимону донишмандон амалӣ шуда, барои пешрафти босуботи ҷомеа заминаи устувор мегузорад.
Вобаста ба ин, соҳаи илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳимтарини ташаккули сармояи инсонӣ ва таъмини рушди устувор мақоми хосса дошта, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024) таъкид намуданд, ки рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.
Ҳамин тавр, сармояи инсонӣ, бешубҳа, он муҳаррики пуриқтидорест, ки ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат намуда, барои таҳкими иқтидори ҳарбӣ ва иқтисодии кишварҳо мусоидат мекунад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х.
ДУШАНБЕ, 07.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат арзиши олӣ ва нишони озодию худшиносӣ ба шумор меравад. Барои миллати тоҷик, ки таърихи тӯлонии давлатдорӣ дошта, аммо садсолаҳо аз ҳуқуқи воқеии худ маҳрум буд, ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ дар таърихи муосир рӯйдоди сарнавиштсоз гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Истиқлолияти давлатиро 9 сентябри соли 1991 эълон намуд. Аммо мушкилоти солҳои аввал – ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони иқтисодиву сиёсӣ ва таҳдиди аз байн рафтани давлатдории тоҷикон хатари воқеӣ пеш оварданд.
— Дар чунин шароити ҳассос роҳбарии мамлакат бар дӯши шахсияти барҷастаи дорои сиёсати дурбинона- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Нақши Пешвои миллат дар ҳифзи истиқлол ва барқарорсозии сулҳ басе арзишманд мебошад.
Сулҳу субот, ваҳдат ва оромӣ, ки имрӯз яке аз дастовардҳои бузург ба шумор меравад, бо иродаи сиёсӣ ва нақши таърихии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардиданд.
Ҳамчун дастоварди сиёсӣ ва таҳкими низоми давлатдорӣ давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ташаккул ёфт. Қонуни асосии ҷумҳурӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ҳамчун пояи ҳуқуқӣ истиқлолиятро мустаҳкам намуд. Баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати асосии давлатдорӣ муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон барқарор карда шуда, давлати мо аъзои ташкилоти муҳим – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва дигарҳо гардид. Пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили об ва иқлим, амният ва ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон борҳо аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд.
Сиёсати иқтисодии пешгирифтаи Пешвои миллат имкон дод, ки ҷумҳурӣ аз буҳрони солҳои 1990 барояд ва дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ рушди иқтисодиро таъмин намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси сиёсати давлатӣ ва барномаҳои рушди миллии мамлакатро ташкил медиҳанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба сатҳи баланди рушд ва таъмин намудани зиндагии шоистаи шаҳрвандон ҳадафҳои стратегии миллиро бояд амалӣ намояд.
Бинобар ин, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии эълоннамудаи Пешвои миллат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар 34 соли истиқлолият корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Мисоли равшани он оғози сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», лоиҳаи байналмилалии «CASA-1000», ки метавонад мамлакатро ба бозори байналмилалии энергетикӣ ворид намояд, мебошад.
Инчунин баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии эълоннамудаи Пешвои миллат мебошанд. Бунёди роҳҳои стратегӣ, нақбҳои «Шаҳристон», «Анзоб» ва «Шар-Шар», пулҳои бузург, таъмир ва барқарорсозии роҳҳои байналмилалӣ ва хатҳои барқии баландшиддат мамлакатро ба таври воқеӣ муттаҳид ва ба иқтисоди ҷаҳонӣ пайваст намуданд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.
Барои таъмини ҳаёти сазовор ва тарбияи насли наврас дар даврони истиқлолият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «маркази сиёсати давлат – инсон ва зиндагии шоистаи ӯ мебошад». Давоми 34 соли Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи доимӣ ба соҳаи иҷтимоиёт ба яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа табдил ёфт, ки ин марҳиларо ба чор давра тақсим кардан мумкин аст:
— Солҳои барқарорсозӣ ва субот (1991-1999);
— Солҳои рушди устувор (2000-2010);
— Солҳои муосирсозӣ ва афзоиши дастгирӣ (2011-2020);
— Солҳои стратегияҳои дарозмуддат ва ислоҳоти амиқ (2021-2025).
Ҳамин тавр, сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бар меҳвари инсон ва зиндагии шоиста қарор дошта, дастовардҳои ноилшуда заминаи устувори рушди минбаъдаи ҷумҳуриро фароҳам овардаанд. Бояд таъкид намуд, ки дар ин даврони истиқлолият ҳазорон муассисаи таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Истиқлолияти давлатӣ на танҳо рамзи озодию худмуайянкунии миллати тоҷик аст, балки омили асосии пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад. Сарвари давлат тавонистанд давлати тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба роҳи сулҳ, ваҳдат, рушди устувор ва истиқлолияти воқеӣ раҳнамун созанд. Дар натиҷа Тоҷикистон ба давлати устувор, муттаҳид ва рушдёбанда табдил ёфт.
Фарҳод ҚОДИРЗОДА, мушовири президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар як миллат барои расидан ба ормонҳои миллии худ, пеш аз ҳама, бояд соҳибистиқлол бошад. Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ, балки заминаи асосии бунёди давлатдории мустақил, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пойдории фарҳангу забон маҳсуб меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз садсолаҳои истибдод ва зери зулми дигарон қарор доштан, 9-уми сентябри соли 1991 расман Истиқлолияти давлатӣ худро эълон кард. Ин сана барои халқи мо муқаддас аст, зеро оғозгари саҳифаи наве дар сарнавишти миллати тоҷик гардид.
Бо дастёбии ба истиқлолият мардуми Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ва муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи худ гардид. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо карда, узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ мебошад.
Мо набояд фаромӯш кунем, ки роҳи расидан ба истиқлолият ва мустаҳкам кардани пояҳои он осон набуд. Дар солҳои аввали истиқлолият, Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гашт, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар таъсири манфӣ расонид. Вале бо иродаи устувори мардум ва роҳбарияти сиёсии кишвар, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барқарор гардид, ки ин худ пирӯзии дуюми истиқлолият аст.
Имрӯз, истиқлолият барои наслҳои ҷавон танҳо як калима нест – он рисолат аст. Рисолате, ки моро водор мекунад ба қадри сулҳ бирасем, ватанро дӯст дорем, илму ҳунар омӯзем ва ба рушду ободии кишвар ҳиссаи худро гузорем. Зеро истиқлолият на танҳо ба даст овардан аст, балки ҳифз кардан ва ба наслҳои оянда бо ифтихор супоридан низ ҳаст.
Дар фазои сулҳу суботи имрӯз, Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас дар бахшҳои мухталиф ноил мегардад: аз сохтмони инфрасохтори муосир то рушди соҳаи маорифу тандурустӣ ва таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ.
Ба ин васила, Истиқлолият барои миллати тоҷик як рамзи ягонагӣ, сарбаландӣ ва эҳёи давлатдории таърихист. Мо бояд дарк намоем, ки танҳо дар фазои истиқлол метавонем фарҳанг, забон, таърих ва арзишҳои миллиамонро рушд бахшем.
Истиқлолият неъмати бузургест, ки насиби на ҳар миллат мегардад. Барои мо, истиқлолият рамзи ҳаёти нав, имкониятҳои нав ва ояндаи дурахшон аст. Пас биёед бо тамоми ҳастӣ онро пос дорем ва дар роҳи ободии Тоҷикистони маҳбуб саҳмгузор бошем!
Содиқова Зарангез - ходими илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ
Муҳимтарин мавзуи баҳс дар тамоми таърихи ҳастии олам мавзуи истиқлол аст: ин падида аз замони шакл гирифтани ҷомеаву давлатҳо, аз даврони пайдоиши фарҳангу тамаддунҳо ва умуман зуҳур кардани андешаи чӣ навъ зистани бани башар дар алоҳидагӣ ва таъсиси муносибот дар ҷаҳони ба ҳам алоқаманд дар зеҳни кулли илмҳо ва таълимоту назариёти марбут ба инсонҳо пайдо шудааст ва ҳар вақте аз пешрафту таназзули ин ё он кишвар ва ё миллат сухан рафт, наметавон онро ба ҳайси нахустсабаб ба эътибор нагирифт.
Вақте аз решаи ин масъала сухан ба миён меоварем, сухани Гегел ба хотир мерасад, ки сарнавишти таърихии ҳама миллату кишварҳо ва умуман инсониятро таърихи ба озодӣ расидани онҳо медонад.
Масъалаи озодӣ ва ё истиқлоли воқеии кишварҳо ва миллатҳо масъалаест, ки кулли масоили дигарро таҳти танзим ва тасаллути худ медарорад, мисли он ки бидуни офтоб наметавон дигар аз ҳастии бонизом ва ҷунбишу ҳаракату пешрафт дар умум ҳарф зад. Бо назардошти эҳтиёҷоти воқеии хеш амал кардан, таъсироти берунаро то ҳадди мумкин ба манофеи хештан созгор намудан, нигаҳ доштани чеҳра ва вуҷуди маънавии миллӣ ва сипари таҳоҷуми арзишҳои бегона кардани тавоноии фарҳангӣ ва суннатҳои ҷомеадории миллӣ муҳтавои имрӯзии истиқлол аст, ки дар ҳама мамолики ҷаҳон дар сархатти барномаҳои рушди онҳо қарор дорад.
Истиқлол, қабл аз ҳама, озодии афкор ва рафтори инсонҳоест, ки дар як қаламрави муайян бо нишонаҳои ягонагии этникӣ ва фарҳангӣ зиндагӣ мекунанд ва барои худ раҳи ояндаро мушаххас месозанд. Ин навъи фаҳмиши истиқлол шохисаи асоситарини бунёди як кишвари мустақил аст: истиқлоли ҳамагонӣ аз истиқлоли афроди ҳамон кишвар вобастагӣ дорад ва он чӣ, ки маҷрои шохобҳои ин андешаҳои инфиродиро ба як самт, мисли дарёи бузург раҳнамоӣ мекунад, дар маҷмуъ андешаи миллист.
Тоҷикистон ҳамчун давлати озоду мустақил аллакай 34 сол аст, ки аз шаҳди истиқлол неру мегирад ва бо гузашти солҳо ин неруи мавҷудро чун муҳаррики пешрафт барои ҳалли ҳама масоили кишвардорӣ тақвият медиҳад. Ин неру ҳамон нахустпояест, ки болои он сохтмонҳо дар ҳама соҳоти зиндагӣ, чӣ зиндагии мардуми қаламрав ва чӣ давлат дар маҷмуъ ҷараён мегирад.
Маълум, ки бидуни нигоҳубини ҳамешагии ҳамон нахустпоя бинои зиндагӣ дуруст сохта намешавад ва сабаби ба таври ҳамеша аз истиқлол ёд кардани ҳам давлатмардон ва ҳам шаҳрвандони одӣ эҳтиёт кардани ҳамон зербино ва ё пояи нахустин аст.
Пояи истиқлол ҳамон вақт устувор мемонад, ки ин мафҳум ҳамчун муқаддасттарин арзиш дар зеҳни миллат ҷо гирифта бошад, вагарна ҳама гуна иқдомоти дигар барҳадар хоҳанд буд: авлавияти ин арзиш нисбат ба ҳама арзишҳои дигар мардум ва ҷомеаро аз шоҳроҳи рушд берун намекунад ва барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ таҳрик мебахшад.
Ҳанӯз дар замонаш Арастуи ҳаким мегуфт, ки одам махлуқи иҷтимоист ва ташаккулу таҳаввули шахсияти ӯ танҳо дар қаламрави як кишвар ва ё як давлати мушаххас имконпазир буда метавонад. Ин андеша тӯли ҳазорсолаҳост, ки ҳаққи вуҷуд дорад ва касе ба ботил будани он ишора накардааст. Инсоният дар ҳудуди ҷамъи мардумони дигар зиста, дар аввал ба ин ё он арзиш касби эътиқод мекунад ва дар ҳамбастагӣ бо одамони дигар арзишҳоеро шакл медиҳад, ки манфиати умумро фаро мегиранд.
Аммо аз назариёти фалсафа ва ҷомеашиносӣ пайдост, ки дар низоми арзишҳо арзишҳои ахлоқию маънавӣ дар мавқеи аввал қарор доранд ва мақулаҳои бунёдии он некӣ ва бадист. Эҳсоси масъулияти инсон дар назди хештан ва ва ҷомеа пояи асосии ин арзиш аст.
Навъи дувуми арзишҳо аз эътиқодоти инсон ба дин вобастагӣ дорад, ки сутунҳои он озодӣ, меҳру шафқат ва ҷустуҷӯйи ҳақиқат мебошад. Принсипҳои асосии ин навъи арзиш боадолат будан, нисбат ба ҳақиқат устуворӣ нишон додан, зуҳури шафқату раҳм нисбат ба одамон, олиҳимматӣ ба атрофиён, таҳаммулпазирӣ ва хоксорӣ, нисбат ба тобеони худ масъулиятшинос будан ва далериву ҷасоратмандист.
Дар зинаи савуми арзишҳо арзишҳои зебоишиносӣ қарор мегиранд, ки асоси онро мафҳумҳои зебоӣ ва улвият ташкил медиҳанд. Барои ташаккули шахсият ва дар ниҳоди инсон тақвият додани арзишҳои зебоишинохтӣ адабиёту фарҳанг нақши бунёдӣ доранд.
Аммо арзиши истиқлол, қабл аз ҳама, ба маънои дар ҳудуди як давлати воҳид зистани мардум ва нигаҳ доштани озодиву мустақилият тамоми арзишҳои дар боло зикршударо ба худ тобеъ мекунад. Тарзи зиндагӣ, рафтору одат, ахлоқ, эътиқодоту аъмоли инсонҳо танҳо дар вазъияте маънову муҳтаво касб мекунанд, ки агар қаламрави муайяни зиндагӣ дар ҳоли амн ва ихтиёри зисти мардум дар ҳудуди давлати соҳибистиқлол бошад.
Аз ин ҷост, ки истиқлол бузургтарин арзиш аст ва тамоми арзишҳои дигар аз чигунагии дарки ин арзиши бузург вобастагӣ дорад.
Дар миқёси ҷаҳон, ҳар замоне, ки аз истиқлоли Тоҷикистон сухан равад, андешаи бархе олимони соҳаҳои ҷомеа ва давлатдорӣ ба хотир мерасад, ки истиқлол ҳамчун падидаи марбут ба соҳибихтиёрии давлат дар шакли комил ё пурра вуҷуд дошта наметавонад: он метавонад қисман ва ё нопурра бошад. Сабаби аслии зуҳури ин андешаҳо робитаҳои глобалии сабабию натиҷавии ҷаҳони имрӯзаи мост.
Давлате нест, ки пурра эҳтиёҷоти иқтисодиву молии худро қонеъ кунад ва аз кишварҳои дигар аз ин ё он ҷиҳат вобаста набошад. Як аломати ҷаҳонгароӣ ҳамин аст, ки иқтисоди кишварҳоро ба ҳам вобаста месозад, фарҳангҳоро омехтаи арзишҳои ҳамдигарӣ мекунад, суннатҳои хоси миллиро хатари аз байн бурдан дорад.
Аммо таърих гувоҳ аст, ки дар сурати устувор будани тафаккури ягонаи миллӣ ва пойдории суннату анъанаҳои фарҳангӣ ин хатарҳо ба истиқлоли давлатҳо чандон осеб расонида наметавонанд. Ба бахти миллати тоҷик Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест, ки аксарияти кулли мардумаш аз як миллат иборатанд ва мавҷудияти фарҳанги беш аз шашҳазорсолааш чун сипар онро аз ҳама хатарҳои осебпазирӣ нигаҳ медорад.
Ҷомеаи суннатгаро ва адабиёти инсонпарваронааш ду такягоҳи муҳимтарини дигар дар дифои истиқлол маҳсуб мешаванд. Ин омилҳое ҳастанд, ки бисёре аз кишварҳои олам надоранд, сабаб ҳамин аст, ки дар аксар давлатҳо ҳаракатҳои ҷудоихоҳӣ авҷ мегиранд ва осудагиву оромиши халқҳо аз байн меравад.
Ҳоло, тибқи омори расмии Созмони Милали Муттаҳид, аз 193 кишвари аъзои ин созмон дар 132 давлат аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, ҷамъиятҳои динӣ ва ҷунбишҳои этникӣ барномаҳои ҷудошавӣ аз қаламрави давлатҳои воҳид тарҳрезӣ шудааст. Давлатҳои навтаъсис барбари соҳиб шудан ба истиқлол, бино ба набудани таҷрибаи давлатдорӣ, зуд ба созмонҳои молиявӣ ва ҳарбию сиёсии ҷаҳонӣ вобаста мегарданд ва ихтиёри мустақилона муайян кардани сиёсати хориҷии хешро аз даст медиҳанд.
Аз ин ҷиҳат ҳам, Тоҷикистон дар ҳолати бехатар қарор дорад, зеро баробари расидан ба истиқлол сиёсати ваҳдати миллӣ саросари қишрҳои ҷомеаро фаро гирифт ва тӯли 34 сол аст, ки ин сиёсат дарунмояи андешаи миллиро таркиб медиҳад. Як сабаби ҳамасола дар сатҳи давлатӣ таҷлил кардани ҷашни ваҳдати миллӣ низ ҳамин аст: бе устувор доштани ваҳдати миллӣ истиқлоли миллиро ҳифз кардан ва онро тақвият бахшидан имкон надорад.
Омили дигари мустаҳкам будани бинои истиқлоли миллӣ, бо вуҷуди чандин маротиба кӯшиши рахна кардани он аз ҷониби неруҳои дохилӣ, аз ҷумла кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар соли 2015 аз ҷониби ҳизбу ҷунбишҳои экстремистию террористӣ, дахолати ниҳонии бархе кишварҳо ба корҳои дохилии кишвари тоҷикон, дар сари қудрати давлат қарор доштани лидери миллист. Фаъолияти густардаи давлатсози раҳнамо ё пешвои миллӣ дар сарнавишти истиқлоли тоҷикон омили ҳалкунанда ва муҳимтарин аст.
Дар ин маврид андешаҳои гуногун иброз мешаванд, аз тасдиқи ин андеша дар мавриди он ки шахсиятҳои фавқулода метавонанд таърих бисозанд ва то инкори он. Ба ин маъно, ки нақши инсон дар таърих фавқулода муҳим буда наметавонад. Аммо бузургтарин намояндаи фалсафа Гегел ҷонибдори андешаи аввал аст.
Гегел онҳоеро қаҳрамонони миллатҳо меномад, ки дар вазъиятҳои мушкил сари қудрат меоянд ва қарорҳое қабул мекунанд, ки аҳаммияти таърихӣ доранд. Онҳо вазъу ҳолати ҷомеа ва давлатро дар марҳалаҳои душвор зуд мефаҳманд ва эҳтиёҷоти давлатро сари вақт қонеъ мекунанд.
Ҳамин тавр, ба андешаи Гегел, зуҳури одамони бузург дар саҳнаи таърих зарурат дорад, зеро прогресси минбаъдаи ҷомеа бино ба сабаби ихтилофоти ҷамъшуда ғайриимкон мегардад. Шахсияти бузург бо неруи фавқулодаи хеш ин ихтилофотро сари вақт ҳал карда, ҷомеаро ба маҷрои дурусти инкишоф раҳнамоӣ мекунад.
Агар ҳамин назарияи Гегелро жарфтар ба андеша бигирем, чеҳра, шахсият, кору пайкор ва фаъолиятҳои ҷоннисоронаи Сарвари давлати тоҷикон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Ин давлатмарди хирадманд дар вазъияте сари қудрат омад, ки киштии сарнавишти миллати тоҷик шикаста буд ва усули роҳбариву раҳнамоияш тавре сурат гирифт, ки як сарвари ҳунарманд он киштии шикастаро раҳораҳ таъмир ва ба соҳили наҷот мебарорад.
Дигар омили муҳимми устувории истиқлоли Тоҷикистон ҳамин аст, ки мардуми кишвар дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвою раҳнамои хешро дидааст ва ҳамарӯза мебинад. Сарчашмаи ин эътироф меҳри бузурги мардум ба сарвараш ҳаст, меҳре, ки дар дилҳои мардум, чӣ хурду чӣ бузург, чӣ пиру чӣ барно ҷӯш мезанад.
Дар навбати худ, Сарвари давлат низ ба мардуми хеш муҳаббати беандоза дорад, худро дар анбуҳи мардум мебинад ва такя ба муҳаббати омма дорад...
Табиист, ки қимат ва арзиши ҳар падидаву рӯйдоди иҷтимоӣ бо гузашти айём дар зеҳну тафаккури миллат амиқтар маърифат мешавад.
Аз ин нуқтаи назар, имрӯз истиқлол барои хурду бузурги ин сарзамин маънои зиндагии осудаву шоиста, сулҳу ваҳдати комил, фазои озоди кору пайкор ва бунёдкориву созандагиро гирифтааст.
Муҳаммадюсуф Имомзода, академики АМИТ, доктори илмҳои филологӣ,
профессор.
То он даме, ки худшиносии таърихии миллат, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар як фард, аз коргару деҳқони оддӣ сар карда, то раиси ҷумҳур пайдо нагардад, то он даме, ки манфиати миллӣ ба ҳар як шаҳрванд арзиши олӣ нагардад, то он даме, ки обрӯю эътибори ҳар як шаҳрванд аз хизмат ба Ватан, миллат муайян нагардад, давлати соҳибихтиёрро бо тамоми ҷузъиёташ ташкил кардан аз имкон берун мемонад.
Эмомалӣ Раҳмон
Масъалаҳо вобаста ба ташаккули худшиносӣ ва њувияти миллӣ дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ бештар аҳамияти муҳимро касб намуда, дар таъмини суботи ҷомеа ва нигоҳдории истиқлоли давлатӣ нақши калидӣ дорад.
Вазъи ноороми ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани равияҳои гуногуни иртиҷоиву тундгароӣ, ки ба анъана, расму ойин, тарзи зист, афкори мардумӣ ва таъриху фарҳанги мо бегона мебошанд, ҳар як нафари моро водор месозанд, ки аз ҳарвақта дида бештар ба сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ҳамзистӣ, ахлоқи ҳамида ва ба худшиносии таърихию фарҳангӣ рӯ биёрем.
Дар замони муосир падидаи ҷаҳонишавӣ бо рушди технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ба як навъ чолиш барои фард ва дар маҷмӯъ башарият гардидааст. Дар чунин шароит барои нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ моро зарур аст, ки худшиносии миллиро дар доираи арзишҳои ниёкон, ки таърихан ташаккул ёфтаанд, тақвият дода, насли имрӯз ва ояндаро дар руҳияи он тарбият намоем. Зеро давлатсозиву давлатдорӣ танҳо бо расман эътироф шудани он ба итмом намерасад. Ҳастии давлат ва рушду такомули минбаъдаи он, пеш аз ҳама ба худшиносӣ ва доштани тафаккури миллии ҳар як сокини он низ вобаста аст. Таърих борҳо собит намудааст, ки қавму миллатҳои гуногун зери таъсири фарҳанг ва ғояҳои бегона тадриҷан аз асолат ва ҳувияти миллиашон дур шудаанд. Аз ҷумла, баъди истилои араб мисриён, сурёниҳо ва бобулиҳо ҳамчун миллат аз саҳифаи таърих бенишон гардиданд.
Ҳамчун миллат ташаккул ёфтани тоҷикон раванди дуру дарози таърихӣ дошта, урфу одат, анъана, хотираи таърихӣ, доштани шуур ва тафаккури миллӣ - мо тоҷиконро аз омехташавӣ бо дигар қавму миллатҳо нигоҳ дошт. Сатҳи баланди худшиносӣ ва ҳифз намудани арзишҳои миллӣ боис гардиданд, ки тоҷикон аз туфонҳои харобиовари таърих солим берун баромада, ҳувияти миллии худро ҳифз намоянд.
Нигоҳ доштани истиқлол ва пойдории давлат аз доштани тафаккури миллӣ ва худшиносии миллии ҳар фарди тоҷикистонӣ вобаста аст. Дарки муҳиммият ва пос доштани арзишҳои миллӣ дар шароити муборизаҳои этносиёсӣ дар минтақа хеле муҳим аст. Маҳз арзишҳои миллӣ, ки дар заминаи онҳо худшиносии миллӣ ташаккул меёбад, минбаъд тавонист ба сифати омили бақо ва рушду пешрафти ҳамешагии миллати тоҷик гардад.
Дар ин росто нақш ва хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи суннатҳои таърихию фарҳангӣ ва дар рӯҳияи арзишҳои ниёкон ташаккул ва такомул додани ҳисси худшиносии миллии шаҳрвандон хеле баланд мебошад. Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат идҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, ва Сада эҳё гардида, як қатор арзишҳои миллиамон ба мисли Иди Наврӯз (соли 2010), хӯроки миллии «Оши палав» (2016), куртаи «Чакан» (соли 2018), мусиқии классикии тоҷикон «Шашмақом» (соли 2008) ва «Фалак» (соли 2021), ёдгориҳои таърихии «Саразм» (соли 2010) ва «Тахти сангин» (соли 2021)-ро дар феҳристҳои ЮНЕСКО - Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият сабт намуд.
Барои далел аз таъриху фарҳанги куҳанбунёди миллати тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ дар давоми 31 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Созмони байналмилалии ЮНЕСКО дар сатҳи байналмилалӣ санаҳои муҳимми таърихӣ, аз қабили 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии «Авасто», 2500-солагии Истаравшан, 2700- солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 6500-солагии Саразми бостон ҷашн гирифта шуданд.
Худшиносии миллӣ бидуни шинохт ва ифтихорот аз гузаштагони худ ногузир аст. Сарвари давлат барҳақ қайд мекунанд, ки «Яке аз сарчашмаҳои асосии худшиносии миллӣ маҳз дӯст доштан ва рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихору қаҳрамононаи халқи худ, ҳифз ва инкишофи мероси маънавии ниёгон ба шумор меравад». Пос ва гиромӣ доштани шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ ҷузъе аз худшиносии миллӣ мебошад, ки осори арзишманди онҳо дар тамаддуни башар миллати моро муаррифӣ менамояд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо қарорҳои ЮНЕСКО бузургдошти соли як қатор намояндагони барҷастаи илму фарҳанги миллӣ, ба мисли 1000-солагии Носири Хусрав, 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 645- солагии Камоли Хуҷандӣ, 960- солагии Умари Хайём, 545-солагии Камолиддини Беҳзод ва 1310-солагии Абу ҳанифа Нуъмон ибни Собит ҷашн гирифта шуд.
Дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва авҷ гирифтани тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ қавму миллат ва давлате ба ҳамешагӣ пойдор ва устувор боқӣ мемонад, ки агар хотираи таърихиро нигоҳ дорад, омӯзад ва онро бидуни таҳриф ба насли имрӯзу ояндаи худ интиқол дода тавонад. Хотираи таърихӣ унсури муҳиммест, ки ҳувият ва худшиносии миллиро устувор нигоҳ медорад. Он дар худ маълумот оид ба бурду бохт, сӯхтану сохтанҳо, зулму ситам, ҷангҳову бедодгариҳои таърихӣ, адолату хайрхоҳӣ, рӯйдодҳои тақдирсоз, ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷикро нигоҳ медорад.
Бояд ёдовар шуд, ки хизмати фарзонафарзанди миллати тоҷик, аллома Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ҳифз ва ба наслҳои оянда аз осорхонаи беинтиҳои таърих тавассути шоҳасари худ «Тоҷикон» ба мерос гузоштани хотироти миллати тоҷик хеле бузург аст. Бо дастури Пешвои муаззами миллат шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» бо теъдоди калон нашр гардида, бо мақсади омӯзиши амиқ ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори халқи тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва таҳкими ҳофизаи таърихӣ ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа карда шуд. Дар тақвияти ҳадафҳои болозикр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри худ аз 7 июли соли 2022, таҳти №АП-227 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»-ро ки дар соли 2023 доир мегардад, эълон намуд.
Забони тоҷикӣ низ яке аз рамзҳои асосии давлати миллии мо мебошад. Он фарогири мафҳумҳое мебошад, ки дар тафаккури миллати тоҷик аз гузаштаи дур то ба имрӯз ҷой гирифта, дар тақвияти ҳувияти миллӣ нақши ниҳоят барҷаста дорад. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини дунё ба шумор рафта, ба оилаи забонҳои эронӣ мансуб аст. Ба ин шакл омада расидан ва аз чанголи фанои рӯзгор солим берун омадани он аз худшиносу худогоҳ будани гузаштагони мо дарак медиҳад.
Манбаъҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки барои мустаҳкам нигоҳ доштани истиқлолияти давлати миллӣ хонадони ориёӣ кӯшиш менамуданд, ки забонро ҳамчун омили рамзи ваҳдату ягонагӣ истифода намуда, барои рушду такомули он тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд, ки «... қавмҳои ориёӣ ҳарчанд ба сарзамин ва кишварҳои мухталиф паҳн шуда бошанд ҳам, асолати этникӣ ва фарҳангии худро нигоҳ дошта, дар осори бозмондаашон барои таъкид кардани ин умумияти забонӣ, фарҳангӣ ва қавмӣ худро ва забони худро ориёӣ хонданд ва забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он «Авасто»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки «Худойномак»-у «Таърихи мулки Аҷам»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони ислом «Шоҳнома»-ву «Маснавии маънавӣ»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи Шӯравӣ ба ҳар навъе аз бӯҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд...». Бешубҳа, «Забони миллат – ҳастии миллат аст»! Забони тоҷикӣ рамзи истиқлолият ва кафили асосии давлати миллии мо мебошад.
Истиқлол ва худшиносии миллӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки ба ҳамдигар пайвасти ногусастанӣ дошта, яке дигареро мукаммал мегардонад. Истиқлол падидаи барҷастаи таърихию фарҳангӣ, рамзи асолату ҳувият, нишонаи ҳастию бақои миллати тоҷик мебошад. Худшиносии миллӣ ҷавҳарест, ки истиқлол, амният, устуворӣ, пойдорӣ ва рушду гулгулшукуфоии давлатро таъмин мекунад. Худшиносӣ моро ба сӯи асолати милливу ҳувияти ватандорӣ раҳнамун сохта, роҳи моро барои эъмори давлати озоду ҳуқуқбунёд осон мекунад.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати таҳкими худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, эҳёи анъанаву ойинҳои пешин, арҷ гузоштан ба осори инсонпарваронаи адибону олимони гузаштаи халқи тоҷик тавассути сиёсати илму адабпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза пайдо кард.
Хитоб ба ҷавонон дар паёми шодбошӣ ба муносибати 33 солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон сарвари давлат зикр намуданд, ки «Мо бояд дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, нангу номус ва муҳаббату садоқат ба Ватанро тарбия кунем. Маҳз бо ҳамин мақсади наҷиб мо тасмим гирифтем, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсиро чун китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» нашр намуда, ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа намоем. Зеро «Шоҳнома» маҳзари дурахшони истиқлолу озодӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси ориёии мо мебошад».
Китоби “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо дастур Пешвои миллат дар Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расида шуда, барои ҳар хонадони тоҷик ройгон тақсим карда мешавад.
Бо мақсади таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри худ аз 29 августи соли 2025, таҳти №АП-862 барои дар соли 2026 баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» содир намуданд, ки дар он низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» тасдиқ карда шудаанд.
Истиқлоли давлатии тоҷикон дар шароите таҷлил мегардад, ки миллати тоҷик дар даҳсолаи аввали он рӯзгори вазнину сангинро аз сар гузаронда, айни ҳол роҳу усулҳои мукаммалтар ва боэътимодро ҷиҳати расидан ба зиндагии орому осуда, тантанаи сулҳу ваҳдат, амнияти пойдор, рушди сармояи зеҳнӣ, имкониятҳои беҳтари сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ, фарҳанги волою фазилатҳои наҷиби ахлоқиро ҷустуҷӯ менамояд.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар марҳилаи хеле ҳассос ва таърихӣ - ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ин рӯзи таърихиро ба тоҷикону тоҷикистониёни ҷаҳон муборакбод мегӯям!
Қодиров Зоҳир Қодирович - ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
(бахшида ба 34 - солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон
Мусаллам аст, ки истиқлолият то имрӯз барои шумораи зиёде аз миллатҳои дунё ҳамчун ормон то ҳанӯз боқист. Истиқлолият барои пойбарҷоии як давлат ва як миллат василаи муҳимтарин аст. Ин раванд барои миллати тоҷик зиёда аз ҳазор сол ҳамчун ормон боқӣ монда буд.
Хушбахтона, дар даҳаи охирини асри ХХ ин ормони миллӣ барои миллати мо ба воқеият табдил ёфт. 9-уми сентябри соли 1991 бо эълони Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати тозабунёди тоҷик аз истиқлолияти худ ба оламиён дарак дод. Дар илми сиёсӣ, Эъломияи истиқлолият барои эътирофи давлат дар арсаи байналмилалӣ меъёри ҳуқуқии ҳатмӣ ба шумор меравад. Чунки истиқлолиятро эълом медоранду дар асоси он давлат эътироф мегардад. Ин истиқлолият ба шарофати фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо талошҳои ҳамешагии миллати мо ба даст омад. Ҳанӯз ҳангоми интихоб ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нутқи нахустини худ 18.11.1992 аз минбари Иҷлосияи Шӯрои Олӣ аз ҷумла чунин гуфта буд: “Ман ба Шумо сулҳ меорам”. Тазаккур бояд дод, ки ба даст овардани истиқлолият ҳанӯз ибтидои кор аст. Ин истиқлолиятро таҳким додан, аз таҳдиду хатарҳо муҳофизат намудан кори осон нест. Мавриди зикри хос аст, ки бо заковати тавоно ва гирои худ Президенти муҳтарами мамлакат эҳсос намуданд, ки асосҳои сиёсати пешгирифта бояд тақкурсии ҳуқуқӣ дошта бошад. Баъди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар оғоз бахшида шуд. Мувофиқи моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёнаро амалӣ менамояд. Дар ҳамин модда ҷойи дигар омадааст, ки “ташвиқи ҷанг манъ аст”.
Дар воқеъ истиқлолият муҳимтарин рӯйдоди таърихӣ дар сарнавишти давлатдории миллати тоҷик ба шумор рафта, волотарин, арзишмандтарин, муқаддастарин рӯйдоди таърихӣ маҳсуб меёбад.
9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии дунё давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзӣ ҳастӣ кард ва аз оғози марҳилаи наву тозае дар ҳаёти халқи мо башорат дод.
Санаи 9 сентябри соли 1991 барои мо натанҳо ҳамчун рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи барқарории адолати таърихӣ азизу арҷманд аст.
Ин аст, ки ба хотири дарки арзиши таърихии истиқлолият ва дарёфти роҳҳои таҳкими он мо паҳлуҳои гуногуни ин неъмати азизи худододро гаштаву баргашта мавриди арзёбӣ қарор медиҳем. Зеро Истиқлолияти Тоҷикистон на фақат дар асри охир, балки дар садсолаҳои дарози сарнавишти куҳан ва тақдири иҷтимоии халқамон пирӯзии бузург маҳсуб меёбад.
Дар воқеъ Истиқлолияти миллӣ нодиртарин туҳфаи тақдир аст. Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ мардуми сарбаланду тамаддунпарвари тоҷику тоҷикистониён тақдири Ватану давлати аљдодии худро ба даст гирифта, бо симои хос ва азму иродаи созандагӣ сӯйи ояндаи обод ва ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ равона аст. Боиси сарфарозист, ки маҳз Истиқлолият имкон дод, то худшиносии миллиро ғоя ва сармашқи кору афкори хеш қарор дода, ба нафъи давлату миллат ва бақои он хизмати содиқона намоем. Мавриди ёдоварист, ки ташаккул ва инкишофи худшиносии миллї дар шароити истиќлолият халќи тољикро ба тадбиќи барномањои гуногуни миллї оварда расонд.
Бояд тазаккур дод, ки бузургии халқи мо дар он аст, ки дар ҳеҷ вақту замон ба муқобили халқу миллати дигар сухане нагуфтааст, бо онҳо тифоҳу бародарона кору зиндагӣ кардааст, ҳеҷ қавмро таҳқир накардааст. Пӯшида нест, ки ин хусусият хоси миллати сарбаланди тоҷик аст. Миллати тамаддунпарвари мо аз ин хати миллӣ ҳеҷ гоҳ берун намеравад. Мо миллати худро дӯст медорем, вале эҳтироми миллати дигарро нигоҳ медорем. Ҳамзамон, мусаллам аст, ки мо ба касе, ба қавме таҳқири худро раво намебинем.
Таърих гувоҳ аст, ки солҳои аввали истиқлолият барои мардуми бо нангу ори тоҷику тоҷикистониён давраи озмоиши сахту сангини таърих буд, ки ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирҳо зудуда нахоҳад гашт. Бинобар ин барои он, ки истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тараққӣ карда ҷой гирад, бояд мо гузаштаи худро хуб дарк карда, бо неруи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем. Дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд доштанд: асолат ва ҳувияти устувор ва амалан шикастнопазирии таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузург ва созандаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва маънавиёти дурахшон, ки ҳамаи онҳо дар асл шаҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо буданд.
Инак, Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 сола шуд. Дар таърихи 34-соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳое ноил гашт, ки давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ дар зарфи 34 - соли давлатдориашон ноил нагашта буданд. Дар натиҷаи сиёсати дуруст ва илман асосноки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқ, фарҳанг, илм, маориф ва ғ. ватани азизи мо пешрафти ҷиддӣ намуд. Имрӯз дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистилол зиёда аз 192 давлати дунё эътироф намудаанд. Яъне кишвари мо ба субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Акнун Тоҷикистон ба маркази чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир табдил ёфтааст. Имрӯз дар дунёи мутамаддин “Раванди оби Душанбе” ва “Раванди Душанбе дар мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ” дар тамоми сиёсатгузориҳо бо ҳамин ном ёд мешаванд. Бо ин восита Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ нақши самараноки давлатдории худро мегузарад. Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускори соҳаи обу иқлим ва экология эътибор дорад. Дар СММ дар асоси ташаббусҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 15 қатъномаҳо қабул карда шудаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз тафаккури давлатмеҳвар ва миллатмеҳвар доранд ва барои онҳо волотарин арзиш Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Бинобар ин мо шаҳрвандони ин ватани соҳибистиқлол бояд ҳамеша ба ҳифзи давлат ва истиқлоли он аз таҳдиду хатарҳои гуногуни замони муосир омода бошем.
ДАВЛИЁРОВА Сафаргул, номзади илмҳои фалсафа, ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва
Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Истиқлолият барои ҳар як миллат ва давлат бузургтарин неъмат ва ормони таърихӣ маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро ба даст овард ва ин сана дар сарнавишти халқи тоҷик ҳамчун оғози давраи нави давлатдории миллӣ — давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ нақши таърихӣ бозид.
Дар таърихи навини миллати тоҷик ин рӯз бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, зеро истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрист, балки оғози роҳи худшиносӣ, давлатсозӣ ва рушди устувори миллӣ мебошад.
Миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо барои озодӣ ва соҳибдавлатӣ мубориза бурдааст. Дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри ХХ, таҳаввулоти сиёсиву иқтисодие, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуқуъ пайвастанд, имконияти таърихиро барои кишварҳои тобеъ фароҳам оварданд.
Натиҷаи ин равандҳо он буд, ки рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Ин сана ба унвони Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ расман эълон гардид.
Бо вуҷуди шодиву ифтихори миллӣ аз бадастоварии истиқлолият, солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар душвориҳои сангин дошт. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 яке аз фоҷиабортарин давраҳои таърихи муосири тоҷикон ба шумор меравад, ки талафоти ҷонӣ, муҳоҷирати миллионҳо нафар ва хароб шудани зербиноҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба бор овард.
Бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти сиёсии кишвар ба хусус бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу субот барқарор гардид. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав, заминаи мустаҳками рушди минбаъдаи давлатро фароҳам овард.
Тоҷикистон дар давоми зиёда аз се даҳсола пас аз истиқлолият ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 заминаи ҳуқуқии таҳкими давлатдорӣ ва низоми демократиро фароҳам сохт.
Бо вуҷуди мушкилоти ҷаҳонӣ, иқтисодиёти кишвар пайваста рушд мекунад. Бунёди нерӯгоҳҳои барқии обӣ, аз ҷумла НБО «Роғун», роҳҳо, нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ ва дигар инфрасохторҳо нишонаи рушди иқтисодӣ мебошанд. НБО «Роғун» ҳамчун яке аз бузургтарин лоиҳаҳои миллӣ, барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Дар баробари ин, соҳаҳои маориф ва илм низ рушди назаррас пайдо кардаанд. Ҳазорон муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ таъсис ёфта, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми худро мустаҳкам намуд ва ба худшиносии миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст ва бо беш аз 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Иқдомҳо ва пешниҳоди Тоҷикистон дар масоили муҳим, ба мисли обу иқлим, дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ ва қадршиносӣ шудаанд.
Истиқлолият барои насли ҷавон мактаби худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандист. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки озодӣ ва истиқлол неъмати осонбадастомада нест, балки натиҷаи талошу ҷоннисориҳои фарзандони сарсупурдаи миллат мебошад.
Аз ин рӯ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, гиромидошти забон, фарҳанг ва таърихи миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бедордил мебошад.
Хулоса Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқи тоҷик имконияти таърихие фароҳам овард, ки худро ҳамчун як миллати соҳибтамаддун ва соҳибдавлат дар ҷаҳон муаррифӣ намояд. Гарчанде дар тӯли зиёда аз се даҳсола кишвар ба дастовардҳои арзанда ноил гардидааст, вале вазифаҳои муҳим дар пешанд.
Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки пойдории истиқлолият, сулҳи ҷомеа ва рушди иқтисодӣ танҳо бо заҳмати дастаҷамъонаи халқ таъмин мегардад. Танҳо дар асоси ваҳдат, дӯстӣ ва заҳмати созанда метавон Тоҷикистони озоду обод ва пешрафтаро ба наслҳои оянда ба мерос гузошт.
Муаллиф: ходимони илмии Институти астрофизикаи АМИТ
Аюбов Д.Қ., Сафаров А.Ғ.
Дар тӯли зиёда се даҳсолаи истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккули заминаҳои устувори давлатдорӣ, балки дар рушди илмҳои бунёдӣ ва амалӣ роҳи мураккабро бо сарбаландӣ тай намуд. Агар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳифзи иқтидори илмӣ дар шароити душвор бахшида шуда бошад, пас даҳсолаи охир ба замони пешрафтҳои сифатӣ табдил ёфт, ки ба оянда нигаронида шудааст. Дар ин раванд нанотехнология, соҳае, ки намуди зоҳирии технологияҳои асри 21-ро муайян мекунад, ҷои махсусро ишғол кардааст. Рушди ин соҳа ба шарофати сиёсати мақсадноку дурандешонаи давлату ҳукумат ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид.
Хушбахтона аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо дарки амиқи ҳамбастагии зичи ояндаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва технологияҳо ба саноати нано, хеле саривақтӣ роҳи ҳамгироии кишвар ба ин фазои пешрафтаи илмӣ муайян карда шуд. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар вобаста ба вуҷуд овардани базаи моддию техникии замонавӣ низ иқдомҳои бунёдӣ амалӣ гаштанд. Аз он ҷумла, агар танҳо дар миқёси Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон назар намоем – таъсиси Шуъбаи наномавод ва нанотехнология (2008 с.), кор карда баромадани моделҳои амалии тавсифдиҳандаи динамикаи нанозарраҳо (аз соли 2009 то ҳоло), насби комплекси муосири таҳқиқи лазерии таркиби атмосфера (2019 с.), насби дуюмин комплекси таҳқиқи атмосфера дар минтақаи ҷануби кишвар (Шаҳритус, Айвоҷ, 2023 с.), ба пуррагӣ таъсис дода шудани 2 лабораторияи муосири илмии муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳои таҳқиқот дар шуъбаи наномавод ва нанотехнология ва лабораторияи спектроскопияи молекулавӣ (2024-2025 с.) ва ба роҳ монда шудани як қатор лоиҳаҳои илмии байналмилаллиро вобаста ба таъсиси марказҳо ва самтҳои нави илм номбар намудан мумкин аст.
Махсусан солҳои охир, бо шарофати инфрасохтори ба вуҷуд овардашуда ва дастгирии давлатӣ олимони шуъбаи наномавод ва нанотехнологияи Институт натиҷаҳои сатҳи байналмилалиро ба даст оварда, пайваста барои баланд шудани нуфузи илми кишвар дар арсаи байналмилалӣ то ҳадди имкон саҳми худро гузошта истодаанд. Аз он ҷумла, дар заминаи лабораторияҳои навтаъсис олимони шуъба имконият доранд, ки таҷрибаҳои бевоситаи илмиро барои коркарди маводи нави инноватсионӣ гузаронанд. Намунаҳои лаборатории нанохокаҳо ва нанопленкаҳои маводи перовскитӣ барои лавҳаҳои офтобии насли нав, ки аз ҷониби олимони шуъба ҳосил карда шуданд ва тариқи методҳои зеҳни сунъӣ пешгуӣ намудани таркиби наномаводи коркардшаванда – бархе аз натиҷаҳои амалӣ дар рушди ин соҳа мебошанд.
Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки сармоягузорӣ ба рушди соҳаи нанотехнология – сармоягузорӣ ба оянда мебошад. Зеро соҳаи мазкур барои кишварҳо имконияте мебошад то ки на танҳо ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ расидагӣ кунад, балки технологияҳои рақобатпазири худро низ эҷод намуда, мустақилона ниёзҳои хешро қонеъ намоянд. Аз он ҷумла, таъминот бо энергияи таҷдидпазир, коркардҳо дар соҳаи тиб ва дорусозӣ, таъминот бо оби тозашуда тариқи истифодаи наномембрана ва сорбентҳои наносохторишуда ва ғ. барои амалан боз ҳам баланд баровардани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар равона шуда истодааст, ки ҳадафи олии давлату ҳукумат таҳти сиёсати созандаи Пешвои миллат мебошад.
Заминаи устуворе, ки тайи солҳои истиқлолият дар шакли инфрасохтори муосири илмӣ ва кадрҳои омодашуда бунёд ёфтааст, итминон медиҳад, ки илми тоҷик минбаъд низ дар ганҷинаи донишҳои ҷаҳонӣ, таҳкими соҳибихтиёрии технологӣ ва нуфузи байналмилалии кишвар саҳми арзандаи худро мегузорад.
Аз фурсат истифода бурда, тамоми мардуми меҳнаткаши кишвари азизамонро бо фаро расида истодани 34-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоем.
М.М. Қаюмов – мудири шуъбаи наномавод ва нанотехнология
Ф. Шокир – ходими пешбари илмии шуъба
Х.Р. Раҳмонов – ходими илмии сектори физикаи назариявӣ
“Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад” –
Эмомалӣ Раҳмон.
Дар саҳифаҳои дурахшони таърихи кишвар санаҳои тақдирсоз ва муҳиме ҳастанд, ки мояи ифтихору сарфарозиянд. Аз ҷумлаи чунин санаҳои барҷаста соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 34 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадуми асри гузашта водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.
Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунонки Президенти мамлакат, Пешвои миллат – Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсия (Сарқонун)-и мамлакати орзую ормонашро қабул кард. Агар гўем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия, яъне соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид, хато нахоҳад шуд.
Зеро барои расидан ба сулҳи кул ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти Ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсияи ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд.
Баробари ин якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ нишони эътирофи Ҳукумати қонуниро дошт, ки акнун ду сол мешуд, бо сарварии фарзанди вафодори миллат Эмомалӣ Раҳмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарўзӣ мебурд.
Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати сидқидилонаю бунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст, ки кафили он бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Акнун – пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем».
Душвортарин муаммои мо ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарӯза бо он машғул мешуд. Албатта раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад. Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони туннели Анзоб буд.
Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, даричаи наҷотро низ дар он дарёфта буданд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерўгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Аз ҷумла, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. НОБ-и «Сангтӯда-2», як қатор нерӯгоҳҳои хурд ба кор даромаданд. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб- Шимол, Лолазор -Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1 ба истифода дода шуданд. Дигар аз чунин объекти стратегӣ НОБ–и Роғун ба ҳисоб меравад, ки аввалин чархаи он 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд.
Дар маҷмӯъ он аз шаш чарха иборат буда, қудрати ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳанд. Сохтмони НОБ-и Роғун аз соли 2008 дубора оғоз гардидааст. Ҳамон сол дар НОБ –и Роғун 635 нафар коргар ва 46 адад техника ва механизм ба кор шуруъ кард. Ҳоло бошад дар он ҷо беш аз 21 ҳазор нафар мутахассисон ва коргарон, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд, кор мекунанд.
Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Душанбе – Хуҷанд – Чанак ва нақби Шаршар ба истифода дода шуданд. Холо таъмири роњи мошингарди Душанбе – Бадахшон – Чин идома дорад. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.
Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрўза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин нуқтаро сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Президент аз ҷумла мегӯянд: «Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурўҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд.
Аз ин рӯ, мову шумо бояд якҷоя хатари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем, барои бақои тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷикро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мешуморем».
Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии сарвари давлати мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани ў ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд. Озодии виҷдонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои бесобиқаву беназири худ инсон ҳанўз ба ормону орзуҳои деринааш, яъне эҷоди як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофҳо дастёб нашудааст. Баръакс, имрўз инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти экологию сангинтар рў ба рў гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархўрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табиист, ки аз равандҳои ҷаҳонишавӣ берун буда наметавонад. Муносибатҳои мо ба кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам торафт вусъат ёфта, мо ҳарчи бештар вориди муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии байналмилалӣ мегардем. Дар чунин шароит амиқ дарк кардани мақсад ва ҳадафҳои худ, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ амри зарурист. Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа ва мамолики пешрафтаи олам аҳамияти махсус доранд.
Дар робита ба ин бояд гуфт, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» чунин муносиботу ҳамкориҳо рўз аз рўз таҳкиму густариш меёбанд.
Имрӯз Тоҷикистон сохибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омузиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст. Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!
Каримзода А.И., Мирзоев Н.М.- ходимони илмии Институти зоология ва
паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АМИТ
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо рамзи соҳибистиқлолӣ ва озодӣ, балки пояи устувори давлатдорӣ ва заминаи рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад. Ин дастоварди таърихӣ ҳамчун манбаи ифтихору сарбаландӣ, ҳисси нангу номус ва худшиносии миллӣ хизмат мекунад. Истиқлолият ҳамчун ҳифзи сулҳу субот, осоиш ва амнияти шаҳрвандон нақши калидӣ дорад ва ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар замина мегузорад.
Таърих гувоҳ аст, ки рӯзи 9 сентябри соли 1991 бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз садсолаҳо орзуи дерини мардуми тоҷик амалӣ гардида, Тоҷикистон соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардид. Ин рӯйдод на танҳо рамзи соҳибистиқлолии кишвар, балки оғози марҳалаи нави давлатдорӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа буд.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон бо мушкилоти сангини сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ, бархурдҳои сиёсӣ ва нооромии иҷтимоӣ кишварро ба ҳолати ниҳоят мушкил расонд. Аммо бо қаҳрамонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати сулҳпарваронаи ӯ, ҷомеа муттаҳид гардид ва суботи сиёсӣ барқарор шуд. Суботи миллӣ ҳамчун пояи асосӣ барои рушди илму маориф, иқтисод ва фарҳанг хизмат мекунад.
Сулҳ на танҳо ҳолати сиёсӣ, балки муҳаррики ҳаёти осоишта барои ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Он имконият медиҳад, ки кӯдакон дар хоби осоишта биханданд, модарон бе ҳарос зиндагӣ кунанд ва ҷавонон бо озодӣ ва амнияти комил ояндаи худро созанд. Дар шароити сулҳу ваҳдат рушди соҳаҳои илм ва бахусус илми тиб метавонад ба таври муассир ба зиндагии мардум таъсир расонад.
Дар даврони истиқлолият, таҳкими заминаи илмӣ ва рушди илми тиб яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ гардид. Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки ҷомеаи солим бе илм ва тибби пешрафта имконнопазир аст. Бо таваҷҷуҳи хос ва дастгирии ҳукумат, муассисаҳои илмӣ ва тиббӣ дар тамоми қаламрави кишвар фаъол гардиданд, имкониятҳои омӯзиш ва тадқиқот дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам омаданд.
Дар ин замина, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳқиқотӣ нақши муассир доранд. Аз ҷумла:
Маркази миллии иммунология, ки барои таҳқиқ ва рушди роҳҳои нави иммунологияи клиникӣ хизмат мекунад;
Маркази миллии пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон, ки дар ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва муолиҷаи беморони вазнин нақши муҳим дорад;
Институтҳои химия ва биология, ки дар таҳияи доруҳои табиӣ ва таҷрибаҳои муосир фаъолият менамоянд;
Институтҳои зоология ва паразитология, ки таҳқиқи бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ ва пешгирии онҳо дар ҷомеа доранд.
Натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ ба беҳтаршавии дастрасӣ ва сифати табобати беморон мусоидат мекунанд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки бунёди ҷомеаи солим бе табибони донишманд ва дорои ҳисси баланди ватандорӣ имконнопазир аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат як қатор барномаҳои стратегии рушди илму тиб ва тандурустиро амалӣ кардааст:
1. Стратегияи миллии солимии аҳолӣ (2021–2030) – ҳадафи асосӣ беҳтар намудани сифати тандурустӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ мебошад;
2. Барномаи давлатии рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ – мутобиқгардонии таҳқиқот ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосирро дар бар мегирад;
3. Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ – баланд бардоштани сифати таълим ва амалӣ намудани ислоҳот дар муассисаҳои тиббӣ.
Таъсис ва фаъолияти муассисаҳои тадқиқотӣ ва марказҳои илмӣ шаҳодат медиҳад, ки сиёсати илмию тиббии кишвар самтҳои стратегӣ ва дурнамои дарозмуддат дорад. Ин чораҳо имконият медиҳанд, ки Тоҷикистон ба як маркази таҳқиқоти тиббӣ дар минтақа табдил ёбад.
Истиқлолият на танҳо заминаи рушди иқтисод ва илму фарҳанг аст, балки омӯзиши таърихи миллат ва эҳтироми арзишҳои миллӣ барои насли ҷавон низ аҳамияти зиёд дорад. Пешвои миллат таъкид мекунанд:
“Ҷавонони мо ҳар қадар босаводу соҳиби касбу ҳунар бошанд, ояндаи Ватан ҳамон қадар обод ва неруманд хоҳад шуд.”
Муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба таърихи пурифтихори миллат ва сабақҳои ниёгон моро водор мекунад, ки бо дилу нияти нек ба шукуфоии диёр саҳм гузорем. Ҳисси ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳамчун омилҳои муҳими таҳкими истиқлолият ва рушди ҷомеа хизмат мекунанд.
Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, соҳаи тибби Тоҷикистон ҳамчунон бо мушкилот рӯ ба рӯ аст. Аз ҷумла: камбудии таҷҳизоти муосири ташхису табобат; норасоии кадрҳои баландихтисос, махсусан дар минтақаҳои дурдаст; зарурати ҳамгироии тадқиқоти илмӣ бо амалияи тиббӣ бо стандартҳои байналмилалӣ.
Аммо бо идомаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва саъю кӯшиши олимон ва мутахассисон, ин монеаҳо паси сар карда шуда, Тоҷикистон метавонад ба маркази муҳими таҳқиқоти тиббӣ ва илми муосир дар минтақа табдил ёбад.
Истиқлолият барои миллати тоҷик рамзи соҳибистиқлолӣ, субот ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад. Бо сиёсати хирадмандона, дастгирии давлат ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ, миллати тоҷик тавонист аз буҳронҳо берун ояд ва роҳи рушди устуворро пеш бигирад. Рушди илм ва бахусус илми тиб дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини саломатӣ нақши калидӣ дорад.
Мо, махсусан насли ҷавони даврони истиқлолият, вазифадорем, ки бо ҳисси баланди ватандорӣ ва худшиносӣ саҳми босазо дар таҳкими истиқлолият гузорем ва бо шукуфоии Ватан ҳамеша ифтихор намоем. Истиқлоли Тоҷикистон бояд то абад поянда ва ҷовидон боқӣ монад.
Ибодзода С.Т. ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ, д.и.т., профессор
Ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Эмомалӣ РАҲМОН яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷе дошт, дида намешавад. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар”.
Владимир ПУТИН
Ба арсаи сиёсат вуруд гардидани Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар таърихи навини халқи тоҷик падидаи нодире буд, гӯйем ҳам ҳеҷ як иштибоҳе нахоҳем кард. Воқеан ҳар гоҳе, ки ба гузаштаи начандон дури таърихи пурғановати халқи худ назар меафканем, пеши чашм симои марди хирадманду сиёсатмадор, Лидери ҳақиқӣ ва шахсияти сабуру нотакрор, абармарди дурандеш ва ғамхору дилсӯзи халқу Ватан, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мегарданд, ки пайваста бо талошу бедорхобиҳояшон феълан бо ин гуна басо шуҳрати оламгиру дастовардҳою комёбиҳои назаррасу муваффақонаи худ, шуҳраи офоқ гардидаанд, ки ин падида боиси ифтихори мо тоҷикон маҳсуб меёбад.
Аз ҷониби дигар ба пиндори мо ҳамаи ин падидаҳои нодир ва ҳамзамон дастовардҳои назарраси сӣ соли охир маҳз аз баракати сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмию муттаҳидӣ ва Ваҳдати миллӣ маншаъ мегиранд. Ба ифодаи шоир:
Арҷмандӣ халқро аз Ваҳдат аст,
Ваҳдати ин хонадон ояд ҳаме.
Бояд қайд кард, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ санаи 9-уми сентябри соли 1991 ва ҳамзамон ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи 27-уми июни соли 1997 ҳамагон ба Сарвари мӯнису ғамхор ва поягузори сулҳу Ваҳдати деринтизору сартосарӣ, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукронаву сипосгузорӣ менамоянд, ки мардумро аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани худашон мудом ба парастиши сулҳу ваҳдати миллӣ ва муттаҳидию сарҷамъӣ ва дӯстию рафоқат ва инчунин бародархондагию ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят менамояд.
Мусаллам аст, ки дар ҳар давру замон нақши шахсият дар рушди давлатдории миллӣ ва пешрафти сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвараш пеш аз ҳама ба фаъолияти назаррас ва инчунин дастоварду муваффақиятҳои ба худ хос ва ҳамзамон талошу тавассути заҳматҳои хастагинопазираш баҳри нафъи мардум маълум мегарданд.
Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибиқбол ва ободу зебои мо имрӯз Лидери асосӣ, ягона ва инчунин Пешвою раҳнамои якто ва ягонаи худро дорад. Президентеро, ки пайваста ҳадафи асосиаш пайи ободии мулк, бунёдкориву созандагӣ, беҳбудии сатҳи рӯзгори ҳамватанонамон маҳсуб ёфта, ҳамзамон ба ин васила забони модарияшро ба минбарҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ баровард, тоҷику Тоҷикистониёнро ба ҷаҳону љањониён чун миллати тамаддунофару бузургманишу озодазодагон, соҳибдевону соҳибистиқлолу соҳибиқбол дар арсаи олам беканор муаррифӣ кард.
Илова ба ин гуфтаҳо ин марди диловару шуҷоъ ва нотарсу бебок ва ватандӯсти асилу ғамхори халқ бо эъмори роњу шоҳроҳҳо ва нақбу пулҳо, мулкро аз бунбасти мањдудиву сарбастагӣ ба арсаи олам раҳнамун сохт, сохтмонҳои бузурги асрро оғоз бахшид, инчунин симои пойтахти мамлакатамонро ба куллӣ тағйир дод, ки феълан ҳаваси бинанда ва ҳар як сайёҳу меҳмони ба кишвари гул-гул шукуфо ва ободу зеборо меоранд.
Маҳз натоиҷи ҳамин саъю талошҳои ватандӯстонаю пайгиронаи Пешвои муаззами миллатамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки зиёда аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ниҳоятан баъди тинҷию амонӣ ва барқарор шудани сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Ҳукумати қонунӣ боз ба кулбаи бобоии худу ба Ватани аҷдодиашон баргашта, ниҳоятан пайи обод намудани коху манзилҳояшон шуданд.
Ин гуна иқдоми наҷибу формулаи беназири сулҳовариву сулҳофарии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба таври объективона аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо арзёбӣ гардида, боз як бори дигар тоҷиконро чун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ намуда, мақому манзалати давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам болову воло бардошт, ки дар таърихи башар беназир маҳсуб меёбад ва ин падидаи нодир боиси ибрати дигару дигарон низ гардидааст.
Лозим ба тазаккур аст, ки маҳз натиҷаи талошу бедорхобиҳои ин Лидери сиёсӣ ва ҷавонмарди далеру шуҷоъу фидоии миллату Қаҳрамони Тоҷикистон буд, ки ниҳоят санаи 27-уми июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи сулҳу Ваҳдати миллии сартосарӣ яке аз дастовардҳои нодири даврони Истиқлол ба ҳисоб рафта, феълан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида аст.
Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои миллат,
Раҳҷӯйӣ бахти халқӣ, эй раҳкушои миллат!
Аз ин рӯ, Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб низ дар ашъори ватандӯстонаи худ, хидматҳои мондагору бесобиқаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ чунин қаламдод кардааст:
На сар гуфтам, на по гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ҳазорон бор “мо” гуфтам, касе ҳамдил нашуд аммо,
Ҷаҳоне зидди ман шӯрид, агар як бор “ман” гуфтам.
Дӯстони азиз ва хонандагони муҳтарам аз ин рӯ, ҳамаи мову Шумо муваззафем, ки ба қадри заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расем ва пайи ободию зебоӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ саъю талош намоем ва ҳамзамон ҳамеша дар атрофи ин абармарди арсаи сиёсат ва Лидери тавонои худ муттаҳид гардида, Ватанамонро дӯст дорему барои боз ҳам ободу зебо гардидани он заррае ҳам бошад саҳми боризамонро дар пешрафту рушди он дареғ надорему ҳамеша дар ҳифзи Ватани азизи худ хидмат ба сомон расонем.
Бояд қайд намоям, ки чанде пеш аз тариқи матбуоти даврӣ, нигоштаи адиб ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устоди азизу гиромиқадр Саймумин Ятимовро таҳти унвони “Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат (дар асарҳои Саймумин Ятимов) Истиқлоли давлатӣ аз дидгоҳи Пешвои муаззами миллат” мутолиа намудам, ки мавсуф аз ҷумла ва барҳақ чунин нигоштаанд: «Ҳамасрони мо шоҳиданд, ки хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва дар ҳамин замина сохтани давлати миллӣ, ки ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, аз мақсадҳои меҳварии Роҳбари давлат маҳсуб мегардад. Суханони дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сабтшуда ва умедбахши Роҳбари нав интихобгардидаи миллати тоҷик − «Ман ба шумо сулҳ меорам!» азми таърихӣ ва амалҳои ҷонфидоёнаи ӯ, навиди созандагӣ ба ҳар хонадони мамлакати ҷангзадаи дур аз маъмур ва мардуми хастаи ранҷур нур бахшид» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 27).
«Садоқатмандӣ ва эътиқоди бепоёни ӯ ба халқ, собитқадамӣ дар роҳи иҷрои паймон, истодагарӣ дар масири пешгирифта, таъмини сулҳ, ваҳдат, рушди устувори миллӣ, сарфи назар аз мушкилот, таҳдид ва хатарҳои ҷонӣ, омилҳои аслии хештаншиносӣ ва худшиносии миллии қишрҳои асосии ҷомеа гардид. Ҳаммаром будани иқдомҳои Пешвои миллат бо ормонҳои мардум ба иҷро гаштани нақшаҳои барои мамлакат созгор такони ҷиддӣ бахшиданд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 224).
«Роҳбари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ, масъалаи эҳёи миллиро эълон ва давоми се даҳсолаи ахир онро аз лиҳози назариявӣ коркард, тасдиқ ва дар таҷрибаи амалӣ ҷонфидоёна роҳандозӣ намуд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 12. Эҳёи миллат – бақои давлат. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 5.
РАҲИМЗОДА Алишер Орзу Каримов Олимчон Худойбердиевич,
Назрубллоев Насрулло Нуруллоевич
Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодатва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар саҳифаи заррини таърихи ҳар як халқу миллат лаҳзаҳое ҳастанд, ки тақдири ояндаи онро муайян мекунанд. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик чунин санаи тақдирсоз 9-уми сентябри соли 1991 мебошад. Ин рӯз бе муболиға на танҳо санаи эълони истиқлоли давлатӣ буд, балки оғози давраи нав дар ҳаёти халқи тоҷик, давраи бунёди давлати воқеан миллӣ ва мустақил ба шумор меравад. Мафҳуми “истиқлол” барои мо танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, балки ҷавҳари ҳастии миллат, рамзи озодӣ, эҳёи фарҳанги бою рангин ва орзуи чандсадсолаи аҷдодони мост.
Раванди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ саҳлу осон набуд. Халқи тоҷик дар тӯли таърихи худ барои ҳифзи забон, фарҳанг ва ҳувияти миллии худ муборизаҳои зиёдеро аз сар гузарондааст. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ барои мо имконияти нодире фароҳам омад, ки ба ин ормон расем. Аммо дар як вақт ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ истиқлоли навбунёди моро зери хатар гузошт. Дар чунин шароити буҳронӣ, танҳо ба шарофати иродаи қавӣ ва хиради роҳбарияти давлат, бахусус нақши бузурги Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо тавонистем аз ин вартаи хатарнок берун омада, сулҳу ваҳдатро барқарор созем.
Мо дар ин мақола кӯшиш кардем, ки дастовардҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро дар ин давра таҳлил карда, аҳамияти истиқлолро дар таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ то ҳадди имкон нишон диҳем. Ин мақола ҳамчун арҷгузорӣ ба ин арзиши муқаддас ва ёдоварии он навишта шудааст, ки истиқлол ҳадяи бебаҳост ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Ба ҳамагон маълум мебошад, ки таърихи халқи тоҷик саросар як достони мубориза барои озодӣ, ҳифзи ҳувият ва давлатдорист. Ин муборизаҳо аз замонҳои қадим, аз давраи пайдоиши давлатҳои аввалини ориёӣ оғоз гардида, то ба имрӯз идома доранд. Давлатдории Кӯшониён, Ҳайтолиён ва дигар халқҳои қадими эронинажод нишонаи он аст, ки ориёиҳо аз қадим ба давлатдорӣ ва бунёдкорӣ моил будаанд. Аммо қуллаи баланди давлатдории тоҷикон, бешубҳа, давраи салтанати Оли Сомон мебошад.
Бунёдгузори давлати Сомониён Амир Исмоили Сомонӣ на танҳо сарзаминҳои парокандаи Мовароуннаҳру Хуросонро муттаҳид кард, балки ба истиқлоли сиёсӣ ва давлатдории тоҷикон асос гузошт. Ин давлат намунаи олии давлатдории миллӣ буд, ки дар он забон ва фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ рушд ёфтанд. Маҳз дар ҳамин давра забони дарии тоҷикӣ ба забони илму фарҳанг табдил ёфт ва бузургоне, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино ва дигарон, дунёро аз ганҷинаи дониш ва адабиёти худ саршор намуданд.
Баъди ин давраи тиллоии давлатдорӣ халқи тоҷик муддати тӯлонӣ дар ҳайати давлатҳои мухталиф, аз ҷумла давлатҳои турку муғул ва империяи Русия, зиндагӣ кард. Аз як тараф, тоҷикон истиқлоли сиёсии худро аз даст доданд, аммо, аз тарафи дигар, онҳо тавонистанд, ки забон, фарҳанг ва худшиносии миллии худро нигоҳ доранд. Аз ҷумла дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ, гарчанде Тоҷикистон давлати мустақил набуд, лекин Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тавонист, ки инфрасохтори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро бунёду инкишоф диҳад. Маҳз дар ҳамин давра пояҳои маориф, илм ва фарҳанг таҳким ёфтанд, ки ин баъдтар ба бунёди давлати воқеан мустақил мусоидат намуд.
Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта имконияти нодиреро барои ҷумҳуриҳои собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон, фароҳам овард. Буҳрони иқтисодӣ, норозигии мардум ва муборизаҳои сиёсӣ дар дохили Иттиҳод боис ба он шуд, ки ин давлати абарқудрат пош хӯрад. Дар шароити нави таърихӣ халқи тоҷик, ки ҳазорсолаҳо орзуи давлатдории мустақилро дошт, ин фурсатро аз даст надод. Эълони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991, натиҷаи ҳамин муборизаҳои тӯлонӣ ва инъикоси хоҳиши озодии миллат буд.
Эълони истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991, ки дар дили ҳар як тоҷик шарораи умед фурӯзон кард, дар як вақт бо мушкилоти сангин ҳамроҳ буд. Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми сохторҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро, ки дар тӯли даҳсолаҳо пойдор буданд, барҳам зад ва кишварро дар вазъияти хеле ногувор қарор дод. Заводҳову фабрикаҳо аз кор монданд, робитаҳои иқтисодӣ қатъ гардиданд ва мардум бо мушкилоти ҷиддии рӯзгор рӯ ба рӯ шуд. Аммо ин мушкилоти иқтисодӣ танҳо як ҷанбаи буҳрон буд ва вазъияти сиёсӣ босуръат бадтар мешуд.
Мутаассифона, дар ин шароити ҳассос бозиҳои сиёсии дохилӣ ва берунӣ, ки баъзе доираҳо аз он манфиатҳои худро меҷӯстанд, боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид. Ин фоҷиаи миллӣ, ки солҳои 1992-1997-ро дар бар гирифт, давлати тозабунёди моро зери хатари ҷиддӣ қарор дод. Ҷанг на танҳо сабаби ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар ва овора шудани миллионҳо шаҳрванд гардид, балки пояҳои давлатдории миллиро низ ба ларза овард. Худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ, ки маҳз дар давраи истиқлол бояд ташаккул меёфтанд, дар ин давра таҳти фишори идеологияҳои бегона қарор гирифтанд. Кишвар дар воқеъ ба минтақаҳои гуногун тақсим шуда буд ва назорати ҳукумати марказӣ заиф гардида буд. Маҳз дар чунин лаҳзаи ҳассоси таърихӣ, ки миллат дар байни ҳаёт ва мамот қарор дошт, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун наҷотдиҳандаи миллат, ба таври назаррас эҳсос гардид. Баъд аз интихоб шудан ба ҳайси Сарвари давлат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷаноби Олӣ аввалин иқдоми худро ба сӯи барқарорсозии сулҳ ва якпорчагии кишвар равона намуд. Сарфи назар аз мушкилоти зиёд ва хатарҳои шахсӣ, ӯ бо иродаи қавӣ ва хиради дурандешона ба музокироти тарафҳои даргир дар хориҷ аз кишвар оғоз кард.
Раванди музокироти сулҳ тӯлониву мушкил ва пур аз монеаҳо буд. Аммо мақсади ягонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор кардани ваҳдати миллӣ ва баргардонидани оромӣ ба хонадони тоҷикон буд. Ин музокирот бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар таърихи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба анҷом расид. Ин сана на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки оғози давраи нави бунёдкорӣ ва созандагӣ дар таърихи Тоҷикистон гардид. Созишнома нишонаи пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳолат ва душманӣ, ғалабаи ваҳдат бар парокандагӣ ва зафари умед бар ноумедӣ буд. Маҳз аз ҳамин лаҳза Тоҷикистон ба сӯи таҳкими истиқлоли худ қадамҳои устувор гузошт.
Созишномаи сулҳ, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид, барои Тоҷикистон равзанаи наверо ба сӯи фардои дурахшон кушод. Роҳбарияти кишвар, бахусус Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба зудӣ ба барномаи ҳамаҷонибаи бунёдкорӣ шурӯъ кард. Ин давра, ки бо шиори “аз парокандагӣ ба ваҳдат ва аз харобӣ ба ободӣ” тавсиф мешавад, бо дастовардҳои бузург дар ҳамаи соҳаҳо қайд гардид.
Яке аз мушкилоти асосии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол ин бунбасти коммуникатсионӣ ва камбуди энергетикӣ буд. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳалли ин мушкилот стратегияи дарозмуддат таҳия кард. Бунёди иншооти азими стратегӣ, ба монанди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки бо иродаи қавии мардум ва роҳбарияти кишвар сохта мешавад, кафили истиқлоли энергетикии кишвар мебошад. Ин нерӯгоҳ дар оянда на танҳо талаботи дохилии Тоҷикистонро ба барқ таъмин мекунад, балки ба дигар кишварҳои минтақа низ барқ содир хоҳад намуд.
Дар соҳаи нақлиёт низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди шоҳроҳҳо ва нақбҳои азим, аз қабили нақбҳои “Истиқлол” (Анзоб), “Хатлон”(Чормағзак), “Озодӣ” (Шар-Шар) ва “Шаҳристон”, ки кишварро аз шимол ба ҷануб ва баръакс, мепайванданд, амалӣ шуд. Ин инфрасохторҳо имкон дод, ки Тоҷикистон ба як кишвари транзитӣ табдил ёбад ва бо кишварҳои ҳамсоя робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро тақвият диҳад. Илова бар ин, рушди босуръати соҳаи саноат ва кишоварзӣ, ташаккули бозори озод ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар нафаси тоза бахшид.
Истиқлол барои эҳёи фарҳанги бостонии халқи тоҷик имконияти нодир фароҳам овард. Бо ташаббуси роҳбарияти кишвар, ҷашнҳои бостонӣ, ба монанди Наврӯз, ки имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф шудааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон дубора эҳё гардиданд. Ин ҷашнҳо на танҳо як чорабинии фарҳангӣ, балки рамзи ваҳдати миллӣ ва пайванди наслҳо бо решаҳои таърихианд.
Таҳкими забони давлатӣ яке аз дастовардҳои муҳими ин давра мебошад. Забони тоҷикӣ, ки асоси ҳувияти миллии мост, мақоми давлатӣ гирифт ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз маориф то идоракунӣ, истифода мешавад. Бунёди осорхонаҳо, китобхонаҳо, аз ҷумла Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ва театрҳо, барои рушди илму фарҳанг шароити мусоид фароҳам овард. Дар ин давра шахсиятҳои таърихӣ, ба монанди Исмоили Сомонӣ, ки рамзи давлатдории тоҷикон мебошанд, мақоми сазовор гирифтанд ва муҷассамаҳои онҳо дар кишвар бунёд гардиданд.
Дар даврони истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва ғайра, табдил ёфт. Кишвари мо бо пешниҳодҳои худ дар бораи ҳалли мушкилоти оби тоза ва ташаббусҳои глобалӣ мақоми хоссаеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ касб намуд. Сиёсати “дарҳои боз”, ки Ҳукумати кишвар пеш гирифтааст, имкон дод, ки Тоҷикистон бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон робитаҳои дӯстона ва иқтисодӣ барқарор кунад.
Дар мақола мо як роҳи пуршебуфарози таърихиро пайгирӣ намудем: аз муборизаҳои тӯлонии мардуми тоҷик барои давлатдорӣ ва ҳастии миллӣ то ба даст овардани истиқлол ва аз вартаи фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ то бунёди давлати муосир. Мо мутмаинем, ки истиқлол барои миллати тоҷик танҳо як мафҳуми сиёсӣ набуда, балки ифодаи ҳастии миллӣ, фарҳанги пурғановат ва ояндаи дурахшон аст. Он ба мо имкон дод, ки фарҳанги бостонии худро эҳё намоем, забони аҷдодиамонро мақоми давлатӣ бахшем ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як давлати мустақил шинохта шавем. Дастовардҳои азиме, ки дар давоми ин давра ба даст овардем, аз ҷумла бунёди иншооти азими стратегӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва густариши худшиносии миллӣ, натиҷаи заҳмати сарҷамъонаи мардуми Тоҷикистон аст. Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, мо тавонистем аз харобаҳо баромада, ба бунёдкорӣ шурӯъ кунем.
Имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯи ҳадафҳои стратегии худ, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, пеш меравад. Аммо дар ин ҷода набояд дарсҳои талхи таърихиро фаромӯш кард. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ як дарси бузург аст, ки нишон дод, чӣ тавр бегонапарастӣ, нотавонбинӣ ва парокандагӣ метавонад ба фалокати миллӣ оварда расонанд. Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо мушкилоти глобалӣ ва таҳдидҳои нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, мо бояд аз ҳарвақта бештар ҳушёр ва муттаҳид бошем.
Дар ниҳоят, бояд гуфт, ки истиқлол ҳадяи бебаҳост, аммо ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аст. Ҳар як фарди огоҳи тоҷик бояд дарк кунад, ки ояндаи Ватан дар дасти мост ва танҳо бо ваҳдат, заҳмат, садоқат ба Ватан ва худшиносии баланди миллӣ метавон ба қуллаҳои баланд расид. Истиқлолият на танҳо имконияти зиндагии озод, балки масъулияти бузург барои наслҳои оянда аст.
Судуров С.А. ходими калони илмии шӯъбаи ИДМ –
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ