Skip to main content

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025)

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои иқтисодӣ аз оғоз то анҷом нақши марказӣ дошт. Зеро аз Паёми имсола тамоми мардуми кишвар руҳбаланд гардиданд, ки кишвари мо бо амалӣ гардонидани нақшаву барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ чандин масъалаҳои мубрамро ба осонӣ паси сар намуд. Заминаи аслии ин мавҷуд будани ислоҳоти зина ба зинаи рушди иқтисоди миллӣ мебошад, ки дар асоси он рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омада истодааст. Оқилона ва мақсаднок будани ин раванди ислоҳот боиси он гардидааст, ки “ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид”.

Бояд қайд намуд, ки омодагӣ ва чораандешиҳои саривақтӣ тавонист, натанҳо вазъи иқтисодиро дар ҳолати мутавозун нигоҳ дорад, балки пешравиҳои иқтисодиро низ таъмин намояд. Ин андеша аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва баъзе ниҳоду созмонҳои ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст. Ин нуқта дар Паём бо чандин паҳлуҳои фарогир мавриди таъкид қарор дода шуд: “Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд”.

Инчунин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо дар доираи Паёми имсола, балки дар ҳама суханрониҳояшон як ҳадафи асосӣ доранд, ки он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқамон мебошад. Барои ин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талоши шабонарӯзӣ менамоянд ва дар доираи тамоми имконот кушиш менамоянд, ки мардуми кишвар зиндагии шоиставу арзандаро соҳиб гардад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои он аз иқтисоди миллӣ пуштибонӣ менамоянд, ки пешрафти устувору натиҷабахши чунин иқтисодиёт кафолати таъмини зиндагии шоиса мебошад.

Таҳлилҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём аз он гувоҳи медиҳад, ки ислоҳоту амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегӣ натиҷаҳои хубро ба миён овардаанд: “Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад”.

Афзудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ як омили барҳам задани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Барои ҳар як фард маълум аст, ки давра ба давра нишондиҳандаҳои иқтисодӣ торафт рушд намуда истодааст. Ба ин раванд ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукуматро боз ҳам амиқтар мусоидат намуда истодааст. Ҳамин аст, ки сатҳи камбизоатӣ торафт коҳиш дода мешавад ва тавре дар Паём зикр гардид, “сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт”, ки сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар аввали даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 80%-ро ташкил медод.

Маврид ба зикр аст, ки масъалаҳои иқтисодӣ дар Паёми имсола хеле мушаххас буда, нишондиҳандаву пешрафтҳо дар доираи факту рақамҳо хеле хуб нишон дода шудаанд. Яке аз омилҳои аслии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ин таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад. Маълум аст, ки ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ бо бунёди коргоҳҳои нави истеҳсоли даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ба миён омаданд. Ин ҷиҳат тавонист, ки муҳоҷирати кориро низ коҳиш диҳад. Тавре дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки чи гуна танҳо дар давоми соли 2025 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кории нав ба миён омаданд: “…ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст”.

Аммо тавре дар боло зикр гардид, алҳол иқтисодиёти ҷаҳонӣ низоми худро ба таври пешгӯинашаванда тағйир дода истодааст. Аз ин ҷиҳат як андоза вазифаҳову андешидани тадбирҳои иловагӣ аз назари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонданд: “Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмин намудани рушди босуботи мамлакат ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад сол то сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Бо вуҷуди ин, вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки низоми молиявии кишварро ба меъёрҳои муосир мутобиқ намуда, самаранокии идоракунии молияи давлатиро боз ҳам баланд бардорем”.

Ҳамин тариқ, вобаста ба Паём ҳамчун пуштибони иқтисоди миллӣ бояд қайд кард, ки: бо шарофати сиёсати оқилонаи иҷтимоиву иқтисодӣ ҷумҳурии мо дар роҳи инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор дорад;

-ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукумат муваффақона амалӣ мегардад, ки онро мантиқи Паёми имсола ифода мекард;

дар ин ҷода танҳо муттаҳидиву меҳнати софдилонаи ҳар як шаҳрванди кишвари мо нақш дошта метавонад;

-дар Паём ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодӣ эътибори аввалиндараҷа дода шуд;

-ҷиҳати таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт;

Паём ҳар як шаҳрвандонро ба корҳои созандагиву бунёдкории ҷомеа раҳнамоӣ намуда, бо ин восита барои бештару беҳтар, ободу зебо гардидани ватани азизамон замина мегузорад. Ба андешаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ин қарзи миллӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!”.

МУҲАММАДАЛИЗОДА Парвина, мудири Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ,номзади илмҳои иқтисодӣ

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони бинои наву пуршукӯҳи Парлумони кишвар зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Яке аз самтҳои калидии Паёми Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Президенти кишвар қайд намуданд, ки саноат омили асосии рушди иқтисод, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ аст. Дар ин замина, сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, рушди саноати кӯҳӣ ва металлургӣ инчунин ворид намудани технологияҳои муосир вазифаҳои муҳим арзёбӣ шуданд.

Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он, яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд.Агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас дар соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст. Бояд гуфт, ки ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст.Ба идомаи ин раванд Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо истифода аз тамоми иқтидору имкониятҳо рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд.Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад.

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданӣ буда, дар қаламрави он конҳои тилло, нуқра, сурб, руҳ, мис, сурма, симоб, висмут, волфрам, молибден, оҳан, арзиз, ангишт, нефт ва газ, инчунин сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ мавҷуданд. Дар Паёми имсола зарурати истифодаи пурраи ин захираҳо бо роҳи ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва коркарди амиқи ашёи хом таъкид карда шуд.

Аз ҳамин лиҳоз дар ҷавоб ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мо кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсиони ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зарурият пеш меояд, ки гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳем. Нисбати тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазири ҷавобгӯи бозори меҳнат дар навбати аввал нисбат ба худ серталаб бошем, доимо ба мутоила ва омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ машғул шавем, рӯ ба омӯзиш ва таҳлили адабиётҳои бадеӣ оварем.

Холматзода Т.Б. – ходими калони илми шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявии Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ

Бобоев К.О. –Мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявии Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ

12 декабри соли 2025 дар иҷлосияи ҳафтуми Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕА-7), ки дар қароргоҳи ЮНЕП дар шаҳри Найробӣ, Кения баргузор шуд, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Перу, қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» қабул гардид. Ин иқдом аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамаи давлатҳои узв бо иттифоқи оро пазируфта шуда, дар таърихи Ассамблеяи муҳити зисти СММ ҳамчун нахустин қатънома бо чунин мавзӯъ, арзёбӣ мешавад. Қатънома аҳамияти ҳифзи пиряхҳо ва криосфераро ҳамчун унсурҳои калидии ҳифзи муҳити зист, захираҳои обӣ ва устувории экосистемаҳо таъкид намуда, давлатҳои ҷаҳонро ба ҳамкорӣ, истифодаи технологияҳои муосир, таҳқиқот ва рушди иқтидори миллӣ ҷиҳати коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим даъват мекунад.

Пиряхҳо ва криосфера, ки мазмунан маҷмӯи унсурҳои яхбаста, аз ҷумла пиряхҳо, барфҳои доимӣ ва яхбандии абадиро дар бар мегиранд, нишондиҳандаи ҳассоси тағйирёбии иқлим эътироф мешаванд. Обшавии босуръати пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ на танҳо ба камшавии захираҳои обӣ ва тағйирёбии низоми гидрологӣ меорад, балки сабаби боло рафтани таҳдиди хатари офатҳои табиӣ (селе обхезӣ, ярч ва ғайра) низ мегардад.

Қатъномаи мазкур давлатҳои узв ва шарикони рушдро ба андешидани амалҳои фаврӣ даъват намуда, зарурати ҳамгироии барномаҳои байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, инчунин рушди иқтидорҳои миллиро ҷиҳати мутобиқат ба таъсири тағйирёбии иқлим, таҳдиди хатари офатҳои табиӣ ва коҳиши захираҳои обӣ тақозо мекунад. Қатънома аз натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сарчашма гирифта, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тақвияти нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешбар ва ташаббускор дар масъалаҳои обу иқлим, замина фароҳам меорад.

Қабули ин қатънома барои Тоҷикистон аҳамияти дуҷониба дошта, дар сатҳи миллӣ имкониятҳои нави татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, рушди илмӣ ва таҳкими соҳаҳои энергетикаи обӣ, кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои обиро фароҳам меорад ва дар сатҳи байналмилалӣ воситаи таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва глобалӣ ҷиҳати таъмини амнияти обӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хизмат мекунад. Иқдоми навбатии Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди қатъномаи мазкур эътибори байналмилалии кишварро тақвият бахшида, нақши калидии онро дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим собит менамояд.

Хулоса, Қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера», дар арсаи байналмилалии ҳифзи муҳити зист, иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, он на танҳо аҳамияти глобалии ҳифзи пиряхҳоро эътироф менамояд, балки ҷиҳати муттаҳидсозии талошҳои ҷаҳонӣ дар самти мониторинг, таҳқиқ ва татбиқи лоиҳаҳои амалӣ ҷиҳати татбиқи онҳо, асоси ҳуқуқӣ ва институционалӣ, фароҳам меорад. Бо қабули қатъномаи мазкур Тоҷикистон эътирофи ҷаҳонӣ ва эътибори таърихӣ ба даст оварда, нақши худро ҳамчун кишвари масъулиятшинос ва пешбари масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ, тақвият мебахшад. Иқдоми мазкур ҷиҳати рушди илмҳои криосфера, ҳамгироии технологӣ ва устувории захираҳои обӣ дар минтақа имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Давлатова Мунзифа – Докторанти PhD

Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи

миллии илмҳои Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз ҷанбаи фалсафӣ чунин мубрамият дорад: аввалан, Президенти Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба вакилони Маҷлиси миллӣ ва намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дар симои онҳо ба кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар бораи дастовардҳо, муваффақият ва мушкилоти соли сипаришуда дар муқоиса бо солҳои қаблӣ бо далелҳои эътимодбахш ва илмӣ мавриди таҳлилу муқоиса қарор медиҳанд; дуюм, барои рафъи камбудиҳо ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеа дастуру супоришҳо ва вазифаҳои мушаххасро пешниҳод медоранд, то масъулини соҳаҳо ва ниҳодҳои гуногун дар нақшаи чорабиниҳои таҳиякардаи худ камбудиҳои ҷойдоштаро ҷой дода, барои бартараф кардани онҳо кӯшишу ғайрати бештарро сарф намоянд.

Аз ин рӯ, ҳамасола паёмҳои Президенти Тоҷикистон барои фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва умуман, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун дастурамал ва роҳнамо хизмат менамоянд. Ҳамзамон Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ хазинаи маълумоти ошкоро, расмию дақиқ ва илмӣ буда, имкон медиҳад, ки аз он олимону донишмандони ватанию хориҷӣ дар корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ васеъ истифода баранд.

-Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои стратегӣ ё афзалиятноки ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд, ки ба онҳо илму маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин масъалаҳои занон ва ҷавонон дохил мешаванд. Бахусус, воқеъбинона иброз намуданд, ки миллати босаводу дурандеш воқеан таъмингари амнияту субот, муттаҳидӣ ва ягонагӣ мебошад. Чунки дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониши мукаммали таърихӣ дошта, аз мактаби ахлоқмеҳварӣ ва фарҳангсолории гузаштагони худ сабақ андӯхтааст, касбу пешаҳои замонавиро хуб аз худ карда, хешро ба муҳити нави ҷамъиятӣ мутобиқ гардонидааст, метавонад зиндагии шоистаро барои муҳити хонаводагӣ муҳайё намуда, бар замми ин, барои рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муассир гузорад.

Дар робита ба ин, Сарвари давлат сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки барои самаранок амалӣ гардидани он тамоми имкониятҳо истифода бурда мешаванд. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем.

Воқеан, тамаддуни ҷаҳонӣ дар ҳолати бархӯрдҳои шадиди сиёсӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ қарор дошта, ин раванд тақозо менамояд, ки мо ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дода, онҳоро дар руҳияи худшиносии миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба гузаштаи пурғановати фарҳангӣ тарбия намоем. Чунки насли худшиносу худогоҳ метавонад дар ҳар ҳолат ҳимоятгари фарҳангу миллат ва сарзамини аҷдодии худ бошад.

Ҳамагон боварӣ ҳосил карданд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри некуаҳволии насли наврас ва ҷавонон ҳукумати кишвар тамоми чораҳоро андешида истодааст. Тавре Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Мо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷӯйӣ менамоем».

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва созгор кардани шароит барои зиндагии шоистаи онҳо изҳори назар карда, барҳақ гуфтанд, ки таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми ҷумҳурӣ мебошад. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии мамлакатро таъмин намуда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем. Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад.

Воқеан, дар ҷомеаи мо қувваҳо ва гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки амнияту осоиштагӣ ва рушду инкишофи давлату миллати моро намехоҳанд. Ҳатто байни онҳо манқуртҳое низ ҳастанд, ки пиёдакунандаи, манфиатҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии мамлакатҳои дигар мебошанд. Барои ҳамин месазад, ки мо ғояи ваҳдати миллиро инкишоф диҳем ва дар аснои он муттаҳидии ҷумҳуриамонро таъмин намоем. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, «вақте мо сарҷамъ ҳастем, бузургии мо аз ракетаҳои ҳастаӣ дида бузургтар аст».

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро таҳлили ҳамаҷониба намуда, гуфтанд, ки «… мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Дар ҳар давру замон омӯзгор шахсияти калидии низоми таълиму тарбия мебошад, зеро маҳз ӯ ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии шогирдон, такмилдиҳандаи маҳорату малакаи касбӣ, забондонӣ, ватанпарастии хонандагону донишҷӯён буда, мураббии худшиносию худогоҳӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, илмомӯзию рушди тафаккури созандагии насли наврасу ҷавон маҳсуб меёбад.

Ба назари мо, имрӯз омӯзгорони мо бояд новобаста аз зинаи таҳсилот ба талаботи ҷомеаи муосир ва фазои ҷаҳонии таҳсилот сатҳу сифати дониш, касбияти худро мутобиқ гардонанд. Тарбиятдида, хушахлоқ, босавод, зирак, ҳушёр, тавонманд, забондон, масъулиятнок ва содиқ ба касби худ бошанд. Қобилияти кор кардан бо воситаҳои технологии муосирро дошта бошанд ва дар раванди баргузории машғулиятҳои таълимӣ, машварату конференсияҳои илмӣ-назариявӣ аз онҳо самаранок истифода баранд. Аз ганҷинаи маънавии гузаштаи миллат, оид ба арзишҳои фарҳанги моддию маънавии ниёкони худ дониши зарурӣ дошта, хотираи таърихиашон ғанӣ бошад, то дар раванди тарбияи шогирдон ба хатоӣ роҳ надиҳанд, шогирдони соҳибкасб, боистеъдод, ихтироъкору навоварро тарбия намоянд. Ҳамаи ин ба он ҳадаф бояд бошад, ки дар тафаккури таълимгирандагон холигӣ пайдо нагардад ва ин холигиро онҳо бо андешаҳои хурофотию таассубангез, парастиши фарҳанги бегона пур нагардонанд, зеро сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки пешравии ҳар гуна ҷомеа ба илм вобаста аст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад. Мо дида истодаем, ки давлатҳои мутамаддину тараққикардаи дунё ба чӣ дастовардҳо ноил шуда истодаанд. Имрӯз онҳо аз Офтоб барқ истеҳсол мекунанд». Воқеан, дастгирии давлатии соҳаи илм дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, олимони ҷумҳурии мо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ниёзҳои истеҳсолотро ба инобат гирифта, кашфиётҳои илмиро ҳар чи зиёд намоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илм диққати аввалиндараҷа дода, барои рушд ва густариши он заҳматҳои зиёд мекашад, зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа рушд мекунад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хурофот ва бесаводиро хатарноктарин зуҳурот барои рушду инкишофи ҷомеаи тоҷик баҳогузорӣ намуда, таъкид доштанд, ки «фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад. Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта тамоми соҳаҳо, хусусан, илму маорифро даҳҳо сол ба ақиб партофт. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».

Вобаста ба ин раванд гуфтан зарур аст, ки нақши давлат, махсусан ниҳодҳои мухталифи он дар эҳё, ҳимоя ва баланд бардоштани нуфузи арзишҳои маънавии миллат бағоят бузург мебошад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки фазои иттилотиии ҷумҳурии мо пайваста ба ҳайси объекти ҳуҷумҳои гуногун, аз қабили тарғиби фарҳанги бегонапарастӣ, тавсеаи таассубгароию хурофотпарстӣ, идеологияи зуроварию ифротгароӣ қарор медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар, ҳимоя ва арҷгузории арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ба таҳқиқи ҳамаҷониба ниёз дорад. Зеро, имрӯзҳо таҳдидҳое пайдо шудаанд, ки ба тамомияти арзии мамлакатамон хатар эҷод менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъияти ногувору пуртаззоди ҷаҳони имрӯза ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки «вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад». Воқеан, аз ҳад зиёд сиёсӣ шудани дин ва инчунин паст будани дониши динӣ, иттилоъ дар бораи дин, чӣ шаҳрвандон ва чӣ дар байни худи диндорон боиси нигаронист ва метавонад ба амнияти давлати мо хатар эҷод намояд. Аз номи дин ташкил кардани ҳизб ва ба мақсадҳои сиёсии худ истифода бурдани он, моҳиятан, ба ҷомеа ворид намудани зиддият, конфронтасия аст. Ҷорӣ кардани ҷудоӣ ба хотири расидан ба қудрат, нуфуз ва шуҳрат таҳдид ба пояҳои давлату миллат дорад.

Ҳамчунин Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии мо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад». Гуфтан зарур аст, ки экстремизм ва терроризм, инчунин ифротишавии шуури ҷавонон яке аз омилҳои асосии баамаловарандаи таҳдид ба амнияти миллии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Мубориза алайҳи ин зуҳурот яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат дар марҳилаи кунунӣ ба шумор меравад. Муқовимат ба экстремизму терроризм чораҳои самаранок оид ба муқовимат ва пешгирии онро талаб мекунад, ки барои амалӣ гаштани онҳо мавҷудияти заминаҳои дахлдори ғоявӣ зарур аст. Сабабҳои аввалияи ҳамаи муаммоҳои муҳими тарбияи зиддиэктремистӣ ва зиддитеррористии ҷавононро дар фазои муқовимат ба идеологияи экстремизм ва терроризм бояд ҷуст. Бешубҳа, пешгирии зуҳуроти экстремизм – ин проблемаи байнисистемавӣ ва байниидоравӣ маҳсуб меёбад. Неруи мураттаб ва муназзами давлат ва ҳамаи институтҳои ҷомеаи мо алайҳи идеология ва амалияи экстремизм ва терроризм зарур аст.

Ба назари мо истиқлолият боиси зиндашавии фарҳанги миллӣ, забон ва анъана гардид. Баъди хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави инкишофи иҷтимоӣ – иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мушоҳида мешавад. Худмуайяннамоии худташакулёбии миллӣ бо суръати фаъол идома дошта, нақши геополитикӣ ва геостратегии Тоҷикистонро назди ҷомеаи ҷаҳон боз баланд бардошта истодааст. Ин масъала дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд». Тавре мо мушоҳида менамоем бархӯрди тамаддунҳо, раванди ҷаҳонишавӣ ва доман паҳн кардани мафкураи динию мазҳабӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба фарҳангу арзишҳои миллӣ хатарҳои зиёд ворид месозад. Ин раванд тақозо менамояд, ки тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Парлумон, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, суд, прокуратура, Агенти ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва дигарон дар ҳифзу ҳимояи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллӣ бояд саҳми бориз дошта бошанд.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи фазилати инсон, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мақоми баланд дошт. Тавре маълум аст, воқеияти замони муосир инсонро ба буҳрони маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ сохтааст, ки он аз таҷзияи донишҳои иттилоотию технологӣ ва дигаргуниҳои густардаи ҷаҳони имрӯз вобастагӣ дорад. Ҷаҳони имрӯз новобаста ба комёбиҳо ба нузули арзишҳои ахлоқӣ ва инқирози экзистенсиалӣ ва дигаршавии ҷидди фаҳмишҳои инсон рӯ ба рӯ аст, ки сабабгори дигаргуншавии фаҳмишҳои ақлонии инсон гардидааст. Насли нави имрӯз дар руҳияи постмодернистӣ тарбия ёфта, тамоилҳо ва арзишҳои умумиинсониро канор мегузорад. Оид ба гуфтаҳои пешниҳодшуда дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, ин масъала дар шакли гуфторҳои пандомези Президенти Тоҷикистон ба ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон садо дод.

Сарвари давлат гаштаю баргашта таъкид намуданд, ки дар фарҳанги тоҷикон аз замонҳои қадим то имрӯз фазилатҳои инсонӣ, чун накӯкорӣ, адлу инсоф, озодӣ, муҳаббат ба ҳамдигар ва ғайра пояи ҷаҳонфаҳмии инсонро ташкил додаанд ва онҳоро мо набояд фаромӯш созем. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси ҷумҳурӣмаҳсуб меёбад. Пас биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем.

Нозим МАҲМАДИЗОДА, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, професссор,

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025)

Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ва барномавии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, самтҳои асосии рушди давлатдорӣ ва муносибатҳои байналмилалиро муайян менамояд. Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, дар баробари вазъи мураккаби ҷаҳонӣ, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ, ки ба хатари мавҷи нави “ҷанги сард” рӯ ба рӯ аст, ба масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ, ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.

Дар чунин шароити мураккаби геосиёсии ҷаҳони муосир, шиддатёбии буҳронҳои минтақавӣ, таҳдидҳои нави амниятӣ, тағйирёбии мувозинати қудратҳо ва афзоиши рақобати байналмилалӣ, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати сулҳҷӯёна, мутавозин ва бисёрсамта арзёбӣ мегардад. Паёми Пешвои миллат бори дигар ин равишро тасдиқ намуда, ҷойгоҳ ва нақши Тоҷикистонро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ равшан нишон дод.

Бояд таъкид намуд, ки сиёсати хориҷии кишвар бар пояи принсипҳои эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии кишварҳо, ҳамзистии осоишта, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ва манфиатҳои миллӣ бунёд ёфтааст. Ин принсипҳо тайи солҳои истиқлолият ҳамчун меҳвари асосии фаъолияти дипломатии Тоҷикистон хизмат намуда, ба таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намуд.

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дорои хусусияти бисёрсамта буда, ҳамкориҳои мутавозинро бо кишварҳои ҳамсояи минтақа, қудратҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар бар мегирад. Дар Паёми соли 2025 бори дигар ба ин нукта ишоракарда шуд, ки Тоҷикистон сиёсати “дарҳои боз”-ро идома дода бо ҳамаи шарикони худ дар асоси эҳтироми мутақобила ва манфиати тарафайн ҳамкорӣ менамояд.

Инчунин ёдовар шудан ба маврид аст, ки масъалаи таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун авлавияти сиёсати хориҷӣ таъкид гардид. Тоҷикистон рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории ҳамаҷонибаро бо ҳамсояҳо Ӯзбекистон, Қирғизистон муҳим арзёбӣ намуда, онҳоро омили муҳими таъмини субот, амният ва рушди устувори минтақа медонад. Дар Паёми Пешвои миллат оид ба рӯйдоди муҳимми таърихӣ иброз доштанд, ки “ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд”.

Яке аз ҷанбаҳои калидии Паёми Пешвои миллат инъикоси фаъолнокии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои глобалӣ, бахусус дар соҳаи об ва иқлим, эътирофи васеъ пайдо намудааст. Пешвои миллат дар Паёми худ нақши Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба об, аз ҷумла баргузории ҳамоишҳои сатҳи баланд дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, таъкид намуданд. Ин ташаббусҳо Тоҷикистонро ба яке аз пешсафон дар баррасии масъалаҳои рушди устувор, амнияти экологӣ ва тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон табдил додаанд.

Инчунин масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини амнияти марзҳо, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва тиҷорати байниминтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Инчунин таъкид гардид, ки зимни татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолиятҳои байналмилалиро бо мақсади тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон, бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода», минбаъд низ идома хоҳем дод.

Дар робита бо иқдомҳои байналмилалӣ, эълони соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ва инчунин бо пешниҳоди Тоҷикистон тадбирҳои СММ дар соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» барои Тоҷикистон метавонад як фурсати хуб бошад, то давлат бештар дар ҷалби таваҷҷуҳ ва рушд дар ин бахшҳо фаъол бошад.

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ дар Паёми соли 2025 ҳамчун унсури муҳими сиёсати хориҷӣ арзёбӣ гардид. Тоҷикистон, на танҳо дар сиёсати дохилӣ, балки дар равобити хориҷӣ низ устувор ва самарабахш буда, СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамчун як майдони муҳими ҳамкорӣ бо ҷаҳон мебошад.

Ҳамин тариқ, Паёми навбатии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон боз як ҳуҷҷати таърихсоз ва муҳим буда, барои боз ҳам равнақ ва рушди тамоми самтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар роҳнамо мебошад.

Одинаев Абдуҳалим - ходими пешбари илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

213ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Машруъият ё қонунӣ будани пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Дар банди якуми моддаи 69-и Конститутсия, ки дар он салоҳиятҳои Президенти Тоҷикистон ифода ёфтааст, чунин омадааст: «Президент самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад».

Қобили гуфтан аст, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бахшида шуда, ҳамасола пешниҳод мегарданд, дар доираи ҳамин салоҳиятҳо мебошанд, ки дастовард ва таҷрибаи бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор мераванд.

Агар мо аз нигоҳи усулӣ моҳияти паёмҳои Президенти Тоҷикистонро баён намоем, пас онҳо ифодакунандаи вазъи воқеии натиҷаи солонаи ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии ҷумҳурӣ буда, ҷанбаи барномавӣ, натиҷагирӣ, руҳбаландкунандагӣ ва ҳамгироикунандагӣ доранд. Асосан паёмҳо ифодакунандаи натиҷаи ноил гардидани мардуми ҷумҳурӣ ба ҳамон чор ҳадафи стратегӣ мебошанд, ки муҳтавои он аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ҳамасола мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Паёми Президенти Тоҷикистон аз 16 декабри соли равон ифодагари ҳамин хусусият буд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар ибтидо дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба ду масъалаи муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ истода гузаштанд, ки дастоварди беназир дар соли 2025 ба шумор мераванд. Якум- ин баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки моҳи марти соли 2025 доир гардид. Воқеан интихобот маъракаи муҳими сиёсиест, ки дар шароити давлати соҳибистиқлоли демократӣ воситаи асосии иштироки халқ дар идоракунии давлат ва рушди ҷомеа мебошад.

Дуввум дастоварде, ки он ҳам ба моҳи марти соли равон рост омада буд, ба имзо расонидани санадҳои муҳим байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сарҳади давлатии ду ҷумҳурӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба буданд. Кушодашавии сарҳади байни ду давлат қадами бузург дар сиёсати хориҷии мамлакат ба шумор меравад. Ҳамзамон дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз – 31 марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд иштирок намудани сарварони се давлати ҳамҷавор – Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ва қабули Эъломияи Хуҷанд дар ин рӯзи таърихӣ, гӯё аз таҳкими дӯстӣ, ҳамҷавории нек ва рушди муносибатҳои байнидавлатӣ мебошанд. Ин ду падидаи муҳиме буданд, ки дар соли 2025 ба вуқӯъ пайваст ва дар ин санад бори дигар таъкид гардид.

Бояд гуфт, ки дастовардҳое, ки мардуми Тоҷикистон бо сарварии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар даҳсолаи охир ба даст овардаанд, аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таҳлил ва баррасӣ гардиданд. Пеш аз ҳама, бояд иброз намуд, ки дастовардҳои ноилгардида натиҷаи заҳмату талошҳои мардуми шарафманди ҷумҳурӣ мебошад, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ борҳо таъкид гардиданд.

Воқеият ин аст, ки мо ҳамагон шоҳид ҳастем, ки имрӯз дар мамлакати мо раванди ҳамгироии қишрҳои гуногуни ҷомеа идома дорад. Чунин ҳолат аз натиҷаи сулҳу ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа ва рушди сиёсати иҷтимоӣ мебошад, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мо муҳайё намудааст.

Пас, раванди ҳамгироии иҷтимоӣ, ин мафҳуми илми ҷомеашиносӣ мебошад, равандест, ки пайванд ва ҳамкорӣ байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад. Тамоми афроди ҷомеа барои эҷоди фазои ягонаи иҷтимоӣ мекӯшанд, ки дар ҷомеа баробарии ҳуқуқии қавмию миллӣ ва мазҳабию фарҳангӣ нигоҳ дошта шавад. Дар ин раванд, ки тибқи Конститутсияи ҷумҳурӣ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ мебошанд, тамоми аъзои ҷомеа озодона фаъолият мекунанд. Ин аст, ки дар фазои давлати озоди соҳибистиқлол имрӯз нишондиҳандаи дарозумрӣ ба 77 сол расидааст: «Аҳолии ҷумҳурӣ аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид». Албатта, барқарор намудани фазои солими иҷтимоӣ ва таъмини амният ва осоиши ҷомеа бо саъю кӯшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Дар фазои ваҳдат ва ҳамгироӣ зистан ба аҳли ҷомеа имконият фароҳам меорад, ки боз ҳам ба бунёд ва рушди ҷомеа камари ҳиммат банданд, ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд ва барои ҳаёт ва зиндагии шоиста, ки ҳуқуқи маънавии ба он ноил шудандро ҳар як шаҳрванди мамлакат доранд, кӯшиш намоянд.

Маҳз корҳои бузурге, ки ба анҷом расидаанду дар он кишоварзон, соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ва дигар афроди ҷомеа саҳм гузоштаанд, дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид. Роҳбари давлат бо самимияти хос изҳори миннатдорӣ ба афроди ободкор намуда, таъкид намуданд, ки мардуми Тоҷикистони азиз борҳо мушкилиҳоро аз сар гузаронида, ба муваффақият ноил гардидаанд. Имрӯз низ дар саросари мамлакат раванди босуръати ободкориву созандагӣ идома дорад, маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳо обод мегарданд, роҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ бунёд гардида, ба истифода дода мешаванд. Ин ҳама аз натиҷаи ободкориву олиҳимматӣ ва ҷавонмардии мардуми шарифи мамлакатамон аст, ки ин сифатҳои нек дар пайкари ин миллати қадим аз қадимулайём нуҳуфта аст ва боиси ифтихор низ ҳаст. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».

Боиси тазаккур аст, ки раванди ҳамгироии иҷтимоӣ метавонад барои муттаҳидии қишрҳои гуногуни ҷомеа хизмат намуда, дар зери як ҳадаф муттаҳид гардидан, барои ҳаёти солиму созанда камари ҳиммат бастан, барои бомаърифат намудани насли наврасу ҷавон кӯшиш намудан, бар зидди ҷаҳолату хурофот мубориза бурдан, ватанро дӯст доштану барои ободии он саҳм гузоштан ва барои рушди босуботи ҷумҳурӣ кору пайкор намудан, мусоидат менамояд. Ин ҳама нуктаҳое буданд, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар таъкид гардиданд.

Ҳамин тариқ, ҳамаи ин талошҳо барои фароҳам овардани шароит барои коҳиш ва барҳам додани нобаробарӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, инчунин баланд бардоштани амнияти моддиву молиявии шаҳрвандони мамлакат ва некуаҳволии онҳо мебошад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини имтиёзҳои иҷтимоии конститутсионии шаҳрвандон кӯшиш намуда, барои тақвияти модели давлати иҷтимоии муваффақ қадам ба қадам пеш меравад.

Нусратулло ЗОКИРЗОДА, мудири кафедраи фалсафаи назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа

"Мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад."

Тоҷикистон, ки зиёда аз 93 фоизи қаламрави он кӯҳистон мебошад, аз лиҳози ҷуғрофӣ ва табиӣ ба гурӯҳи кишварҳои аз ҳама осебпазир ба тағйирёбии иқлим шомил аст. Тағйирёбии ҳарорати ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши басомади офатҳои табиӣ имрӯз на танҳо муҳити зист, балки амнияти обӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоии кишварро таҳти таъсири ҷиддӣ қарор додааст.

Бо дарки бармаҳали ин таҳдидҳо, Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои 2000-ум масъалаи об ва тағйирёбии иқлимро ба рӯзномаи байналмилалӣ ворид намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баландпояи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳушдор додаанд, ки тағйирёбии глобалии иқлим метавонад ба буҳрони нави обӣ оварда расонад. Ташаббусҳои минбаъдаи Тоҷикистон худ далели равшани ин сиёсати дурбинона мебошанд.

Бо гузашти вақт ин масъала на танҳо мубрам, балки таҳдиди воқеии ҷаҳонӣ гардид. Дар ҳамин замина, ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори бевоситаи Президенти кишвар пешниҳод гардид, ҳамчун иқдоми муҳим дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пуштибонии васеъ қарор гирифт. Тибқи қатъномаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд.

Дар доираи ин иқдом, дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он намояндагони даҳҳо кишвар, созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои пешрафтаи илмӣ иштирок намуданд. Ин рӯйдод бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистонро ҳамчун пешсафи сиёсати байналмилалии обу иқлим собит сохт.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун яке аз самтҳои калидии илми муосир ва ҷузъи таркибии сиёсати давлатӣ таъкид гардид. Сарвари давлат ба таври возеҳ иброз доштанд, ки омӯзиши пиряхҳо имрӯз на танҳо аҳамияти илмӣ, балки аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ дорад.

Бо мақсади таҳкими заминаи институтсионалӣ ва баланд бардоштани самаранокии тадқиқотҳои илмӣ пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад. Ин иқдом қадами муҳим дар самти рушди илм, тақвияти иқтидори кадрӣ ва мутобиқсозии таҳқиқоти миллӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Пиряхҳои Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосии ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ нақши калидӣ доранд ва коҳиш ёфтани онҳо метавонад ба мушкилоти обӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва суботи экологии тамоми минтақа таъсири ҷиддӣ расонад.

Дар ин замина, Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ фаъолияти худро ба омӯзиши тағйирёбии иқлим, мониторинги пиряхҳо, арзёбии хатарҳои табиӣ ва таҳияи тавсияҳои илмӣ равона намудааст.

Яке аз самтҳои калидии фаъолияти Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ омӯзиш ва мониторинги ҳолат, динамика ва таҳаввули пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Дар ин замина, таҳқиқотҳои саҳроӣ ва таҳлили маълумоти моҳворавӣ дар ҳавзаҳои гуногуни кӯҳии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо, аз ҷумла ҳавзаҳои дарёҳои Варзоб, Сурхоб, Камароб, Ванҷоб ва дигар минтақаҳои Помир анҷом дода шудаанд.

Дар ҷараёни ин тадқиқотҳо истифодаи технологияи муосир чун ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо), системаҳои GPS, аксҳои моҳворавии Sentinel-2, Landsat ва PlanetScope ба таври васеъ истифода гардиданд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки дар як қатор ҳавзаҳо коҳиши назарраси масоҳати пиряхҳо ба қайд гирифта шудааст. Масалан, дар ҳавзаи дарёи Камароб нисбат ба маълумоти феҳристи пиряхҳои ИҶШС (1971) масоҳати пиряхҳо тақрибан 27,7 фоиз коҳиш ёфтааст. Раванди бесобиқаи гармшавии ҳарорат таъсири худро асосан ба пиряхҳои набзонӣ хеле равшан нишон медиҳад.

Дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо, омӯзиши пиряхи Деҳдал, ки яке аз пиряхҳои характакунандаи минтақа ва омили эҳтимолии эҷоди хатарҳои табиӣ ба ҳисоб меравад, дар солҳои охир таваҷҷуҳи махсусро ҷалб намуд. Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки пиряхи Деҳдал дорои реҷаи даврагии ҳаракат мебошад ва дар гузашта борҳо марҳалаҳои пешравии босуръатро аз сар гузаронидааст. Ин натиҷаҳо бо истифода аз аксҳои муосири моҳворавии Sentinel-2 дар муқоиса бо маълумоти саҳроии собитшуда ва феҳристи пиряхҳои ИҶШС (1971) ба даст омаданд. Дар моҳҳои сентябр–октябри соли 2025 марҳалаи нави ҳаракати фаъоли пирях муайян гардид, ки бо пешравии забонаи он тақрибан 4500 метр ҳамроҳӣ дошт. Ин падида идомаи силсилаи таърихии мушоҳидаҳо (солҳои 1890, 1974 ва 2015-2016) буда, хусусияти даврагии ҳаракати пиряхи Деҳдалро тасдиқ менамояд. Дар сурати идома ёфтани чунин равандҳо, эҳтимолияти сар задани хатарҳои табиӣ, аз ҷумла басташавии маҷрои дарёҳо ва ташаккули кӯлҳои пиряхӣ, вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, мониторинги доимии ин пирях ҳамчун омили муҳимми пешгирии офатҳои эҳтимолӣ арзёбӣ мегардад.

Самти дигари муҳими фаъолияти Марказ омӯзиши пӯшиши барф ва арзёбии хавфи тармафароӣ дар минтақаҳои осебпазири кӯҳистон мебошад. Дар ин замина, Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2024-2025 дар мавзеи Майхура 10 пойгоҳҳои баҳогузории пӯшиши барф ва мониторинги тармафароиро дар баландиҳои гуногун аз сатҳи баҳр насб намуд.

Ин пойгоҳҳо бо истифода аз технологияҳои муосир имконият медиҳанд, ки хавфи рух додани тармаҳо пешакӣ арзёбӣ гардида, тадбирҳои саривақтии пешгирӣ андешида шаванд. Пойгоҳҳо нишондиҳандаҳои муҳими метеорологиро, аз ҷумла миқдори боришот, ҳарорати ҳаво, намӣ, суръат ва самти шамол, ғафсии қабати барф, обнокӣ ва зичии барф, инчунин ҳарорат ва таркиби намии қабати барфро дар панҷ сатҳ ба қайд мегиранд.

Илова бар ин, пойгоҳҳо бо камераҳои назоратӣ ва таҷҳизоти бақайдгирии рақамӣ муҷаҳҳаз буда, фаъолияти онҳо аз шаҳри Душанбе дар реҷаи воқеии вақт назорат карда мешавад. Татбиқи чунин низоми мониторинг дар минтақаҳои кӯҳии кишвар қадами муҳим дар самти коҳиш додани хавфи тармафароӣ ва ҳифзи ҳаёти аҳолӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ маҳсуб меёбад.

Таҳлилҳои охирин нишон медиҳанд, ки тақсимоти боришот ва захираи барф дар манотиқи баландкӯҳ, миёнакӯҳ ва поёноби ҳавзаҳо ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Камшавии боришоти барфӣ ва баландшавии ҳарорати миёнаи солона ба коҳиши захираи пиряхҳо ва барф оварда мерасонад, ки ба устувории экосистемаи кӯҳӣ ва таъминоти оби нӯшокӣ таъсири мустақим мерасонад.

Дар самти омӯзиши кӯлҳои минтақаҳои куҳӣ, фаъолияти Марказ пеш аз ҳама ба мониторинги кӯли Сарез ва садди Усой равона шудааст. Дар доираи Барномаи «Мониторинги равандҳои деформатсионии сарбанди кӯли Сарез бо истифода аз технологияи системаҳои моҳворавии BeiDou» назорати доимии ҳолати сарбанди Усой ва соҳилҳои хатарноки кӯл ба роҳ монда шудааст.

Истифодаи технологияи BeiDou имкон медиҳад, ки равандҳои деформатсионии сарбанд бо саҳеҳияти камтар аз 1 сантиметр ба таври автоматикӣ ба қайд гирифта мешаванд. Маълумотҳо дар реҷаи вақти воқеӣ ҳар ду дақиқа ба Маркази ҳамгироӣ ва коркарди додаҳо интиқол ёфта, пас аз коркарди пурра таҳти назорати доимӣ қарор мегиранд.

Айни замон 7 пойгоҳи дар дар массаҳои лағжанда ва мавзеъҳои эҳтимолан хатарнок қисмати гарбии кули Сарез насб гардидаанд, ки барои муайянсозии саривақтии хатари ярч аҳамияти махсус доранд.

Омӯзиши мукаммали кӯли Сарез, таҳқиқи пиряхҳои набзонӣ, насби 8 пойгоҳи рақамӣ барои мониторинги деформатсияи қишри замин, ҳамчунин татбиқи системаи огоҳкунии пешакии тармафароӣ дар Майхура аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим мебошанд.

Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) ва технологияҳои рақамӣ дар мониторинги тағйироти морфодинамикӣ самаранокии таҳқиқоти илмиро ба таври назаррас баланд мебардорад ва заминаи боэътимод барои қабули қарорҳои оқилона фароҳам месозад.

Ин таҳқиқотҳо дар солҳои минбаъда боз ҳам вусъат дода шуда, бо ҷалби технологияҳои пешрафта ва омода намудани кадрҳои баландихтисос идома хоҳанд ёфт. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар бори дигар моро водор месозад, ки масъулияти илмӣ ва шаҳрвандии худро дар самти омӯзишу ҳифзи пиряхҳо, коҳиш додани хавфҳои табиӣ ва фаъолияти таҳқиқотӣ ва амалиро дар ин самт боз ҳам тақвият бахшем.

Маҷид Гулаёзов ҳамдиректори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ

(дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон барои ширкат дар ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ — Ҷопон»)

Минтақаи Осиё қисми зиёди аҳолии курраи заминро ташкил медиҳад, ки ин аҳамияти бузурги стратегӣ ва геополитикӣ дорад. Тавоноии кишварҳои Осиё дар гуногунӣ ва таҳаввулоти мардуми он вобастаги дорад, ки минтақаро ба макони инкишофи босуръаттарини ҷаҳон табдил медиҳад. Инчунин, кишварҳои Осиё пайваста талош меварзанд, ки равобит ва ҳамгироии минтақавиро тавсеа дода, заминаҳои хуб барои фаъолноксозии форуму нишастҳои тиҷоратӣ ва машваратӣ дар бахшҳои гуногунро мустаҳкам созанд. Ҳар лоиҳаву барномаҳои кишвари Осиё чун василаву воситаҳои созанда маҳсуб ёфта, рушду такомули давлат ва сокинонро беҳтар роҳандозӣ менамояд.

Мавриди зикр аст, ки дар қитъаи Осиё зиёда аз 50 давлат мавҷуд мебошад, ки бештари онҳо дар созмонҳо ё форумҳо узвият дошта, ҳамкорӣ доранд. Дар ин радиф Сингапур, Филиппин, Таиланд, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Ҷопон, Корея, Индонезия, Малайзия, Туркия, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Қатар, Эрон минтақаҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистонро, ки аз давлатҳои нақшофарандаи минтақавӣ ба шумор мераванд, метавон зикр кард.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарёфти Истиқлоли давлатӣ равобити дипломатиашро бо кишварҳои ҷаҳон ба хусус Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, аз ҷумла Покистону Ҳиндустон, Чину Муғулистон, Ҷопону Кореа, Малайзияву Индонезия барқарор намуда, ҳамкориҳои хубу ҳасана дорад.

Бояд зикр кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввали даврони соҳибистиқлолӣ бо минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқ равобити хубу ҳасана барқарор намуда, бо доштани ҳамкориҳои муштарак дар бахшҳои гуногун иқтидори фаровони табиӣ ва ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳон нақши стратегӣ мебозанд.

Ҳамин тавр, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон 2 феврали соли 1992, Тоҷикистону Покистон 6 июни 1992 ва Тоҷикистону Ҳиндустон Тоҷикистон 28 августи соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, сафирону сафоратхонаҳо миёни ин кишварҳо ба фаъолият оғоз карданд. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон кафедраи забони ҷопонӣ, курсҳои махсуси забони ҷопонӣ таъсис дода шуданд.

Тибқи маълумот Ҷопон ҳамчун як қудрати бузурги иқтисодӣ дар ҷаҳон буда, чорумин содиркунанда ва шашумин воридкунанда дар ҷаҳон мебошад. Ҷопон кишвари пешрафта ва дорои сатҳи зиндагии хеле баланд буда, аз зиёдтарин давомнокии умр ва пасттарин сатҳи фавти кӯдакон мебошад.

Асосу аслияти муҳим дар муносибатҳои дуҷониба ин боздидҳои корӣ ва расмии роҳбарону намояндагони гуногун ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои Ҷопону Покистону Ҳиндустону Чин ташкил медиҳад, ки натиҷаи сафарҳо ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибҳо такони тоза мебахшад.

Бояд зикр кард, ки санаи 18 декабр соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ - Ҷопон» ба шаҳри Токиои Ҷопон сафар карданд, ки барои рушди муносиботи дӯстона, ҳамкориҳои мутақобилан судбахш ва таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ такони ҷиддӣ бахшида, ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо кумак мерасонад. Зимни мулоқот вазъи кунунии равобити дуҷониба дар самтҳои гуногун, инчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду мамлакат дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» низ муҳокима мегарданд.

Бояд қайд намуд, ки то имрӯз се даври машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардидаанд. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро зиёда аз 65 созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар чаҳорчӯби СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ ҳамкорӣ менамоянд. Ҳар ду кишвар дар бисёр масъалаҳои муҳими байналмилаливу минтақавӣ мавқеи яксон ё наздик дошта, ташаббусу номзадиҳои якдигарро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Дар самти ҳамкориҳои бисёрҷониба метавон нақши ба Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» - ро муҳим шуморид, ки сифати пули иртиботии минтақавӣ аз соли 2004 инҷониб амал мекунад. Санаи 24 декабри 2022 дар Токио нишасти 9-ми вазирони корҳои хориҷии “Муколамаи Осиёи Марказӣ+Ҷопон" доир шуда, масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷопон, 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин зимина, таҳкиму тавсеаи робитаро миёни ин ду кишвар фаъолияти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) ташкил медиҳад, ки аз соли 2006 дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳм мегузорад.

Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ-Ҷопон» кишварҳои узви Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, ки масъалаи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои мухталифро мавриди муҳокима қарор мегирад. Инчунин, лоиҳаҳои мухталиф, аз ҷумла инкишофи соҳаи кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, технология ва зеҳни сунъӣ ё ҳушмандро баррасӣ намуда, ҳамкориҳоро вусъат мебахшанд.

Ёдрас бояд шуд, ки лоиҳаи JICA-и Ҷопон ҳамкориҳои техникии худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз соли 1993 бо даъвати хизматчиёни давлатӣ бо мақсади таҳсил дар Ҷопон ва аз худ намудани таҷриба доир ба рушди идоракунии давлат ва рушди соҳаи макроиқтисодӣ оғоз намуда, беш аз 35 лоиҳаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) бо маблағи беш аз 349, 6 млн. доллари ИМА роҳандозӣ шудааст. Бояд зикр кард, ки лоиҳаи JICA ғайр аз Тоҷикистон бо кишварҳои дигари минтақаи Осиё аз ҷумла Ҳиндустону Покистон низ ҳамкорӣ дошта, барои рафъи камбизоатӣ, пешбурди сармоягузорӣ ва инчунин рушди инфрасохтор собиқаи беш аз 60 сола дорад. Он дар таҳкими шабакаҳои илмӣ-саноатӣ ва лоиҳаҳои муштараки Ҷопону Ҳиндустон дар Африқо дар доираи "Озод ва кушодаи Уқёнуси Ором" мусоидат мекунанд. Ҳамин тариқ, лоиҳаи JICA-и Ҷопон дар се самти асосӣ ба кишвари Покистон низ кӯмак мерасонад, ки шомили таъмини амнияти инсонӣ ва суботи иҷтимоӣ тавассути сармоягузории сармояи инсонӣ ва тавсеаи хадамоти иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати баланди рушди иқтисодӣ тавассути беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва барқарории сулҳ ва субот мебошанд.

Бо чунин арзишу муҳимиятҳо ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ҷопон дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла илму маориф тибқи нақша аз соли 1993 рушд ёфта, беш аз 2500 кормандони соҳавии Тоҷикистон дар давраҳои омӯзишӣ дар Ҷопон иштирок кардаанд. Лоиҳаи “Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (JDS) дар омодасозии мутахассисон дар соҳаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисод ва менеҷмент аз соли 2009 роҳандозӣ шудааст, ки ба рушди маҳоратҳои гуноногуни мутахасиссон кумак мерасонад.

Робитаҳо миёни Тоҷикистону кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба хусус Ҷопон хело хуб роҳандозӣ шуда, тавсеа ёфтааст, ки беҳтарин мисоли онро дар сафари судманди кории президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Ҷопон метавон мушоҳида кард.

Мавриди зикр аст, ки санаи 02.12.2024 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Токиои Ҷопон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахт бо президенти Агентии байналмилалии Ҷопон (JICA) Акиҳико Танака мулоқот анҷом дод. Тибқи санадҳои расмӣ ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои илмию таҳқиқотии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии Ҷопон (JICA) мавриди баррасӣ қарор дода, ибрози андеша намуданд. Қобили қайд аст, ки Агентии байналмилалии Ҷопон (JICA) дар дастгирии рушди устувори Тоҷикистон нақши муҳим дошта, аз замони барқарории равобити дипломатӣ лоиҳаҳоро дар бахшҳои калидӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва идоракунии захираҳои табиӣ амалӣ месозад. Аз ин лиҳоз, пешрафту пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ, интиқоли технология ва дастовардҳои илмиро бе дастгирии иҷтимоии олимон, бахусус муҳаққиқони ҷавон тасаввур кардан ғайриимкон буда, дастгирии иҷтимоии олимон муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар ҳошияи сафари корӣ ба Донишгоҳи Васедаи Ҷопон бо декани факултети муҳандисии донишгоҳ Йонеда ва профессор Ямамото Томоюки мулоқоти судманд анҷом ёфта, заминаҳо барои олимони Донишгоҳи Васеда ва олимони Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баҳри таҳқиқотҳои муштарак байни ҳам роҳандозӣ шуданд.

Дар доираи сафари худ ба Ҷопон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва ноиби президенти Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) Моримото Шигео мулоқоти судманд дошта, масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши илм ва технология, таҳқиқоти муштарак ва дастгирии олимони ҷавон, иштироки фаъолонаи Агентии илм ва технология дар татбиқи барномаи SATREPS (Шарикии таҳқиқоти илмӣ ва технология барои рушди устувор) мавриди баррасӣ қарор дода, мубодилаи академиро миёни донишгоҳҳои Ҷопон ва Тоҷикистон тавассути стипендия ва грантҳо дастгирӣ намуда, ҳамкориҳоро бо олимони тоҷик роҳандозӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки аз замони фаъолияти Агентии байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди дарозмуддат ва ҳалли мушкилоти асосии иҷтимоиву иқтисодӣ саҳм гузошта, бо шарофату ҳимояи он кишвар ба фанновариҳо ва донишҳои пешрафта дастрасӣ пайдо карда истодааст, ки ба таҳкими равобити дуҷониба ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат мекунад.

Кишвари Ҷопон дар тарҳу лоиҳаҳои хурду бузург дар доираи кумакҳои грантӣ ва техникӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои грантии бозсозии роҳҳои автомобилгарди Дӯстӣ-Панҷи Поён, Бохтар-Дӯстӣ, сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва қитъаи роҳи Қизилқалъа-Бохтари шоҳроҳи Душанбе-Бохтар роҳандозӣ шуда, ин кишвар барои беҳбудии системаи оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ пайваста саҳм мегузорад. Ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика батадриҷ ривоҷ ёфтанд, ки истифодадиҳии лоиҳаи «Беҳтар кардани вазъи зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» намунаи беҳтарин он мебошад.

Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон дар доираи форуму созмонҳои гуногун, бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла Покистону Ҳиндустон ва Ҷопон ҳамкориҳои ҳасана дорад. Кишварҳо ҷиҳати таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ, ҳифзи арзишҳои муштараки миллӣ, ҳамкориҳои боварибахши дуҷониба ва бисёрҷониба, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, гардишу қочоқи маводи мухаддир, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҳифзи суботи минтақавӣ, нигаҳдошти сулҳ ва амният дар минтақа ҳамкорӣ дошта, тадбиру чораҳоро барои баррасии масоили мубрами минтақаи Осиё хусусан, пешгири таҳдиду хатарҳо, хушунат, ҷангу ҷидолу ноадолатиҳои иҷтимоӣ дар минтақа меандешанд.

Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки қитъаи Осиё дорои манбаи фаровони табии, илму фарҳанг, миллату халқиятҳои гуногун буда, дар доираи форуму созмонҳо, аз ҷумла СММ, СҲШ, АСЕАН, МҲТБО ва доиҳаҳову барномаҳо ба хусус JICA (Ҷопону Тоҷикистон ва Осиёи Шарқӣ) CASA 1000 (Тоҷикистону Покистон ва Осиёи Ҷанубӣ) ба ҳамгироии кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.

Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон заминаи хубро дар муколимаи кишварҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон фароҳам оварда, барои рушди иқтисод ва саноат, илму маориф ва такмили касб ва дониши наслҳои ҷавон бо истифодаи дуруст аз технологияи муосир кумак хоҳад расонд.

Мирсаид Раҳмонов, ходими калони илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо рӯҳи баланд, эҳсоси амиқи миллӣ ва муҳаббати самимӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ироа гардид. Ин Паём на танҳо баррасии вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дурнамои рушди он мепардозад, балки ҳамчун ҳуҷҷати фалсафию ҳувиятсоз таъкиди вижае бар ҳифзи мероси фарҳангӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти наслҳо дар назди таърих дорад.

Дар ҷаҳони муосир, ки саршор аз даргириҳои геосиёсию танишҳои фарҳангист, ҳифзу тарғиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ на танҳо вазифаи ахлоқӣ, балки ба ниёзи ҳаётӣ барои бақову пойдорӣ табдил мешавад. Баъзе кишварҳо талош мекунанд мероси таърихию фарҳангии дигар миллатҳоро таҳриф намоянд ё онро мутааллиқ ба худ бидонанд. Дар чунин шароит, ҳифозат аз ҳувияти миллӣ ҳам барои давлат ва ҳам барои мардуми он бисёр муҳим мешавад.

Мардуми тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ ҳамчун миллати тамаддунсоз шинохта шудааст. Ҳанӯз аз даврони қадим ниёгони бузурги мо ормонҳои наҷиби ориёиро, ки дар се арзиши ҷовидонае чун пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек инъикос ёфтааст, таҷассум кардаанд. Ин арзишҳо танҳо шиори ахлоқӣ нестанд, балки пояи тафаккури миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги зиндагии тоҷикон ба шумор мераванд..

Бесабаб нест, ки Роҳбари давлат дар Паёми худ ба ин асли бунёдии тамаддуни миллӣ ишора намуда, таъкид карданд, ки ҷомеаи солим, давлатдории устувор ва рушди босубот танҳо дар заминаи андешаи солим, сухани масъулона ва амали созанда шакл мегирад. Имрӯз, дар ҷаҳони пур аз чолишу бархӯрдҳои тамаддунӣ, маҳз ҳамин арзишҳои асил метавонанд ҷомеаро аз парокандагӣ, бегонапарастӣ ва гум кардани худшиносӣ муҳофизат намоянд.

Пешвои миллат бо дарки амиқи рисолати таърихии миллат, таъкидан, фармуданд: «Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад».

Ин суханон на танҳо як андешаи сиёсӣ, балки ҳушдор ва даъват ба бедорӣ мебошанд.

Ҷавонон ояндаи миллатанд. Агар дар зеҳну қалби онҳо ҳисси баланди худшиносии миллӣ ташаккул наёбад, ҷомеа тадриҷан решаҳои маънавии худро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, огоҳ намудани насли наврас аз таърих, фарҳанг ва тамаддуни қадимаи миллат вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа, махсусан зиёиён ва бузургсолон мебошад. Танҳо тавассути баланд бардоштани сатҳи илму дониш, маърифат ва андешаи илмӣ метавон рӯҳи миллӣ ва неруи фарҳангии ҷавононро тақвият бахшид.

Иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар, ҷумла тақсими китоби «Таърихи тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» - ҳамчун сиёсати ҳадафмандона ба бедории зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа, бахусус ҷавонон, равона шудаанд.

Паёми имсолаи Президенти кишвар илму маорифро ҳамчун сутуни асосии ҳифзи тамаддун ва идомаи фарҳанги миллӣ ва пешрафти чомеа муаррифӣ мекунад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ояндаи давлату миллат бевосита ба ташаккули насли босавод, соҳибкасб, соҳибмаърифат, дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва дур аз таассубу хурофот вобаста аст. Илм на танҳо воситаи пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, балки неруи маънавиест, ки миллатро аз фаромӯш кардани арзишҳои таърихӣ ва аз суст шудани пояҳои фарҳангӣ ҳифз мекунад. Маҳз тавассути илм ҷомеа метавонад мероси ниёгони хешро бишносад, онро ҳифз намояд ва ба наслҳои оянда ба шакли шоиста интиқол диҳад.

Дар воқеъ, илму таълим, маънавиёт ва ҳифзи фарҳанг бояд ҳамоҳанг ва дар канори ҳам бошанд, зеро маҳз ҳамин ҳамоҳангист, ки ҷомеаро бедор мекунад ва пояи устуворе бар худшиносии миллӣ месозад.

Аз соли 2000 то ба имрӯз Паёми Роҳбари давлат ҳар сол ба Маҷлиси Олӣ ироа мешавад, аммо дар солҳои охир ба далели вазъияти кунунии ҷаҳон ин Паёмҳо бо дарки масъулияти бештар баён гардидаанд.

Суоли муҳиме дар андешаи кас пайдо мешавад: агарчи Паёми имсоларо бахши зиёде аз ҷомеа шуниданд, то чӣ андоза онро дарк кардаанд? То кадом ҳад ҳар шаҳрванди бедорфикр ҳар сухани Пешвои миллатро бо ҳисси баланди миллӣ дарк кард ва пазируфт? Зеро ҳар ҷумлаи Паём бо масъулияти таърихӣ ва садоқат ба сарнавишти миллат садо медод. Агар ҳар фарди ҷомеа Паёмро на танҳо бишнавад, балки бо дилу ҷон дарк намояд ва агар бедории ҳисси миллӣ бо босавод гардидани насли нав ҳамқадам шавад, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз қавитару устувортар шуда, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳамачонибаро таъмин хоҳад кард.

Мо метавонем бори дигар даврони наверо дар таърихи тамаддуни башарӣ оғоз намоем, боз метавонем шаҳрсозони бузург, мутафаккирон ва нобиғаҳои наве чун Сино, Рӯдакӣ ва Фирдавсии дигарро ба ҷаҳониён ошно кунем. Зеро Пешвои миллат имрӯз на танҳо раҳбари сиёсӣ, балки идомадиҳандаи рисолати давлатдории Исмоили Сомонӣ буда, чун намоде аз адолату хирад буда, ҷойнишини Куруши Кабир ва Анӯшервони Одил дар замони муосир мебошанд.

Маҷид Гулаёзов, ҳамдиректори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)

12ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд. Доир ба ин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода чунин ибрози назар намуд:

— Шинохти миллат ва эътирофу эътимоди он ҳамчун этнос аз сатҳи муаррифии таъриху тамаддуни аҷдодиаш маншаъ мегирад. Акнун дар замони гуфтугӯ ва бархурди тамаддунҳо ҳамон миллате ҷойгоҳашро устувору давлатдориашро таҳким мебахшад, ки худ арҷгузор ба таъриху тамаддунаш бошад. Имрӯз ба таври ошкоро аз худ кардани арзишҳои таърихии халқҳои алоҳида ба таври барҷаста ба назар мерасад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки баъзе халқҳо кӯшиши аз худ кардан ва ё ба қавле рабудани беҳтарин арзишҳои маданияти моддӣ ва маънавии тоҷиконро доранд. Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки мо қишри зиёии ҷомеа ин арзишҳоро ҳифз намуда, барои ба таври шоиста муаррифӣ намудани онҳо барои ҷаҳониён ва таҳкими асолати миллии насли наврас талош намоем.

Бояд гуфт, ки дар замони истиқлоли давлатӣ аз ҳама беҳтару хубтар дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар талош мекунанд. Сарвари давлати мо ҳамчун сиёсатмадори дурандешу хирдаманд ва арҷгузор ба арзишҳои таърихии миллат тавонистанд дар муддати кутоҳ чораҳо ва ташаббусҳои зиёду мондагореро дар амал татбиқ намоянд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли равон дар радифи инъикоси дигар дастовардҳо, бори дигар шаҳодат аз кӯшишҳо барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таърихи ниёгони тоҷикон медиҳад. Дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон масъалаҳои марбут ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, махсусан шинохти таърихи миллат ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани он ба насли наврасу ҷавон ва ҷаҳониён қарор гирифтааст.

Дар Паём Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «… бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад».

Дар ин робита, таъкид гардид, ки соли 2025 бо саъйю талошҳои ҷумҳурии мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Сарвари давлат дастур доданд, ки бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг барои ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Яке аз нуктаҳои меҳварии масъалаи муаррифӣ ва шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз мебошад. Дар робита ба ин Академияи миллии илмҳо ва дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ вазифадор карда шуданд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи ин марказҳоро дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар маркази Тоҷикистон шаҳри Душанбе рамзӣ буда, гувоҳи меросбари асили тамаддуни ориёӣ маҳсуб ёфтани мо тоҷикон мебошад. Ташкили ин марказҳо имкон медиҳад, ки бори дигар ва ба таври шоиста миллати тоҷик ҳамчун меросбари ягонаи тамаддуни ориёӣ дар минтақа муаррифӣ шавад. Ин ташаббуси Пешвои арҷгузори миллати тоҷик имкон медиҳад, ки дар муддати кутоҳтарин садди роҳи аз худ намудани арзишҳои тамаддуни ниёгонамон аз ҷониби бегонагон шавем. Тавассути ташкили ин марказҳо мо беҳтарин арзишҳо, суннатҳо ва чеҳраҳои мондагори худро, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамто надоранд, ҳифз менамоем. Ин марказҳо як навъ муҳаққиқону донишмандоро барои ба таври бисёр шоиста анҷом додани пажуҳишҳо дар самти таҳқиқи таърихи тамаддуни ниёгон ва муаррифии он муттаҳид менамояд. Махсусан, муҳаққиқону донишмандони Академияи миллии илмҳоро зарур аст, ки дар робита ба ин дастури Пешвои миллат дар заминаи пажуҳишҳои илмӣ асарҳои бунёдӣ таълиф намоянд, то махзани ин марказҳоро боз ҳам ғанӣ гардонад.

Бояд гуфт, ки ташкил ва ба истифода додани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки минбаъд таваҷҷуҳи муҳаққиқону муаррихон ба таърихи беш аз 6 ҳазорсолаи халқи тоҷик афзояд. Ҳарчанд марҳалаҳои таърихи халқи тоҷик аз ҷониби муҳаққиқони зиёди хориҷӣ мавриди таҳқиқот қарор гирифта бошад ҳам, вале аксари осори онҳо ба манфиатҳои миллии мо созгор нест. Ҳадафи меҳварии ин дастури Сарвари давлат агар аз як ҷониб муаррифии тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар ва меросбари аслии ориёиҳо бошад, аз ҷониби дигар ҳарчи бештар фарогир кардани таҳқиқоту пажуҳиҳои илмӣ дар робита ба таърихи тамаддуни ориёиҳо ва унсурҳои он, махсусан Наврӯз мебошад. Имрӯз зарур аст, ки дар ҳошияи ин ташаббус ва дастури Президенти ҷумҳурӣ ба пажуҳандагони ҷавони таърихи миллат мавзуъҳоеро пешниҳод намоем, ки бештар ба масъалаҳои меҳварии таърихи аҳди бостон ва асрҳои миёнаи халқи тоҷик равона шуда бошанд.

Бояд таъкид ва хотирнишон сохт, ки то ин давра барои шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асарҳои гаронқимат таълиф гардиданд. Махсусан, осори бунёдие монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» навишта шуд, ки масъалаҳои меҳварии таърихи тамаддуни ориёӣ дар он баррасӣ мешавад.

Президенти мамлакат бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияти таъсири таърихи аҳди бостон ва асрҳои миёна дар сарнавишти ниёкони мо ба омӯзишу баррасии ин марҳалаи таърихӣ рӯ оварданд. Махсусан, баррасии масоили таърихи ақвоми ориёӣ дар Осиёи Марказӣ, монанди хостгоҳ, асли баромад ва таркиби этникӣ, муҳоҷирати ориёиҳо, шуғл, қаламрави сукунат, меросбарони ориёиҳо, умумият ва тафовути зисти қавмҳои ориёӣ бар асоси таҳқиқоти бостоншиносӣ, мадорики забоншиносӣ, ҳамчунин ҷойгоҳи ориёиҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ, таҳлилу баррасии эътиқод ва оинҳои динии ориёиҳо ба монандӣ меҳрпарастӣ ва зурвония, таъсири ин афкор дар дигар минтақаҳо, муштаракоти адёни бостонии ориёиҳо бо мардумони ҳамсоя, таъсири дину оини ориёиҳо бар афкори дигар ақвом.

Дар осори Пешвои миллат раванди зуҳур ва таҳкими оини давлатдории ориёиҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Дар радифи дигар марҳалаҳои давлатдории ниёкони тоҷикон доир ба империяҳои ҷаҳонии ориёиҳо – Ҳахоманишиён, Ашкониён, Кушониён ва Сосониён таваҷҷуҳ ба мавқеъ ва нақши онҳо дар тамаддуни башарӣ андешаҳои худро баён намудаанд. Пешвои миллат дар асоси манобеи таърихӣ доир ба шаҷараи Сосониёну Ҳайтолиён, мансубияти онҳо ба ориёиҳо, низоми давлатдорӣ, фарҳангу тамаддун, ҳудуди ҷуғрофӣ, сиёсати хориҷӣ маълумоти арзишманд пешниҳод намудаанд. Махсусан, масъалаи асли баромади Ҳайтолиён, ки хеле вақт инҷониб баҳснок аст, дар осорашон бо далелҳои муътамад шарҳу тавзеҳ ёфтааст.

Маълум аст, ки яке аз марҳалаҳои сарнавшитсози таърихи ниёкони тоҷик ба давраи истилои забткоронаи араб ва паҳншавии дини ислом рост меояд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои сиёсати забткоронаи арабҳо ва паҳншавии ислом дар сарзаминҳои паҳновари Хуросони Бузург паёмади онро дар шароити зуҳури ҳаракатҳои озодихоҳона дар минтақа барои мардуми мо хеле барҷаста арзёбӣ менамоянд. Ҳамчунин дар ин осор нақш ва корномаи хонадонҳои маҳаллии Хуросони Бузург, монанди Бармакиён, Саҳлиён ва Ковусиён дар пешрафти ҳаракати истиқлолхоҳии ниёкони мо инъикос гардидааст.

Бо чанд нукта собит шудааст, ки маҳз ба василаи корномаи намояндагони сулолаҳои маҳаллии Хуросони Бузург, монанди Тоҳириёну Саффориён дар муқобили сиёсати халифаҳои Аббосӣ барои ташаккули халқи тоҷик ва истиқлоли миллӣ замина фароҳам гардид. Агар Бармакиёну Саҳлиён дар масири истиқлоли фикрӣ гом бардоштанд, пас Тоҳир ибни Ҳусайн ва Яъқуб ибни Лайс барои татбиқи ин ҳадаф дар Хуросони Бузург қадамҳои устувор гузоштаанд.

Дар радифи таълифи осори таърихӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи арзишҳои тамаддуни ориёӣ ва дар ин замина муаррифии тоҷикон ба унвони халқи тамаддунофар дар арсаи ҷаҳонӣ корҳои зиёд анҷом доданд. Махсусан, эълони Соли бузургдошти фарҳанги ориёӣ (2003), Соли тамаддуни ориёӣ (2006), мавқеи ҷаҳонӣ касб кардани Наврӯз, эҳёи ҷашнҳои Сада, Меҳргон, Тиргон ва ҷашни 5500 — солагии шаҳри бостонии Саразм ва сабти он дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти 1310 солагии Абуҳанифа Имоми Аъзам ва ғайра аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар роҳи муаррифии таъриху тамаддуни мардуми тоҷик аст. Ин ҷашнҳо миллати тоҷикро бо дарки амиқи ҳақиқати гузашта, дар вазъияти таҳаввулоти ихтилофбарангези замон метавонад мардумро дар бистари худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳамбастагии миллӣ нигоҳ дорад.

Ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе идомаи ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими эътимоду эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар мебошад.

Ин марказҳо саҳми тоҷиконро дар ташаккул ва рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳон ба таври шоиста инъикос намуда, таваҷҷуҳи миллионҳо ҳаводорони таъриху тамаддуни моро ҷалб менамояд. Акнун моро зарур аст, ки барои дар амал татбиқшавии ин ташаббус неруи зеҳнии худро самаранок ва шоиста ба кор барем, то наслҳои ояндаи мо аз тоҷик будани худ шарафманду сарбаланд бошанд.

(Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҷопон»)

Таҳқиқи раванди ҳамгироӣ, аз ҷумла ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ, бо арзи вуҷуд кардани ин раванд дар давраи пасошуравӣ оғоз ёфт. Теъдоди зиёди корҳои илмӣ бахшида ба ҳамгироӣ, аз ҷумла доир ба ҳамгироии аврупоӣ ва авруосиёӣ, аз миқёси фарох ва аҳаммияти бузурги масъалаи баррасишаванда дарак медиҳад.

Дар оғози асри XXI ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонишавӣ ҷузъи таркибии рушди кишварҳо дар паҳнои тамоми ҷаҳон гардид. Имрӯз дарвоқеъ, олам вобаста ба навъу ҳадафҳои мухталифи минтақавӣ аз иттиҳодҳои гуногун иборат аст. Тибқи пешгӯии бисёр таҳлилгарон ва бо назардошти таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо, ҳамгироии минтақавӣ модели беҳтарини имконпазири мавҷудият дар ҷаҳони муосир мебошад.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳайси субъекти мустақили геосиёсӣ рушд меёбад. Ба сабаби доро будани минтақа ба сарватҳои ғанӣ ва захираҳои азими энергетикию обӣ минтақа дар маркази таваҷҷуҳи давлатҳои абарқудрати ҷаҳон қарор дорад. Кишварҳои минтақа роҳҳои рушд ва раҳоӣ аз буҳрони тӯлониро ҷустуҷӯю интихоб мекунанд, ки яке аз онҳо ҳамгироӣ мебошад.

Шакли C5+1 як шакли муносибатҳои бисёрҷониба бо мақсади густариши ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои гуногун мебошад. Дар нишастҳои С5+1 масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодии кишварҳои минтақа, ҳифзи муҳити зист, таъмини амният ва суботи минтақа баррасӣ мешаванд. Ҳамкории эҳтимолии минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шарикони беруна: шаклҳои ИА+5, ИМА+5, Ҷопон+5, Кореяи Ҷанубӣ+5, Русия+5 мавҷуданд.

Соли 2004 Ҷопон ташаббуси шакли нави ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ – Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон”-ро бо ҳадафи мусоидат ба ҳалли муштараки мушкилоти муштараки минтақавӣ ва пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз кард. Яке аз ҳадафҳои асосии ҳамкориҳои Ҷопон дар доираи Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” таҳкими робитаи ин минтақа бо минтақаҳои иқтисодии берунӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ тавассути фароҳам овардани “бозори минтақавӣ” барои ҳама аст.

Дар доираи Муколамаи мазкур якчанд шаклҳои ҳамкорӣ таҳия шуданд: “Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ”, ки ҳар ду сол як маротиба баргузор мешавад, “Ҷаласаи мансабдорони баландпоя”, “Муколамаи зеҳнӣ”, “Ҷаласаҳои коршиносон” ва “Мубодилаи байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ”. Шакли мазкур то ҳол аҳаммияти хос дошта, моҳи декабри соли 2022 вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Токио бо ҳамтоёни ҷопониашон мулоқот карданд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷопон ба кишварҳои минтақа дар доираи Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) ҳамкории фаъолро ба роҳ мондааст. Инчунин, бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили UNDP (пешгирии офатҳои табиӣ) ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) амалӣ карда мешаванд. Ҷопон якҷоя бо Иттиҳоди Аврупо дар Конфронси идоракунии сарҳад иштирок мекунад, мунтазам дар конфронсҳои Ташаббуси амнияти сарҳадии Осиёи Марказӣ (CABSI) иштирок намуда, дар Институти пешгирии ҷинояткорӣ ва назорати ҷинояткорон дар Осиё ва Шарқи Дури Созмони Милали Муттаҳид (UNAFEI) таҷрибаомӯзӣ мегузаронад. Инчунин, Барномаи амалиёти коҳиши талабот ба маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (барномаи FAST)-ро дастгирӣ мекунад.

Бояд қайд намуд, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли минтақавии “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” муҳим арзёбӣ мегардад. Инчунин, баланд бардоштани ин муколама ба сатҳи саммити сарони давлатҳо нишон медиҳад, ки ҷонибҳо барои додани нақши стратегӣ ба ҳамкорӣ хоҳиши худро доранд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шакли ҳамкорӣ имконияти наверо барои пешбурди афзалиятҳои миллии худ дар заминаи фаррохтари минтақавӣ фароҳам меорад. Масъалаҳои амнияти об, устувории энергетикӣ, мутобиқшавӣ ба иқлим ва рушди долонҳои нақлиётӣ, ки талошҳои ҳамоҳангшударо дар сатҳи минтақа талаб мекунанд, Ҷопон омодагии худро барои хидмат ҳамчун шарики созанда нишон додааст.

Дар нишасти мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт:

Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, ки шарики муҳим маҳсуб меёбад, имкон медиҳад, ки ҳамкории минбаъдаи худро тасдиқ кунанд ва муносибатҳои мутақобилан судмандро тақвият диҳанд;

Вазорати иқтисод, тиҷорат ва саноати Ҷопон Форуми тиҷоратии “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон”-ро ташкил хоҳад кард;

Сарвазир Такайчи бо президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқотҳои дуҷониба баргузор мекунад, то масъалаҳои тақвияти муносибатҳои дуҷониба, рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро баррасӣ кунанд.

Маврид ба қайд аст, ки равиши ҳамкориҳои Ҷопон ба Осиёи Марказӣ ба рушди мустақилонаи минтақа тавсиф мешавад. Токио пайваста эҳтиром ба соҳибихтиёрии кишварҳои минтақа ва ҳуқуқи онҳоро барои муайян кардани мустақилонаи афзалиятҳои рушд таъкид мекунад. Барои Тоҷикистон, ки сиёсати хориҷии бисёрсамтаро дастгирӣ мекунад, ин равиш махсусан қобили қабул аст. Иштирок дар шакли C5+1 ба Душанбе имкон медиҳад, ки муносибатҳои дуҷонибаро бо Ҷопон рушд диҳад.

Ҳамин тариқ, C5+1 – як шакли муносибатҳои бисёрҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказиро мавриди омӯзиш қарор дода, ба чунин натиҷагирӣ расидем:

ташаббуси C5+1 ҳамчун воситаи тақвияти ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва муттаҳиди байналмилалии онҳо ҳамчун шакли нави бисёрҷониба тасниф карда мешаванд;

ташаббуси C5+1 суботи минтақавиро дастгирӣ мекунад, ки ба рушди иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард;

аҳаммияти геосиёсӣ ва геоиқтисодии Осиёи Марказӣ бо пайдоиши равишҳои нав барои муколама байни субъектҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ афзоиш меёбад;

иштироки сарвари давлат дар ин нишаст ва баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи сатҳи баланд шароитро барои созишномаҳои нав ва муайян кардани афзалиятҳои миёнамуддат ва дарозмуддат фароҳам меорад;

барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин на танҳо имкониятест барои тасдиқи манфиатдории худ ба густариши ҳамкорӣ, инчунин барои муайян кардани самтҳое, ки таҷриба ва сармоягузории Ҷопон метавонад таъсири бештар расонад;

сафари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввалин нишасти C5+1 марҳилаи сифатан навро дар рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон нишон медиҳад;

барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин на танҳо имконияти тақвияти мавқеи худ дар саҳнаи байналмилалӣ, балки имконияти суръат бахшидан ба ислоҳоти дохилӣ бо истифода аз таҷриба ва имкониятҳои яке аз кишварҳои пешбари ҷаҳон мебошад.

Раҳмонзода Азимҷон

ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

номзади илмҳои таърих

(Таҳлили вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Токио)

Дар рӯзҳои 18-20 декабри соли 2025 шаҳри Токиои Ҷопон мизбони аввалин Ҳамоиши сарони давлатҳо дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» мегардад. Ин чорабинӣ, ки баъд аз 20 соли фаъолияти қолаб дар сатҳи вазирон ва коршиносон баргузор шуд, марҳилаи нави ҳамкориҳои минтақавиро ифтитоҳ намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷопон 18 декабри соли 2025 ташриф оварда, дар арафаи ин як қатор вохӯриҳои дуҷониба анҷом доданд. Ин сафар на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегӣ дошта, имкониятҳои навро барои ҷалби сармоя, технологияҳо ва ҳамкории иқтисодӣ боз менамояд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон бо як қатор вохӯриҳои муҳим ҳамроҳ буд, ки ҳар кадоме дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба саҳми калон мегузоранд:

1. Вохӯрӣ бо Раиси Гурӯҳи байнипарумониии дӯстӣ ва ҳамкории «Тоҷикистон – Ҷопон» Кейҷи Фуруя (19 декабр). Дар ин мулоқот саҳми дипломатияи парлумонӣ дар густариши ҳамкориҳо таъкид шуд. Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои технологияи иттилотӣ, технопаркҳо, стартапҳо ва омода кардани мутахассисон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ин вохӯрӣ аҳамияти байнипарлумониро ҳамчун механизми муассири ҳуқуқии таҳкими муносибатҳо нишон медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкории «Тоҷикистон-Ҷопон» як механизми муҳими дипломатияи парлумонӣ аст, ки барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Парламенти Миллии Ҷопон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат мерасонад. Ин гурӯҳ дар чаҳорчӯби муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, ки аз 2 феврали соли 1992 оғоз ёфтааст, фаъолият мекунад. Гурӯҳ дар Парламенти Миллии Ҷопон солҳои зиёд вуҷуд дорад, аммо аъзоҳои нави он дар аввали соли 2018 ташкил шудаанд. Ин навсозӣ пас аз интихоботҳои парлумонӣ дар Ҷопон сурат гирифт ва ҳадафи он тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ буд. Аввалин вохӯрии расмии гурӯҳ дар соли 2019 баргузор шудааст, ки ин марҳилаи фаъолшавии онро нишон медиҳад. Аз тарафи Тоҷикистон гурӯҳ дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол аст. Ин муносибатҳо дар чаҳорчӯби дипломатияи парлумонӣ аз солҳои 2010-ум фаъолтар шудаанд, аммо таъсиси расмии гурӯҳҳои дӯстӣ ба солҳои 2018-2019 рост меояд. Нақши гурӯҳ дар таҳкими муносибатҳо пас аз таъсиси Сафорати Ҷопон дар Душанбе (соли 2002) ва сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои парлумонӣ афзоиш ёфт. Масалан, дар соли 2018 сафири Тоҷикистон дар Ҷопон бо раҳбарияти гурӯҳ вохӯрд ва интихоби навро табрик кард. Гурӯҳ асосан дар тарафи Ҷопон ташкил шудааст ва ҳамчун лигаи парлумонӣ фаъолият мекунад. Аъзоҳо асосан аз парлумонҳои ду кишвар иборатанд ва ҳадафи онҳо пешбурди муколамаи байнипарлумонӣ аст. Гурӯҳ ҳамчун василаи ғайрирасмӣ барои муҳокимаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ хидмат мекунад. Гурӯҳ нақши калидӣ дар густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷопон мебозад, хусусан дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ. Соли 2018 вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе баргузор гардида, дар он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд. Соли 2019 аввалин вохӯрии расмӣ, ки ба масъалаҳои амният ва рушди муштарак бахшида шуда буд, баргузор гардид. Соли 2024-2025 вохӯриҳо бо сафирони Тоҷикистон дар Ҷопон иштирок дар EXPO-2025 дар Осака ва конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе гузаронида шудаанд. Гурӯҳ ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод (ҷалби сармояи Ҷопон), иҷтимоӣ (тандурустӣ, маориф), сайёҳӣ, технологияҳои нав (технологияи иттилотӣ, технопаркҳо) ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ мекунад. Он ҳамчун василаи муҳим барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар чаҳорчӯби кӯмакҳои расмии рушди Ҷопон (ODA) шинохта шудааст. Гурӯҳ дар пешбурди дипломатияи парлумонӣ кӯмак мерасонад, ки ин ба таҳкими муносибатҳои умумӣ байни ду кишвар мусоидат мекунад. Масалан, сафарҳои Кейҷи Фуруя ба Тоҷикистон ва Узбекистон дар ташаккули сиёсати Ҷопон нисбат ба Осиёи Марказӣ нақши муҳим бозидаанд. Ин гурӯҳ қисми низоми васеътари лигаҳои дӯстии парлумонии Ҷопон аст, ки бо кишварҳои гуногун (масалан, Куба, Тайван) ҳамкорӣ мекунад.

2. Вохӯрӣ бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака. ҶАЙКА ҳамчун шарики асосии рушди Тоҷикистон шинохта шуда, лоиҳаҳои муштарак дар энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва маориф баррасӣ гардиданд. Имзои созишномаҳои нави грантӣ ва ҷалби қарзҳои имтиёзноки иенӣ аз натиҷаҳои муҳим буданд. Ин ҳамкорӣ барои татбиқи «технологияҳои сабз» ва энергетикаи барқароршаванда аҳамияти калон дорад.

ҶАЙКА (JICA) — ин Агентии Ҳамкории Байналмилалии Ҷопон ва масъули асосии расонидани кӯмаки расмии рушд барои кишварҳои рӯ ба рушд аст. Он солҳои 1950-ум оғоз ёфта, соли 2003 ҳамчун муассисаи мустақили маъмурӣ ташкил шудааст. Ҳадафҳои фаъолияти он кӯмак ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, пешбурди ҳамкории байналмилалӣ, таъмини амнияти инсонӣ (масалан, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, инфрасохтор) мебошад. Расонидани грантҳо, қарзҳои имтиёзнок, ҳамкории техникӣ, фиристодани ихтиёриён, омӯзиши мутахассисон дар Ҷопон ба самтҳои асосии фаъолияти он дохил мешаванд. ҶАЙКА яке аз калонтарин ташкилотҳои дуҷонибаи кӯмакрасонии рушд бо қароргоҳои худ дар зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон аст. Ҳамкорӣ ҶАЙКА бо Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз шудааст (бо даъвати мутахассисон ба Ҷопон барои омӯзиш дар соҳаҳои идоракунӣ ва иқтисод). Қароргоҳи расмӣ дар Душанбе соли 2006 кушода шуда, зиёда аз 2000 нафар тоҷикон дар Ҷопон ба омӯзиш сафарбар гардиданд. Соҳаҳои асосии фаъолияти он рушди деҳот ва кишоварзӣ (масалан, ҳамкорӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои тухмии картошка ва агробизнес), таъминоти об ва санитария (беҳтаркунии системаҳои обтаъминкунӣ, масалан, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои зиёда аз 50 ҳазор нафар), тандурустӣ (ҳифзи саломатии модар ва кӯдак), нақлиёт (сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо, беҳбуди фурудгоҳи Душанбе), маориф, энергетика ва дигар соҳаҳо. ҶАЙКА волонтёрон (ихтиёриён) ва мутахассисон мефиристад, масалан, барои омӯзонидани забони ҷопонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷиистон.

3. Вохӯриҳо бо намояндагони доираҳои тиҷоратӣ (РОТОБО ва JOGMEC). Дар мулоқотҳо бо Масами Ииҷима ва Ичиро Такаҳара имкониятҳои сармоягузорӣ дар коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ, дорусозӣ, энергетикаи барқароршаванда ва истихроҷи маъданҳо муҳокима шуданд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои нодир ва мавқеи муносиби логистикӣ муаррифӣ гардид.

РОТОБО - Ассотсиатсияи савдо бо Русия ва кишварҳои ИДМ мебошад, ки дар Ҷопон таъсис ёфта, ҳамчун ниҳоди ғайритиҷоратӣ фаъолият мекунад ва ҳадафи асосии он рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни ширкатҳо ва муассисаҳои ҷопон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии РОТОБО мусоидат ба густариши савдо ва сармоягузорӣ байни Ҷопон ва кишварҳои ИДМ, пешниҳоди маълумоти иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва бозор ба ширкатҳои ҷопон; дастгирии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ; таҳкими робитаҳои соҳибкорӣ ва институтсионалӣ. Самтҳои фаъолияти РОТОБО ташкил ва баргузории форумҳо, семинарҳо ва вохӯриҳои тиҷоратӣ, мусоидат ба сафарҳои кории намояндагони ширкатҳо, таҳлили бозорҳо ва омода намудани ҳисоботҳои иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ. РОТОБО ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (аз ҷумла Тоҷикистон) таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар самтҳои инфрасохтор, энергетика, захираҳои табиӣ, рушди бахши хусусӣ ҳамкориро ташвиқ мекунад.

JOGMEC - Созмони Ҷопон оид ба амнияти металлҳо ва энергетика ниҳоди давлатӣ-нимҳукуматии Ҷопон буда, бо мақсади таъмини амнияти энергетикӣ ва захираҳои табиии кишвар фаъолият мекунад. JOGMEC дар натиҷаи муттаҳид шудани чанд сохтор соли 2004 таъсис ёфтааст. Вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии JOGMEC таъмини дастрасии устувори Ҷопон ба захираҳои нафту газ, ангишт ва металлҳои стратегӣ, дастгирии лоиҳаҳои ҷустуҷӯ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва манбаъҳои энергетикӣ, коҳиш додани хавфҳои сармоягузорӣ барои ширкатҳои ҷопонӣ дар хориҷ, нигоҳдории захираҳои стратегии нафту газ, рушди технологияҳои пешрафта дар соҳаҳои энергетика ва маъданкорӣ аст. Самтҳои фаъолияти JOGMEC маблағгузорӣ ва кафолати қарз барои лоиҳаҳои энергетикӣ ва маъданӣ, иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии истихроҷи захираҳо, тадқиқоти геологӣ ва арзёбии захираҳои табиӣ, ҳамкорӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи энергетика мебошад. JOGMEC бо бисёр кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ, Африка ва Амрикои Лотинӣ ҳамкорӣ дошта, ба рушди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои нафту газ, металлҳои нодир ва стратегӣ, энергияи устувор мусоидат менамояд. Аҳамияти JOGMEC барои кишварҳои шарик (аз ҷумла Тоҷикистон) дар ҷалби сармоя ва технологияҳои ҷопон, омӯзиши мутахассисон, рушди соҳаи маъдан ва энергетика тибқи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

4. Вохӯрӣ бо Императори Ҷопон Наруҳито. Ин мулоқоти протоколии олӣ рамзи эҳтироми мутақобила ва таҳкими муносибатҳои дӯстона буд. Дар ҷараёни ин мулоқоти сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷониба таъкид гардида, саҳми Ҷопон дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, бахусус тавассути Кӯмакҳои расмӣ барои рушд (ODA) баланд арзёбӣ шуд, масъалаҳои ҳамкории фарҳангӣ, гуманитарӣ ва таҳкими робитаҳои байни мардумон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Императори Акихито ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни ғании халқи тоҷик таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омодагии ҷониби Ҷопонро ҷиҳати рушди минбаъдаи муносибатҳо иброз доштанд. Муҳтарам Наруҳито Императори кунунии Ҷопон мебошад. Ӯ 1 майи соли 2019 пас аз истеъфои падаронашон — Императори пешини Ҷопон муҳтарам Акихито — ба тахти императорӣ нишаст. Тибқи Конститутсияи Ҷопон Император рамзи давлат ва ваҳдати миллат буда, дар фаъолияти сиёсӣ мустақиман иштирок намекунад. Бо вуҷуди ин, ӯ дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои дӯстона миёни кишварҳо нақши муҳим мебозад. Самтҳои таваҷҷуҳи Император Наруҳито ин масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои об, ҳамкории байналмилалӣ ва сулҳ, рушди фарҳанг ва табодули тамаддунҳо щисобида мешавад. Императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито дар таҳкими равобити дӯстона миёни Ҷопон ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.

5. Вохӯрӣ бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу. Дар ин ҷо дипломатияи парлумонӣ ва ҳамкории иқтисоди рақамӣ, «технологияҳои сабз» ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Парлумони Ҷопон, ки Коккай номида мешавад, аз ду палата иборат аст: 1. Палатаи намояндагон ва 2. Палатаи мушовирон. Палатаи мушовирон қонунҳоро баррасӣ, таҳрир ва тасдиқ мекунад, инчунин ба қонунҳои пешниҳодшуда таваҷҷуҳ менамояд. Вазифаҳо ва ҳуқуқҳои ин палата баррасии қонунҳо ва пешниҳоди тағйиротҳо, назорат бар фаъолияти ҳукумат, тасдиқи номзадҳо ба вазифаҳои муҳими давлатӣ (масалан, муовинони вазирон, баъзе мақомоти судӣ), тавсия додан ва машварат бо палатаи намояндагон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва қонунгузорӣ аст. Палатаи мушовирон бештар ҳамчун палатаи баррасии таҳрирӣ ва машваратӣ амал мекунад. Қонунҳо одатан аввал аз Палатаи намояндагон мегузаранд, баъд ба Палатаи мушовирон меоянд, агар палатаҳо ба қонун мувофиқ набошанд, қарорҳо аксаран бо тасмими палатаи намояндагон ҳал карда мешаванд. Ба таври умум, Палатаи мушовирон ҳамчун ниҳоди баррасии қонунҳо ва машварат дар низоми парлумонии Ҷопон нақши калидӣ дорад, ки ба мувозинат ва назорати ҳукумат мусоидат мекунад.

Ин вохӯриҳо аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ аҳамияти калон доранд, зеро онҳо заминаи ҳуқуқии созишномаҳои нав, ҷалби сармоя ва ҳифзи манфиатҳои миллиро мустаҳкам мекунанд. Дар вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воломақоми Ҷопон самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ - энергетикаи «сабз», технологияҳои рақамӣ, саноат, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ - муайян гардиданд.

Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» соли 2004 таъсис ёфта, то имрӯз ҳамчун платформаи муҳими ҳамкории минтақавӣ фаъолият мекунад. Баргузории аввалин ҳамоиши сатҳи сарони давлатҳо дар Токио нишонаи гузариш аз кӯмакҳои рушдӣ ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд аст. Барои Тоҷикистон ин формат имконият медиҳад, ки захираҳои табиӣ, мавқеи географӣ ва сармояи инсонии худро ҳамчун омилҳои ҷалби сармояи ҷопон пешниҳод кунад.

Вохӯриҳои дуҷонибаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Токио марҳилаи муҳими таҳкими ҳамкориҳои стратегӣ гардиданд. Ин чорабиниҳо имкониятҳои навро барои рушди иқтисодии Тоҷикистон, ҷалби технологияҳои пешрафта ва сармоягузориҳои мустақим боз намуданд. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Токиои Ҷопон барои анҷом додани вохуриҳо бо намояндагони воломақоми Ҷопон ва иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ - Ҷопон» заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои ояндаро мустаҳкам карда, ба таъмини рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мусоидат менамоянд.

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва

Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор