Skip to main content

Ваҳдати миллӣ омили муттаҳидкунандаи миллати тоҷик буда, Тоҷикистонро ба фатҳи қуллаҳои нави тараққиёту пешравии ҳамаҷониба мерасонад. Моҳияти ҳастии дилхоҳ миллатро ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва муттаҳидии сар то сарӣ ташкил дода миллатҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳоро ба пирӯзӣ мерасонад. Ваҳдат ин ҳамоҳангӣ, ҳамкорӣ ва пешрафти миллатҳо буда, мақсади асосиаш ҳимояи тамадунни инсонист. Аз нигоҳи фаҳмиши ваҳдат ин вазъияту ҳолатҳои мавҷудияти ҷомеа, гуруҳҳо, миллатҳо ва давлатҳо буда, дар раванди ваҳдатофарӣ субъектҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси ҳаллу фасли таззодҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳам омада, барои таъмини мавҷудияти худ созишу ҳамкорӣ менамоянд.

Ваҳдат заминаи муҳимми ҳамбастагӣ, дустию рафоқат ва эҳтироми тарафайн байни минтақаҳои Тоҷикистони ягонаро фароҳам овард. Танҳо бо шарофати Ваҳдати миллӣ миллати тоҷик ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, соҳибтамаддун ва дорои фарҳанги бою ғанӣ шинохта эҳтиром карданд. Ваҳдати миллӣ эҳёгари асли фарҳангӣ, маънавӣ ва сиёсии миллати тоҷик мебошад. Маҳз ба шарофат ва зери таъсири Ваҳдати миллӣ худшиносӣ, худогоҳӣ ва ваҳдатсолории миллати тоҷик аз сари нав авҷ гирифт ва дар ин раванд моро ба зинаҳои нисбатан баланди тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ мувоҷеҳ гардонид. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: “Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ман ин суханонро ҳамеша бо ифтихор аз мардуми қаҳрамони тоҷик ба забон меоварам”. Воқеан, муттаҳид шудан атрофи сиёсати созандаю ободкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободию гул – гул шукуфои Ватани азизамон Тоҷикистон ваҳдати воқеъии миллат мебошад.

27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, ки ин созишнома ҳамчун санади тақдирсози миллати тоҷик шинохта шудааст. Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта бар асари фитнаву дасисаи хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардиданд, ки дар натиҷаи он ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба буҳрони фоҷиабор рӯ ба рӯ шуданд”. Хатари бузургтарине, ки дар он айёми вазнин ба миён омада буд, эҳтимоли пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон буд.

Чунин шароити бисёр душвор ва вазъи хатарбор фарзандони содиқу ватандӯст ва огоҳу бедордили миллатро водор намуд, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва дар навбати аввал, даъват кардани иҷлосияи XVI - Шурои Олӣ – ягона мақоми босалоҳияти он рӯзҳо иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ намоянд”. Маҳз бо кӯшишу талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои даргиру мухолиф сари мизи гуфтушунид нишаста, заминаи ризоияти миллӣ ва Ваҳдати миллиро гузоштанд.

Ба шарофати қабул ва амалӣ гардидани қарорҳои Иҷлосияи XVI-ум барои барқарорсозии сулҳу субот, ташкили рукнҳои давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, гузоштани заминаҳои ташаккули ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғоз намудани барномаҳои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шуд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат оғоз бахшид. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ талафоти фаровони моливу ҷонӣ дида, аркони иқтисодиву иҷтимоии он хароб гардида буданд, дар сароғози даврони навини таърихии давлатдории хеш ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид. Чунин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ буд, ки бар асоси сабақҳои андӯхта аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омада, ҷомеаи моро ба сӯи созандагиву бунёкорӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд тамоюл бахшид.

Аз он санаи имзои созишномаи сулҳ 27 сол сипарӣ гашт ва мамлакати мо ба дастовардҳои бузурги иҷтимоӣ – иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ноил гаштааст. Аммо, душманон ва бадхоҳони миллати тоҷик то ҳол дар фикри ноором кардани суботи кишвари мо буда, кӯшиш намуда истодаанд, ки таввасути дасисабозӣ ва назарфиребии сиёсӣ суботи ҷомеа ва Ваҳдати миллиро халалдор намоянд. Дар ин маврид Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки “айни замон мо бояд як нуктаи муҳимро ҳаргиз фаромуш накунем, ки сулҳу оромӣ арзишмандтарин неъмат дар ҳаёти мост ва ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Зеро, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳимме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ҳоло ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд”.

Вобаста ба ин дар хотир бояд дошт, ки хоинону бадхоҳони давлату миллати точик – онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафси хеш кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷагони хориҷиашон ба савдо мондаанд, ҳанӯз ҳам аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти Ватани азизамон Тоҷикистон бошем ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем!

Омили дигаре, ки ба Ваҳдати миллӣ хатар эҷод мекунад – зуҳури ифротгароӣ ва тундгароии динӣ – сиёсӣ, даҳшатафканӣ “терроризм” дар байни ҷавонон мебошад. Чунончи солҳои охир падидаи экстремизм ва тундгароӣ адёни ҷаҳонро ба даҳшату ларза овардааст. Ин падидаи номатлуб ба мисли ҷинояткории муташаккил ба ягон миллат ва дин робитае надорад ва онҳо бархоста аз андешаҳои зиддибашарӣ ва зиддидинии гуруҳҳои худкома ва дур аз маърифати инсонӣ мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз гирдоби балои экстремизм ва оташи бунёдгароии мазҳабӣ бо хиради азалии миллат ва роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳо ёфт ва Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад.

Дар таҳкими бештари сулҳу Ваҳдати миллӣ фарзандони далеру фарзонааш талошҳо ба харҷ медиҳанд. Месазад, ки хатарҳои болозикрро дар сатҳи зарурии илмӣ таҳқиқ карда, роҳҳои мубориза ва пешгирии ин зуҳуроти номатлубро коркард ва пешниҳод намоем. Ҷомеаи тоҷик, махсусан насли ҷавон дар марҳилаи кунунии тараққиёти кишвар, атрофи сиёсати ваҳдатофари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, бо хатари паҳншавии экстремизм, терроризм, гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва ифротишавии шуури ҷавонон мубориза барем. Ҷавононро дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намоем, то ки онҳо хатарҳо ва таззодҳои равандҳои сиёсии ҷаҳони муосирро дарк намуда, бар зидди онҳо истодагарӣ карда тавонанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихист, ки бо ҷонталошиҳояш Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷикро аз нестӣ раҳонид ва миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уфуқҳои нави тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ расонида, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари амн дар ҷаҳон муаррифӣ ва нуфузашро ҳифз намуданд. Вобаста ба ин, Президенти Федератсияи Русия В. Путин иброз менамояд “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони давлатҳои мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай шаҳодати он мебошад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳ мегузарад, ки монанди он дар дигар кишварҳои ба низоъ дучоргашта вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва кишварҳо ба шумор меравад”.

Воқеан, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори ваҳдат ва сулҳи тоҷикон аст. Месазад, ки ҳар як шаҳрванди худогоҳи миллат, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро қадр карда, атрофи ин сиёсати созандаю инсонмеҳвар муттаҳид гардем. Инчунин, баҳри ободонию гул – гул шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон хизмати худро дареғ надорем. Гуфтан бомаврид аст, ки заминаи тамоми дастовардҳои миллати мо дар Ваҳдат аст.

Маҳмадиев Ғ.Д., ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон