Skip to main content

123123Дар арафаи 28 – умин солгардии иди Ваҳдати, ки барои фароҳам овардани сулҳи тоҷикон фидокорӣ кардааст, ёд рас мешавем. Баъди пароканда гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, ҳодисаҳои нангин, бадбинӣ, гурӯҳбозӣ, маҳалчигӣ ва майдон шинӣ рӯйдод, ки оқибат баҷанги гражданӣ оварда расонид. Ҷангҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари калон расонид. Баъзе аз мутахассисони варзидаи ватанию хориҷӣ тарки ватан намуда, дар фазои нооромӣ даҳҳо ҳазор нафар ҳамватанони мо дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ҳалок гардиданд.

Бисёри ҳамватанони мо бехонаву дармонда, хонаву дари баъзеи онҳо валангор гардида, ҳазорон нафар кӯдакону наврасон ятим монда, қариб як миллион нафар хонаву манзили худро таркнамуда, дар бисёр кишварҳо гуреза шуданд. Ин ҳама дасисабозиҳо маҳсули дасти хоҷагони беруна буд, ки тавонистанд мардуми тоҷикро душман ва қотили якдигар созанд ва мақсадашон миллати куҳанбунёдро пора-поракарда, бе ватан гардонанд.

Хушбахтона дар ҳамон вазъияти басо сангин дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо райъи вакилон интихоб гардид ва боқатъият ба халқи тоҷик чунин изҳор карда буд: «То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеҷ гунна кӯмаку мусоидати кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад ва то охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам худро орому осуда ҳис карда наметавонам ва тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгул шукуфии Ватани азизамон садоқатмандона меҳнат мекунам». Баъдан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргардонидани гурезаҳо комиссияи ҳукуматӣ ташкил карда, ба Афғонистон сафар намуданд. Роҳбари давлат бо ҳамватанони иҷборӣ ҳамсӯҳбат шуда, онҳоро баватан баргардонанд.

Дар ҳақиқат таърих гувоҳаст, ки ин суханон амалӣ гардонида шуданд. Барои баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар хатар гузошта, ҳамватанонамонро бовар мекунонд, ки ба ватан баргарданд, ватан ободгардида истодааст ва кафолати ҷони ҳар кадоми онҳоро медод. Дар ҳамон давра кассе аз зиндамондан ва бачунин комёбиҳо расиданро тасаввур намекард. Соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Конститутсионӣ таъсис ёфт ва фарзанди барӯманди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати миллии тоҷикон интихоб шуд.

Маҳз бо хоҳиш ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусолиҳаи миллӣ ва гуфтушуниди байни тоҷикон шурӯъ шуд. Чандин даври музокирот ва гуфтушунид байни намояндагони давлат ва мухолифини тоҷик, ки дар шаҳрҳои Теҳрон, Ашқобод, Алмаато ва ғайра баргузор шуданд, дар охир 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии Сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба Сулҳ ва эҳёи Ваҳдати миллӣ шоистаи таҳсину қадрдонист. Маҳз он сиёсати оқилона, дурандешӣ, қатъият, садоқат ва сулҳхоҳии ӯ боис шуд, ки моҷароҷӯӣ ва нофаҳмиҳо дар кишварамон хомӯш гардида, субботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шавад.

Саҳми Созмони Миллали Муттаҳид ва давлатҳои бо мо ҳамсоя, барои бадаст овардани ваҳдати мо, тоҷикон назаррас аст. Дар Тоҷикистони ҷоноҷони мо рӯзи 27-уми июн ҳамасола ҳамчун Рӯзи Вахдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва якдилии мардуми тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Мо, тоҷикон бояд бақадри Ваҳдати миллӣ бирасем, онро эҳтиром кунем, аз ҳамагуна таҳдиду хатарҳо муҳофизат намоем.

Давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллӣ ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқаворӣ зина ба зина амалӣ намуда истодааст. Мо бобоварӣ гуфта метавонем, ки бо кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии мардуми меҳнат дӯсти кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ бартараф шуда, зиндагии бо саодати халқи азизамон таъмин хоҳад гардид.

Самараи фазои мусоиди Ваҳдати миллӣ дар фаъолияти мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми июни соли 2007 таҳти рақами 271 ба тасвиб расидани «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки дар доираи он бамақсади баланд бардоштани мавқеияти ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилияти судӣ ва қонунӣ будани қарори судҳо, ки намоёнгари пойдории адолати судӣ мебошанд, чандин чора андешиҳоиӣ ҳуқуқӣ, сохторӣ ва амалӣ татбиқ карда шуданд. Инчунин бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» тасдиқ гардид, ки салоҳияти конститутсионии ҳокимияти судиро тақвият бахшид.

Эҳёи Ваҳдати миллӣ ва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятии ҷомеа иборат аз он буда, ки он пеш аз ҳама миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва Тоҷикистони азиз ва муқаддасро аз пора-пора гардидан ва ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшад. Моро ҳушёрӣ мебояд, ки ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам амалӣ ин санади тақдирсозро ҳифз намуда, ба қадри он расем. Қаҳрамонии Эмомали Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарин сабт гардида, наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва азон сабақ гиранд. Халқи тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр басар бурда, минбаъд баҳри шукуфо гардонидани мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош варзанд.

Имрӯз таҳким бахшидан ба Ваҳдати миллӣ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзифарзандии ҳар тоҷик ва Тоҷикистонӣ бояд бошад.

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.

Сулҳу ваҳдати бо раҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва болаҳнишево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгараст. Ваҳдат бошад, баҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллат дӯст буданаст. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилоти олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафт рӯ меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад. Дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо азон баҳравар гардидем, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдатташ беҳ доданд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре басамар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон ифтихор менамоем.

Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва бахориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯйи уқёнуси ҷаҳонӣ, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватанаст, зеро дар давлате. Ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонсар ҷамъомад, мамлакат обод шуд, пешрафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ пойдор аст.

28 –умин солгарди ҷашни Вахдати миллӣ муборак ӽамдиёрони азиз!

Ходими калони илмии институти зоология ва паразитологияи АМИТ

Курчиев М.Ю.