02 декабр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷопон бо намояндагони барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ таҳқиқотӣ вохурӣ доир намуданд.
Бояд гуфт, ки барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS дар заминаи Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) фаъолият менамоянд. Барномаи SATREPS тадқиқоти муштараки байналмилалиро бо ҳадафи ҳалли масъалаҳои глобалӣ ҳамчун як ҷанбаи «дипломатияи илм ва технология» пеш мебарад.
Зимни вохурӣ таъкид гардид, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳадафҳои рушди устувор нигаронида шудааст, ки мураккабии афзояндаи масъалаҳои глобалӣ ба монанди тағирёбии иқлим, мушкилоти ғизо, офатҳои табиӣ ва бемориҳои сироятиро нишон медиҳад. Кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба таъсири онҳо бештар осебпазиранд, дар вазъияти душвор қарор доранд.
Албатта барои ҳалли ин масъалаҳо навовариҳои илмию технологӣ, ба кор бурдани натиҷаҳои таҳқиқот дар ҷомеа, рушди захираҳои инсонӣ ва баланд бардоштани иқтидори илмӣ-тадқиқотӣ дар сарҳади миллӣ зарур аст.
Бояд гуфт, ки Лоиҳаи стипендияи рушди захираҳои инсонӣ (JDS) ба дастгирии рушди захираҳои инсонӣ дар кишварҳои гирандаи кӯмаки грантии Ҷопон нигаронида шудааст.
Ҳамчунин Лоиҳаи JDS курсҳои магистрӣ ва докториро дар донишгоҳҳои Ҷопон ба забони англисӣ пешниҳод мекунад. Инчунин ба воситаи лоиҳаи JDS имкони махсус доранд, ки донишҳои пешрафтаро дар муҳити технологӣ мустақиман омӯзанд ва ҳамзамон шабакаҳои васеи инсониро бунёд кунанд.
Дар идомаи мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва намояндагони барномаи SATREPS ба мувофиқа омаданд, ки дар оянда ҳамкориҳои худро дар самтҳои тадқиқоти захираҳои об ва тағирёбии иқлим, омӯзиши таъсири обшавии пиряхҳо ба захираҳои об, тадқиқоти муштараки олимони ҷопонӣ ва тоҷик барои ҳифзи системаҳои оби минтақа, бехатарӣ ва инфрасохтори сейсмикӣ, кор карда баромадани технологияи сохтмони биноҳои ба зилзила тобовар, мониторинги фаъолияти тектоникӣ дар кӯҳҳои Помир, дастгирии техникӣ дар соҳаи энергетика ва инчунин тадқиқот оид ба баланд бардоштани самаранокии нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия тақвият бахшанд.
БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН АЗ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ШАҲРИ САМАРҚАНД
13 феврали соли равон дар доираи ҳамоиши илмии "То тавони дӯстонро гум макун" намояндагони Тоҷикистон аз ёдгориҳои таърихии шаҳри Самарқанд аз ҷумла Майдони Регистон, Мадрасаҳои Шердор, Тиллокорӣ ва Улуғбек (макони таҳсилу тадриси Абдураҳмони Ҷомӣ) дидан намуданд.
Дар доираи баргузории Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “То тавони дӯстонро гум макун”, ки бо иқдоми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омадааст, дар шаҳри Самарқанд ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона – музейи устод Садриддин Айнӣ ташриф оварданд.
Зимни боздид аз ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои бо забони тоҷики таълифнамудаи устод Садриддин Айнӣ ва ҳамзамон дигар адабиётҳо оид ба фаъолияту эҷодиёти ин чеҳраи мондагор, инчунин аксҳо доир ба бинову хиёбон, муассисаву донишгоҳ, муқаддасоти миллӣ, ҳавопаймо ва ҳар он чизе, ки ба ифтихори устод дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудаанд, ба хона – музейи Садриддин Айнӣ тақдим гардиданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТО ТАВОНИ ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН" ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД
Дар доираи ин ҳамоиш ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "То тавони дӯстонро гум макун" аз Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муносибатҳои фарҳангӣ, илмӣ, сиёсӣ суханронӣ намуданд.
Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода суханронӣ намуда, доир ба баргузории Конференсияи байналмилалӣ изҳори андеша намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, шоирону олимони тоҷик ба монанди Ато Мирхоҷа, Аскар Ҳаким, намояндагони рӯзномаи бонуфузи "Овози тоҷик" ва дигар олимон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромадҳои пурмуҳтаво перомуни равобити дӯстонаи давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки решаҳои чуқури таърихӣ доранд маърузаҳои илмӣ намуданд.
Имрӯз (13.02.2025) дар ҳошияи баргузории Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "То тавони дӯстонро гум макун" дар шаҳри Самарқанд бо иштироки шоирону адибон ва ҳунармандон барномаи рангини фарҳанги доир гардид.
Дар барномаи фарҳангӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовинони вазирони маориф ва фарҳанг ва дигар олимону зиёиён иштирок варзиданд.
Мақсад аз баргузории конфронси мазкур мустаҳкам намудани равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои илмию фарҳангии халқиятҳои тоҷику узбек мебошад, ки маҳз аз сиёсати созанда ва оқилонаи роҳбарони ду кишвар асос ёфтааст.
13 феврали соли равон дар ҳошияи баргузории Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "То тавони дӯстонро гум макун" президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону адбион дар шаҳри Самарқанд аз намоишгоҳи аксҳои Шуҳрат Ёров дар Кохи санъати "Нурафшон" боздид намуданд.
Дар рафти боздид меҳмононро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд Абдуҷаббор Раҳмонзода, олимону адибони Ҷумҳурии Узбекистон ҳамроҳӣ намуданд.
12-уми феврали соли равон, дар идомаи баргузории вохӯриҳои номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур №3, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур ва дар ин замина таблиғу ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии онҳо, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Қурбонова Ширин, номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №21 – Муродзода Зафар Олимҷон, Қосимзода Солеҳ Салим шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №9-и ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ширкат варзиданд.
Зимни баргузории вохӯрии мазкур, нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ оид ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва зарурияти баргузории вохӯриҳои номзадҳои пешбаригардида бо интихобкунандагон суханронӣ намуда, меҳмонон ва номзадҳои болозикрро ба интихобкунандагон ошно намуд.
Дар идома, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №9-и ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №21 – Муродзода Зафар Олимҷон аз ҷониби шахсони боэътимоди онҳо ба интихобкунандагон муаррифӣ гардида, оид ба мақсад ва ҳадафҳои барномавиашон, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2025 - 2030 таҳти шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!” маншаъ мегиранд, аз ҷониби худи номзадҳо маълумоти муфассал дода шуд.
Дар ин радиф, баҳри боз ҳам бештар маълумотнок гардидани интихобкунандагон аз раванди фаъолияти номзадҳои пешбаригардида ва бештар муаррифӣ гардидани ҳадафҳои барномавии онҳо ҳамчун номзад аз ҲХДТ ба вакилӣ, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба интихобкунандагон тақсим карда шуд.
Зимнан, аз ҷониби интихобкунандагон ба номзадҳо пешниҳоду таклифҳо ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ ҷойдошта иброз гардид.
Дар идома, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Қурбонова Ширин суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои давлату ҳукумат ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рӯзи 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад ва дар ин замина интихоби номзадҳои арзанда, аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд.
Нашри матлаб аз нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи "Ҷумҳурият".
Олимон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли сипаришуда 30 патент, аз ҷумла 4 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин 6 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2 шаҳодатномаи сабти захираи иттилоотӣ ба даст овардаанд!
