Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Истиқлолият маҳаки асосии рушду инкишофи ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, ҳеҷ як халқ бе ба даст овардани мустақилияти комил наметавонад дар ҷомеаи навин ба пешравиҳо ноил гардад. 33 сол муқаддам дар харитаи ҷаҳон давлати мустақиле бо номи Тоҷикистон пайдо гардид. Яке аз иқдомоте, ки дар ибтидои ба даст овардани истиқлолият новобаста аз вазъи сиёсиву иқтисодии дохилӣ ба роҳ монда шуда буд, ин узвият ба Созмони Милали Муттаҳид ва идораи илму фарҳанг ЮНЕСКО буд, ки аз сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медод. Баъд аз ба даст овардани истиқлол халқи тоҷик ба зинаи нави маънавии рушд, ки дар он худшиносии миллӣ ҷойгоҳи хоса дошт, ворид гардид. Маҳз баъд аз соҳиб гаштан ба истиқлолият халқи тоҷик аз асолати миллии худ огаҳӣ ёфт.

Дар ин давра кӯшишҳои ҳукумати мамлакат ва аҳли зиё ба шинохти таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик равона гардид, ки ин боиси баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии насли ҷавону ояндасози миллат гашт. Маҳз дар ин давра халқи тоҷик тавонист таърихи қадимаву чандинасраи худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, соҳибтамаддун ва соҳибдавлату соҳибмаърифат будани гузаштагони хешро ба оламиён нишон диҳад. Тавре худи Пешвои миллат дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” қайд намуданд:”Даврони начандон тӯлонии истиқлолияти миллии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки мо ба таърихи илму фарҳанги хеш, ки собиқаи чандинҳазорсола дорад, аз мавқеи тоза назар андозем”.

Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва чеҳраҳои мондагори халқи тоҷик мо ба феҳристи созмонҳои байналмиллалӣ ворид гардида, солгарди шахсиятҳои маъруф ҷашн гирифта мешаванд. Самараи ин иқдомҳо намунаҳои барҷастаи мероси фарҳангӣ – таърихии халқи тоҷик “Шашмақом”, “Фалак”, “Чакан”, “Наврӯз” ва дигар мероси таърихию фарҳангӣ, ки ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дохил гаштанд, ёдгориҳои таърихию фарҳангии “Дайри будоии Аҷинатеппа”, “қалъаи Ҳисор”, “Мадрасаи Хоҷа Машҳад”, “Қалъаи Ямчун”, “шаҳри асримиёнагии Ҳулбук”, “Адрасу атлас” ва дигар номинатсияҳо ба рӯйхати пешакӣ дохил гаштаанд, мебошанд.

Имрӯз мо мефахрем, ки 815- солагии фарзанди баруманди тоҷику форс, шоир ва мутафаккири маъруф Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса таҷлил гардид. Ин ҳама аз эътирофи таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ба даст овардани чунин муваффақиятҳо бе истиқлолияти комил ғайриимкон буд.

Боиси қайд аст, ки дар давраи истиқлолият фарҳангу санъат ва мусиқии суннатии халқи тоҷик мақоми хосаро пайдо намуд ва бо ин мақсад мусиқии халқии Шашмақом соли 2003 ва Фалак соли 2021 ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии умумибашарии ЮНЕСКО дохил гаштанд. Имрӯз мусиқии тоҷик дар тамоми дунё маъруфу машҳур гашта, аз созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ садо дода, ҳисси ватандӯстии насли имрӯзаро боло мебардорад.

Рукни дигари муаррифгари фарҳангу таърихи миллати тоҷик ин гулдӯзии милии тоҷикии “чакан” мебошад, ки тараннумгари сулҳу ободӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз аст ва он соли 2014 ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии умумибашарии ЮНЕСКО ворид гардид.

Ҳамин тариқ, таҳқиқу муаррифии ёдгориҳои болозикр ва эътирофи онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш аз ҳама самараи истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи беандозаи сарвари оқилу дурандеши халқи тоҷик – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик буда, баҳри пойдории миллату давлати тоҷик дар замони бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ айни муддао мебошанд.

Раҷабова Умеда, ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пас аз бадаст овардани Истиқлолият дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, ба соҳаи рушди илми тоҷик диққати аввалиндараҷа медод ва медиҳад. Ба хотири дуруст ба роҳ мондани мақому мазалати илм ва пажуҳиш ва робитаи устувор бо дигар марказҳои илмии кишварҳои хориҷи дуру наздик соли 2020 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) табдил дода шуд.

Дар робита ба ин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2011 дар сохтори АМИТ Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав (минбаъд “Марказ”) таъсис дода шуд. Марказ аз чор шуъбаҳо иборат буда, ба таҳқиқотҳои фундаменталӣ ва амалии илмҳо пажуҳиш бурда истодааст. Яке аз соҳаҳои хеле судманди фаъолияти кормандони Марказ азхудкунии захираҳои барқароршавандаи энергия ба шумор рафта, он имконият медиҳад, ки захираю имкониятҳои соҳаҳои мухталифи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ-ахлоқӣ дарёфт карда шуда, ба фоидаи умум сафарбар намоянд.

Албатта натиҷаи ҳамин буд, ки дар давоми 10 соли охир аз ҷониби олимони Марказ 581 кори илмӣ, аз ҷумла 29 адад китоб, моногорафия, маҷмуаи илмӣ, брошура ва тавсияҳо, 552 мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ, аз ин 350 мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои ҷумҳурявӣ, зиёда аз 105 мақола дар маҷалаҳои кишварҳои ИДМ ва 87 мақолаҳои илмӣ дар давлатҳои хориҷи дур ба табъ расидааст. Инчунин олимони Марказ 16 адад нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст оварданд. Аз ҷумла дар як соли охир олимони Марказ н.и.т. Кодиров А.С. - 2 адад, д.и.и., профессор Азизов Р.О. – 2 адад нахустпатент гирифтанд.

Маҳз тавассути дасгирии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт марказ дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ низ саҳми босазо дорад, инкишофи илмро махсусан бе ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ тассаввур кардан мумкин нест.

Дар соли сипаришуда таҳти роҳбарии д.и.ф-м., профессор, академик Илолов М. -1 нафар, д.и.т., профессор Азизов Р.О. - 2 нафар, н.и.т. Қодиров А.С. - 2 нафар,н.и.и Расулов С. -1 нафар, н.и.и. Фаҳтуллоев Ф. -1 нафар, унвонҷуён натиҷаҳои илмии хешро дар шакли рисола ҷамъбаст намуда, дифоъ намуданд. Инчунин бояд қайд намуд, ки олимони Марказ дар тайёр намудани боз 5 нафар доктор PhD барои дифоъ тайёрӣ дида истодаанд.

Масъалаи дигаре, ки боиси рушди илм мегардад ин ҳамкориҳои судманди илмии Марказ ба дигар кишварҳо, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷапон, Узбекистон, Россия ва дигар кишварҳо мебошад. Ҳоло дар кишвари Ҷопон 4 нафар ва дар ҶМЧ 1 нафар дар зинаи магистратура ва докторантураи PhD ба таҳсил машғул мебошанд, ки баъди ҳимояи бомувафаққият баргашта дар Марказ фаъолияти худро давом хоҳанд дод.

Инчунин олимони Марказ таввасути симою садои ҷумҳурӣ барои таблиғоти дастовардҳои илмии Марказ мунтазам мусоҳибаҳо анҷом медиҳанд.

Саидаҳмад Зубайдов, Рустам Азизов, Кормандони МИРИ ва ТН

Сулҳу субот ва ризоияти милли ба халқи тоҷик ба осони ба даст наомадааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкили зиёдро паси сар кунем.

21Истиқлол волотарин тоҷик ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори аст, ки муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик дониста шудааст. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷўъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст.

Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рўдакиву Фирдавсӣ, Абўалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту панҷ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў иртиботи ҳамаҷониба дорад. Аз рўзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Акнун – пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем».

Душвортарин муаммои мо дар тулии ин солҳо ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарўза бо он машғул мешуд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрўза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.

Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, дариҷаи наҷотро низ дар он дарёфта буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энер¬гетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқа¬ворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерўгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуд.

Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерӯгоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, сохмони нерўгоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтўда-1, 2 ба истифода дода шуд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад. Сохта ба истифода додани 2 агрегати нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки аз бузургтарин иншооти энергетикӣ маҳсуб меёбад, нишонаи созандагиву рушду тараққиёти кишвар аст.

Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, нақби Шаршар ва ғайра ба истифода дода шуд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар шавад.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифта истодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии сарвари давлати мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани ў ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегардад.

Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тўлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуд.

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Фатуллоев Файзулло - роҳбари гуруҳи тиҷоратикунонии коркардҳои илмии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Пажӯҳишҳои илмӣ ва ба вижа, дар улуми табиӣ ҷиҳати ҷалб ва баррасии ақидаҳои бонувон дар илм барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз ҳам дар ҳадди қонекунанда нест ва басе нигаронкунанда низ ҳаст, ки занону бонувони мо бинобар пажӯҳишҳои илмии соҳавӣ баъзан мавриди истиқбол қарор намегиранд. Дар аксар мавридҳо чун баҳс ҷиҳати баррасиҳои илмӣ сурат пазируфт, мардон бо хабар ёфтан аз мансубияти ҷинсии пажӯҳишгар ҳамаро канор гузошта, оқибат ин ҳарфҳоро бар забон меоранд: муҳаққиқ зан будааст... Бинобар ин, ковишҳои мо алҳол ба бонуе иртибот дорад, ки ба дараҷаи академики АМИТ расида ва дар масъалаҳои гуногунии биологӣ нақши сазоворе дар улуми дақиқ ва табиатшиносӣ дар замони соҳибистиқлолӣ боқӣ гузоштааст. Номбурда академики АМИТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор Муҳиба Якубова маҳсуб мешавад.

Омўзиши модулї њамчун технологияи педагогї дар амалияи таълими биология васеъ пањн шудааст. Моњияти таълими модулї дар он аст, ки хонанда дар љараёни кор бо модул ба маќсадњои мушаххаси фаъолияти таълимї ва маърифатї комилан мустаќилона ноил мегардад. Модул як воҳиди функсионалии мақсаднок мебошад, ки мундариҷаи таълим ва технологияро барои азхудкунии он муттаҳид мекунад. Дарси модулӣ аз дарси муқаррарӣ бо он фарқ мекунад, ки мактаббачагон мустақилона кор кардан, бо якдигар муомила кардан, ба кори худ ва рафиқи худ баҳо доданро ёд мегиранд. Ба он диққати махсус дода мешавад, ки ҳар як талаба мақсади дарсро фаҳмад — чиро ва чӣ тавр омӯхтан, ба чӣ диққат додан лозим аст. Барои инкишофи тафаккури мустақилона, ҷустуҷӯи эҷодии талабагон ин навъи омӯзиш имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад. Тафаккур аз пайдоиши масъала, савол, вазифае оғоз мешавад, ки бомуваффақият тавассути ҷустуҷӯи қисман ё усули эвристикӣ ҳал карда мешавад. Моњияти он дар он аст, ки як ишораи хурди омўзгор майдони љустуљўро кам мекунад ё супориш ба зервазифањо таќсим мешавад ва ба ин васила мушкилот боќї мемонад ва њаракати ќадам ба ќадам ба сўи њалли нињої мусоидат мекунад. Усули ҷустуҷӯ сатҳи баландтарини омӯзиши мушкилот аст. Хусусияти он аз он иборат аст, ки талабагон бидуни кумаки назарраси муаллим дониш ва усулҳои амали навро тавассути мураттабсозии масъалаҳои тарбия ва ҳалли онҳо мустақилона кашф ва азхуд мекунанд. Ин усул дар мактаби миёна, вақте ки хонандагон аллакай заминаи кофии назариявӣ ва сатҳи муайяни ҷаҳонбинӣ доранд, истифода мешавад. Дар мактаби миёна усули чустуҷӯро ба дарсҳое, ки дар шакли семинар гузаронида мешаванд, дохил кардан мумкин аст. Академик Якубова Муҳиба аз зумраи омӯзгороне аст, ки дар тадрис ва таълими фанни биология аз намудҳои гуногуни технологияҳои муосир истифода мекунад ва ба қавли донишандӯзон, дарси мавсуф бинобар истифода аз мадракҳои муосири илми биология хеле шавқовар мегузарад. Ҳамакнун, тадқиқоти Якубоваро чун академик дар соҳаи биологияи ватанӣ баррасӣ мекунем. Мавсуф аксар тадқиқотро дар риштаи раванди ҳосилбандии ниҳоли пахта ва чунонки онро дар аксар кишварҳои ҷаҳон чун пунба муаррифӣ мекунанд, анҷом додааст. Яке аз рисолаҳои тахассусии мавсуф таҳти унвони “Ҷанбаҳои физиологию биохимиявӣ ва молекулавию генетимкии раванди ҳосилбандии пахта” таъсири хусусиятҳои сохторӣ ва амалкарди дастгоҳи фотосинтезиро баррасӣ намудааст[1]. Консепсияи “раванди сабзиш дар ниҳоли пунбадона” – и Якубова аз навовариҳои илми биология дар замони Шӯравӣ мебошад ва ин таҳқиқи ҳамин масъала ва вижагиҳои хос дар биологияи муосир дар замони соҳибистиқлолӣ идома ёфтааст. Муҳиба Якубова чун муҳаққиқи ҷанбаҳои биофизикии элементҳо тавсифи муқоисавии сохтори молекулавии зарраҳои фотосинтетикиро дар мисоли навъи 108-Ф пешниҳод намудааст[2].

Ташаккули малакаи муқоисаи ашё аз фаҳмонидани он чи будани муқоиса ва чи тавр анҷом додани он оғоз мегардад. Ҳар як муқоиса дорои унсурҳои таҳлил ва синтез мебошад. Муқоисаро дар асоси матн, расмҳо, диаграммаҳо ва тарҳрезӣ дар шакли ҷадвал ва диаграммаҳо анҷом додан мумкин аст. Масалан: Мавзӯъ: «Нафасгирӣ ва фотосинтез». Хусусиятҳои раванди фотосинтези нафаскашӣ кадомҳоянд? Он дар кадом ҳуҷайраҳо пайдо мешавад? Кадом газ ҷаббида мешавад? Кадом газ хориҷ мешавад? Бо моддаҳои органикӣ чӣ мешавад? Дар кор бо китоби дарсӣ расмҳо низ ёрии калон мерасонанд. Онҳо барои иҷрои вазифаи таҳлил ва муқоиса истифода мешаванд.

Ин навъи технология аз шаклҳои фаъолияти таълимӣ иборат аст, ки барои донишгоҳҳо хосанд. Азбаски мактаби миёна бештар ба дохил шудан ба донишгоҳ нигаронида шудааст ва дар он таълими профилӣ амалӣ карда мешавад, хонандагони синфҳои болоӣ бояд пешакӣ ба муҳити нави таълим омода шаванд. Ва дар таълими биология ин шакли фаъолияти таълимиро аллакай дар звенои миёна истифода бурдан мумкин аст. Барои муаллими биология азхуд кардани ин технология душвор нест, элементҳои алоҳида кайҳо боз дар мактабҳо васеъ истифода мешаванд. Аммо, муаллим бояд технологияҳои хусусии зеринро азхуд кунад: омодагӣ ба лексияҳо, семинарҳо, санҷишҳо, мубоҳисаҳо; ташкили фаъолияти тарбиявӣ; идоракунии фаъолияти таълимӣ; худтањлили натиљањои таълим.

Курси биологияи мактабӣ барои ҳалли масъалаи актуалии дар мамлакат ташаккул додани маданияти экологии насли наврас имкониятҳои калон дорад. Дар рисола таърихи масъалаи таълими биология дар мактабҳои шӯравӣ моделҳои асосии тарбияи экологӣ, шаклу усулҳои таълимро, ки барои ташаккули маданияти экологӣ бештар самарабахшанд, баррасӣ мекунад. Аз рӯйи ҷадвал таҳлили барномаи биология барои мактабҳои маълумоти умумӣ, консепсияҳои экологиро дар мазмуни курс, шаклу усулҳои барои ифшои онҳо тавсияшуда нишон додан зарур мебошад.

Тачрибаи муаллимони биологияро дар ҳалли проблемаҳои таълиму тарбияи экологӣ бо роҳи тамошои дарсҳо, машғулиятҳои беруназсинфӣ ва экскурсияҳо омӯзед. Мусоҳиба бо муаллима дар бораи он, ки онҳо чӣ гуна проблемаи ташаккули фарҳанги экологиро дар синф ва корҳои беруназсинфӣ ҳал мекунанд, аз бар карда, мустақиман дар ин маврид тафаккур кунед. Гузаронидани пурсиши хаттии донишҷӯён аз рӯи саволҳои: Фарҳанги экологиро онҳо чӣ мефаҳманд? Оё онҳо худро аз ҷиҳати экологӣ фарҳангӣ медонанд ва чаро? Кадом мушкилоти экологии кишвар(ҳудуд, маҳал) медонанд ва дар кадом ҳалли онҳо ширкат кардаанд?, барои беҳтаргардониисифати таълим нақши боризро мебозад. Дар асоси таҳлили адабиёт шартҳои методии ташаккули фарҳанги экологии мактаббачагон дар рафти таълими биологияро нишон диҳед, ки ҷиҳати ҷалб намудани онҳо ба раванди тадрис хушоянд аст. Фанни биология чӣ гуна татбиқ менамоянд. Муносибати муаллимонро ба имтиҳон, ҷиҳатҳои мусбат ва камбудиҳои онро фаҳмед. Мусоҳиба аз хонандагони синфҳои гуногун(6-9) - чӣ гуна онҳо ба шаклҳо ва намудҳои гуногуни назорат алоқаманданд, кадомашро афзал медонанд ва чаро? Чунки ин навъи тадрис иштироки толибилмро ба омӯзиши фанни биология фаъол мегардонад. Агар дар таълими фанни биология навгонӣ пайдо нашавад, тадриҷан таваҷҷуҳ ба он кам хоҳад шуд ва хонандагони мактаб бинобар эҳсос нашудани тағйирот ва навоварӣ ба он дилгир мешаванд.

Китобҳои дарсӣ ва курсҳои таълимии электронӣ ҳама ё якчанд намуди дар боло зикршударо дар як маҷмааи ягона муттаҳид мекунанд. Масалан, аз донишҷӯён хоҳиш карда мешавад, ки аввал курси омӯзишӣ (презентатсия) тамошо кунанд, сипас дар асоси донишҳои ҳангоми тамошои курси омӯзишӣ гирифташуда таҷрибаи вертуалӣ ташкил кунанд (системаи таҷрибаҳои вертуалӣ). Аксар вақт дар ин марҳила донишҷӯён инчунин ба маълумотномаи электронӣ барои курси омӯхташаванда дастрасӣ доранд ва дар охир онҳо бояд ба як қатор саволҳо ҷавоб диҳанд ва ё якчанд масъалаҳоро ҳал кунанд (системаҳои нармафзори идоракунии дониш).

Гузаронидани дарсҳо бо истифода аз видеоплеер шавқу ҳаваси хонандагонро ба ин мавзӯъ эҷод мекунад. Истеҳсолкунандагони хориҷии филмҳои ҳуҷҷатии илмию оммавӣ, аз қабили National Geographic, Discovery ва ғайра, маҷмӯи бузурги ҳикояҳо доранд, ки дар дарсҳои биология намоиш медиҳанд. Дар синфҳои 6-7 дар дарсҳо бархе аз омӯзгорони фанни биология дар бораи гуногунии ҳайвонот ва наботот аз силсилафилмҳои “Life” истифода мекунанд, ки дар бораи ҳаёти хазандагон, амфибияҳо, ширхӯрон, моҳӣ, паррандагон, ҳашарот ва растаниҳо нақл мекунанд. Дар марҳалаи ҳозираи тараққиёти маориф ва мактаб проблемаи дар синфҳо истифода бурдани техникаи ҳисоббарор аҳамияти калон пайдо мекунад. Технологияи информатсионӣ имкони беҳамтоеро фароҳам меорад, ки на танҳо донишҷӯ, балки омӯзгорро низ инкишоф диҳад. Компютер калимаи зиндаи муаллимро иваз карда наметавонад, аммо захираҳои нав кори муаллими муосирро осонтар намуда, онро шавқовару таъсирбахш мегардонанд. Гузашта аз ин, ҳавасмандии хонандагонро ба омӯзиши фанни биология зиёд мекунанд. Технологияи пешрафтаи наворбардории видео ва истифодаи графикаи махсуси компютерӣ имкон медиҳад, ки кори организмҳо, гӯё «аз дарун» пайгирӣ карда, хусусиятҳо ва асрори онҳо ошкор карда шавад. Ин боиси болоравии бузурги эмотсионалӣ ва баланд шудани дараҷаи азхудкунии маводи биологӣ мегардад, ташаббус ва тафаккури эчодиро тақвият мебахшад. Ҳамин тариқ, истифодаи пойгоҳҳои таълимию таҷрибавӣ дар раванди таълими фанни биология таъсиргузор буда, самаранокии онро афзун менамояд, онро аёнан, бойтар мегардонад, ба ташаккули малакаҳои гуногуни умумии таълимии мактаббачагон мусоидат мекунад, сифати таълимро беҳтар мекунад, ва корро дар синф осон мегардонад. Истифода аз технологияҳои муосир дар дарси биология ба омӯзгор имкон медиҳад, ки ҳамчун омӯзгор аз тамоюлҳои рушди илми педагогӣ огоҳ шавад. Баланд бардоштани сатҳи касбӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва муҳимтар аз ҳама, он ба шумо имкон медиҳад, ки тавассути муколамаи фаъоли байни донишҷӯ ва компютер, тавассути самти таълим ба муваффақият ҳавасмандии омӯзишро зиёд кунед; донишҳои асосӣ оид ба биология, ба низом даровардани онҳо; малакаи кори мустақилона бо китоби дарсӣ ва адабиёти иловагӣ ташаккул дода шавад.

Ширин Қурбонова, - доктори илмҳои таърих, муовини Раиси КИИ "Хирадмандон"- и ҲХДТ дар АМИТ

Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, таҷассуми олии тафаккури миллӣ, ифтихору ватандӯстӣ, нишони ҳастии миллати куҳанбунёд, пояи саодат ва саршори ифтихори мардуми Точикистон мебошад. Чунин суханҳои самимона рӯзӣ 8 сентябри соли 2021 дар маросими ҷашнгирии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо доданд.

Дар воқеъ, Истиқлолият ҳолатест, ки шахс зери таъсири беруна қарор надошта, ҳаёт, мақсад ва арзишҳои худро мустақилона муайян мекунад. Истиқлолият ба инсон барои озодии интихоб, масъулият ба амали худ нерӯ мебахшад. Истиқлолият такягоҳи асосӣ мебошад, зеро он имкон медиҳад, ки бо худ боварӣ дошта, хушбахт бошӣ. Дар даврони истиқлолият ҳар як шахс метавонад фикрашро озодона баён намояд. Ҳар як нафар метавонад шахсияти худ ва дигаронро эҳтиром кунад.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 сентябр “Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад. Рӯзи истиқлол яке аз идҳои расмӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсиси давлати соҳибихтиёр соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятноки сиёсати кишвар эълон намуданд. Ҳоло, дар соли таҷлили 33-юмин солгарди истиқлолият, дар Тоҷикистон доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ба таври қобили мулоҳиза густариш меёбад.

Ҳар як шаҳрванди кишвар дар доираи муқаррарнамудаи қонун метавонад ройгон таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Ҷузъҳои асосии ҳуқуқ ба таҳсилот ва иштирок дар эҷодиёти илмию технологӣ дар консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ инъикос ёфтаанд.

Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ соли 2021 изҳор доштанд: «Тоҷикон аз қадимтарин халқҳои ҷаҳон буда, таърихи беш аз 6000-сола доранд, аз қадимулайём маърифатпарвар буда, хату адабро аз худ кардаанд, ба илму адаб машғул будаанд, ба корҳои давлатӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ шуғл варзида, дар шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд, ба ибораи дигар, як миллати фарҳангӣ, мутамаддин ва созанда ба ҳисоб мераванд.

Дар даврони истиқлол насли ояндаро бояд тавре тарбия кард, ки он дар пешрафти Ватан саҳмгузор бошад. Фарзандони миллат бояд дар фикри ободии Ватан Ватан-Модар бошанд. Зарур аст, ки онҳоро дар рӯҳи қадр кардани шаъну шарафи инсонӣ, пос доштани хотири бузургон тарбия намоем. Тарбияро тавре ба роҳ монем, ки дар дили ҷавонон шуълаи меҳру муҳаббат нисбати диёри худ, халқу Ватани азиз фурӯзон шавад.

Шокирова Ш., Сайдалива А. Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ

12333Истиқлолияти комил дар ҳама давру замонҳо нишондиҳандаи пойдории халқияту миллат буд ва нигоҳ доштану ҳифзи бегазанди ҳамешагии ин рисолати ифтихорбахш, аз муҳимтарин шарафи инсонӣ ҳисоб меёбад.

Тоҷикон чун сокинони азалии минтақаи Осиёи Марказӣ, дар саргаҳи тамаддуни ин сарзамини доманфарох қарор дошта, дар тӯли ҳазорсолаҳои таърихи худ борҳо шаҳди соҳибдавлати ва заҳри бедавлатиро чашидаанд.

Пӯшида нест, ки аъанаҳои давлатофарии тоҷикон аз қаъри асрҳо қадим ибтидо гирифтааст. Бозёфтҳои аз ҳафриёти Саразм ба дастомада, аз таърихи панҷуним ҳазорсолаи оғози ин раванд дарак медиҳанд. Дар асрҳои оянда ин нишондиҳандаҳо то рафт бештар шакл мегирифтанд. Ҳанӯз хеле пештар аз ба доираи империяи бузурги замон, - Ҳахоманишиҳо (асрҳои VI- V пеш аз милод) кашидани Осиёи Миёна, дар ин сарзамини азалӣ асрҳои асрҳои VIII-VI то милод хоразмиён, суғдҳо, бохтарҳо, парфиягиҳо ва ғайра дар зинаҳои аввали давлатдории аҷдодӣ қарор доштанд. Аз ин рӯ, сарманшаи давлатдории тоҷиконва сохтори онро аз ҳамон давра бояд ҳисоб кард.

Чунин фаҳмиш ҳаргиз мақому манзалати Давлати Сомониёнро маҳдуд накарда, баръакс ба падидаи таърихии давлатдори тоҷикон тобиши тоза мебахшад. Чунки Давлати Сомониён на танҳо камолоту муттамарказии қавии давлатдорӣ, инчунин намунаи олии давлатдории классикӣ ва ташаккули пурраи халқияти тоҷик ҳисоб меёбад. Ончи то имрӯз ба таҳқиқи шукӯҳу шаҳомати он бахшидаем нопурра аст. Омӯзиши таърихи воқеии он замонро муаррихини наслҳои оянда идома хоҳанд бахшид. Дар ин радиф мӯҳтавои марказиро аз куҷо маншаю реша гирифтани анъанаҳои давлатдории тоҷикон бояд ишғол намояд. Ин шарти асосии худшиносии миллист.

Баъди бо тақозои тақдир соли 999 пош хӯрдани давлати абарқудрати Сомониён, таърих боз чанд кӯшиши бобарори давлатдори тоҷиконро бо унвони давлати Ғуриён (1149-1215), Куртҳои Ҳирот (1245-1381), Сарбадорон (1335-1383) медонад, ки худ чун дурахши ситораи пурҷиллое пайдо шудаву ба таври фоҷиавӣ аз байн рафтаанд. Ин давлатҳо табиист, ки ба ҳадди меросбару идомабахши давлати Сомониён нарасида бошанд, ҳам чун намунаи талошмандии қавии тоҷикон барои ҳокимияти сиёсӣ ва давлатдории муттамарказ шинохта мешаванд.

Аз ин ҷост, ки амалан, баъди пош хӯрдани давлати Сомониён тоҷикон ҳарчанд дар ҳайати силсиласулолаҳои аҷнабию кӯчӣ қариб ҳазор сол аз ҳокимияти сиёсӣ маҳрум шуда бошанд ҳам, вале рисолати пешсафии фарҳангии худро нафақат идома мебахшиданд, инчунин ақвоми соҳибсалтанатро ба доираи тобеъияти пурраи анъаноти таърихию фарҳангии худ кашида буданд. Шояд ҳамин рисолати фарҳангсолорӣ то дараҷае майли муборизаи ин халқи тамаддунофарро барои ҳокимият суст кардаву онро дар тобеъияти сиёсӣ ё зери ҳукми бедавлатӣ нигоҳ медошт.

Воқеияти таърихии охири асри XIX – ибтидои асри XX, хосатан Ғалабаи Инқилоби Октябр дар тақдири халқҳои мазлуми империяи Русия барои эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дарвоқеъ, натиҷаи назаррастарини инқилоб барои тоҷикон асоси қавӣ гузоштан ба оғози эҳёи давлатдории ин халқи азалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳисоб меёбад.

Бо эҳсоси ҳамин воқеият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Инқилоби Октябр ба мардуми мо умеду умри дубора бахшид. Халқи тоҷик баъди ҳазор соли аз байн рафтани сулолаи Сомониён боз соҳибдавлат шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард”.(Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён. – Лондон, 1999. – С.103).

Аз ин рӯ Инқилоби Октябр ва дигаргунсозиҳою дастовардҳои бесобиқаи ба туфайли он рӯи кор омадаро эътироф накардан, маънии аз ҳақиқати таърих қасдан фосила ҷустан ё нишондиҳандаи батамом таърихноогаҳист. Дарвоқе, ба дасти шӯроҳо гузаштани низоми давлатдорӣ барои бедор намудан ва ба маҷрои зарурӣ сафарбар намудани неруи созандаи тоҷикон шароити мусоид муҳайё намуд.

Ба нақши инқилоби Октябр ва дастовардҳои Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ Президенти мӯҳтарами мо, Поягузори истиқлолияти комили ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон баҳои ниҳоят воқеъбинона дода, аз ҷумла қайд менамоянд: “Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби ҳудуд кард ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод намуд. Барои мардум танг ҳам бошад, майдони кор ва эҷоду фаъолият муҳайё сохт. Оҳиста-оҳиста дар водиҳои нообод ва кӯҳистонҳои дурдаст деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳои обод бунёд гаштанд. Мактабу маориф ва илму фарҳанг бо суръат инкишоф ёфт. Фарзандони халқи тоҷик бо мададу дастгирии бародаронаи олимони русу украин ва дигар халқҳо дар кашфи нодиртарин соҳаҳои илм ангуштнамо шуданд... Эҳсоси ифтихор ва худшиносии миллати тоҷик қувват гирифт. Дар радифи дигар ҷумҳуриҳо Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо рӯ ба тараққӣ овард ва ба як мамлакати ободу зебо табдил ёфт”. (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён.– С.103).

Вале аз тарафи дигар ҳамаи дастовардҳои замони Шӯравӣ наметавонанд, он гардиши қисматсози таърихии расидан ба истиқлолияти комилро зери пардаи ғубор нигоҳ доранд. Он чи бо тақозои тақдир пеш омад, аз марказ бо айби сарварони ҳизбию давлатӣ, ҷудоихоҳони худи Русия сурат гирифта буд. Натиҷааш барои Тоҷикистони акнун ба фазои истиқлолияти комил воридгардида ба таври фоҷиавӣ оғоз ёфт.

Давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо тақозои таъриху тақдир, аниқтараш ба талаби воқеияти замон сарфаҳм нарафтани роҳбарияти он, раванди суръатафзои пешини худро таъмин карда натавонист ва дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта ҳар чи бештар ба гирдоби бӯҳрони шаддиди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеаро фарогир кашида шуд.

Фазои ноустувори сиёсию иқтисодии замони бозсозии горбачевӣ, барои Тоҷикистони дар ин марҳалаи таърихӣ аз дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ нисбатан қафомонда бештар таъсир гузошт. Дар баробари то рафт авҷ гирифтани талаби ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ, мисли дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҷумҳурии мо низ ба мавҷи ҳаракати ҷудоихоҳӣ кашида шуд. Ташаббускори он ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятие шуданд, ки дар аввал бо иқдомӣ гӯё барои ҷомеа фоидабахш амал менамуданд. Вале баъди каме қувват гирифтан, рӯи рост барои ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекардагӣ шуданд. Аз сабаби таҷрибаи зарурии сиёсӣ надоштан, ин қувваҳои дар ибтидо барои мустаҳкам намудани пойгоҳи демократӣ, таъмини рушди иқтисодию иҷтимои ва фарҳангии ҷомеа талошдошта, баъди муддате пурра ба маҷрои қувваҳои иртиҷоии динӣ, курситалабони маҳаллӣ, ва ғаразмандони хориҷӣкашида шуданд.

Ин ҷунбишҳо аз моҳи феврали соли 1989, аз талаби қабули Қонун дар бораи мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ оғоз гардиданд. Дар натиҷаи талошҳои зиёиён, ҳамин сол ин талаб асоси қонунӣ пайдо намуд. 22 июл - рӯзи қабули Қонуни забон, рӯзи забон эълон карда шуд.

Вале дере нагузашта маълум шуд, ки иддае ин қонунро на барои тоза нигоҳ доштани забони дар тӯли садсолаҳо ташаккулёфта ва ҳамчун забони адабии тоҷик шинохташуда истифода бурданӣ буданд. Таҳти шиорҳои «Тоза кардани забон», «ба намуди аслиаш баргаштан», ва ғайра баромад карда, ба забон чунин калимаю ибораҳое дохил менамуданд, ки аксари онҳо аз забони имрӯзаи арабу эрониҳо кайҳо берун шудаанд.

Солҳои 1989-1990 гурӯҳу маҳфилҳои сиёсӣ аз қабили созмони ҷавонони «Рӯ ба рӯ», ки дар Душанбе таъсис ёфта буд, дар вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳфилҳои «Ошкоро», Эҳёи Хуҷанд, «Дирафши Ковиён», ва «Таҷдид» ба вуҷуд омаданд. Ҳамчунин дар маҳалу минтақаҳои гуногун ҷунбишу созмонҳои «Бохтар», «Самарқанд», «Куруши Кабир», «Суғдиён», «Ваҳдат», «Пайванд» ва баъди чанде созмони мардумии «Растохез» оғози фаъолият намуданд. Дар ин солҳо ҳамчунин созмонҳои «Лаъли Бадахшон», «Ҳисори Шодмон», «Меҳри Хатлон», «Зарафшон», «Истаравшан», «Ватан», «Самарқанд», «Хуҷандиён», «Ҳамдилон», «Носири Хусрав» ва ғайра фаъолият доштанд, ки ҳар кадоме дар доираи биниши танги маҳалли худ амал мекард. Дар маҷмӯъ талоши онҳо аз курситалабӣ, ҷудоиандозии миллӣ беш набуд.

Ин маҳфилу созмонҳо, ҳар чӣ бештар дар зери шиори арзишҳои демократӣ баромад карда, фаъолияти ҳизби коммунист, ки пештар пешвои ягонаи идеологӣ ҳисоб меёфт ва сохтори давлатдории шӯравиро зери тозиёнаи танқид мегирифтанд. Аз кундзеҳнии сиёсии ин тоифа истифода бурда, тундравони исломӣ, ки дар хориҷи мамлакат алакай такягоҳ пайдо карда буданд, ҳар чӣ бештар онҳоро ба доираи таъсири худ мекашиданд.

Воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 муттаҳид шудани қувваҳои сиёсии зиддиҳукуматӣ дар ҷумҳурӣ аз заиф гардидани системаи идораи шӯравӣ дарак медоданд. Агар чанде тазоҳуроти сиёсии соли 1990 ба шикасти қуваҳои бо ном демократӣ анҷом ёфта бошад ҳам, вале дар интихоботи ҳамин сол тақрибан чаҳоряк депутатҳои халқ аз ҳисоби ҷабҳаи мазҳабию демократӣ интихоб шуданд, ки ин аз тағйир ёфтани таносуби қувваҳои сиёсии Тоҷикистон гувоҳӣ медод.

Падидаи назаррастарини ин давраи шадиди муқовимати сиёсӣ, дар он зоҳир гардид, ки Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард. Ин аввалин санаде буд, ки аз наздик шудани Тоҷикистон ба истиқлолияти воқеӣ башорат медод. Хусусияти ба тақозои замон созгори Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон дар он зоҳир мегашт, ки он дар доираи назардошти мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардида буд.

Баъди воқеаҳои моҳи августи соли 1991 (кӯшиши бебарори аз ҳокимият дур кардани Михаил Горбачев), саъю талоши ба даст даровардани истиқлолияти комил аз тарафи ҷумҳуриҳои Иттифоқӣ боз фаъолтар гардид.

Натиҷаи ин амали истиқлолиятхоҳии ҷумҳуриҳо барои Тоҷикистон бетаъсир буда наметавонист. 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати муҳимми таърихӣ «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки дар асоси он ҷумҳурӣ расман соҳибихтиёр эълон карда шуд. Ин аз диди таърих натиҷаи ниҳоии зинаҳои тақдирсози эҳёи давлатдории тоҷикон ҳисоб мебад.

Соли 1991 шиддат гирифтани моҷароҳои сиёсӣ ва майдоннишиноҳои бардавом ба эътирофи расмии ҳизбҳои навтаъсиси сиёсӣ оварда расонд. Ҳизби демократии Тоҷикистон 21 июн ва Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон 4 декабри соли 1991 расман ба қайд гирифта шуданд.

Ҳанӯз муждаи мустақилияти Тоҷикистон аз гӯшҳо нарафта, бо кӯшиши душманони миллат, курсихоҳони маҳалбоз, муллотарошони дунёбехабар, думравони ғаразманди хориҷӣ аз ноӯҳдабароии роҳбарони сиёсии онвақта истифода бурда, онро ба гирдоби даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Яксолаи аз маъракаи интихоботии президентӣ (ноябри соли 1991) то Иҷлосияи ХУ1-ми таърихии Шӯрои Олӣ (ноябри соли 1992), соли хавфноктарину мудҳиштарини таърихи ҷадиди тоҷикон ҳисоб меёбад.

Ҳарчанд гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ аз номи халқ 9 нафар гӯё беҳтарин намояндагонро ба номзадии Президенти ҷумҳурӣ пешниҳод намуда, дар атрофашон ҳаёҳуйи гӯшношунид бардошта буданд, вале ба ҳар як фарди солимфикр маълум буд, ки ҳар кадоме аз ин номзадҳо чӣ ҳадаф доштанд, чӣ манфиат меҷустанд ва ба кадом нерӯи сиёсӣ такя мекарданд. Аз ин ҷост, ки натиҷаи интихобот натанҳо ихтилофи талоши курситалабонро суст накард, баръакс боиси боз ҳам шиддат гирифтани вазъи сиёсӣ гардид.

Президенти тозаинтихобшуда Раҳмон Набиев, ки чанд сол аз вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ иҷборан дур карда шуда буд, дар чунин вазъият раванди воқеаҳо ҷилавгирӣ карда натавонист. Курситалабони гузаро ва гумоштагони дохилу хориҷ, ки истифодаи яроқу поймол намудани талабҳои конститутсиониро ягона роҳи ба даст даровардани ҳокимият қарор дода буданд, ӯро иҷборан аз вазифа ронданд. Бӯҳрони сиёсӣ ҳамоно шиддат мегирифт.

Буданд қувваҳое ки аз пора гаштани Тоҷикистон манфиат меҷустанд. Дар ин амали зишту фоҷиабори онҳо албатта дасти муқтадири душманони хориҷӣ эҳсос мешуд. Ноустувории сиёсӣ торафт авҷ мегирифт. Ҳароси фоҷиаи мудҳиш боҷуръаттарин солимфикрони ҷомеаро низ фаро гирифта буд.

Оғози гирдиҳамоии бардавоми моҳи сентябри соли 1991, аз тарафи қувваҳои мухолифини давлатӣ ғасб кардани Телевизиони марказӣ, муқобили ҳамдигар қарор гирифтани гирдиҳамомадагони майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ» (апрел-майи соли 1992), таъсиси Ҳукумати муросои миллии бесалоҳият, (май-ноябри соли 1992), дар фурудгоҳи Душанбе бо зури силоҳ ба истеъфо маҷбур кардани Президент Раҳмон Набиев, нишонаҳое буданд, ки аз тоҷикистонро ба гирдоби фоҷиаи мудҳиш кашидан дарак медоданд.

Акнун вазъияте ба амал омада буд, ки соҳибмансабони нав ё «болоҳо» ҳукуматро идора карда наметавонистанд, халқ ё «поёниҳо» тамоман аз итоати онҳо баромада буданд. Вазъе фаро расида буд, ки имрӯз ҳам аз ба ёд оварданаш кас меларзад. Тоҷикон гӯё ба ҳадди охирини мавҷудияти давлату давлатдории бо амри тақдир эҳё гаштаи худ расида, аз носипосиву ғаразхоҳии фарзандонаш боз аз нав ба қаъри гумномии таърихӣ ғӯта мезананд. Ҳамаро интизории ин имтиҳони нави таъриху тақдир фаро гирифта буд.

Ниҳоят 5 майи соли 1992 дар бинои Шӯрои Олӣ ваҳшиёна паррондани сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», депутати Шӯрои Олии Муродулло Шералиев, дар деҳаи Оли Совети ноҳияи Ленин тирборон кардани мардуми бесилоҳ, террори Прокурори Генералии Ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, ба қатл расондани муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб, хуҷум ба Кумитаи амнияти давлатӣ, силсилаи воқеаҳое буданд, ки аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дарак медоданд. Ҷанг муддате нагузашта вилояти Қӯрғонтеппаро фаро гирифт. Хавфи ба дигар ноҳияҳо доман паҳн кардани он то рафт бештар меафзуд.

Ба бахти тоҷикон ва тамоми тоҷикистониён, бо мушкиливу ташвишҳои зиёде бошад ҳам ҷаласаи тақдирсози ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби дар шаҳри бостонии Хуҷанд кори худро оғоз намуд. Он рӯз дар Иҷлосия аз 230 нафар депутатҳои халқ 193 нафар иштирок доштанд. аз ширкат накардагон 3 нафар фавтидагон буда, 4 нафари бо сабабҳои гуногун дар оғози иҷлосия ҳозир нашуда, дар ҷаласаҳои минбаъда иштирок намуданд. Шумораи иштирокнакардагон Ҳамагӣ ба 30 нафар мерасид. Аз инҷост, ки дар чаҳорчӯбаи қонун гузаштани Иҷлосия ҷои шубҳа намонда буд.

Иҷлосия дар сурате оғоз ёфт, ки тамоман фалаҷ гаштани ҳокимият, чи хеле, ки дар боло зикри он рафт, ба касе пинҳон намонда буд. Аз рафти иҷлосия мушоҳида мешуд, ки ҳукумати расмӣ ҷилави давлатдориро аз даст додааст. Дар чунин ҳолат гӯё аз тариқи гуфтушуниди сиёсӣ ҳал намудани тамоми масоили рӯзмарра ғайриимкон гашта буд. Онро касе ба даст гирифта метавонист, ки дар баробари гузаронидани чорабиниҳои нозуки сиёсӣ, инчунин ба дастгирии қувваҳои низомӣ ва нимнизомии муҳофизати қонуни амалкунанда муваффақ шавад.

Дар ҷаласаи машваратии 17 ноябр баргузоргардида, дар қатори дигар сухангӯён Раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов баромад карда, аз ниҳоят ногувории озуқавии вилояти Кӯлоб изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ доир ба масъалаи ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ чунин изҳор дошт: «Ҷанги шаҳрвандӣ хисороти азимеро ба бор оварда, сабабгори ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон гардид. Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд. Давом додани хунрезӣ беақлист ва ба он мекӯшем, ки дар ҳар як хонавода сулҳ, оромӣ ҳукмфармо бошад. Маҳз бо ҳамин мақсади олӣ мо ба иҷлосия омадем». Суханронии ӯ кӯтоҳ ҳам бошад бо масъалагузориҳои мушаххас фарқ мекард. Ва маҳз бо сабаби ҳамин сухаронӣ ӯ тавонист таваҷҷуҳи вакилонро ба худ ҷалб намояд.

18 ноябри соли 1992 ҳамчун рӯзи якуми кории пурмаҳсули Иҷлосия дар саҳифаи таърих ворид шуд. Ба муҳокимаи депутатҳо лоиҳаи рӯзномаи Иҷлосия пешниҳод гардид. Дар он масъалаҳои Муроҷиати Шӯрои Олӣ ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оиди ба тоҷикистон ворид кардани қувваҳои посдори сулҳ, Оид ба аризаи Президент Раҳмон Набиев доир ба боздошти идораи президенти, дар бораи Раис ва аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумат, дар бораи қатъ кардани ваколати баъзе депутатҳо, дар бораи аз вазифа озод намудани ҷонишини Раиси Шӯрои Олӣ В.И.Приписнов, дар бораи Раиси Девони Вазирон, дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи статуси депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар бораи Додситони кулли ҶТ, дар бораи Парчам ва Нишони ҶТ, дар бораи авфи умумӣ, дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва дигар масъалаҳои ҷорӣ муҳокима ва тасдиқ гардиданд.

19 ноябри соли 1992 Иҷлосия масъалаи интихоботи Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дод. Ба ин вазифа аз тарафи намояндаи халқ А. Мирзоев (ноҳияи Ҳисор) номзадии депутати халқ Эмомалӣ Раҳмонов ба вазифаи раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ чунин шуд: аз 197 депутат, ки дар иҷлосияи XVI иштирок доштанд, 186 нафар ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмонов овоз доданд. Тибқи Қарори Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 109 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Ҳамин тариқ дар чунин лаҳзаи ҳалкунанда, ғайричашмдошти қисми асосии ширкаткунандагони иҷлосия, ба вазифаи Раиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамзамон иҷрокунандаи масъулияти Раиси ҷумҳур), шахсе пешниҳод шуд, ки аксари намояндагони халқ ва аъзоёни ҳукумат ба азму ҷуръат ва қобилияти давлатдории он шиносоӣ надоштанд. Албатта табиист, ки ки сараввал ба пешниҳоди номзади ин марди ҳоло нисбатан ҷавон ва тахмину фаҳмиши иддае «дар сиёсат бетаҷриба» - Эмомалӣ Раҳмон чун амри тасодуф ба назар расид.

Вале аз қадами нахустини ӯ ба сӯи минбари олии ҷумҳурӣ аз аввалин суханҳояш ба ҳайси номзад ва сипас чун Раиси Шӯрои Олӣ ҳиссиёти нобовариву дудилагӣ ба тезӣ аз байн рафт. Маълум гашт, ки ҷонибдоронаш хато накардаанд. Ҳанӯз дар рафти кори иҷлосия нафақат ба сокинони ҷумҳурӣ, инчунин беҳтарин сиёсатшиносони касбии хориҷӣ, дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро мушоҳида намуданд, ки қодир аст то ҷумҳуриро аз ноустувории сиёсӣ, ҷанги шаддиди шаҳрвандӣ ва таҳдиди амиқи парокандагӣ барорад.

Дар Иҷлосия раисони кумитаю Комиссияҳои Шурои Олиро аз нав интихоб намуданд. Ҳамзамон Раиси Шӯрои Вазирон ва дигар аъзои Ҳукумат низ интихоб карда шуданд. Он қонуну таклифу супоришҳои расмие, ки дар ҷаласаи машваратӣ пешниҳод шуда буданд, ба ҳукми расмию қонунӣ дароварда шуданд.

Ҳамин тариқ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои вазифаҳои таърихи худ баромад. Иҷлосия барои таҳкими Ҳокимияти давлатӣ, нигаҳдошту ҳифзи истиқлолияти кишвар, муайян намудани самтҳои асосии инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёдии ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи ҳалкунанда ба вуҷуд овард. Ҳамаи қарору қонунҳои дар Иҷлосия қабул гардида, барои пойдории мамлакат, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъмини истиқлолияти воқеӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ таҳкурсии мӯътамад гузоштанд. Бояд қайд кард, ки дар ин Иҷлосия 74 номгӯи санадҳои ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.

Маҳз бо туфайли амалӣ гардидани ҳамон қарору қонунҳои Иҷлосия XVI –ми Шӯрои Олии, ҳарчанд, ки дар ин ҷода мушкилоти сангинеро, бо сабаби идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ паси сар кардан лозим омад, мамлакат тавонист, то ба маҷрои осоиштагӣ, ва музаффариятҳои бунёдкорӣ ворид гардад.

Дастовардҳои бузургу ҳамаҷониба фарогири давраи истиқлолияти комили Ҷумҳурӣ, ки амалан дар асоси қарорҳои Иҷлосияи XVI, хосатан таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд, дарстоварди бузургу бесобиқаи таърихи муосири миллат ҳисоб меёбанд.

Иқдоми ҳамаҷониба фарогиру созандаи Пешвои миллат, дар тамоми самтҳои ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва илмию фарҳанги мамлакат дар садҳо далели мӯътамад зоҳир мегардад. Имрӯз аз ҳар ҷиҳат Тоҷикистони азиз ба иқтидори қавие соҳиб гардидааст, ки ягон қувваи ғаразноки дохилӣ ва душманони хориҷӣ, истиқлолияти қавию абадии онро халалдор карда наметавонад.

Акнун, ки фазои мӯтадили сиёсию иқтисодӣ барои ободкории Ватан комилан мусоидат мекунад, бояд якдилона барои таъмини амалии барномаи дурнамои рушди ҳамаҷонибаи мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳем. Вазифаи тарбияи наслҳои ҷавону созандаи имрӯзу фардо, дар рӯҳияи худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллӣ, қарзи авлодист, дар назди рӯҳи поки аҷдодоне, ки эҳёи давлатдории тоҷиконро дар муддати чандин қарнҳо орзӯ мекарданд.

Ҳайдаршо Пирумшо, узви вобастаи АМИТ, профессор.

21(Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз муассисаи бузурги илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар назди муассисаҳои зерсохтори он 9 шурои диссертатсионии миллӣ амал мекунад, ки фаъолияти онҳо тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда, инчунин Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва Низомномаи шуроҳои диссертатсионӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 267 бо тағйиру илова аз 26 июни соли 2023, №295) ба роҳ монда шудааст.

Аз теъдоди 9 адад шурои диссертатсионӣ 2 адад Шурои муштарак бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва 1 шурои муштарак бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ таъсис додашуда, 4 шурои диссертатсионӣ ваколати баррасии диссертатсияҳои докториро доранд ва дар маҷмуъ аз рӯйи 25 ихтисос диссертатсияҳоро қабул ва баррасӣ менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки аз шумораи умумии Шуроҳои диссертатсионии амалкунандаи муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии АМИТ фаъолияти 6 ададаш ба самти илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ рабт дошта, дар шаш моҳи соли равон 15 диссертатсия аз рӯйи самтҳои болозикр ва 25 диссертатсия аз рӯйи самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ҳимоя гардиданд, ки ба татбиқи амалии ташаббуси наҷиби аз ҷониби Пешвои миллат эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мусоиддат мекунад.

Маврид ба зикри хос аст, ки санаи 30-юми майи соли 2024 дар мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пешвои миллат ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ таваҷҷӯҳи махсус равона карда, зикр намуданд, ки дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи баъзе ихтисосҳо ҷавобгӯй намебошад ва ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем.

Барои амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ танҳо дар моҳҳои июн ва июли соли 2024 лоиҳаи ду дархост оид ба таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D060600 – Химия (6D060606 – Химияи фаромолекулӣ ва 6D060609 – Химияи биоорганикӣ), 6D071000 – Маводшиносӣ ва технологияи моддаҳои навин (6D071001.01 – Маводшиносӣ (саноати металлургия)), 6D072000 – Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ (6D072003 – Технологияи равандҳои электрохимиявӣ ва муҳофизат аз коррозия), барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 02.00.00 – Химия (02.00.06 – Химияи фаромолекулӣ ва 02.00.10 – Химияи биоорганикӣ ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ ва доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисосҳои 05.17.03 – Технологияи равандҳои электрохимиявӣ ва муҳофизат аз коррозия, 05.02.01.01 – Маводшиносӣ (саноати металлургия) омода гардид.

Таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои болозикр имкон медиҳад, ки пойгоҳи асосии саноати дорусозӣ ва саноати металлургияи муосирро дар мамлакат роҳандозӣ намуда, ба саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи стратегии мамлакат ба шумор меравад, мусоиддат намояд.

Ҳамчунин, ҷиҳати бартараф намудани эродҳои гирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, диссертатсияҳо, арзёбии диссертатсияҳо аз ҷониби муассисаҳои пешбар ва муқарризони расмӣ, бо масъулини шуроҳои диссертатсионӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохуриҳо баргузор гардиданд.

Омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ барои рушди мамлакат масъалаи хеле муҳим маҳсуб меёбад. Бинобар ин, аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ, таъсис додани шуроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои нодир дар назди муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамарӯза тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Сармутахассиси Раёсати магистратура,

аспирантура ва докторантураи (PhD) – и

назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аҳмадов Ф.М.

«Роғун» манбаи нури ҳар хонадон, гармии қалби ҳар фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».

Эмомалӣ Раҳмон

Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик истиқлоли давлатӣ мебошад. Маҳз истиқлоли давлатӣ ба миллати куҳанбунёду соҳибмаърифати тоҷик имкон фароҳам овард то ба ормони деринаи хеш сазовор гардад. Расидан ба Истиқлол дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди давлати навини мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эљоди аркони давлатдории муосирро гузошт.

Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳалли масъалаи энергетика ва таъмини кишвар бо неруи барқ ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин замина бояд тазаккур дод, ки имрӯз бунёди НБО Роғун шарафу номуси миллати куҳанбунёду тамадунпарвари тоҷик буда, аз сифати созандагии тоҷикон дарак медиҳад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ ба сӯйи бунёди ин иншооти бузурги қарн далеронаю хирадмандона қадам ниҳоданд.

Оғози ба кор андохтани НБО-и Роғун муҳимтарин рӯйдоди таърихи нави давлатдории халқи тоҷик буда, дар солномаҳои таърихӣ бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.

Ёдовар мешавем, ки тарҳи НБО-и Роғун ҳанӯз дар ибтидои солҳои 70 - уми асри XX ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонии он соли 1976 оғоз гардидааст. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа, корҳои омӯзишӣ дар ин ҷо солҳои 1933 ва 1938 сурат гирифта, аз рӯйи ташхиси олимон муайян гардидааст, ки мавзеи мазкур барои сохтмони нерӯгоҳи пуриқтидор хело мусоид мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки дар солҳои 50-70-уми асри ХХ роҳбарияти давлати шуравӣ аз ҳар ҷиҳат барои сохтмони неругоҳҳои истеҳсоли барқ таваҷҷуҳ зоҳир менамуд, зеро барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза барои рушди хоҷагии халқ аҳамияти калон дошт[1].

НБО-и Роғун сохтмони бузурги аср ба ҳисоб рафта, бо 335 метр баландӣ яке аз баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Аммо бо сабабҳои маълум сохтмони НБО-и Роғун дар ибтидои солҳои 90 -ум боздошта шуда буд. Соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи замони муосир ва стандартҳои бехатарӣ барои ташхиси байналмилалии лоиҳа ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат намуд. Барои корҳои барқарорсозӣ, сохтмону васлкунии неругоҳи барқи обии Роғун аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 35 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Ҳукумати кишвар барои ҷалби маблағҳои иловагӣ бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд тадбирҳои мушаххаси амалӣ меандешад.

16 ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва корпуси дипломатӣ аввалин агрегати НБО-и Роғун ба истифода дода шуд.

Боиси ифтихормандии бузург аст, ки дар рӯзи ҷашни 28-умин солгарди истиқлоли давлатии кишварамон, 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми НБО Роғун мавриди истифода қарор гирифт. Дар назар аст, ки агрегати сеюми НБО Роғун соли 2025 ба кор дароварда мешавад [2].

Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бори дигар рӯ овардану ҷон бахшидан ба ин иншооти бузурги аср тақозои замон мебошад. Ҳар як фарди худшиносу худогоҳу ҳувиятсози миллат аз бунёди чунин иншоот ифтихорманд буда, сохмони НБО-и Роғунро нишон аз созандании миллат ва фарҳанги қадимаи тоҷикони худогоҳ мешуморад.

Дар ҳақиқат НБО-и Роғун иншооти тақдирсози миллати тоҷик буда, омили некуаҳволӣ маҳсуб меёбад. Чунки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолшуда талаботи аҳолиро ​​пурра таъмин карда, ба рушди иқтисодиёти мамлакат такони ҷиддӣ медиҳад. Рушди соҳаи энергетика дар тараққии устувори иқтисодиёти Тоҷикистон ва махсусан барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - индустрикунонии босуръати кишвар нақши асосӣ дорад.

НБО Роғун ҳаҷми истеҳсоли неруи барқро баланд мебардорад ва барои рушди истеҳсолот муфид аст. Инчунин аҳолиро бо қувваи барқ таъмин менамояд. Дар навбати худ шаъну эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад.

Бояд гуфт, ки ба пуррагӣ бунёд намудану ба истифода додани НБО-и Роғун барои расидан ба истиқлоли комили энергетикии кишвар шароит фароҳам меорад ва барои захира намудани манбаи бузурги оби нушокӣ имконият медиҳад. Ҳамзамон, қувваи барқи истеҳсолшавандаи НБО Роғун барои кишварҳои дигар бо нархи арзон дастрас мегардад. Пушида нест, ки обанбори ин неругоҳ дорои имконияти нигоҳ доштани захираҳои бузурги об аст.

Тоҷикистон кишварест, ки ягон ҳамсояро бе об намегузорад, ин нуқтаро борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, БРИКС ва дигарон иброз намудааст.

НОБ Роғун ифтихори миллати созандаи тоҷик буда, бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Миёна ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки ҳангоми ба пурагӣ ба истифода додани ин неругоҳ миллати тоҷик аз бунбасти энергетикӣ бурун гашта, зиндагии мардум маҷрои навро мегирад. Бо ба итмом расидани бунёди ин неругоҳи бузург манфиати он натанҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки ба дигар давлатҳои минтақа низ мерасад.

Ин неругоҳ ифтихори миллати тоҷик мебошад, чунки дар тӯли солҳои истиқлоли давлатӣ сохта шуда, имрӯзҳо давра ба давра ба истифода дода мешавад. Ҳангоми истифодабарӣ аз ин иншооти муҳташами аср, ҳатман миллати тоҷик аз бунбасти энергетикӣ мебарояд. Зиндагии сокинони кишвар боз ҳам беҳтару ободтар ва деҳоту ноҳияҳову шаҳрҳои Тоҷикистони азизамон чароғонтар мешавад.

Тибқи маълумоти мутахассисон, баъди ба кор андохтани ҳамаи шаш агрегати Роғун соле 13-17 миллиард киловатт-соат кувваи барқ ҳосил карда мешавад. Ин қариб баробар ба маҳсулоти солонаи ҳамаи неругоҳҳои барқи- обии дар Тоҷикистон мавҷудбуда аст.

НОБ Роғун як навъ роҳи абрешим барои неруи барқ ​​аст, ки Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро мепайвандад. Ҳамзамон, вазифаи дигари он танзими ҷараёни об мебошад. Бе иштибоҳ метавон гуфт, ки Роғун мактаби бузурге мебошад, ки ба мутахассисони маҳаллӣ имкон медиҳад, то дар ин соҳа малакаю маҳорати худро қавӣ намуда, соҳибкасб гардида, мутахассис шаванд ва дар оянда ин таҷрибаро дар дигар кишварҳои ҷаҳон истифода баранд.

Тавре, ки маълум аст, сохтмон ба ду марҳила тақсим мешавад. Якум сохтмони сарбанди 1110 метрро дар бар мегирад, ки ду агрегати 200 МВт ба кор медароянд, ки ин 16 ноябри соли 2018 ба вуқуъ пайваст. Марҳилаи дуюм то 1300 метр баланд бардоштани сарбанд аст, сипас тадриҷан то соли 2028 боз чаҳор турбинаи иқтидори ҳар кадом 600 МВт ба кор андохта, ду турбинаи аввал то 600 МВт зиёд карда мешавад. Ҳамин тариқ, иқтидори умумии НБО-и Роғун то анҷоми сохтмон 3600 МВт хоҳад буд. Таҷҳизоти НБО-и Норак, ки дар поёноби Вахш воқеъ аст, тадриҷан фарсуда шуда, барқароркуниро талаб мекунад. Дар сурати боздоштани кори як агрегат дар он ҷо, ки 200 МВт аз даст додани неруи барқро ташкил медиҳад. Ин хароҷоти Роғунро мепӯшонад. Ҷанбаи дигари муҳим ин идоракунии таҳшинҳо (шағалҳо, қумҳо, сангҳо), ки тавассути дарёи Вахш мебурд, мебошад. Ин дар як сол тақрибан 80 миллион мукааб метрро ташкил медиҳад. Лоиҳаи сарбанди НОБ Роғун аз ин таҳшинҳо муҳофизат карда, бо ҳамин муҳлати кори НОБ Норакро дароз мекунад. Ӯзбекистон сарфи назар аз мавсим ба қадри зарурӣ об хоҳад дошт. Ин дар шартномаи НБО Роғун, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба имзо расида, баъд аз он ҳамаи тарафҳои манфиатдор тасдиқ кардаанд, дохил карда шудааст. Мо ҷомеаи ҷаҳониро мутмаин сохтем, ки Роғун як макони амн аст ва ба ҳамаи кишварҳои поёноб фоида меорад. Ҳама уҳдадориҳое, ки Тоҷикистон дар робита ба неругоҳи Роғун гирифтааст, пурра иҷро мешаванд.

Сохтмони сарбанди 335-метраи сангреза НОБ-и Роғунро ба баландтарин неругоҳи барқии обии ҷаҳон табдил медиҳад. Ва иқтидори он 3600 МВт бузургтарин дар Осиёи Марказӣ аст. Шароити мураккаби табиӣ низ лоиҳаро беназир мегардонад. Зилзила, дараи танги кӯҳӣ, хавфи сел, қабати намаки санг, ки дар пояи сарбанд хобидааст, ҳамаи ин усулҳои махсуси лоиҳакашӣ ва техникиро талаб мекард. Масалан, маҳлуле ёфт шуд, ки аз ҳал шудани намак пешгирӣ карда, бехатарии тамоми сохторро таъмин мекунад. Чунин ҳодиса дар ягон ҷойи ҷаҳон рӯй надодааст.

Муҳим он аст, ки неругоҳи барқи обии Роғун метавонад Тоҷикистонро дар содироти неруи барқ нисбат ​​ба кишварҳои ҳамсоя пешсаф гардонад. НБО Роғун ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд кунад.

Дар назар аст, ки 50 дарсади иқтидори НБО Роғун дар дохили кишвар истифода шуда, 50 дарсад ба хориҷ содирот мешавад. Нархи як киловатт-соат барқи НБО Роғун 1,5-2 дирам мешавад. Барои муқоиса нархи неруи барқи стансияҳои электрикии аловӣ ин рақам 4-5 дирам, дар стансияҳои электрикии атомӣ 5-6 сентро ташкил медиҳад. Бешубҳа, неругоҳи барқи- обии Роғун дар муқоиса бо дигар навъҳои тавлидкунандаи неру бештар фоидаовар аст.

Бисёриҳо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷа татбиқи ин тарҳро ғайриимкон меҳисобиданд. Ва инак, мо ин кори бузургро анҷом додем. Албатта, ҳисси ифтихори бузург - ҳам барои худам ва ҳам барои ҳамкасбонам, он тоҷиконе, ки дар ин сохтмон бо онҳо бародарӣ кардаам. Бе ин гуна бародарӣ душвориҳоеро, ки дар ин сохтмони нодир ба мо пеш омад, бартараф кардан мумкин набуд, иброз намудаст дар сӯҳбат бо Шариф Ҳамдампур сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон», Жан-Франсуа Норманд, сармуҳандиси консорсиуми «Трактебель-Электроконсалт», (Consortium “Tractebel-Electroconsult) масъули марҳилаи ниҳоии сохтмони нерӯгоҳи Роғун [3].

Дар баробари гуфтаҳои боло, метавон иброз дошт, ки истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар таърихи миллатамон пирўзии бузург маҳсуб меёбад. Истиқлоли миллии деринтизори мо имкон фароҳам сохт, ки мо дар ин дунёи пурталотум роҳи хоси рушди кишвар ва мартабаву манзалати лоиқи худро пайдо кунем, сарзамини куҳанбунёди хешро ба шаклу тариқаҳои муосир ба оламиён муаррифӣ намоем, ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гашта, онро таҳким бахшем ва дар ин заминаи мустаҳкам ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ва бунёдкориву созандагӣ бароем. Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлол кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳояш кори аз он ҳам душвортар аст[4].

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа

Сарчашма:

1. Наҷмуддинов Т. А., Роғун - сарчашмаи нур. Манбаи электронӣ:

ttps://tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=4019:2023-01-19-08-53-22&catid=101:pajuhish&lang=tj&Itemid=. Санаи муроҷиат: 09.04.2024с.

2. https://sputnik.tj/.../Malum-shud-agregati-seyumi-NBO.... Санаи муроҷиат: 08.04.2024с.

3. Рогунская ГЭС - новая сила Таджикистана. Манбаи электронӣ: https://pressa.tj/rogunskaya-ges-novaya-sila-tadzhikistana/. Санаи муроҷиат: 02.05.2024с.

4. Сайидзода З. Ш. Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. - 464 саҳ.

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Паёми Сино

Паёми Сино

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

«Паёми Сино» (Vestnik Avitsenny; Avicenna Bulletin) маҷаллаи тақризшавандаи дастрасии кушодаи платинӣ буда, дар он масъалаҳои афзалиятноки тибби амалӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон инъикос меёбанд...

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм