Skip to main content

АСОСӢ

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Гумон мекунам, ки тавъам омадани ҷашни ин ду офаридгор бесабаб ва бе ҳикмат нест, чун яке гардонандаи зиндагиву дигаре барои бақои инсоният ҳастанд. Яке ғизои маънавиву дигаре моддӣ бар мо мебахшанд.

Аз ин рӯ, қисмат барои одамон ду туҳфаи арзандае инъом кардааст, ки он ҳам яке модар асту дигаре табиат ва бояд мо натанҳо имрӯзу чанд рӯзи дигар дар васфи махсусан модар суханҳои неку ситоишӣ бигӯем, балки ҳар дақиқаву ҳар соат арҷгузор ва дӯстдори модар бошем ва бад-ин васила, шахси худро ҳам хоҳем шинохту донист, ки мо чӣ касем.

Ростӣ, зидди он суханҳое ҳастам, ки махсус дар як рӯзи муқарраргардида бар модар гуфта мешавад, чун бовар дорам, ки модар бо ҳама бузургӣ ниёзе ба ҳарфҳои ҷаълӣ, ки аз тарафи дигарон гуфта мешавад, надорад. Модар муҳаббат аст, модар синаи шафқат аст, модар ганҷинаи бидуни тиҷорат аст, модар ягона ва беназир фардест, ки ишқу садоқатро бар мо бахшидааст, модар маънии зиндагии дирӯзу имрӯзу фардои мост!

Модар маҳбубтарин шахс дар назди Парвардигор аст.

Ва агар ҳолиё шахсияти модарро бо ақл андозагирӣ намоем, ҳама чизу ҳама кас ибтидо мегирад аз модар. Бинобар ҳамин, чанд сухани дар боло гуфташуда қатрае аз баҳри бепаҳнои модар аст. Ҳасад бар касоне мебарам, ки дар қалби худ ҳамеша меҳру муҳаббати модарро доранд ва бузургиашро кашф кардаанд, вале ягон ҳарфе бозгӯкунандаи дарди дили онҳо набошад. Ҳар чизе, ки бузургони мо дар васфи зану модар гуфтаанд, албатта, бисёр суханҳои эшон баланд гуфта шуда, аммо худи онҳо боз мегӯянд, ки «он чизе, ки ман дар дил дорам, то ҳол сухане наёфтам, ки бори маъниашро бардорад ва ман онро гуфта бошам».

Дар воқеъ, он шахсе дар ҳаққи модар сухани воло гуфта метавонад, ки вуҷудаш аз меҳри модар пур ва меҳраш софу беолоиш аст. Аз ин лиҳоз, муҳаббат ва меҳре, ки дар дил нисбати шумо – модарон дорам, пеш аз ҳама ҳамешагист ва дигар онро бо сухан баён кардан имкон надорад.

Кош ин пиндору гуфтор ифтихори пуч набошад, аммо воқеият ин аст, ки мо парвардаи фарҳангу асолати холис ҳастем, дар гузаштаҳои дур, ки ҳеч олиму паджуҳишгаре макону замони ҷашни бузургдошти Зан ва Заминро, ки бо номи “Исфандагонмурз” гузаштагонамон ҷашн мегирифтаанд, дақиқ накардааст. Таърихи пайдоиши ҷашни “Модарон” ё худ “Бонувон”-ро, ки 8-уми март ихтисос ёфтааст, ҳамагон медонанд ва маълум, дар сар то сари дунё ҷашн гирифта мешавад, вале нуктаи таассуф ин аст, ки мо тоҷикон бо таҳаввулоти иҷтимоиву сиёсӣ аз гузаштаи худ дур афтодем, арзишҳову пайвандҳои маънавию фарҳангии худро то андозае аз ёд бурдем. Вагарна чӣ тур метавон ҷашни бузургдошти Зан ва Замин, ки гузаштагонамон бо шукӯҳи хоссе таҷлил мекарданд, аз ёд бурд? Ҳоло агар аз вуҷуди чунин ҷашне аз пиру барно пурсон шавем, яқин дорам, беш аз навад дарсад изҳори бехабарӣ мекунанд... Пас ин истидлоли дур уфтодан аз асли худ нест? Пас аз истиқлол Ҳукумати кишвар чандин ҷашну маросими ниёгонамонро эҳё кард, ки воқеан барои худшиносии миллӣ заминаи назаррасе буду ҳаст, аммо миллат низ бояд дар ин росто бетарафу фориғбол бошад, барои омӯзишу аз гузаштаи худро огоҳ гардидан даст ба кор бишавад. Ба мисол, бояд миллати тоҷик донад, ки он ҳама ҷашну оинҳои гузаштаи мо дар маҳдудаи ҷашнидану рақсу бозӣ кардан набудааст, балки фаротар аз ин пиндору ҳатто фаромиллист, яъне барои башарият хидматгузор будан аст ва он ҷашнҳо характери илмиву худшиносиву барномарезии дурусти зиндагист, ки ҳар фард боястӣ барои зиндагии дуруст бароҳ мондан аз ақлу дониш кор бигираду бунёди зистани боистаро роҳандозӣ бикунад. Гузаштагони мо бар ин бовар будаанд, ки ҳар ончи аз илму дониш сарчашма мегирад, он инсонро дар зиндагӣ хушвақту хушрӯзгор мегардонад, далелаш ҳам ин аст, ки ҳар чи аз гузаштагон ба мо мерос мондааст, баргирифта аз илму хирад будааст ва то имрӯз дархӯри ҳаёти мост.

Далелҳо барои ин пиндору гуфтор фавҷ-фавҷ аст, бигирем ҳамин ҷашни “Рӯзи бузургдошти Зан ва Замин”-ро, чунончи аллома Абурайҳони Берунӣ дар китоби худ “Осор-ул-боқия” менависад:

«Исфандормуз» эзади муаккал бар Замин ва эзад, ҳомӣ ва нигоҳбони занони шавҳардӯст ва порсо ва дурусткор буда”.

Ба ҳамин муносибат ин рӯз, иди занон ба шумор мерафт.

Мардум ба ҷиҳати гиромидошт, ба онон ҳадя дода ва бахшиш мекарданд.

Занон на танҳо аз ҳадоё ва деҳишҳое бархурдор мешуданд, балки ба навъе дар ин рӯз фармонравоӣ мекарданд ва мардон бояд, ки аз онон фармон мебурданд.

Сипиндормузд нигаҳбони Замин аст ва аз онҷо, ки Замин монанди занон дар зиндагии инсон нақши борварӣ ва бордеҳӣ дорад, ҷашни исфандгон (испандгон) барои гиромидошти занони некӯкор баргузор мегардад.

Эрониён аз дер боз ин рӯзро рӯзи зан ва рӯзи модар меномиданд.

Яъне ин ҷашн ба унвони рӯзи гиромидошти зан ва замин маҳсуб меёфт...

Ин иборатро Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор» ба таври андаке дигар овардааст: Аз ин ҷиҳат ҷашнро «мардгирон» мегуфтанд ва занон ба ихтиёри хеш ва бо озодӣ шӯй ва марди зиндагии худро бармегузинанд. Бинобар ин, дар рӯзи панҷуми моҳи исфанд ҷашни занонаи «мардгирон» ё «маждгирон», ки ба занон ихтисос доштааст, баргузор мешудааст.

Аз гуфтаи Гардезӣ метавон чунин бардошт кард, ки гузаштагони мо озодӣ, соҳибихёрӣ ва интихоби занро арҷ мегузоштаанду ба занҳо чунин имкониятро фароҳам меовардаанд, пас аз ин волотару беҳтар қадршиносиву эҳтиромгузорӣ ба шахси зан-модар буда метавонад?

Гузашта аз ин, гузаштагони мо Зан ва Заминро эҳтироми хоса мекардаанд ва ба ин бовар будаанд, ки Зан ва Замин ду халлоқ ё офаридгоре ҳастанд, ки ҷовидонагиву пойдории инсон аз онҳо иртиботи ногусастанӣ дорад ва ин ду офаридгор яке идомадиҳандаи зиндагӣ ва дигаре рисқдиҳандаи зиндагӣ маҳсуб меёфтаанд. Суоли матраҳ инҷост, ки имрӯз ҳам ин ду халлоқ аз шинохти ақли чунин хидматро анҷом намедиҳанд? Гузаштагонамонро бубинед аз замонҳои дури торихӣ ба нуктаи борик фаҳм кардаанд, дар ҳоле халқиятҳои дигар дар ҷангалу ғорҳо зиндагии ваҳшиёнаро пушти сар мекарданд. Аммо илму фарҳанги гузаштагони мо нуктаҳоеро дарку фаҳм карда, ки то имрӯз қобили қабул буда ва беш аз пеш инсоният имрӯз ниёз ба он дорад.

Ин ҳама фарҳангу дониши бузурги бузургони гузаштаамон ифтихорзо нест? Аз он чи тур бояд ифтихор кард? Тутивор на, эҳсосӣ на, бояд ифтихор чун чормағзи сиҳат бошаду мо ҳар кадомоман бевосита осори гузаштаро хонему донем, ки аз куҷо омадему ба куҷо меравем...

Инсон бояд арзишҳои гузаштаи худро дар тарозуи илму дониши худ баркашад ва бидонад, ки решапайванди ӯ аз чӣ хоку обе ғизо гирифтааст ва бори масъулияташ дар чӣ поя буда бошад. Ин аст қарзи фарзандӣ, агар ин нуктаҳоро сарфи назар кардем, бе ҳеч гумон фардо баҳрамон хоҳанд гуфт:

Намедонем асли нодири худ,

Намедонем шеъру шоири худ.

Гаҳе он қадр бефарҳангу кӯрем,

Ки бошем ошкоро мункири худ.

Адабиёт ва осори гузаштагони моро имрӯз ҷаҳониён азхуд мекунанд ва дар зиндагии худ чун дастур истифода мебаранд, беинсофист, ки мо соҳиби сарчашма бошем, аммо ташналаб биншинем...

Нуктаи қобили ҳам андешидану ҳам дарк кардан дар мафҳуми Ватан- Модар дар оини “Рӯзи бузургдошти Зан ва Замин” ифода гардидааст ва оё боре андешидаем, ки чаро Ватан-Модар тавъаму яксон хонда мешаванд? Бубинед гузаштагони мо бар ин андеша будаанд, ки Замин- яъне Ватан дар баробари Зан- Модар барои инсон арзишманд аст, зеро ин ду муқаддасот ба зоти худ як хидматро анҷом медиҳанд- рӯзиовару рӯзидеҳ. Модар рӯзиовар ба маъноест, ки моро ба дунё меовард ва мо аз паси рӯзӣ талош мекунем ва Ватан- Замин ба мо рӯзидеҳ аст, пас ин ду халлоқ сабабгори будану зистан ҳастанд ва беҳуда ин ду вожаи ҳумоюн дар канори ҳам қарор нагирфитаанд. Бояд ба маънии Ватан-Модар ба ин маънӣ фаҳм карда бошем.

Осори беш аз ҳазорсолаи мо, ки ғолибан то ба мо омада расидааст, бештар аз осори пешиниён сарчашма мегирад ва чи гунае, ки осори гузаштаи мо дар китобҳои Рӯдакӣ, Пури Сино, Абурайҳони Берунӣ, Гардезӣ, Хайём, Ҳофиз ва амсоли инҳо инъикос гардидааст, ифодагарӣ миллати фарҳангофару донишвар будани мост.

Чӣ тавре дар оғоз зикр кардем, қадрдонии Зан-Модарро набояд ба як рӯз ихтисос доду бо ҳамин хатм кард, балки моро зарур аст, ки баҳри пойдориву ояндаи дурахшон занҳоро на дар зери дидгоҳи танги худхоҳиву мардсолорӣ нигаҳ дорем, балки иззаташонро ба ҷо биёрем ва тамоми шароитро барои соҳибилму соҳибандеша гаридани занҳо фароҳам оварем, то миллат наслҳои бохираду андешаманду донишварро бештар доро гардад. Чун таҷрибаҳои гузашта нишон медиҳанд, ки ҷомеае, ки зан дар он соҳибэҳтирому донишманд ҳаст, он ҷомеа ба тамоми комёбиву дурахшандагӣ дастёб мегардад.

Модар рисолати бузург дорад ва бояд мо ба қадри рисолаташ бирасем, чунончи шоир ин нуктаро дарк карда, фармудааст:

Аё модар, пиҳил кун шири покат, ки то ҳастам,

Ҳама сӯи Худо ноланд, ман сӯи ту менолам.

Ҷашни бузургдошти модарон бар ҳама фархунда ва хуҷаста бод!

Зоҳири Сайфулло - ходими илмии Шуъбаи фалсафаи Фарҳанг ИФСҲ. АМИТ

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Масъалаи нақши занон ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ барои кишварҳое, ки дорои арзишҳои анъанавӣ мебошанд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, бисёр муҳим аст. Дар ҷаҳони муосир занон на танҳо асоси оила ҳастанд, балки дар равандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ низ фаъолона ширкат меварзанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 март ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мегардад, ки аҳамияти бузурги модарону оиладориро дар фарҳанги миллии мо таъкид мекунад.

Бо вуҷуди ин, дар солҳои охир тамоюли мусбат дар рушди соҳибкории занон ба назар мерасад, ки ин нишонаи афзоиши фаъолнокии иҷтимоӣ ва мустақилияти иқтисодии занон мебошад. Барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкории хурду миёна заминаи мусоидро барои фаъолияти занон фароҳам меоранд, аммо масъалаҳое ба монанди дастрасӣ ба сарчашмаҳои молиявӣ ва барномаҳои омӯзишӣ ҳанӯз ниёз ба ҳалли фарогир доранд.

Яке аз омилҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии занон сатҳи таҳсилоти онҳост. Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи ҷавондухтарони соҳиби маълумоти олӣ афзоиш ёфтааст. Аммо, мушкилоте ба мисли қатъи таҳсилоти духтарон бар асари издивоҷи барвақт, фишори иҷтимоӣ ва набудани ангезаи рушд ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд.

Сиёсати давлатии соҳаи маориф ба васеъ намудани имкониятҳои занон равона шудааст, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, тағйири тасаввуроти қолабӣ дар бораи нақши зан дар ҷомеа ва рушди барномаҳои касбии омӯзиширо дар бар гиранд.

Ҷашнгирии 8 март ҳамчун Рӯзи модар дар кишвари азизамон нақши модариро дар фарҳанги миллӣ таъкид мекунад. Аммо яке аз мушкилоти муҳим сатҳи солимии репродуктивии занон мебошад, махсусан дар минтақаҳои дурдаст.

Барои ҳалли ин масъалаҳо, чораҳои фарогири давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба солимии занон ва таъмини баробарии дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ заруранд.

Дар ҷомеаи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон занон на танҳо модар ва тарбиятгарони насли оянда мебошанд, балки нақши муҳимро дар пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ мебозанд.

Рӯзи 8 март – Рӯзи модар як рамзи эҳтиром ба занон ва арҷгузорӣ ба нақши онҳо дар ҷомеа мебошад. Аммо муҳим аст, ки ин арҷгузорӣ на танҳо ба як рӯз маҳдуд шавад, балки дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт татбиқ гардад.

Занон ояндаи миллатанд, ва рушди устувори ҷомеа танҳо бо иштироки фаъолонаи онҳо имконпазир хоҳад буд.

Модар, дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдориҳо мебошад, зеро ӯ сарчашмаи ҳаёт, равшангари бахту саодат, мунису ғамхор, меҳрубону боиззат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандусту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда мебошад. Бо меҳрубониҳояш ба зиндагӣ таровату ҳусни нотакрор мебахшад.

Дар охир ҳамаи модарону бонувони кишвари азизамонро ба Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, баҳрашон беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно менамоям.

Раҳимова Шукрона Абдуллоевна корманди шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки модар таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дорад (б. 1 моддаи 34). Аз ин рӯ, сиёсати ҷорӣ дар самти таҳкими оила, таъмини ҳифзи манфиатҳои модар ба қонуни асосии мамлакат асос ёфта, баҳри ташаккули ҷомеаи солим ва таҳкими арзишҳои оилавӣ равона гардидааст.

Дар айни замон фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳбудии вазъи моддии оилаҳо, расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таваллуди кӯдакон ва ғайра нигаронида шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон аз 28 декабри соди 2024 чунин қайд намуданд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад”.

Баҳри ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои модар давлат аз як қатор механизмҳои махсус истифода мебарад.

Механизми давлатии ҳимояи модар маҷмӯи тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки аз ҷиҳати мазмун, мақсад, муҳлат гуногунанд. Ҳамаи онҳо иҷрои уҳдадории конститутионии давлатро оид ба ҳимояи модар таъмин мекунанд.

Зери истилоҳи"ҳимоя" инҳо фаҳмида мешаванд:

тадбирҳое, ки ба рафъи ҳуқуқвайронкуниҳо нигаронида шудаанд;

чораҳои пешгирии вайронкуниҳо;

кафолати амалишавии ҳуқуқҳои модар.

Дар шакли умумиаш «ҳимоя» муқовимат ба амалҳои ғайриқонунӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин рӯёнидани ҷуброни зарарро дар бар мегирад.

Механизми давлатии ҳимояи модар ҳамчун маҷмӯи тадбирҳои мақсаднок баҳри ҳавасмандгардонии модарӣ, кафолати ҳифзи манфиатҳои модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоидтарин барои инкишофи ҳаматарафаи кӯдак нигаронида шудаанд.

Мафҳуми «модар» дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва фаъолияти амалии инсон истифода мегардад. Қонунгузор истилоҳи модарро васеъ истифода бурда, аммо мафҳуми онро надодааст. Аз ин хотир, мо зарур мешуморем, ки ба адабиёти ҳуқуқӣ рӯ оварем.

Дар энсиклопедияи озоди Википедия модар – ин зан дар муносибат бо фарзандони худ маънидод мегардад. Дар луғати Д.Н. Ушаков бошад, модарӣ ҳамчун муносибатҳои оилавии байни модар ва фарзандон муайян карда шудааст. Луғати С.И. Ожегов ва Н.Ю. Шведов модарро ҳамчун ҳолати махсуси зан — модар (асосан дар давраи ҳомиладорӣ ва кӯдакӣ) муайян мекунад.

Ба ақидаи мо модар аз нигоҳи иҷтимоӣ падидаи мураккабе мебошад, ки аз ҷониби давлат тавассути муқаррар намудани кафолатҳои ҳуқуқӣ ҳифз карда мешавад ва робитаи оилавии зан-модар ва кӯдаки ӯро дар бар мегирад. Модарӣ аз лаҳзаи ҳомиладорӣ оғоз меёбад, зеро аллакай дар ин вақт зан аз ҳуқуқҳои модарӣ истифода бурда метавонад.

Саволе ба миён меояд, ки модар танҳо зане ҳаст, ки кӯдакро таваллуд кардааст ё дигар шахс, ки кӯдакро зери парастории худ гирифтааст(модархонд, модарандар) модар буда метавонад? Ҳолатҳое ҳастанд, ки зан кӯдакро таваллуд мекунаду, аммо аз фарзандаш даст мекашад, ё ин ки аз сабаби мунтазам содир намудани кирдорҳои ношоям суд занро аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум мекунад. Аммо ба ақидаи мо модарӣ на танҳо муносибати иҷтимоии байни зан ва фарзандонаш мебошад, ки дар тарбияи ӯ қарор дорад, балки функсияи асосии биологӣ мебошад, ки ба бардошта гаштан, таваллуд ва ширдиҳии кӯдак вобаста аст. Зани дигар, ки бо сабабҳои муайян нисбати кӯдак ҳуқуқу уҳдадориҳои модариро пайдо мекунад, модарандар ё модархонд ҳисобида мешавад.

Дар муносибатҳои оилавӣ модар мақоми махсусро соҳиб аст. Дар оила зан ва мард баробарҳуқуқ буда, модар дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба тарбияи фарзанд, маълумотноккунӣ ва ғайра бо падар мавқеи баробар доранд.

Тибқи моддаи 49 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аслу насаби кӯдакро аз модар (модарӣ) мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси асноди тасдиқкунандаи зодани кӯдакро дар муассисаи тиббӣ таваллуд кардани модар ва дар сурати берун аз муассисаи тиббӣ таваллуд ёфтани кӯдак бошад, дар асоси асноди тиббӣ, гувоҳии шоҳидон ва далелҳои дигар муқаррар менамояд.

Боби 12 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуқуқу уҳдадориҳои модарро нисбат ба фарзанд муқаррар менамояд, аз ҷумла:

- модари кӯдаки ноболиғ ҳуқуқ доранд бо кӯдак мустақилона зиндагӣ кунад ва дар тарбияи ӯ иштирок намояд;

- модари кӯдаки ноболиғ, ки бо падари кӯдак ақди никоҳ набастааст, дар сурати таваллуд шудани кӯдак ҳақ доранд пас аз расидан ба синни ҳабдаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ намоянд.

То ба синни ҳабдаҳсолагӣ расидани падару модари ноболиғ ба кӯдак васӣ таъин шуданаш мумкин аст, ки якҷоя бо падару модари ноболиғ тарбияи кӯдакро анҷом медиҳад;

- модари кӯдаки ноболиғ ҳуқуқ дорад бо асосҳои умумӣ барои эътироф намудани модарии худ баҳс намоянд, инчунин то расидан ба синни ҳабдаҳ ӯ ба тартиби муқаррарнамудаи судӣ ҳуқуқи талаби муқаррар намудани падарӣ ва модариро нисбати фарзандаш дорад;

- падару модар барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳуқуқу уҳдадорӣ мебошанд;

- падару модар дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок доранд;

- падару модар вазифадоранд, ки барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ, ба фарзандонашон имконият фароҳам оваранд;

- падару модар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони ноболиғи худро ба роҳ мемонанд;

- падару модар намояндагони қонунии фарзандони худ буда ҳуқуқуманфиатҳои онҳоро бе ваколатҳои махсус дар муносибат бо ҳамагуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар судҳо ҳимоя менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳуқуқҳои модарӣ ҳангоми ба синни ҳаждаҳсолагӣ (синни балоғат) расидани кӯдакон, инчунин ҳангоми ақди никоҳ бастани кӯдакони ноболиғ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дар мавриди аз ҷониби кӯдакон то ба синни балоғат расиданашон ба даст овардани қобилияти пурраи амал, қатъ мегардад.

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мавҷудияти асосҳои зерин ба тариқи судӣ маҳрум кардан аз ҳуқуқи модариро пешбинӣ менамояд:

- аз иҷрои уҳдадориҳои модарӣ, аз ҷумла додани алимент қасдан саркашӣ кунад;

- бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона(таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тиббӣ ё тарбиявӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё дигар муассисаҳои монанди он гирифтани фарзанди худро рад намояд;

- аз ҳуқуқи модарии худ сӯистифода намояд;

- ба фарзандон муносибати бераҳмона кунад, аз ҷумла нисбати онҳо зӯроварии ҷисмонӣ ё рӯҳиро раво бинад, ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо сӯиқасд намояд;

- майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошад;

- бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии ҳамсари худ қасдан ҷиноят содир карда бошад (м. 69).

Аммо набояд фаромӯш кард, ки маҳрум кардани модар аз ҳуқуқи модарӣ ӯро аз вазифаи таъмин кардани фарзандаш озод намекунад.

Ҳолати барқарор намудани ҳуқуқи модариро низ қонун пешбинӣ намудааст.

Давлат нисбати модарони ғайри қобили меҳнат, аз ҷумла куҳансол, маъюб эътибори ҷиддӣ медиҳад. Аз ҷумла, дар банди 2 м. 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, ки фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Чунин меъёр дар моддаи 88 Кодекси оила низ омадааст. Аз ин рӯ, дар ҳолати саркашӣ намудани фарзанд аз нигоҳубин ва таъминоти модараш ба тариқи судӣ алимент муқаррар карда мешавад.

Занон субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои меҳнатӣ буда, бо мардон ҳуқуқу уҳдадориҳои баробари меҳнатӣ доранд. Аммо аз ҳисоби модар буданашон дорои як қатор ҳуқуқҳои махсус мебошанд.

Акнун, ҳуқуқу уҳдадориҳоеро номбар мекунем, ки дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корманд аз сабаби зан ё модар буданаш онҳоро амалӣ ва ё иҷро менамояд:

- манъи табъиз, меҳнатимаҷбурӣ ва истифодаи меҳнати занон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок ҳамчун принсипи мустақили қонунгузорӣ оид ба меҳнат эътироф гардидааст(м. 4). Ин ҷо, манъ будани истифодаи меҳнати занон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок маънои онро надорад, ки нисбати занон табъиз ҷой дорад. Маълум аст, занон дар баробари мардон иқтидори калон ва қобилияти кор кардан дар ҳама корро доранд. Ё ин ки меъёри мазкур табъиз нисбати мардҳоро ифода намекунад(чаро мардҳо корҳои вазнину хатарнок кунанду, занҳо не?). Ин меъёр танҳо ба он хотир қабул шудааст, ки зан қобилияти таваллуди кӯдакро дорад ва модарии ӯ ба назар гирифта мешавад;

- ба кор қабул накардани занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то сесола доранд, бо сабаби ҳомила ва ё кӯдак доштани онҳо ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад(м. 23);

- падар ва модаре, ки фарзандашон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанду, дар натиҷаи захм, контузия ё осебе, ки ҳангоми ҳимояи Ватан ва иҷрои вазифаи(мансаби) хизматӣ ба онҳо расидааст, ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирокашон дар ҷанг ва муқовиматҳои сиёсӣ фавтидаанд- ҳар сол то 14 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқи баромадан ба рухсатии бемузди меҳнатро доранд (қ. 2 м. 116);

- ҳуқуқи талаб кардани қатъи шартномаи меҳнатии фарзанди ноболиғи худ. Агар идома додани кор ба саломатии кормандони аз синни ҳаждаҳ хурд зарарнок ё бо зарари дигар вобаста бошад, падару модар, васӣ(парастор) ё мақомоти ваколатдор ҳуқуқ доранд, ки қатъи шартномаи меҳнатиро талаб намоянд(м. 209);

- танаффус барои ғизодиҳии кӯдак. Ба ғайр аз танаффус барои истироҳат ва истеъмоли хӯрок, танаффусҳои байнибастӣ ва махсус, ба занон, ки кӯдаки то яксолу шашмоҳа доранд, падар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак, ки кӯдаки то яксолу шашмоҳаро бе модар тарбия мекунанд, барои ғизо додани кӯдак баъди ҳар се соати кор танаффус дода мешавад. Давомнокии танаффус: барои як кӯдак - ҳар як танаффус на кам аз сӣ дақиқа; барои ду ё зиёда кӯдак бошад, - ҳар як танаффус на кам аз як соат (м. 218);

- корфармо дар асоси хулосаи тиббӣ уҳдадор аст, зани ҳомиларо бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ба дигар кор гузаронида, таъсири омилҳои истеҳсолии зарарнок ва хавфнокро истисно намояд (қисми1 модда 221);

- занони кӯдаконашон то як солу шашмоҳа дар ҳолатҳое, ки иҷрои кори онҳо барои модарони кӯдакашон ширмак манъ аст ё ба риояи низоми ширмаконӣ имкон намедиҳад, то ба синни як солу шашмоҳа расидани кӯдакашон ба кори дигар гузаронида шуда, моҳонаи миёнаашон аз рӯи кори пештараи онҳо дода мешавад(қисми3 модда 221);

- ба заноне, ки ду ё зиёда фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюб доранд, инчунин ба модарони яккаву танҳо ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюб доранд, рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо дар фасли тобистон ё дигар вақти барояшон мувофиқ дода мешавад (қ.2 м. 222);

- ҳуқуқи баромадан ба рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак (м. 224).

Қонуни ҷиноятӣ низ манфиатҳои модарро ҳифз мекунад. Масалан, тибқи моддаи 155 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдӯш намудани зан бинобар ҳомиладорӣ, ҳамчунин беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдӯш намудани зане, ки кӯдаки то сесола дорад, бо ҷарима ба андозаи аз сесад то паҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Қонуни ҷиноятӣ таъини ҷазои корҳои ҳатмиро нисбати занони ҳомила манъ мекунад(б. “в”, қ. 2 м. 48 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Корҳои ислоҳӣ низ нисбати занҳои ҳомила таъин карда намешавад(б. “г”, қ. 4 м. 52 КҶ ҶТ).

Таъини ҷазои маҳдуд кардани озодӣ барои занони ҳомила ва модароне, ки бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсатӣ мебошанд, манъ карда шудааст(б. “в”, “г” қ. 4 м. 54);

Ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ва ҷазои қатл нисбат ба занон таъин карда намешаванд (қ. 2 м. 58 (1) ва қ. 2 м. 59).

Модар будан ҳангоми таъини ҷазои ҷиноятӣ ба инобат гирифта мешавад. Масалан, ҳомиладор будани зан ё кӯдаки хурдсол доштани ӯ ҳамчун ҳолати саббуккунандаи ҷазо ҳисобида мешаванд(б. “в” ва “г” м. 61 КҶ ҶТ).

Баръакс, дидаю дониста аз тарафи гунаҳгор содир намудани ҷиноят нисбати зани ҳомиладор ҳолати вазнинкунандаи ҷазо ҳисобида мешавад(б. “ж”, м. 62 КҶ ҶТ).

Занони ҳомилаи маҳкумшуда ё занони дорои фарзандони то синни ҳаштсоларо ба истиснои заноне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум гардидаанд, суд метавонад то ҳаштсола шудани кӯдак адои ҷазоро нисбати онҳо мавқуф гузорад(қ. 1 м. 78 КҶ ҶТ). Инҷо, албатта розигии оила ё хешовандонаш барои якҷоя бо ин зан зиндагӣ кардан лозим аст ё барои мустақилона таъмин намудани шароити лозимаи тарбияи кӯдак имконият мавҷуд аст.

Ин ҳолат аз хислати инсондӯстона доштани қонуни ҷиноятии мамлакатамон гувоҳӣ медиҳад, зеро қонунгузор масъалаи тарбияи кӯдак, ташкили оилаи солимро дар мадди аввал гузошта, ҳатто ба воқеан татбиқ накардани ҷазо розигӣ медиҳад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти иҷтимоӣ нисбати модар имтиёзҳои махсус пешбинӣ намудааст. Ин ҷо мо танҳо он кафолату имтиёзҳоеро номбар мекунем, ки ба модар будани зан дахл дошта бошанд. Заноне, ки панҷ ва беш аз ин кӯдак таваллуд карда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия кардаанд ва модарони ашхоси аз кӯдакӣ маъюб, ки онҳоро то ин синну сол тарбия кардаанд, пас аз расидан ба синни 50 ва дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, бо назардошти мӯҳлати нигоҳубини кӯдакон ё дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, бе назардошти мӯҳлати зикргардидаи нигоҳубини кӯдакон ба нафақа ҳуқуқ доранд (б. “в”, м. 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”).

Ба собиқаи кории умумӣ вақти нигоҳубини кӯдакони хурдсол аз ҷониби модаре, ки муваққатан кор намекунад, вале танҳо то ба синни 3-солагӣ расидани ҳар як кӯдак, ҷамъ ба муддати умумии на зиёда аз 6 сол дохил карда мешавад.

Ба модароне, ки 10 ва зиёда аз ин фарзанд таваллуд карда, онҳоро то 8-солагӣ тарбия намудаанд, нафақаи иҷтимоӣ дар ҳар кадом ҳолат ба андозаи на камтар аз 100 фоизи андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол таъин карда мешавад(м. 110 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”).

Ҳамин тариқ, мардону занон дар тамоми муносибатҳои ҳуқуқӣ баробарҳуқуқ бошанд ҳам, аммо давлат нисбати зан-модар ғамхории махсус зоҳир менамояд.

Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 2 августи соли 2011 8 март - Рӯзи Модар эълон гардида, рӯзи иди ғайрикорӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷабборов Ф.Н. - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони кишвар соли1997-ум иброз дошта буданд: “Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаихудаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба Зан-Модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.

Модар…. чӣ хел калимаи ширин ва дилангез аст. Вақте, ки Модар мегӯем тамоми бадану рӯҳамонро як эҳсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем.

Модар ба мисли замин якто аст ва муҳаббати ӯ барои мо фарзандон беканора ва ҷовидона аст.

Як шаба ранҷе, ки Модар кашид
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Биҳишт, ки ризои модарон аст, дар зери қудуми Модарон аст.

Бале Модар қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳабати беканор, ҳимматбаландтарин шахси башар аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост. Мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру чӣ ғоиб пайваста дар ёди фарзанд ҳаст. Аз даст рафтани Модар барои фарзанд фоҷеаи хело гарон аст;

Модар, модар, каси баҳиммат бошад,
Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.
Аз маҳзани панди он бигир арзонӣ,
Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

Оре, давлати фарзандон модар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде,ки қадру қиммати модарро донад бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар
Аз сарвату зи шӯҳрат гар бар фалак занад сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои Модар,

Зиҳӣ, Модар, ба чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам дар пешат сар фуруд меоранд…

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.

Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.

Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.

Мехостам, ҳамаи модарону хоҳарони гиромиро бо фарорасии Иди 8-уми Март самимона табрик намоям!

Саидзода Ҳалим Азиз, доктори илми филология, профессор мудири кафедраи забонҳои хориҷии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Мо минбаъд низ ба занону бонувон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа такя мекунем ва барои ҳалли мушкилоти ин табақаи бонуфузи иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонем.

Эмомалӣ Раҳмон

123123Мақолаи зерин дар бораи нуфуз ва андешаи занони файласуф дар адвори мухталифи таҳким ва поягузории муносибатҳои таърихӣ-иҷтимоӣ мебошад. Мусаллам аст, ки фақат занони файласуф тавонистаанд, ки барои расидан ба ин ҳадафи умдаи хеш дар пойдории сулҳу субот, озодии маънавӣ, бартараф намудани догмаҳо, ки барои пешбурди ҷомеа ва ҳуқуқи занон монеаро аз пеш меоварданд, ҳам муборизаи зеҳнӣва ҳам муборизаи ҷисмонӣ баранд. Ин талоши онҳо ҳатто то дараҷае буд, ки онҳоро ба ҳалокат низ расониданд. Аммо ин занон дар баробари мардон барои ҳуқуқи мусовӣ дар таҳкими адолати иҷтимоӣва ба даст овардани маълумотӣкофӣ мубориза мебурданд.

Нақши занони файласуф дар марҳилаҳои гуногуни муносибатҳои иҷтимоӣ басо муҳим аст. Аз давраи антиқа сар карда, то замони муосир занон новобаста бар он, ки пойбанди қонун ва низоми давлатдории даври хеш бошанд ҳам, тавонистанд нуфузи нотакрори хешро дар масоили басо муҳими рӯзгор ба сомон расонанд. Ба вижа, бонувон саъю талош намуданд, ки дар ҷомеа муносибатҳои иҷтимоиро дар соҳаи илму оила ва иҷтимоъ ҳифз намоянд. Ин ҳадафи онҳо имрӯз низ дар ҷомеаи мо ҷомаи амал пӯшид. Пешвои миллат қариб, ки дар ҳар суханронии худ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа ба занони кишвар дода, дар суханрониаш низ таъкид мекунад, ки «Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд». (Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар 07.03.2020)

Аз таърихи занони файласуфи Аврупо ҳафт нафар занони файласуфи намоён барои мо муссалам ҳастанд, ки чи гуна тавонистанд дар баробари мардон барои озодӣ, баробарҳуқуқии занон дар муносибатҳои иҷтимоӣ алайҳи беадолатии низоми давлатдории даври худ муборизаи зеҳнӣбаранд. Ба қатори ин занони мубориз Симона де Бовуар (1908-1986), Гипатия Александрия,(тав.350 370, ваф.415), Ханна Арендт 1906-1975), Филиппа Фут (1920-2010), Элизабет Энском (1919-2001),Мэри Уол-стонкрафт (1759-1797), Анна Дюфурмантел (1964-2017) Гарриет Тейлор-Милл (1807-1858) ва дигарон дохил мешуданд. Ин бонувон дар замони фалсафаи антиқа бештар саъю талош намуданд, ки дар муносибатҳои иҷтимоӣозод бошанд ва дар баробари мардон барои гирифтани дониши саҳеҳниз бояд таҳсил намоянд. Барои мисол, яке аз асосгузорони фалсафаи антиқа дар рӯйхати занони озодандеш Гипатия Александрия мебошад, ки тавониста буд, дар байни олимони даври хеш шуҳрат ва мартабаи махсусеро сазовор бошад. Гипатия яке аз ҷонибдорони сарсупурдаи ҷараёни фалсафии навафлотуния ва аввалин зани машҳур ва намоёни илм дониста мешуд. Аз падараш Теони Искандария таълим гирифта, кори худро дар Осорхонаи Искандария идома дода, аз фаннҳои риёзиёт, астрономия ва фалсафа дарс медод. Ба шарофати тафаккури ғайриоддӣ, Гипатия тавонист дар атрофи худ як доираи зеҳнӣ ҷамъ кунад, ки дар он олимону мутафаккироне умед доштанд, ки ҳадафҳои онҳо дар доираи ҷустуҷуйи фалсафа вусъат меёбад. Гипатия Александрия дар зери роҳбарии падараш Теони Александр, ки яке аз олимони барҷастаи Искандария буда мактаби фалсафии худро дар назди Мусейони машҳур роҳбарӣмекард, таҳсил кардааст. Ӯ аз рӯзи таваллуд ба духтараш, ки номаш «болотарин» тарҷума мешавад, умеди зиёд дошт [1,42]. Гипатия умеди падарашро амалӣ гардонид. Вай дар мактаби ӯ фалсафаи Афлотун ва Арасту, инчунин математика ва астрономияро таълим медод. Пас аз марги Гипатия, ба мактаби ӯ роҳбарӣ мекард. Аз ҷумлаи асарҳои барҷастаи Гипатия тафсири «Арифметика», ки дар он зиёда аз 100 масъалаи риёзӣоварда шудааст, тафсири асар оид ба қисматҳои конусии Аполлонии Перги, инчунин «Қонуни астрономӣ» мебошанд, ки то имруз намондааст [2,76].

Ин зани далер ва шуҷоъ дар асри хеш ҳамчун донишманди асил аввалин шуда, бо кашфиётҳои илмии худ,махсусан дар бораи поймол гардидани ҳуқуқи занон, инқилоб ва таҳаввулеро ба вуҷуд оварда буд. Вай ситораи дурахшони давр ва замони худ ҳисобида мешуд. Далелҳое мавҷуданд, ки Гипатия гидрометрро ҳамчун асбоби муайянкунии зичии моеъ таҳқиқ намуда, устурлобро барои муайян кардани арзу тӯл дар астрономия ва планисфераро ҳамчун тасвири кураи осмонӣдар ҳавопаймо, ки кас метавонад бо он ғуруб ва болоравии ҷисмҳои осмониро ҳисоб кунад, дар арсаи ҷаҳонбинии илмӣ таҳқиқ намудааст. Гипатия шогирди Кратс буда, ба мисли ӯфайласуфи равоқӣ шуд» [2, 15] Фалсафае, ки Гипатия таълим медод, ба мероси Афлотун ва Арасту, инчунин файласуфи ирфонӣ Плотин ва риёзидон Пифагор асос ёфтааст. Якҷоя шудани чунин ақидаҳои таъсирбахш, мактаби навафлотуния (неоплатонизм) ро ташкил дод.

Мутаассифона, номи занони файласуфро агар дар руйхати муҳаққиқони файласуф қайд намоем, теъдоди онҳо нисбат ба мардон хеле камтар мешавад. Иллати чунин руйдодро метавонем аз таърихи занони Урупо дида бароем, ки 2500 сол пеш занон оро ва назарияи афкори фалсафии худро дар соҳаҳои мухталифи илм саҳми басо қобили мулоҳиза гузоштанд. Онҳо дар баробари мардон метавонистанд, ки афкори илмии худро мулоҳиза карда, иброз намоянд. Аммо, мутаассифона, дар китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ номи занон хеле кам ишора карда шудааст. Дар ин ҷо суоле матраҳ мешавад, ки иллати ин нобаробарӣва беадолатӣ нисбати занон дар чист? Занҳо бо сабабҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ кайҳо боз аз фалсафа дур мондаанд. Мероси интеллектуалӣ, ки аз занон боқӣ мондааст, аксар вақт сарфи назар карда мешуд. Аксаран, саъйю талош менамуданд, дар занони хирадманду хирадпешаро, ки роҳи ҳикматро интихоб менамуданд, дар ҷомеа эътиборашро паст намоянд. Занҳо дар давраҳои гуногун мавқеъҳои гуногуни сиёсӣ, зеҳнӣва иҷтимоиро ишғол мекарданд. Баъзе ақидаҳои пурарзиши фалсафиро мо метавонем бо дилпурӣба занон нисбат диҳем. Онҳо чандон зиёд набуданд, аммо мо аниқ медонем, ки маҳз занҳо низ нақши худро дар рушди илм гузоштанд Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣзанони донишманд бо таҳаммули сангине муборизаҳои шадидро аз сар гузаронидаанд ва қурбон шудаанд. Ин бонувон дар замони фалсафаи антиқа бештар саъйю талош намуданд, ки дар муносибатҳои иҷтимоӣозод бошанд ва дар баробари мардон барои гирифтани дониши саҳеҳниз бояд таҳсил намоянд., чунки тарбияти фарзандон ба дӯши занон буд.

Саҳми занони файласуфи рус дар бунёди таърихи фалсафа ва методологияи фалсафии имрӯза хеле бузург аст. Дар қатори ин занони донишманд, яке аз занони сарсупурдае, ки дар ҷодаи фалсафа асарҳои зиёдеро таълиф намудааст, Мариетта Тиграновна Степанянтс мебошад.

Мариетта Тиграновна Степанянтс 16 - октябри соли 1935 дар Маскав, (собиқшӯравӣ) таваллуд шуда, файласуф ва шарқшиноси шӯравӣва рус, мутахассиси таърихи фалсафа мебошад. Ин зани донишманд ба ҳайси доктори илмҳои фалсафа (1974), ходими шоистаи илми 2002, соли 1974 рисолаи доктории худро зери мавзуи «Мафҳумҳои мусулмонӣ дар фалсафа ва афкори иҷтимоии Шарқи хориҷӣ дар асрҳои XIX-XX» дифоъ кардааст [1]. Дар асарҳои Мариетта Степанянтс равияҳо ва самтҳои асосии афкори фалсафии мамлакатҳои Шарқ таҳлил карда шудаанд. Ӯба омӯзиши тасаввуф ва ирфонӣ мусулмонӣ дикқати зиёд дода буд. Степанянтс М.Т. муаллифи аввалин китоби дарсӣ оид ба таърихи фалсафаи Шарқ мебошад.

Дар айни замон, яке аз коршиносони варзидаи фалсафаи муқоисавӣ буда, ширкаткунанда ва ташкилкунандаи Форуму Симпозиум ва конференсияҳои илмии сершумори Ғарб байналмилалӣ, президенти конфронси VII ва VIII-и файласуфони Шарқу Ғарб мебошад. Дар озмуни беҳтарин китоби Институти фалсафаи Академияи илмҳои Руссия дар соли 2001 китоби «Универсалҳои фарҳангҳои Шарқ» таҳти таҳрири Мариетта Степанянтс дар номинатсияи «Монографияҳои дастаҷамъӣ» ҷои дуввумро гирифт [5,134-140]. Китобҳои беҳтарини ин зани донишманд, ба монанди «Фалсафаи Шарқ» («Восточное философии»),«Ҷанбаҳои фалсафии тасаввуф» («Фи-лософское аспекты суфизма»), «Тасаввуфи исломӣ» («Исламский мисти-цизм»), «Фалсафаи байнифарҳангӣ: Ислом, методология, мушкилоти дурнамо» («Межкультурная философия: Ислам, методология, проблематика перспективы»), «Ҷаҳони фалсафаи Шарқ. Дирӯз, имрӯз ва фардо» («Восточное философии»), «Философия, религия на зарубежном востоке XX веке»). ва ғ. Кори пешниҳодшудаи вай аввалин монографияи фалсафаи байнифарҳангӣ дар Руссия мебошад. Ин кӯшиши муайян кардани мафҳуми «фалсафаи байнифарҳангӣ», барои баррасии пайдоиши он дар робитаи зич бо таҳаввулоти муқоисавии фалсафӣ, шартҳои мадании инкишофи онро муайян мекунад.

Дар Русия бонуи дигаре, ки дар ҷодаи пешрафти масъалаҳои фалсафӣ саҳми беандозае гузоштааст, хонуми донишманд Фролова Елизавета Александровна мебошад. Вай донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов, факултети ҳуқуқшиносии кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқва сиёсатшиносиро ба итмом расонида, аз соли 1996 номзади илмҳои ҳуқуқва аз соли 2013 доктори илмҳои ҳуқуқ ва аз 18-апрели соли 2001 дотсенти кафедра мебошад. Аз ин муаллиф зиёда аз 541 мақола, 100 китоб, 85мақолаи конференсия ва 7 адад тезис ба нашр баромадааст. Саҳми нотакрори ин зани донишманд, дар арсаи фалсафа дар тартиб додани луғатномаи фалсафӣ («Философский словарь») арзанда аст.

Инчунин ду силсилаи китобҳои ба наздикӣ оид ба фалсафа дар Руссия нашршударо метавонем ҳамчун мисол овард: «Фалсафа дар Руссия дар нимаи аввали асри XX» (2008-2017), «Фалсафа дар нимаи дуюми асри XX» (2009-2009, 2019) . Ба қавли ин хонум, дар радифи занони файласуфи рус донишманди риёзӣ ва файласуф Софя Яновск мебошад, ки дар Белоруссия ба дунё омадааст. Бо вуҷуди иштирок дар танқиди илми буржуазии солҳои 30-юми собиқ шӯравӣ, дар солҳои чилум, тамоми кӯшишро ба харҷ дода буд, ки фанни математикаро инкишоф дода, таърих ва фалсафаи математика, инчунин фалсафаи аналитикии замони советиро таҳқиқ намояд. Соли 2020 бошад, Тереза Оболев доир ба Мирра Лот Бородина (1882-1957), ки дар солҳои 1920 дар Фаронса зиндагӣ мекард, китоберо нашр намуд, ки ба доираи равшанфикрони рус дар хориҷа дохил мешуд.

Инчунин, дар бораи нақши заноне, ки ба файласуфон дар навиштан ва нашри асарҳои худ кӯмак расониданд ва бешак дар та-шаккули қонунҳои фалсафӣ саҳми калон доранд, муҳим аст. Номҳои зиёди бонувони файласуфи дигарро аз давраҳои гуногуни таърихӣ то имрӯз илова кардан муҳим аст.

Онҳо дар арсаи ҷаҳонбинии фалсафӣ ва тафаккури шарқӣ байни фалсафа ва дин роҳи ҳамоҳангиеро ҷустуҷу кардаанд. Ин бонувон итминон доштанд, ки рушди тафаккури зеҳнӣбарои шинохти масоили фалсафӣва иҷтимоӣва тақвияти андешаю афкори инсон хизмат менамояд. Онҳо мехостанд, ки занҳо пойбанди «догма» (шахшудагии андешаҳо, ки садди роҳи инкишоф мешаванд – Б.Ш.), нашуда, балки масоили диниро низ дар меҳвари кашфиётҳои илмӣ касб намоянд. Яъне матолиби диниро бо илму дониши саҳеҳ ҳамоҳанг месозанд. Аз ин рӯ, онҳо дониши илмиро бо шуури динӣтавъам месохтанд.

Мақом ва нақши занон дар илм, чуноне ки аз маълумотҳо бармеояд, дар Тоҷикистон низ масъалаи қобили таваҷҷуҳ аст. Шуҷоати занон ва духтарони тоҷик низ дар арсаи зиндагӣ дар шаклҳои гуногун равнақу ривоҷ ёфтааст. Дар таърихи рушди миллати мо занҳое низ буданд, ки барои озодӣ ва шарафи миллат мубориза мебурданд ва шоирону мутафаккирони мо низ чунин занони далер ва боғайратро ситоиш карданд. Дар шумули ин бонувон Гурдофарид, Зебунисо, Робияи Балхӣ, Нодира, Рухшона, Томирис Маликаи Бухорхудот мебошанд, ки на танҳо мақбули тоҷикзабонҳо, балки мақбули намояндагони дигар миллатҳо низ шудаанд.

Дар замони муосир дар қатори бонувони файласуфи тоҷик, аз ҷумла саҳми Мунзифа Ғаффорова, Фируза Турсунзода, Тоҷинисо Муродова, Насиба Содиқӣ, Зулайхо Усмонова, Зарина Диноршоева, Олга Ладигина, Муҳиба Маҳмадҷонова, МеҳрӣМаҳмадова, Махфират Хидирзода, Парвина Саидҷафарова, Абилзода Гуландом, Орифҷонова Назира, Ҳасанова Зебо, Камолова Хосият, Зиёева Зебо, Насурова Беҳру, Саидова Фазилат, Иброҳимова Садбарг, Дороншоева Некбахт, Бандалиева Шодигул ва дигарон назаррас мебошанд.

Бонувони номбурда дар рушду такомули фалсафаи тоҷик саҳми муносиби худро гузошта, саъйю талош доранд, ки занони тоҷик низ дар баробари дигар занони маорифпарвари дунё бо рӯҳияи равшанфикрӣ ва иродаи озод барои ҳифозати илму маорифи кишвар ва ваҳдати миллӣ фаъолият намоянд.

Дар интиҳо бояд қайд намуд, ки танҳо зани оқилу донишманд метавонад бо донишу маърифати худ дар ҷомеаи барои шароити фароҳаме, ки ба ягонагӣ, иттиҳод, созандагию сулҳу оромӣ ва зиндагии босаодат мерасонад, саҳмгузор бошад.

Бандалиева Ш.Н. - ходими калони илмии Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, н.и.ф.,

12312123Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба матонату заковати зани тоҷик чунин баҳогузорӣ намудаанд. «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».

Ҳама сола дар баробари дигар ҷашну идҳои аҷдодиамон рӯзи 8-уми март - Рӯзи Модарон низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта мешавад. Мо агар дар васфу ситоиши Модарон ва бонувон ҳазорҳо достону калом гӯем, боз кам аст. Меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзандон, нисбат ба зиндагӣ беҳудуд ва интиҳост.

Модар! Чӣ калимаи дилпазир, чӣ калимаи гуворо, чӣ калимаи дилнишин! Барои инсон аз модар дида шахси азизу муътабар, мунису ғамхор, мушфиқу дилсӯз набуду нест. Охир дар тифлӣ дар батни ӯ чун мушт порае аз банди ҷонаш, порае аз гӯшти ӯ будем. Дастони модарҷон дар тифлиямон мисли асо буд. Модар моро ба оғӯши гарми худ кашида, бо меҳрубониҳои бепоёнаш калон гардонид. Акнун мо бояд ӯро асо бошем, то ки қомати ӯ хам нагардад. Ҳоло мехостам фикру андешаамро дар бобати эҳтироми Модар баён созам: Модар сарчашмаи ҳаёт! Ҳастии ҳаёти кӯдак аз қатраи шири ҳалоли ӯст. Он шири сафед ба роҳи сафед ҳидоят мекунад. Аз забони шоири ширинкалом гуфтаниям:

Модар, модар қадри ту дунё бошад,

Сад меҳру вафо дар дили ту ҷо бошад.

Ҳар кас, ки ба қадри шири покат нарасид,

В-аллоҳ ба Худо, ки хори дунё бошад.

Модар чашмаи хушкнашавандаи умри инсон, Модар, чароғи хонадон, хуршеди тобон, аст. Меҳри Модар хуршедеро мемонад. Агар Хуршед бо нурҳои худ тамоми дунёро нур бахшад, Модар бо меҳри худ қалбу ҷони мову Шумо инсонҳоро мунавар мекунад. Ашки Модар чашмаҳои пурчушу хурушеро монад, ки дашту саҳро ва куҳу марғзоронро сабзу хуррам мекунад. Хаёлоти модар ширинтар аз хама ширинихои рӯи ҷахон асту интизориаш нигарон ба роҳи фарзандон. Аз чашмони модар нур меборад ва ин нур ҳаёти ояндаи моро равшан месозад. Ин олиҳаи фариштарӯй зиндагии моро равшану мунаввар месозад. Меҳру навозиши Модар қалби моро ба зиндагӣ равшан месозаду шири мусаффояш ба ҷонамон неру. Аз аллаи ҷоннавозаш дарси зиндагӣ меомузему аз нигоҳҳои меҳрубонаш муҳаббати беолоиш…

Бо нураш гарчи ин хуршеди ховар,

Фаро гирад чахонеро саросар,

Намегардад валекин он баробар

Ба ин пурқуввати бо меҳри модар!

Фақат модар ба ҳар гармову сармо,

Ҳамеша бар сари гаҳвораи мо,

Накарда мижа таҳ, биншаста шабҳо,

Бипарвард ӯ чу ҷон бигрифта дар бар.

Вуҷудаш чун ба фарзанд аст пайванд,

Варо хонад ба худ ҷону ҷигарбанд.

Агар хоре занад бар пои фарзанд,

Дили модар шавад ғамгин муқаррар.

Барои фикру ёди пурумедаш,

Барои ҳурмати мӯи сафедаш,

Ба ҷон ҳам ҳурмату иззат кунедаш,

Набошад то ки чашмаш ҳеҷ гаҳ тар.

Модар ба мисли замин якто аст ва мухабати ӯ барои мо фарзандон беканора ва ҷовидона аст. Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз Модар мавҷудоте нест Оре, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷонам! Меҳру муҳаббату самимияти модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он касе, ки аллаи модаро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад.

Модар мисли шеър муқаддас аст. Тамоми мардуми олам нисбат ба модар меҳри беандоза доранд. Муҷассамаи модарро бо тамоми бузургиаш офаридаанд ва назди модар мо ҳама оҷизем. Модар беназир ва дар ҳамаи лаҳзаҳо нозпарвари фарзанд аст ва моро мебояд, ки ҳамеша ӯро парастиш намоему таваҷҷуҳи зиёде нисбаташ зоҳир кунему барояш зиндагиро гуворотар гардонем.

Аз ҳама дар рӯи олам ғамбарорам модарам,

Мисли гул андар чаман боғу баҳорам модарам.

Нексиришту нексухан доим бувад ҳамроҳи ман,

Лаҳзае дур гардӣ, он дам бемадорам модарам.

Меҳри ту дар қалби ман, ҷои ту дар кунҷи дилам.

Дар шаби тор аллаатро интизорам модарам .

Бош доим дар барам эй дуру гавҳар, ахтарам

Ту маро танҳо намон, бе ту бимирам, модарам!

Чихеле ки ба мо маълум аст занро зинати хона, устод атфол ва муаллими наслҳо мегуянд. Воқеъан ҳам агар зан дар оила бо ақлу бо фаросат, сариштакору озода бошад худрову атрофиёнашро аз ҳолатҳои ногувори зиндагӣ эмин нигоҳ медорад. Раванди тадбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеъа баррасиву ҳалли мушкилоти ҷойдошта пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тадбирҷуйҳои баҳри маърифатнокии бонувон чи ислоҳотӣ таҳавулоте ба миён овардааст. Чихеле ки мегуянд:

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.

Агарчӣ аз занон пайғамбаре нест,

Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1-уми ихтисоси 1-260101 ( идораи давлатӣ) Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

«Модарон меҳрафзо ва машъали тобон, занон хонахудои дудмон ба шумор мераванд. Номи зан-модар муқаддасу гиромӣ аст, занон бо меҳри модариашон ба тарбияи фарзандон ва устувор намудани хонадон машғул гардида, таҳкими оила ва баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мепиндоранд ва бо офият, самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофаташон номи зан-модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд».

Эмомалӣ Раҳмон

Суханрониҳои бевоситаи сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди мақом ва ҷойгоҳи Зан-Модар дар ҳаёти инсоният пайваста ба иззату эҳтиром, арҷгузорӣ гузоштан нисбат ба Модар мебошад, ки аз бузургиву зебоӣ, меҳрубониву муҳаббат, поксириштӣ ва олиҳимматии Зан-Модар дарак медиҳад.

Модар сарчашма ва бахшандаи ҳаёти инсон, чашмкушояндаи дунёи тифлони бегуноҳ, олиҳаи покиву меҳру муҳаббат, фариштаи илоҳӣ дар рӯи замин мебошад. Дар ҳаёти ҳар инсон аз ҳама наздиктарин, азизтарин ва муқаддастарин шахс албатта модар аст.

Ҳастии вуҷуди инсон аз Модар оғоз меёбад, ҳамзамон Модар баҳри ба дунё овардани фарзанд бо марг рӯ ба рӯ шуда, ҷони азизашро зери хатар мегузорад. Меҳри Модар аз давраи фарзандаш дар батнаш будан сарчашма мегирад, ва барои сиҳату саломат тифлашро ба даст гирифтан Модар чӣ қадар ранҷу машаққатро паси сар мекунад. Маҳз бо шабҳои бехобии Модар баҳри алла гуфтан дар сари гаҳвораи тифлаш, баҳра гирифтани фарзанд аз шири сафеди поки Модар, ки қалбаш саршор аз меҳрубониву навозишҳои беандоза аст, кӯдак ба воя мерасад. Бо нигоҳубину кӯмаки Модар ҳар тифл қадамҳои нахустинашро мегузорад, ва инчунин сухан ва гуфтугӯро меомӯзад, ки бо шунидани аввалин номи Модар аз даҳони фарзандаш, хурсандиву хушбахтии Модар бениҳоят зиёд мешавад.

Домони модар аз ҳама наздиктарин ва азизтарин маконест, ки бӯи биҳишт дорад. Худованди бузург мақоми модарро чунон воло гузоштааст, ки чӣ тавре ки аз гузаштагон ривоят шудааст, Ҷаннат зери қудуми модарон нуҳуфта аст. Расидан ба қадри модар вазифаи муқаддаси ҳар фарзанд аст.

Модар соҳиби покизатарин қалб, пурмеҳртарин дил, ҳалимтарин ва меҳрубонтарин рафтор, ширинтарин гуфтор мебошад. Меҳру муҳаббати Модар чун офтоби нурафшон аст, ки бо нурҳояш дар ҳаёти фарзандонаш ҳам равшанӣ мебахшад, ва ҳамзамон гармидиҳанда аст. Модар чун ахтари тобон дар ҳаёти инсон медурахшад, ва ҳамзамон тобишгари зиндагии пурҷилои ҳар шахс мебошад.

Вазифаи асосии ҳар фарзанд ба ҷо овардани ҳурмату эҳтиром нисбат ба Модар аст, ки ранҷу заҳмате, ки Модар баҳри тарбия ва ба камол расонидани фарзанд мекашад, ба ягон чиз баробар нест. Қарзи фарзандии ҳар яки мо дар хушҳолу хушбахт намудани муқаддастарин шахси ҳаётамон – Модари азизу меҳрубон, дилсӯзу ғамхор мебошад.

Чуноне ки шоир Амир Хусрави Деҳлавӣ рӯи қалам овардааст:

Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Бо дуои неки Модар дар зиндагӣ ба тамоми нияту орзуҳои нек метавон бирасид. Бо маслиҳатҳои дурандешона фарзанд ба ҳаёти рост ҳидоят мегардад. Муваффақият ва барори кору фаъолият ба фарзанд, танҳо бо розигии Модар насиб мегардад. Аз ин ҷо бо гузоштани ҳурмату эҳтиром, қадрдонӣ нисбат ба Модар боиси сарфарозӣ ва расидан ба қуллаҳои мурод дар зиндагии ҳар шахс мегардад.

Модар бароям гавҳари ноёб, ганҷинаи бебаҳо, қимматтарин неъмат, пурарзиштарин, муқаддастарин ва наздиктарин вуҷуди инсоният ҳастӣ.

То даме ки Модар дар зиндагӣ бошад, зиндагии фарзанд хушранг ва хушбахт ҳаст. Бо самимият ва эҳтироми беандоза бо ҷашни фархунда – иди модарон ва бонувон ҳамаи модарон ва бонувонро муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол умри дарози пурбаракати модарон, сиҳативу саломатӣ ва хушҳоливу хушбахтии онҳоро дар сари фарзандонашон орзуманду талабгор ҳастам.

Аюбӣ Фируза – номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими пешбари илмии шӯъбаи Таҳқиқоти институтсионалии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Модар, модар накутарин инсонӣ,

То бовари гарму сарди ҳар давронӣ.

Гаҳ нарму латифу гаҳ матиниву қавӣ,

Нозук зи гулу сахтар аз сандонӣ.

123Модар – офарандаи зиндагӣ, таскинбахши дилҳои хаста, беҳтарин марҳам барои дард, соябон ва ғамгусори фарзандон, нури хонадон ва манбаи муҳаббати бепоён аст. Меҳрубонии модар аз рӯзи аввали таваллуди фарзанд то охирин лаҳзаҳои умр, чун офтоб гармӣ мебахшад ва роҳнамоӣ мекунад. Дасти модар нахустин гаҳвораи тифл ва суханаш аввалин дарси зиндагист.

Модар мисли офтобест, ки бо гармии меҳраш дили фарзандро равшан мекунад. Ҳар лаҳзаи зиндагии ӯ саршор аз талошҳо барои хушбахтии фарзандон аст. Аз айёми кӯдакӣ то бузургсолӣ, модар ҳамеша дар паҳлӯи фарзанд буда, доимо дастгир ва роҳнамои ҷигарбандаш аст.

Асоси рушду камолоти фарзанд аз меҳнату заҳмати хастанопазири модар сарчашма мегирад.

Модар аз аввалин рӯзҳои таваллуди фарзанд шабу рӯз заҳмат мекашад. Ӯ ба фарзанд забон, ахлоқ, тарбия ва илму дониш меомӯзонад. Ҳар як сухани модар барои фарзанд дарси зиндагист. Ҳатто вақте ки фарзанд бузург мешавад, модар ҳамоно аз ҳолу аҳволи ӯ бохабар буда, бо дуо ва насиҳатҳои хирадмандонааш роҳнамоӣ мекунад.

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,

Сафои бомдоди ман ту будӣ.

Аё модар, ба-дон сон бесаводӣ,

Нахустин устоди ман ту будӣ.

Модар аввалин мураббии инсон аст. Аз рӯзи аввал то лаҳзаи охир ӯ ғамхорӣ, меҳрубонӣ ва ҳидояти худро нисбат ба фарзанд нишон медиҳад.Ӯ на танҳо тарбиятгар, балки муаллим, дӯст ва ҳимоятгари зиндагии мо мебошад.Фидокории модарро бо ҳеҷ чиз андоза кардан ғайриимкон аст. Вай шабҳоро бедор мегузаронад, то фарзанди худро бо меҳр парвариш диҳад. Вақте ки мо ба мушкилӣ дучор мешавем, аввалин шахсе, ки моро дастгирӣ мекунад ва бо суханони гармаш ором месозад, ин модараст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар ҳама давру замон бузург арзёбӣ намуда, занро «тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд» баҳогузорӣ намудаанд. Таъкиди дигари Пешвои миллат ин аст: «Нахуст мактаби инсон - мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем».

Модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмондана нур мепошад. Ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.

Модар ягона фариштаест,ки ба ҷигарбанди худ гап задан, рафтору ахлоқи шоистаи инсонӣ ва муносибатҳои иҷтимоиро бо меҳру муҳаббати беандоза меомӯзонад.

Муҳаббати модар софу беғараз буда, фарзанде, ки онро эҳсос мекунад, ҳамеша нерӯманд ва муваффақ хоҳад буд. Дар дилу дидаи модар ҳар фарзандаш мисли гул бебаҳост ва ӯ барои хушбахтии онҳо тамоми ҳастии худро мебахшад.

Аз бузургию хизматҳои модар ҳар қадаре ки сухан кунем, кам аст, зеро модар фариштаеро мемонад, ки тамоми ҳастии худро ба беҳтарин неъмати ба дунё овардааш-фарзанд мебахшад.

Тағаев Алиакбар Пулотович н.и.х, Ходими калони илмии озмоишгоҳи “Коркарди комплексии ашё ва партовҳои саноатӣ” – и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм