Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Рушди илм асоси пешрафти иҷтимоию иқтисодии ҳар як кишвар мебошад. Дар Тоҷикистон, ки аз захираҳои табиӣ ва инсонӣ бой аст, илм дар таъмини рушди устувор ва навсозии ҷомеа нақши калидӣ дорад. Аз замони соҳибистиқлолӣ ҳукумати Тоҷикистон барои пешбурди илм қадамҳои назаррас гузошта, институтҳои нави илмию таҳқиқотӣ таъсис дода, сохторҳои мавҷударо навсозӣ намуда, сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои илмиро афзоиш додааст.

Дар суханронии худ дар мулоқот бо ходимони илму маориф Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанбаҳои калидии рушди илмро дар кишвар солҳои охир таъкид намуда, самтҳои афзалиятноки ояндаро муайян карданд. Мақсади асосии вохӯрӣ муҳокимаи муваффақиятҳо ва мушкилоти ҷорӣ дар соҳаи илм, инчунин муайян кардани тадбирҳои зарурӣ барои баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ ва тайёр кардани кадрҳо буд.

Президент кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки илм яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимон манбаи муҳими зеҳнӣ мебошад. Ӯ қайд кард, ки ҳукумати мамлакат барои рушди ҳамаҷонибаи илм ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони ин соҳа тамоми шароитро фароҳам овардааст. Саҳми илм дар рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатпазирии он бе иштироки фаъоли сармояи инсонӣ ғайриимкон аст, аз ин рӯ мақоми илм ва олимон дар ҷомеа давра ба давра баланд мешавад.

Дар байни дастовардҳои асосӣ таъсис ва дастгирии институтҳо ва марказҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ, беҳтар кардани заминаи моддӣ-техникии илм, инчунин сармоягузории назаррас ба лоиҳаҳои илмӣ ҷудо карда шуданд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии мамлакат, аз ҷумла илму маориф зиёда аз 1400 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ гардидааст. Ин имкон дод, ки сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар карда шавад ва сатҳи камбизоатӣ аз 83% дар соли 1999 то 21,2% дар соли 2023 коҳиш дода шавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карданд, ки бо вуҷуди муваффақиятҳои ба даст овардашуда, саҳми илми ватанӣ дар ММД-и кишвар ҳамагӣ 0,1% - ро ташкил медиҳад, ки ин нокифоя аст. Дар робита ба ин, ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтори академияи миллии илмҳо ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии он зарур аст. Мушкилоти самаранокии пасти кори баъзе кормандон ва омодагии нокифояи кадрҳои илмӣ нишон дода шуданд, ки таҳияи меъёрҳои нави арзёбии фаъолияти муассисаҳои илмиро талаб мекунад.

Президент самтҳои афзалиятноки рушди илмро, аз ҷумла модернизатсияи иқтисоди миллӣ, рушди энергетика ва иқтисоди "сабз", иқтисоди рақамӣ, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъиро муайян намуд. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо ҳавасмандии кормандони илм, беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ ва аҳамияти амалии онҳо, инчунин ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ ва ихтироъкорӣ зарур аст.

Дар хотима, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки илм ва маориф дар пешрафти давлат ва озод кардани ҷомеа аз бадбахтиҳо, аз қабили радикализм, хурофот ва ҷаҳолат нақши калидӣ доранд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки олимони тоҷик рисолати худро бо садоқати баланди ватандӯстона иҷро намуда, дар таҳкими хотираи таърихию фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Ходими хурди илмии шуъбаи сотсиология Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Гардоншоев А.М.

(Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Дар суханронии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли 2024 зикр намуданд, ки: “Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод. Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд”.

Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди фаъолияти инноватсионӣ, ташкил ва танзими фаъолияти илмию назариявӣ, илмию амалӣ, таъсису ташкил, татбиқ ва назорати иҷрои нақшаҳои фаъолияти ҷорӣ дар асоси талабот ва нишондодҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд. Дар ин масир баргузории ҳамоишҳои илмӣ, таъмини иштироки мунтазами олимону устодон, унвонҷӯёну аспирантон ва донишҷӯён дар озмуну конфронсҳо, семинарҳои илмӣ ва чорабиниҳои илмии сатҳи донишгоҳӣ, шаҳрӣ, ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ, такмил ва назорати раванди фаъолияти сохторҳои илмии донишгоҳ, мафҳилу семинарҳо аз дуруст ва самаранок ба роҳ мондани раванди корҳои илмию тадқиқотӣ бозгӯ мебошад.

Тибқи гузориши ЮНЕСКО оид ба илм, ки моҳи июни соли 2021 нашр шуд, маблағгузории ҷаҳонии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва конструкторӣ аз соли 2014 то 2018 дар саросари ҷаҳон 19 фисад ва теъдоди олимон 14 фисад афзоиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, аз панҷ кишвар чаҳор кишвар то ҳол камтар аз 1% ММД-и худро барои илм масраф менамоянд. Дар гузориш ҳамчунин, қайд шудааст, ки ҳамаи кишварҳо новобаста аз сатҳи даромад, рақамикунонӣ ва иқтисоди сабзро ба авлавиятҳои худ дохил кардаанд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст.

Дар асоси банди 35 Рӯзнома барои асри XXI, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд 3-14 июни 1992 қабул шудааст, донишҳои илмӣ бояд барои таҳия ва дастгирии ҳадафҳои рушди устувор тавассути арзёбии илмии шароити кунунӣ ва дурнамои ояндаи низоми замин истифода шаванд. Чунин арзёбиҳо, ки ба равишҳои мавҷуда ва нав дар доираи илмҳои гуногун асос ёфтаанд, бояд ҳангоми қабули қарорҳо ва инчунин, дар равандҳои интерактивӣ, ки илм ва сиёсатро фаро мегиранд, истифода шаванд. Барои такмил додани фаҳмиши ҷаҳон ва мусоидат ба ҳамкории байни илм ва ҷомеа саҳми бештари илм лозим аст. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, бахусус дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, иқтидор ва тавонмандиҳои илмиро зиёд кардан лозим аст. Иштироки ҳаматарафаи олимони мамлакатҳои тараққиёбанда дар барномаҳои тадқиқоти байналхалқии вобаста ба муҳити зист ва проблемаҳои он дар гуфтушунид аз рӯйи масъалаҳои глобалии экологӣ ва тараққиёт баробар аст.

Дар асоси Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 аз 30 июни соли 2021, №263 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм самти афзалиятнок ба шумор рафта, дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд меёбад. Давлат ва ҳукумат илмро меҳвари асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешанд.

Дар асоси банди 4.1. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки аз 1 декабри соли 2016 №636 тасдиқ шудааст, дар самти рушди марказҳои миллии корҳои илмию тадқиқотӣ ва корҳои таҷрибавию лоиҳакашӣ: дастгирии ҳамкориҳои илм бо соҳибкорӣ, ташаккул ва таъмини фаъолияти консорсиуми давлатию хусусии корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию лоиҳакашӣ, ҳавасмандгардонии паҳнкунӣ/интиқоли навовариҳо ва тадқиқоти амалӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ муқаррар шудааст.

Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар санаи 18-уми марти соли 2020 такид намуда буданд, ки “Асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад. Вобаста ба ин, мо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба сармояи инсонӣ диққати аввалиндараҷа додаем. Зеро дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба нерӯи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳаммияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад. Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад”.

Ин гуфтаҳо баёнгари он аст, ки дар тули даврони соҳибистиқлолӣ бо қабули якчанд санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ заминаҳои ҳуқуқии ташкили корҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодӣ дар Тоҷикистон устувор гардонида шуда, шароити мусоид барои фаъолияти илмӣ, эҷоди асарҳои илмию методӣ, интишору таълифи онҳо ва соҳиб гардидан ба дараҷаву унвонҳо илмӣ фароҳам оварда шуд. Ҳоло дар кишвар қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.

Дар асоси моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” аз 19 майи соли 2009, №531 вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар самти коҳои илмию таҳқиқотӣ аз инҳо иборатанд: таҳияи масъалаҳои назариявию амалӣ; таълифи китобҳои дарсӣ ва васоити таълим; иҷрои корҳои таҳқиқотии дорои хусусияти илмию методӣ. Таҳқиқоти илмие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба роҳ монда мешаванд, бо назардошти афзалиятнокии онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағи аз иҷрои корҳои шартномаҳои хоҷагӣ бадастомада, қарзи бонкҳо, маблағҳои худӣ, хайрияҳо ва дигар манбаъҳо маблағгузорӣ карда мешаванд. Принсипи асосии илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз ҳамоҳангсозии он бо ҷараёни таълим, инчунин бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ иборат аст. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таҳқиқоти илмӣ ва корҳои эҷодиро аз рӯи нақшаи мавзӯӣ, ки онро Шӯрои олимон тасдиқ менамояд, амалӣ сохта, истифодаи судманд ва босамари имкониятҳои илмии худ, сифати корҳои иҷрошаванда ва шароити бехатарии меҳнат, ҷалби васеи мутахассисони баландихтисос, донишҷӯён, курсантҳо, шунавандагонро барои иштирок дар корҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодӣ таъмин мекунад.

Дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” аз 18 марти соли 2015, № 1197 мафҳумҳое муқаррар шудаанд, ки ташкили корҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодиро шаҳр медиҳанд: фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - фаъолияте, ки барои ба даст овардан ва татбиқ намудани дониши нав дар ҳама соҳаҳои илму техника ва истеҳсолот барои ҳалли масъалаҳои технологӣ, конструкторӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ, таъмини фаъолияти илм, техника ва истеҳсолот ҳамчун низоми ягона, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ бо мақсади анҷом додани чунин таҳқиқот равона гардидааст; корҳои илмию таҳқиқотӣ - корҳои вобаста бо ҷустуҷӯи илмӣ, анҷом додани таҳқиқот, озмоишҳо бо мақсади афзун намудани дониши мавҷуда ва андӯхтани дониши нав, санҷиши фарзияҳои илмӣ, муқаррар намудани қонунияти рушди табиат ва ҷомеа, ҷамъбасти илмӣ, асосноккунии илмии лоиҳаҳо; таҳқиқоти илмӣ - таҳқиқоти илмии амалӣ, бунёдӣ, стратегӣ, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар доираи корҳои таҳқиқоти илмӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ бо усулу воситаҳои дахлдори илмӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амалӣ мегарданд; натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бошад маҳсули фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии дорои донишу дастовардҳои нав, ки дар ҳама гуна ҳомили иттилоотӣ сабт шудааст; ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ -ҳуҷҷате, ки маълумот оид ба татбиқи кори илмию техникӣ, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингӣ, аз ҷумла иттилоот дар бораи мувофиқи мақсад будани иҷрои минбаъдаи корҳои банақшагирифта ё оид ба натиҷаи лоиҳаву барномаи илмӣ ва илмию техникии анҷомдодашударо дар бар мегирад.

Мақсади асосии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника иборат аст аз: рушд, ҷойгиронии босамар ва истифодаи оқилонаи иқтидори илмию техникии кишвар; афзун намудани саҳми илму техника дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ; таҳкими муносибатҳои мутақобилаи илму маориф; рушди инфрасохтори инноватсионӣ; афзун намудани самараи истеҳсолоти ҷамъиятӣ; беҳтар намудани вазъияти экологӣ; таҳкими иқтидори мудофиавии давлат ва таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат. Самтҳои асосии амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника инҳо мебошанд: ташкил намудани шаклҳои гуногуни паркҳои технологӣ; муттаҳид намудани ташкилотҳои ихтисоси маҳдуди илмию лоиҳавӣ ба ташкилотҳои ягонаи илмӣ; афзун намудани натиҷабахшии барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ; ташаккул додани низоми муосири таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ (муҳаққиқон); такмил додани низоми интихоби лоиҳаҳои инноватсионӣ ва барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ ба таври озмун (моддаи 4).

Ҳар як корманди илмӣ мутобиқи қонунгузорӣ дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мушаххас мебошад. Аз ҷумла корманди илмӣ (муҳаққиқ) ҳуқуқ дорад: ҷустуҷӯи илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом дода, усули таҳқиқотро дар доираи самтҳои таҳқиқоти ташкилоти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки дар он кор мекунад, мутобиқи тахассуси худ интихоб намояд; бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмунҳои кушод оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он иштирок кунад; бо таклифи тарафи манфиатдор дар таҳияи самту афзалиятҳои сиёсати давлатӣ оид ба илму техника, анҷом додани ташхиси барномаву лоиҳаҳо, арзёбӣ ва пешгӯии натиҷаҳои иҷтимоиву иқтисодии амалисозии онҳо, таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок кунад; дар мувофиқа бо корфармо дар асоси озмун аз ҳисоби маблағи фондҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағ гирад; бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатии илмӣ иштирок кунад; дар тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ ба сифати роҳбари илмии (мушовири) унвонҷӯи унвони илмӣ ширкат варзад; мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмун барои ишғол намудани вазифаи холии кормандони илмӣ иштирок намояд; тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ҷойи кори асосӣ дар коллективҳои муваққатии илмӣ ва илмию техникӣ ва (ё) ҷои кори иловагӣ кор кунад; барои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳама намуди захира, аз ҷумла захираи моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, зеҳнӣ, иттилоотӣ ва табииро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, истифода барад; ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои шахсии молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ дошта бошад; дар мувофиқа бо корфармо дар конфронсу симпозиумҳо ва семинару маҷлисҳо, аз ҷумла чорабиниҳои байналмилалии илмӣ ширкат варзад; тахассуси илмиашро такмил диҳад; аз ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ истифода намояд.

Дар баробари ҳуқуқҳо корманди илмӣ (муҳаққиқ) уҳдадор аст: ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро риоя намояд; фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро бо риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон бе расонидани зарар ба ҳаёту саломатии одамони дигар, инчунин муҳити зист амалӣ гардонад; ташхиси барномаю лоиҳаҳо ва рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо), натиҷаҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро воқеъбинона анҷом диҳад; талаботи Кодекси намунавии одоби илмиро риоя намояд; вазифаҳои дигарро дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд (моддаи 11).

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ҷорӣ намудани молҳои нав ё такмилдодашуда, равандҳо ва хизматрасониҳо барои ба даст овардани фоида; саноатикунонии босуръати кишвар ва афзоиши истеҳсоли молҳои нави ватанӣ; рушди робитаи илм бо амалия тавассути ҳавасмандгардонии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ; муътадилгардонии шароити субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ; рушди ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва афзун намудани маблағгузории соҳаи илм аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, санаи 24 декабри соли 2022, №1922 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” қабул карда шуд. Қонуни мазкур аз 7 боб ва 19 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ танзим намуда, ба истифодаи самараноки натиҷаҳои фаъолияти мазкур дар раванди истеҳсолот равона шудааст. Тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ фаъолиятест, ки ба истифодаи амалии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ бо мақсади ба бозор баровардани молҳои нав ё такмилдодашуда, равандҳо ва хизматрасонӣ барои ба даст овардани фоида, равона шудааст. Субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ инҳо мебошанд: муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоти илмии хориҷӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд; муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоти илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон; марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ; ширкатҳои хизматрасон; паркҳои технологӣ; шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки сармоягузориро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ амалӣ менамоянд.

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоти илмӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳуқуқ доранд: мустақилона аз ҳуқуқҳои истисноии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ истифода намоянд; дар асоси шартномаи гузашт кардани ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ҳуқуқи истисноиро ба ҷониби дигар бегона кунанд; ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро ба гарав гузоранд; ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро ба сифати саҳм ба сармояи оинномавӣ ворид намоянд; ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро бо таври дигар ихтиёрдорӣ намоянд; бо мақсади тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқиро ба сифати муассисони ширкатҳои хизматрасони таъсисдодашаванда ҷалб намоянд; ҳангоми барҳам додани ширкатҳои хизматрасон ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро, ки ба сифати саҳм ба сармояи оинномавӣ ворид намудаанд, ихтиёрдорӣ намоянд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адабиёти таълимӣ” аз 26 июли соли 2014, № 1122 муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ ба танзим дароварда, кафолат ва талаботи давлатиро ба адабиёти таълимӣ муайян менамояд. Аз ҷумла дар асоси ин қонун мафҳумҳои зерин муайян карда шудаанд: адабиёти таълимӣ – асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ интишор меёбанд; адабиёти таълимии асосӣ – нашрияҳои таълимие, ки нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва (ё) шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро доранд; адабиёти таълимии иловагӣ – нашрияҳои таълимие, ки барои омӯзиши амиқи фанни мушаххас дорои маводи иловагӣ ба барномаи таълимӣ мебошанд.

Яъне корҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодӣ фарогири ду гурӯҳи бузурги асарҳо мебошанд:

- асарҳои таълимӣ-методӣ (асарҳои таълимӣ);

-асарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодӣ (асарҳои илмӣ).

Ба гуруҳи асарҳои таълимӣ-методӣ китоби дарсӣ, воситаи таълимӣ, воситаи таълимӣ-методӣ, дастури таълимӣ, дастури амалӣ, практикум, барномаи таълимии фан, барномаи кории фан (силлабус), матни лексия, саволномаи тестӣ, маводи таълимии мултимедӣ, курсҳои электронии таълимӣ, дастуру воситаҳои электронии таълимӣ ва ғайра дохил карда мешаванд.

Ба гурӯҳи асарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодӣ монография, диссертатсия, автореферат, тафсири қонун, мақолаи илмӣ (Scopus, Web of Science, тақризшавандаи КОА ҶТ, РИНС, конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, донишгоҳӣ), фишурдаи мақола (тезис) ва ғайра дохил мешавад (иқтибос аз “Тавзеҳнома Дастурамал оид ба таҳияи сарбории умумии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2023, №8/26 тасдиқ шудааст).

Дар Стандарти байнидавлатии (ГОСТ) 7.60-2003 «Низоми стандартҳои иттилоот, китобдорӣ ва нашриёт. Нашрияҳо. Намудҳои асосӣ. Истилоҳот ва таърифҳо», ки аз ҷониби Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба стандартонӣ, метрология ва сертификатсия 22-юми майи соли 20003, №23 қабул гардидааст ва Тоҷикистон ба қабулаш овоз додааст, мафҳумҳои асарҳои зерин пешбинӣ гардидааст:

- китоби дарсӣ –нашрияи таълимӣ, ки дарбаргирандаи муҳтавои бонизоми фанни таълимӣ, фаслҳову қисмҳои он мебошад, ки ба барномаи таълимӣ мувофиқ мекунад ва расман ҳамчун ин навъи нашрия тасдиқ шудааст;

- воситаи таълимӣ –нашрияи таълимӣ, ки китоби дарсиро қисман ё пурра иваз мекунад ё ба сифати чунин навъи нашрия расман тасдиқ шудааст;

- воситаи таълимӣ-методӣ - нашри таълимӣ, ки дорои маводҳо оид ба методологияи таълим, омӯзиши фанни таълимӣ, фасл, қисми он мебошад;

- дастури таълимӣ – нашрияи таълимӣ, ки дорои маводҳо оид ба методикаи таълим, омӯзиши фаслу қисми фанни таълимӣ мебошад;

- дастури амалӣ - нашрияи истеҳсолӣ-амалӣ, ки барои аз худ кардани дониш ва малакаи иҷрои кор пешбинӣ шудааст;

- практикум – нашрияи таълимӣ, ки дорои вазифаҳои амалӣ ва машқҳое мебошад, ки ба азхудкунии маводи пешниҳодшуда мусоидат мекунанд;

- барномаи таълимии фан (барномаи таълимӣ) - нашрияи таълимие, ки мундариҷа, ҳаҷм, инчунин тартиби омӯхтан ва таълими фанни таълимӣ, фасл ва қисмҳои онро муайян мекунад;

- монография - нашри илмӣ ё илмии оммавӣ, ки омӯзиши пурра ва ҳамаҷонибаи як масъала ё мавзӯъро дар бар мегирад ва ба як ё якчанд муаллиф тааллуқ дорад;

- диссертатсия – нашрияи илмии дар шакли кори илмии махсус омодагардида мебошад, ки хислати тахассусии илмӣ дорад ва барои ҳимояи оммавӣ ва гирифтани дараҷаи илмӣ омода карда шудааст;

- автореферат - нашрияи илмӣ дар шакли брошюра омодагардида мебошад, ки дар он муҳтавои тадқиқоти муаллиф дарҷ гардида, барои гирифтани дараҷаи илмӣ пешниҳод шудааст;

- мақолаи илмӣ (Scopus, Web of Science, тақризшавандаи КОА ҶТ, РИНС, конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, донишгоҳӣ) - нашрияи илмииест (асарест), ки натиҷаҳои асосии тадқиқотро, ки бо истифода аз методҳои илмӣ гузаронида мешавад, дар бар мегирад;

- фишурдаи мақола (тезис) – нашрияи илмӣ дар шакли муқаррароти кутоҳи мантиқан бо ҳам алоқаманди мақола, ки далели он дар худи мақола оварда шудааст.

Пас, дар ҳолате, ки давлат барои рушди фаъолияти илмии кормандони илмӣ ҳама шароити ҳуқуқиро давлат фароҳам овардааст, навиштани асарҳои таълимӣ ва илмӣ, ба ҳимоя баровардани шогирдон барои рушди илм кишвар вазифаи муқаддаси мо олимони кишвар ба ҳисоб меравад.

Сангинзод Дониёр Шомаҳмад,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

(Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати ммиллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Дар суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки 30 майи соли равон баргузор гардид, бештари масъалаҳои мубрами ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар ва м.и. мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифтанд. Ин мулоқот ҳамчун минбари баланди андешаронӣ ва муколамаи озоди Президенти мамлакат бо зиёиёни кишвар дар тарҳрезиву ҳалли мушкилоти илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат мусоидат карда, ба рушди он бевосита такони ҷиддӣ медиҳанд.

Хадафи мулокот натичахои баррасии мулокотхои каблии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мисли мухимтарин вохурие, ки бисту се сол мукаддам пеш дар суханронӣ ба ифтихори 50-солагии Академияи илмҳои Тоҷикистон, 18 апрели соли 2001 бо ахли илм гузаронида буданд ва дар ин вохурии таърихи, аз чумла зикр намуда буданд, ки «... дар давраҳои мухталиф аз ҷониби баъзе олимон дар кишварҳои гуногун кӯшишҳои ғаразноки зери тафтиш гирифтану таҳриф сохтани таърихи миллати куҳанбунёди мо ба назар мерасид. Имрӯз ин ҷараёни номатлуб аз нав қувва гирифта истодааст. Бар хилофи ҳақиқати таърих баъзе олимон дар кишвархои хориҷӣ ба мероси илмию фарҳангии мо дастдарозӣ мекунанд ва ба меросбари қонунии тамаддуни бостонӣ будани тоҷикон шак оварданӣ мешаванд.

Аз ин рӯ, ба олимони мо лозим аст, ки ба чунин кӯшишҳои таҳрифкорӣ ҷавоби сазовор диҳанд ва манфиатҳои миллати моро ба таври арзанда ҳифз намоянд. Инро адолати таърихӣ ва муносибати воқеъбинона ба таърих тақозо мекунанд. Аз касе пӯшида нест, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарин мебошанд, фарҳанги ғанӣ доранд ва дар тӯли тамоми таърихи худ дар минтақа нақши тамаддунсозро бозидаанд», ки ин мулокоти Пешвои миллат аз зумраи мухимтарин мулокотхояшон бо ахли зиё буд ба шумор меравад.

Дар вохӯрии навбатии Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар, дар радифи масъалаҳои мухталифи рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон будани онҳоро ёдовар гардида, афзуд, ки: «Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем.

Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд».

Дар хакикат дар охири солхои асри ХХ ва аввали асри ХХI дар қаламрави собиқ империяи Иттиҳодияи Шӯравӣ воқеияти нави геополитикӣ ва ҳуқуқӣ бо номи «фазои собиқ ва пасошӯравӣ» ба вуҷуд омад. Давлатҳои нави соҳибистиқлолро лозим омад, ки дар сохтори давлатҳои мустақили худ масъалаҳои мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиро ҳал намуда, дар ҷустуҷӯ ва дарёфти масъалаҳои мубрами рӯз бошанд: аз қабили таъсис додани сохторхои мухими давлатдори ва чӣ тавр ноил гаштан бо сулҳу осоиштагӣ ва муносибати дустона бо дигар давлатҳо, махсусан давлатҳои ҳамсарҳади ҳамсоя, эҳтироми динӣ, таъмини сатҳи баланди зиндагии аҳолӣ, устувории тағйиротҳои демократӣ, илм маориф ва ғайра ба шумор мераванд.

Дар ин асно муроҷиат ба илм доир ба масъалаҳои назариявӣ - методологии таҳқиқи давлатдорӣ, моҳият ва мазмуни сохти давлатдорӣ метавон дар таъсис додани “Институти давлат ва хукук” яке аз ниходхои босалохияти Академияи миллиро дар ҷустуҷӯйи ин гуна ҷавобҳо ёрӣ расонад, аз хатоҳои роҳдода хулосаҳо бароварад, муваффақиятҳои аз ёд рафтаро, ба ёд оварад ва дар пайи ба даст овардани хукуку озодихои инсон ва шахрванд ва зиндагии осоиштаи мардум дар давлати хукубунед ва демократи гардад.

Зумраи олимон бар он андешаанд, ки шахсият дар дигаргунсозиҳои куллии кишвар нақши муҳим намебозад, вале мо дар давоми сию се соли ҳастии Тоҷикистони навин шоҳиди барҳақ гардидем, ки Эмомалӣ Раҳмон чун роҳбар ва сиёсатмадоре ба сари қудрат омад, ки аз диди нав дар равандҳои таърихии тақдири мамлакат нақш ва мақоми ҳалкунандаро ба иҷро расонид, ба Ватани маҳбуби мо сулҳ оварда, ба ташнакомони зиндагӣ оби ҳаёт ҳадя кард, то кишвар аз асорати нобудӣ наҷот ёбад, хавфу хатари барҳам хӯрдани Тоҷикистон аз байн биравад, оташи ҷанги бародаркуш хомӯш карда шавад, тоҷикони мусофиру парешони иҷборӣ ба кишвари худ баргарданд ва соҳибватан бишаванд, ба Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон ақлу заковат, ҳиммату хирад, ҷасорату диловарӣ лозим омад, ки ҳамаи ин вазифаҳои сангинро сарбаландона ба иҷро расонад.

Барномарезиҳои оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар густариши фазои демократӣ, қолабшиканиҳои ҷасурона дар низоми иҷтимоиву сиёсӣ, паёмади суботи беназир дар иродати сиёсӣ, неруи азими маънавӣ, тамкин ва таҳаммул бар асоси адлу хирад буд, ки гардиши айём дурустияшро ба исбот расонид. Дарёфти тавозуну таносуб дар ҳама самтҳои фаъолияти сиёсӣ бо ҳусни таваҷҷӯҳ ба ормонҳои мардум адолати иҷтимоиро дар бунёди низоми нави давлатдорӣ устувор намуд, ки аз заминаҳои бисёр муҳими пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол буд.

Бояд таъкид кард, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ бо таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла таъсири ҳодисаҳои ҷаҳони араб ҳисси норизояти ҷавонон аз вазъи доштаашон боло мегирад. Вобаста ба ин ва дигар шароити пешомада зарур аст, ки пеш аз ҳама ниходи хукукии Академияи миллии илмхои Точикистон барои баланд бардоштани сатҳи маърифати хукукии чавонон ва наврасон дар мактабҳои оли ва миёна талош намояд, то онҳо ҳақиқати ҳаёти хукукии инсонро дарк намоянд.

Дар ин робита ишора шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ «...дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намуда, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонида ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додаанд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд.

Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст.

Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст».

Дар ин вохӯрӣ Пешвои миллат оид ба маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм, ки яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад ва Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд маълумот дода, таъкид карданд, ки « маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003-ум ҳамагӣ 45 сомонӣ буд ва соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шуд.

Аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад».

Дар мулоқот Президенти мамлакат истифодаи самарабахши натиҷаҳои илми бунёдӣ ва амалиро яке аз омилҳои муҳимми рушди устувори ҳар як давлат ҳисобида мулоҳизаҳои ҷолиб баён намуда, таъкид карданд, ки: «Як камбудии дигари аксари олимони кишвар ин аст, ки онҳо ғайр аз забони русӣ забонҳои дигари илми муосири ҷаҳониро намедонанд ва аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд.

Ҳол он ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад.

Аз ин рӯ, аз роҳбарони муассисаҳои илмӣ талаб карда мешавад, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд». Дар баробари ин Пешвои миллат қайд намуд, ки «Масъалаи дигаре, ки мехоҳам махсус хотирнишон созам, мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ, риояи принсипҳои дунявият, асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими минбаъдаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълифи асарҳои илмӣ мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки барои мо меъёрҳои муқарраркардаи Конститутсия ва арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ ҳамеша афзалият доранд.

Олимону зиёиёни мо ҳамчун неруи огоҳу пешсафи ҷомеа бояд дар корҳои илмӣ ва эҷодиёти худ ба ин меъёру арзишҳо таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса зоҳир карда, аз бегонапарастиву тарғиби ғояҳои носолим қатъиян худдорӣ кунанд».

Президенти мамлакат ҳамзамон дар ин вохӯрӣ аз инъикоси ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқамон дар китобҳои дарсии фанҳои ҷомеашиносиву гуманитарӣ, раванди таълим, таносуби соатҳои фаннӣ, усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои самараноки омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ ва ташаккули зеҳни фаъоли хонандагону донишҷӯён ёдрас шуда, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро вазифадор намуд, ки ба масъалаи забономӯзӣ, касбомӯзӣ ва мутобиқ ба бозори меҳнати дохиливу берунӣ омода кардани ҷавонону калонсолоне, ки дар муассисаҳои зертобеи онҳо таҳсил мекунанд, чораҷӯӣ намоянд. Дар баробари ин Пешвои миллат аз олимон даъват ба амал овард, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

«Мо бояд ҳамеша ба имконоту неруи худ такя кунем, Ватани биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем, заҳмат кашем, кишвари маҳбубамонро бо дастони хеш ва бо нерӯи зеҳнии худамон боз ҳам обод кунем, ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем, ҳамдигарро дар лаҳзаҳои душвору вазнин дастгирӣ намоем.

Ба миллати тоҷдорамон, ба давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша содиқ бошем, доим дар хотир дошта бошем, ки миллати тоҷик ба туфайли забону фарҳанг, илму дониш ва маърифати баланди хеш дар мураккабтарин давраҳои таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ аз байн нарафт, зинда монд ва минбаъд низ зиндаву ҷовидон хоҳад монд». Илова бар ин, Пешвои миллат дар масъалагузории навбатӣ, таваҷҷуҳи аҳли илм ва маорифи кишварро ба масъалаи омӯзиши илму дониш, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, тарбияи шогирдон ва соҳибкасбу соҳибҳунар гардонидани наврасону ҷавонон ҷалб намуда, таъкид карданд, ки «Имрӯз замоне расидааст, ки мо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, давлатдории миллии худ ва манфиатҳои давлату миллатамонро ҳимоя намоем, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувори давлати озоду соҳибихтиёрамон эҳтиёт ва ҳифз кунем».

Дар фарҷоми ин мулоқот Пешвои миллат ба нақшу мақоми аҳли илм ва маорифи кишвар баҳои дода, таъкид карданд, ки «Бовар дорам, ки шумо – олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам – бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаатон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед»

Ҳамин тавр, Президенти мамлакат дар суханрониҳои хеш дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар ба ҳама паҳлуҳои илм ва маориф дахл намуда, таваҷҷуҳи аҳли зиё, олимону адибон ва равшанфикрони кишварро бештар ба ҳаллу фасли масъалаҳои: ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад.

Зеро бори дигар хотиррасон месозам, ки дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд, ҷалб намуданд.

Баргузории ҳар як мулоқоти Президенти мамлакат бо аҳли илм ва маорифи кишварро метавон ҳамчун барномаи мукаммали бунёдӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами илм ва маориф арзёбӣ намуд. Кулли масоили дар мулоқотҳо баррасишуда таҳти назорати бевоситаи Пешвои миллат қарор гирифта, тавассути таҳияи нақша-чорабиниҳо ва ҳидояту ғамхориҳои пайвастаи Сардори давлат дар амал татбиқ шудаанд. Бинобар ин, ба роҳ мондани омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои мубрами илмӣ дар заминаи матни суханрониҳои Президенти мамлакат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, аз бисёр ҷиҳат барои фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Зеро давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд.

Зоир Ҷурахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Мудири Шуъбаи Ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Аз замонҳои қадим ҳадафи донишмандон ин пайванд намудани имл бо истеҳсолот аст. Ичунин ҳадафи дигари илм ин тавсиф, ташреҳ ва муайян намудани равандҳо ва падидаҳои таҳқиқшаванда мебошад. Мубрамияти дониши илмӣ дар он зоҳир мешавад, ки воқеиятҳоеро, ки одамон дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти хеш бархӯрд мекунанд, тавсиф ва шарҳ диҳад. Мулоқоти навбатии Пешвои миллат бо аҳли илму маориф, ки ҳадафи ниҳоии он баррасии ҳолати имрӯза ва дурнамои рушди илм, такмили сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ-риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, густариши мактабҳои илмӣ мебошад. Аз замони атиқа то ҳол олимон сармояи зеҳнии ҷомеа буда, дар рушди зеҳнӣ ҷомеа нақши бориз доранд.

Пешвои миллат дар авввали суханронии худ дар бораи ҷойгоҳи илм дар замони истиқлол суханрони намуда, чунин иброз намуданд, ки «мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хидмате анҷом додааст. Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд». Сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Пешвои миллат ба он равона шудааст, ки илм яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа буда, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм баҳисоб меравад. Даврони истиқлоли давлатӣ шароити мусоидро фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо намоянд, ва мо барои ҷаҳониён ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардидем.

Яке аз заминаҳои асоси пайдоиши илм ташаккул ёфтани ҷомеаи нав, ки имконияти ҷудо кардани меҳнати ақлониро аз низоми умумии тақсимоти меҳнат ба шакли мустақили фаъолияти инсон ба ҳисоб меравад, ки заминаи эҷодро дар замони муосир ба миён овард. Пешвои миллат вобаста ба тарақиётӣ илм дар ҷаҳони муосир чун ибрози назар намуда, таъкид намуданд, ки «кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд».

Вазифаи илм ҳамчун нерӯи бевоситаи истеҳсолӣ имрӯзҳо равшантар зоҳир мешавад, зеро ки илм аз чаҳорчӯбаи тафаккуроти таҷридӣ-назариявӣ дар бораи табиат берун баромада, ба қуввае табдил меёбад, ки дар аксари ҳолатҳо истеҳсолотро ташкил, назорат ва самтгарои менамояд. Имрӯзҳо бошад, дараҷаи азхуд намудани он дар фаъолияти амалӣ бешак бештару васеътар аст. Ворид шудани илм ба истеҳсоли бевосита, ба инкишофи дохилии он таъсири зиёд дорад. Ба ҳайси нерӯи ҳаракатдиҳандаи иҷтимоӣ илм барои амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди ҷомеа ва ҳаллу фасли масоили умумиҷаҳонии муосир мавриди истифода қарор мегирад.

Яке аз дастовардҳои илми муосир ин зеҳни сунъӣ мебошад. Ҳар чанд худи ӯ маҳсули зеҳни инсон буда, ба фарқ аз инсон қобилиятҳои беназирро доро мебошад, ки инсон тавони анҷом додани онҳоро надорад. Пешвои миллат зеҳни сунъиро яке падидаи нав дар илми муосир дониста, чун қайд намуданд, ки «истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад». Пас аҳли илми кишварро лозим аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.

Пешвои миллат имрӯз самараи соҳаи илм, ки дар замони истиқлол ба даст омадааст аз аҳли он талаб дорад: «Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад». Пешвои миллат ба олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам итминон намуданд, ки бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаашон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед.

Ин мулоқот нишон дод, ки миллати тоҷик ва Пешвои миллат дар роҳи комёбиҳои нави илми камари ҳиммат баста анъанаи илмофарини гузаштагони худро дар замони кунуни ба ҷаҳониён нишон медиҳанд.

Қурбоншоев И. Мудири Шуъбаи масалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли 2024 дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат аз бурду бохти аҳли зиёи кишвар сухан ронда, дар бораи қонеъкунанда набудани нишондиҳандаҳо дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалиро алоҳида таъкид намуданд.

Пешвои муаззами миллат дар суханронии хеш таъкид намуданд: «вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест». Ва афзуданд: «Мо, инчунин, ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем».

Мо шукрона мекунем, ки соҳиби Ватани озод ва давлати соҳибистиқлол ҳастем ва Тоҷикистони азизи моро, ки дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баробари тамоми кишварҳои мутамаддину пешрафта як овоз дорад, имрӯз дар дунё на танҳо мешиносанд, балки ташаббусҳои онро ба хотири ҳалли мушкилоти сайёра ҷонибдорӣ ва эътироф мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, имрӯз узви фаъол, эътирофшуда ва соҳибэҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ аст. Дар тӯли солҳои истиқлолият Тоҷикистон тавонист ба узвияти даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ (СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СААД, ЭКО, МВФ, МБРР ва ѓ.) пазируфта шавад. Cохторҳои сиёсати хориҷӣ, қабл аз ҳама Вазорати корҳои хориҷӣ, сафоратҳо ва намояндагиҳои хориҷии Тоҷикистон бахри иҷрои ин вазифахо ба нафъи кишвар, бахусус ҷалби сармоя ва густариши ҳамкории судманди иқтисодӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои афзоиши сармоягузории хориҷӣ ба мутахассисони соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ниёз доранд.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаҳои номувофиқатӣ, мухолифат дар миёни қонунҳои кишвар ва асноди байналмилалии эътирофнамудаи давлатамон яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи қонунгузорӣ мебошад. Ба ин масъала борҳо дар суханронихои Президенти ҶТ ишора шуда буд. Илова бар ин, зарурати ҷиддии ба ҳам мувофиқ сохтани қонунҳои миллӣ бо усулу меъёрҳои умумипазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ эҳсос мегардад. Азбаски мо афзалияти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро нисбат ба қонунҳои миллӣ дар Конститутсия ҶТ эътироф кардаем, аз ин рӯ, бояд оид ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намоем. Ҳалли ин масъала низ ба дӯши мутахассисони соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ гузошта шуда аст.

Парлумони касбӣ ҳар як меъёри баналмилалиро мӯшикофона таҳлил намуда, сипас ба низоми ҳуқуқии кишвар роҳ додани онро иҷозат медиҳад. Зимни ба тасвиб расонидани созишномаҳо, шартномаҳо, конвенсияҳо ё ҳамроҳ шудан ба дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бояд манфиатҳои миллию давлатӣ ба инобат гирифта шаванд. Қабл аз ҳамроҳшавӣ ба ин ё он санади ҳуқуқии байналмилалӣ бояд вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва хусусиятҳои хоси мардуми кишвар бо назардошти манфиатҳои милливу таърихӣ хуб омӯхта шавад. Инчунин оқибатҳои ҳамроҳшавӣ ба санадҳои байналмилалӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирад, то уҳдадориҳои зиёди байналмилалӣ ба дӯши кишварамон бор нагардад. Барои анҷоми бомуваффақияти ин вазифаҳо низ тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ аз ҷумлаи вакилони мардумӣ зарур аст

Роҳи ҳалли ин вазифаи муҳим танҳо таъсис додани шӯрои диссертатсионӣ оид ба ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки чӣ дар даврони шуравӣ ва чӣ даврони истиқлолият шурои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надошт. Сарфи назар аз кӯшишҳои бисёркаратаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ иҷозаи кушодани шурои диссертатсионӣ аз ихтисоси 12.00.10 – ҳуқуқи байналмилалӣ: ҳуқуқи аврупоиро надод ва то имрӯз чунин шуро дар мамлакат вуҷуд надорад. Набудани чунин шуро ба он оварда расонд, ки аспирантон ва унвонҷӯёни соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ баъди омода кардани рисолаҳои худ озими Федератсияи Русия шуда, дар муассисаҳои илмии он (Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Русия, Институти қонунгузорӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавии назди Ҳукумати ФР, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, Донишгоҳи федералии Қазон ва диг.) худро вобаста намуда, маблаѓи зиёд барои ҳимояи рисолаҳои хеш, роҳкиро ва будубошу зиндагӣ пардохт намуда, баъд ба ҳимояи корҳои илмии худ муяссар мешуданд.

Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки мақсад аз таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии миллӣ бартараф намудани мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар соҳаҳое мебошад, ки камбуди ин гуна мутахассисон барои кишвар ҳис карда мешавад. Инчунин таъсиси КОА ба хотире буд, ки муҳаққиқон имкони ҳимояи диссертатсияҳояшонро дар дохили ҷумҳурӣ дошта бошанд. Мо умедворем, ки баъди ин суханронии таърихии Пешвои муаззами миллат чунин шурои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон аз тарафи КОА иҷозат дода хоҳад шуд ва дар кӯтоҳтарин муддат камбуди мутахассисон дар ин соҳа аз байн бурда хоҳад шуд.

Дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат Пешвои муаззами миллат дуруст қайд намуданд, ки «як камбудии дигари аксари олимони кишвар ин аст, ки онҳо ғайр аз забони русӣ забонҳои дигари илми муосири ҷаҳониро намедонанд ва аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд. Ҳол он ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад».

Дар шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови АМИТ бо ташаббуси ходимони илмӣ барои магистрон ва докторантони PhD китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ аз ҳуқуқи байналмилалӣ ба забонҳои англисӣ ва русӣ омода карда шудаанд. Умед аст, ки унвонҷӯёну аспирантон, магистрону докторантони PhD дар соли нави таҳсили 2024-2025 бо ин китобҳои нав дониши худро такмил дода, камбудиҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат зикршуда бо тадбирҳои муассир аз ҷониби масъулини муассисаҳои илмию таълимӣ аз байн бурда хоҳанд шуд.

Мо Сарвари муҳтарами давлатамонро бовар мекунонем, ки олимону донишмандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаи хеш дар рушду пешрафти давлатамон саҳми бештар мегузоранд ва рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.

Саидумар Раҷабов – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИ

ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири бунёди давлатдории миллӣ маҳз бо эҳтимому саъю кӯшишҳои пайваставу ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи басе рангину пурҷилои таърихиро боз намуд. Дар ин марҳалаи созандагӣ ва эҳёкориву навоварӣ мафҳумҳои Истиқлол, Ваҳдат, Сулҳ, субот, нуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳуқуқи бунёдиву дунявӣ, ки пироҳани ба худ хоси давлати мо маҳсуб мешаванд, барои сокинони мамлакат муборак, муқаддас, муътабар ва азиз ҳастанд. Чунин ибрози ақида намудааст номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ардамеҳр Ашуров.

— Суханронии навбатии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маорифи мамлакат саривақтӣ ва муҳим буда, инъикосгари таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ба ин қишри ҷомеа мебошад. Чуноне вобаста ба ин масъала муҳтарам Пешвои миллат таъкид доштанд, «дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд». Воқеан, бо биниш ва таҳлилу баррасии дақиқу равшан Сарвари давлат ба аҳли илму маориф муроҷиат намуданд, ки тараққиёту пешрафти рӯзафзуни мамлакатҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир асос ёфтааст. Яъне, Тоҷикистон акнун дар масири рушд қарор дорад, ки дар ин марҳала аз ҳар шаҳрванд талаб карда мешавад, ки дорои маърифати баланд ва фарогири тафаккури устувори миллӣ бошад. Илова бар ин, барои ҳифзи забони давлатӣ, расму ойин, асолату ҳувият ва садоқату вафодорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва риояи одобу ахлоқи миллӣ саъй намояд.

Аслан, илм падидаи пок аст. Пок ба маъное, ки муқаддас, бенуқсон, соф, бе айб аст. Аз ин рӯ, пок будан дар роҳи илм рисолати аслии олим аст. Ба ин хотир таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба арзёбии фаъолияти илмии олимон басе мубраму муҳим буда, ифодагари онанд, ки олимони мамлакатро мебояд ба илм муносибати воқеъбинона дошта бошанд, дар роҳи илм масъулияти баландро ҳис намоянд ва илмро илм донанд. Чуноне зимни мулоқот Сарвари давлат ишора намуданд, «натиҷаҳои таҳқиқоти олимон бояд посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатамон ва ба тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми мамлакат қодиранд, асос ёфта бошанд».

Бо ин назардошт ва натиҷагирии андешаҳои созандаи Пешвои миллат бо ифтихор менигорем, ки имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари давлат барои фарогир будани ҷавонон ба илму дониш ва маърифату фарҳанги баланд ниҳоят назаррас аст. Пас, рисолати ҳар ҷавон дар дарки баланди худшиносии миллӣ, масъулиятнокии иҷтимоиву маънавӣ, ҳифзи марзу буми мамлакат, муқаддасоти миллӣ, арзишҳову манфиатҳои миллӣ, дастгирии сиёсати давлатӣ ва риояи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ифода меёбад.

Ба ақидаи мо, имрӯз андешаи солим, ақидаи устувор, дониш, илм, тафаккури техникӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ҳамчун воситаи ҳифзи ҷумҳурӣ аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир буда метавонанд. Ба ин маънӣ Пешвои миллат барҳақ таъкид намудаанд, ки «ҳифзи ҷомеаи мамлакат аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватанпарастӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ба шумор меравад».

Пас, дар ин марҳала рӯй овардан ба илм, дониш ва маърифат ҷавҳари асосӣ ва созандаву ҳимоякунандаи миллату давлат аст.

Зеро, ба андешаи Пешвои миллат, дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд.

Аз ин рӯ, мо, аҳли илму маорифи мамлакат вазифадорем, ки ҳамин қадар назари нек, боварии устувор ва эътимоду таваҷҷуҳи хоссаи муҳтарам Пешвои миллатро бо як олам садоқату самимияту масъулияти баланд дастуру роҳнамои кор, афкор ва амаламон гардонем.

https://khovar.tj/2024/06/ilm-av-ari-sozanda-dar-masiri-rushdi-ustuvori-mamlakat-andesha-o-dar-oshiyai-suhanronii-prezidenti-to-ikiston-dar-mulo-ot-bo-a-li-ilm-va-maorifi-mamlakat/?fbclid=IwZXh0bgNhZW0CMTEAAR3f8NloVOetDZVoc18015IGqdxCjR_c90Hwl892IePjRMkl4hjC-qvYDbA_aem_ATov8BiAAjZ7o8V1FoXMlIrNvtGgMf2AAZ7aKaso61XxinKn8ML1Rj744u1yiP29e3ZJaOA192XxRcJBUtwY0UF6

(чанд андеша дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф)

Халқият ва миллиятҳое дар таърих муваффақ будаанд, ки ба илм ва донишҳои илмӣ такя намуда, сарнавишти хешро ба дасти худ сохтаанд. Баръакс, миллатҳое, ки ба илму дониши илмӣ эътимод надоштаанд, ҳамеша дар ҳоли хушкандешию фақру дастнигарӣ қарор гирифта, роҳи хурофоту ҷаҳолатро паймуда, охируламр ба вартаи нобудӣ мубтало гардидаанд. Ба ин маъност, ки илм ва дониши илмӣ муайянкунандаи ҳадаф ва ба истилоҳ, ориентатсияи дурусти миллияту халқиятҳо дар тули таърихи инсонӣ будаву ҳаст. Аз тарафи дигар, низоми давлатдории дунявӣ бар мабнои тарзи тафаккури илмӣ ва ҷаҳоншиносии фалсафӣ устувор гардида, халқу миллатҳоро ба сӯйи хушбахтиву саодати зиндагӣ раҳнамун месозад. Мардуми Тоҷикистон, ки ҳадафмандона масири низомманди секулорию дунявиро интихоб карда, тайи муддатзамони зиёда аз сисола ҷодаи дунявиятро мепаймояд, маҳз ба баракати озодию истиқлоли сиёсию фикрию иҷтимоию эҷодӣ муваффақона умр ба сар мебарад.

Дар зимн, Сарвари давлат дар доираи дидору мулоқот бо зиёиён, ки одатан дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз -- нимаи дуюми марти ҳар сол баргузор мегардад, бо истифода аз ҳузури намояндагони саршиноси миллат масъалаҳои калидии соҳаи илму маорифи ватаниро баррасӣ карда, пешниҳодоти мушаххас ироа медорад. Мутаассифона, бар асари шуюъи вируси короно Сарвари давлат чанд соли ахир натавонистанд бо аҳли илму маориф ва зиёиёни ватанӣ суҳбат ороста, масоили марбутаро матраҳ намояд ва роҳҳалҳое дар заминаи рушду пешрафти илму маорифи ватанӣ ва талошварзиҳои зиёиёни миллӣ манзур созад.

Ба ин тартиб, мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони илм ва маорифи кишвар аз ҷумлаи силсиламулоқотҳоест, ки бори ахир марти соли 2020 – замони шуюъи короновирус иттифоқ афтода буд. Бо гузашти чаҳор сол раисҷумҳури мамлакат мулоқотро бо доираи илму маорифи ватанӣ зарур шуморид ва дар ин росто тасмимоти ҷиддӣ рӯйи даст гирифт. Ин аст, ки 30 майи соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат мулоқот доир гардид ва Сарвари давлат дар ҷараёни суханронии то андозае тулонӣ вазъи илму маорифи ватаниро дар бастагӣ бо мушкилоту муаммоҳои геополитикӣ матраҳ намуда, дар ин замина нукоти ҷолиби таваҷҷуҳе ироа дод. Бо таваҷҷуҳ ба ин, чанд нуктаи иҷмолиро дар ҳошияи мулоқоти раисҷумҳур бо аҳли илму маорифи ватанӣ ироа медорем.

Якум. Суханронии Сарвари давлат бо аҳли илм ва маориф, дақиқан аз соати 07:57 шуруъ шуда, то соати 11:18 – се соату 21 дақиқа давом кард. Чун анъана, суханронии барномавии Роҳбари давлат масъалаҳои гуногунро, ки ба мавзуи асосӣ – рушди илму маорифи ватанӣ дар шароити соҳибистқлолӣ иртиботи бевоситаю бавосита доштанд, фаро гирифтааст. Сарвари давлат дар оғоз ва ба истилоҳ, прологи суханронӣ масъалаи мақому ҷойгоҳи илм дар зиндагии миллӣ ва бурунрафт аз мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, ҳувиятӣ ва маданиро, ки ҷомеаро дар тангнои мафкуравию ҳувиятӣ қарор дода, ба вазъи буҳронӣ мунҷар кардааст, ба миён гузошта, ҳадафи асосиро таври зайл гӯшзад намуд: “мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд”. Дар хидмати давлат ва ҷомеа қарор гирифтани илм ва бароварда сохтани ниёзҳои давлату ҷомеа, ки ҳар ду дар тавъамию ҳамбастагии мазмунию мундариҷавӣ мебошанд, талабу муқтазиёти замонию маконист. Ба сухани равшантар, Сарвари давлат дуруст дарк кардаанд, ки бидуни илм ва маорифи пешрафтаву модерн наметавон ба ҳадафҳои олӣ – сохтани давлати миллию дунявӣ ва ҷомеаи саноатию иттилоотӣ даст ёфт. Ин ҳадафро Сарвари давлат дар ибтидои суханронӣ дунбол карда, дар ин замина таъкид дошт: “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст”.

Дуюм. Нуктаи ҷолиб, ки ғолибан дар тамоми мулоқоту вохуриҳо ва суҳбату суханрониҳои Сарвари давлат ба мушоҳида мерасад, берун аз матни суханронӣ шарҳу тафсири масоили мубрам ва изҳори назарҳои инфиродӣ дар ростои матолиби баҳсталаб мебошад. Ин аст, ки дар бисёр мавридҳо, он чи ки Сарвари давлат берун аз матни суханронӣ ироа медоранд, ҷолибтар, муассиртар, заруртар, бадардхуртар, ҷиддитар ва билохира воқеитаранд. Дар мулоқоти ахирӣ ҳам Сарвари давлат бо такя ба собиқаву таҷрибаи кофии раҳбарӣ, биниши сиёсӣ, неруи фикрӣ, дониши назариявӣ ва завқу салиқаи эҷодӣ сари масъалаҳои мубрами илму маорифи ватанӣ таваққуф намуда, вазъи куллии илмӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, сиёсӣ ва мафкуравиро мушаххас намуда, дар ин робита таклифу пешниҳодоти зарурӣ ироа доданд. Махсусан, ба масъалаи интиқодоти мунсифона ва бидуни ғаразу кина, ки дар илм аз меъёрҳои асосию калидӣ маҳсуб мешавад, таваҷҷуҳ намуда, ошкоро ишора фармуданд, ки “ман ҳама гуна танқидро қабул дорам, агар одилона бошад”. Воқеан, интиқод ва равиши интиқодӣ, агар мунсифона ва орӣ аз ғаразу кина бошад, ҳатман ба дард мехурад ва дар ҳалли мушкилоту уқдаҳои замонию маконӣ корсоз буда метавонад. Мутаассифона, анбуҳи матолиби интиқодие, ки сари мавзуоти мухталиф, минҷумла сиёсию мафкуравӣ ва илмию фарҳангӣ дар сафаҳоти шабакаҳои иҷтимоию фазои маҷозӣ мушоҳида мешаванд, аксаран бар мабнои ғаразу бадбинӣ, нафрату ниқорталабӣ, фиребу шӯрангезӣ ва нотавонбинию кинаҷӯйӣ буруз карда, воқеиёти давру замонро бозтоб намедиҳанд. Ба ин манзур, Сарвари давлат аз ҳозирин ва бахусус, блоки илмӣ-академӣ, ниҳодҳои маорифи ватанӣ ва ҷомеаи маданӣ даъват ба амал оварданд, ки дар баррасии мушкилоту муаммоҳои рӯзгор аз равиши санҷидашудаи илмӣ ва интиқодоти мунсифонаи инсонӣ истифода бубаранд ва аз ин тариқ дар пешрафту таҳаввулоти фикрию иҷтимоӣ ва илмию маданӣ саҳми сазовор бигузоранд.

Сеюм. Азбаски мухотабони асосии Сарвари давлат дар мулоқоти ахирӣ аҳли илм ва маориф буданд, мавсуф бар асоси принсип ва мабонии илмию ихтисосӣ аз фаъолияти баъзе пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамчунин бархе муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ниҳодҳои тобеъи Вазорати маориф ва илм интиқод кард. Албатта, интиқодоти Сарвари давлат аз сохторҳои марбутаи илмӣ-пажӯҳишӣ ва ниҳодҳои маърифатӣ бад-он хотир аст, ки камбуду навоқиси соҳавӣ сари вақт ошкор ва роҳҳалҳое дар ин замина пешниҳод гарданд. Аз сӯйи дигар, ошкор ва рафъи саривақтии навоқиси ҷойдошта дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи илму маорифи ватанӣ талаботи замон аст ва интиқодоти мунсифона ва расидагӣ намудани масъалаву муаммоҳои соҳавӣ боиси пешравии кор мегардад. Ба ин маъно, Сарвари давлат аз масъулини соҳавӣ ва дастандаркорони пружаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ даъват ба амал оварданд, ки дар ҳамшарикӣ мушкилотро бартараф намуда, роҳро барои таҳаввулоту пешравӣ ҳамвор созанд.

Чорум. Тавре ки ишора шуд, Сарвари давлат дар мулоқот, асосан ду соҳаи ба ҳам тавъам – илм ва маорифро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дод ва дар доираи ин ду масъала андешаронӣ кард. Дар ин замина, тарбияи насли нави огоҳу саводнок ва бадонишу бомаърифат аз ҷумлаи масъалаҳои калидии сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Сарвари давлат тақрибан дар кулли суҳбату мулоқот, дидору вохурӣ ва гуфтугӯю суханрониҳо ба ин масъалаи меҳварӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз масъулин ва дастандаркорони соҳавӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати тарбияи насли нави огоҳу босаводу бомаърифат тадбирҳои судманд андешида, дар ин росто барномарезиҳои ҷиддӣ амалӣ намоянд. Дар мулоқоти ахирӣ ҳам ба ин нуктаи меҳварӣ -- тарбияи насли нави босаводу бамаърифат тамаркуз карда шуд ва Сарвари давлат тазаккур дорданд, ки: “Ман дар суханрониҳои худ борҳо таъкид карда будам, ки тарбияи насли нави бомаърифат, илмдӯст ва шоистаи замон танҳо вазифаи мактабу маориф нест, балки дар ин ҷода падару модарон, тамоми қишрҳои ҷомеа ва ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ бояд фаъолона саҳм гузоранд”. Илова бар ин, Сарвари давлат пойинтар вазъи тарбиятиро, ки ба талаботи замон ва шароити муосири миллӣ ҷавобгӯ нест, мушоҳидакорона таҳлил намуда, аз сарнавишту тақдири минбаъдаи ғолибони пружаҳои ҷумҳуриявии озмунии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон -- Ватани азизи ман” изҳори нигаронӣ карданд. Ваҷҳи нигаронии Сарвари давлат дар ин замина он аст, ки дастандаркорону масъулини пружаҳои озмунӣ ва мудир-омилони тарҳҳои ҳамчунинӣ бо баргузор кардани озмунҳо ва ҳавасмандсозии ғолибони пружаҳои озмунӣ корро анҷомёфта ҳисобида, ба ояндаи насли ғолиб аслан таваҷҷуҳ намекунанд. Ҳол он ки бояд ғолибон ва нафарони фаъоли пружаҳои озмунӣ ҳамеша мадди назари масъулин ва дастандаркорони соҳавӣ қарор бигиранд ва барои то ба сатҳи кадрҳои баланди миллӣ расонидани онҳо барномарезиҳои мушаххаси илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва тарбиятӣ роҳандозӣ шаванд. Мутаассифона, пружаҳои озмунӣ ҳамасола баргузор мегарданд, ғолибон маълум мешаванд, ҳавасмандиҳои моддию маънавиро дарёфт мекунанд, аз тариқи телевизиони радио муаррифӣ мешаванд, аммо муаррифии шоиставу боиста ва муҳимтар аз ҳама, сарнавишти минбаъдаи онҳо касеро мутаваҷҷеҳ намесозад ва ҳамин тур, то ба соли дигар ҳолу ҳавои озмунӣ мутаваққиф гардида, дар фазо сару садое боқӣ намемонад. Дар ҳоле ки ба масъалаи сарнавишти минбаъдаи ғолибону фаъолони пружаҳои озмунӣ ва тарбияи бадеӣ-эстетикӣ, илмӣ-ихтисосӣ ва миллӣ-эҷодии онҳо бетаваҷҷуҳӣ кардан айни бетарафию фориғболист. Афзун бар ин, омода кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ва дар заминаи арзишҳои миллию дунявӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон вазифаи аввалиндараҷаи блоки маорифи ватанӣ ва ниҳодҳои марбутаи адабию академист. Ҳадафро мушаххас ва вазъро дуруст арзёбӣ карда, Сарвари давлат таъкид доштанд: “Имрӯз мо ба мутахассисони баландпоя нисбат ба ҳар вақти дигар ниёзи бештар дорем, вале на ҳамаи донишмандон дар интихоб кардану ба камол расонидани истеъдодҳои ҷавон ҳиссагузорӣ мекунанд. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки механизми тарбия намудани наврасону ҷавонони боистеъдодро на фақат тавассути озмуни “Илм – фурӯғи маърифат”, балки бо роҳи ташкили дигар озмунҳо низ таҳия ва тасдиқ намояд”.

Панҷум. Сарвари давлат масъалаи эҳтиром ба арзишҳои миллию дунявӣ, ки сабаби пешрафти миллату давлатҳо дар тули таърих гардидаанд, матраҳ карда, бар он таъкид варзиданд, ки силсилатаҳқиқотҳои илмӣ ва пажӯҳишҳои илмӣ-ихтисосӣ бояд бар мабнои равиш-методологияи илмӣ, риояи принсип-мабонии давлатдории дунявӣ, дарназардошти манофеи миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва эҳсоси ватандорию ифтихорофаринӣ анҷом бигиранд. Дар акси ҳол, маҷмуаи таҳқиқоту пажӯҳишҳо хосту ниёзҳои иҷтимоӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, илмӣ, академӣ ва мадании ҷомеаро бароварда намесозанд ва ҳамчун қолибҳои хушку холӣ ба дарди касею ниҳодею мақоме намехуранд. Ба ин маънӣ Сарвари давлат махсус ишора фармуданд: “Масъалаи дигаре, ки мехоҳам махсус хотирнишон созам, мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ, риояи принсипҳои дунявият, асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими минбаъдаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълифи асарҳои илмӣ мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки барои мо меъёрҳои муқарраркардаи Конститутсия ва арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ ҳамеша афзалият доранд. Олимону зиёиёни мо ҳамчун неруи огоҳу пешсафи ҷомеа бояд дар корҳои илмӣ ва эҷодиёти худ ба ин меъёру арзишҳо таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса зоҳир карда, аз бегонапарастиву тарғиби ғояҳои носолим қатъиян худдорӣ кунанд”.

Дар зимн, ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабию хушкандешӣ ва дар ин робита, ба бемории вогиру фарогири бегонапарастию беҳувиятӣ мубтало гардидани бахши калоне аз насли наврасу ҷавони ҷомеа нигарониҳои ҷиддиро ба бор овардааст. Таҳдиду хатари хушкандешӣ, дурӣ аз ҳувияти миллӣ ва тамоиюл ба ифтротгаройиюву тундравии динӣ-мазҳабиро моҳиятан дарк карда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли толор ҳушдор доданд: “Мафкураи ифротию тунди динӣ-мазҳабӣ бузургтарин хатару таҳдид ба давлату ҷомеа аст, ҳатто сахттар аз яроқи ҳастаӣ-ядроӣ”. Бо таваҷҷуҳ ба ҷиддияти масъала, Сарвари давлат аз ҳозирин, бавежа, аҳли илму маорифи кишвар самимона даъват карданд, ки дар баробари ташаннуҷи хурофоту таассубу ҷаҳолату хушкандешӣ қад алам намуда, барои ҳифзи арзишҳои бостонии миллӣ, мероси гаронмояи аҷдодӣ, ҳувияти тоҷикӣ, тарзи тафаккури илмию дунявӣ ва саранҷом манофеи миллӣ-давлатӣ саъю талош варзанд. -- Агар имрӯз сукуту хомӯширо ихтиёр мекунед, -- дар муроҷиат ба олимону маорифиёну зиёиён афзуданд Президенти мамлакат, -- фардо дер хоҳад шуд ва ҳатман туъмаи ифротгароёну тундравону ҳаросафканони динӣ-мазҳабӣ хоҳед гардид. Хитоби Сарвари давлатро ба аҳли илму маориф мабнӣ бар ин ки “агар коре аз дастатон барнамеояд, ақаллан ду-се нафарро аз роҳи бад баргардонед, басанда аст” ҷиддӣ бояд гирифт. Мунтаҳо, дар ин лаҳазоти ҳассос, агар коре намекунем, насли баъдӣ барои бетарафӣ, саҳлангорӣ, тамошобинӣ ва фориғболию фурсатталабӣ ҳатман маломатамон хоҳад кард. Бинобар ин, камтарин хидмате, ки аз дастамон бармеояд, барои боло рафтани сатҳи огоҳӣ ва хирадмандии насли наврасу ҷавон ва умуман, ҷомеа бояд анҷом бидиҳем. Муҳимтар аз ҳама, донишманд, маорифпарвар, равшангар ва зиёии асил, он чи ки тули умр андӯхтааст, бидуни вақфаву диранг ба дигарон меомӯзад ва рисолати хешро дар ростои омӯхтан, огоҳ сохтан ва бедор кардани насли миллат шарафмандона анҷом медиҳад. Ба қавли Фирдавсӣ:

Чу доно тавоно буду додгар,

Азеро накард эч пинҳон ҳунар.

Албатта, сари ин масъала бо ҳассосияти баланд сухан кардани Роҳбари давлат сабаб дорад: Аввалан, таъриху таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба истилоҳ, бародаркушӣ собит кардааст, ки яке аз авомили асосии ташаннуҷи авзоъ, бебандуборию беинзиботӣ ва билохира ба ҷангу даргирӣ кашида шудани кишвар бетарафию фориғболию фурсатталабию тамошобинии қишри интеллигенсияи ватанӣ ва элитаи сиёсии вақт будааст. Сониян, марказгурезӣ (на марказшитобӣ) аз ҷумлаи мушаххасоти нописанду номатлубу зараровари институтҳои иҷтимоӣ, илмӣ, адабӣ ва мадании мо дар тули таърих будааст ва маҳз ҳамин мушаххасаи ҳувиятӣ боиси ҳузуру нуфузи фарогири қишри руҳонияти муҳофизакору фурсатталаби давр гардида, Тоҷикистони нав ба истиқлорасидаро оғуштаи хуну даргирию ҷангу кашмакашу қатлу куштор кард. Солисан, мавқеъи давлатӣ, дидгоҳи миллӣ ва тафаккури илмӣ надоштани қисмате аз қишри пешрави интеллигенсияи ватании вақт роҳро барои буҳронӣ шудани авзоъ дар гӯшаву канори мамлакат ҳамвор сохт. Ба ин маънӣ, Сарвари давлат таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ ва раванди ҳувиятсозию ваҳдатофаринии миллиро хеле хуб андӯхтааст ва дар ин замина таҷрибаи кофӣ дорад. Бинобар ин, ба масъалаҳо дар доираи қиёси мантиқӣ рӯшанӣ меандозад ва воқеиёти замони гузаштаи таърихӣ (замони ҷанги шаҳрвандӣ – солҳои 1992-1997)-ро бар мабнои далоили мувассақи мантиқӣ ва дидгоҳи воқеъӣ арзёбӣ менамояд.

Ба ин тартиб, Роҳбари давлат донишмандону олимонро даъват мекунад, ки аз утоқҳои корӣ ва озмоишгоҳҳою лабораторияҳои худ берун омада, бо мардум ошно гарданд, набзи ҷомеаро эҳсос намоянд, бо табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ доимо дар радду бадалҳои фикрию эҷодӣ қарор гирифта, тамосу алоқаро бо ҷомеа ҳаргиз қатъ накунанд, баръакс, миёни мардум фаъол бошанд, мавзуъ ва масоили ҳассосро баррасӣ намоянд, дар шарҳу тафсири масоили илмию ихтисосӣ ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ кумак расонанд ва бад-ин минвол ҷомеаро ба пешравию тараққиёт таҳрик бидиҳанд. Ин аст вазифаву рисолати донишманд, олим, муҳаққиқ, маорифпарвар, равшангар ва зиёӣ. Аммо аз камфаъолию бефаъолии табақоти илмӣ-академӣ ва мактабӣ-донишгоҳӣ истифода бурда, қишрҳои дигари фурсатталаб даст ба кор шуда, ҷомеаро ба тарафи худ кашида, аҳдофи ғайримиллию ғайриилмиашонро пиёда месозанд. Ин вазъро Президенти мамлакат дуруст дарк карда, ба олимони муҳтарам муроҷиат намуда, даст ба кор шудани тими илмӣ-академии ҷумҳуриро хостор шуданд. Ба сухани равшантар, ҳанӯз, ки дер нашудааст, даст ба кор бояд шуд, то фардо ангушти ҳайрат нагазем.

Шашум. Дар чандин мулоқоту вохуриҳо ва диду боздидҳо бо намояндагони илму маорифи кишвар Роҳбари давлат ба масъалаи таҳияи китобҳои дарсӣ, илман асосноккунии маводи таълимӣ, риояти равиш-методологияи илмӣ дар таълифу таҳияи китобҳои мактабию донишгоҳӣ, ба фазою шароити муосири миллӣ мутобиқ сохтани васоити таълимӣ-методӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъулинро муваззаф месозад, ки дар беҳбуди ин самти муҳимми мафкурасозии миллӣ-давлатӣ талош варзанд. Мутаассифона, ҳамоно вазъи таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ ва ба фазою муҳити илмию миллӣ мутобиқ сохтани онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ нашудааст. Танзими ин раванд, ки воқеан, раванди мафкурасозии миллӣ маҳсуб мешавад, ба таври бояду шояд анҷом напазируфтааст. Ин аст, ки Роҳбари давлат бо истифода аз ҳузури олимону маорифиёну зиёиёни ватанӣ ба ин масъалаи доғи рӯз такроран таъкид варзида, аз ҷумла иброз доштанд: “Яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки солҳои зиёд дар назди ин муассисаҳо қарор дорад, таълифи китобҳои дарсии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй мебошадСифати таҳсилот асосан ба сатҳу сифати китоби дарсӣ, маводди таълимӣ ва маҳорати педагогии омӯзгор вобаста мебошад, ки ин масъалаҳо ҳанӯз беҳбудии ҷиддӣ мехоҳанд. Зарур аст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилот ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Дар ин росто, ба инъикоси ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқамон дар китобҳои дарсии фанҳои ҷомеашиносиву гуманитарӣ, раванди таълим, таносуби соатҳои фаннӣ, усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои самараноки омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ ва ташаккули зеҳни фаъоли хонандагону донишҷӯён бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд”. Акнун баъди таъкиди Роҳбари давлат кайфият ва чигунагии иҷрои дастуру супоришот ба ибтикороти масъулин ва дастандаркорони самт бастагӣ дорад. Агар масъулин ва муҳимтар аз ҳама, муаллифону мураттибони китобҳои дарсӣ тафаккури илмӣ, дидгоҳи миллӣ ва мавқеъи давлатӣ дошта бошанд, ҳатман китобҳои бадардхур таҳия карда, аз тариқи таълифоту ибтикороти созанда дар тасаллути фазои миллию дунявию илмӣ дар ҷомеа саҳми муносиб хоҳанд гузошт. Ва баръакс, агар фориғболию бетарафӣ ва бемасъулиятию бемавқеиятиро ҳамчунон дунбол кунанд, насли наврасу ҷавони ҷомеа дар қайду банди хурофоту таассубу ҷаҳолат гирифтор шуда, тадриҷан беҳувиятию худбохтагӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ решадор гардида, охируламр миллат аз по дармеафтад. Аз по дар афтидани миллат шикасти давлати миллиро дар пай дорад. Аз ин рӯ, бетаваҷҷуҳӣ ба ин масъалаи ҳассос бетаваҷҷуҳӣ ба ояндаи миллату давлат аст.

Ҳафтум. Бахши хотимавӣ ё ба истилоҳ, эпилоги суханрониро Роҳбари давлат чун ҳамешагӣ ба воқеиёти имрӯзӣ – сатҳи бозиҳои геополитикӣ, буҳронҳои сиёсӣ, бархурдҳои тамаддунӣ, ташаннуҷи авзои минтақавию ҷаҳонӣ, рақобатҳои сиёсию мафкуравӣ, ояндабинии таҳдиду хатароти ҷиддӣ ва ташаббускорию созандагии так-таки афроди баномусу боғурури қаламрави давлати миллӣ ихтисос доданд. Бахусус, дар заминаи ҷалби насли наврасу ҷавон ба омӯзиши илму дониш, боло бурдани сатҳи тафаккури илмӣ ва то ба сатҳи як кишвари мутамаддини ҷаҳонӣ расонидани Тоҷикистони азиз ҳарфҳои ҷиддӣ зада шуд. Минҷумла, Роҳбари мамлакат ишора фармуданд: “Дар ин раванд, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Зеро бори дигар хотиррасон месозам, ки дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд”. Дар айни замон, сатҳи пойни маърифатнокӣ, камбуду набуди тафаккури илмӣ ва ҷаҳоншиносии фалсафӣ хурофазадагию хушкандеширо дар ҷомеа тасаллут бахшида, миллатро бо чоҳи бетаги ҷаҳолату нодонӣ тела дода, роҳи бунбастию сардаргумиро заминагузорӣ мекунад. Ба ин маънӣ, Роҳбари давлат сабабу омилҳои хурофазадагию иртиҷоъпарастии ҷомеаро мушаххас карда, изҳор доштанд, ки: “яке аз омилҳои асосии хурофотпарастӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ сатҳи пасти маърифатнокӣ ва тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад. Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст”.

Роҳбари давлат ба неруи бузурги артиши илму маорифи кишвар боварманд аст ва доимо ба неруи олимону маорифиёну зиёиёни ватанӣ такя мекунад. Ин аст, ки дар бахши хулосавии суханронӣ ҳам ба ин бовар содиқ монданд: “Бовар дорам, ки шумо – олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам – бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаатон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед”. Бо таваҷҷуҳ ба таъкидоти хулосавӣ-барномавии Роҳбари давлат олимону донишмандон ва аҳли маорифи кишварро зарур аст, ки дар ростои шинохти воқеиёти замонӣ, ташхиси уқдаҳои фикрию иҷтимоӣ, решашиносии мушкилоти равонию ҳувиятӣ, боло бурдани сатҳи огоҳиҳои иҷтимоию маданӣ, тақвияти хотираи таърихӣ, таҳкими ҳувияти тоҷикӣ, ҳифзи манофеи миллӣ ва рушди давлатдории дунявӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст гирифта, роҳро барои барои тарбияи насли нави ҳувиятсози миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ҳамвор созанд.

Н. Нуров - ходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Санаи 2-юми июни соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварданд.

Субҳи 3-юми июн Раиси Маҷлисимиллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарамРустами Эмомалӣ дар маросими гузоштани гулчанбарг дар назди “Оташи ҷовидон”-и боғи ба номи 28 қаҳрамон-панфиловчиёни шаҳри Алмаато иштирок карданд. Дар маросими мазкур раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин, раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус Игор Сергеенко, Раиси Маҷлиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов, Раиси Шӯрои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Шакиев низ ширкат доштанд.

Санаи 3-юми июн дар ҳошияи ҷаласаинавбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаиамнияти дастаҷамъӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарамРустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқотанҷом доданд. Зимни мулоқот таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва иҷрои қарорҳои дар сатҳи қонунгузорӣ қабулгардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федереатсияи Россия Владимир Путин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар баробар ин, таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия дар ҳама самтҳо дар асоси принсипҳои эҳтиром ва ҳамкории мутақобилан судманд босуръат рушд мекунанд.

Инчунин, баъд аз мароси гулчанбарггузорӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев бо раисони Парламентҳои кишварҳои узви СААД, ки ҷиҳатширкат дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД ба Алмаато ташриф оварда буданд, доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот, ҳолат ва дурнамои рушди Созмони Аҳдномаи амниятидастаҷамъӣ баррасӣ шуда, мубрамият ва нақши муҳимми ҷанбаипарламентии СААД аз ҷонибиТоқаев қайд карда шуд. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба фаъолияти Ассамблеяи парламентии Созмон баҳои баланд дода, таъкид сохт, ки санадҳои намунавиии аз ҷониби Ассамблея қабулгардида муҳимтарин ҷузъи таҳкими Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ маҳсуб меёбанд.

Боиси зикр аст, ки ҷаласаинавбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаиамнияти дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии раиси Думаи давлатии Россия Вячеслав Володин доир гардида, дар кори навбатии ҷаласа оид ба тадбирҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои СААД, ҳамчунин ворид намудани тағйироту иловаҳо ба барномаи фаъолияти Ассамблеяи парламенти СААД ҷиҳати наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои солҳои2021-2025 баррасӣ карда шуданд.

Зимни баргузории ҷаласаинавбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаиамнияти дастаҷамъӣ Баёнияи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба “Рушди фанновариҳои зеҳни сунъӣ дар доираи СААД” қабул гарид.

Ёдрас менамоем, ки Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) сохтори оинномавии ҳамкориҳои байнипарламентии СААД ба шумор рафта, 16 ноябри соли 2006 бо маќсади њалли вазифањои аввалиндараљаи рушди заминаи њуќуќии СААД дар доираи Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди ДавлатҳоиМустақил таъсис дода шудааст. Ассамблеяи парламентии СААД аз намояндагони парламентии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белоруссия ва Арманистон иборат мебошад.

Ҷаласаҳои Ассамблеяи парламентии СААД ва Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД на камтар аз 2 маротиба дар як сол баргузор мешаванд.

Салимов А.Ҳ. ходими калони илмии Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Паёми Сино

Паёми Сино

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

«Паёми Сино» (Vestnik Avitsenny; Avicenna Bulletin) маҷаллаи тақризшавандаи дастрасии кушодаи платинӣ буда, дар он масъалаҳои афзалиятноки тибби амалӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон инъикос меёбанд...

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм