
АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
Муҳаққиқону донишмандони муосири ҷаҳони араб ба эҷодиёти Мавлоно таваҷҷуҳ доранд ва осори манзум ва мансури ин нобиғаи тоҷикро омӯхтаву дар заминаи он корҳои илмии зиёд таълиф намудаанд. Аксари мақолаҳое, ки дар бораи Мавлавӣ ва афкору осораш ба забони арабӣ мунташир шудааст, ӯро ба унвони шоире тавоно бо афкоре сӯфиёна ва ишқе бузурги илоҳӣ ва соҳиби осори баландмазмун ва бадеъ тавсиф намудаанд. Ин падида нишон аз он дорад, ки мавлавипажӯҳони араб ва бисёре аз ҳамзабонони онон бо шахсияти фикрӣ ва адабии Мавлавӣ ошноии кофӣ доранд. Наргис Ганҷӣ ва Фотима Ишроқӣ –мавлоношиносони эронӣ дар мақолае бо номи «Диранге дар осор ва манобеъи мавлавипажӯҳӣ дар ҷаҳони Араб» қайд намудаанд, ки «собиқаи нахустин мақолоти мавлавишиносӣ дар ҷаҳони араб беш аз ҳафтод сол аст»[1,159-186]. Вале агар мо ба ҳамаи он пажӯҳишҳову тарҷумаҳои осори шоирон, ки аз ҷониби арабҳо ба нашр расидаанд назар намоем, ба хулосае меоем, ки Мавлоноро дар ҷаҳони араб хуб мешиносанд. Аввалин маротиба муҳаққиқон ва адабдӯстони араб соли 1872 бо «Маснавии маънавӣ» ошноӣ пайдо намудаанд. Бори аввал тавассути Юсуф ибни Аҳмад ал-Қунавӣ ал-Мавлавӣ ар-Румӣ, олим ва адиби туркнажоди арабдон ва шайхи хонақоҳи Бектоши Истанбул машҳур ба «Зуҳдӣ», соли 1877 китобе бо номи «ал-Манҳаҷ ал-қавӣ литуллоб аш-шариф ал-маснавӣ»-ро таълиф намуд, ки ин китоб баргардон ва шарҳи шаш дафтари «Маснавии маънавӣ» аст ва ин китоб дар чопхонаи «Булоқ»-и Қоҳира ба табъ расидааст.
Абдулазиз Соҳиб ал-Ҷавоҳир, мавлавишиноси дигари араб, дар асараш «Ҷавоҳир-ал-осор фи тарҷумати Маснавии Мавлоно Худовандгор Муҳаммад Ҷалолуддин ал-Балхӣ ар-Румӣ» қайд намудааст, ки «ал-манҳаҷ ал-қавӣ литуллоб аш-шариф ал-Маснавӣ» яке аз беҳтарин шарҳҳои “Маснавии маънавӣ” маҳсуб мешавад»[5,148].
Аз мавлавипажӯҳони дигари чаҳони араб Абдулваҳҳоб Аззом мебошад, ки ӯ дар соли 1946 китобе бо номи «Фусулун мин ал-Маснавӣ»-ро дар ҳаҷми 199 саҳифа дар Қоҳира ба табъ расонидааст. Муаллиф дар ин асар бахшҳое аз «Маснавии маънавӣ»-ро аз қабили «Қиссат ат-тоҷири ва-л-бабғо» ва «Қиссат ал -асад ва-л-вуҳуш» ва якчанд қиссаи дигари “Маснавии маънавӣ”-ро ба арабӣ тарҷума намудааст.
Тарҷумаи комили «Маснавии маънавӣ» ҳосили кӯшиши Абдулазиз Соҳиб ул-Ҷавоҳирӣ, бародари Муҳаммад Маҳдӣ ал-Ҷавоҳирӣ, шоири шаҳири Ироқ мебошад. Ҷавоҳирӣ, ки аз овони ҷавонӣ шефтаи Мавлоно ва осораш буд, ба сарзамини Хуросон омада ва пеш аз иқомат дар Кирмоншоҳ шаш дафтари «Маснавии маънавӣ»-ро ба назми арабӣ даровард ва шарҳу тавзеҳоте бар он афзуд. Ин асар бо номи «Ҷавоҳир ул-осор фи тарҷумати маснавии Мавлоно Худовандгор Муҳаммад Ҷалолуддин ал-Балхӣ ар-Румӣ» дар соли 1958 тавассути интишороти Донишгоҳи Теҳрон мунташир шуд.
Мавлонопажӯҳи дигари араб, устоди Донишгоҳи Қоҳира Муҳаммад Абдуссалом Каффофӣ мебошад, ки ӯ худро шогирди Абдулваҳҳоби Аззом мешуморад. Ӯ дар соли 1966-1967 китоби дуҷилдае бо номи «Маснавии Ҷалолуддин ар-Румӣ шоир ас-суфӣ ал-акбар»-ро ба табъ расонидааст. Муаллиф дар дебочаи асараш, ки дар Бейрут чоп шуда буд, аз мавлавипажӯҳӣ дар ҷаҳони Ғарб ва Араб ва аз тасвирҳои форсӣ, туркӣ ва арабии маснавӣ мабоҳиси арзишмандеро ироа намудааст.
Мавлоношиноси дигари араб, Сайид Муҳаммад Ҷамол ал-Ҳошимӣ ал -Ироқӣ, дар соли 1995 ҳикоёти ʼʼМаснавӣʼʼро ба назми арабӣ дароварда бо унвони «Ҳикоётун ва ибарун мин ал-маснавӣ» дар нашрияи “Дор ал-ҳаққ”-и Бейрут дар ҳаҷми 325 саҳифа аз чоп баровард. Аз вижагиҳои ин китоб он аст, ки мутарҷим ҳар қофияро дар ҳар байт бино бар намунаи тоҷикии он ҳифз кунад, ки бешак ин кор барои ӯ тарҷумаро сахт ва душвор кардааст[10,18].
Мавлоно, ки сафари дарозтарини худро дар Шом (Сурияи имрӯза) гузаронидааст ва дар он ҷо ба таҳсил пардохтааст, дар назди донишмандони беҳтарини он диёр таълим гирифтаву ба лаҳҷаи суриягӣ хуб ошноӣ доштааст. Имрӯз бошад муҳаққиқони суриягӣ барои пажӯҳиши осори сӯфиёнаи Мавлонои мо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Мақолаи мо перомуни яке аз мавлонопажӯҳони муосири кишвари Шом, ки чандин аср сарзамини илму маърифат ва дорои китобхонаҳои машҳури дунё будааст, доктор Исо Алӣ ал-Окуб мебошад.
Доктор Исо Алӣ ал-Окуб аз адабиётшиносони номвари кишвари Сурия мебошад. Ӯ соли 1950 дар яке аз деҳаҳои устони Раққаи Сурия ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби деҳааш гирифта, соли 1972 ба бахши забони арабии Донишгоҳи Ҳалаб дохил шуда, баъди хатми он ба Донишгоҳи Теҳрон пайваст. Пас аз ин ӯ дар Маркази мутолаоти илмӣ ба гуруҳи забони арабии Донишгоҳи Ҳалаб (Диросот ул-улйа фи луғати-л-арабиййати ва адабиҳо мин қисми-л- луғати-л-ъарабиййати ва адабиҳо) шомил гардида, риштаи магистратураро хатм кардааст. Дар давраи таҳсили бакалавриат бошад дар мавзӯи “Пайвандҳои адабӣ миёни эрониён ва арабҳо” корҳои илмӣ анҷом додааст. Тахассуси адабии Алӣ ал-Окуб бештар дар заминаҳои ирфон, нақди адабӣ ва балоғати арабӣ аст. Аз ҷумла ирфон яке аз дилмашғулиҳои доимии ӯ буда, бахши асосии таълифоти ин донишманд тарҷумаи осори ирфонии тоҷику форс ба забони арабӣ мебошад.
Доктор Исо Алӣ ал-Окуб аз байни шоирони тоҷику форс ба осори Мавлоно бештар таваҷҷуҳ намуда, чандин китоб дар бораи Мавлоно ва осори ӯ тарҷума карда ва фикру андешаи Мавлоноро ба хонандагони арабизабон муаррифӣ намудааст. Чуноне, ки худи ӯ мегӯяд, “вақте забони англисиро фаро гирифтам, мутаваҷҷеҳ шудам, ки ғарбиҳо сахт маҷзуби Мавлоно ҳастанд ва ӯро меситоянд. Пас осори аллома Муҳаммад Иқболро ба забони арабӣ хондам. Бо хондани осори Иқбол сахт шод шудам, ва дарёфтам, ки ӯ бо шефтагии хосе аз Ҷалолуддини Румӣ ёд мекунад. Аз ин замон буд, ки ба Мавлоно гароиш пайдо кардам. Ва талош кардам, осореро, ки ба забони арабӣ дар бораи ӯ навишта шудааст, бихонам. Дар ҳақиқат бояд гӯям ки ман дар ҷустуҷӯи чизе будам ва оқибат онро ёфтам. Гӯё ки ман қалбамро дар “Маснавӣ ёфтам”. Устод ал-Окуб байти зерини Саъдиро иқтибос намуда
Ба дарё дар манофеъ бешумор аст,
Агар хоҳӣ саломат, бар канор аст.
Сипас мегӯяд: “....ман натавонистам канори ин соҳил биистам, бо ин ки васоили шино карданро низ надоштам. Аз он замон зиндагии ман аз ҷанбаҳои маънавӣ ҳақиқатан тағйир кард.....” [1,20-27].
Исо Алӣ аз ҷумлаи олимест, ки дар асри ҳозир ба фарҳанги тоҷикӣ ва форсӣ хидмати бисёре карда, барои шиносонидани ин фарҳанг ва таъсири он ба аҳли илму адабу фарҳанги арабӣ таҳқиқоти арзишманде анҷом додааст. «Та’сир ал-ҳикам ал-форсия фил-адаб ал-’араби ал-му’асир фил-аср ил-’аббаси-л-аввал» аз ҷумлаи ин гуна таҳқиқоти ӯст, ки бо номи «Таъсири панди порсӣ бар адаби араб» ба қалами Абдуллоҳ Шарифи Хуҷаста ба форсӣ тарҷума ва бо сармояи ширкати Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ дар соли 1996 мунташир шуда ва дар дастраси хонандагон қарор ёфтааст[6,20-27].
Пажӯҳишгари суриягӣ перомуни муқоисаи адабиёти тоҷику форс ва адабиёти араб андешаронӣ намуда, адабиёти тоҷику форсро аз адабиёти араб бартар медонад ва дилбастагиву шефтаи адабиёти тоҷику форс гардидани худро аз маънии шеъри бикри Мавлоно медонад.
Бояд зикр намоем, ки аксари тарҷумаҳои асарҳои Мавлоно анҷомдодаи Алӣ ал-Окуб аз забони англисӣ мебошад. Нахустин тарҷумаи ӯ “Яду-ш-шеър” ном дорад. Ин китоб дар асл шаш суханронӣ аст, ки суфии машҳури ҳиндӣ Иноятхон дар соли 1923 дар Амрико эҷод кардааст. Ин суфии ҳиндӣ ба таври шигифтангез дӯстдори ирфон буда ва сулуку зиндагии илмии ӯ баёнкунандаи ин амр будааст. Суханрониҳо дар китоби ин суфӣ дар бораи Саноӣ, Аттор, Мавлоно, Ҳофиз, Хайём ва Саъдӣ мебошанд ва ба қавли Исо ал-Окуб баъдҳо бахши Хайёми ин китоб бо сабабҳои номуайян аз байн рафтааст. Шоир ва мутарҷими амрикоӣ, ки Колиман Брайян Баркс (1937)сахт шефтаи ирфону тасаввуф ва ашъори Мавлоно гаштааст, панҷ суханронии боқимондаро (Саноӣ, Аттор, Мавлоно, Ҳофиз ва Саъдӣ)-ро гирдоварӣ карда ва бар он муқаддима навишта, бо шарҳи ҳоли ин шоирон чоп кардааст. “Ӯ агарчи забони форсӣ намедонад, вале ба хотири бознависии ашъори Мавлоно бар асоси дигар тарҷумаҳои англисӣ шинохта шудааст”[9].
Исо ал-Окуб китоби дигаре низ дар бораи Мавлоно зери унвони “Ҷалолуддин ар-Румӣ ва-т-тасаввуф” навиштааст, ки онро бонуи шарқшиноси фаронсавӣ Ева де Витрай Мееровитч (1909 –1999) [7] тарҷума намудааст. Ин шарқшиноси рустабори фаронсавӣ, ки дар натиҷаи мутолааи кутуби тасаввуфи исломӣ дини исломро қабул кардааст, сахт шефтаи Мавлоно буд. Ин китобро, ки дар Амрико ба англисӣ тарҷума шуда буд, устод Алӣ ал-Окуб ба арабӣ тарҷума мекунад. Устод ал-Акуб оид ба ин китоб чунин мегӯяд: “Нависандаи ин китоб сахт таҳти таъсири Мавлоно буда, ҳар касе, ки ин китобро мехонад, аз шиддати таъсири он мегиряд” [2,20-27].
Муҳаққиқи араб китоби дигаре, ки ба шарқшиноси олмонӣ Анне Мери Шиммел (тав. 7 апрели 1922 – ваф. 26 январи 2003) тааллуқ дорад ва он тарҷумаи “Гузидаи Девони Шамс” аст, асли англисии онро бо тарҷумаи форсии он муқобала карда аз англисӣ ба арабӣ тарҷума намудааст. Ӯ мегӯяд, ки “... ин кор дар тарҷумаи он ба забони арабӣ кӯмак кард ва ба Мавлоно бештар наздик шудам” [2,20-27]. Инчунин китоби “Фиҳи мо фиҳи”-и Мавлоноро, ки муҳаққиқ ва мутарҷими англис Артур Ҷон Арберри (тав. 12 майи 1905- ваф. 2 октябри 1969), ки асли форсии он низ ба кӯшиши Бадеъуззамони Фурӯзонфар таҳия гардидааст, доктор Исо Алӣ ал-Окуб ба забони арабӣ тарҷума намудааст ва тарҷумаи ин китобро интишороти “Дору-л-фикр”-и Димишқ нашр кардааст. Мавлоношиноси суриягӣ баъди тарҷумаи асари фалсафии “Фиҳи мо фиҳи”, “Куллиёти Шамс”-ро, ки низ бо таҳияи Бадеъуззамони Фурӯзонфар рӯи чоп омадааст ва тарҷумаи англисии онро дастрас намуда, дар асоси он “Мухтороти Девони Шамс” (“Гузидаи Девони Шамс”) - ро тарҷума намудааст, ки бо номи “Йаду-л-ишқ” (“Дасти ишқ”) нашр шуд.
Тарҷумаи китоби “Маҷолиси сабъа”-и Мавлоно яке аз хидматҳои шоистаи дигари ин донишманди суриягӣ мебошад. Ин асарро ӯ аз форсӣ ба арабӣ тарҷума намудааст ва дигаре аз корҳои ӯ тарҷумаи рубоиёти Мавлоно аст.
Яке аз омилҳои ба адабиёти тоҷику-форс таваҷҷуҳ намудани доктор Исо Алӣ ал-Окуб ин таъсири адабиёти бостонии мо ба адабиёти араб мебошад, ки дар асрҳои VIII-X ба арабҳо гузаштааст. Дар ин замина ин донишманди суриягӣ асари арзишманде зери унвони “Таъсир ал-ҳикам ал-форсият фи-л-адаби-л-араби фи-л-асри-л-Аббоси ал-аввал” (“Таъсири андарзҳои форсӣ ба адабиёти арабӣ дар замони Аббосиёни аввал”) таълиф намудааст. Ғайр аз ин асар, чандин асарҳои дигаре дар ҳавзаи адабии арабӣ навишта шудаанд, ки ба ҳамин масъала рабт доранд. Ин муҳаққиқ бо як ибораи аҷибе аз Ҷоҳиз таъсири адабиёти моро ба адабиёти арабӣ баён медорад: “Давлати Бани Умайя – давлати арабӣ аст ва давлати Бани Аббос хуросонӣ”. Ӯ сохтори ҷомеаи он замонро арабӣ-хуросонӣ медонад[2,24]. Аз нигоҳи ин донишманд фарҳанги исломиро на фақат арабҳо ба вуҷуд оварданд, балки нақши донишмандони тоҷику форс дар рушди фарҳангу адаби арабӣ-исломӣ беназир аст. Ӯ мегӯяд, ки “... касоне, ки фарҳанги исломиро ба вуҷуд оварданд, фақат араб ва фақат ҳам эронӣ набуданд. Балки онҳо гурӯҳе аз мардум буданд, ки гурӯҳ-гурӯҳ ба оини ислом даромаданд ва ҳар як аз онҳо ба андозаи хеш ба ин фарҳанг хидмат карданд. Аммо хуросониён ба сабаби наздикии бештар ба дини ислом дар ин амр нақши босазое доштанд ва нишонаҳои ошкоре аз эшон дар ин заминаҳо вуҷуд дорад” [2,24]. Барои ҳамин ҳам яке аз шарқшиносони машҳури рус И.Ю. Крачковский беҳуда нагуфтааст, ки “....дар рушду такомули фарҳанг ва адабиёти араб натанҳо арабҳо, балки як қатор халқу миллатҳои дигар низ саҳм гузоштаанд”.
Дар китоби «Та’сир ал-ҳикам ал-форсия фил-адаб ал-а’раби ал-му’асир фил-аср ал-’ Аббаси ал-аввал» омадааст, ки Ҷоҳиз мегӯяд,: Абдуллоҳ ибни Тоҳир номаеро чунин имзо карда аст: “Ман саъо раъа ва ман лазума ал-манома раъа-л-аҳлом”. Ӯ мегӯяд, ки Абдуллоҳ ибни Тоҳир ин матлабро аз Анушервон гуфтааст. Анушервон мегӯяд: “Ҳар ки равад, чарад ва ҳар ки хусбад, хоб бинад”. Омӯзаи Абунувос ҳамчунин будааст, ки бо тамсил ба сухани Кисро мегӯяд: “Мин фураси-л-лисси заҷҷати с-суқи” яъне: “Дӯзд бозори ошуфта мехоҳад” [2,25]. Саросари ин асар аз ҳикмату масалҳои тоҷикӣ-форсӣ иборат буда, тарзи асарпазирии аъроб аз ин панду андарзҳои гузаштагони моро бозгӯ месозад. Аз таҳқиқоти Исо Алӣ ал-Окуб бармеояд, ки дар асрҳои пешина нависандаҳои араб дар осори худ аз панду андарзҳои тоҷикӣ-форсӣ зиёд истифода кардаанд, вале сарчашмаи истифодакардаи худро дар асарҳояшон намеоварданд, вале дар ҷои дигар муҳаққиқ бархе аз ин мазоминро ҳамчун муштаракоти инсонӣ миёни халқҳои тоҷику форс ва аъроб эътироф менамояд.
Чуноне ки пештар қайд кардем, доктор Исо Алӣ ал-Окуб бештар ба ирфон дилбастагӣ дорад. Ӯ мегӯяд, ки ирфон бо сиришти ман созгор аст ва гӯё ӯ барои ҳамин офарида шуда бошад. Ӯ ҳикоятҳои манзуме, ки аз ҷониби шоирону мутафаккирони тоҷику форс, аз қабили Мавлоно, Ҷомӣ, Аттор, Саноӣ ва дигарон суруда шудаанд, ин гуна шеърро унсури асосӣ ва сифати мушаххаси шеъри тоҷикӣ-форсӣ медонад, ки маънавиётро бо ҳикоёт баён ва мунтақил мекунанд ва аз таъсиргузортарин шеваҳои тарбияти инсон мешуморад. Ба назари ӯ, Мавлоно ҳар фикрро бо достон баён мекунад, зеро мехоҳад ба мо биомӯзад. Дар забони арабӣ “сӯфӣ” аз “соф” гирифта шуда ва “сафо” ба маънии ихлос ва поксозии нафс аст. Мавлоно дар “Маснавӣ” достони “Чиниҳо ва румиҳо”-ро меоварад. Онҳо ба ҳунари наққошии хеш ифтихор мекарданд, то ин ки эшон назди яке аз мулук омаданд ва хостанд, ки ӯ маҳорати эшонро дар нигоргарӣ биёзмояд. Он подшоҳ ба ҳар як аз чиниҳо ва румиҳо хонае рӯ ба рӯи ҳам дод, то нигораҳои хешро ба ӯ нишон диҳанд. Бо рангомезии деворҳо зеботарин тасвирҳои хешро офариданд. Румиён бо худ гуфтанд, ки эшон аз мо маҳорати бештаре доранд ва мо ҳамсанги эшон нестем, бояд ки деворҳои хонаи худро ба некӣ сайқал диҳем. Ҳангоме, ки подшоҳ омад сахт маҷзуби нигораҳои чиниҳо шуд. Румиҳо парда аз хонаи хеш ва хонаи чиниҳо бар гирифтанд. Ҳуҷраи чиниҳо бар деворҳои сайқалии румиҳо бо зебоии ҳарчи тамомтар медурахшид....... [3,171-173] .......Ин маънии ирфонӣ як маънии муҷаррад аст, мегӯяд муҳаққиқи суриягӣ. Ҳангоме, ки Мавлоно онро дар ин қисса нақл мекунад, ин достон дар хотираи ҳамаи мо мемонад, чаро ки ҷанбаҳое аз зебоӣ ва ҷамолро дар бар дорад. Акнун агар арзи мо аз зебоӣ, зебоии адабӣ ё зебоӣ ба мафҳуми куллӣ он бошад метавонем бигӯем, ҳар он чи бо сиришти одамӣ созгор ва мувофиқ бошад, зебо аст. Ҳар адабиёте, ки имконоти таъсиргузориҳоро дошта бошад, он адабиёт зеботар аст, мегӯяд доктор Исо Алӣ ал-Окуб[6].
Нуктаи бисёр аҷибро дар ин мақола баён намудан айни муддаост, ки муҳаққиқи суриягӣ перомуни масоили инсонӣ ва афзалияти адабиёти Шарқ аз адабиёти Ғарб андешаронӣ мекунад. Ӯ мегӯяд: “Ман мехоҳам масъалаеро баррасӣ намоям, ки ин мавзӯъ ба фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ марбут мешавад, ки ман сахт шефтаи он ҳастам. Ман аз адабиёти ғарбӣ бо тарҷумаи ҳашт китоб аз забони англисӣ ба арабӣ таҷрибаи зиёде дорам. Аз ҷумла “Ал-Хаёл ар-рамзӣ” (“Достонҳои рамзӣ”), “ар-Румонсият-ул-аврубия биақломи аъломиҳо” (“Таълифоти ошиқонаҳои донишмандони аврупоӣ”), “ан-Назарийят-ул-адабия фи-л-қарн-ил-ишрин” (“Назарияҳои адабӣ дар қарни бистум”), “Луғату-ш-шуъаро” (“Забони шоирон”) ва “Қазойо ан-нақд” (“Нақди адабӣ”). Ман дар ин таҷрибаи хеш ба ин натиҷа расидам, ки ғарбиҳо суди чандоне барои мо надоштаанд. Он чи мо дорем, басе зеботар аст аз он ҳастанд, ки онҳо доранд. Ман дар оғоз тасаввур мекардам, ки вақте бо афкори ғарбиҳо ба чизҳои арзишманде даст меёбем, мағлуби Ғарб ва ғарбиҳо мешавем. Аммо ман масоили инсониро назди шарқиён ёфтам. Он чи дар ин заминаҳо дорем, хеле бештар аз он чизҳоест, ки ғарбиҳо доранд” [2,27].
Ӯ ҷои дигар мегӯяд: «Сухан дар ҷони мардумони Машриқзамин таъсири вижа дорад. Гоҳ сухане пардаҳои замон ва маконро дарменавардад, барои ҳамеша дар тору пуди ҷони онон танин андохта ва асари худро ҳамчунон бар рафторашон мегузорад. Он гоҳ ки битавон чунин вазъеро шомили дигар милали Шарқ донист, камтарин тардиде барои пажӯҳишгар намемонад, ки эрониёни бостонро дар ин бора, беҳтарин намунаи рӯҳи Шарқ бишуморад. Рӯҳе, ки ба суханони ҳикматомез ва пандҳову масалҳо бовар дорад»[9]. Вақте мушикофона ба гуфтаҳои ин пажӯҳишгар андеша намоед, дар ҳақиқат гуфтаҳои ӯ айни муддаост. Чун таълифоти мутафаккирон ва шоирону орифони моро дар кишварҳои Ғарб ба хубӣ пазироӣ мекунанд, ки ин аз бузургии маънии бикру таъсирбахшу инсондӯстонаи осори мутафаккирони мо шаҳодат медиҳад. Масалан, дар ҷаҳони Ғарб, китоби “Маснавии маънавӣ” аз серхаридортарин ва серхонандатарин асар шумурда шудааст, ки ин далели гуфтаҳои доктор Исо Алӣ ал-Окуб шуда метавонад.
Дар китоби “Таъсири панди порсӣ бар адаби арабӣ: Пажӯҳише дар адабиёти татбиқӣ” омадааст, ки “метавонем бигӯем, нахустин ҳакиме, ки Шарқ ӯро мешинохт, Зардушт аст, ки ба ҷону тан ва ба дасту забон эронӣ аст. Китобаш “Авесто” мояи ифтихори натанҳо эрониён, балки ҳамаи милали Шарқ аст. Ӯ тавонист тайи муддати начандон кӯтоҳ миллати пароканда ва нерӯи аз каф додаро перомуни худ гирд оварад ва ба сӯи зиндагии пурқудрат ва ҳукумат роҳ ниҳад”. Ва инчунин омадааст, ки “Ардашери Бобакон ба тезбинии худ дарёфт, ки баъд аз таъсири вайронгари ҷангҳо ва душманиҳо барои сомон ёфтан аз ҳамгусехтагии миллат ва тармими парокандагиҳои мардум бозгашт ба “Оини Зардушт” зарурӣ аст” ва мисоли ҷолиби дигар низ чунин омадааст, ки: “Бисёр шигифтовар аст, ки халифа Умар ибни Хаттоб дар бораи зардуштиён гуфтааст: “Бо онон ҳамчунон рафтор кунед, ки бо аҳли китоб” ва аз он шигифтангезтар ин ки пайравони Зардушт корвони тамаддуни исломиро дар даврони Аббосиён ҳамроҳӣ карданд. Коре, ки танҳо аз уҳдаи афроштақоматони сарафроз сохта буд”[4,32].
Хулоса... Омӯзиши адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва тамаддуни куҳани халқи тоҷик аз ҷумла Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз ҷониби як пажӯҳишгари араб идома хоҳад кард. Бояд ёдовар шуд, ки шоирону мутафаккирони мо аз адабиёти араб бисёр таъсир пазируфтаанд ва ин асарпазирӣ аз ҷониби донишмандони тоҷик ба андозае таҳқиқу баррасӣ гардидаанд. Вале як масъалаи муҳимме, ки имрӯз бояд мавриди омӯзиш қарор бигирад, ин таҳқиқу омӯзиши осори шоирону мутафаккирони тоҷик аз ҷониби пажӯҳишгарони араб мебошад. Умедворем, ки арабшиносон ва шарқшиносон ба ин масъала таваҷҷуҳ мекунанд ва шинохти нобиғагону мутафаккирони халқамонро, ки муҳақиқони араб пажӯҳиш намудаанд ва таъсири каломи бадеъи тоҷикиро дар забону адабиёташон дарёфтаанд мавриди омӯзишу таҳқиқ ва баррасӣ қарор медиҳанд.
Зиёев Субҳиддин Насриевич, номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи Шарқи
Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёт:
Ганҷӣ, Наргис. Ишроқӣ, Фотима. Диранге дар осор ва манобеъи мавлавипажӯҳӣ дар ҷаҳони Араб. Нашрияи илмӣ-пажӯҳишии пажӯҳишҳои адаби ирфонӣ.-Соли ҳафтум.-шумораи 2.-Паёпай 25.-Пойиз ва зимистон, 1392. 2013-С..159-186.
Гуфтугӯ бо доктор Исо ал-Окуб. Китоби моҳи адабиёт ва фалсафа / Шаҳривари 1382. 2003 Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолеоти фарҳангӣ. С.20-27.
Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Маснавии маънавӣ. Теҳрон: Амири Кабир.-Дафтари аввал.-С.-171-173.
Ал-Окуб, Исо Алӣ. Таъсири панди порсӣ бар адаби араб: Пажӯҳише дар адабиёти татбиқӣ. – Тарҷумаи Абдуллоҳ Шарифии Хуҷаста. – Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1995. – 353 с.
Соҳиб ул-Ҷавоҳир, Абдулазиз. Ҷавоҳир ул-осор фи тарҷумати маснавии Мавлоно Худовандгор Муҳаммад Ҷалолуддин ал-Балхӣ ар-Румӣ.- Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1958.- С.148.
http://www.noormags.com/view/fa/articlepage/37446. Марворидҳои форсӣ дар дарёи забони арабӣ. Иттилои расонаӣ ва китобдорӣ: Китоби Моҳи адабиёт ва фалсафа: шаҳривари 1382. 2003-шумораи 71 аз 20 то 27.
http://www.tariqa.org/rp/eva_de_vitray.php (Дар ҳама таҳқиқотҳо варианти англисии ному насаби бонуи рустабори фаронсавӣ Eva de Vitray-Meyerovitch омадааст)
https://fa.wikipedia.org/wiki/ Тарҷумаи ашъори Мавлоно 06.03.2021
https://fa.wikiquote.org/wiki/عیسی_علی_العاکوب
www.neelwafurat.com.-С.18.
Забон дар даҳон, эй хирадманд чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,
Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар.
Забон, ҳамчун бузургтарин падидаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз замони пайдоиши ҷомеаи башарӣ то имрӯз муҳимтарин василаи алоқа, муошират ва ифодаи андешаи инсонӣ ба шумор меравад. Он на танҳо воситаи гуфтор, балки рамзи ҳастӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Тавре ки донишмандони забоншиносӣ таъкид кардаанд, зуҳури ҷомеа ва забон ҳамзамон ва ҳамқадам сурат гирифтааст, зеро бе меҳнат ва муоширати дастаҷамъона рушди ҷомеаи инсонӣ ғайримумкин буд. Забон дар айни замон на танҳо воситаи иртибот, балки оинаи фарҳанг ва таҷассуми рӯҳи миллат аст.
Ҳар як забон, ки аз сӯи миллате парвариш меёбад, аз ҳастӣ, таърих ва фарҳанги он миллат дарак медиҳад. Забон воситаи аслии нигоҳдории арзишҳои маънавӣ, адабӣ ва илмӣ буда, бидуни он на ҳифзи мероси гузашта имконпазир асту на таҳкими худшиносии миллӣ. Ҳастии ҳар як миллат аз қудрат ва пойдории забони модарии он вобаста аст. Аз ин ҷост, ки бузургон ва шоирони порсизабон ҳамеша забонро чун муқаддастарин ганҷи маънавӣ васф намудаанд.
Забони тоҷикӣ, ки қисми ҷудонопазири оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва бахусус шохаи эрониаш ба шумор меравад, таърихи хеле тӯлонӣ ва пурбор дорад. Ин забон се марҳалаи асосии ташаккулро аз сар гузаронидааст:
Форсии қадим – забони катибаҳо ва матнҳои ахеменӣ;
Форсии миёна – забони давлати Сосониён;
Форсии нав (тоҷикӣ–дарӣ–форсӣ) – забоне, ки аз асрҳои VIII–IX оғоз ёфта, то имрӯз дар шакли зинда ва рушдёбанда боқӣ мондааст.
Зиёда аз ҳазор сол аст, ки тоҷикон бо ҳамин забони шево ва пурғановат гуфтугӯ мекунанд ва фарҳангу тамаддуни худро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд. Асарҳои устодони сухан – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бедил ва садҳо дигар бузургони илму адаб маҳз ба ҳамин забон эҷод гардида, ҷаҳониёнро мафтун сохтаанд. Забони тоҷикӣ, тавре донишмандон таъкид мекунанд, яке аз пурғановатарин забонҳои олам буда, дорои захираи бузурги луғавӣ, сабку услубҳои гуногун ва имкониятҳои фарохи ифода мебошад.
Бо вуҷуди фишору маҳдудиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар давраҳои гуногуни таърих, забони тоҷикӣ ҳеҷ гоҳ завол наёфт. Баръакс, маҳз тавассути ҳамин забон тоҷикон тавонистанд ҳастии худро нигоҳ доранд ва мероси фарҳангии худро ҳифз намоянд. Чунончи, шоири тавоно Бозор Собир таъкид мекунад:
Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан…
Ин байтҳо шаҳодат медиҳанд, ки забон на танҳо василаи гуфтор, балки мояи нангу номус ва рамзи истиқлолияти маънавии миллат аст.
Дар замони Тоҳириёну Саффориён ва махсусан давраи Сомониён забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ касб намуда, ба забони илм, адаб ва идора табдил ёфт. Аз ҳамон давра асарҳои бузурги илмӣ ва адабӣ ба ҳамин забон навишта шуданд. Баъдан дар замони муосир ва махсусан пас аз эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (1991), давраи нави инкишофи забони тоҷикӣ оғоз гардид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» (1989) ва санадҳои минбаъда мақоми давлатӣ доштани забони тоҷикӣ ва зарурати татбиқи васеи онро дар ҷомеа тасдиқ намуданд.
Нақши устод Садриддин Айнӣ дар эҳё ва рушди забони тоҷикӣ махсус зикр бояд гардад. Асарҳои ӯ, аз ҷумла «Одина», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Дохунда», на танҳо ба забони адабӣ мазмуну муҳтаво ва фасоҳати тоза бахшиданд, балки онро ба забони гуфтугӯии мардум наздиктар карданд. Минбаъд шоирону нависандагони бузурги муосир – Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат ва дигарон ин парчами муқаддасро баланд нигоҳ доштанд.
Муъмин Қаноат бо ифтихор гуфтааст:
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони модариро гиромӣ дорад ва ба наслҳои оянда омӯзонад. Татбиқи пурраи Қонуни забон масъулияти шаҳрвандӣ ва нишонаи садоқат ба миллат аст. Беғалат навиштан, риояи қоидаҳои имло ва меъёрҳои услубӣ на танҳо талаботи қонун, балки мояи ҳифзи ҳувият ва шарафи миллӣ мебошад.
Ҳафзи забон дар айни замон имконият медиҳад, ки инсон дигар забонҳоро низ бо осонӣ биомӯзад. Ҳамчунон ки ҳикмати халқӣ мегӯяд:
Ҳар кас бо забони худ сухандон гардад,
Омӯхтани сад забон осон гардад.
Забон падидаест, ки миллатро бо таърих ва фарҳанги худ мепайвандад. Маҳз забон миллатро аз нобудшавӣ наҷот медиҳад ва заминаи рушду пешрафтро фароҳам месозад. Барои тоҷикон, ки соҳиби яке аз қадимтарин ва шевотарин забонҳои дунё ҳастанд, ҳифзу рушди он вазифаи муқаддас аст. Забон ганҷинаест, ки бояд онро бо меҳру садоқат ҳифз ва ба наслҳои оянда мерос гузошт.
Эҳёи забон – пурарзиштарин мероси мост, ки масъулияти таърихии ҳар як тоҷик мебошад.
Саидов Давлатёр Маҳмадсалимович – и.в. мудири Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Тоҷикистон кишвари кӯҳист, аммо ба сифати ҳавои он биёбонҳои хушки Осиёи Марказӣ мунтазам таъсир мерасонад. Тӯфонҳои чангӣ (дар байни мардум бо мафҳумҳои "чанги афғон" ё «хокбориш» маъруфанд) бо худ миқдори зиёди чанги маъданиро меоварад, ки боиси афзоиши кӯтоҳмуддат ва мавсимии консентратсияи заррачаҳои аэрозолӣ (PM10 ва PM2.5), кам шудани биниш ва бад шудани вазъи саломатии одамони гирифтори бемориҳои узвҳои нафас ва дилу рагҳо мегардад.
Ҳангоми тӯфонҳои чангу ғубор сатҳи PM₁₀ ва PM₂․₅ якбора боло меравад, тавозуни радиатсионӣ тағйир меёбад (кам шудани радиатсияи мустақим) ва масофаи биниш кӯтоҳ мегардад. Мувофиқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ ва лабораторияи физикаи атмосфераи ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ, консентратсияи миёнаи солонаи PM₂․₅ дар Тоҷикистон ба ~36 мкг/м3 мерасад (аз меъёри муқарраркардаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) 25 мкг/м3 ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) 5 мкг/м3 зиёд аст). Тибқи таҳлилҳо муайян гардид, ки тақрибан 70% рӯзҳои сол сатҳи PM₁₀ аз тавсияҳои ТУТ зиёдтар аст ва қиммати миёнаи солона тақрибан 80 ± 55 мкг/м³ мебошад. Ғубори маъданӣ танҳо «қум» нест, он дорои спектри васеи зарраҳо аз калон (даҳҳо микрона) то майда (то 1 микрон) мебошад, ки ба роҳи нафас амиқ дохил мешаванд. Тадқиқотҳо дар саросари ҷаҳон нишон медиҳанд, ки дар рӯзҳои пур аз чанг фавт ва бистаришавӣ дар беморхонаҳо зиёд мешавад, хатари бемориҳои дилу рагҳо ва узвҳои нафаскашӣ то чанд фоиз меафзояд.
Барои Тоҷикистон тӯфонҳои чангӣ чунин зарарҳо эҷод мекунанд: бад шудани саломатии аҳолӣ аз ҳавои ифлос, коҳиши ёфтани ҳосилнокии маҳсулотҳои кишоварзӣ ва обшавии босуръати пиряхҳо аз ҳисоби рӯйпӯш шудани онҳо карбони сиёҳ.
Консентратсияи заррачаҳои андозаашон 2.5 микрон (PM₂․₅) ва 10 микрон (PM₁₀ ) дар шаҳри Душанбе аз нуқтаҳои гуногун чен карда мешаванд: лабораторияи физикаи атмосфераи ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (натанҳо дар Душанбе, балки дигар минтақаҳои Тоҷикистонро дар бар мегирад), сафоратхонаи Амрико.
Сарчашмаҳои асосии тӯфонҳои чангӣ минтақаҳои биёбонӣ ва хушки дар ғарб ва шимолу ғарбии кишвар ҷойгиршуда мебошанд: биёбони Қароқум ва Қизилқум, чуқурии баҳри хушкшудаистодаи Арал мебошанд. Мушоҳидаҳои пайваста нишон медиҳанд,ки бартарии тӯфонҳои чангӣ дар тобистон ва саҳми бештари аэрозолҳои саноатии маҳаллӣ дар зимистон қайд карда мешаванд.
Тағйирёбии иқлим, кам шуда истодани заминҳои обёришаванда, зиёд шудани масоҳати биёбонҳо, баланд шудани ҳарорати миёнаи ҳаво ба зиёд шудани эпизодҳои тӯфонҳои чангӣ ва давомнокии онҳо оварда расонидааст. Агар дар охири асри гузашта ва аввали асри ҳозира шумораи эпизодҳои чангӣ то 10 эпизодро ташкил медоду давомнокии он 2ғё 3 рӯзро дар бар мегирифт, ҳоло бошад шумораи эпизодҳо зиёда аз 30 ба қайд гирифта шуда, давомнокии он 5ғ6 рузро ташкил медиҳад.
Баъзе тӯфонҳо хеле шадиданд: масалан, ҳодисаи 3–4 ноябри соли 2021 ҷануби Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро фаро гирифт. Дар шаҳрҳои Ӯзбекистон PM₁₀ ба даҳҳо ҳазор мкг/м³ расид ва биноиш то садҳо метр паст шуд. Дар Тоҷикистон қиммати максималии консентратсияи миёнаи шабонарӯзии зарраҳои PM2.5 (1210,62 мкг/м3) 23 сентябри соли 2019 ба қайд гирифта шудааст.
Истифодабарии таҷҳизоти LIDAR Polly XT барои муайян кардани профили амудии аэрозолҳо дар Тоҷикистон бори аввал 17 марти соли 2015 оғоз шуд. Ин тадқиқотҳо дар доираи лоиҳаи муштараки Олмону Тоҷикистон, эксперименти чангии Осиёи Марказӣ (CADEX) дар Душанбе гузаронида шуда, то моҳи августи соли 2016 идома ёфтанд. Нусхаи коркардкардашудаи системаи лидари қутбноккунандаи бисёрмавҷаи PollyXT, ки аз ҷониби Институти Тадқиқоти Тропосферии Лейбниц (TROPOS) таҳия шудааст, барои омӯзиши профили амудии аэрозолҳо, коэффисиенти баръакс-парокандашавӣ ва коэфисиенти деполяризатсияи зарраҳо дар доираи лоиҳаи CADEX истифода шуд. Ин лоиҳаи 18-моҳа маълумоти бесобиқаи амудӣ коркардшудаи аэрозолиро барои Осиёи Марказӣ, минтақае, ки аз тағирёбии иқлим ниҳоят осебпазир аст, аммо чунин ченкуниҳоро надошт, пешниҳод кард. Система профилҳои амудии коэффисиенти баръакспарокандашавӣ, коэффисиенти хомӯшшавӣ ва таносуби деполяризатсияи зарраҳоро чен кард.
Ҳангоми баромадҳои худ дар радио ва телевизион кормандони лабораторияи атмосфера аҳолиро огоҳ менамоянд, ки дар рӯзҳои чангу ғубор худашонро муҳофизат намоянд, пешакӣ баамаломадани тӯфонҳо тавассути саҳифаҳои расмии хабаргузорӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ карда мешавад, вале амалӣ шуданӣ он дар байни ҷомеа кам ба назар мерасад. Дар рӯзҳои чангӣ аҳолӣ бояд аз ниқобҳои баландсифати қобилияти гузаронандагиашон паст истифода кунанд. Қишри осебпазири аҳолӣ ба монанди кӯдакону пиронсолон ва ашхосе, ки дар ин рӯзҳо бемориашон хурӯҷ мекунанд аз сайру гашт ва гаштугузор дар кӯча худдорӣ намоянд. Дару тирезаҳои хонаҳояшонро пӯшида нигоҳ доранд ва аз тозакунанакҳои ҳаво истифода баранд.
Тӯфонҳои чангӣ воқеияти такроршаванда барои Тоҷикистон мебошанд, ки аз тағйирёбии иқлим ва фаъолияти инсон вобастаанд.
Тақвият додани мониторинг, дастгирӣ ва сарпарастии лоиҳаои ба ин самт равонашуда, огоҳкунии пешакӣ ва чораҳои санитарӣ метавонад хавфҳоро барои саломатӣ ва иқтисод кам кунад.
Абдуллозода Сабур Фузайл, д.и.ф-м.; Халифаева Шоҳина Хуршедҷоновна, доктор PhD - кормандони лабораторияи физикаи атмосфераи ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ.
“Он рӯз дур нест ки рафтагон бармегарданд. Мисли пештара хона обод мекунем, тӯю маърака месозем. Душман шикаст хӯрда аст. Бо пойи худ омада таслим мешавад. Мо ғалаба мекунем”.
Китоб дӯсти беминнати кас, ҳамрози лаҳзаҳои танҳоӣ ва руҳбахши замони хастагиву афсурдагист. Миёни асарҳое ки мутолиа намудаам беҳтарин асаре ки дарду алами ҳар як қаҳрамони онро дар мағзу устухони ҷони худ ҳис намуда, баробари ғами онҳо ғусса хурда, дар хурсандияшон шодӣ намудам ин романи “Занони сабзбаҳор” ба шумор меравад.
Тавре дар мундариҷаи асар дарҷ гардидааст сохторе ки дар ин асар тасвир ёфтааст дигар гаштааст, вале ҳамоно ишқ, садоқат, меҳр, вафо, нанг ва ор, шаън ва шараф, виҷдон ва имон, ҷоннисорӣ баҳри ҳифзи марзу буми ватан, занони нотарсу диловар ки мавзуҳои асосии асарро ташкил медиҳанд ҳамоно рӯзмарра боқӣ мондаанд.
“Занони сабзбҳор”-рӯзгори занони деҳаҳои дурдасти Тоҷикистонро дар солҳои ҷанг баён намудааст. Ҷанги хонумонсӯз тамоми мардони сабзбаҳорира ба майдони набард бурд, корҳои хоҷагидориву заминдорӣ, амлокдорӣ, молу говдорӣ, хуллас тамоми пастиву баландии зиндагӣ ба уҳдаи занону кӯдакон ва муйсафедон монда буд. Ҷанг — имтиҳони шадиди сабр ва тамкин деҳаро ба як хонадон, сокинонашро ба узви як хонавода табдил дода буд.
Романи “Занони Сабзбаҳор” аз тавлиди тифле дар Сабзбаҳор, бо номи Алам, тифле ки чанд муддат пеш хати сиёҳи падараш аз ҷанг омада буд ва модараш низ ҳангоми тавлидаш вафот мекунад, оғоз меёбад. Соли дуюми ҷанги хонумонсӯз буд, ҷанг ҳамоно идома дошт, зиндагӣ барои зиндагон идома меёфт. Нигоҳубин ва парастории тифли аз падару модар маҳрум ва модари аз пойи равонмонда ба уҳдаи Нишонаи безабон монданд. Нишонаи лолу нотавоне, ки наҳси ҷанги хонумонсӯз, бесарумомониҳо ва ноадолатиҳои давр ҳаёт, орзу, номус, ғурури ӯро ба коми ноҷавонмардони давр ва билохира худи ӯро ба суйи “Қабри Шайтон” бурд. Нишонаи пок ва бегуноҳро беимонӣ, нопокӣ, нафс, ҳирс ва ҷаҳолати ҳамзамононаш ба ҳалокат расонд.
Ҳамарӯза аз маркази ҷанг хати сиёҳи ҷавонмардону шоҳписарон омада, рӯзгори бе ин ҳам пурсӯзи онҳоро тираву тор мегардонд. Модарон дар сӯзи ҷигарбандон, гуларӯсон дар фироқи шаҳон, фарзандон дар интизори падарон рӯзҳои худро сипарӣ мекарданд.
«Наҳси ҷанг танҳо дар ҷаҳл ва куштораш нест. Ҷанг кушторҳои даҳшатноке дорад бехун, — меандешид марди корзордида Ҳасан Ризо. — Занҳо сарҳуй шудаанд, навозиш ва муҳаббат мехоҳанд, гулҳо ташнаи обанд. Ҳайфи занҳо!». Ҳасан Ризо яке аз қаҳрамонҳои асосии романи “Занони сабзбаҳор” он гоҳ бо асобағал ба деҳа баргашт ки ду писараш арӯсонашонро дар паноҳи сабр ва тоқати модари нолонашон гузошта, ба фронт рафта буданд. Хонаи Ҳасан Ризо мисли ҳама хонаҳо умедпаноҳ буд. Аз равзанаш риштаи нури ноаёне партав афканда, дилҳоро бақувват медошт. Аммо таноби умри мардак фарсуда буд.
Зебо зани собиқ раиси хоҷагии "Комуна", ки нисбати дигарон хату савод ва маҳорати идоракунӣ дошт баъди ба ҷанг гусел намудани шавҳараш вазифаи раисии хоҷагии "Комуна"-ро бо қарори якдилонаи занон ба ӯҳда гирифт, дар ҳамаи корҳо аз Ҳасан Ризо ҳамчун шахси корозмудаву рӯзгордида маслиҳат мепурсид. Зебо рӯзорӯз вазнинии бори хоҷагиро ҳис мекард. Ба қавли худаш аз ҷон безор шуда буд, аммо назди раиси захмин зинҳор аз касе ва чизе норозӣ буданашро зоҳир намекард. Бо сардори хоҷагӣ маслиҳат ва машварат мекард, аммо зинҳор наздаш арз ва шикоятро раво намедид.
Зебо рамзи занонест, содиқу вафодор ва нотарсу шуҷоу далер, зане ки новобаста ба ҳама пастиву баландии зиндагӣ устуворона ба хотири ояндаи нек мезист. Ҳатто баъди аз дасти додани шавҳари аз ҷанг захмӣ баргаштааш тамкину ҷасораташ побарҷо буд, ба хотири духтараш Лола ва фарзанди дар батнаш буда, ба хотири ояндаи орому осуда зист. Мардонавор дар рӯзҳои вазнини ҷанги пурдаҳшат баҳри ҳамдеҳагонаш, баҳри зиндагӣ талош кард. Дар ин баробар пайваста кӯшиш менамуд, ки беҳтарин ҳадяҳоро ба фронт, ба азизони аз чашм дуру ба дил наздикашон фиристанд.
Хулоса, бо мутолиа намудани романи “Занони сабзбаҳор”-и устод Гулрухсор бори дигар хонанда дарк менамояд, ки занон дар ҳама давру замон аз қишри осебпазири ҷомеа ба шумор рафта, аз уҳдаи ҳама мушкилоти зиндагӣ баромада метавонанд.
Мехостам андешаи худро бо ибрози суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки инъикосгари рафтору кирдори қаҳрамонони романи “Занони сабзбаҳор” аст, анҷом бахшам: “Модарону бонувони тоҷик дар мушкилтарин рӯзҳои таърихи давлат ва халқи Тоҷикистон ва дар сангинтарин лаҳзаҳои ҳаёти мардуми кишвар бо сабру тамкин ва ватандӯстиву садоқат такягоҳи боэътимод буданд ва ҳастанд.”
Шаҳноза НУСРАТОВА, унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
ЗАБОНИ ДАЛАТӢ ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ МУҲИМИ СИФАТ ВА САМАРАНОКИИ ҚОНУНҲО ДАР ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚТАТБИҚКУНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Нақши забони модарӣ, аз ҷумла забонҳои қадима дар ташаккули ҳар як миллату халқият хеле мавқеи назаррасро дошта, дар ошкор намудани асрорҳои ниёгон муҳим арзёбӣ мегардад. Агар мо забони ниёгонамонро намедонистем, пас аз он хабардор намешудем, ки «аҳдномаи никоҳ», ки имрӯз қариб яке аз шартҳои асосии бастани никоҳ ба ҳисоб меравад дастоварди халқи тоҷик мебошад. Қадимтарин намунаи аҳдномаи никоҳро аз катибаҳои кӯҳи Муғ (мансуб ба давлати Суғд, асри VIII қабл аз милод) дарёфт кардаанд.[1]
Мутобиқи аҳдномаи никоҳ ҳамсарон имконият пайдо мекунанд, ҳуқуқҳои молу мулкии худро дар давраи зиндагии якҷоя ва ҳангоми бекор шудани никоҳ ба таври амалӣ анҷом диҳанд. Агар ба таърихи анъанаҳои миллии оиладоршавии тоҷикон назар афканем, гуфта мешавад дар тафсир мебинем, ки яке аз шаклҳои аҳдномаи никоҳ дар давраҳои пеш мавҷуд буд, ҳарчанд он ба тариқи қонунӣ пешбини нашудааст, яъне духтар пеш аз ба хонаи шавҳараш омадан молу мулки бо худ овардаашро дар иштироки шоҳидон ба рӯйихат мегирифт ва ин анъана оҳиста-оҳиста аз байн рафт. Ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи ҳуқуқу уҳдадориҳои молу мулкии ҳамсарон дар давраи никоҳ ва ҳангоми бекор шудани он эътирофи аҳдномаи никоҳ мебошад, ки дар таҷрибаи давлатдории мамлакатҳои ғарб низ таърихи дерина дошта, имрӯзҳо низ мавриди истифодаи васеъ қapop гирифтааст. Таҷрибаи чанд соли охири давлатҳои хориҷ шаҳодат медаҳанд, ки на танҳо ашхоси сарватманд, балки табақаҳои васеи одамони миёнаҳол низ аз аҳдномаи никоҳ истифода мебаранд. Мақсади асоси аз он иборат аст, ки оила пойдор бошад ва манфиатҳои молу мулкии ҳамсарон аз талафот эмин бимонад.[2]
Дар даврони истиқлол баҳсҳои зиёде байни забоншиносон, мутахасисони соҳаҳои гуногун ба вуҷуд омадааст, ки баъзе аз истилоҳҳо мафҳумҳо, вожаҳо ва ғайраҳо решаи арабӣ ё туркӣ дошта бошанд. Ингуна хулосабарориҳо то кадои дараҷа асоси воқеӣ дошта бошанд, ба мо маълум нест. Аммо ҳамонро гуфтаниам, ки ин масъала то кадом дараҷа асоснок аст ва оё он аз ҷониби забоншиносон, таърихшиосон, муҳақиқони соҳаи фалсафа ва ғайраҳо мавриди омӯзиш қарор дода шудааст ё не. Ё истилоҳҳое, ки мо решаи арабию туркӣ дорад мегӯем, мумкин онҳо дар воқеъ решаи тоҷикӣ дошта бошанду аз ҷониби онҳо ҳангоми замонҳои забти ин халқу милаттҳо қаламрави таърихии давлатдории тоҷикион аз худ карда шудаанд. Ин масъала аз ҷониби мутахасисон омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқи алоҳидаро талаб мекунад. Чунки истифодаи чунин истилоҳҳо дар эҷоди қонунҳо ва дар ҷараёни ҳуқуқтатбиқкунӣ барои ғанӣ гардидани забони тоҷикӣ мусоидат намекунанд.
Умуман нақши забони қонун бошад, дар ҷараёни ҳуқуқтатбиқкунӣ хеле калон мебошад. Мутаассифона, ба ин масъала чӣ дар ҷараёни қонунэҷодкунӣ ва чӣ ҳангоми ҳуқуқтатбиқкунӣ кам аҳаммият дода мешавад. Аз ин ҷост, ки дар амалияи таҳияи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода мешавад. Масалан, мафҳуми «хешовандон» дар якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо маъноҳои гуногун омадаанд. Мафҳуми хешовандон дар моддаи 6 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «хешовандони наздик - падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондашудагон, бародарон ва хоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар» муайян карда шудааст, дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» бошад, «хешовандон – зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар, хоҳар, инчунин падару модар, бародар, хоҳар ва фарзандони зан ё шавҳар, амак, тағо, хола, амма, қудо, келин, домод, бародарзода, хоҳарзода, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, инчунин шахси дигаре, ки бо шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд» муайян шудааст. Оё аз ин ду мафҳум мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда кадомашро бояд истифода намояд.
Аз ин рӯ, то имрӯз дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми аъзои оила вуҷуд надорад, ки ин аз як ҷиҳат ба андешаи мо дуруст мебошад. Агар мо мафҳуми хешовандонро муаяйян кардани шавем, бояд ба муқарраротҳои Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем. Аз ҷумла, тибқи муқаррароти моддаи 226 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон «таҳти мафҳуми хешовандони наздик падару модар, ҳамсар, фарзандон, бародару хоҳар, бобою бибӣ ва набераҳо фаҳмида мешавад». Бинед, дар се санади меъёрии ҳуқуқӣ, се тарзи муайяннамоии як мафҳум ҷой дорад, ки ба андешаи мо ин ба сатҳи сифат ва самаранокии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъсир мерасонад.
Тибқи талаботи қисми 3 моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»[3] мафҳумҳо ва истилоҳоти дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодашаванда бояд фаҳмо ва ҳаммаъно бошанд.
Илова бар ин, дар эзоҳи баъзе аз муқарраротҳои қонунгузорӣ ҷумлаҳое сохта шудаанд, ки онҳо татбиқи онро мушкил ва фаҳмиши чунин муқарраротҳоро духӯра мегардонад. Мутобиқи қисми 2 моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки талаботи забонӣ ба матни санади меъёрии ҳуқуқиро танзим мекунад омадааст, ки: «Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо риояи услуби расмии забони адабӣ, сода ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд». Аммо ин талабот на ҳамеша риоя мешавад. Аз ҷумла, эзоҳ ба моддаи 195. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ тарканда ва воситаҳои таркиш” омадааст, ки: «Эзоҳ: 1) Шахсе, ки ихтиёрӣ предметҳои дар моддаи мазкур номбурдашударо месупорад, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.». Ба андешаи мо қисми дуюми ин ҷумла зиёдати оварда шудааст ва ҳангоми ҳуқуқтатбиқкунӣ духӯрагиро ба вуҷуд меорад.
Мақсади қонунгузор дар ин эзоҳ аз пешгирӣ намудани содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин мебошад, аммо нодуруст таҳия кардани эзоҳ аз нигоҳи забонӣ орно баҳснок мегардонад. Яъне, ҳуқуқтатбиқкунанда дар андеша мешавад, ки агар дар кирдори шахс таркиби дигар ҷиноят бошад, ӯро аз ин таркиби ҷиноят озод намояд ё не. Ҳол он ки мутобиқи мазмуни аслии ин эзоҳ шахс аз ҷинояти дар моддаи 195. Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ тарканда ва воситаҳои таркиш озод карда мешавад, агар ӯ ихтиёрона предметҳои дар моддаи мазкур номбурдашударо супорад.
Мутобиқи қисми 1 моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бошад, Эзоҳ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақсади дақиқ намудани моҳияти меъёрҳои ҷудогона истифода бурда мешавад. Чунин норавшаниҳо бошад, дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ ҷой дорад.
Ё истифодаи истинод ба қонунгузорӣ. Дар қисмҳои 1, 2 ва 3-и моддаи 48-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки истифодаи истинод дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ном дорад, омадааст, ки:
“1. Истинод ба қисмҳои таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолате истифода мешавад, ки нишон додани робитаи мутақобилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё худ пешгирии такрори онҳо зарур бошад.
2. Ҳангоми бори аввал истифода намудани истинод ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии онҳо) инҳо зикр карда мешаванд:
- ишора ба меъёри дақиқ (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (ҳангоми истинод кардан ба қисми таркибии алоҳидаи санади меъёрии ҳуқуқӣ);
- намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- рақам ва санаи қабул шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (ғайр аз санадҳои қонунгузорӣ);
- рақами бақайдгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштае, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;
- манбаи нашри расмӣ, аз ҷумла тағйиру иловаҳое, ки ба ин қисми таркибӣ ва ё ба масъалаи мазкур дахл доранд, дар ҳолати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- дар ҳолати мавҷуд набудани манбаи нашри расмӣ, санаи қабул ва рақами санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
3. Ҳангоми бори аввал истинод кардан дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ба санади қабул ё тасдиқшуда (қисми таркибии он) инҳо зикр карда мешаванд:
- ишора ба меъёри дақиқ (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (ҳангоми истинод ба қисми таркибии алоҳидаи сохтории санади қабул ё тасдиқшуда);
- намуд ва номи санади қабул ё тасдиқшуда;
- намуд, санаи қабул ва рақами қайди санади меъёрии ҳуқуқие, ки бо он ин санад қабул ё тасдиқ карда шудааст”.
Аммо ин қоида ҳангоми эҷоди қисми 3 моддаи 233 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон[4], ки «Тартиби безуриётсозӣ ва қатъи сунъии ҳамлро қонун муайян мекунад» ном дорад риоя нашудааст. Баъд аз қабули Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022, ки аз 1-уми июли соли 2023 эътибори қонунӣ пайдо кардааст, муайян карда шудааст, ки тартиби безуриётсозӣ ва қатъи сунъии ҳамлро қонун муайян мекунад. Ҳол он ки ин масъала дар Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон[5] бо дигар тартиб ҳал карда мешавад.
Мутобиқи қисми 3 ва 4 моддаи 92-и Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи сунъии ҳомиладорӣ, аз ҷумла аз рӯйи нишондодҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ, бо хоҳиши зан дар давраи ҳомиладорие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар гардидааст, гузаронида мешавад. Муҳлат ва рӯйхати нишондиҳандаҳои тиббӣ барои қатъи сунъии ҳомиладорӣ аз ҷониби мақоми ваколадори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва рӯйихати нишондодҳои иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Дар асоси муқаррароти қисми 2 моддаи 84 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бошад, дар ин масъала муқаррароти Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдтар қабул шудааст, амал мекунад.
Аслан забони қонун забони расмии коргузорӣ мебошад. Бинобар ин, нақши қонун дар инкишофи забон калон аст. Беҳуда давлатҳои собиқ иттифоқӣ аз пайи қабули қонун дар бора забон нашудаанд[6]. Аз 141 кишваре, ки ҳуқуқшиносон масъалаи забониро дар онҳо таҳқиқ кардаанд, дар 110 кишвар қонунҳои мушаххас дар бораи истифодаи забон қабул шудаанд[7]. Дар партави қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон[8] аз 22 июли соли 1989 ва баъдтар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009 таҳти №553 «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»[9] дар забони тоҷикӣ низ таҳаввулоти сифатию микдорӣ ба вуҷуд омаданд; дар забони имрӯзаи тоҷикӣ даҳҳо истилоҳот, вожаҳои сохта ва мураккаби нави ҳуқуқӣ ба вуҷуд омада, захираи луғавии забонро ғанӣ гардонидаанд. Чунин ба назар мерасад, ки имрӯз ҳуқуқшиносон (мисли шоирону нависандагон дар замони пеш) дар истилоҳофарӣ пешсаф буда, дар мукаммалгардии забони ҳозираи адабии тоҷикӣ нақши бориз доранд. Шубҳае нест, ки асоси забони меъёри тоҷикиро забони қонун ташкил хоҳад дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар дар мавзӯи «Ҷомеа ва рисолати зиёӣ» қайд намуда буданд, ки «Мо бояд забони тоҷикиро ҳамчун арзиши миллӣ эҳтиром кунем, ба он муносибати ғамхорона дошта бошем, барои рушду инкишофи он дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи зарурӣ фароҳам оварем. Ин амал пеш аз ҳама барои ба забони илм табдил додани забони модарии мо аҳамияти бузург дорад, зеро ба ин мартаба расидани забон сатҳи аз ҳама баланди густариши он ба шумор меравад. Зарурати таҳияи истилоҳоти илмӣ барои бахшҳои мухталифи забони тоҷикӣ на танҳо масъалаи дохилии илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлатӣ оид ба забои мебошад».
Дар баробари комёбиҳои назаррас, чи тавре ки дар боло ишора намудем, дар ин ҷода камбудиву мушкилоти зиёд низ ҷой доранд. Бояд қайд намуд, ки забони қонун масъалаи сирф ҳуқуқӣ набуда, он бояд дар ҳамбастагӣ бо фалсафа, забоншиносӣ ва равоншиносӣ таҳқиқ карда шавад. Вале ин соҳаҳо масъалаи мазкурро аз ҷанба ва паҳлуҳои гуногун меомӯзанд. Забоншиносӣ муносибати байни унсурҳои дохили низоми забонро меомӯзад. «Муносибати сирф забоншиносӣ (яъне мавзуи забоншиносӣ) - ин муносибати байни аломат бо аломат ва аломатҳо дар ҳудуди низоми забои ё матн мебошад»[10], ки дар ин бора дар боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» низ ишора шудааст.
Забон ҳамчун воситаи моддигардонӣ ва амалисозии танзими ҳуқуқӣ баромад мекунад. Бидуни забон танзими ҳуқуқӣ имконнопазир аст. Иродаи давлатӣ барои он, ки ба ҳуқуқ табдил ёбад, бояд дар қонун ҷой дода шавад. Аз ин рӯ, онро бояд дар забони ҳуқуқӣ ифода кард. Чуноне олими намоёни рус Тагансев Н.С. қайд кардааст: «Ақидае, ки қонунгузор пешниҳод кардааст, вале дар матни қонун дарҷ наёфтааст, қонунро ташкил намедиҳад: чизе ки ифода наёфтааст, онро ошкор кардан низ мумкин нест»[11].
Кумитаи истилоҳот бо мақсади риояи хусусиятҳои забони тоҷикӣ як қатор пешниҳодҳои судманд карда буд:
-расписка в получении - хатти гирифт;
-папка с отчетами по труду - ҷузвдони ҳисоботи кор;
-закон о налоге на прибыль - қонуни андози фоида;
-свидетельство о праве государства на наследство - шаҳодатномаи ҳуқуқи меросбарии давлат;
-свидетельство о праве на наследство по завещанию - шаҳодатномаи ҳуқуқи меросбарии мувофиқи васиятнома;
-свидетельство о праве на наследство по закону - шаҳодатномаи ҳуқуқи меросбарии қонунӣ.
Ё худ пешниҳод шуда буд, ки «право на образование» «ҳаққи таҳсил» ва «право на труд» «ҳаққи кор» гуфта шавад (дар модцаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ «право на жизнь» «ҳаққи зиндагӣ» омада буд, ки баъдтар ин истилоҳи «ҳақ» ба истилоҳи «ҳуқуқ» иваз карда шуд).
То кадом андоза мувофиқ будани тарҷумаро забоншиносон муайян карда наметавонанд. Аз ин рӯ, «ҳуқуқдонҳо бояд бигӯянд, ки номи тоҷикии ин ҳуҷҷатҳо, ки мо пешниҳод кардаем, то чи андоза мафҳумро ифода мекунад ва ба ақидаи онҳо қобили қабул аст ё не»[12].
Дар ҳақиқат, бидуни маслиҳат ва ҳамкорӣ фаъолияти забондонҳо яктарафа шуда, ба ғалат роҳ доданашон мумкин аст. Масалан, дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ мавҷуданд, ки эътибори ҳуқуқиашон аз қонунҳои оддӣ болотар аст. Мафҳуми расмии он дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» омадааст: «Қонуни конститутсионӣ санади меъёрии ҳуқуқиест, ки муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, мавзӯи танзим ва тартиби қабули он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст».
Юсуфи Акбарзода менависад, ки агар ба ҷои «Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад» (моддаи 74 Конститутсия), «Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро қонун муайян мекунад» гӯем, хатое содир нахоҳад шуд ва ё осмон ба замин нахоҳад часпид[13]. Эроди муаллифро дар масъалаи тарҷумаи таҳтуллафзии ибораи «қонуни конститутсионӣ» аз забони русӣ мо қабул дорем, дар ҳақиқат, ибораи мазкур дурушт тарҷума шудааст, вале қонуни конститутсиониро бо қонун ҳаммаъно шуморидан нодуруст аст. Ё худ Сайфиддин Назарзода се сатҳи қонунгузориро ҷудо кардааст: сатҳи конститутсионӣ; сатҳи қонунгузорӣ; сатҳи санадҳои меъёриву ҳукуқӣ[14]. Ҳол он ки санади меъёрии ҳуқуқӣ - ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шахрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад.
Барои ҳуқуқшиносон забони қонун восита ва тарзи ифодаи қоидаи рафтор мебошад. Вале ҳуқуқшиносе, ки забони қонунро бе такя ба маълумотҳои забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад, ғалат мекунад. Бинобар ин, ҳуқуқшиносон бояд бо қоидаҳои сарфу наҳви забон огоҳ бошанд. Қоидаҳои мазкур бо ҳуқуқ дар печидагӣ қарор доранд. Забондонҳо низ бояд ба махсусияти матни қонун диққат диҳанд. Дар адабиёти ҳуқуқӣ дуруст қайд мекунанд, ки мутахассис ҳангоми омӯзиши забони ҳуқуқ бояд худи ҳуқуқро, ҳангоми омӯзиши ҳуқуқ бошад, забони қонунро бояд омӯзад.[15] Чунки ҳам забон ва ҳам ҳуқуқ функсияи танзимиро иҷро мекунанд.
Матни қонун бояд ба зеҳнияти миллату халқи дахлдор созгор бошад. Дар акси ҳол ифодаи он баҳсҳо ва дарку иҷрои он мушкилиро ба миён меорад. Тафриқасозӣ ва дар алоҳидагӣ таҳлилшавии масъалаи мазкур сабаби асосии омӯзиши нокифояи забони қонун аст.
Нақши забони қонун дар татбиқи дуруст, якхела ва самараноки меъёрҳои он калон аст. Аз ин рӯ, забони қонунгузорӣ бояд суфта, мукаммал, оммафаҳм ва то ҳадди имкон муҷаз бошад. Азбаски дар Ҷумхурии Тоҷикистон забони давлатӣ забони тоҷикӣ мебошад, таҳияи матни тоҷикии санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба ин талабот ба пуррагӣ ҷавобгӯ бошад. Сабаб дар он аст, ки забони расмии қонун забони татбиқи он низ мебошад. Ноқисӣ дар забони расмӣ боиси душвориҳо ҳангоми татбиқи меъёри ҳукуқӣ мегардад, ки ин падидаи номатлуб аст. Забони тарҷума низ аҳаммияти муҳим дорад. Дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни забони расмӣ ва забони тарҷума (забони русӣ) номувофиқатӣ ва ихтилофоти зиёд ба чашм мерасад. Аҷиб он аст, ки матни русии қонун бештар вақт дуруст, фаҳмо ва бо дигар санадҳо мувофиқ аст.
Чуноне қайд шуд, забони қонун ба услуби расмии коргузорӣ дохил аст. Ин услуб дорои хусусиятҳои ба худ хос аст: дар ифода фишурда ва муҷаз аст; дорои захираи хосаи луғавӣ мебошад, дар он истилоҳот ва ҷумлаҳои мураккаб васеъ истифода мегарданд. Дар ҳар сурат риояи қоидаҳои муқаррарӣ ҳатмист. Меъёри қонун бояд тарзе ифода ёбад, ки фаҳмиши духӯраро истисно намояд. Ин масъала махсусан дар дар соҳаҳое, ки чораҳои таъсиррасониро пешбинӣ мекунанд, муҳим аст. Боиси дастгирист, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 111 («Қоидахои тафсири қонуни ҷиноятӣ») илова шуда, қоидаи зайл муқаррар гардидааст:[16]
1) Агар меъёри ҳукуқи ҷиноятӣ духӯра ифода ёфта башад, ё худ онро ду хел маънидод намоянд, дар ин сурат он ба мафиати айбдоршаванда (судшаванда, маҳкумшуда) тафсир (маънидод) карда мешавад.
2) Ибораҳо ва (ё) мафҳумҳое, ки дар ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд, ҳамон маъноеро дороянд, ки дар қонунуҳои дахлдор оварда шудаанд, агар дар Кодекси ҷиноятӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
3) Дар доираи Кодекси мазкур ба маъноҳои гуногун тафсир кардани мафҳуми якхела манъ аст, ба шарте, ки дар худи ҳамии Кодекс оид ба он нишондоди махсус мавҷуд набошад.
Дар забони қонун муҳим аст, ки «ҳар калимаву ибора, таркибу истилоҳ, ҳар ҳарфу ҳиҷо, аломатҳои китобат бояд дар мақому мартаба ва маснади хеш чунон нишаству ҷойгузин шавад, ки аз он ҳарферо тағйир додан, дигар кардан, берун овардан ва фурӯ гузоштан гайриимкон бошад.»[17].
Дар забони қонун «истифодаи воситаҳои забонӣ бояд ниҳоят сарфакорона бошанд. Меъёрҳои ҳуқуқии дар қонун ифодаёфта дар доираи шумораи ками калима, ибора ва ҷумла ифода карда шаванд.
Мазмуни қонунро бо ибораи дароз ифода намудан нашояд, зеро бисёр вақт дар байни онҳо алоқаҳои мантиқӣ канда мешаванд. Бисёркалимагӣ, калимаҳои зиёдатӣ ва такрор қонунро душворфаҳм намуда, аз муайян намудани моҳияти он дур месозад»[18].
Қобили қайд аст, ки забони қонун ва забони татбиқи хуқуқ аз ҳам тафовут доранд. Забони татбиқи ҳуқуқ бояд мушаххас ва мантиқан чун паҳншавии меъёри абстрактии ҳуқуқ дар ҳолатҳои мушаххаси ҳаётӣ бошад. Дар баробари умумият дар забони татбиқи ҳуқуқ то дараҷае расмият ва қолабӣ будани забони қонун вайрон мешавад, вале муҷазию фишурдагӣ набояд қурбони он шавад. Дар амал мо бисёр бо санадҳои татбиқи ҳуқуқ дучор меоем, ки риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ (талаботи қисми 6 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон») он сӯистад, ҳатто забони онро забони тоҷикӣ номидан душвор аст (аз овардани чунин мисолҳо дар мақолаи мазкур худдорӣ карда мешавад).
Беҳуда, масъалаи мазкур мавриди танқиди шадиди забондонҳо қарор нагирифтааст. Масалан, Юсуфи Акбарзода дар мисоли ҳалномаи судӣ камбудиҳои асосии санадҳои татбиқи ҳуқуқро нишон додааст: «Аввалин хатое, ки дар ин ҳалнома ба чашм мерасад, ба алифбои русӣ (бидуни истифода аз ҳарфҳои тоҷикии ғ, ӣ, қ, ӯ, ҳ, ҷ) иншо шудани он аст. Аҷобатро бинед, ки санад ба забони тоҷикӣ, вале ҳуруф ба забони русист. Ин амал сабаб дорад. Сабаби асосӣ ин аст, ки аксари мардуми мо, бахусус ҳукуқшиносон мақоми истифодаи баъзе аз ин ҳуруф (ӣ, ӯ)-ро намедонанд ва бо истифода аз ҳуруфи (алифбои) русӣ ҷурми хешро пинҳон мекунанд[19].
Навиштаҳои муаллиф қисман боиси дастгирист. Ҳақиқатан, дар натиҷа бубинед, ки чӣ ҳосил мешавад: ғала - гала; ғар - гар; ғил - гил; ғоз - гоз; ғол - гол; ғул - гул; кӯш - куш; қаср - каср; қандӣ - канди; қамчин - камчин; мӯр - мур; ҳам - хам; ҳар - хар; ҳола - хола; ҷой - чой ва ғайра. Вале яктарафа танқид кардани эабондонии ҳуқуқшиносон дар ин шакл низ дуруст нест ва ба манфиати кор ҳам намебошад. Сангпарронӣ ба якдигар масъаларо ҳал намекунад. Бояд намояндагони тамоми касбу кор дар пайи ислоҳи якдигар бо роҳи маслиҳату тавсия бошанд.
Ҳангоми тартибдиҳии суратҳоли (протоколи) азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ё тавсифи ҷойи ҳодиса дар дигар санадҳо хуб мешуд, ки аз ин усул истифода бурда шавад. Чунин санадҳо одатан ноӯҳдабароёна тартиб дода мешаванд, ки дар натиҷа ҷойгиршавии фазоии ҷисму ашё номуайян мемонад.
Талаботи дигари ҳатмӣ ин возеҳу равшан ва сода будани баён аст. Қобили зикр аст, ки сухан дар бораи сода, на одӣ будани усули баён, на мазмун меравад. Баъзан дар адабиёти ҳуқуқӣ бо чунин суханон дучор шудан мумкин аст, ки қонун аз ҷониби мутахассисон барои мутахассисон эҷод мешавад. Гегел дар замони худ табақаи ҳуқуқшиносонро дар ин масъала зери танқид гирифта, гуфта буд, ки барон кафш пушидан ҳатман кафшдӯз будан лозим нест, бинобар ин, барон дарки масъалае, ки аҳаммияти умумӣ дорад, мутахассиси он соҳа шудан набояд шарт бошад. Ҳол он ки ҳуқуқ барон инсон чизи муқаддас аст[20].
Сарфи назар аз талаботи мазкур мазмуну маънои бисёр меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии амалкунанда ончунон бо усули мураккабу печида баён гардидааст, ки дарки онҳо ба мутахассисон ҳатто душвор аст. Чунин ҳолатҳо дар қонунгузории андоз, гумрук, ҳифзи муҳити зист ва моликияти зеҳнӣ бештар ба чашм мерасад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтпрам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24 апрели соли 2010) қайд карда буданд, ки «оммафаҳм гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба андозситонӣ метавонанд ба рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ ва таҳкими имкониятҳои буҷети давлатӣ мусоидат намоянд».
Қобили қайд аст, ки қонунгузор ҳамеша кӯшиши фарогирии васеи масъаларо мекунад, бинобар ин, ҳаҷми иттилоотӣ васеъ гардида, дар матни кӯчак то ҳадди таҳрифи мазмун фишурда мегардад. Гузашта аз он, доираи фарогирии қонун васеъ буда, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиро танзим мекунад. Хоҳу нохоҳ хусусиятҳои соҳаи муайян ба забони қонун таъсир мерасонад.
Дар адабиёти ҳуқуқӣ дар иртибот бо душвории сарзада тамоми қонунҳо ба ду гурӯҳ ҷудо карда шудааст:
1) қонунҳое, ки ба табақаи васеи одамон дахл доранд (қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳое, ки муносибатҳои маишӣ, оилавӣ ва мисли инҳоро ба танзим медароранд;
2) қонунҳое, ки ба мутахассисон дахл доранд ва соҳаи маҳдуди ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегиранд (масалан, қонунҳо «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи стандартонӣ» ва ғайра).[21]
Ба ҳар ҳол забони қонун то ҳадди имкон бояд фаҳмо, сода, равон ва дақиқ бошад.
Яке аз мушкилиҳои асосии забони қонунҳои мо ин аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ баргардонидани он аст. Дар чунин ҳолат ба қавли Муҳаммадҷон Шакурӣ дар қолаби русӣ калимаҳоитоҷикӣ рехта мешаванд. Муқаррароти қисми 1 моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки мувофиқи он матни санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ қабул карда мешавад ва қисми 3 моддаи 65, ки мувофиқи он интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад ва ҳангоми зарурат тарҷумаи онҳо бо дигар забонҳо аз тарафи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, барои бартарафсозии ин ҳолат бояд мусоидат намояд.
Дар таркиби забон нақши вожаву истилоҳот калон аст. Дар забони қонун истилоҳоти махсус истифода мешавад. Устуворӣ, дақиқӣ, муҷазию фишурдагии забони қонунро тавассути истифодаи захираи ғании истилоҳот ва коркарди он ба даст овардан мумкин аст. Пас, мукаммалии қонунгузорӣ дар ин ҷода нишонаи сатҳи фарҳанги қонунэҷодкунӣ аст. Боиси нигаронӣ аст, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бесарусомонӣ дар истифодаи истилоҳот ба чашм мерасад.
Дар истифодаи вожаю истилоҳот баъзе дастовардҳо назаррасанд. Масалан, ба ҷои «заминҳои бекорхобида», «шахси қобилияти кор надошта» истифодаи «заминҳои партов», «шахси корношоям». Баъзан тамоюли акс низ дида мешавад. Масалан, «шаҳодатнома дар бораи таваллуд»-ро бо пешниҳоди Лоиқ Шералӣ «зоднома» номидем, баъдтар «хатти таваллуд» ва ҳоло «шаҳодатномаи таваллуд» (моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»).
Устуворӣ ва ягонасозии истилоҳоти ҳуқуқӣ дар шароити имрӯзаи ҶТ, ки дар давраи ислоҳоти ҳуқуқ қарор дорад, бояд ба яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳуқуқуқшиносӣ табдил ёбад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳоти зиёдеро дучор омадан мумкин аст, ки ба талабот нисбат ба истилоҳоти ҳуқуқӣ ҷавобгӯ нест. Ҳангоми истифодаи истилоҳот талаботи ягонасозии уфуқӣ ва амудӣ риоя намешавад.
Яке аз меъёрҳои мавриди истифодаи истилоҳ тарзи талаффузи он мебошад. Вожаҳои иқтибосӣ бояд ба табиати забон мувофиқ бошанд. Ба қавли Шарофиддини Рустам «дар байни онҳо калимаҳое низ ҳастанд, ки мардум мисли соҳибонашон талаффуз карда наметавонанд». Гоҳе навишт бо талаффуз мувофиқ намеояд. Чунин номутобиқатӣ дар истифодаи вожаҳои «бонк», «прокурор», «адвокат», «автомобил», «милитсия», «квитансия», «принсип», «бухгалтер» ва ғайра ба чашм мерасанд. Дар забони тоҷикӣ ин вожаҳо «банк», «пракурор», «адвакат», «автамабил», «милиса»,1 «кивитансия», «пиринсип», «буғалтер» талаффуз мешаванд. «Субйект» ва ё «обйект» мегӯем, вале «субъект» ва «объект» менависем (ҳол он ки функсияи аломати «ъ» дар забони русӣ аз забони тоҷикӣ ба куллӣ тафовут дорад).
Дар забони тоҷикӣ ду ҳамсадо дар аввали калима намеояд. Қоидаи мазкур нисбат ба истилоҳоти «бюро», «сюжет» ва «бюджет» низ истифода мешавад, зеро ҳарфи «ю» аз нимсадои «й» ва «у» иборат аст. Дар қонунҳо ҳоло истилоҳи «буҷет» истифода мешавад (баъзан дар забони матбуот шакли «буҷа» низ дучор меояд). Дар замони шӯравӣ ҳангоми вомгирӣ гоҳе калимаҳои русӣ айнан қабул шуда, ҳатто аломати бегонаи «ь», ки дар забони русӣ барои нарм талаффуз намудани ҳамсадо истифода мешавад, қабул карда шуд. Ин аломат ҳоло аз имлои забони тоҷикӣ хориҷ карда шудааст. Баъзан бо ҳарфи «ц», ки дар алифбои тоҷикӣ мавҷуд нест, ҳоло дар қонунгузории Тоҷикистон ҳарфи «с» ва ё «тс» вохӯрдан мумкин аст.
Яке аз унсурҳои таркиби санади меъёрии ҳуқуқӣ ин зсрбанд аст. Мувофиқи моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ» зербанди моддаи санади қонунгузорӣ ё зербанди дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ қисми таркибии банд буда, бо ҳарфҳои хурд ишора мегардад ва пас аз он аломати қавси пӯшида «)» гузошта мешавад. Ҳарчанд дар моддаи мазкур тартиби истифодаи ҳарфҳо пешбинӣ нашудааст, маълум аст, ки он бояд бо тартиби ҷойгиршавии ҳарф дар алифбо мувофиқ бошад. Имрӯз дар ягон санади мсъёрӣ тартиби мазкур риоя намешавад. Мувофиқи Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №355 аз 3 сентябри соли 1998 тасдиқ шудааст, тартиби ҷойгиршавии ҳарфҳо дар алифбо дигаргун шудааст (масалан, баъд аз ҳарфи «г» ҳарфи «ғ» меояд), вале ҳангоми зербандгузорӣ ин ҳолат ба назар гирифта намешавад.
Яке аз хусусиятҳои забони қонунгузории Тоҷикистон дар он аст, ки дар замони ташаккул қарор дошта, то ҳанӯз истилоҳоти ягона ба вуҷуд наомадааст. Аз рӯйи қоидаи умумӣ истилоҳ муродиф бояд надошта бошад. Дар раванди ташаккули забони қонун шояд ин амал ҷоиз гардад, вале он бояд хислати истисноӣ дошта бошад. Истифодаи вожаву истилоҳоти ҳаммаъно, вале гуногуншакл дар забони қонун бисёр ба чашм мерасад. Масалан, «қадр, номус», «шаъну шараф», «шаъну эътибор», «обрӯйи корӣ» «эътибори корӣ», «муҳлати оқилона», «муҳлати мувофиқ», «муҳлати қобили қабул» ва ғайра2. Ҳамзамон мафҳумҳои «кас», «шахс», «шаҳрванд» ба ҳам печида, гоҳе ноҷо истифода шудаанд.
Баъзан дар матни қонун вожа истифода шуда, дар дохили қавс муродифи он низ оварда мешавад. Масалан, вожаи «ротиба» истифода гашта, дар дохили қавс «стипендия» омадааст.
Ҳарчанд яке аз хусусиятҳои забони тоҷикӣ ин истифодаи васеи муродифот бошад ҳам, дар забони қонун ин амал ноҷоиз аст. Истилоҳ бояд дақиқ ва маънояш устувор бошад. Дар забони қонун вобастагии истилоҳ ба матн низ номатлуб аст.
Бо масъалаи муродифот истифодаи омонимҳо алоқаи наздик дорад. Омонимҳо дар мазмуни қонун зиёд дучор мешаванд. Масалан, патент дар Кодекси андоз ва дигар қонунҳои муҷовир ин ҳуҷҷатест, ки ба сифати соҳибкор (бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ) ба қайди давлатӣ гирифта шудани шаҳрвандро муайян карда, барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкории дар он пешбинигардида ҳуқуқ медиҳад; патент дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ва дигар қонунҳои муҷовир ин ҳуҷҷати расмие мебошад, ки аввалият, муаллифӣ ва ҳуқуқи истисноии истифодабарии баъзе объектҳои моликияти зеҳниро тасдиқ мекунад; қарз дар Кодекси маданӣ намуди шартнома аст; қарз дар Кодекси ҷиноятӣ ҳамчун уҳдадорӣ омадааст.
Баъзан истифодаи омонимҳо дар матни қонун дарк, тафсир ва татбиқи онро мушкил мегардонад. Масалан, ду намуди аҳдҳои беэътибор - аҳдҳои баҳснок ва аҳдҳои мутлақо беэътибор мавҷуд аст. Дар Кодекси маданӣ аҳдҳои баҳснок ва ахдҳои беоқибат бо як ибора «аҳдҳои беэътибор» (моддаи 181 Кодекси маданӣ) ифода ёфтааст. Дар натиҷа дар моддаҳои 181-198 ва дигар моддаҳои Кодекси маданӣ нофаҳмӣ ба вуҷуд меояд, ки дар кадом вақт қонунгузор аҳдро беэътибор ва дар кадом вақт мутлақо беэоқибат медонад. Барои тақвияти фикр ба моддаи 11 Кодекси маданӣ назар мекунем, ки дар он ҳамчун тарзи ҳифзи ҳуқуқҳои маданӣ омадааст: «- беэътибор донистани аҳдҳои баҳснок ва татбиқи оқибатҳои беэътибор донистани онҳо, татбиқи оқибатҳои беэътибор донистани аҳдҳои беоқибат».
Масъалаи дигар ин истилоҳсозӣ ва иқтибоси истилоҳу вожаҳои ғайр мебошад. Мувофиқи талабот истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм тартиб дода шавад. Истифодаи вожаву истилоҳоти иқтибосӣ бидуни зарурат ноҷоиз аст. Ин таҳдид ба манфиатҳои забони миллӣ мебошад.
Баъзан калимаю ибораҳо аз забони русӣ ё аврупоӣ тарҷума шудаанд, ки онро калка ё худ гартабардорӣ меноманд. Масалан, нишондод, роҳи оҳан ва ғайра. Вале онҳо табиӣ воқеъ гардидаанд, бинобар ин, қобили дастгирӣ мебошанд.
Ҳамин тавр, гуфтаҳои болоиро ҷамъбаст намуда, қайд кардан ба маврид аст, ки агар дар замони тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷомеа қабули қонунҳо дар соҳаҳои гуногуни муҳими ҷамъиятӣ аҳаммият дошта бошад, сифати онҳо (пеш аз ҳама сифати забонии онҳо) имрӯз мубрам гаштааст. Самаранокии фаъолияти мақомоти қонунгузор дар сифат таҷассум меёбад, на дар микдор. Ба андешаи мо дар шароити ҳозира диққат асосан ба дуюмин дода мсшавад, зеро аксаран натиҷаи фаъолият аз рӯйи миқдор баҳо дода мсшавад.
Имрӯз анлакай вақти коркарди забони қонун ва ислоҳи камбудиҳои мавҷуда фаро расидааст. Такмили забони қонун ин заминаи ташаккули забони ҳуқуқи тоҷик аст, ки саҳм дар забони адабии тоҷикӣ мебошад.
Баъзе самтҳои фаъолиятро дар ин ҷода тавсия додан мумкин аст:
а) дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд вожа ва истилоҳоти ягона, ҳамоҳанг, устувору матин истифода гардад. Ин фаъолият ҷалби тамоми мутахассисони соҳаро талаб мекунад;
б) ҳангоми истилоҳофарӣ ва ё иқтибос табиати забони тоҷикӣ бояд ба эътибор гирифта шавад;
в) дар ташаккули забони қонун ҷалби мутахассисони гуногунсоҳа ва омӯхтани таҷрибаи дигар давлатҳои ҳамзабон саривақтӣ мебошад;
г) забони қонун бояд дар ҳамбастагӣ бо техникаи хукуқӣ коркард шавад.
Хулоса, барои татбиқ ва амалигардонии қонунгузорӣ камбудиҳои хислати техникии ҳуқуқӣ дошта монеа мушкилиҳои зиёдро ба миён меорад. Бинобар ин, бартарафсозии онҳо қадами муҳим ба пеш мебошад. Ба ин кор ҷалби мутахассисони соҳа, кормандони амалия ва доираҳои илмӣ мувофиқи мақсад аст. Ҳамчунин ин фаъолият бояд аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба амал бароварда шавад, то ин ки мукаммал, объективӣ ва ба таври дахлдор ба сомон расонида шавад.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн – Мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Адабиёт:
1. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №9-10, мод. 546.
2. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 271.
3. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 270.
4. Бахтин М.М. Эстетика словесного творчества. М., 1979. С.297.
5. Ведомостҳои Совета Олии РСС Тоҷикистон, соли 1989, №15, моддаи 102.
6. Гегель. Философия права. М., 1990. С. 253.
7. Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2023, -501с.
8. Махмудов М.А., Худоёров Б.Т. Аҳдномаи никоҳ. Душанбе, 2001. –С.12.
9. Муҳаммадҷони Шакурӣ. Хуросон аст ин ҷо: маънавият, забон ва эҳёи миллии тоҷикон. Душанбе, 1997. С.255.
10. Пиголкин А., Студеникина М. Всяк сущий в ней язык... (Анализ республиканских законов о языках)// Народный депутат. 1992. №9. –С. 53-57.
11. Раҳимов М.З. Доир ба баъзе масъалаҳои забони қонун // Давлат ва ҳуқуқ. 2008. №1. С.71.
12. Сайфиддин Назарзода. Забони милли ва меъёрҳои ҳуқуқиву қонунгузорӣ...
13. Сайфиддин Назарзода. Забони миллӣ ва меъёрҳои ҳуқуқиву қонунгузорӣ// Ҷумҳурият, 30 январи соли 2010. №17-18 (21 678-679). –С. 5.
14. Сальников В.П., Степашин С.В., Хабибулина Н.И. Государственная идеология и язык закона: Монография. СПб., 2001. С.123.
15. Сальников В.П., Степашин С.В., Хабибулина Н.И. Государственная идеология и язык закона: Монография. С. 134-135.
16. Таганцев Н.С. Русское уголовное право. Лекции. Часть общая. Т.1. М., 1994. С.91.
17. Юридические документы письма (чтение, перевод и комментарии В.А. Лифщица) – Издво восточной литературы. 1962. –С. 25.
18. Юсуфи Акбарзода. Забони қонун чй сон бошад// Тоҷикистон, 2000, №4-6. С.29.
19. Юсуфи Акбарзода. Забонро аз ҳуқукдонҳои забонгумкарда дифоъ бояд кард!// Минбари халқ, 9 июли соли 2008, №52 (621). С.4.
Сарзамини паҳновар ва бостонии ориёии мо бо фарҳанг ва тамаддуни пешрафта ва бо мардону номоварони худ дар арсаи забон, илму фарҳанг ва ирфону маънавият дар дунё маълум ва машҳур аст. Фақат номбар кардани шахсиятҳои маъруфи он дар арсаи сиёсату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт, илму маориф ва дину диншиносӣ ҷилд-ҷилд китоб хоҳад шуд. Яке аз чунин мардони бузурги олами ирфону тасаввуф Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхист, ки дар ҷаҳони фарҳангӣ бо номҳо ва тахаллуси Мавлавӣ, Муллои Рум, Мавлои Рум, Шамс, Хамӯш ва Хомӯш машҳур аст. Ӯ дар хонаводаи яке аз донишмандони тавонои он рӯзгор Баҳоуддин Валад, ки бо лақаби Султонулуламо низ машҳур буд, 30 сентябри соли 1207 дар сарзамини Вахши бостонӣ (он замон аз лиҳози маъмурӣ ҷузъе аз Балхи бостонӣ ба ҳисоб мерафт) зода шуда, 29 январи соли 1283 мелодӣ дар Қунияи Рум аз дунё гузашта аст. Мазори мубораки ӯ дар ин шаҳр бо номи «Қуббаи хазро» маъруфу машҳур аст.
Падари Мавлоно - Баҳоуддин Валад бо сабаби ихтилофҳои назарӣ, ки бо Фахруддини Розӣ, устоди руҳонии Муҳаммад Хоразмшоҳ доштааст, маҷбур мешавад, ки Балхро бо баҳонаи сафари Ҳаҷ тарк гӯяд ва баъди чандин соли мусофират дар шаҳри Қуния бо даъвати Султон Алоуддини Кайқубоди Салҷуқӣ маскан гузинад ва дар ҳамин ҷо дунёро падруд мегӯяд.
Бояд гуфт, ки ин шаҳр тахминан сад сол пеш аз омадани Султон Баҳоуддин аз тарафи Масъуди аввал (1118-1115), Султони Салҷуқии Рум пойтахт эълон шуд ва дар ин муддат ба як шаҳри фарҳангиву сиёсӣ табдил ёфта буд. Муҳимтар аз ҳама, забони расмиву давлатии сулолаи Салҷуқиёни Рум забони тоҷикӣ-форсӣ ҳисоб меёфт ва замоне падари Мавлавӣ ба ин ҷо омад, муҳити шаҳр тоҷикӣ буд ва тоҷикон дар ин шаҳр бештар сукунат доштанд. Устод Зарринкӯб таъкид мекунад, ки: «Аммо бештарини аҳли шаҳр аз турку тоҷик ба забони форсӣ сухан мегуфтанд ва форсигӯёни тоҷик, ғолибан, мухтарифаи шаҳрӣ буданд ва баъзе мақомоти девонӣ ва аксар маносиби шаръӣ ба онҳо тааллуқ дошт».[1]
Баъд аз вафоти падар Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ кори падарро пеша кард ва ба иршоду дастгирии муридону шогирдони падар пардохт. Мавлоно зиндагии худро аз оғоз то анҷом дар роҳи касби маърифат, андӯхтани дониш ва тарғибу ташвиқи фарҳанг ва инсондӯстӣ сарф намуда, осори бебаҳое аз худ боқӣ гузошт. Осори Мавлавиро ба ду бахши бузург – назм ва наср ҷудо кардан мумкин аст. «Девони Шамси Табрезӣ» ё «Куллиёт»-и Мавлоно, ки дар он ӯ бо тахаллуси Шамси Табрезӣ эҷод карда ва тавре ки устод Карими Замонӣ, таҳиягари шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ мефармояд: «Девони Шамс, девони шеър нест, ғавғои як дарёи муталотуми тӯфонист[2]…». Рубоиёт иборат аз 1600 рубоӣ, «Фиҳӣ мо фиҳӣ (Дар ӯ ва он чи дар ӯст) ва «Мактубот» аз асарҳои дигари Мавлоно аст, ки дутои охири онҳо бо наср навишта шудааст. «Фиҳӣ мо фиҳӣ» маҷмуаи вазъу сухангӯии Мавлоно дар маҷлису маҳфилҳо буда, ки писари ӯ Баҳоуддин, маъруф бо номи Султон Валад ва яке аз муридонаш онҳоро сабт карда, дар шакли китобе баъдан ба дӯстдорони осори Мавлоно пешкаш карданд. Дар «Мактубот» номаҳо ва мактубҳои Мавлоно гирдоварӣ шудааст.
Тавре ки Президенти кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷилди дуюми китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» бо истинод ба асари дигари худ «Чеҳраҳои мондагор» мефармояд: «Афкору андешаҳои пурқимати ин абармарди илму ирфон, ба хусус, дар марҳилаи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва ҳалли тазоду мушкилоти даврони ҷаҳонишавӣ арзиши дучанд пайдо кардаанд.
Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстонаи ин орифи бузург дар Шарқу Ғарб маъруф гаштааст ва мардум дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Ӯ масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳимми ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрӯз низ ҷавобгӯйи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошанд».[3]
Ӯ боз меафзояд, ки «Осори ҷовидонаи ӯ имрӯз ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума шуда, дар интиҳои асри XX дар радифи даҳ китоби сертеъдод ва хонданитарини аҳли олам қарор гирифтааст.
Мо – тоҷикон, дар қатори дигар миллатҳои мутамаддини олам осори ин пири хирадро меомӯзем, ташвиқ месозем ва бо он ифтихор менамоем.
Имрӯз, ки Ҷалолуддини Балхӣ на фақат дар Тоҷикистону Туркия, Афғонистону Эрон, Покистону Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди мусулмонӣ, балки дар дигар минтақаҳо ва кишварҳои Шарқу Ғарб маъруфу машҳур аст, мо бо ташаббус ва дастгирии ЮНЕСКО дар сатҳи ҷаҳонӣ 800-солагии ӯро дар соли 2007 таҷлил намудем. Ин нишонаи арҷгузорӣ ба фарзанди бузурги тоҷикон ва бузургдошти арзишҳои ҷовидонаи умумиинсонӣ мебошад». Масъалаҳои забони осори Ҷалолидини Балхӣ аз тарафи пажуҳишгарон, аз ҷумла, донишмандони тоҷик то андозае таҳқиқ шудааст.[4]
«Маснавии Маънавӣ» яке аз шоҳасарҳои адабиёти классикии мо буда, муаллифи онро шуҳратёри ҷаҳон намудааст. Ин асар таври маълум аз шаш дафтар ва 25685 байт иборат буда, дар он масъалаҳои гуногуни иҷтимоиву фарҳангӣ, мазҳабиву динӣ, фалсафаву тасаввуф ва ахлоқиву тарбиявӣ инъикос ёфтааст. Шоир ин асари бузургҳаҷми худро дар муддати беш аз даҳ сол бадоҳатан эҷод намуда, пайравонаш (махсусан Ҳусомиддин) онро китобат кардаанд.
Дар таҳияи «Маснавӣ» таъсири Ҳусомиддини Чалабӣ, яке аз муридони содиқи Мавлоно аз бузургони суфия, ки бо тахаллуси Ахии Турк маъруф аст, хеле зиёд аст. Мавлавӣ дар чанд ҷойи Маснавӣ аз ӯ ёд карда ва асари худро «Ҳусоминома» низ хондааст. Тавре маълум аст, Ҳусомиддини Чалабӣ аз Мавлоно хоҳиш менамояд, ки ӯ дар бораи масъалаҳои мураккаби диниву мазҳабӣ, нуктаҳои пурпечутоби тариқат дар вазни «Илоҳинома»-и Саноӣ ва «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттор бо баёни оммафаҳму осон афкори худро баён намояд.
Мавлоно ин пешниҳоди ӯро пазируфта, гӯё ҳамон замон коғазе ба дасти ӯ медиҳад, ки дар он 18 байти аввали Маснавӣ сабт шуда буд.
Абдураҳмони Ҷомӣ ин воқеаро чунин нақл мекунад: «Чун Шайх Салоҳиддин ба ҷавори раҳмати ҳақ пайваст, инояти Мавлоно ва хилофати вай ба Чалабӣ Ҳусомиддин мунтақил шуд ва сабаби назми Маснавӣ он буд, ки чун Чалабӣ Ҳусомиддин майли асҳобро ба «Илоҳинома»-и Ҳаким Саноӣ ва ё «Мантиқ-ут-тайр»-и Шайх Фаридуддини Аттор ва «Мусибатнома»-и вай дарёфт, аз хидмати Мавлоно дархост кард, ки агар чунончи ба тарзи «Илоҳинома»-и Саноӣ ё «Мантиқ-ут-тайр» китобе манзум гардад, то дӯстдоронро ёдгор бувад, ғояти иноят бошад. Мавлоно филҳол аз сари дастори худ коғазе ба дасти Ҳусомиддин Чалабӣ дод ва дар он ҷо ҳаждаҳ байти аввали Маснавӣ навишта буд».[5]
З-он пас Мавлоно дар ҳама ҳол Маснавӣ мегуфт: дар ҳолати самоъ, дар ҳаммом, нишаста, истода ва гоҳ аз оғози шаб то тулуи офтоб доимо месуруд ва Ҳусомиддин таҳрир мекард ва ҳамаи он чи навишта буд як бор бо овози хубу баланд бар Мавлоно мехонд.
Мавлоно, нақши Ҳусомиддинро дар эҷоди ин асар нек дарёфта буд ва медонист, ки талаб ва хоҳиши ӯст. Аз ин рӯ, дар порае аз ашъори худ номи ин асари бузургро «Ҳусоминома» ниҳодааст:
Гашт аз ҷазби чу ту алломае,
Дар ҷаҳон, гардон Ҳусоминомае.
Забони Мавлоно дар Маснавӣ аз равшании xocе бархурдор аст. Дарвоқеъ бо забони мардум сухан гуфтааст. Вале бо ҳамаи ин осонӣ аксари абёти он душворфаҳм аст, то ҷойе, ки дар замони ӯ низ ёрон ва муридон, маънои порае аз абёти Маснавиро аз ӯ суол мекарданд ва ӯ барои онҳо бозгӯ менамуд.
Маснавӣ аз ашъоре иборат аст, ки дар як вазн суруда шуда ва дар ҳар байт ду мисраъ бо як қофия меояд.
Шоирон, одатан матлабу афкори доманадору васеъ ва ҳикоёту афсонаҳо ва ё ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ ва масъалаҳои ирфониро дар ин қолаб баён мекунанд. «Маснавӣ аз қадимтарин рӯзгорон дар шеъри форсӣ вуҷуд дошта ва дар нахустин намунаҳои шеъри форсӣ, ки яке аз онҳо шеърҳои «Шоҳнома»-и Масъуди Марвазист, ин қолабро мушоҳида мекунем. Муаллифи тазкираи «Ҳафт осмон» гӯяд: ва Маснавӣ ҳамчун рубоӣ ва ғазал аз офаридаҳои Аҷам аст ва пешиниёни араб аз эшон фаро гирифтанд. Ва муздаваҷ ном карда…».[6]
Маснавӣ аз оғоз ва овони таълифаш, дар маҷолиси рақс ва самоъ хонда мешуд ва ҳатто дар даврони зиндагии Мавлоно ва пас аз он, табақае бо номи Маснавихонон падид омаданд, ки Маснавиро бо савту овози дилкаш мехонданд. Аз ин рӯ, рафта- рафта Маснавӣ дар радифи мусиқии халқӣ ва суннатии эронӣ ҷойгоҳи вежа пайдо кард ва бад ин тартиб Маснавӣ дар тамоми овозҳо ва дастгоҳҳои мусиқии эронӣ ва махсусан маҳаллӣ интишор ёфт.
Маснавӣ китобест таълимӣ ва дарсӣ дар заминаи ирфон ва усули тасаввуф ва ахлоқу маориф. Маснавӣ дарёи жарфест, ки дар он метавон ғаввосӣ кард ва ба намунаҳои гуногуни гавҳарҳои маънавӣ даст ёфт. Бо ин ки то он замон китобҳои арзишманд ва гаронқадре назири «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттори Нишопурӣ ва «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа»-и Саноӣ ва «Гулшани роз»-и Шабистарӣ аз муҳимтарин китобҳои ирфонӣ ва сӯфиёна ба шумор мерафтаанд, вале бо зуҳури Маснавии Мавлоно ҳамаи онҳо дарвоқеъ таҳти таъсири он қарор гирифтанд.
Маснавӣ китобе нест, ки тобеи фаслбандиҳои суннатӣ ва қолабию анъанавӣ ва расмӣ бошад. Балки бештар тобеи услуби Қуръонист. Мавлоно зимни баҳс дар нуқтае ба ёди воқеаи машҳуре меафтад ва дар он бора баҳс мекунад. Ӯ ҳикоятеро барои худ бозмегӯяд. Он ҳикоят поёни як асли суфиёнаро талаб мекунад. Ҳангоми нақли он як масал, ӯро ба гуфтани ҳикояти дигар мекашонад. Ин ҳикоят ҳам воқеаи муосирро дар зеҳни ӯ ҷон мебахшад. Ногаҳон ҳикояти дигари фалсафии нуҳуфтаи худро ба ёди ӯ меорад. Дафъатан ба ҳикояти нахустин бозмегардад, вале қабл аз поён додан ба он ҳикоят баҳси дигар ва аз он баҳс ба ҳикояти дигар мепардозад муддатҳо баъд, барои чанд минвол боз ба ҳикояти дигар бармегардад ва онро ба поён намерасонад.
Яке аз хусусиятҳои дигари услубӣ ва забонии Маснавӣ такрори матлабҳо мебошад, вале ин такрорҳо дар сурат аст ва дар маъно такрор нест. Ҳар кадом аз масъалаҳои такроршуда дар Маснавӣ нуктае тоза ва хуб аст ва дар ин замина низ тобеи услуби Қуръонист. Ҳарчанд мумкин аст, ба диди зоҳирбинон такрор ояд, вале зиракони нуктасанҷ дар он тозагӣ мебинанд.
Дигар он ки достонҳо ва ҳикоятҳои пешин ба сурати хушк дар Маснавӣ наомадаанд. Балки маводи ташкилдиҳандаи онҳо монанди мум дар дасти ҳунарманди Мавлоно нарм аст ва ӯ бар асоси мақсади худ бар онҳо шакл медиҳад.
Хусусияти хоси Маснавӣ се навъ мухотаб доштани он аст: ом, хос ва баргузида. Порае аз абёти Маснавӣ мутаваҷҷеҳи оммаи мардум аст. Гуё, ки Мавлоно дар маҷлиси вазъ ва хитоба ҳозир шуда ва суханоне дар сатҳи фаҳми умум ва зеҳнҳои мардум эрод мекунад. Аз қабили панду насиҳатҳое, ки ҳамагон ба қадри тавони худ аз он суханон баҳраманд мешаванд.
Ба таври куллӣ қиссаҳо ва тамсилу ҳикояҳое, ки хеле сода ва фаҳмо буда, саршор аз вожаву таъбирҳои омиёнаанд, ба онҳо равона шудааст.
Қисми дувуми мухатибон, шахсони хос ва дӯстони Мавлавианд. Мавлоно ба ёрони дамсоз ва ҳамдамон роҳ меёбад ва касоне, ки дар берун нишастаанд, он калимотро нопурра ва қисм-қисму пора-пора мешунаванд, онҳоро пеши худ калиди ношунидаҳо мекунанд. Ва ин гурӯҳ ба ду даста тақсим мешаванд: яке соҳибдилону покдилон, ки ба ҳақиқати ростгӯиҳои Мавлоно бо ҳамдамонаш пай мебаранд. Ва дигар он гурӯҳе, ки ботини пок ва вораста надоранд, балки аз рӯи шубҳаву гумон мешунаванд, аммо ба асрори он роҳ намеёбанд. Балки ба қавли Мавлоно, инон ҳарфи орифони ворастаро медузданд, то содалавҳонро ба доми худ афкананд.
Ва бахши савум мухотибони олӣ ё интихобшудаву баргузида мебошанд. Мавлоно дар ҳолати ҷазба ва шӯри ишқ ва ё муроқибат бо онҳо гуфтугӯ мекардааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба иштиёқи муридон дар пай бурдан ба маъно ва мақсуди Мавлоно дар Маснавӣ гоҳ байте аз абётро мавриди суол қарор медоданд ва ӯ ба шарҳ ва тафсири он мепардохт. Ба ҳамин лиҳоз метавон гуфт, ки нахустин шореҳи Маснавӣ худи Мавлоно будааст. Ва илова бар он ки абёти Маснавӣ, муфассири худ аст, дигар осори ӯ ба хусус «Фиҳӣ мо фиҳӣ» наздикӣ ва шабоҳати бисёре ба маонии Маснавӣ дорад.
Метавон гуфт, ки дар «Фиҳӣ мо фиҳӣ» аксари фикрҳо ва ақидаҳои дар Маснавӣ ба шакли шеърӣ баён ёфта, тариқи наср содатар ва фаҳмотар тафсир шудаанд.
Сарвату ғаномандии забони Маснавӣ бесобиқа ва рангин аст. Дар баробари корбурди захираи пурсарвати вожагон ва калимаҳои ноби тоҷикӣ-форсӣ ӯ аз таъбироти арабӣ, туркиву юнонӣ ба таври васеъ истифода бурдааст. Ҷаҳони сухан ва каломи Маснавӣ ба он ки то имрӯз мавриди таҳқиқ ва пажуҳишҳои доманадоре қарор гирифта, дар ин мавзуъ асарҳои зиёде таълиф ва чоп шудаанд, омӯзиш ва таҳқиқи алоҳидаи доманадореро интизор аст. Забони «Маснавӣ» саршор аз қолабу таркибҳои знндаи забони халқӣ буда, имрӯз ҳам барои аксарият қобили фаҳму дарк аст. Танҳо низоми феълӣ ва истифодаи таркибҳои феълӣ дар Маснавӣ ва таҳқиқу пажуҳиши он барои аз нав барқарор кардани низоми феълии забони тоҷикӣ ва муайян кардани хусусияҳои хоси феъли забони тоҷикӣ аҳаммияти бесобиқа дорад.
Он нукта, ки Мавлавӣ парвардаи обу хоки Хуросону Мовароуннаҳр буда, ашъори ӯ саршор аз таъбиру ибора ва вожаҳои хоси ин диёр ва забони тоҷикист, ба касе пушида нест ва онро аксари муҳаққиқон ва пажуҳишгарон тасдиқ кардаанд.
Инак барои исботи ин фикр аз ибораву таъбирҳои хоси забони тоҷикӣ дар Маснавӣ чанд намуна меорем:
БУРУТ: мӯйҳои пушти лаби мардон. «Боди бурут» киноя аз худбинӣ ва саркашӣ аст:
Оташе к-ӯ бод дорад дар бурут,
Ҳам яке боде, бар ӯ хонад ямут.
БЕРӮЗӢ: маҳрум, бенасиб, бадбахт, нолон; маҷозан муфлис:
Ҳар кӣ ҷуз моҳӣ зи обаш сер шуд,
Ҳар кӣ берӯзист, рӯзаш дер шуд.
Берӯзӣ аз вожаҳои асилу маъруфи тоҷикон аст ва имрӯз ҳам дар байни мардум ба ҳамин маънӣ дар истеъмол аст.
БЕСТ: мухаффафи биист, сабр дошта бош, феъли амр аз масдари истодан, ки имрӯз дар забони мардуми мо ба таври фаровон истифода мешавад:
Ту магӯ, ки ман гурезонам зи нест,
Балки ӯ аз ту гурезон аст, бест.
Ё:
Гуфт: «Аз дарди фироқат нестам,
Кай дар ин фикру тафаккур бестам».
Феъли «бест» низ имрӯз тақрибан бо айни шакли талаффуз дар байни сокинони Тоҷикистони ҷанубӣ ривоҷ дорад ва бад-ин шаклу талаффуз дар забони адабӣ ба ҳайси унсури лаҳҷавӣ шинохта шудааст. Намунае, ки дар «Маснавии маънавӣ» дида мешавад, ин назарро пурра ботил месозад. Илова бар ин, шаклҳои дигари феълии он ба монанди бестам, бестанд низ дар «Маснавии маънавӣ» дида мешавад, ки андешаи моро тақвият медиҳад.
ДАҲДИЛА: маҷ. ҳавасбоз, касе, ки дилаш ҳар дам ҳавои касе кунад, дурӯя, мунофиқ, чандчеҳра. Дар «Маснавии маънавӣ» бо истифодаи шумораи даҳ калимаҳое чун даҳдила, даҳдаҳӣ ва даҳкаса сохта шудааст.
ДАҲКАСА: даҳнафара. Дар ин ҷо даҳ бародар:
Мешавад з-илҳомҳову васваса
Ихтиёри хайру шарри даҳкаса.
ДОВ: ба маънои навбати бозӣ дар қимор. Дар ин ҷо ба маънои ҳила ва зиракӣ:
Пойи гов андар миён орӣ зи дов,
Рав, надӯзад Ҳақ бар аспе шохи гов.
ДОДАР: бародар, дӯст.
Он Зиёулҳаққ хушилҳом буд,
Додари он тоҷи Шайхислом буд.
Додар аз калимаҳои хоси забони тоҷикист, ки дар «Маснавии маънавӣ» дар қатори як силсила вожаҳои дигар истифода шудааст. Додар ба маънии бародари хурдӣ ва ҳангоми муроҷиати калонсолон ба мардони ҷавонтар низ истифода мешавад. Решаи ин вожа шояд «додор» ба маънои Худованд ба забони портӣ бошад. Шояд асоси ин калима «до» бошад ва «до» маънии хурдӣ дошта бошад, зеро дар калимаи бародар қисми бар бузургӣ ва калонро ифода мекунад.
ЗАП: осон, ройгон. «Заб» низ саҳеҳ аст:
Чашм гардон сӯйи росту гӯй чап,
З-он ки набвад бахтномай рост зап.
Зап калимаи хоси забони тоҷикӣ буда, имрӯз ҳам дар шакли зап ва заб ба маънии аҷаб, басо, осон истифода мешавад. Корро заб осон мекардаст ва ғ.
ИСТОНИД: мутаваққиф кард, боздошт, таваққуф кард:
Маркаб истонид, пас овоз дод,
Он салому он амонат боз дод.
Шакли бавоситаи феъли истодан, ки истонидан аст, дар забони адабии имрӯз камтар истифода мешавад, вале дар баъзе лаҳҷаҳои Тоҷикистон то ҳанӯз ҳам ривоҷ дорад: Мошинро ҳамин ҷо истонед (истоёнед) – (лаҳҷаи Хуҷанд).
КОҲДУД: исми мураккаб аст ва ба маънои дудест, ки аз сӯхтани коҳ бархезад. Аллома Деҳхудо дар ёддошти худ менависад: дар қадим расм буд, ки қарздоре агар қарзи худро намепардохт, талабкор миқдори коҳ бар дари хонаи ӯ меовард ва дуд мекард. Бад-ин муносибат коҳдуд гузоштан ва коҳ дуд кардан киноя аз талаби ҷиддӣ ва сахт гирифтан бар қарздор аст:
Боз нақши ҳамла меовард зуд
З-ин таарруф дар дилаш чун коҳдуд.
Коҳдуд имрӯз дар забони тоҷикӣ ба шакли каҳдуд андохтан барои дур сохтани кӯрпашша ва дигар ҳайвонот (махсусан хазандаҳо) аз хонаву дар истифода мешавад.
КУРТА: пироҳан:
Чоруқат рабъи кадомин Осаф аст,
Пӯстин гӯйӣ, ки куртай Юсуф аст.
Ҳам курта ва ҳам вожаи чоруқ ба маънои пойафзол, ки аз пӯсти хоми ҳайвонот медӯхтанд, калимаҳои хоси тоҷикӣ буда, имрӯз ҳам дар истифодаанд.
МОШБО: оши мош. Ин шакли калимаи мураккаб сохтан (шӯрбо, мошбо) дар номгузории хӯрокҳои тоҷикӣ зиёд вомехӯрад:
Ман бигӯям: «Шукр,чӣ хӯрдӣ або?»
Ӯ бигӯяд: «Шарбате ё мошбо».
НАҒЗ: хуб, неку, латиф, бадеъ.
З-он ки ӯ пок асту Субҳон васфи ӯст,
Бениёз аст ӯ зи нағзу мағзу пӯст.
ПАРЕР: пареррӯз, ду рӯз пеш:
Ҷанг мекарданд ҳаммолон парер,
Ту макаш, то ман кашам ҳамлаш чу шер.
Ин калима имрӯз ҳам ба ҳамин шакл: парер, парерӯз, парерсол (ду сол пеш) вуҷуд дорад. Порсол як сол пеш, соли гузашта.
ПОЛЕЗ//ПОЛИЗ: боғ, бӯстон, гулистон, киштзор, замине, ки дар он харбуза ва тарбуз кошта шавад:
Мурда пеши ӯ кашӣ, зинда шавад,
Чирк дар полез рӯянда шавад.
Дар ин байт ду вожаи тоҷикиасл «полез» ва «чирк» истифода шудааст. Ин калимаҳо хоси забони Хуросону Мовароуннаҳр буда, полез имрӯз низ дар забони тоҷикӣ васеъ, бештар ба маънии ҷойи коридани харбузаву тарбузи лалмӣ истифода мешавад. Маънои васеи он боғ, бӯстон, гулистон, киштзор буда, полезбон, полезбонӣ, полезгоҳ аз ҳамин калима сохта шуданд. Калимаи «чирк» дар «Маснавии маънавӣ» ба маънии пору омадааст, вале маънии аслии он ғаждӣ, чиркинӣ, ифлосӣ мебошад.
ҶУВОЛ: – халтаи бузург. Халтаи бузурге, ки аз нах ва порчаи ғафс дӯзанд ва бо он бор мебаранд.
Рост н-ояд бар шутур ҷуфти ҷувол,
Он яке кӯчак ва он дигар камол.
Ҷувол дар забони тоҷикӣ имрӯз ҳам истифода мешавад ва дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (с.791-792) дар ин бора чунин омадааст: ҷувол 1. халта ва ё тӯрбаи калон, ки аз қанор хурдтар буда, дар он ғалла ва чизҳои дигар меандозанд. 2. киноя аз бадан. Шакли хурдию навозишаш ҷуволак – ҷуволча ва шакли арабишудааш ҷуволақ буда, бо он калимаи мураккаби ҷуволгӯша сохта шудааст.
ШАРФА: садои по, ҳар садоро низ «шарфа» гӯянд. Ин вожа ҳам дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ хеле ривоҷ дорад.
Шарфае бишнид дар шаб муътамад,
Баргирифт оташзана, к-оташ занад.
ШИРГАРМ: мулоим, гарм ба андозаи гармии шири тоза дӯшида:
Гуфт: «Обаш деҳ, валекин ширгарм».
Гуфт: «Лоҳавл, аз туам бигрифт шарм».
Дар маҷмуъ, забони ифодаву баёни Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» беҳтарин намунаи забони тоҷикӣ дар ҳамаи давру замонҳост, ки ба шукӯҳи пойдору шуҳрати деринаи ин забон азамати тоза ва эътибори мондагор зам кардааст.
Аҳамияти пажуҳишҳои илмӣ дар робита бо осори ин донишмандро ба назар гирифта, Президенти кишвар мефармояд: «Пажуҳиши ҷанбаҳои гуногуни эҷодиёти Мавлавӣ ва дарки осори ӯ дар Тоҷикистон акнун вусъати тоза пайдо мекунад ва ин таҳқиқот бояд бар появу бунёди илмӣ устувор бошад. Таҳқиқи забони асарҳои Мавлавӣ барои аз нав зинда кардани унсурҳо ва таркибҳои гуногуни калимасозӣ ва мавриди истифодаи умум қарор додани истилоҳот ва таъбирҳои ноби тоҷикӣ аҳаммияти вижа дорад».[7]
Назарзода Сайфиддин, доктори илми филология, узвм вобастаи АМИТ, мудири шуъбаи фарҳапнгнигорӣ ва истилоҳоти
Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ
Адабиёт
1. Абдулҳусайни Зарринкӯб. Сирри най (иборат аз 2 ҷилд), ҷилди 1. – Теҳрон, 1373//1959.
2. Бадеуззамон Фурӯзонфар. Шарҳи аҳвол ва осори Мавлоно. – Душанбе: Довар Ибтиҳоҷ, 2007.
3. Карими Замонӣ. Шарҳи ҷомеи «Маснавии Маънавӣ». Дар 7 ҷилд, ҷ.1. Теҳрон, 1387.
4. Карим Замонӣ. Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ. –Теҳрон, 1383//2005.
5. Мирсаидов Б. Ҳусомиддин дар ҷаҳони андешаи Мавлоно ва мавлавиён. –Хуҷанд; 2014.
6. Назарзода С., Мискинов И. Вожаномаи Маснавии Маънавӣ. –Душанбе, 2007.
7. Одилов Н. Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ. – Душанбе, 1964.
8. Сабзаев С. Забон ва сабки баёни Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. – Душанбе, 2014.
9. Саидзода Ҷ. Ҷалолиддини Балхии Румӣ. – Душанбе, 2008.
10. Саломов М. Вижагиҳои савтӣ, маъноӣ ва маҷозию фразеологии забони шеъри тоҷикӣ (дар асоси ғазалиёти шоирони асрҳои XII-XIV). –Душанбе, 2017.
11. Султон, Мирзо Ҳасан. Ҷилваи ҷамоли забони тоҷикӣ дар ашъори Мавлоно. // Дин ва ҷомеа. №11, ноябри 2018.
12. Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат-ҳастии миллат. ҷ.2, 2020.
13. Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор.-Душанбе, «Эр-граф», 2016.
Соли 2025 барои халқи тоҷик бо як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ ва сарнавиштсоз зебу зиннат ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як иқдоми фарҳангиву маънавии беназир, ду ҷилди китоби безаволи «Шоҳнома»-и Ҳакими Тӯсӣ - Абулқосими Фирдавсиро бо забони тоҷикӣ ба табъ расонида, онро ҳамчун туҳфаи арзишманди маънавӣ ба ҳар як хонадони кишвар тақдим намуданд.
Ин амали неку бедод дар таърихи фарҳангии давлатдории навини тоҷикон ҳамчун як рамзи баланди эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва мероси пурғановати гузаштагон ворид мегардад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воситаи чунин иқдом нишон доданд, ки фарҳанг ва адабиёт барои миллат танҳо ганҷи маънавӣ набуда, балки пояи худшиносиву Худогоҳӣ, Ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардум аст.
Шоҳнома дар қалби ҳар як тоҷик мавқеи махсус дорад. Он на танҳо як достони қаҳрамониву шоҳона, балки як китоби зиндагии маънавист -шиносномаи Ориёӣ, муаррификунандаи решаҳои тамаддуни миллати тоҷик ва поягузори ифтихору нангу номуси миллӣ. Нашри ин асари нодир аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як паёми равшан ба ҳар шаҳрванди кишвар аст: мо дорои таърихем, дорои фарҳангем, ва моро мебояд, ки ин бузургиро бишиносем, ҳифз кунем ва ба оянда барем.
Бо рӯҳбаландӣ аз ин иқдоми маънавӣ ва бо ҳадафи таъмини иштирок ва бедории фарҳангии омма, соли 2026 бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ Озмуни Ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” эълон гардид. Ин озмун, ки ба яке аз шоирон ва китобҳои абадии тамаддуни форсӣ-тоҷикӣ бахшида шудааст, худ як гоми муҳими дигар дар роҳи баланд бардоштани маърифати миллӣ ва эҳёи анъанаҳои адабпарварии миллат мебошад.
Муҳимтарин ҷанбае, ки озмуни мазкурро аз дигар чорабиниҳои фарҳангӣ фарқ мекунад, он аст, ки барои дастгирии он фонди махсус аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, ки маблағҳои он хеле калон буда, ба қадрдонии ғолибон ва ҳавасмандсозии иштирокчиёни фаъол нигаронида шудааст. Ҷоизаҳои озмун на танҳо дар шакли мукофоти пулии назаррас, балки дар шакли эҳтироми давлатӣ, таваҷҷуҳи васеи ҷомеа ва имкониятҳои рушди шахсӣ ба ғолибон дода мешаванд.
Бо роҳандозии чунин иқдом, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуданд, ки сарнавишти фарҳанги миллӣ, забони модарӣ ва худшиносии таърихии тоҷикон барои эшон танҳо як шиор нест, балки як рисолати муқаддас ва масъулияти бевосита мебошад. Озмуни “Шоҳномахонӣ” танҳо як озмун нест - ин як ҷараёни тарбиявӣ, як мактаби маънавӣ ва як ҳаракати бузурги худшиносӣ дар сатҳи умумиҷумҳуриявист, ки метавонад тамоми ҷомеаро, аз кӯдакон то бузургсолон, ба маърифати миллӣ пайвандӣ диҳад.
Суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки “Миллате, ки гузаштаи хешро намешиносад, имрӯз ва фардо надорад”, имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар дар амал татбиқ шуда истодааст. Чопи Шоҳнома дар ҳар хонадон ва ташкили озмуни Шоҳномахонӣ намунаи барҷастаи сиёсати фарҳангмеҳвари давлат ва рӯҳияи фарҳангсолории роҳбарияти олии кишвар аст.
Ҳар байти “Шоҳнома”, ҳар шахсияти таърихӣ, ҳар рӯйдоди гуфташуда дар он, имрӯз метавонад ба ҷавони тоҷик сабақ бошад, илҳом бахшад ва як гӯши равшане аз таърихи миллатро боз намояд. Ва вақте ки ин китоб аз дасти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дасти мардум мерасад, он дигар танҳо як асар нест - он рамзи пайвандии наслҳост, рамзи Ваҳдату Худогоҳист, рамзи эҳтиром ба гузашта ва бовар ба оянда аст.
Шоҳнома дигар танҳо як китоби таърих нест - он садои ниёгон аст, ки имрӯз аз забони Пешвои миллат ба гӯши миллат мерасад.
Пешвои миллат, раҳнамои мо,
Дар ҳар дам раҳнамою ёри мо.
Шоҳнома боз ба мардум армуғон,
Ҳамчун чароғе ба шабҳои замон.
Миллат бардошт аз раҳнамоии ӯ,
Бо меҳр шуд рӯ ба фардои ӯ.
Бо созишу муҳаббат сохт кишвар,
Бо Ваҳдату иттифоқу меҳр агар.
Ҳар хонадон шуд равшану нурбор,
Бо фарҳангу илму бо гуфтори ёр.
Агар набуд Пешво дар замон,
Намемонди меҳрро дар дил ҷовидон
Аминова Нигора Аминовна н.и.т, муд. озм.“Маводшиносӣ”. МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(дар ҳошияи Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ 27 сентябр)
Ҳамасола 27 сентябр дар ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (World Tourism Day) таҷлил мегардад. Ин рӯз аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ соли 1979 дар шаҳри Торремонилоси Испания таъсис дода шудааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз соҳаҳои даромадноки иқтисодиёти ҳар давлат маҳсуб шуда, бо назардошти муҳимияти ин соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир барои рушду пешрафти он тадбирҳои муассир меандешад. Ҳадафи он тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ байни давлатҳо ва мардумони гуногуни дунё мебошад.
Дар шинохти кишварҳову минтақаҳо донистани таърих, фарҳанг, маданият, сарватҳои табии, мардум ва ҷойгиршавии ҷуғрофии ин ё он маҳал хело муҳим арзёбӣ шуда, дарк ва омӯзиши дурусти он заминаи хубест барои кашф ё ихтирооти тоза, ки сабаби рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоии мардумони он хоҳад буд. Аммо барои дарёфти иқтисодии ин шинохт бояд ба нуқоте таваҷҷуҳ кард, ки ин ё он маҳал дорои сарватҳову шароитҳоест, ки моликияти табиии худашон буда, метавон бо кашфи дурусти он заминаи хуби тиҷоратӣ ва молиро ба вуҷуд овард.
Яке аз он дороиҳо бахши туризм ё сайёҳат буда, ки ин ё он маҳал дар худ онро дорад ва аз ин рӯ кашфи дуруст ва муносиби он барои дарёфти заминаҳои иқтисодӣ хело муҳим маҳсуб мегардад, ки бисёре аз мову шумо онро ҳанӯз ба назари ҷиддӣ наменигарем. Ба ҳама маълум аст, ки туризм ё ҷаҳонгардӣ яке аз василаҳои даромадноки бисёре аз мамолики дунё аст, ки солона аз он миллиардҳо маблағ фоида ба даст меоранд. Мисоли онро метавон дар бештари кишвари дунё ва хусусан дар баъзе манотиқи Ҷануби Осиё ба мисли Ҳиндустон, Покистон, Молдиф, Шриланка ва ғайра мушоҳида кард, ки солона аз туризм миллионҳо пули нақд фоида ба даст меоваранд. Бояд дониста монем, ки дар таърифи туризм ин нуқта ишорат шудааст, ки бояд онро хубу дақиқ дар ёд гирифт, то мафҳуми амалии он ҳосил шавад.
Туризм ё гардишгарӣ "маҷмуи фаъолиятҳои фард ё афродест, ки ба макони ғайр аз макони оддии зиндагии худ мусофират карда, ҳадди ақал як шаб ё давоми сол дар онҷо иқомат мекунанд, ки ҳадафи онон гузаронидани лаҳзаҳои фароғатии худ мебошад".
Калимаи туризм аслан аз решаи лотинии "тарн" маъхаз гирифта, маънои давр задан, рафту баргашт ва чархишро мефаҳмонад.
Тибқи пешгӯиҳо, туризм сол то сол рушд ёфта, то соли 2018 дар маҷмӯъ зиёда аз 1 миллиард нафар турист ватани худро тарк карда, барои сайру гашт баромаданд, ки коршиносони соҳа ба ин назаранд, ки шумораи онон то соли 2030 беш аз 17 миллиардро ташкил хоҳад дод. Ва ин пешгӯиҳо гувоҳи он аст, ки соҳаи туризм яке аз соҳаҳои даромадноктарини кишвар маҳсуб меёбад, ки бояд ба он таваҷҷуҳи бештар дода шавад.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббус ва иқдоми неки Президенти Тоҷикистон чанд сол аст, ки кишвар ҳамчун "соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидааст, то мо тавонем, аз аҳамиятҳои стратегии туризм ё ҷаҳонгардӣ огаҳиҳои хуб ба даст оварда, тавассути амалисозии дурусти он рифоҳу хушҳолиро барои мардуми кишварамон фароҳам оварем. Бори дигар Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ аз раванди саноаткунонӣ, маорифу таълиму тарбия, солими ҷомеаи кишвар ва дигар ҷанбаҳо ёдовар шуда, соҳаи туризм ва рушди онро хело зарурӣ дониста, аз роҳбарони ин соҳа тақозо карданд, ки ҳар чи бештар ба он таваҷҷуҳ диҳанд, зеро он заминаи муносиб ва хубест барои некуаҳволии мардуми кишвар ва муаррифии табиату иқлими он.
Бояд қайд кард, ки минтақаи Осиёи Миёна ва Қафқоз аз манотиқи таърихиест, ки дорои осору ганҷина ва маданият ва санъату маҳоратҳои хоси мардумии худро дорад. Ин ганҷинаҳо ва осори таърихӣ дар аксари навиштаҷот ва таълифоти муаррихини ғарбу шарқ, арабу аҷам зикр шудааст, ки то имрӯз дар санадҳои расмӣ ва шахсии онон маҳфузу маъруфанд. Муаррихони араб минтақаро бештар бо номи Мовароуннаҳр мешиносанд, ки боиси ифтихор аст, ки кишвари Тоҷикистон шомили ин минтақа буда, “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” муаррифӣ кард, то гардишгарон ва муаррихини ҷаҳон аз ин осор маънавиёту кайфиёт ба даст оваранд. Барои бознигарӣ ва мурур аз ин осор ва ҳунарҳои мардумӣ хостем таҳлилу шиносоие ба баъзе аз манотиқи кишвар ва Тоҷикистон дошта бошем, то маълумотнома ва саҳифаи таърихро барои гардишгарон ва сайёҳон бозгӯшоӣ намоем.
Тоҷикистон имрӯз дарвозаҳои тиҷоративу дипломатиашро бо тамоми кишварҳои дунё боз намудааст, то мардумони кишварҳо тавонанд аз иқлимиву маконҳои сайёҳатӣ баҳравар шаванд. Яке аз минтақаҳои сайёҳатии Тоҷикистон дараи Ромит мебошад, ки аз мамнуъгоҳҳои машҳури кишвар ба шумор меравад ва тибқи бархе аз сарчашмаҳо соли 1951 ташкил ёфтааст. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар зимни ноҳияҳои дигари кишвар дараи Ромит низ чун минтақаи табобатию санаторӣ, истироҳатӣ ва туризм эълон гардидааст, ки гоми некест дар рушди иқтисодию тиҷоратии кишвар.
Ромит ҳамагӣ 20 км дуртар дар ҳамсоягии шаҳри Душанбе қарор дошта, зери сарпарастӣ, мудирият ва роҳбарияти ноҳияи Кофарниҳон ва шаҳри Ваҳдат фаъолият мекунад. Масофаи он зиёда аз 15 ҳазор га буда, шаклаш намуди секунҷаро инъикос мекунад. Иқлимаш ба қисми қаторкуҳҳои Ҳисор тааллуқ дошта, миқдори боришот ба 800-1000 мм мерасад. Ҳарорати ҳаво 9,8 дараҷа буда, қабатҳои барфҳо то моҳи март боқӣ мемонад. Поёнтарин нуқтаи дараи Ромит дар баландии 1176 м. ва баландтарин он дар баландии 3195 м. аз сатҳи баҳр қарор дорад, ки заминаи хубест барои куҳнавардон ва гардишгарони дохиливу хориҷӣ ва меҳмонони пойтахти кишвар.
Ҷамоатҳои деҳоти Баҳор, Симиганҷ, Чуянгарон ва Ромит аз маҳаллоти сукунатӣ ва иқтисодии ин минтақа буда, ки аҳолии он беш аз 77 ҳазор мебошад, ки бо ҳунарҳои мардумӣ ва меҳмоннавозии сокинон ва гардишгаронро пазироӣ мекунанд. Минтақаи Ромит дорои табиати хос аст, ки садои шаф-шафи дарёву куҳҳои ҷаззобу зебоманзараш ва сангҳои азимҷуссаву бешачаҳои анбуҳшакл, бо кабкҳои хушовозу шоҳинҳои баландпарвозаш дарраро бо дили софу беғубор чок карда, меҳмононашро истиқбол мегирад.
Бояд зикр кард, ки инҷо яке аз манотиқи стратегӣ барои гардишгарӣ қабул шуда, барномаву лоиҳаҳои рушди туризмро мавриди омӯзиш қарор дода, амалӣ мегардонад. Тибқи сарчашмаҳои расмӣ минтақа дорои гармхонаи тобистона, фабрикаи паррандапарварӣ, корхонаи консервабарорӣ, идораи асалпарварӣ, боғи таълимӣ, лагеру ва маконҳои зиёде барои истироҳат ва сайру гашт ташкил шудааст, ки баъзе аз онҳо марбути муассисаҳои гуногуни кишвар буда, бо ҳамоҳангии онҳо барномаву маҳфилҳои рангоранг дар вақтҳои муносиб барпо мегардад. Бояд зикр кард, ки дара дорои марказҳо ва шаҳракҳост, ки Ёз, Явраз, Нозиробод, Личак, Шоразм, Гулангарон, Ёс, Тисеман, Калтуч ва Ромит аз ҷумлаи онҳо буда, гармчашмаи шифоии "Зайрон" ягона маҳалли табобатӣ ва фароғатӣ дар минтақа шинохта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чун муассисаи калони академикӣ ва илмии кишвар дар рушд ва нумуи гуногуни кишвар аз ҷумла туризм ва гардишгарӣ саҳм дошта, дар лоиҳаҳои сайёҳатӣ ва фароғатии Ромит низ шарики стратегӣ шуморида мешавад. Намунаи онро метавон дар созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳо ва ҶДММ Зайрон "Оби шифои Зайрон"-и Ромит донист, ки аз соли 2010 инҷониб қабул шудааст. Тарафҳо дар нақша гирифтаанд, ки лоиҳаи мазкурро рушд дода, ягона маркази табобатии обии ин минтақа, яъне гармчашмаи табобатии "Оби шифои Зайрон"-ро ба стандарҳои байналмилалӣ мутобиқат созанд, зеро он дар наздикии пойтахт қарор дошта, аз яке аз манотиқи гардишгарӣ ва дармонии кишвар барои сокинон ва меҳмонони Душанбешаҳр маҳсуб мегардад.
Бояд зикр кард, ки як бахши асосии туризмро гардишгарии табобатӣ ё дармонӣ ташкил медиҳад, ки аз гузаштаи таърих мавҷуд буд, вале то асри пеш аз ҳаждаҳум ба он таваҷҷуҳи бештар намедоданд. Аммо дертар баъзе кишварҳо хусусан Бритониё, ки дорои чашмаҳои шифобахши табиист, саривақт ба он таваҷҷуҳ кард ва заминаҳои хуберо барои истифода аз он мавриди амалкард қарор дод, то имрӯз натиҷабахш ба назар мерасанд. Дар ҳақиқат туризми дармонӣ ҳам сарватест, ки бояд аз он ба таври бояду шояд истифода кард, то заминаи хуби иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои мардуми кишвар ба вуҷуд ояд ва зиндагии гуворотар барояшон арзонӣ гардад. Ва ногуфта намонад, ки ҶДММ "Зайрон" чун чашмаи шифоии куҳӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа қабул шуда, ба системаи хунгардӣ, мушакҳо, узвҳои ҳаракат ҷисм, касалиҳои пӯст, бемориҳо заҳролудшуда аз металҳо, бемориҳои флебит ва тромбофлебит ва дигар аъзои бадан таъсирбахш мебошад. Бо эҷоди имконот ва шароити бештари туристии дармонӣ ба мисли истифода аз равишҳои гиёҳдармонӣ, алафчойҳо, майдончаи варзишӣ, китобхонаи сайёҳӣ[3] ва иртиботу бозорёбӣ метавон ин минтақаро, ки дар наздикии Душанбешаҳр қарор дорад, ободу зеботар гардонд. Теппаву кӯҳҳои инҷо заминаи хубе мебошанд, дар рушд ва нумуи варзиши кӯҳнавардӣ ва таълимгоҳи ошиқони он.
Воқеан агар ҳар фарде ба чашми хирад назаре ба кишвари Тоҷикистон бияндозад, ошкоро мебинад, ки дар инҷо ҷойҳову осори нокашфшудаест, кашфу дарёфти онон заминаи хуби иқтисодиву тиҷоратӣ барои гардишгарон ва мардуми он хоҳад буд. Худи Душанбе бо навоҳии атрофаш ҷоест, ки онро теппаву дарраҳои зебоманзар ба монанди Варзобу Ромит, Теппаи Самарқанду Чашмаи Мағмурут ва ғайра иҳота кардаанд, ки аз марказҳои фароғативу туристии шаҳр маҳсуб ёфта, маконҳои ҷаззобу дилкаш барои меҳмонону мусофирон мебошанд. Барои ҳамин шаҳрдорӣ ва роҳбарони манотиқи мазкур лоиҳаҳои тавсиа ва тақвияти рушди деҳот ва туризмро ба назар гирифта, шароитсозии муносибу муосирро барои ин маконҳо ҳар чӣ зудтару оҷилтар фароҳам оваранд, то сокинону меҳмонони Душанбешаҳр аз он барҳравар шаванд.
Боиси ёдоварист, ки кишвари Тоҷистон дар санаи 9-уми сентябри соли 1991 истиқлилояти худро ба даст овард ва тавонист имрӯз яке аз амнтарин кишварҳои дунё гардад. Бо ноил шудани чунин ифтихорнома ва доштани фазои орому амн Тоҷикистон, “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, то сокинонаш ва мардуми ҷаҳонро аз табиати зебову обҳои мусаффо, расму оину тамаддунҳои бостонии худ, осори қадима ва фарҳангу ганҷинаҳои таърихиаш, муаррифӣ ва ошно намуда, ба машомашон насими "буйи ҷуйи мулиёну ёди ёри меҳрубон"-ро мерасонад.
Кишвари мо аз тарафи шимол бо Узбакистон ва Қирғизистон, аз ҷануб ва ҷануб шарқ бо Афғонистон ва Хитой ҳамсарҳад мебошад. Мо дар минтақаи Осиёи Миёна ё ба истилоҳи дигар Мовароуннаҳр ҷойгир буда, дорои таърихи куҳан ва маданият хос худ ҳастем, ки дар ҷаҳон шинохта, эътироф шудааст ва Душанбе пойтахти кишвар аст, ки бо чандин кишварҳои дунё бародаршаҳр эълон гардидааст, ки заминаи хубест барои рушди бахши гардишгарии кишвар.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистонро муқоиса бо дигар кишварҳои дунё бо доштани табиати ҷавону кашфношуда барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба таври зайл метавон муаррифӣ ва шиносоӣ кард:
Кишваре, ки дар худ Помир "Боми Ҷаҳон", бо номи қуллаи Исмоили Сомонӣ (зиёда аз 7000 м.), дарраву теппа, қаторкуҳҳои ҷаззобу шутурмонандро ҷой додааст.
Ҷойгоҳ ва макони тамаддуну осори қадимаи дунё ба мисли Қалъаи Ҳисор, Ҳулбук, қалъаи Оббурдони куҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Саразми ноҳияи Панҷакент ё Панҷруд (таърихи 5500 сола), дар номгӯи осори куҳани созмони ЮНЕСКО сабт гардида аст.
Бо мардуми ҳунарманду меҳмоннавоз, табиати софу беғубор, гиёҳҳои нодиру табобатӣ ва зиёфату пазироӣ бо оши палов, қурутобу шакароб, корабшурбову сиёҳалаф.
Бо гармчашмаҳҳои шифоии куҳии Бибифотимаи Бадахшон, Шоҳамбарии Ҳисор, Хоҷаобигарми Варзоб ва Обигарму Зумрат, ки обҳои табиашон пур аз файзу ганҷ буда, дар солимии ҷисмиву равонии аҳли башар манфиат мерасонанд.
Бо дарраҳои зебонманзари Ромиту Варзоб, Файзободу Ганҷобод, табобатгоҳу осоишгоҳҳои Исфараву Истаравшан, Хуҷанду Бадахшон ва Харангону Зайрон аз ганҷинаҳои дигари мебошанд, ки ба ҳар бемору гардишгар давоу истироҳат фароҳам меоваранд.
Бо оромгоҳу марқади пирони хирад ва васлгарони маърифат ва ошиқони ҳақиқат ба монанди Мирсайидалии Ҳамадонӣ (Кулоб), Мавлоно Яъқуби Чархӣ (Душанбе) Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (шаҳри Панҷруд), Абулайси Самарқандӣ (яке аз муридони мавлоно Яъқуби Чархӣ дар маҳаллаи Теппаи Самақандӣ), Мавлавӣ Ҷунунӣ (ҷамоати Роҳатӣ) ва Абӯмусои Ашъарӣ (куҳистони Мастчоҳ) ва ғ., ки зиёде мардуми дунё ошиқу дилбохтаи дидани онҳоянд, то аз машоми равони онон кайфияти маънавӣ дарёфт кунанд.
Бо бозору растаҳои қадимаи “Панҷшанбе”-и Хуҷанд, Истравшану Панҷакент, чойхонаву биноҳо бо санъатҳои меъморӣ ва ҳунари кандакории устодони чирадасти исфарагиву истаравшаниву хуҷандӣ ва дигар аз осори қадимаи минтақаи Осиёи Миёнаанд, ки гардишгаронро бо намуду зебоиҳояшон мафтун мекунанд.
Бо Душанбеи ҷавонаш, ки дар синаи худ қасри Миллату Сомон, кохи Наврӯзу Боғи Рӯдакиву Айнӣ, бинои китобхонаи пурҳашамати китобшакли камназири дунё ва осорхонаи диданбону замонавӣ бо доштани дуввумин калонтарин муҷассамаи Буддо ҷой додааст, ки аз меҳмонаш хуб истиқбол ва пазироӣ намояд.
Бо атласи хуҷандӣ, куртаи чакани кулобӣ, ҷӯробу попӯшҳои бадахшонӣ, нонҳову фатиркулчаҳои хосси зарафшонӣ, қурутобу шакароби махсуси тоҷикӣ аз сарвату бойгарии кишвари Тоҷикистон мебошанд, ки мавриди таваҷҷуҳи гардишгарони дохиливу хориҷӣ гардиданд.
Бо гузаргоҳи қадимаи Шоҳроҳи Абрешим, дарёҳову обҳои тозаву мусаффо, чашмаҳову обшорҳои муалло ва қаторкуҳҳои ҷаззоби куҳнавардӣ аз ғановатҳои кишваранд, ки имрӯз бештари гардишгарони сайёраро барои боздид ҷазбу ҷалб карда исдодааст.
Бо доштани рафтуомади хуби ҳамсоягӣ ва эҷоди равобити ҳасана ҳамчун анъанаи қадима миллати тоҷик зери шиори "Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо"...
Ҳамин тавр, Тоҷикистони навин бо фарҳангу русуми бостонӣ, бо геокомплексҳои гуногуни табиӣ, захираҳои рекреатсиониву сайёҳӣ ва мардуми меҳмоннавозу ҳунармандаш дар бештари мамолики дунё шинохт пайдо кардааст ва бо истифода аз стратегияи сиёсати "дарҳои боз", тавваҷуҳ ба рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ ва эҷоди мубодилаи таҷориби якдигар алалхусус бо шаҳрҳои дунё, ки бо Душанбе, Хуҷанду Кулоб ва Бохтар бародаршаҳранд, тавонист соҳаи туризмро рушд дода, фарҳанги сайёҳат ва дипломатияи мардумиашро тақвият дода, ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмии худро боз хубтару беҳтар сохт.
Хулосаи калом, дар қатори 10 давлати ҷолибтарин барои сайёҳон эълон шудани Тоҷикистон, ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар ворид гардидан аз рӯи таъмини амнияти шабона, ба қатори 19 шаҳр барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф шудани шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ҳама эътирофу эътибор ва мақоми ин кишвару мардумони меҳмоннавози онро дар арсаи байналмилалӣ боло бурад, Тоҷикистони сулҳофари озоду орому ободро миёни давлату халқи ҷаҳон беҳтару бештар муаррифӣ хоҳад кард.
Раҳмонов Мирсаид, ходими калони илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм





Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
