
АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
Шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273), ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти ӯро дар таълифоташон «Мавлоно ва тамуддуни инсонӣ» ҳамчун «ориф, шоир ва инсонгарои ростин» баҳогузорӣ намудаанд, аз зумраи он нобиғагони миллати куҳанбунёди мо, чун Ибни Синову Фирдавсӣ, Ҳофизу Умари Хайём аст, ки на танҳо дар Шарқи асримиёнагиву имрӯза, балки дар Ғарби Замони наву даврони муосир низ маълуму машҳур мебошад. Бо сабаби ин шуҳрату беназирии худ шахсият ва шеъри Мавлоно аз замони зиндагияш то имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи мутафаккирону шоирон, донишмандону муҳаққиқони зиёде аз кишварҳои гуногуни олам қарор доштааст.
Доир ба шахсият ва осори Мавлоно маълумоти зиёде дар тазкираву маъхазҳои гуногуни асримиёнагӣ ва таҳқиқоти илмиву осори бадеии муосир оварда шудааст. Бо зикри ақидаи чанде аз бузургони гузаштаву донишмандони муосир, ки дар поён оварда шудааст, метавон мақоми ин шахсияти нотакрорро дар илму фалсафа, адабиёту фарҳанги ҷаҳонӣ ба таври возеҳ дарк намуд.
Яке аз мутафаккироне, ки ба Мавлоно таваҷҷуҳ доштааст, ин адиби бузург Шайх Саъдии Шерозӣ (1181 ё 1205-1292) маҳсуб аст. Бояд иттилоъ дод, ки Мавлоно Ҷалолиддин бо шахсиятҳои бузурги замонааш вохӯрдааст, ки аз ҷумлаи онҳо дар маъхазҳо Саъдӣ, Фахруддини Ироқӣ, Қутбуддини Шерозӣ ва ғайраҳо зикр шудаанд. Ин аст, ки дар «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ ёддоштҳое чун «мардест покизабум, шиносову раҳбар дар ақсои Рум» ва «Донои Вахш» дучор меоянд, ки онҳоро муҳаққиқони муосир ишора ба шахсияти Мавлоно ҳисобидаанд.
Шеъру ақидаи Мавлоно ба мутафаккирон ва мактабҳои зиёди ирфониву фалсафӣ таъсир гузоштааст. Ҳатто баъзе адибону мутафаккироне, ки чандон ба ирфон иртиботе надоранд, худро аз пайравони Мавлоно ҳисобидаанд. Суханони шоири машҳури тоҷик Камоли Хуҷандӣ (1321-1400) гувоҳи равшани ин нуктаянд:
Румӣ ба замини Рум зада нақб,
Аз хоки Хуҷанд сар баровард.
Оид ба осори Мавлоно дар як қомусномае бо забони русӣ барҳақ қайд гардидааст, ки «Маснавии маънавӣ» яке аз маҳбубтарин китобҳои хонданбоб барои аҳли олами исломӣ, ба истиснои руҳониёни мутаассиб буд. Чунин ашхоси мутаассиб «Маснавӣ»-и Мавлоноро «каломи сӯфиёни шум» мехонданд. Вобаста ба ин қобили зикр аст, ки ононе, ки «Маснавӣ»-и Румиро фаҳмидаанду дар машраби муаллифаш будаанд, ин китобро «Қуръон дар забони паҳлавӣ» хондаанд, яъне Мавлоно дини худро либоси ориёӣ ва ирфонӣ пӯшонидааст. Ононе, ки «Маснавӣ»-ро боз ҳам хубтар фаҳмидаанд, вале дар машраби муаллифаш нестанд, ба ин асар «Каломи суфиёни шум» ном ниҳодаанд, яъне Мавлоно динро таҳриф намудааст. Бояд таъкид намуд, ки Мавлоно, дарвоқеъ, на танҳо андешаи хосса дошта, маъниҳоро ба таври худ тафсир мекунад, балки шоири қолабшикан низ буда, қолабҳои шеъриву забониро мешиканад. Аз ҷумла, ӯ исмро чун сифат бо дараҷаҳо ифода мекунад (Дар ду чашми ман нишин, ай он, ки аз ман мантарӣ), илми арӯзро қурбони маънӣ мекунад ва ғайра, ки ба маҳбубияту шуҳрати шахсияту осори ӯ миёни мутахассисону мардуми муқаррарӣ таъсир манфӣ нарасонидаанд. Шоири тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) маҳз ҳаминро ба назар гирифта, гуфтааст:
Мавлавии Рум надонад арӯз,
Лек нақиби ҳарами кибриёст.
Ба шахсияти Мавлоно шоири тоҷикзабони покистонӣ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) беш аз дигарон таваҷҷуҳ намуда, дар «Ҷовиднома»-и худ дар қатори мутафаккирони дигари бузурги Шарқу Ғарб – Мансури Ҳаллоҷ, Носири Хусрав, Ғолиб, Ғании Кашмирӣ, Ҷамолуддини Афғонӣ, Ф. Нитче, Л. Толстой ва ғ. образи Мавлоноро офаридааст. Мавлоно дар ин маснавӣ ба ҳайси орифе баромад мекунад, ки донандаи ботин, на зоҳир, маънӣ, на шакл аст:
З-он, ки Румӣ мағзро донад зи пӯст,
Пойи ӯ муҳкам фитад дар пойи дӯст.
Дар олами Ѓарб низ шахсияти Мавлоноро бузургтарин шоири назми ирфонӣ ва шинохтатарин донишманди мутасаввиф донистаанд. Файласуфи машҳури олмонӣ Георг Гегел (1770-1831) дар китоби шуҳратёри худ - «Қомуси илмҳои фалсафӣ» ба ин мутафаккир мақоми олӣ раво дида, гуфтааст: «… барои Ҷалолуддин Румии олиҷаноб нақши аввалро махсусан ягонагии руҳ бо Воҳид иҷро намуда, ин ягонагӣ ҳамчун ишқ тавсиф карда мешавад».
Қобили тазаккур аст, ки шахсияти Мавлоно ва шеъри ӯ дар Ғарб тавассути тарҷумаҳо машҳур гаштааст. Тарҷумаи шеъри ирфонии Мавлоноро дар ин минтақа баъзе руҳониёни масеҳӣ мехостанд бо мақсадҳои худ - ҳамчун муқовимат ба интишори васеи шеъру ақидаи Умари Хайём (1048-1131) оид ба майгусорӣ дар олами Ғарб истифода кунанд. Аз ҷумла, муҳаққиқи олмонӣ А. Шиммел таъкид доштааст, ки соли 1903 фақеҳи масеҳии шотландӣ Уилям Хасти тарҷумаҳои олмонии шеъри Мавлоноро, ки аз ҷониби Рюккерт ба сомон расида буданд, дар шакли ғазал ба забони англисӣ баргардонид, то ба парастиши шеъри хайёмӣ оид ба майгусорӣ байни масеҳиён анҷом бахшад. Дар ҳар сурат, маҳз ҳамин тарҷумаҳои моҳирона ва интихоби дурусти мутарҷимон, ки беҳтарин ғазал ва тамсилҳои Мавлоноро мавриди тарҷума қарор додаанд, сабабгори интишори осори ӯ дар кишварҳои Ғарб ва минбаъд боиси шуҳрати оламшумули мутафаккир гардиданд.
Дар тарҷумаи шеъри Мавлоно ва шуҳратёр гаштани ӯ дар олам шоир ва адабиётшиноси амрикоӣ Колман Баркс (с. тав. 1937) хизматҳои бузурге ба анҷом расонидааст. Ӯ ҳаёт ва осори Мавлонои бузургро, ки дархури эҳтиёҷоти тамоми мардум новобаста аз макону замони зисташон аст, дар китобаш «Ҷавҳари Румӣ» (соли нашраш 1995-2007) чунин баҳогузорӣ намудааст: “Форсҳо ва афғонҳо Румии бузургро Ҷалолиддини Балхӣ мегӯянд. Ӯ 30 сентябри соли 1207 дар шаҳраки хурде дар Вахш (Тоҷикистони имрӯза) воқеъ дар наздикии шаҳри бузурги Балх (Афғонистони имрӯза), ки он замон яке аз марказҳои империяи бузурги Хоразмшоҳиён буд, таваллуд шудааст... Ҳама ашъори Румӣ ин суҳбат дар дохилу беруни ҷамоати орифонаи шогирдонаш аст, суҳбатест, ки аз ҳудуди фазову вақт берун мебошад”. Бояд тазаккур дод, ки тарҷумаи ашъори Мавлоно ба забони англисӣ аз ҷониби К. Баркс боиси он гардид, ки дар охирҳои асри гузашта ва ибтидои асри навин дар адабиёти англисзабон нашри осори Мавлоно ҳатто аз нашри ашъори шоири адиби англис Шекспир (1564-1616) болотар рафт. “Чунин ҳолат дар сесад соли охир мушоҳида нашудааст”, - навиштааст дар ин бора муҳаққиқи русзабони муқими Амрико Сергей Сечив.
Олими дигари амрикоӣ Ф.Д. Люис таҳқиқоте бо номи «Зиндагӣ, таълимот ва назми Румӣ» (соли нашраш 2000) анҷом дода ва дар он маълумоти тарҷумаиҳолиро, ки дар асари падари Мавлоно - Баҳоуддини Валад «Маориф» зикр шудаанд, таҳлил намуда, менависад: «Баҳоуддин шояд дар Балх таваллуд шуда бошад, вале ҳадди ақал байни моҳҳои июни соли 1204 ва соли 1210…, дар давроне, ки Румӣ таваллуд шудааст, Баҳоуддин дар хонааш дар Вахш иқомат дошт. Маҳз Вахш, на Балх қароргоҳи доимии Баҳоуудин ва оилааш то даврони тақрибан панҷсолагии Румӣ буд». Аз нигоҳи Ф.Д. Люис шеъри Мавлоно баъд аз 800 сол аз таваллудаш ҳам, то кунун ҷозибияти худро аз даст надода, осори нашршудаи ин мутафаккири тоҷик то имрӯз серхаридортарин китобҳо дар ИМА боқӣ мондаанд.
Дар таҳқиқоти олими амрикоӣ Брэд Гуч - «Асрори Румӣ: тарҷумаи ҳоли шоири суфии ошиқ» (соли нашраш 2017) низ маълумоти зиёде оид ба шахсияти Мавлоно ва шеъри ӯ оварда шудааст. Ин муҳаққиқ дар таҳқиқоташ менависад, ки «Аз ёддоштҳои Баҳоувалад маълум мегардад, ки ӯ ҳамроҳи хонаводаааш дар канори дарёи Вахш – дар Тоҷикистони имрӯза зиндагӣ дошт. Мавлоно дар он ҷо 30 сентябри соли 1207 ба дунё омад». Ба андешаи Брэд Гуч дар Амрико имрӯз “ошиқон бо мисраъҳо аз ашъори Мавлоно изҳори муҳаббат мекунанд, бечорагон дар онҳо оромиш пайдо менамоянд ва дар ин мисраъҳо ҷавоб ба ноумедиҳои худ меҷӯянд”..
Дар маҷмуъ, оид ба шахсият ва шеъри Мавлоно, мутафаккирон ва олимону донишмандони зиёде сухан гуфта, ӯро яке аз бузургтарин шоирон, адибон ва файласуфони Шарқ ҳисобидаанд. Аммо бо овардани андешаҳои болозикр иктифо намуда, бо зикри суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон «Мавлоно ва тамуддуни инсонӣ» ба ин мавзуъ ҳусни мақтаъ мебахшем: “Мо ... низоми воқеан инсонгароёнаи ақоидӣ-фикрӣ, фарҳангӣ-маънавӣ, иҷтимоӣ ва рисолати инсонии Мавлавии кабирро шабеҳи нӯшдоруи наҷоти ҳақиқии башарӣ дармеёбем. Ва ба андешаи мо, чунин рисолати ӯ рисолати ҷовидонӣ хоҳад буд”.
Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
ҚАТЪНОМАИ СММ «ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА» - ВОСИТАИ ҲУҚУҚИИ ҲИФЗИ СУЛҲ, ПЕШГИРИИ ҶАНГ ВА МУСОИДАТ БА ҲАМКОРӢ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
(Дар ҳошияи Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 24.09.2025)
Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои экологӣ ва нобаробариҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мураккаб гаштааст, таҳкими сулҳ ба як зарурати ҳаётан муҳим табдил ёфтааст. Ин масъала на танҳо барои насли ҳозира, балки барои ояндаи инсоният низ аҳамияти бузург дорад. Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди ташаббуси қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) нақши муассир иҷро кардааст. Ин ташаббус, ки дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ (24 сентябри 2024) эълон шуд, нишонаи ҷиддии уҳдадории Тоҷикистон ба сиёсати сулҳҷӯёна ва таъмини ояндаи бехатари аҳли башар мебошад.
Бо фарорасии як соли пурра аз ин ташаббус дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 24 сентябри соли 2025 такид намуданд, ки “Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи ихтилофоту низоъҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад. Мо бояд талошҳои худро дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва фарогир дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ дучанд тақвият бахшем. Як сол пеш ман аз ин минбар пешниҳод кардам, ки қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Бо гузашти як сол масъалаи қабули чунин қатънома аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо намудааст. Дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ташаббуси мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба хотири расидан ба сулҳи устувор шароит фароҳам хоҳад овард. Ман аз тамоми кишварҳои узв даъват менамоям, ки пешниҳоди мазкурро ҳам барои суботи зиндагии имрӯзаи мо ва ҳам ҳаёти беҳтари наслҳои оянда дастгирӣ намоянд”.
Профессор Сайидзода Зафар такид мекунад, ки: “Иқдомҳои дар самти сиёсӣ ба амал баровардаи Президент Эмомалӣ Раҳмон имконият медиҳад, ки шаҳрванд дар фаъолияти иҷтимоии худ ва дар ҷараёни баровардани ниёзҳои зиндагии хеш ҳимояи қонун ва ба ин васила ҳимояи давлатро эҳсос кунад ва дар зеҳну шуури ӯ ҳисси қаноатмандӣ ва омили қонуният ва ҷамъият будан мустаҳкам гардад”[1].
Сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри 1994 қабул гардида ва бо тағйироти солҳои 1999, 2003 ва 2016 такмил ёфтааст, решаҳои амиқ дорад. Моддаи 11 эълон мекунад, ки «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром мекунад» ва «ташвиқоти ҷанг»-ро манъ мекунад. Ин меъёр мавқеи устувори Тоҷикистонро дар пешгирии низоъҳо ва таъмини субот инъикос намуда, асоси ҳуқуқии дохилии ташаббуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ»-ро ташкил медиҳад. Инчунин, он бо ҳадафҳои қатънома барои таъмини муҳити амн ва устувор барои наслҳои оянда мувофиқ аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш ба он таъкид кардааст. Моддаи 1 Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун «давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» муайян намуда, таъкид мекунад, ки он «барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Ин меъёр нишон медиҳад, ки таъмини сулҳ ва суботи иҷтимоӣ дар сатҳи конститутсионӣ ҳадафи давлат буда, бо ҳадафҳои ташаббуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ» барои пешгирии низоъҳо ва рушди устувор мувофиқ аст. Моддаи 5 Конститутсия аҳамияти бузург дорад, ки «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ» эълон шуда, давлатро муваззаф мекунад, ин арзишҳоро ҳифз намояд. Ин принсип бо суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ, ки ба «шаъну шарафи инсон барои наслҳои ҳозира ва оянда» ишора кардааст, мувофиқ буда, нишон медиҳад, ки ташаббуси мазкур дар доираи арзишҳои конститутсионӣ амал мекунад. Ин асосҳои ҳуқуқӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар дохили кишвар низоми мукаммали ҳуқуқиро барои дастгирии сиёсати сулҳҷӯёна таҳия кардааст.
Нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон дар асоси салоҳиятҳои конститутсионии ӯ ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад. Моддаи 69 ба ӯ ҳуқуқ медиҳад, ки «самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян кунад» ва «Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ намояд». Пешниҳоди қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ» дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ ва Ҳамоиши Ояндаи СММ натиҷаи мустақими ин салоҳиятҳост. Ин ташаббус ҳамчун «иқдоми қаҳрамонона дар арсаи ҷаҳонӣ» тавсиф шудааст, ки эътибори байналмилалии Тоҷикистонро афзоиш додааст.
Дар дохили Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарии раванди сулҳ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) нақши калидӣ бозидааст. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни 1997) як ҳуҷҷати ҳуқуқии муваффақ буд, ки низои дохилиро хотима бахшид ва суботро барқарор намуд. Ин таҷриба ҳамчун «модели тоҷикии сулҳ» дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шуда, дар барномаҳои омӯзишии СММ истифода мешавад.
Далели ин гуфтаҳо муқаррароти моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015 № 1259 "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, итисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад”.
Профессор Ҳайдарзода Рустам таъкид менамояд, ки: ”Дар ҳақиқат дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии роҳбарияти давлат Тоҷикистон ба мамлакати амн ва босубот табдил гардидаст. Мо мутмаинем, ки ин фазои сулҳу оромӣ дар ҷумҳурии мо дар заминаи расидан ба Ваҳдати миллӣ ва иттиҳод дар атрофи Пешвои миллат имконпазир гардидааст. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Сарвари сиёсии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда ва бонуфузи глобалӣ буда, на танҳо дар муайян кардани рӯзномаи сиёсати байналмилалӣ, балки барои ҳалли масъалаҳои доғи глобалӣ қодир ҳастанд” [2].
Имрӯз мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон самараи талоши пайгирона ва хастагинопазири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти ҷумҳурӣ барои ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла дар бахши мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён пешниҳод мегарданд. Махсусан силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар миқёси ҷаҳон бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзуъ боиси ба гунаи хосса муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид [3].
Қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ» ба таълиму тарбияи сулҳ ва ҷалби ҷавонон ба раванди сулҳсозӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Ин бо моддаи 41-и Конститутсия, ки таҳсилро ҳамчун ҳуқуқи ҳар шахс эътироф мекунад, мувофиқ аст. Ҷавонон бояд фаҳмиши амиқи сулҳ ва роҳҳои ҳалли низоъро омӯзанд, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии қатънома аст. Ин таъкид бо моддаи 5 (дахлнопазирии ҳуқуқи инсон) ва моддаи 34 (ҳимояи кӯдакон) низ пайванд дорад, зеро ҳифзи ҷавонон аз ҷалб ба низоъҳо ва таъмини амнияти онҳо дар меҳвари ташаббус қарор дорад. Сулҳи пойдор тавассути таълими арзишҳои сулҳпарварӣ ба даст меояд. Ин нишон медиҳад, ки қатънома дар дохили Тоҷикистон дар асоси низоми ҳуқуқии миллӣ татбиқшаванда буда, ҳадафаш таъмини ояндаи бехатар барои наслҳост. Таълими сулҳ метавонад фарҳанги сулҳҷӯиро дар байни ҷавонон паҳн карда, онҳоро аз хатарҳои низоъҳо ва тундгароӣ ҳифз намояд, ки ин бо сиёсати дохилии Тоҷикистон низ ҳамоҳанг аст.
Қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуда, бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқ аст. Моддаи 1-и Оиномаи СММ (1945) «нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ»-ро ҳамчун ҳадафи асосии созмон муайян мекунад, дар ҳоле ки моддаи 33 давлатҳоро ба ҳалли мусолиматомези низоъҳо даъват менамояд. СММ дар ҳифзи сулҳ нақши роҳбариро дорад ва қатънома ба «таъмини амният ва пешгирии муноқишаҳо нигаронида шудааст. Дар сурати қабул, ин қатънома қувваи ҳуқуқии байналмилалӣ пайдо карда, барои давлатҳои узви СММ мавриди иҷроиш қарор мегирад.
Қатънома бо Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак (1989) низ пайванд дорад, ки моддаи 38-и он давлатҳоро муваззаф мекунад, кӯдаконро аз ҷалб ба низоъҳои мусаллаҳ ҳифз намоянд. Ин бо ҳадафи қатънома барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро мувофиқ аст. Ин санадҳои байналмилалӣ заминаи ҳуқуқии қатъномаро барои таъмини амнияти наслҳои оянда мустаҳкам мекунанд.
Татбиқи қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ» механизмҳои ҳуқуқии мушаххасро талаб мекунад. Созмонҳои байналмилалӣ, ҳукуматҳо ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ бояд дар иҷрои барномаҳо ва ташкили иқдомҳои дастаҷамъона ҳамоҳанг шаванд. Ин бо моддаи 13-и Оиномаи СММ, ки рушди ҳамкории байналмилалиро таъкид мекунад, мувофиқ буда, заминаи ҳуқуқии татбиқи қатъномаро фароҳам меорад.
Қатънома ба таълими сулҳ ва ҳамгироии ҷавонон дар сулҳсозӣ таваҷҷуҳ дорад, ки дар чаҳорчӯбаи Ҳадафҳои рушди устувори СММ (SDG 16 – сулҳ, адолат ва ниҳодҳои қавӣ) амалӣ шуда метавонад. Таълими арзишҳои сулҳпарварӣ барои амалисозии қатънома муҳим аст. Ин механизмҳо бо Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак (моддаи 38) ва Конвенсияи Женева (1949), ки ҳифзи ғайринизомиёнро пешбинӣ мекунад, пайванд дошта, барномаҳои махсусро барои муҳофизати ҷавонон ва пешгирии ҷалби онҳо ба низоъҳо таъмин мекунанд. Ин қатънома ба амалишавии барномаҳои мубодилавӣ ва истифодаи технологияҳои муосир барои паҳн намудани паёмҳои сулҳ равона мегардад. Ин пешниҳодҳо дар доираи моддаи 13-и Оиномаи СММ ва SDG 16 қобили татбиқ буда, нишон медиҳанд, ки қатънома дорои механизмҳои ҳуқуқии муассир барои амалисозист.
Чунин санадҳо ба ҳифзи сулҳ, пешгирии низоъҳо ва мусоидат ба ҳамкорӣ байни давлатҳо нигаронида шудаанд:
1. Оиномаи Созмони Милали Муттаҳид (Сан-Франсиско, 26 июни 1945). Дар моддаи 1 ҳадафи асосӣ "ҳифз ва нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ" зикр шудааст. Калимаи "сулҳ" дар тамоми матн борҳо истифода мешавад.
2. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ 10 декабри 1948 қабул шудааст). Дар муқаддима ба "сулҳ ва амният" ишора шуда, ҳуқуқи инсон ҳамчун асос барои сулҳи ҷаҳонӣ таъкид гардидааст.
3. Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (Ню-Йорк, 19 декабри 1966). Дар муқаддима сулҳ ҳамчун шарти асосии ҳуқуқҳои инсон зикр шудааст.
4. Конвенсия дар бораи пешгирӣ ва муҷозоти ҷинояти генотсид (СММ, 9 декабри 1948). Дар муқаддима гуфта мешавад, ки генотсид ба сулҳи байналмилалӣ хатар эҷод мекунад.
5. Декларасия дар бораи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни давлатҳо мутобиқи Оиномаи СММ марбутанд (Ассамблеяи Генералии СММ, 24 октябри 1970). "Сулҳ" дар унвон ва матн ҳамчун яке аз принсипҳои асосии ҳамкорӣ байни давлатҳо зикр шудааст.
6. Созишнома дар бораи манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ (1 июли 1968). Дар муқаддима сулҳи байналмилалӣ ҳамчун ҳадафи ниҳоии коҳиши силоҳ зикр шудааст.
7. Конвенсияи Женева дар бораи ҳифзи қурбониёни ҷанг (12 августи 1949). Дар чор конвенсияи Женева "сулҳ" ҳамчун ҳадафи ниҳоии хотима додан ба низоъҳои мусаллаҳона зикр шудааст.
8. Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева (Протокол I ва II, 8 июни 1977). Ба ҳифзи сулҳ тавассути танзими низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ ва дохилӣ ишора шудааст.
9. Декларасия дар бораи додани истиқлолият ба кишварҳо ва халқҳои мустамликавӣ (Ассамблеяи Генералии СММ, 14 декабри 1960). Дар матн гуфта мешавад, ки истиқлолият ба таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
10. Созишномаи Париж дар бораи хотима додани ҷанг ва барқарор кардани сулҳ дар Ветнам (27 январи 1973). Калимаи "сулҳ" дар унвон ва матн ҳамчун ҳадафи асосии созишнома истифода шудааст.
11. Созишномаи Камп-Дэвид (17 сентябри 1978). Дар байни Миср ва Исроил барои барқарор кардани сулҳ дар Шарқи Наздик қабул шуда, калимаи "сулҳ" дар матн борҳо зикр мешавад.
12. Созишномаи Осло (13 сентябри 1993). Байни Исроил ва Созмони Озодибахши Фаластин барои пешбурди сулҳ дар минтақа имзо шудааст.
13. Созишномаи умумии сулҳ (Дейтон, 14 декабри 1995). Дар бораи барқарор кардани сулҳ дар Босния ва Ҳерсеговина, калимаи "сулҳ" дар унвон ва матн истифода шудааст.
14. Хартияи Аврупоии амният (ОБСЕ, 19 ноябри 1990). Ба таҳкими сулҳ ва амният дар Аврупо нигаронида шуда, калимаи "сулҳ" дар матн борҳо омадааст.
15. Эъломияи Миллениуми СММ (8 сентябри 2000). Дар боби "Сулҳ, амният ва коҳиши силоҳ" ба ҳифзи сулҳи ҷаҳонӣ даъват шудааст.
Ин санадҳо асоситарин ҳуҷҷатҳои байналмилалие мебошанд, ки дар онҳо калимаи "сулҳ" (ё муодили он) дар унвон ё матни асосӣ омадааст ва ба ҳадафҳои марбут ба сулҳи байналмилалӣ, пешгирии ҷанг ва ҳамкории осоишта нигаронида шудаанд.
Барои дарки аҳамияти қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ» таҳлили ҷангҳо аз соли 1991 то апрели 2025 ва талафоти онҳо, аз ҷумла миёни кӯдакон муҳим аст. Ин давра, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуд, бо афзоиши низоъҳои дохилӣ ва байналмилалӣ хос аст.
Баъзе аз ҷангҳои асосии ин давра:
- Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997): 150.000 кушта, зиёда аз 55 ҳазор кӯдакон ятиммонда, 10 милиард доллари амрикои ҳисорот овард. Ин низоъ бо Созишномаи сулҳи 1997, таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотима ёфт.
- Генотсид дар Руанда (1994): Беш аз 540,000 кушта, аз ҷумла даҳҳо ҳазор кӯдак.
- Ҷанги Сурия (2011-2025): То 2020 – 397,300 кушта, аз ҷумла 100,000+ кӯдак, ва то 2025 – тахминан 500,000-600,000.
- Ҷанги Ироқ (2003-2011): 150,000-600,000 кушта, аз ҷумла даҳҳо ҳазор кӯдак.
- Ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ (2020): 7,646 кушта, аз ҷумла садҳо кӯдак.
- Амалиёти махсуси низомии Русия ва Украина (2014-2025): То 2020 – 13,000+ кушта, ва то 2025 – 100,000+, аз ҷумла ҳазорон кӯдак.
Тибқи маълумот дар соли 2020 дар 56 низои мусаллаҳона бо иштироки давлатҳо 50,000 нафар, дар 72 низои ғайридавлатӣ 23,500 нафар ва аз зӯроварии муқаррарӣ алайҳи ғайринизомиён 8,000 нафар кушта шуданд. Аз соли 1991 то 2025 тахминан 2-3 миллион нафар дар ҷангҳо ҷон бохтаанд, ки садҳо ҳазор нафарашон кӯдакон буданд. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки низоъҳо ба наслҳои оянда таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда, зарурати таҳкими сулҳро афзоиш додаанд.
Талафоти зиёди кӯдакон дар ҷангҳо аҳамияти асосҳои ҳуқуқии қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ»-ро равшантар мекунад. Моддаи 11-и Конститутсияи Тоҷикистон, ки ташвиқоти ҷангро манъ мекунад, бо ҳадафҳои қатънома барои пешгирии низоъҳо мувофиқ аст. Дар сатҳи байналмилалӣ, моддаи 38-и Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ва моддаи 1-и Оиномаи СММ ҳифзи сулҳ ва кӯдаконро таъкид мекунанд. Талафоти кӯдакон дар Сурия (100,000+) ва Қарабоғи Кӯҳӣ нишон медиҳад, ки низоми ҳуқуқии байналмилалӣ барои ҳифзи онҳо нокифоя аст. Қатънома тавассути таълими сулҳ (моддаи 41-и Конститутсия, моддаи 26-и UDHR) ва ҳамкории байналмилалӣ ин камбудиро ислоҳ мекунад.
Татбиқи қатънома дурнамои васеъ дорад. Чунки эътибори Тоҷикистонро афзун намуд ва дастгирии ҷаҳониро ба даст меорад. Тоҷикистон бо таҷрибаи сулҳофарии худ ва ташаббусҳои қаблии байналмилалӣ метавонад дар амалисозии қатънома пешсаф бошад. Ин ташаббуси навбатӣ бори дигар аз мақому манзалати бузурги Пешвои миллатамон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳони имрӯза ва бе тафовут набудан ба дарди ҷомеаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад, зеро воқеан имрӯз вазъи геополитикии ҷаҳон дар ҳолати ҳассос ва хеле хатарнок қарор дорад. Таҳлили ҷангҳо аз 1991 то 2025 нишон медиҳад, ки талафоти 2-3 миллион нафар, аз ҷумла садҳо ҳазор кӯдакон, зарурати таҳкими сулҳро таъкид мекунад. Тоҷикистон бо таҷрибаи худ бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад дар татбиқи ин ташаббус саҳми бузург гузорад.
САНГИНЗОДА Дониёр, - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Адабиёт
1. Ғаффори Воҳид., Сайидзода Зафар. Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон. – Душанбе: “Контраст”. 2015. - С.94.
2. Ҳайдарзода Рустам. Геостратегия ва геополитикаи президенти тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад. 14.11. 2024// https://khovar.tj/2024/11/geostrategiya-va-geopolitikai-prezidenti-to-ikiston-dar-davroni-so-ibisti-lol-ba-r-zi-prezident-bahshida-meshavad/.
3. Сангинзода Дониёр. Мактаби сиёсию давлатдории Эмомалӣ Раҳмон – намунаи ибрат барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ. 22.03.2025// https://khovar.tj/2025/03/maktabi-siyosiyu-davlatdorii-emomal-ra-mon-namunai-ibrat-baroi-saroni-davlat-oi-osiyoi-markaz/.
Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимии тоҷикон буда, чун Наврӯзу Сада дар пояи тақвимҳои нуҷумиву мардумӣ ва мавсими фарорасӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд, вале моҳиятан онҳо гардиши солро муштаракан ифода менамоянд. Наврӯз ҷашни шурӯи сол буда, эътидоли баҳориро дар бар мегирад. Аммо Меҳргон фарогири эътидоли тирамоҳӣ маҳсуб меёбад. Ба ибораи дигар агар Наврӯз фарорасии сол бошаду аз оғози соли Нав, оғози корҳои баҳории деҳқон ҳикоят кунад, Меҳргон фурӯравии он (сол) буда, дар якҷоягӣ як соли пурраи кишоварзиро ташкил медиҳанд. Тақсими сол ба ду давраи баробар ва дар ду нуқтаи мушаххаси эътидоли баҳориву тирамоҳӣ дар боварҳои омиёнаи мардуми тоҷику форсу афғон ва соири кишварҳои ҳамҷавори онҳо ҳануз аз замонҳои қадим вуҷуд дошт.
Оид ба қадимӣ будани ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада ҳаминро бояд зикр намуд, ки решаи ин ҷашнҳо аз замони асотирӣ об хӯрда, Наврӯз ба нахустин фармонравои асотирӣ Ҷамшед ва Меҳргон ба аввалин шаҳриёри ҳамосавӣ- Фаридун ва Садаро ба Ҳурмузу Ҳушанг нисбат медиҳанд. Ҳанӯз аз даврони куҳан маълум гардидааст, ки дар таҷлили ҷашни Меҳргон нақши асосиро Фаридун бозида, тибқи андешаи ағлаби пажуҳишгарон Меҳргонро Фаридун ҷорӣ намудааст.Мутобиқ ба маълумоти муаррих Табарӣ, мардум пирӯзии Фаридун бар Заҳҳокро, ки зимоми ҳукуматро баъд аз худкомагӣ ва даъвои Худоӣ кардани Ҷамшед ба даст гирифта буд, як воқеаи бузурги таърихӣ ва иҷтимоӣ шуморида, онро ҷашн гирифтанд ва чунин ҷашн дар моҳи “Меҳр” ва рӯзи “Меҳр” мувофиқ омад. Аз ҳамин сабаб, онро ҷашни “Меҳргон” номиданд. Албатта ин устура буда, ишора ба ҳодисаҳое мекунад, ки дар он Фаридун дар набард бо Заҳҳок аз абзори наве бо номи”гурзи говсар” ва “Дирафши ковёнӣ” истифода бурдааст. Пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок дар айни ҳол пирӯзии ӯ бар табиат низ ҳисобида мешавад, зеро вай намояндаи қудрату шукӯҳи шоҳ буда, паҳлавонию пирӯзмандии ӯ ҷанбаи нерӯи хуршедиашро намоиш медиҳад.
Дар доираи сарчашмаҳои таърихӣ ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада бештар ба кишоварзону барзгарон тааллуқ дошта, аксарияти мардуми бумӣ ё таҳҷойӣ дар он давраҳои таърихӣ ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буданд. Агар Наврӯз оғози рӯзи Нав, оғози кишту кори деҳқон бошад, Меҳргон мавсими ҷамъоварии самараи барзгарон-деҳқонон, бардошти ҳосили зироатҳо ва омодагии замин барои кишти оянда дар аввали фасли зимистон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷашни Меҳргон чунин изҳори назар кардаанд: “Воқеан, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд”.
Воқеан ҳам Меҳргон баъд аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузурги миллӣ буда, фурӯғмандтарин ва куҳантарин намоди суннати қадимии фарҳанги ориёӣ ба шумор меравад. Ин ҷашн Ҷашни ҳар сол рӯзи даҳуми моҳи Меҳр, баробар ба дуюми октябр бо шукуҳу шаҳомати хосае таҷлил мегардад. Меҳргон низ чун Наврӯз суфраи хоси хешро дошт. Фарқ дар он аст, ки хони наврӯзӣ бо маводҳое зиннат дода мешуд, ки ҳарфи аввалашон аз “шин” ё “син” иборат буд ва бо номи “ҳафтсин” ё “ҳафтшин” ёд мешуд. Аммо дар хони меҳргонӣ, ки назди шоҳон густарда мешуд, анвои гуногуни хӯришҳо, ҳубобот, меваҷот ва ғайраро мечиданд. Одатан дар мобайни суфра нон мегузоштанд, ки онро “дорун” меномиданд ва он аз орди ҳафт намуди донаҳои ордкардашуда пухта мешуд. Навъҳои гуногуни меваҳои фасл, гулу райҳон, мурғи пухта, шароб, ойина, сурмадон, анвои гуногуни шарбат, ширинӣ, шохаи сабзи дарахти зайтун, биҳӣ, анор, шакару сикка ва ғайраҳо суфраи меҳргониро оро медоданд. Баъд аз зуҳури дини Зардушт дар кишварҳои эронитабор дар хони меҳргонӣ китоби муқаддаси зардуштиён-Авесто низ изофа гардид.
Омӯзши сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҷашни Меҳргон моро ба хулосае водор месозад, ки аслан Меҳргон ҷашни пайвандгари аҳду паймон, дӯстиву рафоқату меҳр ба инсон буда, ҷашни ҷамъоварии ҳосил ва натиҷаи заҳмати пурбор мебошад. Ҷашни Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои бошукуҳи мардуми ориётабор буда, аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, гузаштагон онро бо тамоми ҷузъиёташ таҷлил мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни мардумию миллӣ аз ёдҳо рафта, муддатҳои тулонӣ дигар таҷлил намешуд. Гоҳ-гоҳе ҳангоми ҳосилғундорӣ аз он ёд мекарданд. Бо шарофати итиқлолияти давлатӣ ва бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои гуногуни мардумӣ аз нав эҳё гардида, барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани онҳо шароити мусоид фароҳам омад.
Дар фароварди сухан мехостам, ҷашни қадимии ниёгони пурифтихорамонро ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистон табрик намоям.
Холназаров Назар, - ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои босуръат рушдёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, дар ғанӣ гардондани буҷети миллӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ нақши муҳим мебозад. Ин соҳа на танҳо ҳамчун манбаи даромади мустақим, балки ҳамчун омили рушди инфрасохтор, хизматрасонии иҷтимоӣ ва таблиғи фарҳангу тамаддуни миллӣ баромад мекунад. Дар аксар кишварҳои ҷаҳон, бахусус давлатҳои рӯ ба рушд, сайёҳӣ ба яке аз сарчашмаҳои асосии даромад табдил ёфтааст. Масалан, дар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Аврупои Ҷанубӣ ҳиссаи сайёҳӣ дар ММД то ба 10–15% мерасад. Ин нишон медиҳад, ки бо истифодаи самараноки иқтидори сайёҳӣ, кишварҳо метавонанд иқтисоди миллии худро тақвият диҳанд.
Тавассути рушди сайёҳӣ, дар бахшҳои нақлиёт, меҳмонхонаҳо, хӯрока ва ҳунарҳои мардумӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд. Ин ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, воридоти асъори хориҷӣ ва афзоиши сармоягузориҳо ба соҳаи сайёҳӣ, буҷаи давлат ва иқтисоди миллиро тақвият мебахшанд.
Сайёҳӣ ҳамчун муҳаррики муҳими иқтисодиёт буда, дар самтҳои гуногун таъсири мусбат расонида, имкониятҳои нави рушдро фароҳам меорад. Бо назардошти захираҳои мавҷуда ва ташаккули инфрасохтори муосир, рушди босуботи сайёҳӣ метавонад ба як омили калидии пешрафти иқтисоди миллӣ табдил ёбад. Аз ин рӯ, эҷоди шароити муносиб барои пешбурди соҳаи сайёҳӣ ва такмил додани сиёсати давлатӣ дар идоракунии ин бахш яке аз афзалиятҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯзҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ҳамзамон рушди сайёҳӣ тадбирҳои назаррас андешида мешаванд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати иҷтимоӣ, зарурияти рушди сайёҳӣ беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешавад.
Якум, сайёҳӣ воситаи муҳими беҳдошти рӯҳию ҷисмонии инсон мебошад. Дар замони муосир сафар ва истироҳат ба одамон имкони барқарор кардани нерӯи рӯҳиву равонӣ медиҳад. Аз ин рӯ, сайёҳӣ ҳамчун як ҷузъи тарзи ҳаёти солим зарур аст.
Дуюм, сайёҳӣ омили муҳим дар шинохти миллатҳо ва фарҳангҳои гуногун мебошад. Меҳмононе, ки ба як кишвар сафар мекунанд, бо урфу одат, таърих, забон ва расму оини он шинос шуда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ мусоидат менамоянд. Ин омил махсусан дар ҷаҳони пур аз низоъҳои фарҳангӣ ва нажодӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар қаламрави Тоҷикистон миқдори зиёди ҷойҳои тамошобоб мавҷуданд, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро аз хориҷи дуру наздик ба худ ҷалб менамоянд. Дар ин самт Тоҷикистон барномаи стратегии рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва хизматрасонии сайёҳиро татбиқ менамояд. Аз ҷумла, барои рушди сайёҳии экологӣ, беҳдошти шароити истироҳат дар кӯҳсор имконоти кофӣ мавҷуд аст. Баъзе дарёҳо дар айёми тобистон барои рафтинг хеле мусоид мебошанд.
Дар ниҳоят, бо назардошти тағйирёбии иқлим, зарурати рушди сайёҳии экологӣ ва устувор низ пеш омадааст, ки метавонад ҳамзамон бо ҳифзи муҳити зист, манфиати иқтисодиро низ таъмин намояд. Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо, сайёҳӣ ҳамчун соҳа ва тарзи ҳаёт зарурати ҷудонашавандаи ҷомеаи муосир ба шумор меравад ва бояд дар сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як кишвар мақоми хосса дошта бошад.
Баъди ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон низоми сустинкишофёфтаи соҳаи сайёҳиро ба мерос гирифт, ки он ба талаботи иқтисоди бозорӣ ҷавобгӯ набуд. Дар давраи шӯравӣ дар Тоҷикистон аз соли 1929 ҷамъияти сайёҳии пролетарӣ вуҷуд дошт ва ҳамон сол ҷамъияти сайёҳии хориҷӣ бо номи «Интурист» ташкил шуда буд. Дар давари шӯравӣ аз рӯйи хислати хизматрасонӣ дар байни 24 давлати аъзои Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Тоҷикистон дар ҷойи 20-ум қарор дошт. Ин рақам аз он шаҳодат медиҳад, ки геокомплексҳои минтақа самаранок истифода намешуданд. Ҳоло аз рӯйи нишондиҳандаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 900 геокомплексҳо вуҷуд дорад.
Пас аз истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ дигаргуниҳо ба амал омада бошад ҳам, аз сабаби мавҷуд набудани заминаи моддию техникӣ ширкатҳои сайёҳӣ фаъолияти босамар карда натавонистанд. Ҳамзамон бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992-1997 сайёҳӣ рушд накард. Новобаста аз ин, дар ин марҳила як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ ба тасвиб расиданд. Ҳанӯз Шӯрои Вазирони Тоҷикистон 1 марти соли 1990 «Оиди бозсозии ташкили иқтисоди сайёҳии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оиди ташкил намудани ассотсиатсияи сайёҳии Тоҷикистон», 4 феврали соли 1994 «Оиди тартиботи пешниҳод кардани ҳуқуқ ва суъбектҳои хоҷагӣ оиди шуғли сайёҳии хориҷӣ ва ба тартибоварии ҳуҷҷатҳои раводид» қарор қабул намуд. Ҳамчунин 4 майи соли 1997, таҳти рақами 183 «Оиди додани иморат воқеъ дар кӯчаи Пушкин 14, ба мувозинаи ширкати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сайёҳӣ» интишор шуд, ки дастовардҳои аввалин дар роҳи расидан ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад.
Марҳилаи дуюми рушди кишвар пас аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ аз соли 1998 оғоз мегардад ва ин марҳиларо «давраи тиллоии сайёҳии тоҷик» метавон унвон кард. Ба андешаи Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоҳӣ Тоҷикистон «Шветсарияи Осиёи Марказӣ» аст.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тадриҷ барномаҳои махсуси соҳавиро қабул ва мавриди амал қарор дод. Аз ҷумла, чорабиниҳои мушаххас дар доираи иҷрои “Консепсияи миллии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019”, “Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014” ва “Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017” татбиқ карда шуданд.
Аз нигоҳи рушди соҳаи сайёҳӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои беҳтарин имконият мебошад. Дар асоси хулосаи шабакаҳои ҷаҳонӣ ва сомонаҳо, аз ҷумла «ВВС» (Британияи Кабир, соли 2012) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи 10 кишвари барои сайёҳӣ мувофиқ дониста шудааст. Инчунин, соли 2014 сомонаи интернетии «Globe Spots» Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои даҳгонаи ҷолиб барои турзим шомил намуда буд. Ҳамзамон табиат ва роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маҷаллаҳои ТОП-100 (с. 2015) ва «National Geographic» (с.2016) дар қатори 10 кишвари ҷаҳон беҳтарин дониста шуда, соли 2016 СУТ-и СММ Тоҷикистонро дуюмин кишвари дар ҳоли рушди сайёҳӣ қарордошта унвон кардааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 чунин таъкид намуданд: “Баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ ва тараққиёти соҳаи сайёҳӣ самти дигари пешрафти ояндаи иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар мебошад. Рушди бахши сайёҳӣ барои ташкили ҷойҳои кории нав ва инкишофи истеҳсолот мусоидат мекунад, зеро бахши сайёҳӣ имконияти хуби фаъолияти соҳибкорӣ барои ҳар як шахси ташаббускор мебошад. Мувофиқи таҳлилҳо амалӣ намудани ислоҳот имкон медиҳад, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 то ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз расонида шавад.
Чунин изҳорот нишон медиҳад, ки ҳукумат ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва мусоидат ба фаъолияти соҳибкорӣ дар ин самт аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Ҳадафи расидан ба саҳми 5%-и соҳаи сайёҳӣ дар ММД то соли 2020 ва таъсири ғайримустақими он ба 15% нишонаи барномаи мушаххаси стратегӣ барои рушди устувори иқтисодиёт буд. Инчунин, таъкид ба имкониятҳои соҳибкорӣ барои шахсони ташаббускор аз сиёсати ҳавасмандгардонии навоварӣ ва иштироки фаъоли аҳолӣ дар рушди иқтисодӣ дарак медиҳад.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми 22 декабри соли 2016 қайд намуда буданд, ки «ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд». Дар ин замина, барои тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ воридоти маводу таҷҳизоти сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохти андозиву гумрукӣ озод карда шудаанд. Ҳамзамон ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод мебошанд.
Бо мақсади инкишофи соҳаи сайёҳӣ соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки мақомоти иҷроияи ваколатдор барои, таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад ва вазифаҳои худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои манфиатдор аз бахши хусусӣ ба роҳ мемонад.
Имрӯзҳо кумита дар фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти босамар дар соҳаи сайёҳӣ, рушди сайёҳӣ ва инфрасохтор, захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, беҳсозии сифати хизматрасонӣ, дастгирии саёҳати дохиливу хориҷӣ ва ҷалби сармоя кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳии экологӣ дар парваришгоҳи табии давлатии «Алмосӣ», ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷойгир шудааст, боғи таърихӣ - фарҳангии «Ширкент» дар ноҳияи Турсунзода ва бошишгоҳи давлатӣ - табии «Ромит», ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор воқеъ аст, ташкил карда шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ низоми раводиди электронӣ ҷорӣ карда шуда, минтақаҳои сайёҳӣ ва инфрасохтори зарурӣ таъсис дода шудааст. Як қатор ширкатҳои туристӣ: «Помир -ОМ», «Помир Пикс», «Артуч», «Боми ҷаҳон тур», «Сайру саёҳати кӯҳӣ», «Гиди Помир», ҶДММ «Ҷавоҳир», «Атлас Травел», «Сарез Тревел», «Саёҳатҳои кӯҳии Помир», ҶДММ «Диана ва Т», «Зурмич», «Олами саёҳат», ҶДММ «Кӯҳандиз», ҶДММ «М.Тур», ҶДММ «Магнум», ҶДММ «Авант-тур», ҶДММ «Ганҷина», ҶДММ «Ориент Адвентур», «Ором Тревел», ҶДММ «Панҷакент Интур», ҶДММ «Роҳат Тур», ҶДММ «Тоҷикистон Тревел», ҶДММ «Бадахшон Тревел» ва ғайра дар самти вусъат додани рушди соҳаи сайёҳӣ фаъолияти босамар доранд.
Барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвари дунё низоми раводиди электронӣ ҷорӣ карда шуда, шумораи сайёҳон дар чанд соли охир ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.
Таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ, ки мехоҳанд бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд, хеле зиёд аст. Дар ин замина Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ширкатҳои ватаниро таъкид менамояд, ки бо ҳамтоёни худ ба таври зарурӣ ҳамкорӣ намоянд. Нақши ширкатҳои хориҷӣ дар зиёд гардидани ҷаҳонгардон ба кишвари мо хеле муҳим аст, зеро онҳо сайёҳонро ба давлатҳо ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ барои зиёд гардидани шумораи сайёҳон дар ҷумҳурӣ ба фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ аз ҷониби кумита таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода мешавад.
Соли 2017 Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯйи рақобатпазрӣ дар соҳаи сайёҳӣ, дар миёни 136 кишвар дар ҷойи 107 нишон дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амният, тандурустӣ ва беҳдошт аз 7 холи дастрас соҳиби 5,7 хол гардид, ки нишондиҳандаи назаррас аст. Ҷолиби диққат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида қайд шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон, пас аз Ҷопон ва Озарбойҷон дар зинаи сеюм қарор гирифт.
Ҳамасола Тоҷикистонро ду намуди сайёҳон дидан мекунанд.
Якум, одатан сайёҳоне, ки бе кӯмаки операторони сайёҳӣ ба саросари кишвар сафар мекунанд. Аксар вақт инҳо сайёҳони пиёдагард, ба ном «боркашҳо» ва сайёҳоне, ки диққати онҳоро Помир ва кӯҳҳои Фон ба худ ҷалб мекунад.
Гуруҳи дуюм сайёҳоне мебошанд, ки тариқи операторҳои туристӣ ба Тоҷикистон барои дидани мероси таърихиву фарҳангӣ: Саразм, қалъаи Ҳисор, Аҷинатеппа, Ҳулбук, Ямчун ва ғайра сафар мекунанд.
Теъдоди сайёҳони хориҷӣ дар соли 2019 ба Тоҷикистон 1 миллиону 257 ҳазору 300 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 21,6% (ё 219,7 ҳазор нафар) зиёд мебошад. Дар соли 2019 даромади сайёҳӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз фурӯши чиптаҳо 267,5 миллион долларро ташкил додааст. Аз ҳисоби пешниҳоди хизматрасониҳои сайёҳӣ ба хазинаи Тоҷикистон 403 миллиону 760 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст. Ҳиссаи сайёҳӣ дар ММД-и кишвар 2,2% ва дар якҷоягӣ бо соҳаҳое, ки дар онҳо нуқтаҳои хизматрасонии сайёҳӣ мавҷуданд 10,4%-ро ташкил додасат.
Ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ, аз ҷумла дар соли 2018 эълон намудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», нишон медиҳад, ки роҳбарияти кишвар ба ин соҳа таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад.
Яке аз дигар тадбирҳои самаровор дар самти рушди сайёҳӣ қабули стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018, №372 тасдиқ шудааст. Ин стратегия мақсад, вазифа ва самтҳои муҳими рушди соҳаи сайёҳии кишварро барои давраи то соли 2030 муайян намуда, омили тавсеаи нақшаҳо ва роҳнамои ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандон дар соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар заминаи ин стратегия меҳмонхонаҳои “Чорчаман Хилс” дар ноҳияи Дарвоз, “Саразм плаза” дар шаҳри Панҷакент, “Манзара” дар ноҳияи Ховалинг ва “Чилдухтарон” дар ноҳияи Муъминобод бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд ва ин иншоот имкон медиҳад, ки дар дурдасттарин минтақаи ҷумҳурӣ ба сайёҳон дар шароити хубу мусоид хидмат расонида шавад.
Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 200 ширкати сайёҳӣ дар асоси иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудаанд, ки аз ин шумора 35 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 94 адад ба шаҳри Душанбе, 42 адад ба вилояти Суғд, 18 адад ба вилояти Хатлон ва 11 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд.
Аз руйи ҳисоботҳои оморӣ маълум мешавад, ки сол ба сол бо фароҳам омадани шароити мусоид, ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ меафзояд. Аммо, новобаста аз имконоти мавҷуда захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба таври зарурӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои муосиру байналмилалии сайёҳӣ истифода нагардида, шароити мусоид барои сайёҳон ба таври кофӣ муҳайё карда нашудааст. Аз ин рӯ, ҳукумати ҷумҳурӣ мақсад гузоштааст, ки дар ин самт ислоҳот гузаронад, то саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба таври назаррас баланд бардошта шавад.
Дар заминаи мавҷудияти мероси бойи таърихию фарҳангӣ, табиати нодир, кӯлҳо, ҳайвоноту растаниҳо, кӯҳҳои осмонбӯс барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, якчанд минтақаҳои байналмилалии сайёҳӣ ташкил карда шуда, меҳмонхонаҳо ва марказҳои тиҷоратии ба талаботи муосир ҷавобгӯ сохта, ба истифодаи умум пешниҳод карда шуданд.
Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 343 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ сабт шудааст. 214 меҳмонхона, 46 хостел ва мотел, 54 осоишгоҳ, 12 маркази муолиҷавӣ ва лагерҳои солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ аз ин шумора мебошанд.
Мутобиқ ба нишондоди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ шаҳрвандони хориҷие, ки мутобиқи талаботи ин созмон ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ гардидаанд, аз соли 2010 то соли 2022 аз 160 ҳазор то ба 1 млн. нафар афзудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ёдовар шуданд, ки шумораи сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019 12 фоиз афзудааст. Вале ин нишондиҳанда бо назардошти имконоти таърихию табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобатию истироҳатии мамлакат кофӣ нест. Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад.
Дар маҷмуъ, сайёҳӣ падидаи мураккаби иқтисодию иҷтимоии замони муосир мебошад ва вобаста ба беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ инкишоф меёбад. Сайёҳӣ чун дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар баробари густариши тамаддуни инсонӣ тағйирёбанда буда, навгониҳои ҳаёти муосирро таҷассум менамояд. Афзалияти рушди сайёҳӣ дар он аст, ки бо сармояи нисбатан кам даромади калони пулӣ ба даст меояд ва шумораи зиёди аҳолӣ бо кор ва музди баланд таъмин мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз нишондиҳандаҳои зикргардида, камбудиҳо дар соҳаи сайёҳӣ мавҷуд буда, ҳукумати ҷумҳурӣ барои бартараф кардани онҳо, бо ҷалби сармояи хориҷӣ кӯшишу талош меварзад. Бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳаи сайёҳӣ ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳо, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ имкониятҳои мавҷударо васеъ истифода намуда, ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқат дар ин самт кӯшиш менамоянд.
Барои густариши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ташкили марказҳои ахборотӣ барои соҳибкорони кишварҳои хориҷӣ бо мақсади огоҳӣ ёфтани онҳо аз шароиту имкононти мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон зарурият дорад.
Сайёҳӣ дар шароити муосири Тоҷикистон ба як соҳаи муҳим ва стратегӣ табдил ёфтааст, ки дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши калидӣ мебозад.
Имрӯз Тоҷикистон бо захираҳои бойи табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ дорои имкониятҳои бузурги рушди сайёҳӣ мебошад. Эҷоди инфрасохтори зарурӣ, таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ, дастгирии соҳибкорон ва ташкили минтақаҳои махсуси сайёҳӣ аз иқдомҳои муҳими давлат дар ин самт ба ҳисоб мераванд.
Бо вуҷуди ин, ҳанӯз як қатор камбудиҳо, аз ҷумла набудани инфрасохтори муосир дар баъзе минтақаҳо, сатҳи пасти хизматрасонӣ ва истифодаи номукаммали захираҳои сайёҳӣ боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, идомаи ислоҳот, ҷалби сармояи хориҷӣ, баланд бардоштани савияи касбии мутахассисон ва тарғиби имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст.
Давлат тавассути татбиқи барномаҳои стратегӣ, аз қабили “Стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030”, ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ, озод кардани ширкатҳои сайёҳӣ аз андозҳо дар панҷ соли аввал ва таъсиси минтақаҳои махсуси сайёҳӣ, барои рушди ин соҳа талош меварзад. Соли 2019 даромади сайёҳӣ ба 267.5 миллион доллар расида, саҳми он дар ММД 2.2% ва бо назардошти таъсири ғайримустақим 10.4%-ро ташкил дод. Шумораи сайёҳони хориҷӣ аз 160 ҳазор дар соли 2010 то 1.4 миллион дар соли 2024 афзоиш ёфтааст, ки нишонаи пешрафти назаррас аст.
Рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобатӣ, инчунин таҳкими робитаҳои фарҳангӣ тавассути сайёҳӣ, метавонад Тоҷикистонро ба як макони ҷолиби ҷаҳонӣ табдил дода, сатҳи зиндагии аҳолиро беҳтар созад. Аз ин рӯ, сайёҳӣ ҳамчун муҳаррики муҳими иқтисодиёт ва омили пешрафти иҷтимоӣ дар сиёсати давлатӣ мақоми хоса дорад.
Дар маҷмуъ, рушди устувори сайёҳӣ метавонад Тоҷикистонро на танҳо ба як макони ҷолиби сайёҳӣ, балки ба манбаи муҳими даромад ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ табдил диҳад.
Турсунов Т.Х., сарходими илмии шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Аврупо ва Осиёи АМИТ, д.и.т., профессор
Ба истиқболи ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ
Устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз - олими шинохтаи тоҷик - хатмкунандаи факултети забон ва адабиёти русӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ҳоло корманди илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори соҳибмактабест, ки дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар кишварамон мақому мартабаи хосса дорад. Аз ин рӯ, дар арафаи ҷашни 80-солагии Донишгоҳи номбурда, мехоҳам дар бораи дастовардҳои устод , ки ба қуллаи баландтарини илм расидааст, ибрози чад андеша намоям.
Муҳаммад Абдураҳмон хатмкунандаи факултети забон ва адабиёти русӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб соли 1984 мебошад. Номбурда, баъди хатми ин боргоҳи маърифат ба ҳайси ассистента кафедраи фалсафа ва коммунизми илмӣ ба кор қабул карда шудааст. Ӯ соли 1989 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Мински Ҷумҳурии Белорусия дохил шуда, баъди хатми аспирантура пеш аз муҳлат рисолаи номзадиро дар мавзуъи “Муоширати байнимиллатҳо дар коллективҳои истеҳсолии меҳнатӣ (Дар мисоли корхонахои саноатии Тоҷикистон), ҳимоя намудаааст. Устод дар ҳамонҷо то охири соли 1994 рисолаи докториро дар мавзӯи “Раванди муоширати байнимилатҳо ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ” (таҷрибаи Тоҷикистон) бо рамзи 23.00.02. равандҳои сиёсӣ (илмҳои сиёсӣ) ба анҷом расонида, бо мувафақият дифоъ намудааст.
Муҳаммад Абдураҳмон нахустин доктори илмҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо шарофияти ӯ аввалин Шӯрои ҳимояи рисолаҳо оид ба илмҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон кушода шуда буд.
Устод аз соли 1993 то 1997 дар вазифаҳои муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, профессор, сармутахассиси шӯъбаи илми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва соли 1997 ҳамчун муаллими калони Коллеҷи ҳарбии Вазорати мудофиа кор кардааст. Аз соли 1997 то соли 2001 Сармутахассиси шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2001 то 2006 дар вазифаи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Муҳаммад А.Н. аз соли 2007 то 2012 дар вазифаи декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 2012 то 2015 Машваратчии калон - Сардори шӯъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Аз 20-уми апрели соли 2015 то 15 марта 2017 ба ҳайси Директори Института фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ фаъолият намудааст. Устод аз 15 марта соли 2017 то соли 2024 ба ҳайси ноиби президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Ӯ дар тули фаъолияти 40 солаи хеш зиёда аз 400 мақолаҳои илмӣ таҳқиқотӣ, 40 китобу дастурҳои таълимӣ ва монографияҳои илмӣ чоп намудааст. Корҳои илмӣ-тадқиқотии устод дар бисёр кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла дар Москва, Минск, Киев, Вашингтон, Шветсия ва Эрон нашр гардидаанд.
Хидмати Муҳаммад Абдураҳмон дар пешрафти маориф ва тарбияи кадрҳои баландихтисос-номзад ва докторҳои илмҳои сиёсӣ назаррас аст. Таҳти роҳбарӣ ва мушовирии бевоситаи ӯ оид ба илмҳои сиёсӣ 33 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 7 нафар рисолаҳои докторӣ ҳимоя намудаанд, ки 10 нафарашон хатмкунандагон ва устодони Донишкадаи давлатии Кӯлоб мебошанд.
Мактаби илмии Муҳаммад А.Н. дар Тоҷикистони азиз яке аз мактабҳои бонуфузтарини илмҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ аз давраҳои гуногун то имрӯз дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ фаъолияти омӯзгорӣ намуда, дар таълими фанни сиёсатшиносӣ ба насли ҷавон корҳои зиёди методию таълимиро ба анҷом расонидааст. Саҳми ӯ дар таблиғи донишҳои сиёсӣ, сиёсати давлати дунявӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳури эътироф гардидааст.
Профессор Муҳаммад А.Н. дар тули фаъолияти илмию омӯзгории худ чунин китобу дастурҳоро таълиф намудааст: Аз чумла 8 китоби дарсӣ ва як “Донишномаи мухтасари сиёсӣ” барои мактабҳои олӣ таълиф намудааст. Китоби “Риторика ва баҳси сиёсӣ“ - и муаллиф дар Эрон, китоби “Сиёсатшиносй” и ӯ дар Афғонистон чоп шудааст. Ҳамзамон чунин китобҳо, монографияҳо ва дастурҳои зерин низ ба қалами ӯ тааллуқ доранд:
Луғати мухтасари сиёсатшиносӣ (1992), Политология: предмет, структура и задачи курса (1993), Социология конфликта (1995), Асосҳои сиёсатшиносӣ (курси лексияҳо) (1995), Политические режимы (1999), Политическое поведение: социальные факторы и формы проявления (2000), Стратегияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000), Политические поведение: некоторые аспекты структурного анализа (2003). Фалсафаи варзиши Абуалӣ Сино (2005), Политическая идеология современного мира (2006). Амният ҳамчун падидаи системаи иҷтимоӣ (2007). Амнияти Тоҷикистон:масъалаҳои миллӣ ва байналхалқӣ (2007). Сиёсатшиносӣ - китоби дарсӣ барои мактабхои олӣ (2010). Риторика ва баҳси сиёсӣ: китоби дарсӣ (2011). Методикам таълим ва таҳқиқи сиёсатшиносӣ: китоби дарсӣ (2012). Муқаддимаи идеяи миллӣ: китоби дарсӣ (2013). Назарияҳои муосири сиёсӣ: китоби дарсӣ.(2014), Риторика и политическая полемика(2015), Государственная независимость Республики Таджикистан: теория, история и политическая практика. (2016), Современный Таджикистан: диалектика независимости и интеграции (политико-правовой анализ). Монография. Душанбе. (2016). (Ҳаммуаллиф), Истиқлоли сиёси ва таҳкими давлатдории миллӣ. Душанбе. Монография. «Эр-граф», (2016), Андешаҳои иҷтимоию сиёсии Абубакр Закариёи Розӣ (ҳаммуалифӣ) Душанбе, «Дониш». (2016), Сиёсатшиносии этникӣ, (2017), «Сиёсатшиносӣ» барои мактабҳои олии кишвар (2018),дар ҳаммуалифӣ, «Инсон, сиёсат ва ҷомеа» монография, (2018), Тоҷики тоҷвар (2018), Амнияти миллӣ (2019) , «Озоди ва истиқлоли миллӣ» (2024), «Сиёсат» (2025) ва ғ. мебошанд.
Имрӯз устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар Академиям миллии илмҳои Тоҷикистон ва байни аҳли илму маорифи ҷумҳурӣ ҳамчун олими соҳибмактабу эҷодкор, бомаҳорату ибратбахш, соҳиби ҳурмату эҳтироми зиёд аст.
Устод барандаи “Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино” оид ба илму техника дар соли 2018 мебошад.
Хизматҳои ӯро дар соҳаи таҳқиқотҳои илмӣ, ташвиқу тарғиби худшиносии миллию истиқлолияти сиёсӣ ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос ба назар гирифта, соли 2023 барои китоби ” Инсон , сиёсат ва ҷомеа “ ба ҷоизаи АМИТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гумманитарӣ мушарраф гардидааст.
Устод Муҳаммад Абдураҳмон шахсияти миллӣ , ватанпарвар ва марди соҳибхирадест,ки ҳамаи мувафақиятҳои илмию таълимиашро ба Донишгоҳи хатмкадрдаашон вобастаю пайваста медонад. Дар арафаи ҷашни 80 солагии Донишгоҳ аз устоди азиз пурсон шудам, ки шуморо марди ҷасур, соҳибхирад, каме оташин ва соҳибмактаб мегуянд. Барои чи шумо баъди хатми мактаби миёна ба марказ ба шаҳри Душанбе барои таълим нарафтед ва дар шаҳри Кӯлоб мондед.
Баъдан агар имкон бошад гӯед, ки асрори ин ҳама дастовардҳои илмии шумо дар чист?
Устод бо чеҳраи кӯшода ва ҷиддияти хосса гуфт ” албатта ҳама ба меҳнату заҳмат ва устодони серталаби банда, мисли Тағой Раҳмонов, Хурсанд Азамов, М. Ибодов М.Саъдуллоев, А Кабина, Иброҳим Гурез, Савронби Раҳимова, муаллим Қадруллоев, .А.С. Вашенко, А.Нозимов, Сабко Наталя, ректори пешина, профессор Карим Самариддин ва ноиби он кас Сайхуча Азиз вобастгӣ дошт. Онҳо шахсиятҳои хеле шинохта ва кордон буданд.
Масъалаи дигар дар он замон рӯзгори мо начандон аз лиҳози иқтисодӣ хуб буд. Мо имконияти дар Душанбе хонданро надоштем. Агар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб намешуд шояд ягон касби дигарро интихоб мекардам ё ин ки варзишгари касбӣ мешудам. Асрори ҳамаи дастовардҳои худро ба ҳамин Донишгоҳи муқаддас ва оилаи солим доштанам вобастаю пайваста медонам. Ин Донишгоҳи давраи ҷавонӣ, паҳлавонӣ
ва ишқу армони ман , ки бароям хеле муққадас аст”.
Устоди азиз, барои самимимият ва посдории хотираи нек хеле миннатпазирам.
Қурбонов Давлатбек - номзади илмҳои сиёсӣ, омӯзгори кафедраи
сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав.
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАРОИ ПУРРА НЕСТ КАРДАНИ СИЛОҲИ ҲАСТАӢ ВА САҲМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН ҶОДА
Дар рӯзҳои наздик, яъне 26 сентябр, Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз, ки соли 2013 аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ эълон шудааст, рамзи умед барои ояндаи сулҳомез аст ва ҳадафаш баланд бардоштани огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи хатари силоҳи ҳастаӣ ва зарурати комилан нест кардани он мебошад. Дар замони муосир, ки таҳдидҳои геосиёсӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ афзоиш меёбанд, таҷлили ин рӯз бештар аз ҳар вақта аҳамият пайдо мекунад.
Силоҳи ҳастаӣ аз солҳои 1940-ум, вақте ки аввалин бомбаҳои атомӣ дар Ҳиросима ва Нагасаки партофта шуданд, таҳдиди доимӣ барои инсоният аст. Имрӯз, зиёда аз 12 ҳазор силоҳи ҳастаӣ дар дунё мавҷуданд, ки метавонанд тамоми сайёраро вайрон кунанд. СММ таъкид мекунад, ки нест кардани силоҳҳои мазкур калиди сулҳи устувор ва рушди устувор аст. Таҷлили рӯзи 26 сентябр ҳамчун рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ имконият медиҳад, ки ҳамаи кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва шаҳрвандон дар бораи хатарҳои силоҳи мазкур ва роҳҳои пешгирии он чораҳо андешанд.
Дар соли 2024, ин рӯз бо чорабиниҳои баланди СММ таҷлил гардид, ки дар онҳо роҳбарони ҷаҳон даъват карданд, то созишномаҳои байналмилалӣ, аз қабили Шартнома дар бораи манъи яроки ядроӣ (Treaty on the Prohibition of Nuclear Weapons), Шартномаи оиди паҳн накардани яроқи ядроӣ(Treaty on the Non-Proliferation of Nuclear Weapons), Конвенсия оид ба бехатарии ҳастаӣ (Convention on Nuclear Safety), Шартномаи манъи ҳамаҷонибаи озмоишҳои яроқи ядроӣ(Comprehensive Nuclear-Test-Ban Treaty) ва ғайра бештар амалӣ гарданд. Ин рӯз на танҳо як таърихи тақвимӣ, балки як ҳаракати ҷаҳонӣ барои ояндаи беҳтарин аст, ки дар оянда ҳеҷ кишвар эҳсоси таҳдид накунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишваре бидуни силоҳи ҳастаӣ аст ва ҳеҷ гоҳ дар самти мазкур таҷриба накардааст. Аз соли 1994, Ҷумуҳрии Тоҷикистон Шартнома дар бораи паҳн накардани яроқи ҳастаиро (Treaty on Non-Proliferation of Nuclear Weapons) ва соли 2004 Протоколи иловагии созишномаи мазкурро ба имзо расонидааст. Аммо саҳми асосии Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар эҷоди Шартнома дар бораи минтақаи аз яроқи ядроӣ озод будани Осиёи Марказӣ (The Central Asian Nuclear-Weapon-Free Zone (CANWFZ) treaty) аст, ки соли 2006 бо иштироки Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон имзо гардидааст. Созишномаи мазкури таърихӣ минтақаро ба минтақаи аввалин минтақаи озоди аз ҳама намуди силоҳи ҳастаӣ, яъне ба минтақаи ғайриҳастаӣ мубаддал гардонидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ карда, таъкид намудааст, ки Ҷумҳури Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси минтақаҳои бештари озоди аз силоҳи ҳастаӣ аст ва барои пурра нест кардани силоҳҳои мазкур дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ меовард. > Олимчон: Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Миллали Муттаҳид ба ин мушкилоти рӯзафзуни башарият бетараф буда наметавонад. Ҳамин аст, ки ҳанӯз қабл аз таъйин шудани Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ, дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 22 сентябри соли 2009 баргузор гардида буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, чунин зикр намуданд: «Мо ба таҳкими раванди халъи силоҳ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Умедворем, ки дар ҷараёни Конфронси ташреҳии соли 2010-ум дар миёни иштирокдорони Аҳднома доир ба пешгирии паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ дар атрофи масъалаҳои муҳими татбиқи амалии санади мазкур мубодилаи ҷиддии афкор сурат хоҳад гирифт. Итминон дорем, ки таъсиси минтақаҳои озод аз силоҳи ҳастаӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аҳамияти бузург пайдо менамояд. Бо дарназардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки доир ба татбиқи амалии муқаррароти Аҳднома дар бораи минтақаи озод аз аслиҳаи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ, ки 21 марти соли 2009 эътибор пайдо кард, фаъолона амал намояд».
Дар баробари масалаи мазкур, Сарвари давлат хатари терроризму экстремизмро на камтар аз силоҳи ҳастаӣ баҳогузорӣ карда, дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардаанд».
Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ як ёдоварист, ки сулҳи ҷаҳонӣ аз ҳар як мо вобаста аст. Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз минтақаи озод аз яроқи ҳастаӣ то фаъолият дар СММ мерасад, намунаи ибрат барои дигар кишварҳои ҳамсарҳад аст. Дар соли 2025, ки таҳдидҳои нав пайдо мешаванд, аз ҷумлаи киберхатарҳо ба дастгоҳҳои ядроию радиатсионӣ ва бинобар ин зарур аст, ки ҳамаи давлатҳо ҳамкорӣ кунанд, то ин рӯз ба воқеият табдил ёбад – ҷаҳонро ба ҷаҳони бе силоҳи ҳастаӣ мубаддал гардонанд.
Олимҷон Азизов - мудири шуъбаи менеҷмент, муносибатҳои
байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Адабиёт
1. United Nations. (n.d.). International Day for the Total Elimination of Nuclear Weapons. Retrieved from https://www.un.org/en/observances/nuclear-weapons-elimination-day
2. Wikipedia. (n.d.). International Day for the Total Elimination of Nuclear Weapons. Retrieved from https://en.wikipedia.org/wiki/International_Day_for_the_Total_Elimination_of_Nuclear_Weapons
3. Reaching Critical Will. (n.d.). International Day for the Total Elimination of Nuclear Weapons. Retrieved from https://reachingcriticalwill.org/disarmament-fora/others/international-day
4. Permanent Mission of Tajikistan to the United Nations. (2023). Statement to the First Committee of the General Assembly. Retrieved from https://docs-library.unoda.org/General_Assembly_First_Committee_-Seventy-Eighth_session_%282023%29/Tajikistan_5wyDxpWytN98_en.pdf
5. United Nations. (n.d.). Treaty on a Nuclear-Weapon-Free Zone in Central Asia. Retrieved from https://www.un.org/nwfz/content/treaty-nuclear-weapon-free-zone-central-asia
6. World Nuclear Association. (2022). Uranium in Tajikistan. Retrieved from https://world-nuclear.org/information-library/country-profiles/countries-t-z/tajikistan
7. Агентии хабарии "Ховар". (2017). Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси минтақаҳои озоди аз силоҳи ҳастаӣ. Retrieved from https://khovar.tj/2017/09/to-ikiston-onibdori-tasisi-minta-a-oi-ozod-az-silo-i-asta-26-sentyabr-r-zi-bajnalmilalii-muboriza-baroi-purra-nest-kardani-silo-i-asta/
8. United Nations Office of Counter-Terrorism. (2024). Equipping and Training the Border Troops of Tajikistan. Retrieved from https://www.un.org/counterterrorism/events/equipping-and-training-border-troops-tajikistan-combat-radiological-and-nuclear-terrorism
ҲАШТОД СОЛИ МУБОРИЗАҲОИ СММ БАРОИ ҲИФЗИ СУЛҲУ АМНИЯТ ВА АМАЛИСОЗИИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
(бардоштҳо аз суханронии Пешвои миллат дар мубоҳисаҳои Иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии СММ)
Тавре, ки маълум аст, таъсиси Созмони Милали Муттаҳид (ҳамчун ҷойгузини Лигаи миллатҳо, ки аз солҳои 1919-1920 то соли 1946 бо шумули 58 давлати аъзо фаъолият дошт) дар давоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оғоз гардида буд. Бо ин мақсад моҳи январи соли 1942 намояндагони 26 давлат, аз ҷумла собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ИМА ва Англия эъломияи махсусро ба имзо расонида, моҳи октябри соли 1943 аз ҷониби Хитой, собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Англия ва ИМА Эъломия дар бораи ташкил намудани созмони универсалии байналмилалӣ, ки ҷиҳати ҳифзи сулҳу амният мубориза мебарад, қабул карда шуд. 24 октябри соли 1945 бошад, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби аксарияти кишварҳо, аз ҷумла панҷ аъзои доимии Шурои амнияти он (Англия, Хитой, собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ИМА ва Фаронса) ба тасвиб расид.
Ба ҳамин тариқ, соли 1945, ҳаштод сол муқаддам Созмони Милали Муттаҳид, ки аз якчанд мақоми асосӣ иборат буд (Ассамблеяи генералӣ, Шурои амният бо 15 аъзои доимӣ ва ивазшаванда, Додгоҳи байналмилалии судӣ, Котибот, Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ғайра) ба фаъолият шуруъ намуд. Фаъолияти ин созмон барои нигоҳ доштани сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо ва ҳалли баҳсҳо нигаронида шуда, он ба ҳалли буҳронҳои башардӯстона, мубориза бо камбизоатӣ, пешбурди ташаббусҳои экологӣ ва таҳкими қонуни байналмиллалӣ низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Соли 2025 аз таъсиси Созмони Милали Муттаҳид ва қабули Оинномаи он 80 сол пур мешавад. Дар ин муддат созмони мазкур дар самти мубориза барои ҳифзи сулҳу амният ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии кишварҳои аъзо, аз ҷумла иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.
Бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ чорабиниҳои зиёди илмӣ-назариявӣ, илмӣ-амалӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ гузаронида шуданд. Аз ҷумла, аз 21 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг, Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу де Соуза, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, директори идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ва дигар шахсони расмӣ мулоқоти судманд анҷом дода, дар Иҷлоси Маҷмаи умумии созмони мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар суханронии Пешвои муаззами миллат, қабл аз ҳама, ҳолати ноустувориву номуайянӣ ва печидагиҳо дар сиёсати байналмилалӣ дар ҷаҳони муосир, талошҳо барои ислоҳоти он, низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва таҳдидҳо барои сулҳи пойдор таъкид гардиданд. Чунин вазъ, ба андешаи мо, тақозо мекунад, ки вазъи кунунии олам, раванди барқароршавии тартиботи нави ҷаҳонӣ на танҳо аз лиҳози сиёсӣ, балки фалсафию ахлоқӣ арзёбӣ гардида, тадбирҳои мушаххас ҷиҳати муътадилсозии авзои сайёра дар даврони муосир андешида шаванд.
Масъалаҳои болобарии нақши Созмони Милали Муттаҳид бо роҳи ислоҳоти фарогири низоми он дар асоси “Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80”, "Созмони Милали Муттаҳид-2.0" ва Диди Дабири кулли созмони мазкур оид ба ин масъала, таҳкими ҳамкории баробарҳуқуқ миёни давлатҳои хурду бузург ва тақвияти фаъолияти давлатҳои абарқудрат дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор аз мушкилоти калидии ҷаҳони муосир буда, Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи тамоми аъзои СММ-ро ба ҳалли онҳо ҷалб сохтанд. Дар ин росто махсусан қайд карда шуд, ки «ҳаҷми маблағгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рушди устувор ҳамоно талаботи мавҷударо қонеъ карда наметавонад».
Имрӯз дар кулли сайёра мушкилоти тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорат инсониятро бетараф гузошта наметавонад. Аз ин рӯ, Сарвари давлати мо пешниҳод карданд, ки дар ҳалли мушкилоти вобаста ба сарчашмаи ҳаёти инсоният, яъне об ва роҳандозии дипломатияи об аъзои СММ фаъол бошанд, дар кори «чорабинии навбатии “Раванди оби Душанбе” - Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки соли оянда дар Тоҷикистон баргузор мегардад» ва омодагӣ ба Конфронси оби соли 2028-и Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе ширкат варзида, дар ҳалли масъалаҳои дахлдор саҳми беш аз пеш гузоранд.
Дар баробари ин, дар робита ба поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва бо риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низову ихтилофи байни кишварҳо Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки «Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад». Ин масъала дар робита бо ҳалли қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи пойдор дар ин минтақа дар асоси татбиқи қатъномаҳои СММ ва формулаи таъсиси «ду давлат», инчунин таъмини амният дар Афғонистони ҳамсоя ва рушди иҷтимоиву иқтисодии он мубрамияти бештар пайдо мекунад.
Бояд таъкид намуд, ки суханронии Пешвои миллат дар мубоҳисаҳои Иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии СММ бори дигар нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомҳои хеш дар сатҳи байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ ба як кишвари фаъолтарини минтақа ва сайёра табдил ёфтааст. Аз ҷумла, қабули пешниҳоди Тоҷикистон оид ба қатъномаи “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” дар таърихи 25 июли соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ гувоҳи аёнии ин матлаб аст. Аз ин рӯ, минбаъд таъсис додани Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе, ки Пешвои миллат ба миён гузоштанд, барои ҳалли масъалаи матраҳшуда воситаи хеле муассир ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмуъ, масъалаҳои сулҳу амният ҷавҳари суханронии Пешвои муаззами миллатро дар Иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии СММ ташкил доданд. Аз ин рӯ, омодагии Тоҷикистон дар тавсеаи минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амнияти ҷаҳонӣ дар заминаи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм”, истиқболи ҷумҳурии мо аз "Паймон ба хотири оянда" ҳамчун иқдоми муҳимми дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор ва пешниҳод оид ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз минбари ин созмони бонуфузи байналмиллалӣ бори дигар батаври равшану возеҳ садо доданд.
Таърихи ҳаштодсолаи СММ, муборизаҳои он барои ҳифзи сулҳу амният ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалӣ дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ нишон медиҳад, ки созмони мазкур яке аз мақомотҳои бонуфузтарин ва муассиртарини байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ маҳсуб мешавад ва бе иштироки он дастёбӣ ба ин ҳадафҳои волои инсоният дар даврони муосир имконнопазир аст. Аз ин рӯ, амалисозии он иқдомҳо ва пешниҳодҳое, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои Иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии СММ садо доданд, як қадами бузурге дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувори инсоният ва таъмини сулҳу амнияти куллӣ дар сайёраи сарсабзи мо хоҳанд буд.
Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов
САФАРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ҚИРҒИЗИСТОН ҶИҲАТИ ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ СЕЮМИ БАЙНИПАРЛАМЕНТИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
23 сентябри соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.
Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки моҳи июли соли 2022 зимни Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории амалии мақомоти намояндагӣ ва қонунгузори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои мутақобилаи минтақавӣ ва шарикии стратегӣ, баргузории Форуми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расида буд.
Форумҳои қаблӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон доир гардида, ба таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ ва тавсеаи муколамаи минтақавӣ мусоидат намуданд.
Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки баргузории мунтазами Форуми мазкур нишонаи эҳтиром ба арзишҳои ҳамгироии минтақавӣ ва ифодаи талоши устувори кишварҳои минтақа дар роҳи таҳкими эътимод, муколама ва ҳамкорӣ ба нафъи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад.
Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба шарофати саъйю талошҳои созанда ва сиёсати пайгиронаву босуботи Сарони давлатҳои он имрӯз тадриҷан ба минтақаи ҳамкории барои ҷонибҳо судманд табдил меёбад.
Муҳимтар он аст, ки аз самараи барқарории фазои сифатан нави дӯстӣ, ҳамкорӣ ва эътимод дар минтақа, пеш аз ҳама, халқҳои ба ҳам дӯсту бародари Осиёи Марказӣ баҳравар мегарданд.
Дар доираи рӯзномаи форум иштирокдорон масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди рақамикунонии иқтисодиётро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз рӯи ин масъалаҳо дар бахшҳои алоҳидаи форум муҳокимаҳои судманд сурат гирифтанд[1]. Эъломияи Бишкек қабул карда шуд, ки дар он тавофуқҳои ҳосилшуда ва самтҳои ҳамкориҳои минбаъда баён шудаанд[3].
Дар ҳамин замина хотирнишон намудан ба мақсад мувофиқ аст, ки робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гардидаанд.
Мусаллам аст, ки робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон бар пояи анъанаҳои устувори сиёсӣ ва иқтисодӣ асос ёфта, дар рӯҳияи дӯстии таърихӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд рушд меёбанд.
Қобили зикр аст, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба Тоҷикистону Қирғизистон Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (ҷаласаи аввал 6 августи соли 2009 дар ш. Душанбе ва Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (ҷаласаи аввал 27-28 майи соли 2013 дар ш. Бишкек)-ро таъсис додаанд. Ин ниҳодҳо ба ҳайси механизмҳои самарабахш барои ҳалли масъалаҳои афзалиятнок ва такмили муносибатҳои дуҷониба хизмат мекунанд[2].
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳамкорӣ дар сохторҳои бисёрҷониба - СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СААД, СҲИ ва МҲТБО аҳамияти муҳим медиҳанд[2].
Қобили зикр аст, ки самти ҳамкориҳои фарҳангию башардӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи вусъатёбанда рушд намуда, он аз ҳар ҷиҳат мавриди дастгирии мардуми ба ҳам дӯсти ҳарду кишвар мебошад. Хулоса, халқҳои тоҷику қирғизро умумиятҳои зиёди фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд. Ду халқи ҳамсоя дар раванди таърих аз осори маънавии якдигар баҳра бурда, таъсири мутақобила дар зиндагиашон ба назар мерасад. Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои судманди ду халқи бародар ҷавобгӯйи манофеи ду кишвар буда, ҳадафи асосӣ ба пешрафту ободии манотиқи Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ба таҳкими рӯҳияи дӯстӣ, саҳмгузорӣ, шарикии стратегӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки ба муҳити минтақавӣ таъсири мусбат хоҳад расонд, мусоидат менамояд.
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи ИДМ-и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа
САРЧАШМА:
1. Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд. Манбаи электронӣ: https://khovar.tj/2025/09 / rustami-emomal-dar-forumi-seyumi-bajniparlamentii-kishvar-oi-osiyoi-markaz-ishtirok-namudand/. Санаи муроҷиат: 23.09.2025.
2. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон. Маълумотнома дар бораи вазъи робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон.Манбаи электронӣ: https://mfa.tj/tg/bishkek/munosibatho/munosibathoi-dujoniba.
Санаи муроҷиат: 20.09.2025
3. Рустами Эмомали выступил на Третьем Межпарламентском форуме стран Центральной Азии в Бишкеке.
Источник: https://avesta.tj/ 2025/09/23/ rustami-emomali-vystupil-na-tretem-mezhparlamentskom-forume-stran-tsentralnoj-azii-v-bishkeke/ Avesta.tj. Дата обращения: 23.09.2025.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм





Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
