Skip to main content

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Бо дастгирии бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Академияи илмҳо ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табдил дода шуд. Ба вазъияти иқтисоди ҷумҳурӣ нигоҳ накарда Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои муаззами миллат сохтори худро пурра нигоҳ дошт.

Илм ва маърифат бузургтарин ва арзандатарин арзиши миллии миллати тамаддунофари тоҷик буда, саҳми фарзандони илмофари тоҷик дар таърих ва тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми баланд дорад. Даврони истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон саҳифаи навтарини таърихи миллат буда, таҳти сарварии Ҷаноби олӣ, Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати соҳибистиқлоли мо ба дастовардҳои беназири илмӣ ноил гардида истодааст.

Имрӯз (09.01.2025) дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону муҳақиқони самти биология ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Бар кори ҳамоиш ноиби президенти АМИТ Мирзораҳимзода Акобир ҳусни оғоз бахшида таъкид дошт, ки дар давраи соҳибистиқлолии давлати азизамон дар тамоми самтҳои илмҳои биологӣ пешравиҳо, беҳбудиҳо ба вуқӯъ пайвастанд.

Инчунин, дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии озмоишгоҳҳои Институти оид ба самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмӣ натиҷаҳои муҳимми назариявӣ ва амалӣ ба даст оварда шуданд.

Дар маҷмуъ аз ҷониби кормандони институтҳои ботаника ҷилди якуми китоби «Атласи растаниҳои шифобахши Тоҷикистон» ба нашр расидааст, ки дар он, оид ба хусусиятҳои морфобиологӣ, муҳити рушд, паҳншавӣ, ҳолат, таркиби химиявӣ, усули ҷамъоварӣ, шакли дору ва хусусиятҳои фармакологии 100 намуди растаниҳои шифобахши Тоҷикистон маълумот гирд оварда шудааст.