Skip to main content

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Коррупсия пурхатартарин бемории инсон ва ҷомеа дар дарозои таърихи башар дониста шуда, яке аз омилҳои асосии бавуҷудоии он ғолибияти нафси инсонӣ бар қудрати ақлонии (ратсионалӣ) ӯст.

Инсон он гоҳ дар муносибат ба ҷомеа комил ё солим будан метавонад, ки дорои маърифату дониши ҳамида бошад. Пас, ҳамон тасдиқи “нигини офариниш” будани инсон дар неруи бузурги ақлонӣ ва хирадмандиву донишмандии ӯ таҷассум меёбад. Чун бузургтарин сармояи инсон – илм ва хирад аст. Пас, инсони дорои илму хирад ба ҳеҷ ваҷҳ ба амалҳои коррупсионӣ майлу таваҷҷуҳ намепазирад.

Албатта, омилҳои ба вуҷуд омадани ҳаракатҳои коррупсионӣ зиёд буда, бештар ба ҷанбаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рабт доранд. Илова бар ин, коррупсияро метавон беморие номид, ки ҳувият ва нанги инсонро аз байн мебарад. Ба ибораи дигар, кирдорҳои коррупсионӣ, нисбатан аз ҷониби афроде сар мезананд, ки хеле ҳисси пасти ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ доранд. Яъне, чунин нафарон манфиатҳои шахсиашонро аз манфиатҳои давлатӣ авлотар медонанд. Пас, ин ҳам як омили ниҳоят хатарноки ба миён омадани хислати коррупсионӣ буда метавонад.

Дар замони Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати мубориза бар зидди ин падидаи воқеан номатлуб, аз ҷониби Ҳукумати кишвар хеле тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ пеш гирифта шудаанд, ки татбиқ ва амалигардонии онҳо вазифаи ҳамаи сокинони кишвар буда, муқовимати муштаракро бар зидди ин зуҳуроти манфур тақозо менамояд.

Боиси тазаккур аст, ки имрӯз дар кишвар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, №1714 амал менамояд, ки яке аз қонунҳои калидӣ дар мубориза бо коррупсия маҳсуб меёбад. Аз тарафи дигар, «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26 январи соли 2008, №34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30 августи соли 2013, №1504; «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3 августи соли 2021, №222 ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ шудааст, ки далелҳои барҷастаи муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Хулоса, метавон ибрози андеша намуд, ки коррупсия яке аз монеаҳои умдаи рушди устувори миллӣ буда, боздорандатарин падидаи пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлату миллат аст. Дигар ин ки, коррупсия тафаккури ҳуқуқии моро аз байн мебарад ва дар натиҷа инсон рисолати хешро дар зиндагӣ ва равиши кору фаъолият маҳкум менамояд.

Аз ин рӯ, маҳви коррупсия омили наҷоти инсон аз вартаи нобудӣ буда, ба рушди ояндаи давлату миллат ва устувории суботу сулҳу ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд.

Ардамеҳр Ашуров, котиби илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,номзади илмҳои таърих