Як дами ҷон костани модарон,
Беҳ зи ҳама муъҷизи пайғамбарон.
Як нигаҳи шуълавари модарон,
Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон
Модар калимаест, ки баробари ба забон овардан тамоми вуҷудро эҳсоси қувваю матонати нотамом фаро мегирад. Барои оромиши оила ва хушбахтии фарзандони хеш ба ҳама кор қодир мегардад. Маҳз барои ҳамин метавон модарҳоро “қаҳрамонони бесадо” гӯянд. Чунки муҳаббати беканоре нисбати фарзанди худ дорад. Пас мебояд тавон гуфт, ки ҷои модарро ҳеҷ кас ва ё неъмате гирифта наметавонад. Модар бо бузургияш метавонад ҷои шахсонеро пурра намояд, ки ҳатто ин ҷуръатро ҳеҷ кас карда наметавонад. Дар баробари тавлиду парасторӣ намудан, беҳтарин дӯст, мураббӣ, ҳамроҳ ва ҳимоятгар мебошад. Дар ҳаёти ҳар яки мо нақши муборизеро дорост.
Модар дар баробари нигоҳубини фарзанд, қонуну қоидаҳои ҳаёт ва арзишҳои иҷтимоӣ шинос мекунад. Модар бо ҳама ҳусни худ, меҳрубонӣ ва фаҳмиш ба фарзанд кӯмак мекунад, то ки ӯ инсони воқиф ва бомаърифат шавад.
Бо вуҷуди муҳабати зиёд ҳатто дар вазъияти душворӣ дар паҳлӯи фарзанд истода кумаки хешро дареғ намедорад. Ҳатто нисбати хеш беэҳтиромии фарзандро дида қодир аст, ки иштибоҳи онро бахшад.
Эҳтироми модар ва қадрдонӣ ба ӯ яке аз арзишҳои асосии ҳаёти инсонӣ аст. Ҳар як фарзанд бояд дарк кунад, ки модар ҳамеша барои ӯ қиматарин ганҷ аст ва бояд ба ӯ эҳтиром гузорад. Эҳтироми модар на танҳо бо сухан, балки бо амалҳо низ ифода кардан лозим аст.
Аз ин рӯ мо фарзандон бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро дӯст дорем, меҳрубон бошем. Зеро ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст. Бузургон дар васфи модар шеърҳои зиёде гуфтаанд ва сарояндагон онҳоро ба оҳанг дароварда месароянданду месароянд. Ҳар як нафари мо бояд ба қадри модар бирасем ва хушбахт созем. То ҳастем барояш хидмат кунем ва кӯшиш кунем, ки модар аз мо розӣ бошад. Ҳеҷ гоҳ меҳри модар аз фарзанд кам намешавад. Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст. Мо фарзандон чӣ қадаре ки хизмати модаро кунем якшаба зиндадориашро баргардонда наметавонем. Метавонем мисраҳои шеърӣ аз ашъори шоирон мисол оварем.
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз,
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз.
Аллагӯён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гоҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,
Сӯям оғӯшат калон бикшодаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо,
Пок кардӣ ашки чашмони маро.
Модар барои фарзанд, ҳаёт, меҳрубонӣ, ҳимоя ва оромӣ аст. Муҳаббати модар бениҳоят зиёд мебошад, ки ҳеч чиз ҷои онро гирифта наметавонад. Ҳар як фарзанд бояд қадри модарашро бидонад ва ба ӯ эҳтиром ва муҳаббат нишон диҳад, зеро модар бузургтарин арзиши ҳаёти ҳар як инсон аст.
Шодихуҷа Комилов Достонҷон Раҳмонов ходимонии илмии Институти математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви АМИТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
Санаи (06.12.2024) соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хониши сиёсӣ таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сиёсии Пешвои Миллат” баргузор карда шуд.
Дар баргузории хониши сиёсӣ академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раисони ташкилотҳои ибтидоии назди Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и АМИТ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – Каримзода Нилуфар, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Фазилатпочои Маҳмадюсуф ва аъзоёни ҲХДТ – и АМИТ иштирок намуданд.
Нахуст ба кори ҳамоиш муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и АМИТ Қурбонова Ширин – доктори илмҳои таърих ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро барои ташрифашон хайрамақдам гуфт.
Ҳамзамон ҳозиринро ба муносибати ҷашни пуршукуҳи 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборакбод намуда, аз китоби таълифнамудаи хеш бо номи “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сиёсии Пешвои Миллат” - аз таърихи таъсиси ҲХДТ ва талошҳову заҳматҳои шабонарӯзии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва ба дастовардҳои назаррас ноил шуданамон ибрози ақида намуд.
Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Каримзода Нилуфар, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, корманди шоистаи Тоҷикистон – Мирзошоҳрух Асрорӣ оид ба дастовардҳои 30 – соли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба муваффақиятҳои беназир ноил шудан таҳти роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуданд.
05 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи сафари корӣ ба Ҷопон аз Институти миллии илмии маводшиносиии Сукуба дидан намуданд.
Дар Институти мазкур корҳои таҳқиқотҳои илмӣ ба самти ташхису таҳлили моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ равона гардидааст.
Зимни боздид қайд гардид, ки Институти мазкур яке аз бузургтарин муассисаҳои илмӣ дар самти маводшиносӣ дар Ҷопон ба шумор рафта, дар тобеъияташ якчанд лабораторияҳои омӯзишу таҳлил ва таҳқиқи самти кимиëи ғайриорганикиро дорад. Дар озмоишгоҳҳои мазкур имконияти хуби ба анҷом расонидани корҳои илмӣ-таҳқиқотии унвонҷӯëн мавҷуд мебошад.
Роҳбарияти Институти илмии маводшиносии Сукуба қайд намуданд, ки баъди ба тавсиб расидани шартномаи тарафайн имконияти васеи ҷалби муҳаққиқони тоҷик ҷиҳати омӯзиш ва иҷрои корҳои илмӣ дар ин муассиса пайдо мешавад. Дар охир ҷиҳати рушди минбаъдаи таҳқиқотҳои илмии тарафайн изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
04 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи сафари кори ба шаҳри Акитаи Ҷопон аз мактаби миёнаи Сано дидан намуданд.
Дар рафти боздид иттилоъ дода шуд, ки мактаби миёнаи Санои шаҳри Акита давлатӣ буда, он 1 апрели соли 1953 тавассути муттаҳид кардани мактаби миёнаи наврасони Сиеваи шаҳри Акита расман ба фаъолият шурӯъ намудааст. Дар мактаби мазкур хонандагон дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бояд гуфт, ки мактаби мазкур бо техникаву таҷҳизотҳои мутобиқ бо талаботи муосир таҷҳизотонида шуда, базаи модию техникии пурқувватро доро мебошад.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо роҳбари ин муассиса мулоқот намуда, доир ба рушди соҳаи илму маориф суҳбат намуданд.
04 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи сафари кори ба шаҳри Акитаи Ҷопон аз Маркази тадқиқоти экологии шаҳри Акита боздид намуданд.
Дар рафти боздид президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз шароиту имконият ва фаъолияти илмию таҳқиқотии кормандони маркази мазкур шинос гардиданд.
Ҳамзамон намоишу дастовардҳои дар натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ба даст овардаи олимону кормандони Маркази тадқиқоти экологии шаҳри Акита ба маърази тамошо гузошта шуданд. Инчунин, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз майдони панелҳои офтобии маркази мазкур дидан намуданд.
Дар идома зикр гардид, ки дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) фаъолият менамояд. Аз ин рӯ олимони мо бояд дар якҷоягӣ барои гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак ҳамкориҳоро хуб ба роҳ монанд.
03 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни ташриф ба Донишгоҳи Акитаи Ҷопон дар муаррифии лоиҳаи iTAG-SATREPS иштирок намуданд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи iTAG-SATREPS - «Сохтмони низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои оби зеризаминӣ» дастгирии техникӣ буда, барои таъсис ва ҷиҳозонидани лаборатория, сохтмони истгоҳҳои (2 дона) гармидиҳӣ- хунуккунии бино равона гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар доираи лоиҳаи мазкур истгоҳи эксперименталии гармидиҳӣ-хунуккунии барои 100 м2 дар назди бинои Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта шуда, дар рузҳои наздик таҷҳизоти лозима насб карда, ба истифода дода мешавад. Истгоҳи эксперименталии гармидиҳӣ-хунуккунии дуввум дар дармонгоҳи Мачитон ба нақша гирифта шуда, корҳои пармакунӣ оғоз ёфтаанд. Баъди ба пуррагӣ омӯхтани кори истгоҳҳои мазкур дар шароити Тољикистон, тавсияи истифодаи он ба дигар муассисаҳо дода мешавад.
Инчунин мувофиқ ба қарордодҳои тарафайн ба Донишгоҳи Акита аз ҳисоби муҳақиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 3 нафар барои гузаштани курси магистрӣ, 1 нафар барои PhD ва 2 нафар барои гузаштани курсҳои такмили ихтисос фиристода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби муҳақиқи ҷавони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардида, бо дастгирии намояндагони Ҷопон амалӣ шуда истодааст.
03 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон аз озмоишгоҳи санҷиши таҳлили сифати об боздид намуданд.
Дар рафти боздид иттилоъ дода шуд, ки дар Озмоишгоҳи мазкур тадбирҳои санитарию техникӣ барои нест кардани ангезандаи бемориҳои сироятии об андешида мешаванд. Пас аз таҳлили пурраи таркиби об сифати он муайян гардида, ҳамзамон тавассути моддахои химиявӣ (мас., хлор, озон, йод, ионхои нуқра) ё усулхои физикӣ (ҷушонидан, тавассути афканишоти ултрабунафш, ултрасадо, гамма-афканишот) безарар гардонида мешаванд.
Озмоишгоҳи мазкур дар пояи Донишгоҳи Акитаи Ҷопон фаъолият намуда, дар он муҳақиқони ҷавон ва магистрантону докторантони PhD ба пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Ҳамзамон дар ин озмоишгоҳ муҳақиқони ҷавон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардида, донишҳои муосири худро сайқал дода истодаанд.
Зимни боздид аз озмоишгоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо муҳақиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суҳбат ороста, зикр дошт, ки дастгири пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон бештар зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, муҳақиқони ҷавонро зарур меояд, ки донишҳои худро муккамал сохта, дар оянда барои пешрафти соҳаи илми кишвар саҳми арзишманди худро гузоранд.
ВОХУРИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ БО МУҲАҚИҚОНУ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АМИТ ДАР ДОНИШГОҲИ АКИТАИ ҶОПОН
Дар таърихи 03 декабри соли равон дар ҳошияи сафари корӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон бо муҳаққиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурӣ намуд.
Зимни вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани таҳқиқотҳои илмӣ, истифодаи самаранок аз таҷрибаи олимони ин кишвар, саривақт анҷом додани рисолаҳои илмӣ, хуб таҳсил намудани ҷавонон ва бо интизоми намунавию хониши аъло хатм намудани Донишгоҳи Акита тавсияиҳои судманд доданд.
Таъкид гардид, ки ҷавонон зери таваҷҷуҳи хосаи сиёсати илм ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ҳамин аст, ки ташаббуси ҷавонон пайваста дастгирӣ меёбад.
Боиси хушнудист, ки дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва муҳаққиқони ҷавон равона гардидааст. Албатта шароит ва имкониятҳои фароҳам овардаи Сарвари кишвар аст, ки хушбахтона дар ин донишгоҳ зиёда аз 10 нафар магистрантон ва муҳаққиқони ҷавон таҳсил ва кору фаъолият намуда истодаанд.
03 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон бо декани аспирантураи Донишгоҳи Акита профессор Сибаяма вохурӣ анҷом дод.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо доир ба вазъи таҳсил, иҷрои корҳои илми таҳқиқотӣ, усули таълим ва иҷрои барномаҳои таьлимию стандартҳои таҳсилӣ табодули афкор намуданд.
Дар рафти вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт қайд намуданд, ки низоми таълим дар академия мутобиқ ба фазои байналмилалии таҳсилот роҳандозӣ гардида, таҳсил дар зинаи магистратура, аспирантура, докторантураи РhD ва посдокторантура ба роҳ монда шудааст.
Барои иҷрои корҳоиилмӣ - таҳқиқотӣ имрӯз муҳаққиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи барномаи табодули академӣ сафарбар гардида, корҳои -таҳқиқотии хешро ба анҷом мерасонанд. Барои иҷрои корҳои илмии муҳаққиқони ҷавон озмоишгоҳҳои АМИТ бо таҷҳизотҳои инноватсионӣ таъмин гардидаанд, ки дар иҷрои саривақтии рисолаҳои илмии муҳаққиқони ҷавон ва роҳбарони илмии онҳо мусоидат менамоянд.
Дар ин росто президенти АМИТ ҷиҳати табодули илмии муҳаққиқони ҷавони ҳарду ҷониб ëдовар шуда, аз имкониятҳои васеи ҳамкориҳои илмӣ бо Академия ëдовар шуд. Декани аспирантураи Донишгоҳи Акита зимни суханронии хеш ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар самти омода кардани кадрҳои илмӣ тавассути табодули академӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки Донишгоҳи Акита омодааст то ҳамкориро дар ҳама самтҳои илмӣ фаъол намояд.
Қайд гардид, ки дар донишгоҳ беҳтарин озмоишгоҳҳои илмӣ - истеҳсолӣ фаъолият намуда, тавассути лоиҳаҳои фармоишӣ фаъолият менамоянд ва омодаи қабули муҳаққиқони тоҷик дар самти илмҳои табтатшиносию риëзӣ мебошанд.