Skip to main content

Ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахт таҷлил мегардад. Имсол санаи мазкур ба 19 апрел рост меояд.

Чанд рӯз пеш, зимни баргузории Иҷлосияи аввалини Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуданд,ки зарфияти рушди пойтахти Тоҷикистон бузург аст ва дар ин самт боз ҳам бештар фаъолият кард. Ин боварии Президенти Тоҷикистон албатта ба он вобастааст, ки дар замони ба раҳбарии шаҳри Душанбе омадани шаҳрдори ҷавону мактабдида муҳтарам Рустами Эмомалӣ, он аз пешина бамаротиб фарқкунанда гардид.

Албатта шаҳри Душанбе, ки соли гузашта 100 солагии он таҷлил шуд, дар сохтусози давлати миллии тоҷикон мақоми ба худ хосу арзанда дорад. Душанбешаҳр дар масири рушд дар асри XX роҳи пурпечу тоберо тай кардааст. Ҳамон тавре медонем, пеш аз он ки Душанбе пойтахт гардад, як деҳаи хурд бо аҳолии маҳаллӣ буд, ки рӯзҳои душанбе бозори маъруф дошт ва маҳз аз ҳамин ҷост, ки номаш “Душанбе” шудааст.

Ҳарчанд оғози давраи рушди Душанбе ҳамчун шаҳр асосан ба нимаи аввали асри ХХ баробар омадааст, ин мавзеъ бо иқлими мусоид ва мавқеи мувофиқи ҷуғрофии он чун макони зисту фаъолияти одамон таърихи басо қадимӣ дорад.

Дар таърихномаҳо зикр шудааст, ки номи Душанбе бори нахуст моҳи декабри соли 1676 дар номаи хони Балх Субҳонқули Баҳодур ба шоҳи давлати рус Романов ишора шуда, дар он оид ба сокин будани аҳолӣ дар мавзеи Душанбе маълумот медиҳад. Чандин аср пеш олим ва муаррихи ибтидои асри VIII Маҳмуд ибни Валии Балхӣ доир ба иқлими мусоид, олами наботот ва ҳайвоноти мавзеи Душанбе ва атрофи он маълумоти фаровон додааст.

Бо вуҷуди ин ҳама таърихҳо дар маълумотномаҳои замони шӯравӣ дар бораи Душанбе танҳо мегуфтанд: «Давраи асосии рушди Душанбе ба сифати шаҳр пас аз барқарор гардидани Ҳокимияти шуравӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз ёфта, он аз 21 августи соли 1924 нахуст ба сифати маркази Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ва баъдан, аз 14 октябри соли 1924 баробари таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон пойтахти давлати навтаъсиси шуравӣ эълон карда мешавад»[1].

Ҳамин тавр Душанбе ахиран ба худ мақоми шаҳрро гирифта, таи солҳои 1929 - 1961 Сталинобод ном дошт. Аз соли 1961 дубора Душанбе номгузорӣ шуд.Дуруст аст, ки аз ҳамон замон равандҳои азими сохтмонӣ оғоз ёфта, Душанбе ба як маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар табдил ёфт. Аммо, ҳамон тавре муаррихону фарҳангшиносон таъкид намудаанд, Душанбеи он замон дар худ нишонҳои миллиро хеле кам дошт. Рамзҳо ва нишони миллӣ маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ дар пойтахт таъсис ва бунёд ёфтаанд. Ҳамон тавре Сарвари давлат дар 90-солагии пойтахт изҳор доштанд:«Аз ҷумлаи ифтихороти мо дар замони соҳибистиқлолии Ватани муқаддасамон аст, ки муҷассама ва маҷмааи ёдгории асосгузори давлати мутамаркази тоҷикон — Исмоили Сомонӣ ба муносибати 1100-солагии давлатдории аҷдоди некномамон — Сомониён ҳамчун тантанаи адолати таърихӣ ва рамзи таҳкими ваҳдати милливу эҳёи Тоҷикистон маҳз дар майдони марказии шаҳри Душанбе гузошта шуд»[2].

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъйю кӯшишҳои бемисли Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани маҳбуби мо – шаҳри Душнабе беш аз пеш рушду тараққӣ намуда, таҷассумгари ободиву сарсабзӣ, рамзи сарфарозӣ ва дилбастагии мардуми Тоҷикистон ба ҳаёти зебо гардидааст.

Ҳамон тавре дар маълумотномаҳои расмӣ омадааст, дар пойтахт танҳо дар доираи ҷашни бузурги миллӣ – 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 4300 иншооти таъиноташ гуногун сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, бунёди 16 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 50 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 19 бинои маъмурӣ, 225 иншооти баландошёна бо 161 маркази хизматрасонӣ, 62 майдончаи варзиш, 9 гулгашт, таъмири 2 321 бинои истиқомативу маъмурӣ, 116 хобгоҳ ва таъсиси беш аз 15 ҳазор ҷойҳои нави корӣ анҷом дода шуд.

Воқеан, Душанбе дар солҳои истиқлолият ба маънои том дигаргун шуда, дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодааст.Дар ин солҳо дар пойтахт биноҳои аз ҷиҳати меъморӣ диққатҷалбкунанда бо унсурҳои миллӣ ба монанди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, қасрҳо – «Кохи Сомон», «Кохи Наврӯз», «Душанбе – Плаза», «Қасри Бахт» ва як қатор иншооти дигар сохта шуданд, ки ифтихори ҳар як сокини хурду бузурги пойтахт ва боиси муаррифии он дар арсаи ҷаҳон гардидааст.

Душанбе боргоҳи неруҳои бузурги зеҳнӣ буда, рамзи давлатдорӣ ва ҷаҳони маънавии он дар маҷмааи меъмории Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, пайкараҳои бошукӯҳи алломаҳои оламшумули илму адаб — Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуали ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ифода гаштаанд.

Яке аз баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ қомат афрохта, дар китоби рекордҳои Гиннесс сабт гардидааст.

Дар Душанбе масҷиде бунёд шуд, ки яке аз иншооти боҳашамати меъмории Тоҷикистон ва бузургтарин иншооти соҳа дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.

Маҷмааи «Майдони Истиқлол», ки бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд гардида, дар он осорхонаи шаҳр бо нигораву ашёи нодири таърихӣ ҷойгир шудааст, имрӯзҳо ба макони сайру саёҳати садҳо сокинону меҳмонони хориҷи кишвар табдил ёфтааст.

Нигора ва экспонатҳои осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии пойтахт, аз ҷумла Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостоншиносӣ, Осорхонаи мардумшиносӣ, Хона-осорхонаҳои нобиғаҳои илму адаб ва фарҳанги оламшумули тоҷик аз таърихи пурғановат, маданияти қадима ва диёри зебоманзару афсонавии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Ин ҳамаро дар дохилу хориҷи мамлакат эътироф доранд. Дар натиҷа Душанбеи мо бо ҷоизадории Шаҳри сулҳ ва амнияти хеш соли 2012 аз рӯи ҷавобгӯ будан ба талаботи ҷории интихоби ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, яъне мавҷудияти уҳдадории баланд аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, ниҳоди намояндагии маҳаллӣ, ҷой доштани воқеияти зарфиятҳои ҳамкорӣ ва таваҷҷуҳи хосса дар шаффофияти фаъолият, дар радифи шаҳрҳои Бейрути Калон (Лубнон), Метро Манила (Филиппин), Марокаш (Марокаш), Найроби (Кения), Рио-де Жанейро (Бразилия), Сан-Хосе (Коста-Рика), Тегусигалпа (Гондурас) ба макони татбиқи Иқдомоти Глобалии волотарин созмони байналмилалии зикргардида дар бахши «Шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон» оид ба Барномаи тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои занону кӯдакон дар партави рушди устувори шаҳрҳои сайёра пазируфта шуд.

Ҳоло Душанбешаҳр аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ) мебошад.

Яъне таҷлили Рӯзи пойтахт на танҳо ёдоварӣ аз гузаштаи пурифтихори пойтахт, балки арҷгузорӣ ба саҳми мардуми заҳматкаши он дар бунёди як шаҳрест, ки рамзи давлатдории тоҷикон аст.

Бо таҷлили Рӯзи пойтахт, насли нав аз таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ бештар огоҳ мешаванд ва ҳисси ватандӯстӣ дар қалбҳои онҳо таҳким меёбад. Ин ҷашн на танҳо як санаи тақвимӣ, балки як рӯҳия ва нерӯи мусбат барои рушди оянда хоҳад буд.

Рухшона Азизхонова, - ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёти истифодашуда:

1. ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ДУШАНБЕ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Манбаи электронӣ// https://khovar.tj/2023/04/dir-z-imr-z-va-fardoi-durahshoni-dushanbe-e-do-ba-r-zi-pojtahti-um-urii-to-ikiston// [Санаи дастрасӣ:17.04.2025]

2. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 90 — солагии ба мақоми пойтахт соҳиб шудани шаҳри Душанбе.

Манбаи электронӣ//https://sadoimardum.tj/president/suhanroni-o/dushanbe-sha-ri-umedu-orzu-o/ [Санаи дастрасӣ:17.04.2025]