«Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст»
Эмомалӣ Раҳмон
Таҳлилгарон ва таҳқиқгарони илми сиёсатшиносии ҷаҳон аксар бар он назаранд, ки дар олами роҳбарӣ танҳо ҳамон сиёсатмадоре комёбу муваффақ гашта метавонад, ки дар ин ҷода кашфиёт ё ихтирокории амиқе дошта бошад.
Махсусан, баҳри хомӯш намондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ сиёсатмадори оқилу хирадманд нуктаеро бо хиради азалияш кашф менамояд, ки барои тарафҳои ба ҳам мухолиф ин нукта баробар азизу муқаддас асту онро баробар дӯст медоранд ва ояндаи худу фарзандон, хешу табор, суннату анъана, таъриху фарҳанг, арзишҳои милливу давлатдорӣ бе ин буданаш ҳеҷ имконият надорад.
Сарвари ҷавони мамлакати мо дар он солҳо бо истеъдоди худододи давлатмадорӣ дар ҷодаи сулҳофарӣ кашфиёти бузургу нодиреро анҷом дод.
Ин кашфиёт муроҷиати сарвари давлат ба миллати тоҷик ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон буд, ки аз гумроҳӣ бо дастгирии душманони миллат ба гурӯҳҳову маҳаллаҳо тақсим шуда, ҳамватану ҳамсоя, ҳамзабону ҳамхун, фарзанду бародари ҳамдигарро мекуштанд ва пеши назарашон ҷуз интиқом чизи дигаре падидор набуд.
Дар ана ҳамин ҳангоми фоҷеаи миллат Сарвари хирадманд нидо баланд намуда изҳор доштанд, ки эй ҳамватанону ҳамзабонони азиз, имрӯз мо дар дил нисбати якдигар кина дорем, мехоҳем аз якдигар қасос бигирем ва ба ин восита хашму дарду амали хешро фурӯ нишонем, хулоса, якдигарро дӯст намедорем ва шояд чашми диданҳам надорем, аммо ҳамватанони ба ҷон баробари ман, Шумо фаромӯш насозед, ки мо дар маҷмуъ як чизе дорем, ки онро баробар дӯст медорем ва муқаддасаш медонем ва ин ҳам Тоҷикистони азиз аст, ки агар ба сулҳу ваҳдат наоему оштӣ накунем, онро душманони миллат нобуд месозанд ва бадин васила миллатро ба нестӣ мебаранд.
Ба андешаи мо, ана ҳамин нуқта, яъне Ватан – Тоҷикистони азиз, ки бо тадбири хирадмандонаи сарвари оқил кашф шуда буд, мардуми парешонгаштаву фиребхӯрдаро ба ҳам оварад ва ба якдигар оғуши оштӣ кушоданд, ҳамдигарро дар канор кашида ашки шодӣ рехтанд ва дарвозаи сулҳу оштиро кушода вориди он гардиданду масъалаҳои камаҳмияту ҷузъиро канор гузоштанд.
Ваҳдати миллӣ, моҳият ва арзиши он барои мо – тоҷикон қутбнамое аст, ки дар заминаи он мо ба марҳилаҳои нави барқарорсозӣ, пешрафту тараққиёт ва ободонии Ватани азизамон рӯ меоварем. Мо, халқи тоҷик, ки ҳамасола рӯзи 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мекунем, нақши ин санаи фархундаи таърихӣ дар мустаҳкам шудани пояҳои Истиқлолияти кишварамон хеле барҷаста мебошад. Ин ҷашн рамзи ягонагии мардуми тоҷик, муттаҳидии миллати мо мебошад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ сарчашмаи сулҳу ваҳдат, ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.
Аз рӯзи қабули санади муҳими таърихӣ барои халқи тоҷик – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 28 сол сипарӣ шуд, ки ба шарофати он дар Ватани азизамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ ҳукмфармост. Зиёда аз ин, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу ваҳдати имрӯзи мо ниҳоят бузург ва беҳамто аст.
Таърих гувоҳ аст, ки Пешвои миллат аз лаҳзаҳои аввали ба саҳнаи сиёсат ворид шуданашон сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, давлату миллатро аз эҳтимоли нобудӣ наҷот бахшиданд. Дар навбати аввал Сарвари давлат барои бунёди роҳу пул, нақбҳо талош намуданд, то миллати мо байни ҳамдигар дар рафту омад бошанду Тоҷикстони ба мамлакати воҳид табдил ёбад. Ва чунин ҳам шуд. Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурда, баҳри фардои дурахшони Ватан дар ҳамбастагӣ заҳмат мекашанд.
Дар анҷом мехоҳам зикр намоям, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо хотираи ҷангҳо ва дастовардҳои гузашта, балки тасдиқи талошҳои дастаҷамъонаи сокинони кишвари азизамон барои бунёди миллати осоишта ва ягона мебошад. Он шаҳодати рӯҳияи тағйирнопазири ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ мебошад, ки роҳи Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи дурахшон муайян мекунад. Мо ҳамеша аз сулҳу Ваҳдати миллӣ ифтихор карда, тамоми кӯшиши худро бар он равона мекунем, ки сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамеша поянда бошад! Дар охир аз забони шоир, устод Лоиқ Шерали гуфтанимям:
Худовандо, худои хеш гардон миллати моро!
Муяссар кун бақои ҷовидонӣ давлати моро!
Ниҳоди кохи Ваҳдат баски бар хуни шаҳидон аст,
Нигоҳ дор аз шабохунҳои ваҳшат ваҳдати моро!
Мудири шӯъбаи таҳрезии математикии
Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Сафарзода Э.Ҳ.

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
Имрӯз (01.11.2024) дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таҳти сарпарастии директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра кормандони раёсат ва 20 нафар олимони ҷавони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар доираи сафар ба шаҳри Роғун аз ҷараёни кор дар сохтмони бузурги аср НБО- Роғун дидан намуданд.
Дар ҷараёни боздид олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо рафти кор дар сарбанди неругоҳ ва дар идома аз толори мавҷудияти агрегатҳои неругоҳ боздид намуданд. Дар рафти боздид аз ҷониби роҳбаладон зикр гардид, ки сохтмони бузурги НБО- Роғун яке аз ҳадафҳои стратегие мебошад, ки барои пурра ба анҷом расонидани сохтмони он тамоми сокинони кишвар зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат бастаанд.
Дар идома олимону кормандон аз ҷараёни кор дар ҳама минтақаи НБО-Роғун дидан намуда, ба худ як таасуроте бардоштанд.
Даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба олимони тоҷик муяссар гардид, ки муаррифгарӣ илми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ бошанд. Ин дастоварди бузург ба олимони тоҷик шароит фароҳам овард, ки комёбиҳои илмии худро дар арсаи байналмилалӣ таҳлил ва баррасӣ намоянд. Аз ин лиҳоз, қайд намудан зарур аст, ки олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тули чанд соли охир барои боз ҳам рушд додани илми ватанӣ ҳамкориҳои судмандро бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар ба роҳ монда, бевосита кӯшиш менамоянд, ки муаррифгари илми тоҷик дар хориҷ бошанд.
Дар ин раванд, Қоҳирова Г.И., узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.-м., роҳбари Шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравии Институти астрофизикаи АМИТ барои вусъатбахшии ҳамкориҳои илмии дуҷониба аз ҷониби олимони расадхонаҳои пешбари Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин: Расадхонаи Синзяни Академияи илмҳои ҶМЧ, Расадхонаи Кӯҳии Пурпурии Академияи илмҳои ҶМЧ, Расадхонаи Шанхайи АИ ҶМЧ ва Расадхонаҳои миллии астрономии АИ ҶМЧ дар ш. Пекин дар доираи барномаи CAS-ANSO Visiting Scholar Fellowship даъват гардид. Мувофиқи Амри Президенти АМИТ № 30001/23-439 аз 12 сентябри соли 2024, Қоҳирова Г.И. аз 11 то 25-уми октябри соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар карда шудааст.
Зимни оғози сафар дар Расадхонаи астрономии Синтзяни АИ ҶМЧ (ш.Урумчи) санаи 11 октябр Қоҳирова Г.И. дар мавзуъи «ASTRONOMY IN TAJIKISTAN: HISTORY, CURENT STATUS AND PROGRESS, CASE STUDY» баромад намуда, олимони Чин-ро бо таърихи ташаккули илми астрономия дар Тоҷикистон ва рушди он, дастовардҳои илмӣ дар замони муосир ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба шинос намуд. Баромади мазкур мавриди таваҷҷӯҳи олимони расадхона зоҳир гардида, барои боз ҳам рушд ва тақвият додани ҳамкориҳои судманди илмӣ аз ҷониби олимон пешниҳодҳои ҷолиб баён гардиданд.
Мизи муддавар бо иштироки роҳбарон ва иҷрокунандагони лоиҳаи илмии муштараки Тоҷикистону Чин баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои сари вакт амалӣ кардани лоиҳа баррасӣ гардиданд.
Аз санаи 13 октябр сафар дар ш. Нанкинг идома ёфт. Қайд намуданд ба маврид аст, ки корманд ва магистранти Институти астрофизикаи АМИТ Нормаҳмедов Н. дар Расадхонаи баландкӯҳӣ Пурпурӣ АИ ҶМЧ (ш.Нанкинг) таҳти омӯзиш қарор дорад ва у нахустин намояндаи Тоҷикистон дар ин ҷо мебошад. Дар раванди сафар Қоҳирова Г.И. дар ҳамҷоягӣ бо роҳбари илмии Нормаҳмедов Н. профессор Жантао Ли вохури баргузор намуда, натиҷаҳои кории гузашта ва оянда, инчунин фаъолияти Нормаҳмедов Н.-ро баррасӣ намуданд. Санҷиш нишон дод, ки Нормаҳмедов Н. бевосита дар давоми 5 моҳи омӯзиш бисёр нозукиҳои таҳлили тасвирҳои астрономиро омӯхта, инчунин кор бо барномаи махсуси ПИТОН-ро (Python) аз худ намудааст. Илова бар ин, Нормаҳмедов Н. донандаи забони англисӣ дар сатҳи аъло гардидааст. Пас аз санҷиш, Қоҳирова Г.И. санаи 17 октябр дар ҷаласаи илмии Расадхонаи Пурпур баромад намуда, бо дастовардҳои олимони Институти астрофизикаи АМИТ иштирокмандонро шинос намуд. Дар фарҷоми баромад бо олимони ин расадхона гуфтушунид намуда, як чанд масъалаву пешниҳодҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Санаи 18 октябр бо Президенти Расадхонаи баландкӯҳӣ Пурпурӣ АИ ҶМЧ профессор Чаньин Чжао вохури баргузор гардид, ки ҳангоми он ҷонибҳо хоҳиши вусъат бахшидани минбаъдаи ҳамкорӣ дар илм ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос тасдиқ намуданд.
Дар давоми сафар Қоҳирова Г.И., Жантао Ли, Нормаҳмедов Н. ва Хайкун Сюэ аз расадхонаи баландкӯҳӣ Пурпур ва расадхонаи Синху дидан намуданд, ки дар онҳо кормандони расадхонаҳо бо усулҳои пешкадамӣ мушоҳидаҳои астрономӣ ва коркарди маводҳо машғуланд.
Санаҳои 20-21 октябр сафар дар ш. Шанхай идома ёфт. Қоҳирова Г.И. санаи 21 октябр дар ҷаласаи илмии расадхонаи астрономии Шанхаӣ АИ ҶМЧ баромад намуда, бо ҳолати таҳқиқотҳои астрономии Тоҷикистон, аз ҷумла, бо таърихи таъсиси Институти астрофизика ва ташаккули илми астрономия дар Тоҷикистон, рушди илми астрономия, дастовардҳои илмии олимони Институти астрофизикаи АМИТ қаблӣ ва дар замони муосир, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба иштирокмандонро шинос намуд. Пас аз баромад бо олимони ин расадхона гуфтушунид намуда, як чанд масъалаву пешниҳодҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Кормандони илмии расадхонаи астрономии Шанхай мароқи худро оид ба ҳамкориҳои мушоҳидаҳои оптикӣ ва таҳқиқоти ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, аз ҷумла рақамикунонии пластинаҳои астрономӣ ва проблемаҳои ионосфера баён намуданд. Доир ба омодасозии мутахассисони ҷавон дар самти рақамикунониифотопластинкаҳои бойгонӣ изҳори назар карданд.
Ҳамчунинмулоқот бо ноиби директори расадхонаи Шанхай, профессор Чжэнҳонг Танг баргузор гардид, ки дар ҷараёни вохурӣ ҷонибҳо ҷонибдории худро барои васеъ ва таҳкимикардани ҳамкориҳои илмии Чин ва Тоҷикистон, аз ҷумла дар заминаи омодасозии кадрҳо тасдиқ намуд.
Санаҳои 22-24 октябр сафар дар ш. Пекин идома ёфт. Қоҳирова Г.И. санаи 22 октябр бо директори Расадхонаҳои миллии астрономии Академияи илмҳои Хитой дар ш. Пекин (NAOC), профессорЛию Чжифенгмулоқот баргузор намуд, ки дар ҷараёни вохурӣ ҷонибҳо ҷонибдории худро барои васеъ ва таҳкимикардани ҳамкориҳои илмии Чин ва Тоҷикистон, аз ҷумла дар заминаи шабакаҳои мушоҳидаҳои метеорҳо, мушоҳидаҳои оптикии ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, омодасозии кадрҳо ва ғайра тасдиқ намуданд.
Санаи 23 октябр Қоҳирова Г.И. дар ҷаласаи илмии Расадхонаҳои миллии астрономии Академияи илмҳои Хитой дар ш. Пекин баромад намуда, бо ҳолати таҳқиқотҳои астрономии Тоҷикистон, аз ҷумла, бо таърихи таъсиси Институти астрофизика ва ташаккули илми астрономия дар Тоҷикистон, рушди илми астрономия, дастовардҳои илмии олимони Институти астрофизикаи АМИТ қаблӣ ва дар замони муосир, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба иштирокмандонро шинос намуд. Пас аз баромад бо олимони ин расадхона гуфтушунид намуда, як чанд масъалаву пешниҳодҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Рузи 24 октябр аз фаъолияти расадхонаи мазкур, ки дорои радиотелескопи калонтарин дар ҷаҳон мебошад, Қоҳирова Г.И. шиносоӣ кард ва оид ба роҳ мондани мушоҳидаҳои радиогӣ дар Тоҷикистон бо мутахассисон гуфтугузор намуд.
Хулоса: сафари мазкур барои ҳамкориҳои оянда хеле муфид буда, мароқи олимони Чин нисбат ба илми астрофизикаи тоҷик зиёд гардид. Як зумра пешниҳодҳои арзишманд, фоиданок, пурмазнун ва умедвор баҳри муносибатҳои илмӣ ва дар самти тайёр кардани кадрҳои ҷавон таҳти баррасӣ ва амалӣ қарор мегиранд.
Дар фарҷоми ҳисобот Қоҳирова Г.И., ҳамчун аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва коршиноси пешбари Институти астрофизикаи АМИТ, аз дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати он дар рушди илми ватанӣ ва таҳкими робитаҳои хориҷӣ изҳори сипос менамояд.
БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР МИЁНИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Дар заминаи нақша-чорабиниҳои Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таърихи 31.10.2024 бо ташаббуси Шурои олимони ҷавони Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давалатдории миллӣ”, мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар пайравӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба олимони ҷавон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҷиҳати рушди олимони ҷавон пайваста чораҳои саривақтӣ андешида истодаанд.
Вобаста ба ин силсиласеминарҳо ва мизҳои мудаввар миёни олимони ҷавони АМИТ ҳар ҳафта баргузор гардида истода, мизи мудаввари навбатиро дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, н.и.ф. Субҳиддин Зиёев оғоз бахшида, зикр намуд, ки дар таърихи давлатдории навини миллати мо нақши таърихиву мондагори Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад.
Дар идома раиси олимони ҷавони Маркази мероси хаттии АМИТ, н.и.ф. Шодиҷон Ёраҳматзода суханронии хешро бо хайрмақдами меҳмонон ва фархундабодии ҷашнҳои бузурги миллӣ, ки дар моҳи ноябр баргузор мешаванд, аз қабили 6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24 ноябр – Рӯзи Парчами миллӣ ифтитоҳ намуда, 16 – ноябри соли 1992-ро, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст, Рӯзи эҳёи давлатдории навини тоҷикон арзёбӣ намуд.
Мизи мудавварро маърузаҳои илмии кормандони ҷавони Маркази мероси хаттӣ, Маҳмуд Назаров дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу нигаҳдории осори хаттӣ" ва Моҳшариф Нигматова дар мавзуи “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҷомеа” мазмуни хос бахшиданд. Аз ҷумла, ба иқрори маърузакунандагон нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди бонизоми давлатдории миллӣ ва ҳифзу нигаҳдорӣ ва муаррифии мероси хаттии ниёгон бемислу монанд аст.
Дар бахши муҳокимаронӣ олимони ҷавони Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Муҳаммад Махмедов ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Муҳаё Чилаева суханронӣ намуда, баргузории чунин мизи мудавварро дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва шинохти арзишҳои миллӣ муҳиму муфид донистанд.
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР МАҲФИЛИ ЭҶОДӢ БАХШИДА БА 300- СОЛАГИИ МАВЛУДИ МАХДУМҚУЛӢ ФИРОҚӢ
31 октбри соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ бо ташаббуси Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 300- солагии мавлуди Махдумқулӣ Фироқӣ мутафаккирони бузурги Шарқ “Маҳфили эҷодӣ” ва ҳамзамон намоиши осори адабии шоир баргузор гардид.
Дар ин маҳфил президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Махдумқулӣ Фироқӣ тавассути мероси гаронарзишаш дар рушди фарҳанг ва адабиёти мардумони Осиёи Марказӣ саҳми арзанда гузоштааст. Таъкид гардид, ки эҷодиёти ин мутафаккири Шарқ, ҳамчунин, бо мероси бузурги адабии тоҷику форс алоқамандии зич пайдо намудааст.
Ёдовар мешавем, ки Махдумқулӣ Фироқӣ аз давраи наврасӣ бо адабиёти гаронмояи тоҷику форс, ки дар китобхонаи падари шоираш нигоҳ дошта мешуд ошноӣ пайдо намудааст. Дар заминаи ин аз эҷодиёти шоир маълум аст, ки ӯ аз мероси адабии мутафаккирон ва орифони нобиғаи сатҳи ҷаҳонии тоҷику форс, аз ҷумла Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ илҳом гирифтааст.
Дар идома ҳозирин доир ба фаъолияти эҷодӣ ва осори гаронмояи мутафаккири бузурги Шарқ Махдумқулӣ Фироқӣ суханронӣ намуда, саҳми ин орифи бузургро дар рушди илму фарҳанги минтақаи Осиёи Марказӣ бесобиқа хонданд.
ИШТИРОКЧИЁНИ ҶОЙҲОИ ИФТИХОРИИ ОЗМУНИ “ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ҚАДРШИНОСӢ ГАРДИДАНД
Имсол соли чорум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми саросари ҷумҳурӣ миёни тамоми табақаҳои ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” роҳандозӣ карда мешавад. Иқдомҳову талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи босубботи миллату давлат аст. Албатта миллате, ки ба илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намекунад, ба ягон муваффақиятҳо ноил шуда наметавонад, таҳлилҳои оқилонаву олимонаи солҳои қаблии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дода буданд, ки насли наврас аз таъсири технологияи муосир таваҷҷуҳаншон аз хондани китоб, ихтирокориву навоварӣ канда шуда истода буд ва бо мақсади ҷалби хонандагон ба китобу китобхонӣ чораҷуӣ намуда чандин номгуи озмунҳоро таъсис доданд, ки ин иқдом тавонист на танҳо хонандагони муассисаҳову донишҷӯён, балки тамоми қишри ҷомеаро ба китобу китобхонӣ ва ихтирокориву навоварӣ ва умуман илмандӯзӣ ҷалб намуд, ки ин боиси ифтихору сарфарозист.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ягона ниҳоди пешбарандаи илм дар ҷумҳурӣ ва муаррифкунандаи илми тоҷик дар арсаи байналмилал аст, аз ин лиҳоз тибқи салоҳдиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъули баргузории Озмуни “Илм фуруғи маърифат” ин ниҳоди илмии ҷумҳурӣ мебошад. Дар тули соли ҷорӣ масъулини баргузории ин Озмун барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва шафофият баргузории Озмуни мазкур кушиш ба харҷ дода, имрӯз ба даври ниҳоӣ яъне ба даври ҷамъбастӣ расидем, ки масъулин шахсиятҳои сазовор шудани ҷойҳои ифтихориро дар толори маҷлисии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷамъ оварда, бо онҳо вохурда ҷаласаи навбатияшонро баргузор намуданд.
Дар баргузории ҷаласа муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ва масъулини баргузории Озмуни мазкуру 84 нафар иштирокчиёне, ки ҷойҳо ифтихориро соҳиб гардиданд. Нахуст муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ оид ба дастовардҳо ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иштирокчиёни Озмуни мазкурро барои сазовор шудан ба ҷойҳои ифтихорӣ муборакбод намуда, ба масъулини баргузории Озмуни мазкур барои дар сатҳи баланд ташкилӣ баргузор намудан изҳори қаноатмандӣ ва сипос намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм фурғи маърифат” 570 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 132 нафар ғолиби ҷойҳои 1- ум, 2- юм, 3- юм ва 84 нафар ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд, ки аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардиданд.
Тавре, ки огоҳем даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба анҷом расид. Дар баргузории даври ҷумҳуриявии Озмун, ки дар Академияи миллии илмҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ баргузор гардид, намояндагони ин муассисаҳо дар назорат ва баргузории Озмун фаъолона иштирок намуданд.
Имрӯз (30.10.2024) дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, ва дигар шахсони расмӣ ҷаласаи Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” баргузор гардид.
Ба кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо оид ба кори ҷаласа суханронӣ намуда, баҳри шафофият ва одилона баргузории озмуни мазкур ба ҳайати баргузоркунандагони озмун изҳори сипос гуфт.
Сипас, ҳисоботи ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илмҳом Темур шунида шуда, аз ҷониби муттасаддиён масъалагузорӣ карда шуд.
Дар идома таъкид гардид, ки ҳайати ҳакамон, аъзои комиссияи аппелятсионӣ ва комиссияи иловагӣ барои шаффоф ва дар сатҳи хуб баргузор гардидани ин даври Озмун кӯшиши бисёр ба харҷ доданд ва вақти худро дареғ надошта, дар кори Озмун ширкат варзида, ба донишу малакаи иштирокчиён воқеъбинона ва холисона баҳогузорӣ намуданд, арзу сипоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баён менамоям.
Зикр гардид, ки дар инъикос намудани рафти чорабинии мазкур Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сафарбар намудани кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ саҳми арзандаи хешро гузоштанд, ки боиси таҳсину офарин аст. Ҳамчунин, давоми фаъолияти Озмун тули ҳафта аъзои комиссияи ҷумҳуриявии Озмун, аз ҷумла, Раиси комиссия ва муовинони раиси комиссия аз рафти баргузории ин Озмун дидан намуда, тавсияҳои судманд доданд.
Дар идома масъалаҳои ҷорӣ дар шакли вазифагузорӣ вобаста ба талаботи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» пешкашӣ масъулин гардонида шуданд.
Ифтитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 29.10.2024
29 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Марказ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд омода шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз соли 2021 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расид.
Иншооти навбунёд 4-ошёна буда, дар масоҳати 35 садяк бо тарҳи меъмории замонавӣ бунёд ёфтааст.
Зимни муаррифӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марказ дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд.
Озмоишгоҳҳо бо таҷҳизот ва технологияи наву замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои гузаронидани таҳқиқот, ташхис ва таҳлил дар асоси стандартҳои байналмилалӣ омода шудааст.
Ифтитоҳи озмоишгоҳҳои мазкур бо мақсади амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сурат гирифта, барои иҷрои саривақтии таҳқиқотҳои бунёдӣ дар илми ватанӣ замина мегузорад.
Бо ифтитоҳи озмоишгоҳҳо қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад.
Бо мақсади густариши ҳамкории байналмилалӣ ва дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ иҷро намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ Марказ ёддоштҳои ҳамкорӣ бо Институти физикаи ядроии Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба имзо расонидааст.
Иншооти замонавӣ ҳамчунин хизматрасониҳои озмоишгоҳҳои худро барои кишварҳои минтақа пешбинӣ намуда, дастрасии таҳлилҳои босифат ва таҳқиқотро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба амният таъмин менамояд. Маркази муосир ба ҳайси платформа барои табодули таҷриба, гузаронидани конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ дар оянда хидмат намуда, барои ташаккули ҷомеаи илмӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои амнияти ҷисмонӣ ва пешгирии паҳншавии маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ равона шудааст, саҳм мегузорад.
Дар ин ҷода, ифтитоҳи маркази мазкур афзалиятҳои стратегӣ ва дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими амният ва рушди илм дар минтақа инъикос намуда, инчунин садоқати кишварамонро ба ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи паҳн накардани аслиҳа тасдиқ мекунад.
Барои дастгирии олимони ҷавон 12 ҷойи хоб муқаррар шудааст, ки шароити мусоиди гузаронидани таҳқиқот ва табодули дониш байни олимон аз кишварҳои гуногунро фароҳам меорад.
Марказ дорои 4 синфхонаи махсус мебошад, ки дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои низомӣ омӯзиш гирифта, дар соҳаи муқовимат ба таҳдидҳо, ки ба силоҳи қатли ом ва терроризми химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқамандӣ дорад, дониш ва малакаи худро баланд мебардоранд.
Барномаҳои таълимӣ барои ба такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ин ру ин Марказ яке аз бузургтарин муассисаҳои минтақавӣ барои омодасозии кадрҳо басо муҳим дониста мешавад.
Баъди шиносоӣ бо шароити иншоот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти озмоишгоҳҳои марказ баҳои баланд дода, барои истифодаи самаранок баҳри рушду таҳкими илми тоҷик ва муаррифӣ намудани дастовардҳои олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ тавсияҳои судманд доданд.
Пас аз маросими тантанавии ифтитоҳи озмоишгоҳҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 3 лоиҳа дар асоси ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯйи кор омадааст.
Лоиҳаҳои мазкур на танҳо бо мақсади анҷом додани корҳои илмӣ таҳқиқотии муштарак, балки дар мустаҳкам намудани дӯстии мардумони ду кишвари дӯст дар доираи ибтикороти “Як камарбанд - як роҳ” мусоидат менамоянд.
Лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар иншоот синфхонаҳои таълимӣ, маркази тамрини мошинҳои барқӣ, озмоишгоҳи ташхиси техникӣ, омӯзишии қисмҳои иловагии мошинҳои барқӣ, марказҳои таҳқиқот ва коркард ва коргоҳи маъмурият, толори таълимӣ бо 150 ҷой ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст омода мешавад.
Бино дорои ҳуҷраҳои омӯзишии замонавӣ ва интеллектуалии бо таҷҳизоти пешрафтаи таълимӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд.
Лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2500 метри мураббаъ хоҳад буд. Дар ин ҷо маркази иттилоотӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷой, ҳуҷраҳои корӣ ва озмоишгоҳи таҳлилии химиявӣ, таҳлили хосиятҳои маводҳо, ҳуҷраи реагентҳо, нигоҳдории боқимондаҳои моддаҳои хавфнок ва заҳролудкунанда ҷойгир мешавад.
Мақсад аз таъсиси Маркази санҷишӣ ва озмоиши канданиҳои фоиданоки маъдан таҳлил ва таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва омӯзишу таҳлили таркиби химиявӣ ва физикаи хок мебошад.
Лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2000 метри мураббаъ хоҳад буд. Дар ин ҷо марказҳои иттилоотӣ, идоракунӣ, толори намоишӣ, озмоишгоҳҳои барномасозӣ, шабакавӣ, кабинети мултимедиавӣ ва маркази идоракунӣ ва толори лексионӣ ҷойгир карда мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳаи Маркази байналмилалии омӯзишии муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки он бо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм, бо истифода аз силоҳи қатли ом, маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва истифодабарии дигар усулҳои ҳозиразамон ба нақша гирифта шудааст.
Бинои Маркази байналмилалӣ аз 10 ошёна иборат буда, бунёди он дар масоҳати 40 садяк замин пешбинӣ гардидааст.
Лоиҳаи 5 бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буда, сохтмони он дар шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шудааст.
Бинои мазкур аз маҷмуи биноҳои 2 ва 3-ошёна иборат буда, дар масоҳати 12 садяк замин бунёд мешавад.
Дар бинои мазкур сохтмони озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, толори маҷлисӣ ва синфхонаҳои муосири муҷҷаҳаз пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бино ва муҷаҳҳазгардонии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии неруи атомӣ амалӣ мешавад.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои назорати иҷрои босифати корҳо ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ба дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра 27 октябри 2024 дар ш.Бухоро дар ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон - Усмонзода Хайриддин, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ ва Гузел Майтдинова, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аз рафти интихоботи навбатӣ ба Парлумони Ҷумҳурии Узбекистон дидан карданд.
Ҳайдарзода Рустам Ҷура ва ҳамроҳонаш ба ҳавзаҳои интихоботии рақами 20 ва 26 дар ш.Бухоро ташриф ба амал оварданд ва дар онҷо бо масъулин мулоқот намудуданд.