ДУШАНБЕ, 11.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 қабули қатънома аз ҷониби ЮНЕСКО дар мавриди бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели равшани ҷойгоҳи хоси мероси маънавию фарҳангии тоҷикон дар тамаддуни башарӣ арзёбӣ карда шуд.
АМИТ «Ховар» бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ андешаҳои узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон пешкаши хонандагон мегардонад.
— Воқеан, талошу заҳматҳои Давлату Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор ва ба ин васила пайванд додани гузашта бо имрӯзи миллат беш аз пеш самараи дилхоҳ ба бор меоранд. Бахусус, қабул шудани қатъномаи ЮНЕСКО оид ба таҷлили 1050-солагии нахустин шоираи забардаст ва соҳибдевони тоҷик Робиаи Балхӣ дар сатҳи байналмилалӣ давоми солҳои 2026-2027 намунаи олӣ ва натиҷаи равшани чунин талошу заҳматҳост.
Воқеан, Робиа- духтари Каъби Қуздории Балхӣ (асри X) аз нахустин занони сухансарои забардаст ва соҳибдевони тоҷик дар аҳди давлатдории силсилаи некноми Сомониён аст, ки ба забони модарии мо шеърҳои ширину дилрас сурудааст.
Шоир ва орифи машҳур Фаридиддини Аттор (1145-1221) дар маснавии «Илоҳинома» аз мулоқоту мушоира анҷом додани Робиа бо устод Рӯдакӣ ва аз тарафи устод Рӯдакӣ мавриди ситоиш қарор гирифтани сурудаҳои вай ёдовар шудааст. Робиа ба сабки баён ва вазни шеър ба забони модарии мо навовариҳо ворид карда, ба андешаи адиби маъруф Шамси Қайси Розӣ (асри XIII), дар «Ал-Муъҷам» баҳри хосеро ба баҳрҳои шеъри порсӣ илова кардааст. Ба ҳамин хотир, ҳамчунин дар робита ба он, ки вай нахустин шоираи соҳибдевон ба забони модарии мост, баъзе муҳаққиқон дар қиёс бо устод Рӯдакӣ – падари шеъри порсӣ Робиаро модари шеъри порсӣ ном бурдаанд.
Забони баёни шеърҳои Робиа ширину равон ва аз тасвирҳои зебову дилнишин саршор аст:
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.
Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт?!
Дар сурудаҳои Робиа ишқу муҳаббати поки инсони ҷойгоҳи муҳим дорад. Ҳамин аст, ки то ба имрӯз ин сурудаҳо вирди забони алоқамандони шеъру адаб қарор гирифтаанд:
Ишқ дарёи каноранопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд?
Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Пас, бибояд сохт бо ҳар нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд.
Як хусусияти муҳим ва қобили мулоҳизаи сурудаҳои Робиаи Балхӣ шеваи баёни одӣ ва «тоҷикона»-и онҳост. Масалан, дар мисраи зер калимаи «раҳмат» ба маънии изҳори сипосу ташаккур ба кор рафтааст, ки дар байни мардуми одии мо ба ҳамин маъно то ба имрӯз истифода мешавад:
Фишонд аз савсану гул ёсуман бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод.
Ё дар қитъаи зер калимаву ибораҳои маъмули «кошк» (кошки), «тан», «дил», «саломат», «хабари дил», «хабари тан»… корбаст шудаанд, ки имрӯз ҳам маъмулу машҳуранд:
Кошк танам боз ёфтӣ хабари дил,
Кошк дилам боз ёфтӣ хабари тан.
Кошк ман аз ту бирастаме ба саломат
Ой, фусусо, куҷо тавонам растан?!
Робиа ба забони тоҷикӣ-форсӣ ва арабӣ шеър суруда, ба ҳар ду забон девон доштааст. Мутаассифона, бар асари нобасомонӣ ва ҳаводиси рӯзгор аз сурудаҳои зиёди ӯ то замони мо миқдори кам боқӣ мондааст.
Дар робита ба рӯзгору ашъори Робиаи Балхӣ дар куҳантарин тазкира – «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ иттилоъ мавҷуд аст, вале Фаридидини Аттор дар «Илоҳинома» дар бораи зиндагию осору ӯ тавзеҳи бештар овардааст, ҳарчанд тавзеҳи рӯзгори шоира муболиғаомез ба мушоҳида мерасад. Ҳамчунин оид ба далерию ҷасорат, ишқу муҳаббат ва озодманишию озодандешии Робиа, ки оқибат ба ҳалокати фоҷеабораш сабаб гардид, дар китобҳои пешиниён ва ривоятҳои мардумӣ иттилои фаровон мавҷуд аст.
Дар ҷилди якуми китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат» (2016) ҳангоми ёдкарди шоирони рӯзгори Сомониён аз Робиаи Балхӣ ҳам сухан рафта, ба сифати далели ҷилваи хаёл ва отифаҳои латифаш як ғазали ӯ намуна оварда шудааст.
Дар марҳилаи омодагӣ ба таҷлили бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад, ки бо ҷалби муҳаққиқону андешамандони ватанию хориҷӣ рӯзгору осори ин сухансарои забардаст ва таъсири он ба рушди шеъру адаб, бахусус ба шахсият ва сурудаҳои бонувони забардасти сухансаро (аз Робиа то ба Парвину Фурӯғу Симин ва Гулрухсору Фарзона) мавриди омӯзишу пажӯҳиши густарда қарор дода шавад.
Бознашр аз сомонаи АМИТ “Ховар” https://khovar.tj/.../1050-solagii-robiai-balh-nahustin.../
РӮНАМОИИ КИТОБИ ТОЗАНАШРИ “РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ – ДАСТПАРВАРИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”
Имрӯз, 18 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби тозанашри «Рустами Эмомалӣ – дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат», ки зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт чоп гардидааст, рӯнамоӣ гардид. Ба рӯнамоии китоби мазкур ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш изҳор дошт, ки ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби тозанашр бо номи “Рустами Эмомалӣ – дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо услуби хосса рӯйи чоп омад ва боиси сарфарозии ҳайати олимони кишвар аст, ки рӯнамои китоби мавриди назар дар боргоҳи илму маърифати тоҷик-Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мегардад. Басо рамзист, ки рунамои китоби мазкур ба тантанаҳои ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷиҷикстон рост омадааст, ки ба ин муносибат яко яки Шумо ҳозирини арҷмандро табрику таҳният мегӯем.
Таъкид гардид, ки китоби “Рустами Эмомалӣ - дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо сифати баланд чоп шуда, фарогири мақолаҳои 18 нафар чеҳраҳои маъруфи кишвар мебошад. Китоб аз 280 саҳифа иборат буда, нигоштаҳои он бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф шудаанд. Муаллифони мақолаҳо дар сохторҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ ва илмию фарҳангӣ фаъолият менамоянд, ки нигоштаҳои хешро дар асоси санаду далел таълиф намуда, раванди меҳнату кӯшишњои созандагиву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро инъикос намудаанд. Китоб бо аксаҳо оро ёфтааст, ки аксҳои дар китоб ҷойдода муҳтавои нигоштаҳоро таҳкиму тақвият мебахшанд.
Гуфта шуд, ки бо 3 забон нашр шудани китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани дастовардҳои 8 соли охири мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба пойтахти кишвар мусоидат менамояд.
Китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” маҷмуи мақолаҳои олимону зиёиён ва ходимони давлатию сиёсии кишварро ҷиҳати муаррифии хизматҳои мондагори шаҳрдори ҷавон-муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвар ва идомабахши мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар гирифтааст.
Воқеан, мактаби давлатдории Пешвои миллат ба ҳайси бузургтарин мактаби сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, ин мактаб ба таҳкими сулҳу субот, амнияту осоиштагӣ дар сартосари мамлакат, рушди тамоми инфрасохтори кишвар замина гузошта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як муддати кутоҳ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як ҷумҳурии сарсабзу хуррам, бо суръат рушдкунанда ва муҳимтар аз ҳама ба як кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ табдил дод. Ин мактаби бузурги сиёсӣ дар ташаккул ва рушду инкишоф ёфтани шахсиятҳои ворастаи сиёсӣ ва тарбияи нерӯи зеҳнию ақлонии кишвар мунтазам мусоидат намуда, дар худ як қатор чеҳраҳои сиёсиро ба камол расонидааст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори ҷавони кишварро метавон бешак аз зумраи беҳтарин дастпарварони асили ин мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат номид, ки тули фаъолияти хеш ба ҳайси шарҳрдори кишвар шаҳри Душанберо ба беҳтарин маркази маъмурии кишвар, давоми фаъолияти хеш ба ҳайси Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон нишон додани ташаббуси байналмилалӣ дар соҳаи мазкур ва ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Палатаи болоии парломуни кишвар-Маҷлиси Миллиро ба яке аз ниҳодҳои асосии ташаббускор дар низоми қонунгузории кишвар табдил дод.
Дар ин росто лозим ба ёдоварист, ки маҳз завқи баланди кордонӣ, эҷодкорӣ, андӯхтани таҷрибаи кишварҳои мутамаддин, маҳорати шоистаи роҳбарӣ, ишқи ҳақиқӣ ба Ватан, нигоҳи шаҳрофар ва иқдоми бузурги бунёдкориву созандагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат буд, ки дар пойтахти кишвар раванди ободиву навсозиҳо нисбат ба 10-солаи қалб рушд намояд. Пешрафти босуръати соҳаҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ба рӯйдоди муқаррарӣ табдил ёфтааст ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии солҳои охир пойтахтро бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса кардан имконнопазир мебошад.
Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки чопи китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” ва рӯнамоии он дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин гувоҳӣ аз эҳтироми беандоза гузоштани олимону муҳаққиқон ба заҳмату талошҳои созандаи шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Таъкид гардид, ки дар китоби мазкур фаъолияти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути таҳияи мақолаҳои гуногун таҷассум ёфтааст, ки ин фаъолият намунаи ибрат аст. Муаллифон зимни таҳияи мақолаҳои хеш дар асоси далелу санад ҳақиқати ин иддаоро дар китоби мазкур исбот кардаанд. Китоби тозанашр дабистони муқаддасест, ки ҷавонони имрӯзу фардо аз он сабақи зиндагӣ, дарси хештаншиносиву ватандорӣ ва созандагиву бунёдкориро меомӯзанд.
Сипас, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷурахон Зоир Маҷидзода, доктори илмҳои таърих Насрулло Убайдулло Каримзода, узви вобастаи АМИТ Ҳасани Султон, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам дар маърузаҳои хеш доир ба чопи китоби тозанашри “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” ва фаъолияти пурсамари шаҳрдори ҷавон муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуданд. Дар фарҷом Мирзоамини Мирсаидзода барои талошу заҳматҳои анҷомдодааш дар мураттабгардонии китоби мазкур бо Ифтихорномаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардонида шуд.
САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ГЕНДЕРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
17 сентябри соли равон зимни вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо занону бонувони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон курси омӯзишии “Зан – сарвар” ҷамбаст гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш қайд намуданд, ки таи солҳои Истиқлолият таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тавонист, ки ба беҳбудии вазъи занон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намояд. Ҳукумати кишвар бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хоскор карда баромад.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо маҳз бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар муҳим арзёби мегардад. Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ нақши занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, маҳз барои таҳсил ва фаъолияти онҳо дар ниҳодҳои гуногуни давлатӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо фароҳам овардааст.
Боиси зикри хос аст, ки дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои занон ва бонувон фаъолият менамояд, ки занону бонувон дар ҳар давру замон бо масъулияти баланди ватанпарастӣ дар пешрафти соҳаи илми кишвар ва баланд бардошатни нуфузу эътибори кишвари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард. Бо ҳамин мақсад бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар байни занону бонувони академия курси омӯзишии “Зан сарвар” таъсис дода шуда буд.
Шурӯъ аз лаҳзаи фаъолият дар ин курс аз тамоми ниҳодҳои илмӣ бонувон иштирок намуда, аз суҳбат бо бонувоне, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши устувор гузоштаанд баҳравар гардиданд. Сипас дар анҷоми вохурӣ зумрае аз занону бонувон бо Шаҳодатномаи хатми курси мазкур қадршиносӣ гардид.
15 сентябри соли 2025 Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу, бо ҳайати ҳамроҳаш дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.
Роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» ташрифи меҳмононро гарму самимӣ истиқбол намуда, вохӯрии имрӯзаро фурсати муносиб барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба арзёбӣ карданд.
Ҳайати меҳмонон нахуст аз бинои корхона дидан намуда, бо фаъолияти корхона ва имкониятҳои технологӣ ва инфрасохтории КВД «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд.
Мақсади асосии вохӯрӣ табодули таҷриба дар самти ташкили «шаҳрҳои ҳушманд» ва татбиқи ҳалли пешрафтаи технологияҳои иттилоотӣ дар муҳити шаҳрӣ арзёбӣ гардид.
Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати барқарорсозии робитаҳои шарикӣ миёни муассисаҳои соҳавии ду кишвар изҳор намуда, пешрафти назарраси шаҳри Душанбе дар самти рушди рақамиро таъкид карданд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда ва самарабахш баргузор гардида, бо нияти густариши ҳамкориҳои минбаъда ба анҷом расид.
Паёми Душанбе
Имрӯз, 13 сентябр дар толори Маркази илмии Хуҷанди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсяи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Истиқлолу озодӣ – арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик” баргузор гардид.
Ба кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, дар сухани ифтитоҳии хеш бори дигар иштирокдорони конфронсро бо эҳсоси садоқат ва муҳаббати бепоён ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ифтитоҳи ду озмоишгоҳи наву замонавӣ, самимона ва содиқона табрику таҳният намуданд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ, ки дар бораи бадастории он халқи Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Эъломия қабул намуда, онро ба тамоми ҷаҳониён арза намуд, на танҳо дар даҳсолаву садсолаҳо, балки дар ҳазорсолаи охир воқеаи муҳимтарин барои миллати куҳанбунёди мо ба ҳисоб меравад. Ин вобаста ба он аст, ки баъди давлати Сомониён танҳо таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон фароҳам сохт, ки ормону орзуҳои деринаи тоҷикон амалӣ гашта, роҳи аз нав бунёд сохтани давлатдории миллии навин пеш гирифта шавад.
Заминаҳои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ барои кишвару миллати тамаддунофари мо, барои мардуми соҳиби таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи тоҷик гуногун буданд. Аммо, чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, маҳз ормони қариб ҳазорсолаи халқи мо барои аз нав бадастории соҳибистиқлолӣ моро ба ин бузургтарин неъмати давлатдорӣ расонид, зеро “Решаҳои Истиқлоли мо ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд!».
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон на танҳо ба дарки маънои соҳибихтиёрию истиқлолият расид, балки Рӯзи истиқлолиятро дар баробари ҷашнҳои бузурги миллии қадимаамон, чун Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада ва амсоли он арҷгузорӣ намуда, имрӯз ҳамасола 9 сентябр дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бо як шукуҳу шаҳомати хосса хурду бузург, зану мард онро ҷашн мегиранд.
Ин нишонаи он аст, ки соҳибихтиёрӣ, яъне ба дасти худ гирифтани зимоми давлатдорӣ аз ҷониби миллати унвонӣ – тоҷикон, истиқлолияти давлатӣ ҳамчун танзими мустақилонаи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии тамоми сокинони кишвар новобаста аз баромади этникияшон дар Тоҷикистон мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд буда, онҳо ҳамчун шаклҳои олии зуҳури озодӣ, ки барои инсон бузургтарин неъмати табиӣ ба ҳисоб меравад, қадрдонӣ карда мешаванд.
Зикр гардид, ки фароҳам овардани шароити корӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ яке аз дастовардҳои арзишманди олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки маҳз имрӯз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида истодаанд.
Имрӯз, 12 сентябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндаи Вазорати тандурустии Федератсияи Русия Мамедов Меҳман Ниёзиевич мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтӣ маълумоти муфассал дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмӣ, гузаронидани озмоишҳои муштарак бо олимони Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти кардиология ба мувофиқа омаданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо зимни суханронии хеш ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар самти омода кардани кадрҳои илмӣ тавассути табодули академӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Инчунин, ҷонибҳо барои баргузорӣ ва иштирок дар симпозиюми байналмилалӣ бахшида ба 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, изҳори андеша намуданд.
Имрӯз, 12 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт», ки зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷониби мураттибон профессор Суфизода Шодимуҳаммад ва академик Муҳаммадюсуф Имомзода омода гардидааст, рӯнамоӣ гардид.
Дар оғози маҳфил президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки устод Садриддин Айнӣ аз чеҳраҳои калидии таърихи навини тоҷикон буда, саҳми ӯ дар истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Воқеан, ба унвони бунёдгузори адабиёти навини тоҷик ва нахустин президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи пешоҳангоне ба шумор меравад, ки равишҳои мухталифро дар пажӯҳишҳои илмӣ ҳамаҷонибаву мукаммал ба роҳ монда, заминаҳои ташаккули илми муосири тоҷикро фароҳам оварданд.
Умуман, таъсири амиқе, ки устод Садриддин Айнӣ ба ҷаҳони маънавӣ ва маърифати мардум дошт, то ба имрӯз пояндаву арзишманд аст. Ба таъбири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст».
Таъкид гардид, ки китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» библиографияи осори мутафаккири бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва адабиёт доир ба ӯро фаро гирифтааст. Асари мазкур як таҳқиқоти муҳим ва муфассалест, ки ба таҳлили мероси адабии Садриддин Айнӣ ва пажуҳишҳое, ки дар бораи ӯ анҷом дода шудаанд, бахшида шудааст. Феҳристи мазкур ҳамчун як манбаи боэътимод ва роҳнамои арзишманд барои муҳаққиқон ва ҳаводорони фарҳангу адабиёт пешкаш мегардад.
Дар идомаи маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф, директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Ганди Шодимуҳаммади Сӯфизода, шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким суханронӣ намуда, бори дигар аз хизматҳои таърихии устод Садриддин Айнӣ дар рушди забон ва адабиёти муосири тоҷик ёдовар гардиданд.
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода, ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода, ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара
Дар Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, Хонақоҳ 1-2 ва Оби Мазори Ховалинг дарёфт шудаанд, ҷамъоварӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ёдгориҳои осорхонаи мазкур бозгӯй аз се давраи таърихӣ, асри санг, асрҳои миёнаи барвақт ва миёнаи охир мебошад.
Олоти кории сангӣ, ки қисми зиёди бозёфтҳои ин осорхонаро ташкил медиҳанд, ба давраи полеолити поин таалуқ дошта, беш аз 950 ҳазор сол умр доранд.
ТААССУРОТ ДОИР БА МУШАРРАФ ГАРДИДАНИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ БА НОМИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ
Ман, ҳамчун ҷавони хушбахту саодатманди даврони Истиқлолияти давлатӣ, бо эҳсосоти гарму самимӣ ва бо дили пурифтихор хабари мушарраф гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой пазируфтам. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди мамлакат, хоса барои мо ҷавонон, манбаи ифтихор, илҳом ва нерӯи тоза гардид.
Ҷоизаи мазкур, ки ба шахсияти Пешвои миллат тақдим гардид, дар худ арзиши ҷаҳонӣ дорад, зеро ин ҷоиза танҳо ба онҳое дода мешавад, ки дар таҳкими сулҳ, ваҳдат ва арзишҳои башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳақ ба ҷониб аст, ки Пешвои миллатамон сазовори чунин қадрдонӣ гардиданд, маҳз бо сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва ҷасорати фарзонагии худ Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ бароварданд ва ба кишвари орому суботманд табдил доданд.
Имрӯз, вақте ки ҷаҳон бо буҳронҳои сиёсӣ, ихтилофоти қавмиву мазҳабӣ ва низоъҳои зиёде рӯ ба рӯ аст, Тоҷикистони азизу маҳбубамон бо раҳнамоии Пешвои миллат ҳамчун кишвари сулҳҷӯ, ваҳдатофар ва дӯстдори тамаддуну арзишҳои инсонӣ шинохта шудааст. Маҳз ҳамин сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат боис гардид, ки номи Тоҷикистон дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо калимаҳои «сулҳ», «ваҳдат» ва «ҳамдигарфаҳмӣ» пайванд хӯрад.
Ҳар як дастоварди Пешвои миллат на танҳо ба номи шахсии ин абармарди майдони сиёсат, балки ба номи тамоми миллати тоҷик вобаста аст. Зеро Пешвои миллат ҳамчун рамзи ваҳдат, сарҷамъӣ ва умед ба ояндаи дурахшон маъруф гардидаанд. Мо, ҷавонон, бо дидани чунин муваффақиятҳо масъулияти бузургтар эҳсос мекунем, барои мо Пешвои миллат намунаи бузурги ватандӯстӣ, фидокорӣ ва инсонпарвариянд.
Ман ҳамчун ҷавон, ки неъматҳои Истиқлолиятро бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунам, хуб дарк менамоям, ки имрӯз ҳар як имконияти таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии осоишта маҳз ба туфайли сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар гардидааст, агар сулҳ намебуд, агар ваҳдат пойдор намешуд, мо ҷавонон ҳаргиз чунин имкониятҳои фарохи рушдро ҳатто дар мағзи хеш ҳам тасаввур карда наметавонистем.
Мушарраф гардидани Пешвои миллат ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой дар воқеъ нишон медиҳад, ки сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон намунаи ибрат барои тамоми ҷаҳон аст. Ин ҷоиза барои мо насли ҷавон на танҳо мояи ифтихор, балки дарси бузурги масъулият ва ҳидоят барои оянда мебошад.
Ман бо камоли ифтихор мегӯям, ки мо — ҷавонони даврони Истиқлолият бояд ин роҳу равиши сулҳпарвариро идома диҳем, арзишҳои Ваҳдати миллиро пос дорем ва барои ободии Тоҷикистони гул гул шукуфонамон саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро беҳтарин қадрдонӣ аз заҳматҳои Пешвои миллат дар он аст, ки мо ҷавонон бо дониш, меҳнат ва саодати худ ватани худро ободу пешрафта гардонем.
Ин ҷоиза барои Пешвои миллат дар асл ҷоиза барои ҳар як тоҷик аст. Ин қадрдонӣ нишон медиҳад, ки миллати тоҷик миллати сулҳпарвар, ваҳдатофар ва фарҳангдӯст мебошад. Мо бо чунин Пешво ифтихор дорем ва ҳамеша ба сиёсати хирадмандонаи фарзонафарзанди миллатамон такя мекунем.
Поянда бод Тоҷикистонам !
Поянда бод Ваҳдати миллӣ!
Зиндаву саломат бод Пешвои хирадсолору меҳандусти Тоҷикистони азизу ҳамешабаҳор!
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 уми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
