Skip to main content
Чаро санаи 23-юми феврал ва ҷашни муҳофизони Ватан барои мо муҳим арзёбӣ мешавад? Барои посухи муносиб додан ба суоли матраҳ омилҳои пайдоиш ва густариши онро бояд ҷустуҷӯ кард, чунки санаҳои фаромӯшнашаванда мисли Рӯзи Артиши миллӣ аз пеши худ ба вуҷуд наомадаанд ва ниҳодҳои мутазаккир аз хотири дифоъ ва ҳифзи якпорчагии давлат пайдо шудаанд, аммо новобаста аз он ки баъзе давлатҳои ҷаҳон сохтори мазкурро барои дар итоати хеш ворид намудани кишварҳои бегона истифода мекунанд, мо ниҳодҳои зикргардидаро ҷиҳати ҳифзи манофеи миллӣ истифода хоҳем кард.

Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таърихи мушаххаси бунёдиро соҳиб мебошад ва дар даврони Шуравӣ низ таваҷҷуҳ ба Артиши миллӣ дар заминаи падидаи таърихӣ ҷиҳати масъул донистани хеш дар ҳифзи якпорчагии Ватан пайдо мешавад. Айни замон бо дарназардошти авзоъ ва аҳволи кишварҳо ва чигунагии соҳаи мудофиа дар ҷаҳони муосир моро водор мекунад, ки вижагиҳои соҳаи ҳарбиро дар минтақа ва ҷаҳон баррасӣ кунем. Лозим ба ёдоварист, ки бинобар ба арсаи ҳастӣ омадани низоми нави сиёсӣ дар дилхоҳ давлат ба фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ниёз пайдо гардида, ҷиҳати тақвият ёфтани масъалаҳои марбут ба ҳимояи ормонҳои миллӣ такмил додани сохтори ҳарбии кишвар ба миён меояд.

Таърихи миллати тоҷик рӯхдодҳои гуногуни таърихиро медонад, ки афсарон ҷиҳати ҳифзи Меҳан қаҳрамонӣ кардаанд ва алайҳи ғосибон аксуламал нишон додаанд. Тибқи манбаъҳои таърихӣ, ҳимоя аз хонавода, аз кишвар ва аз молу мулки хеш муқаддастарин иқдоми башарӣ маҳсуб мешавад ва то он айёме, ки миллат ҷиҳати идомаи ҳастии худ алайҳи ғосибони хориҷӣ муқовимат мекунад, қаҳрамон дар таърих аст. Бинобар ин, Артиши миллии Тоҷикистон дар заминаи маҳрум аз таърих ба вуҷуд наомадааст ва метавон гуфт, ки ниёгони мо дар гузашта маҳорати ба худ хоси ҷангиданро бароямон ба мерос гузоштаанд. Аммо санъати ҳарби муосир бо мо вижагиҳоеро дорост, ки хоси имрӯз буда, ба гузашта ҳатто иртиботе надорад, чунки агар артиши муосир аввал бо силоҳу туфангҳои модерн баррасӣ шавад, сонӣ ҳилаву зирракии ҳарбиёна пояи асосии артиширо дар бар мегирад.

Моҷароҳои марзӣ ва бархурди манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ моро бохабар менамоянд, ки муқовимат фақат дар як сурат натиҷа хоҳад дод: вақте ки ашхоси қобили ҳарб дар дохили кишвар ҳимояи манфиатҳои миллиро вазифаи ҷонии худ медонанд. Дар ин маврид, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз таърихи 28-уми декабри соли 2023 омадааст: “Вазъи сиёсии тағйирёбандаи сайёра ва минтақа омодабошии ҳарбӣ ва тайёрии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро тақозо менамояд. Хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд”.

Мусаллам аст, ки мавқеи ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар иҳотаи давлатҳои гуногун қарор доштани он, ки ҳар яке дар даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати муайяни фарҳанграбоиро роҳандозӣ мекунанд, басе мушкилиҳоро дар ҷодаи ҳамоҳангӣ ва муқовимат ба бор хоҳанд овард, ки намунаи онро моҷарои марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон исбот мекунад. Аз ин хотир, хизматчиёни ҳарбии кишвари мо ҷиҳати дарк ва омодагии тахассусӣбобати пешомадҳои марзиву минтақавӣмусаллаҳ шуда, бо таърих ва чигунагии фарҳангии сарзамини хеш ошно бошанд. Гузашта аз ин, вазъи нобаҳангоми давлати Афғонистон моро водор менамояд, ки бобати ҳифзи марзи хеш аз гурӯҳҳои террористӣ омода бошем. Ин ҳамсоякишвар солҳост, ки аз рушду тараққӣ бозмонда, бинобар тарвиҷ ёфтани тахрибкорӣ ва зиёд гардидани сафи террористони байналмилалӣ дар низоми харобкоре қарор дорад ва ҳар лаҳза имкон дорад аз дохили он хатарҳое ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол гарданд. Ҷиҳати ҷилавгирӣ аз интиқоли хатарҳо ва таҳмили тафаккури аҷнабӣ аз ҷониби қудратҳо тавассути ин кишвари ҷангзада дар Паёми навбатии Сарвари давлат ақидаи саҳеҳ матраҳ шудааст: “Мусаллам аст, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад. Авзои ноороми ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд”.

Замони муосир даврони интиқол, таҳмил ва таҳияи на фақат андеша, балки моҷароҳо ва ҷанг маҳсуб мешавад. Бинобар ин, дар дилхоҳ минтақа бархурдҳоро ба вуҷуд овардан яке аз вижагиҳои қудратталабии муосир аст, ки бо истифода аз раванди ҷаҳонишавӣ ҳадафҳои геосиёсиро паҳн менамоянд. Бо дарназардошти масоили матраҳёфта, яке аз ҳадафҳои асосии кишвардорӣ бояд тавоно гардониданиАртиши миллӣ бошад. Айни замон, кишварҳои рӯ ба инкишоф ба Қувваҳои Мусаллаҳи соҳибтаҷриба ниёз дошта, кӯшиш мекунанд, ки дорои муосиртарин васоити ҳарбӣ бошанд. Аз моҷароҳои ҳарбии сипаришуда дарк кардем, ки фақат ҳавопаймоҳои бесарнишин чи нақше дар анҷоми бархурд доранд ва метавон гуфт, ки рақиб бо гирифтани силоҳи муосир аз қудратҳои миёнарав имкони бештар ҷиҳати бартарӣ ёфтан дар моҷаро пайдо мекунад. Қудратҳои миёнарав ҳамон кишварҳое мебошанд, ки иртиботи қудратҳои ҷаҳониро бо кишварҳои рӯ ба инкишоф эҷод намуда, якеро побанди дигаре месозанд, чунки созмонҳои ҷаҳонии муосир дар самти ҳалли масоили ҳарбӣ чун “Атлантикаи Шимолӣ” муваззафанд, ки аксар кишварҳоро дар итоати хеш қарор диҳанд. Бинобар ин, дар замони муосир дар минтақае созмон додани муноқиша ва ҷанг барои абарқудратҳо тиҷорати нав буда, барои буҷаи давлатиашон хидмат мекунад. Масалан, муқовимат бо терроризмро сохторҳои ҳарбии ИМА яке аз ҳадафҳои асосии худ муаррифӣ мекунанд, дар ҳоле ки худ ба сифати паҳнкунандаи ин тамоил мебошанд.

Ҳар фарди ҷомеа мехоҳад дар кишвари боамн ва дар шароити осудаҳолӣ зиндагӣ кунад. Чаро? Чунки ашхоси бо мо муосир аз муҳити ҷангзада фирор карда, барои таъмини амнияти хеш ҳатто муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр мекунанд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки таъмини амният ва шароити осудаҳолона дар дилхоҳ давлат аз шаҳрвандоне вобаста аст, ки ҷиҳати адои хизмати ҳарбӣ созгор мебошанд. Гузашта аз ин, хизмати ҳарбӣ бар дӯши ҷавонон асту бархе аз онҳо аз адои он сарпечӣ менамоянд. Чунин мушкилҳо вазъи хизмати ҳарбиро хароб гардонида, навоқиси гуногуне барои соҳаи мудофиа ато мефармояд. Дар рӯзи Артиши миллӣ, ки ҷашни тахассусии Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб мешавад, занону бонувон фақат мардонро табрик гуфта, ба онҳо ҳар гуна туҳфаҳоро тақдим менамоянд. Пас ҷавонписаронро зарур аст, ки бобати адои хизмати ҳарбӣ тафаккур намуда, худро посдору муҳофизи Ватан муаррифӣ кунанд ва нагузоранд, ки душман ҷиҳати ғасби сарзаминашон мутафаккир шавад. Гузашта аз ин, шомилшавии баъзе ҷавонони меҳани мо ба созмонҳои тахрибкор гувоҳӣ медиҳад, ки таҳмили динзадагӣ ва тарзи тафаккури хурофотӣ дар солҳои минбаъда аз солҳои пешин бештар сурат мегирад. Бобати набудани ҳеҷ меъёре дар рафтори ашхоси хурофотӣ ин иқтибосро аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ меорем: “Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”. Пас роҳи наҷот кадом аст? Чӣ бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти такмил додани Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар гуна хатарҳоро, ки ба амну суботи кишвар халал ворид хоҳанд кард, аз байн бибарад. Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи ҳуқуқ 22-юми июли соли 2021 ин ҳарфҳоро бар забон оварда буданд: “Амнияти давлату ҷомеаро таъмин кардан, Модар - Ватанро баробари ҷони худ дӯст доштан, онро далеронаву ҷавонмардона ҳимоя кардан ва содиқ будан ба миллату давлати худ ва муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандии ҳар як афсару сарбоз, тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад! Танҳо чунин муносибат, яъне садоқати ҳар яки мо ба Ватан ва халқи Тоҷикистон моро аз ҳама таҳдиду хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ медорад”.

АДАБИЁТ:

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28.12.2023

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 22.07.2021.

Ширин Қурбонова - доктори илмҳои таърих, Муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ