
Ҳимояи марзу бум, ватандӯстию ватанпарастӣ, дӯст доштани ватан яке аз гӯшаҳои имондории ҳар як инсони комил ба шумор меравад.
Артиши миллӣ барои ҳар як давлату миллат асоси ҳастии он мебошад, баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ давлати мо, ки аъзо ва ҷузъи куммаккунандаву саҳмгузори онвақтаи давлати зикргардида буд, мутаассифона чизе ба худ мерос гирифта натавонист ва дар ин масир нафароне, ки роҳбарии давлату ҳукуматро ба зимма доштанд чорае ҷуста натавонистанд. Хушбахтона ба бахти миллати тоҷик шахсияти оқилу фозилу сиёсатмадор сари қудрат омаду ҳокимиятро соҳибӣ намуда, хатари аз байн рафтани миллату давлатро нест намуд. Аз замони ба сари қудрат омадани ин марди далеру шуҷоъ ва ватандӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин иқдомҳои худро аз таъсис додани Артиши миллӣ дар шароити ниҳоят вазнин оғоз намуданд ва дар ин масир чунин гуфтааст: “Вақте, ки ман сари қудрат омадам, мо вазорат надоштем, мо вазири дифо надоштем, мо генерал, афсар надоштен, сарбоз ҳам надоштем, ” як милтиқи чубинҳам надоштем, Артиши миллиро ман дар зери хайма таъсис додам, иншоот надоштем, аз дигар кишвари ҳамсоя ман афсаронро даъват кардам, хоҳиш кардам ва аз байни онҳо вазир таъин кардам.” оре, ҳаминхел буд, барои ин корро анҷом додан дар заминаи хушку холӣ таъсис додани Артиши миллӣ, барои як давлати ноорому нав аз ҷанг раҳоиёфта кори саҳл набуд, ғайрату матонат ва ҳисси ватандӯстию ҷавонмардонаи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин артиш дар шароити бисёр вазнин 18.12.1992 таъсис ёфт ва дар як муддати кӯтоҳ 23- феврали 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ саф орост, ҳамзамон он рӯз рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Барои мустаҳкам намудани артиш аз солҳои аввали таъсисёбии ин ниҳод ва пурқудрат намудани он Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ таъсис дода шуданд, ки ҳамасола садҳо ҷавонон ин мактаби мардонагиро хатм намуда, дар қисмҳои низомии кишвар барои фаъолияти пурсамар ба кор мераванд ва дар пешбурду тарбияи афсарону аскарон саҳми боризи худро мегузоранд. Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа барои омоданамоии кадрҳои баландихтисосу обутобёфтаи ҳарбӣ бо донишгоҳҳои як қатор давлатҳои хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, аз он ҷумла Дошишгоҳи ҳарбии Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҳиндустон, Чехия, Покистон, Озарбойҷон, федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар давлатҳо ҳамкориҳо бо мақсади тарбия намудани кадрҳои баландихтисос минбаъд ҳам идома дорад, натиҷаи ин корҳо акнун рӯи кор омадааст, ки имрӯзҳо мардуми Тоҷикистони азизи мо бо дили пур дар амнияти осоишта умр ба сар бурда истодаанд, ки фаъолияти босамари ҳамаи сохторҳо ва зиндагии осоиштаи мардум ба пуррагӣ аз амнияти осоиштаи давлат сарчашма мегирад. Бояд зикр кард, ки имрӯзҳо дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ кадрҳои баландихтисоси обутобёфтаи омоданамудаи ин таълимгоҳҳо ифои вазифа доранд. Имрӯзҳо дар ватани биҳишосоямон Қувваҳои мусаллаҳ аз нерӯҳои заминӣ, қувваҳои ҳарбӣ, нерӯҳои ҳавоӣ, қувваҳои махсус, нерӯҳои дифоии ҳавоӣ, гвардияи миллии президентӣ, ва қувваҳои амниятӣ арзи ҳастӣ доранд. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин яке аз қисмҳо сохтори давлатии мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва барои ҳифзи Истиқлолият ва ҷузъиёти марзии дар ҳолатҳои ҳуҷуми ҷанг пешбинӣ шудааст. Бо дастуру супоришҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ – генирали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қисмҳои низомӣ шароити будубошии афсарону аскарон беҳ карда шудааст, ҳамин аст, ки ҳамасола ҷавонони синни даъватӣ бо як шавқу ҳаваси беандоза барои дар ин ё он қисми низомӣ адои хизмат намудан ихтиёран ҳозир шуда, талош мекунанду низомӣ буданро барои худ ифтихор медонанд, аскарону афсарони қисмҳои низомӣ таҳти шиори
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Содиқонаву софдилона адои хизмати модар – ватанро доранд. Боис ба ифтихору шукргузорӣ аст, ки давлати мо имрӯзҳо дар қатори амнтарин давлатҳои дунё ҷой дорад, таъмини ин амну амонӣ ҳама аз шарофати Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ – генирали артиш Эмомалӣ Раҳмон ва аскарону афсарони Қувваҳои мусаллаҳи ватани азизамон мебошад.
Алишер САИДОВ – корманди АМИТ
Имрӯз, 29 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мутахассиси соҳаи бехатарии озуқаворӣ ва гуногунии биологии Созмони Милали Муттаҳид оид ба озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) доктор Сара Занон Агапито мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи доктор Сара Занон Агапиторо ба академия хайру мақдам гуфта, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти ҳифзи гуногунии биологӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак бо олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дастгирии лоиҳаҳо дар ин самт ба мувофиқа омаданд.
Ёдовар мешавем, ки доктор Сара Занон Агапито бо ҳамтоёни худ дар доираи лоиҳаҳои сершумореро, ки аз ҷониби Фонди глобалии экологӣ (GEF), пеш аз ҳама дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ мешаванд ҳамкорӣ ба роҳ мемонад.
Бояд гуфт, ки аксари лоиҳаҳо ба гуногунии агробиологӣ, мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим бахши кишоварзиро фаро гирифта, таҳкими иқтидор, таҳқиқоти саҳроӣ ва дастгирии ҳуҷҷатнигории лоиҳаҳҳоро дар бар мегирад.
Дар ин замина таҷрибаи доктор Сара Занон Агапито барои баррасӣ ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, омода намудани посухҳо ба Котиботи Фонди глобалии экологӣ (GEF) ва таъмини ҳамоҳангӣ бо афзалиятҳои миллиро дар бар мегирад. Вай ба пешбурди дипломатияи илмӣ барои системаҳои устувори ғизо ва ҳифзи гуногунии биологӣ, инчунин барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо бо ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ҳамкорӣ мекунад.
МУЛОҚОТ БО ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ МУБОДИЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАРҲАНГИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ШИНҶОН
Имрӯз, 27 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо декани факултети мубодилаи байналмилалии фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин Ден Син мулоқот намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин ёрдамчии директори Донишкадаи Конфутсии назди ДМТ Ван Хуэйҷуан, мудири шуъбаи Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии АМИТ Мирвайсов Мамурҷон иштирок намуданд.
Зимни мулоқот роҳбари академия ташрифи меҳмононро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, оид ба ҳамкориҳои самарбахши олимони тоҷик бо ҳамтоёни чинӣ мухтасар маълумот дода, доир ба нақши муҳими маркази омӯзишии забонии чинии Конфутсии назди ДМТ дар таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷониба байни ду кишвар, ки яке аз асосгузоронаш профессор Ден Син мебошад қайд намуд.
Дар идома профессор Ден Син оид ба кушодани маркази такмили ихтисоси омӯзгорони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар назди Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар самт иттлоъ дода, қайд намуд, дар баробари омода намудани омӯзгорон, такмили ихтисоси олимону муҳаққиқон, таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар рафти мулоқот оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Идораи миллии матбуот ва интишороти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тарҷума ва нашри осори классикон, ки моҳи июли соли 2024 дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуда буд, суханронӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҳарду тараф 20 номгӯи китобҳои классикону, олимону сиёсатмадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб карда шуда, гуруҳи корӣ, тарҷумонон ва мушовирон таъсис дода шуда, рузҳои наздик ҷаласаи кори онлайнӣ баргузор карда мешавад.
Дар арафаи 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, директори Институти математикаи ба номи А.Ҷураев Алишер Раҳимзода, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода, директори Институти астрофизика Бӯризода Анвар, директори МД Маркази пиряхшиносӣ Шерализода Назриало, ходими пешбари илмии Маркази мероси хаттӣ Ализода Саидхоҷа, Саидзода Фазилат корманди Институти фалсафа, сиёсатишиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ба устодони гиромӣ дар корҳои минбаъдаи илмию таҳқиқотӣ барору комёбиҳои беназирро таманно менамоем!
РӮНАМОИИ ТАҲҚИҚОТИ АКАДЕМИК МУҲАММАД ОСИМӢ: БУНЁД ВА ПЕШРАФТИ ДОНИШНОМАНАВИСИИ ИЛМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 22 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ таҳқиқоти «Академик Муҳаммад Осимӣ: бунёд ва пешрафти донишноманависии илмӣ дар Тоҷикистон», ки ба солрӯзи академик бахшида шудааст рӯнамоӣ гардид.
Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, доир ба саҳми арзишманди академик Муҳаммад Осимӣ дар рушди соҳаи илм дар Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки дар таҳқиқоти дастаҷамъии тоза ба нашр расида, гурӯҳи олимони саршиноси тоҷик, Амрико, Франсия, Испания, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва ғайра ширкат намуда, дар навиштаҳои асари мазкур масоили камомӯхташудаю мубрами назариявию консептуалии бунёд ва пешрафти донишномависии илмӣ дар Точикистон аз дирӯз то имрӯз, саҳми донишманди барҷаста, яке аз ташкилдиҳандагон, сарвари илми бунёдии тоҷик академик Муҳаммад Осимӣ, ки сарварии Академияи илмҳои Тоҷикистонро зиёда аз ду даҳсола ба зимма доштанд, ба риштаи таҳқиқ омадааст.
Таъкид гардид, ки муҳаққиқон дар навиштаҳояшон паҳлӯҳои муҳимми фаъолияти пурбори илмию давлатӣ, ҷамъиятии ин симои камназирро бар пояи санадҳои тоза ба қалам овардаанд. Аз ҷумла, саҳми устоди зиндаёд академик Муҳаммад Осимӣ дар бунёд ва пешрафти донишноманависии илмӣ дар Тоҷикистон пешрафт, ҳаллу фасли масоили ташкил, ҷалбу сафарбар намудани нерӯҳои илмӣ, таҳияи фонди илмӣ барои таҳия, ташкили сафарҳои омӯзишии кормандон ба кишварҳо, марказҳои илмӣ- энсиклопедии шӯравӣ барои андӯхтани дониш, тачрибаи энсиклопедиясозӣ, тартиб додани луғатномаҳои соҳавии энсиклопеди, гирдоварии адабиёти илмӣ, сарчашмаҳои хаттӣ доир ба масоили таърих, назарияи масоили таъриху фарҳанг, навиштани аввалин энсиклопедияи миллии тоыик, таҳияи энсиклопедияи ихтисосӣ доир ба ҷашнҳои 50-60 солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри сифатан баланди он, заминаи устувори илмию ташкилии энсиклопедияҳои соҳавӣ корҳои камназири ташкилии илмии академӣ саҳми арзанда доранд.
Дар идомаи маҳфил Сафарзода Давлат Шариф муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳақиқон саҳми ин донишманди тоҷикро дар рушди соҳаи илми кишвар муҳим арзёбӣ намуда, доир ба фаъолияти самарабахши ӯ маъруза намуданд. Қайд гардид, ки дар навиштани ин асари дастаҷамъӣ, ки олимони ватанию хориҷӣ ширкат намудаанд, мавзуоти мубрами таърихию назарии фарҳанги донишноманависии илмии тоҷик хидмати шоистаи академик Муҳаммад Осимӣ дар омӯзишу густариши он аз дидгоҳи нав баррасӣ намудаанд.
КОРМАНДИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДАМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «BRICS AND SCO» САРФАРОЗ ГАРДИД.
Аз 17 то 19 августи соли 2025 дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон, Федератсияи Россия сеюмин маротиба Ҷоизаи роҳбарони ҷавони БРИКС ва СҲШ (Созмони ҳамкории Шанхай) баргузор гардид. Ин озмуни байналмилалӣ ба кашфи истеъдодҳои ҷавон ва эътирофи саҳми мутахассисони ҷавон дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудааст.
Ташкилкунандаи чорабинӣ мазкур Академияи дипломатияи ҷавонон бо дастгирии Вазорати кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Тотористон буда (Academy of youth diplomacy), он бо дастгирии шарикон аз байни ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ баргузор гардид. Озмун ҳамасола баргузор мешавад ва роҳбарони ҷавонро аз соҳаҳои гуногуни илм, маориф, фарҳанг ва рушди иҷтимоӣ муттаҳид месозад.
Дар марҳилаи ниҳоии соли 2025 намояндагони нӯҳ кишвар ширкат варзиданд: Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Россия. Натиҷаҳои озмун дар доираи Форуми сеюми байналмилалии «РОСТКИ: Россия ва Чин» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо сертификат ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Кумитаи ташкилӣ ва шарикон қадрдонӣ шуданд.
Институти астрофизикаи Академияи милии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор хабар медиҳад, ки Парвизи Орзукул, лаборанти калони шуъбаи физикаи кометаҳо ва астероидҳо, барандаи Ҷоизаи роҳбарони ҷавони БРИКС ва СҲШ дар номинатсияи «Тадқиқот ва инноватсияи сол» гардид.
Ин ҷоиза барои лоиҳаҳо ва таҳқиқоте тақдим шуд, ки ба густариши илми астрономия ва паҳн кардани донишҳои илмӣ равона шудаанд. Дар фаъолияти худ Парвизи Орзукул, баргузории экскурсияҳои астрономии ройгонро, ки дар онҳо ҳазорҳо сокинони кишвар аввалин бор имкони мушоҳидаи Маҳ, -ҳасафари табии Зумин, сайёраҳои Системаи офтобӣ – Миррих, Муштари ва Зуҳал тавассути телескоп пайдо намуданд, бо фаъолиятҳои густурда дар самти пешбурди илм ба забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муттаҳид месозад.
Ёдрас мешавем, ки дар соли 2025 барои як ҷойи озмуни мазкур тақрибан 45 довталаб мубориза бурданд – ҳамагӣ беш аз 450 дархост пешниҳод гардид. Ба ҷоиза на танҳо кишварҳои узви БРИКС ва СҲШ, балки дигар давлатҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Институти астрофизикаи АМИТ Парвизи Орзукулро бо ин эътирофи шоиста дар сатҳи байналмилалӣ табрик намуда, итминон дорад, ки дастовардҳои ӯ ба рушди минбаъдаи маърифатнокии илмӣ ва тарғиби астрономия дар Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард
НАСБИ ТАҶҲИЗОТИ СЕЙСМИКӢ БО ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯ ДАР ПОЙГОҲИ СЕЙСМИКИИ НОҲИЯИ ЛАХШ
19 августи соли равон дар пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Лахш бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таҷҳизоти сейсмикӣ насб карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳи мазкур аз замони ба вуқӯъ пайвастани ҷанги шаҳрвандӣ то ин ҷониб пурра аз фаъолият боз монда буд. Имрӯз бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила базаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ беҳтар гардида истодааст.
Бояд гуфт, ки дар партави ҳамин дастгириҳо бо иқдомҳои неки роҳбарияти академия пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Лахш аз нав барқарор гардида, бо таҷҳизоти наву замонавии сейсмикӣ муҷаҳаз гардонида шуд. Шурӯъ аз санаи 19 августи соли 2025 соати 10:00 пойгоҳи мазкур пурра ба фаъолият оғоз намуд.
Ёдовар мешавем, ки минбаъд тавассути пойгоҳи мазкур ҳар як нишондодҳои заминҷунбие, ки дар ноҳияи Лахш ба вуқӯъ мепайвандад санҷида шуда, маълумоти он ба маркази ягона фиристонида мешавад.
Тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид, оғоз ёфт.
Тақсим намудани ин шоҳасар, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонаводаи аҳолии кишвар бояд дастрас карда шавад, аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт шурӯъ шуд.
Ин иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат “пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад”.
Мардуми кишвар аз оғози татбиқи ин иқдоми ватандӯстона изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд, ки он ба таҳкими ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти ватандории ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад дошт.
Китоби мазкур дар Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои Шоҳнома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла мефармоянд: "Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар "Шоҳнома", ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт".
Президенти кишвар аз мавзӯъҳои меҳварии ин шоҳасар: ситоиши донишу хирад, тарғиби ватанхоҳию ватандӯстӣ, тараннуми истиқлолу озодӣ, ташвиқи баробарии инсонҳо, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва адолату дод бар беадолативу бедодӣ ёдовар мешаванд, ки баъд аз ҳазор сол дар рӯзгори имрӯзаи мо низ аз аҳамияти бузург бархӯрдоранд.
Дар идома таъкид мегардад, ки фалсафаи волои Фирдавсӣ моро аз гузаштаамон огоҳ сохта, барои наслҳои имрӯзу фардо сабақи омӯзанда ва ибратбахш медиҳад. Бахусус, дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки аз байн рафтани давлатҳо, миллатҳо, забон ва фарҳангҳои бумиро дар пай дорад, мо ба афкору андешаҳои ватандӯстона ва ҳувиятсози "Шоҳнома" ниёзи бештар дорем.
Мавриди зикр аст, ки ин иқдоми наҷиб ва фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар ташаббусҳои созандаашон, аз ҷумла нашр ва тақдими асари барҷастаи аллома Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон" ба ҳар як хонавода метавонад барои боло рафтани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии ҳар сокини кишвар хидмат карда, барои тарбияи насли бедору созанда ҳамаҷониба мусоидат намояд.
Агар аҳамияти “Шоҳнома” ва шоҳномахониро дар роҳи тарғиб ва таҳкими ватанхоҳию ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари худ ба таври кӯтоҳу муъҷаз бигӯем, пас беҳ аз худи Фирдавсӣ касе ӯро васф накардааст, ки мегӯяд:
Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Ва ё
Басе ранҷ бурдам дар сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Имрӯз (15.08.2025) аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон аксияи ҳизби бахшида ба “Рӯзи кормандони соҳаи тиб – 18 август”- таҳти унвони “Тандурустӣ беҳтарин неъмат бувад” баргузор карда шуд.