Skip to main content

Имрӯз, 24 декабр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо профессори Донишгоҳи Малайзия Сабзалӣ Муса Кан ва доктор Аванг Азман Аванг Пови баргузор гардид.

Дар мулоқот роҳбари академия ташрифи меҳмононро ба академия хайру мақдам гуфта, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили таҳқиқоти саҳроӣ дар самти таърих, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва омӯзиши фарогири дастнависҳои хаттии бузургон ва мутафаккирони қаламрави Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд. Дар ин замина ҳамкорӣ дар таҳқиқ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ, ташкили экспедитсияҳо ва мубодилаи таҷрибаи илмию таҳқиқотӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Дар ҷараёни мулоқот масоили асосии ҳамкорӣ, аз ҷумла ифтитоҳи барномаҳои муштараки таҳқиқотӣ, мубодилаи донишҷӯён ва кормандон, ташкил ва баргузории семинарҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ, ҳамчунин таҳкими робитаҳои академикӣ дар самтҳои энергетика, муҳандисӣ ва технологияҳои нав баррасӣ гардид.

Таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Малайзия омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD мебошад.

Ҷонибҳо инчунин ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо ба тавофуқ омада, таъкид карданд, ки имзои созишномаи ҳамкорӣ дар оянда барои рушди робитаҳои дуҷониба ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ муҳим мебошад.