Skip to main content

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои баланд бардоштани мақом ва нақши занон дар ҷомеа, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, таҳким бахшидани мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ зимни ҳар баромади хеш таъкид менамоянд: “Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст”

Дар робита ба ин бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт курси омӯзишии “Зан – сарвар” роҳандозӣ гардид, ки ҳар ҳафта бо иштироки бонувони сиёсатмадор баргузор мегардад.

Имрӯз (04.06.2024) дар курси навбатии омӯзишии “Зан – сарвар” собиқадори меҳнат Мусоева Рафиқа Ғаниева иштирок намуда, дар бораи Иҷлосияи тақдирсоз ва хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлол гардидани кишвари Тоҷикистон суханронӣ намуданд.