Skip to main content

Имрӯз (17.12.2024) дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади барасии ҳисоботи бахши кор бо шуроҳои диссертатсионии миллии муассисаҳои зерсохторҳои АМИТ бо иштироки намояндагони КОА ҷаласа баргузор гардид.

Бо гуфт, ки бо мақсади иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 267 (бо тағйиру илова аз 26 июни соли 2023, №295) ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ дар назди Раёсати аспирантура, магистратура ва докторантураи PhD – и назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз санаи 01.04.2024 бахши кор бо шуроҳои диссертатсионии миллӣ таъсис дода шуд.

Ҳадаф аз таъсиси бахши мазкур назорати риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи аттестатсия дар фаъолияти шуроҳои миллии диссертатсионӣ, назорати раванди қабул ва баррасии диссертатсияҳо, назорати баргузории маҷлиси шуроҳои диссертатсионӣ, омодасосзии парвандаҳои аттестатсионӣ ва мактуби ҳамроҳ, омодасозии бастаи ҳуҷатҳо ҷиҳати аз нав аттестатсиякунии дараҷаҳои илмӣ, барорбарарзишии дараҷа ва унвонҳои илмӣ равона гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар соли 2024 дар шуроҳои диссертатсионӣ 50 ҳимоя баргузор гардид, ки он аз 6 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 9 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD ва 35 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи номзади илм мебошанд.