Skip to main content

20 июни соли равон таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва арҷгузорӣ ба сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми муассисаву идораҳои давлатӣ чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар сатҳи баланд баргузор мегарданд.

Бо ин мақсад имрӯз дар ҷаласаи назоратӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Ваҳдати миллӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки мо бояд дар амалӣ намудани сиёсати сулҳпарварона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасту дили гарм ва бо нерӯи бунёдгарона дар баргузории тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ саҳмгузор бошем. Сипас дар идомаи ҷаласа дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд