Дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми ҷавонон бағоят бузург аст. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё махсусан ҷавонон ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудааст.
Ин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ (28.12.2023) ба ин масъалаи муҳимми давлатдорӣ – сиёсати давлатии ҷавононро қувваи асосии ватанхоҳӣ ҳисобида, гуфтаанд, ки: “Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд”.
Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти ҳукумати кишвар қарор дошт, зеро пас аз 6 моҳи ба даст оварданиИстиқлоли сиёсӣ Парлумони кишвар Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул кард. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи ин неруи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Таваҷҷуҳи пайваста, ғамхориҳои хирадмандонаю дурандешона ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон рушди ин тамоюлро бозҳам болотар бурд. Воқеанҳам ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд ва он ташаббусҳои созандае, ки аз ҷониби Сарвари давлатамон роҳандозӣ мешавад дар татбиқи он пешоҳанг бошанд.
Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои ватандӯстона нишон дода, барои ҳифзу якпорчагии Ватани маҳбуб ҷоннисориҳо карданд, дар ҳаёти сиёсии кишвар иштироки фаъолона карда, ҳамеша ҷонибдори сулҳу амният ва оромиву осудагии давлату миллати хеш мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора таъкид менамоянд, ки: “Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд”.
Дар даврони соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми ҷавонон боз ҳам пурсамар ба назар мерасад. Ҳар гуна тадбирҳое, ки дар кишвар андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.
Боиси сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ баъд аз 70 рӯзи сарварии Роҳбари давлат 2 феврали соли 1993 бо намояндагони ҷавонони кишвар вохӯрии судмандро анҷом доданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон лаҳза шуруъ карда, пайваста ба дастгирии ҷавонон эҳтимол варзида, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон дастгирӣ менамоянд ва шароити мусоиди кору фаъолиятро барои онҳо пайваста таъмин месозанд. Ба ҳамин мақсад Пешвои миллат таъкид менамоянд: “Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд”.
Дар шароити муосир сиёсати давлатии ҷавонон бо назардошти на танҳо вазъият ва равандҳои хоси дохили давлатӣ, балки дар заминаи омилҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба амал бароварда мешавад.
Ҷавонон, ки қисми ҷудонопазири ҷомеа маҳсуб меёбанд, барои тақдири имрӯз ва ояндаи давлати худ масъуланд. Масъулияти насли ҷавон дар асоси аз худ намудан ва такмил додани низоми арзишу меъёрҳо ва истифодаи онҳо дар рафтору фаъолияти хеш, ки ба тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад, амалӣ карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи ХХ Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳануз гуфта буданд: «Мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин намоем, то онҳо тавонанд, дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш, Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд».
Маҳз сиёсати сулҳпарварона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул ва самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расонида шуд, ки бо мурури замон қонуни мазкур дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004 қабул гардид.
Сиёсати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ нисбат ба ҷавонон аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» инъикос гардидааст.
Бинобар ин, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду такомули ҷавонон ва зиндагии арзандаи онҳо дар ҷомеаи муосиру давлати соҳибихтиёру, демократии ҳуқуқбунёд ва дунявии ягона, аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёде андешида шудаанд.
Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд”.
Аз рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ андешида истодааст. Дар ин муддати кӯтоҳ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо, инчунин татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла:
Барои дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра, аниқтараш 5 маротиба Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», 3 маротиба «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатиии ҷавонони Тоҷикистон», 2 маротиба «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2013-2015 ва 2016-2018, «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардидаанд, ки дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва барои ба ҳадафҳои ниҳоии сиёсати давлатии ҷавонон расидан заминаи мусоидеро фароҳам оварданд.
Омӯзиш ва таҳлили татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки онро ба якчанд марҳалаҳои таърихӣ ҷудо намоем. Замина ва меъёрҳои ҷудо намудан ба марҳалаҳо ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (13 марти соли 1992), имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни 1997), қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (15 июли 2004), таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (19 июли соли 2015) ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» мебошанд.
Марҳалаи якуми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон моҳи марти соли 1992– моҳи июни соли 1997-ро дар бар мегирад. Ин марҳала бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» сарчашма гирифта ва бо имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хотима меёбад. Маҳз дар ҳамин марҳала Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» саҳифаи навро дар рушди ҳаракати ҷавонон кушод.
Рушди минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавононро метавон пас аз Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст 2 феврали 1993 бо ҷавонони кишвар мулоқот карда, 4 сентябри соли 1993 дар ҷаласаи Шӯрои Марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва 17 марти соли 1994 дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон иштирок намуда, ҷавононро аз хатогиҳои гузаштаи таърих дарси ибрат гирифтан, муттаҳид ва якҷоя амал намудан ва ба роҳи Ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ даъват намуданд: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад». Бешубҳа, ин вохӯрӣ дар ҳаёти ҷавонон ва умуман дар ҳаракати ҷавонони мамлакат ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ ворид гардид.
Таърихи воқеан фаромӯшнашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон мебошад, ки 23 майи соли 1997 баргузор гардида буд. Ин вохӯрӣ дар арафаи ба даст овардани ризояти комили миллӣ рост меояд. Раванди нобоварӣ ва низоъ ба марҳилаи ҳамкорӣ дар роҳи бунёди давлатӣ демократӣ табдил ёфт.
Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои калидии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа дар сиёсати худ таваҷҷуҳи асосиро равона месозанд. 23 майи соли 1997 дар мулоқот бо ҷавонон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки “Ҷавонон, ки 70 фисади аҳолии ҷумҳурианд, неруи такондиҳанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷамъият буда, ҳама чиз вобаста ба он аст, ки аз неруи азим чи тавр истифода бурда мешавад. Ин неру метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзандабоз ҳам”.
Бо мақсади татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» 23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба беҳтар намудани кор бо ҷавонон» имзо намуд, ки дар натиҷа 27 майи ҳамон сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи таъсис намудани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасвиб намуд. Дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати сиёсати ҷавонон ба фаъолияти худ оғоз намуд. Таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин оғози як марҳилаи нав дар ҳаллубартараф намудани масъалаҳои ҷойдоштаи сиёсати давлатии ҷавонон буд.
Марҳалаи дуюми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз давраи ба имзо расидаи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири навро фаро мегирад.
Муҳимтарин нишонаи ин марҳала – таъйини ҷавонон ба мансабҳои гуногуни роҳбарикунанда дар мақомотҳои давлатии минтақаҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Тибқи қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ» намояндагони қишри ҷавонон сазовори курсии вакилонро сарфароз гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки маҳз дар ана ҳамин марҳилаи рушд бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 май, ҳамчун «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда шуд.
Марҳалаи сеюми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумурии Тоҷикистон соли 2004 бо қабули Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав оғоз ва то таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.
Марҳалаи чоруми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июли соли 2015 бо таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад.
Ҳайати Шӯро аз ҳисоби роҳбарони ниҳодҳои сохтори алоқаманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон иборат буда, онро бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд.
27 майи соли 2016 иштирок ва суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як саҳифаи навро дар таърихи ҳаракати ҷавонони кишвар кушод. Дар назди аъзои Шӯро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳадафи ин сохтор – баррасии масъалаҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷалби ҷавонон ба корҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, амалӣ намудани усулҳои самараноки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷавонон мебошад.
Дар рафти ҷаласаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар ҷомеа, дуруст эҳсос намудани набзи ҷомеа, эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таъсири ҳама гуна омилҳо ва ақидаҳои носолим, инчунин тарғиби тарзи дурусту мақсадноки ҳаёти ҷавонон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Марҳалаи панҷуми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироаи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри 2016 сол баргузор гардида буд оғоз ёфт ва то ин ҷониб идома дорад.
Бояд тазаккур намуд, ки дар рафти ироаи Паёми худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад».
Эълон гардидани соли 2017, ҳамчун «Соли ҷавонон» ин ифтихор ва сарбаландии тамоми ҷавонони ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва ин маънои онро дорад, ки ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори боварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд.
Дар баробари ин, ҷавононро зарур аст, ки ҳарчи бештар аз манфиатҳои сиёсии кишвар истифода намоянд, забонҳои хориҷиро омӯзанд, донишҳои замонавӣ азбар намоянд ва саҳми худро дар рушду устувории кишвари азизамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоранд.
Дар барабари ин Пешвои миллат вазифадор намуданд, ки барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда зарур аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои кор бо ҷавононро таҳия ва амалӣ намояд.
Дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттилоотию хизматрасонӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Ҳамин тариқ, сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали бадастовардани истиқлоли сиёсӣ то ба имрӯз такмил ёфта истодааст ва Ҳукумати кишвар баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастии ҷавонон, тақвият бахшидани корҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ахлоқии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо дар замони ҷаҳонишавӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ, паст кардани бегонапарастӣ миёни ҷавонон, ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи диёр, таҳкими робитаҳои дӯстона, ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи комил ва муқаддас доштани арзишҳои миллӣ, ташаккули идрок, зеҳн, малака ва савияи дониши наврасону ҷавонон баҳри ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқат ва соҳибилму маърифат тамоми нерӯи худро равона намудааст.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки: “Ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад”.
Раҳмонзода Азимҷон Шералӣ – н.и.т., муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ