Skip to main content

ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабри соли 2025 дар доираи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи 61-уми пленарӣ доир шуд. Дар он қатънома таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул карда шуд.

— Боиси ифтихори бузург ва сарбаландии миллӣ аст, ки бо ташаббуси оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло 16 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, номи Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор, ҳомии манфиатҳои умумибашарӣ ва муҳофизи ҳуқуқи инсон дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошт.

Воқеан дар шароити муосири ҷаҳонӣ, ки бо афзоиши низоъҳо, поймолшавии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва зарурати таҳкими сулҳу субот ҳамроҳ аст, ташаббусҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аҳамияти хосса пайдо мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 23 сентябри соли 2025, ки ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид бахшида шуда буд, пешниҳод намуданд, ки Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон гардад, то фарҳанги шаффофият, адолат ва риояи ҳуқуқро дар сатҳи ҷаҳонӣ тақвият бахшад. Ин пешниҳод дар заминаи таҷрибаи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар мамлакат доир шуд, ки ба баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими арзишҳои конститутсионӣ мусоидат намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки “риояи қатъии ҳуқуқи байналмилалӣ ва маърифати ҳуқуқӣ пояи ҷомеаи одилона ва устувор мебошад”.

Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун маҷмуи андешаҳо дар бораи қонун, татбиқи он ва ҳифзи ҳуқуқ фаҳмида мешавад, ки дар шаклҳои маҳдуд (муносибатҳои танзимшавандаи ҳуқуқӣ) ва васеъ (анбори донишҳои ҳуқуқӣ) зоҳир мегардад. Он асоси рафтори қонунӣ буда, ба коҳиши нигилизми ҳуқуқӣ ва таҳкими эҳтиром ба қонун мусоидат мекунад. Дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ самти муҳим аст, ки тавассути тарбияи ҳуқуқӣ, илми ҳуқуқӣ ва омӯзиши кадрҳо амалӣ мешавад. Таҳлили заминаи миллӣ нишон медиҳад, ки эълони соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон заминаи амалии ин пешниҳод аст. Дар ин сол ҳадафҳои калидӣ муайян карда шуданд: баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани ҳуқуқҳои инсон, таъмини волоияти қонун, ташаккули рафтори ҳуқуқӣ, васеъ кардани дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ ва омӯзиши мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон. Ин ҳадафҳо тавассути чораҳо, аз қабили васеъ кардани тарғиби ҳуқуқӣ, таъмини дастрасии васеъ ба санадҳои ҳуқуқӣ ва таъсиси сомонаҳои ягонаи миллӣ амалӣ шуданд. Аз ҷиҳати илмӣ ин ҳадафҳо бо пажӯҳишҳо ҳамоҳанганд, ки маърифати ҳуқуқӣ ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими ҷомеаҳои демократӣ мусоидат мекунад, зеро он эҳтиром ба қонун ва масъулияти ҳуқуқиро ташаккул медиҳад.

Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ-2027 дар расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, хусусан Ҳадафи 4 (Таълими сифатнок) ва Ҳадафи 16 (Адолат ва институтҳои қавӣ) нақши калидӣ дорад, зеро он ба пешгирии поймолкуниҳо ва таҳкими ҳуқуқҳои инсон мусоидат мекунад. Ҳамчунин ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун механизми татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор эътироф шудааст, ки дар он маърифати ҳуқуқӣ барои эҷоди муҳити мусоид барои рушди устувор зарур аст. Таҷрибаи Тоҷикистон дар эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ (2024) намунаи амалӣ аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон нигаронида шуда буд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки эълони “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027” аз рӯи чанд заминаи илмӣ муҳим аст

— Мубориза бо поймолкунии ҳуқуқҳо. Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди нодида гирифтани меъёрҳои ҳуқуқӣ аст, маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи пешгирии низоъҳо ва таҳкими сулҳ амал мекунад.

— Рушди устувор. Мувофиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими давлатҳои ҳуқуқбунёд мусоидат намуда, ба расидан ба 17 ҳадаф то соли 20230 кумак мерасонад. Аз ҷумла, барҳам додани камбизоатӣ, барҳам додани гуруснагӣ, саломатии хуб ва некӯаҳволӣ, таълими сифатнок, баробарии гендерӣ, об ва беҳдошт, энергияи дастрас ва тоза, кори шоиста ва рушди иқтисодӣ, саноат, навоварӣ ва инфрасохтор, кам кардани нобаробарӣ, шаҳрҳо ва ҷамоатҳои устувор, истеъмол ва истеҳсоли масъулиятнок, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи ҳаёти зериобӣ, ҳифзи ҳаёти хушкигард, сулҳ, адолат ва институтҳои қавӣ, шарикӣ барои ҳадафҳо.

— Таҷрибаи байналмилалӣ. Солҳои байналмилалӣ, ба мисли Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) намунаҳои муваффақи таъсир ба сиёсатҳои ҷаҳонӣ мебошанд.

Эълони “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027” ба самтҳои калидии ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири мусбат мерасонад. Дар самти таълим ва тарбия имконияти рушди барномаҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон ва занон метавонад бо ҳамкории ЮНЕСКО амалӣ карда шавад. Дар бахши ҳуқуқи инсон тақвияти мониторинги ҳуқуқвайронкунӣ тавассути ЮНИСЕФ ва Созмони Байналмилалии Меҳнат имконпазир аст, ки ба пешгирии зӯроварӣ мусоидат мекунад. Ниҳоят, дар самти сулҳу субот ҳамоҳангсозии низоъҳо тавассути дипломатияи ҳуқуқӣ мусоидат намуда, дар қабули қатъномаи навбатии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» саҳми арзанда мегузорад.

Эълони “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027” на танҳо аксуламал ба вазъи кунунӣ, балки стратегияи дарозмуддат барои таҳкими низоми байналмилалӣ аст, ки бо пажӯҳишҳои илмӣ дар бораи нақши ҳуқуқ дар рушди устувор ҳамоҳанг мебошад. Таҷрибаи соли 2024 дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки чунин ташаббусҳо метавонанд ба таҳкими рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ мусоидат кунанд, ки ин барои сатҳи байналмилалӣ намунаи ибрат мебошад. Ин қатънома даъвати амалӣ барои таҳкими ҳуқуқи байналмилалӣ аст. Он метавонад ҳамчун пуле барои ҳамкории байнидавлатӣ хизмат ва ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кулли ҷаҳон мусоидат намояд. Ин қатънома саҳми Тоҷикистон дар устувор намудани маърифати ҳуқуқии аҳолии кулли ҷаҳон ва намунаи эҳтироми қонун барои ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.

Дар қатънома дарҷ шудааст, ки давлатҳо даъват карда мешаванд, ки иқтидори миллиро барои таълими ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқӣ таҳким бахшанд, аз ҷумла тавассути таҳия ва амалӣ гардонидани нақшаҳо, стратегияҳои миллӣ, созмонҳо ва ниҳодҳои дахлдори низоми Созмони Милали Муттаҳид даъват мешаванд, ки ҳангоми дархост кумаки техникӣ ва сохтмони иқтидорро пешниҳод намоянд ва таҷрибаҳои миллӣ, таҷрибаҳои беҳтарин ва дарсҳои омӯхташударо дар бораи пешбурди маърифати ҳуқуқӣ мубодила кунанд. Дар ин замина таҷрибаи Тоҷикистон зимни эълони соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мамлакат барои мусоидат ба огоҳии ҳуқуқӣ дар байни шаҳрвандонаш намунаи ибрат аст.

Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» A/80/L.24 аз 12 декабри соли 2025 эътирофи байналмилалии ташаббускори ҷаҳонии маърифати ҳуқуқӣ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин дастовардҳо на танҳо саҳми арзандаи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ мебошанд, балки далели равшани онанд, ки овози миллати мо дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид шунида мешавад ва ташаббусҳои Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳониро ба роҳи адолат, сулҳ ва рушди устувор ҳидоят менамоянд.

Дониёр САНГИНЗОДА, - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим, профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ