Ба истиқболи 33-умин солгарди
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар таърихи 30.05.2024 дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ бо аҳли илми кишвар мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.
Ҳадафи мулоқотро Пешвои миллат ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар маънидод кардаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки аҳли илми кишвари мо дар 33 соли соҳибистиқлолӣ дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул ва санъату ҳунар саҳми муносиб гузоштаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми олимонро дар омӯзишу таҳқиқ назаррас арзёбӣ карда, иброз доштаанд, ки олимони тоҷик таҳқиқотҳои арзишманд ба анҷом расонидаандва имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии худ қайд намудаанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ, амалӣ карда шудааст. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст.
Доир ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз соли 2001 то соли2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази Синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шудаанд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд.
Барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ аз соли 2001 то соли 2019 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудогардида, сохтори Академияи илмҳо мукаммал гардонида шуда, соли 2020 он ба Академияи миллии илмҳо табдилдодашудааст.
Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст. Маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад ва имрӯзҳо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад.
Боз ҳам, ҷиҳати беҳтар гардидани нуфузу манзалати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки, ки зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он ба миён омадааст.
Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳоро вазифадор кардаанд, ки дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин, баланд бардоштани сатҳу сифати илм гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда дар муҳлати се моҳ доир ба ин масъала пешниҳоди мушаххас манзур карда шавад.
Дар мулоқот бо аҳли илми кишвар, Сарвари давлат андешаҳои созандаи худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ, баён кардаанд.
Мо олимон низ минбаъд бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошем.
Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварду муваффақият ва камбудиву норасоиҳоро баррасӣ карда, вазифаҳоро барои пешрафти минбаъдаи илм ва таҳкими робитаи он бо истеҳсолот мушаххас сохтанд. Дар ин самт Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзиро вазифадор кардаанд, ки барои баланд бардоштани ҳавасмандии кормандони соҳаи илми мамлакат механизмитатбиқи натиҷаҳои коркардшудаи рисолаҳои илмиро дарёфт ва ба рушди иқтисодиёти мамлакат равона созанд.
Дар навбати худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба талошҳову ташаббусҳо ва ғамхории ҳамешагии Ҳукумати кишвар нисбат ба аҳли илм суханронии худро давом дода, дар мулоқоти худ бо аҳли илми кишвар барои пешрафти кори олимону зиёиёни ҷумҳурӣ имтиёзҳову ҳавасмандиҳои навро пешниҳод намудаанд.
Ба самъи аҳли илми кишвар расонида шуд, ки маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003-ум ҳамагӣ45 сомонӣ буд ва соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонида шудааст, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шудааст. Аз ҷумла, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи июли соли 2024 музди меҳнати кормандони саҳои илм ва маориф 40% зиёд карда шуд.
Илова бар ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайднамуданд, ки ба шахсоне, ки таҳқиқоти арзишманди илмӣ анҷом дода метавонанд, эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода истодаем ва олимоне, ки ихтирооташон дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ мешаванд, ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.
Ба хотири ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон таъсис дода шудаанд. Бар замми ин, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд.
Сарвари давлат дар самти беҳтар намудани сифати таълим ва рушди илм, махсусан илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, дар кишвар як қатор тадбиру чорабиниҳоро роҳандозӣ намудаанд. Дар мулоқоти навбатӣ бо аҳли илм Роҳбари давлат ба таври равшану возеҳ ва бо таҳлилҳои дақиқ оид ба мавқеи илму маориф, талабот нисбат ба тарбия ва таълим, аз худ кардани илмҳои бунёдӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи миллат сухан гуфта, ба аҳли илм чунин иброз доштанд: “Бовар дорам, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Президенти мамлакат ба олимон ва зиёиёни кишвар барори кор хоста, изҳори бовар карданд, ки онҳо дар оянда низ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар роҳи рушди илму маориф қадамҳои устувор гузошта, нерӯи худро ба пешрафти боз ҳам бештари ин соҳаҳо равона месозанд.
Умуман, мулоқоти навбатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илми кишвар заминаи бузурги ақлониву маънавӣ, пояи иттиҳоду иттифоқ ва ҳамкорӣ мебошад. Бо вуҷуди он ки илми тоҷик рушди устувор дорад, тадқиқот дар самти фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотӣ авлавият дорад ва таваҷҷуҳи аввалиндараҷа аз ҷониби Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар зоҳир карда мешавад.
Чуноне, ки дар интиҳои мулоқот Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус, ҷавонони бонангу номуси он муроҷиат карданд: “ .... мо ҳаргиз набояд ба умеди дигарон бошем. Мо бояд ҳамеша ба имконоту неруи худ такя кунем, Ватани биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем, заҳмат кашем, кишвари маҳбубамонро бо дастони хеш ва бо нерӯи зеҳнии худамон боз ҳам обод кунем, ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем, ҳамдигарро дар лаҳзаҳои душвору вазнин дастгирӣ намоем. .... Мо бояд дилпур бошем, ки ояндаи давлати тоҷикон дурахшон аст”.
Комрон Қудратов - мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих