ТАЪРИХИ ИНСТИТУТИ КИМИЁИ БА НОМИ В.И. НИКИТИНИ АМИТ
Институти кимиё 1 сентябри соли 1946 таъсис ёфта, ҳисобида мешавад. Вай дар базаи озмоишгоҳи аналитикии ш. Ленинобод ва озмоишгоҳи кимиёвии ш. Сталинобод (ш. Душанбе) таъсис ёфта, бо Фармони Президиуми Академияи илмҳои СССР аз 26 июли соли 1950 (протоколи маҷлиси Президиум №22, §413) ба хайати филиали тоҷикии Академияи илмҳоии СССР се лаборатория дохил карда шуд:
1. Озмоишгоҳи химияи нафт ва ангишт.
2. Озмоишгоҳи таҳқиқотӣ.
3. Озмоишгоҳи синтези
Яке аз созмондиҳанда ва директори доимии Институт дар муддати 25 сол доктори илми химия, академики АИ РСС Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илмии РСС Тоҷикистон, професор В.И Никитин, шогирди олими барҷастаи рус А.Е. Фаворский мебошад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ хизматхои шоистаи В И. Никитинро ба инобат гирифта соли 1977 Институти химияро ба номи ӯ гузошт.
Дар он давра самти асосии фаъолияти Институт омӯзиш ва азхудкунии захираҳои таббии Тоҷикистон буд. Аз рӯзи аввали таъсисёбӣ Институти кимиё самти густурдаи таҳқиқи бунёдӣ ва амалиро пеш гирифт. Бинобар ин, махсусан аз лаҳзаи ташкили Институти Кимиё дар таркиби он озмоишгоҳи синтези органикӣ, озмоишгоҳи химияи нафт ва ангишт ва инчунин озмоишгоҳи аналитикӣ (таҳлилӣ) амал мекунанд.
Барои таъмини таҳлили корҳои илмӣ- пажуҳишӣ, ҳанӯз соли 1946 озмоишгоҳи аналитикӣ( мудири озмоишгоҳ аввал Б.Н. Дашкевич баъдан Д.С. Бехтле буданд) ташкил карда шуд, ки дар он корҳо оид ба омӯзиши конҳои намаки Хоҷа-Мӯъмин ва Хоҷа-Сартез анҷом дода мешуданд.
Соли 1956 мудири озмоишгоҳи аналитикӣ узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ И.А. Глухов тайин гардид. Дар ин давра корҳо оид ба омӯзиши биогеохимияи йод ва фтор шурӯъ шуда буд.
Дар рафти ривоҷу равнақи корҳои илмӣ-тадкикотӣ барои вусъат додани самтҳои нав, аз ҷумла ташкили озмоишгоҳҳои нав, беҳсозии базаи моддию техникии Институт зарурият ба миён омад. Бинобар ин дар соли 1964 дар асоси озмоишгоҳи аналитикӣ ду озмоишгоҳи дигар – озмоишгоҳи “Филизоти нодир ва элементҳои пароканда (рассеянный)” (мудир И.А. Глухов ) ва озмоишгоҳи “Химия ғайриорганикӣ ва аналитикӣ” (мудир С.М. Баситова) таъсис дода шуд, ки дар он ҷо корҳо дар самти геохимияи чунин элементҳои химиявӣ, монанди мис, кобалт, стронсий ва баъдан геохимияи молибден ва рений оғоз ёфт.
Соли 1962 дар озмоишгоҳи “Химия ғайриорганикӣ ва аналитикӣ” корҳои тадқиқотии уран ва элементхои ба он вобаста дар ҷинсҳои таҳшинии депрессияи тоҷик оғоз ёфт. Соли 1964 озмоишгоҳи “Химия ғайриорганикӣ ва аналитикӣ” ба озмоишгоҳи “Геохимия ва химияи аналитикӣ” табдили ном кард, ки он то кунун дар сохтори Институти кимиё вуҷуд дорад ( мудир Д,Н, Почоҷонов- Академики АИ ҶТ, ҳоло н.и.х. Кабгов Ҳ.).
Максади асосии тадқиқотҳо дар ин соҳа – сохтани модели геохимиявии депрессияи тоҷик хамчун вохиди мушаххаси сохтории қабати таҳшинии кишри Замин — қабати пастии калони байникуҳӣ мебошад.
Дар натиҷаи тадқиқоти чандинсола ба кормандони лаборатория (Адамчук, А. Н. Бозорова, Ю. Я. Валиев, Н. И. Волкова, Н. Д. Мельникова, В. Н. Наумов, Н. В. Суздалева) муяссар гардид, ки модели геохимиявии депрессияи тоҷикро созанд, ки он саҳми назариявӣ дар ҳалли масъалаи комплексии геохимия оид ба омухтани сохти кабати болоии таҳшинии қишри Замин гузоштааст.
Аз чиҳати амалӣ чунин тадқиқот имкон медиҳад, ки меъёрҳои ҷустуҷу ва манбаъҳои нави металлҳои нодир кор карда шаванд.
Минбаъд дар озмоишгоҳи “Геохимия ва химияи аналитикӣ” чунин намудхои таҳлилҳо боз ҳам инкишоф ёфтанд: спектри эмиссияи атомӣ (В. И. Корсун), электрохимиявӣ (Р. У. Вахобова, А. Г. Земцова), фотометрикӣ (М. Ю. Юсупов), ренгеоспектрометрия (В.И. Вайнберг), фазаи рентгенӣ (Ю.Я. Валиев), радиоспектроскопӣ (Н.В. Суздалева), абсорбсияи атомӣ (Н.В. Шатковская).
Тахлилҳое, ки ин озмоишгоҳ кор карда баромадааст, баъдан барои таҳлили дигар объектҳо — махсулоти биологй, маъданҳо, ғанигардонӣ, хӯлаҳо ва металлҳои беҳад тоза истифода бурда мешаванд.
Дар Институт тадқиқоти илмӣ оид ба химияи гайриорганикӣ аз халли масъалаҳои химияи металлҳои нодир ва пароканда оғоз ёфт.
Бо усули хлоронии вольфраматҳои табиӣ ва сунъӣ, инчунин сулфиди табии молибден шароитҳои оптималии реаксияи хосилшавии оксихлоридҳои волфрам ва молибден муайян карда шуданд.
Таҳқиқоти илмӣ оид ба химияи ғайриорганикӣ таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ Иван Алексеевич Глухов бо ҳалли яке аз проблемаи химия филизоти нодир ва пароканда (рассеянных), муайянсозии механизми реаксияи хлоркунонӣ ва омӯзиши табиати кимиёӣ ва хосияти ниҳоӣ ва фосилавии маҳсулоти реаксияҳои мазкур шурӯъ шуда буд.
Инкишофи саноати маъдани куҳӣ дар соҳаи ғанисозии канданиҳои фоиданок, гузаронидани корҳои таҳқиқотиро тақозо мекард. Таҳқиқот дар ин самт дар охири солҳои 50-ум таҳти роҳбарии И.А.Глухов оғоз гардид ва дар соли 1958 ин корро академик АИ ҶТ Пётр Михайлович Соложенкин роҳбари намуд ва дар соли 1962 дар Институти химия озмоишгоҳи ғанисозӣ ташкил карда шуд. Аз соли 1968 то соли 1971 академик АИ ҶТ П. М. Соложенкин роҳбарии Институт буданд. Барои омӯзиши раванди тасфияи физикӣ- кимиёвӣ кормандони озмоишгоҳ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин шуда дар таҳқиқоти худ усули радиотайфбинии магнити (магнитной радиоспек¬троскопи)- ро ҷорӣ намуд.
Нахустин бор реактиви спин-нишонадор( спин-меченые реагенты) шабеҳи реагентҳои тасфиявӣ барои омӯзиши механизми таъсири мутақобилаи онҳо бо сатҳи маъданҳо пешниҳод гардид (Н.И. Капитса, З.А. Зинченко, Ф.А. Швенглер).
Яке аз самтҳои тадқиқот дар озмоишгоҳ омӯзиши пайвастагиҳои комплексӣ бо усули резонанси электронии парамагнитӣ (Е.В. Семёнов, И.В. Иванов, М.М. Юнусов, А.А. Горносталь, З.Б. Баротова буд.
Аз рузи кушода шудани Институт дар сохтори он озмоишгоҳи синтези синтези органикӣ фаъолият дошт.
Академики Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон В И. Никитин мактаби химик – органиконро таъсис дод, ки тадқиқоти онҳо ба химияи атсетилен бахшида шуда буд. Ӯ ва шогирдонаш кори А.Е. Фаворскийро идома дода, имконияти синтези спиртҳои сеатомии қатори атсетилениро нишон доданд. Аз тарафи онҳо технологияи синтези пайвастагиҳои атсетиленӣ ва этилении оксигендор кор карда шудааст. Илова бар ин, реаксияҳои гуногуни триолҳои атсетиленӣ, аз ҷумла оксидшавӣ, барақароршавӣ, беобшавӣ, эфиронии ва дигар реаксияҳо муайян карда шудаанд.
Минбаъд ин омузишҳоро шогирдони В.И. Никитин – Е.М. Глазунова, И.Ботанова, Л.Кондратева, Н.Глебова, М.Самиев ва дигарон давом доданд.
Дар як давраи муайян таърихи озмоишгоҳи синтези органикӣ бо доктори фанхои химия, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ E.M. Глазунова алоқамандӣ дорад. . Ӯ тадқиқотҳоро дар ин самт давом дода, бори аввал доруи зидди эпилептикии «Карботин»-ро синтез намуд.
Баъди рафтани Е. Глазунова берун аз ҷумҳурӣ, мудири озмоишгоҳи синтези органикӣ доктори фанхои химия, профессор М. Исобоев тайин гардид.. Хусусияти фарккунандаи ин давра чуқур омухтани таъсири мутақобилаи байнимолекулавӣ ва дигар омилҳо дар конформатсияи молекулаҳо мебошад. Инчунин дар ин давра таҳқиқотхо дар химияи тиазолхо оғоз гардиданд. Ғайр аз ин дар ин озмоишгоҳ бори аввал синтези пайвастагихои аз чиҳати оптикӣ фаъол ва ҳосилаҳои атсетиленӣ оғоз гардиданд. Ин корхо бо иштироки ходимони илмии озмоишгоҳ ба номи Э.Х. Пулотов, Р- Хусейнова ва Е. Венгер гузаронида шуданд.
Дар озмоишгоҳи «Синтези органикӣ» баҳои кимиёвӣ ва биохимиявии навъи ангатҳои помирӣ (Е. М. Глазунова, К. Х. Хайдаров, Н. Д. Гачечиладзе) дода шуда, инчунин дар таркиби онҳо миқдори флавоноидҳо муайян карда шуданд. Таъсири равгани ангат дар ҷараёни барқарор ва табобати захми меъда таҳқиқ карда шуд (К. Х. Хайдаров, О. Ш. Лебедева).
Ғайр аз ин, хосиятҳои химиявии равғани ангат, ки дар Тоҷикистон меруяд, омӯхта шуда, технологияи истихроҷи он барои эҳтиёҷоти тиб кор карда шудааст (М.Д. Исобоев, Л. Норматова).
Бо ташаббуси В И. Никитин соли 1968 дар назди Институти химия озмоишгоҳи фармакология таъсис дода шуд. Аз рӯзи ташкил ёфтани озмоишгоҳ то соли 2012 ба он доктори илмҳои тиб, профессор, академики АМИТ К.Х. Хайдаров. Аз соли 2012 то имрӯз ба он шогирди К.Х. Хайдаров, доктори илмхои тиб, профессор, узви вобастаи АМИТ И.Ф. Рахимов роҳбарӣ дорад.
Самти асосии илмии ин озмоишгоҳ муайян кардани маводҳои доругӣ дар таркиби растанӣ ва моддаҳои органикӣ мебошад.
Аз давраи ташкили озмоишгоҳ беш аз 3000 пайвастагиҳои бавуҷудомадаи набототӣ, маҳсулоти қатори синтези оксигендори маҳсули асетилинӣ, карбоматҳо, пайвастагиҳои алифатӣ ва хушбӯии сулфурдор, алкалоидҳои тағйирёфтаи берберин, папаверин, салсолидин, эфедрин, ситизин, кабудин ва ғ. таҳқиқотҳо гузаронидааст. Дар асоси таҳқиқотҳои то клиникии гузаронидашуда, дорувориҳои « Карботин», равғани ангат, мумиё, берберин, фитосуман ва балзами «Сино» дар саноати тиб ҷорӣ карда шудааст. Таъсири равғани ангат дар раванди таҷдид ва табобати захмёбии меъда омӯхта шудааст.
Дар соли 1960 дар Институти химия таҳти роҳбарии академики АИ ҶТ К.Т. Порошин дар соҳаи химияи сафеда ва пептидҳо: синтез ди-,три- ва тетрапептидҳои аминотрушиҳо ((глицин, аланин, лизин, аргинин, пролин, оксипролин ва ғ.) таҳқиқот шурӯъ гардид. Дар пайдарҳамии гуногун ва поликонденситсияи охирини он имкон дод, ки якқатор полипептидҳои баландмолекуляри сохташон мураттаб – моделҳои синтетикии порчаҳои булӯрии баъзе сафедаҳои табиат – фиброинаи абрешим, коллагена, лизиноми ғанӣ ва фраксияи аргинини гистонҳо ва протаминҳо ҳосил карда шавад.
Дар Институти кимиё оид ба маъданҳои ангиштдоштаи конҳои Тоҷикистон бо мақсади коркарди химиявӣ ва барои эхтиёҷоти хоҷагии халқ истифода бурдани онхо тадқиқоти гуногунгузаронда шуд.
Дар соҳаи химияи ангишт микдори зиёди тадқиқотҳо аз тарафи З. Румянтсева бурда шудааст. Муайян карда шуд, ки дар байни ангиштҳои кони Осиёи Миёна ангишти кони Фон-Ягноб, ки ангишти хушсифати кокс-металлургӣ мебошад, бехтарин аст. Дар рафти коркарди ангишти коксшаванда бисьёр маҳсулоти муҳими химиявӣ, аз ҷумла пайвастагиҳои хушбуй ҳосил мешавад.
Ангишти кони Шуроб барои коркарди химиявии пайвастагихои хушбӯйи кислотаи поликарбон пешниҳод шудааст.
Дар соли 1955 академики ояндаи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон И. Нуъмонов ба тадқиқот оид ба омухтани химияи нефть шурӯъ намуд.
Компонентҳои вазнини гетероатомии нафт-маводҳои молиданӣ ва таркибҳои сулфурдор омӯхта шудаанд. Муайян карда шудааст, ки дар таркиби пайвастагиҳои сулфур ва нитрогендори нафт пайвастагиҳои органикӣ ва металлӣ мавҷуданд, ки бо чудошавии ҷузъи гетероатомӣ ба фраксияҳо дар нафт алоқаманданд.
Пайвастҳои вазнини гетероатомии дорои молибдени баланд ва сулфурдори нафти тоҷик муайян карда шудаанд (И.У. Нуъмонов, И.М. Носиров, В.В. Чайко).
Соли 1971 олими намоёни соҳаи химияи неафт, доктори илмҳо химия, профессор узви вобастаи АИ РСС Тоҷикистон Е. Нуъмонов директори Институти химия интихоб гардид. То он вакт дар Институти химия аллакай 12 озмоишгоҳ ва як сектор кор мекард, ки дар онҳо дар соҳаҳои зерин тадқиқот гузаронда мешуд: моддахои нахдори баландмолекулавӣ (проф. И. Я. Калонтаров); геохимия ва химияи аналитикй (академики Академияи илмҳои СССР Д. Н. Пачаджанов); металлургияи металлхои соф ва хулаҳои дақиқ (проф. А. В. Вахобов); маъданҳои фоиданок (академики Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон П. М. Соложенкин); синтези органикӣ (узви вобастаи Академиям илмҳои РСС Тоҷикистон Е. М. Глазунова); ҷараёнҳои плазма-химиявӣ (н.и.м Ю. В. Валибеков); металлҳои нодир (узви вобастаи Академиям илмҳои РСС Тоҷикистон И. А. Глухов); фармакология (академики АМИТ К. X. Хайдаров); химияи нефть (академики Академияи илмҳои РСС Точикистон И. У. Нуъмонов, И. М. Носиров); химияи пайвастагихои табий (н.и.м В. К. Буриченко); химияи ангишт (проф. З. А. Румянцева); масолехи тозаи фторидҳо (профессор Д. Д. Икромй).
Дар ин давра бисьёр сохахои нав ба вучуд омаданд: химияи гайриорганикии гидридҳо (академики АМИТ У. М. Мирсаидов), пайвастҳои ба оташ тобовар (доктори илми химия М. Н. Абдусаломова); пайвастагиҳои гетеросиклӣ (профессор И.М. Носиров); полимерхои тиббй — биологй (академики АМИТ Д. X. Халиков); химияи нахи пахта (н.и.м К. М. Махкамов). Бояд гуфт, ки ин тадқиқот дар солҳои минбаъда низ давом ёфта истодаанд.
Соли 1980 Институт дар рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, баланд бардоштани самарабахшӣ ва ихтисори муҳлати татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар амалия ба муваффақиятҳои арзанда ноил гардид. Ҳамин тавр, дар соли 1981 озмоишгоҳҳои Институт аз рӯи 23 мавзӯъ ихтироот гузарониданд, ки 8 мавзӯи он оид ба ҳалли проблемаи илмӣ- техникии умумииттифоқӣ ва мавзӯи махсусро фаро мегирифт.
Бо ибтикор ва роҳбари илмии олимони Институти кимиё дар давраи солҳои 70-90-уми асри гузашта се озмоишгоҳи озмоишӣ- истеҳсолӣ роҷеъ ба тавлиди гурӯҳи таҷрибавии мавод барои техникаи ҷадид, завод оид ба тавлиди алюмини софтозаи «Кондара», коргоҳи таҷрибавӣ- саноатӣ оид ба тавлиди моддаи пектинӣ дар назди ИСИА «Шаҳринав», КИИ « Медполимер», « Заводи таҷрибавии Институти химия оид ба тавлиди намаки тиббӣ», «Падида», оид ба тавлиди дурдабанд(коагулянт) барои обтозакунӣ сохта шуд. Дар ин солҳо (1987-2003) академик Улмас Мирсаидович Мирсаидов роҳбари Институт буданд.
Олимони Институт дар рушди ҷанбаҳои бунёдии соҳаҳои гуногуни илми кимиё саҳми арзанда гузоштанд. Ба ҷуз таҳқиқоти фавқуззикр, дар бораи ихтирооти усули нави ҷудосозӣ ва тозакунии фторидҳои ишқордор ва аносири ишқоризаминиро бояд қайд кард (мудири озмоишгоҳи кимиёи фторидҳо профессор Д.Д. Икромӣ), ки дар намуди монокристал хосияти баланди оптикиро доро мебошад.
Такмили минбаъдаи назария ва амалияи гудозиши зоннавӣ гузаронида шуд, ки он бо ҳосилкунии фавқуссофи филизот, хӯлаҳо дар асоси алюминӣ, бария, стронсий ва дигар филизот овард (А.В. Ваҳобов, И.Н. Ғаниев, Ф.У. Обидов). Равандҳои нави технологии ғанисозии канданиҳои фоиданок коркард гардид, ки ба эҷоди тарзи тасфияи маъдани симобу сурма овард, ки дорои аҳамияти саноатӣ мебошад. (П.М. Соложенкин, З.А. Зинченко, Г.Ю. Пулатов, З.Р. Баратов). Таҳқиқотҳои зиёде оид ба мавзӯи махсус бахшида ба синтез ва омӯзиши хосияти кимиёвӣ-физикии гидридҳои ғайриорганикӣ анҷом дода шудааст (У. Мирсаидов, М.С. Пулатов, Р.Ф. Гатин).
Озмоишгоҳи маводи зангназананда (мудири озмоишгоҳ академики АИ ҶТ Ғаниев И.Н.) дар Ҷумҳури ташкилоти асосӣ дар соҳаи ҳифзи филизот аз зангзанӣ гардид, аммо озмоишгоҳи кимиёи полимерҳои тиббӣ- биологӣ (мудири озмоишгоҳ академик АИ ҶТ Холиқов Д.Х.) ташкилоти пешсаф оид ба иҷрои барномаи комплексии ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад. Дар доираи иҷрои барномаи мазкур дар соҳаи эҷоди полимерҳои таъйиноти тиббӣ дошта дар асоси мономерҳои этинилпиперидола ва моддаи пектинӣ саҳмаи арзанда гузошта шудааст.
Дар озмоишгоҳи нахбунёдкундаи полимерҳо таҳқиқоти васеъи қонунияти деструксияи гармотрушӣ ва устувории атсетатҳои селлюлозӣ ва полиамидҳо ва ҳамчунин оид ба истифодаи рангкунанда барои навъи полиерҳои нахҳосилкунанда ва тарзи ҳосилкунии селлюлозаи микробулӯрӣ гузаронида шуд (И.Я. Калонтаров, Ф.Ф. Ниёзӣ, К.М. Маҳкамов).
Баъдтар академик У.М. Мирсаидов роҳбарии Академияи илмҳоро ба уҳда гирифтанд. Дар базаи Институти химия сохтори воҳиди нав дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин Институти проблемаи об, гидроэнергетика ва экология ва агенти оид ба бехатарии ядроӣ ва нурзо (радиационный) мебошад.
Қисмати ҷудонопазири корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ дар Институти кимиё ба дараҷаи боз ҳам густурдатар корҳои ихтироъкорӣ ва патентӣ –летсензионӣ қарор мегирад. Дар охири солҳои 70-80-уми асри гузашта Институт кимиё ҳамасола беш аз 40 шаҳодатномаи муаллифӣ дарёфт намуд, ки як қатори он дар Англия, ИМА, Шветсария, Франсия ва дигар кишварҳо патент карда шудааст. Аксарияти ихтирооти Институт ба тасвиб расида, дар истеҳсолот ҳам дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва ҳам дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷорӣ карда шудааст.
Аз ҷумла, тавлиди сӯзишвории сахти мушакӣ дар базаи ИИ «Навоиазот» ва тарзҳои истифодаи партовҳо дар заводи алюминияи тоҷик ба роҳ монда шуд. Тарзи ҳосилкунии фторидҳои бария ва лития ва инчунин керамикаи оптикӣ дар Институти оптикии ба номи С, И. Вавилов ва заводи «Красный химик» (Ленинград) истифода карда шуд, аммо реагент КТАДАФ дар комбинати кимиёвии Шостаков истеҳсол мегардид ва дар заводи заргарии Душанбе, заводи агрегатии Чебоксар ва заводи мошинсозии вазнини Жданов истифода карда мешуд. Ихтирооти академик П.М. Соложенкин ва кормандони он оид ба тасфияи маъдан дар заводҳои Комбинати металургии Алмалик, комбинати сурбу руҳӣ Адрасман ва хӯлаҳои алюминий дар Новокузнетск, заводи гидрометаллургии Исфара ва инчунин дар иттиҳодияи истеҳсолии «Вектор»-и Урал, иттиҳодияи истеҳсолии «УралОМО», заводи турбомотори (ш. Екатеринбург), Иттиҳодияи истеҳсолии «Электромашин» (ш. Члябинск) мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Яке аз комёбиҳои муҳимтарини Институти кимиё дар амалияи тиббӣ истифодабарии дорувории зиддиэпилептикии «Карботин» бо роҳбарии академик Ҳайдаров К.Ҳ. ва гемосорбенти « ИХАНТ» бо роҳбарии академик Холиқов Ҷ.Х. метавон ҳисобид.
Синтез кардани пептидҳои хурдмолекулӣ зоҳиркунандаи таъсири иммунноомилӣ: бо усули инверсионӣ-волт-амперии муайянкунии симоб дар обҳои табиӣ ихтироъ гардид ва ҳамзамон шароити беҳтарини муайянкунии микроғаноиши мис, сурб, висмут, кадмия ва руҳ дар электроди симобдори қабати нуқрагин дар фториди барияи бо гуногунияти софӣ бо усули инверсионнии волтамперметрӣ муқаррар карда шуд.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии институтро дар давраи аввалӣ истиқлолиятӣ ҶТ таҳлил намуда кайд кардан зарур аст, ки дар авввали солҳои 90-ум Институт дар вазъияти ниҳоят вазнин кор дошт. Аз соли 1991 олимон ба соҳаҳои маориф, истеҳсолот ва савдо ру оварданд, инчунин аз ҳудуди Тоҷикистон берун рафтанд ин ҳолат то соли 1998 идома ёфт. Маблағгузори ва таъмини моддию-техникии тадқиқотҳои фудаменталӣ ниҳоят кам шуд. Бо сабаби рафтани олимон ва норасии мутахасисон ва хусусан роҳбарони мавзӯъҳои илми, ки онҳо дар навбати худ мудирони озмоишгоҳҳо буданд дар муддати солҳои 1991-1999 дар Институт шаш озмоишгоҳ баста шуд. Дар чунин шароит масъалаи муҳимтарини институт ин такмил додани сохтор, муттаҳидсозии мавзуъҳо, ҳалли вазфаҳои илмие, ки барои ҷумҳурӣ зарур, ҷустуҷуи маблағгузории ғайрибуҷавӣ, нигоҳдории кадрҳои мавҷудбуда ва тайёр намудани докторҳо ва номзадҳои илм ба шумор мерафт. Бо пешниҳоди АИ ҶТ Хукумат ҶТ «Рӯйхати самтҳои афзалиятноки тадқиқотҳои илмӣ дар ҶТ барои солҳои 2010-2020», «Барномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ҶТ дар давраи соҳои 2009-2015» ва «Барномаи интегратсияи илм ва маълумоти олии ҶТ барои солҳои 2010-2015» қабул намуд, ки дар оянда барои рушди илм дар Ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Барои дар соҳаи илм ба муваффақиятҳо ноилшавӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи таҳқиқотҳои илмӣ кормандони Институт П.М. Соложенкин, Н.И. Копиця, В.С. Пупков ба мукофоти Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ ва А.В. Ваҳобов, Ф.У Обидов, Г.А. Козаренко, Д.Х. Халиқов, З.Б. Шарифова и З.Қ. Мухиддинов ва Ғаниев И.Н. – ба мукофоти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техникаи ба номи Абуали ибни Сино сазовор гардиданд. Барои фаъолияти бомуваффақияти ихтироъкорӣ И.Я. Калонтаров, К.Х. Ҳайдаров, И.Н. Ғаниев, З.А. Зинченко, К.М. Маҳкамов ба унвони ифтихории «Ихтироъкорӣ хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф шуданд. И.Н. Ғаниев, аввалин олими ихтироъкор дар Тоҷикистан, сазовори медали тиллоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳҳнӣ дар соли 1997 ва дорандаи мукофоти Муассисаҳои илми-таълимӣ ва санъти давлатҳои Исломӣ (ISESCO) гардид.
Соли 2003 академик Холиқов Ҷурабой Холикович директори Институтро ба уҳда доштанд, ки то соли 2014 Институти кимиёро роҳбарӣ намуданд.
Ба натиҷаҳои муҳимтарини илмии дар Институти кимиё дар даҳсолаи охир ба дастоварда марбутанд:
Ихтироъи нави хӯлаҳои алюминияи нави зангназананда барои эҳтиёҷоти маҷмаи мошинсозии ҷумҳурӣ ихтироъ карда шуд. Хӯлаи рӯҳ- алюминияи (Zn5Al, Zn55Al, Zn+0.5%Al) филизоти нодири заминӣ ва ишқорӣ, чун иловагии тағйирдиҳанда ба сифати пӯшиши анодӣ ва протектор барои муҳофизати иншооти пӯлодӣ ва маснуот аз зангзанӣ таъйин гардидааст. Ин ихтироот бо патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя гардидааст (TJ199, TJ276, TJ309, TJ310, TJ 312, TJ317-319, TJ342, TJ 451, TJ 465, TJ510, TJ602 ва TJ 604 дигарон Ғаниев И.Н., Эшов Б.Б., Обидов Р., ва ғ.).
Технологияи ҳосилкунии хӯлаҳои гудохтаи алюминияи бисёртаркиба бо сохтори кафолотдиҳандаи тағйрёбанда ба сифати иловагии ҷавҳардиҳанда ишқорзаминӣ (барий, стронций), камзаминӣ (церий,празеодим, неодим) филизот ва сурма истифодашаванда коркард гардидааст. Хӯлаҳо бо патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон №ТJ 712 ( Ғаниев И.Н.) ҳимоя шудааст. Аз хӯлаҳои бо роҳи гудозиш коркардшуда метавон ҷузъҳои алоҳидаи автомобил, трактор, мошинҳои кишоварзӣ, насосҳои обкашӣ ва ғайра рехтан мумкин аст.
Нақшаи технологии истеҳсоли полисахаридҳои пектинӣ аз партовҳои гуногуни мевагӣ ва набототӣ бо минбаъд тозакунӣ бо маҳлули гидролизати ултраполоиш коркард карда шуд. Технологияи мазкур патент карда шудааст:
-патенти Аврупоосиёӣ ЕА 016871 ва патенти украинӣ UA 70046 (Муҳидинов З.Қ., Фишман М.Л., Лиу Л.Ш.), патенти TJ 197 (Муҳидинов З.Қ.), патенти украинӣ UA70047 ва TJ 290 (Муҳидинов З.К., Халиқов Д.Х., Горшков Р.М.), TJ 563 ( Муҳидинов З.Қ., Ҷонмуродов А.С., Тешаев Х.И.).
Санади хулосавии санҷишӣ оиди дар амал тадбиқ намудани усули тозакунии маҳлули гидролизати пектинҳо, ки дар сехи коркарди пектин дар ширкати ПАПО «Шаҳринав»-и ноҳияи Шаҳринав, соли 1992 (TJ 197) гирифта шудааст. Тадбиқи ин усул имконият дод, ки аввалин бор пектин дар шароити саноатӣ бо сифати баланд ҳосил карда шавад ва зиёда аз 20 маротиба маҳсулот ҳосил карда шуд. Аммо аз сабаби ҷанги шаҳрвандии он солҳо, сехи пектин дар ин ширкат фаолияташро давом дода натавонист ва хароб гашт.
Барои муолиҷаи беморони касалии санги талхадон (ҳамкориҳо бо Институти гастроэнтерелогияи АИ тибии Тоҷикистон ва Институти илмҳои тиббии Ҳиндустон – AIIMS, солҳои 1986-1999, Муҳидинов З.Қ.) тавсия карда шудааст. Пектин дар мувофиқа бо антибиотикҳо барои табобати якқатор касалиҳои сирояткунанда (беморхонаи касалиҳои сироятии ш. Душанбе) коркард ва истифода шудааст. Таҷрибаҳо тасдиқ кардаанд, ки истифодаи пектин дар якҷоягӣ бо антибиотикҳо, мӯҳлати табобати беморонро, ки бо диагнози инфексияи шадиди рӯдаҳо хобидаанд, камтар карда ва ба паст намудан таъсири иловагии антибиотикҳо мусоидат намудааст. Таҳқиқоти фармакологӣ нишон дод, ки иловагии олигосахаридҳои себ дар спирт ба пастшавии мастии алкоголии мушакҳо мусоидат намуда, барқарории тандурустиро метезонад. Инчунин фаъолнокии баланди сорбсионии микрогелии пектинӣ аз офтобпараст дар таносуб ба иони сурб ва мис дар қиёс бо ангишти фаъолкардашуда ва лифепан ёфта шуд.
Ихтирооти Институти кимиё оид ба сохтани мембран дар Иттиҳодияи истеҳсолии « Тоҷиктекстилмаш» барои истеҳсоли умумии ҳисобкунакҳои газӣ ва тарзи тозакунӣ ва тасбити шаффофияти шароб(вино) бо бентонити маҳаллӣ ва маводи полимерӣ дар АООТ «Душанбе» бо самараи иқтисодии 65 ҳазор сомонӣ ҷорӣ карда шуд.
Ба натиҷаҳои муҳимтарини илмии дар Институти кимиё дар ин даҳсолаи ба дастоварда як қатор олимон соҳиби мукофотҳо ва ҷоизаҳои давлатӣ гардиданд: дар соли 2003 аъзо кор. АИ ҶТ, профессор Куканиев М.А. бо медали Шараф дараҷаи 1 мукофотонида шуд, соли 2009 академик Мирсаидов У.М. бо ордени «Дустӣ» ва ба ҷоизаи Давлатии ҶТ дар соҳаи илм ва техникаи ба номи Абуали ибни Сино сазовор гардид, д.и.к., профессор Муҳидионов З.Қ. ҳамчун ихтироъкори беҳтарин дар соли 2012 бо нишони фахрии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ мукофотонида шуд, академик Ҳайдаров К.Х. ва д.и.к. профессор Қодиров А.Ҳ. сазовори ҷоизаи АИ ҶТ ба номи С.Умаров (с.2009) гардиданд.
Аз соли 2014 то соли 2019 директории Институтро доктори илмҳои химия, профессор З.Қ. Мухиддинов ба зимма дошт. Аз соли 2019 директори Институт доктори илмҳои техникӣ, профессор А.М. Сафаров таъин гардид.
Дар ибтидои солҳои 90-ум, бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ, бар асари бӯҳрони амиқи иқтисодӣ Институт дар вазъияти хеле вазнин қарор дошт. Аз сабаби бӯҳрони иқтисодӣ аз ҷумҳурӣ рафтани олимон, бисьёр олимон худро ба кори маориф, истеҳсолот, савдо бахшиданд Масъалаи кам будани музди кор, маблаггузорӣ ва паст будани сатҳи таъминоти моддию техникй барои тадқиқоти фундаменталӣ то соли 1998 давом кард.
Аз сабаби рафтани олимон ва нарасидани мутахассисон, бахусус бо рафтани мудирони мавзӯъҳои илмӣ, ки онҳо ҳамчунин солхои 1991-1999 мудири озмоишгоҳҳо низ буданд. дар Институт шаш озмоишгоҳ баста шуд.
Дар чунин шароит вазифаи асосй аз он иборат буд, ки Институт хамчун воҳиди структурии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шавад. Барои ин рестуртуризатсия кори Институтро аз нав ташкил намуда, мавзуъҳоро барои халли масъалаҳои конкретии барои ҷумҳурӣ мухим, ҷустуҷӯи маблағхои гайрибуҷетй, нигох доштани шумораи максималии кадрҳо ва давом додани тайёр намудани доктору номзадони илм зарур буд, ки ин корҳо анчом дода шуданд.
Коркунони Институт ба шароити душвори кор (дар фасли зимистон набудани гармй, кувваи барк ва об) нигоҳ накарда, кори худро давом медоданд, натиҷаи тадқикоти илмии онҳо на танҳо дар маҷаллаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои ҳамсоя ва ҳам хориҷи кишвар нашр карда шуда, дар конфронсу симпозиумҳои байналхалқӣ иштирок менамуданд.
Дар тайёр намудани кадрхои илмӣ ба хайати Комиссияи олии аттестатсионии Федерацияи Россия дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калон бозид. Дар Институт ду шӯрои Диссертационӣ оид ба додани унвони илмии доктори илм (раиси Шӯро — узви вобастаи АИ ҶТ, Мирсаидов У.М.) ва номзади илм (раиси Шӯро — узви вобастаи АИ ҶТ, Халиқов Ҷ.) ташкил карда шуда буд. Ин шӯроҳо аз соли 1991 то соли 2000 амал мекарданд.
Аз соли 2001 то соли 2020 дар Институти кимиё Шӯрои диссертатсионии Д047.003.03 аз рӯи самтҳои 1.4.1-химияи ғайриорганиникӣ, 1.4.3 – химияи органикӣ и 1.4.4 – химия физикӣ (ВАК-и Руссия) ва аз соли 2017 то 2020 дар Институти кимиё шӯрои дар Институти кимиё шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи бахшҳои 6D071000 – Маводшиносӣ ва технологияи маводҳои нав ва 6D072000 – Технологияи кимиёвии моддаҳои ғайриорганикӣ фаъолият доштанд. Аз соли 2022 дар Институти химия ду шӯрои диссертатсиони аз рӯи ихтисосҳои 73.1.002.02 ва 73.1.002.03 (2.6.17 – Маводшиносӣ ва 2.6.7 – Технологияи моддаҳои ғайрирганикӣ) ва 73.1.002.03 (1.4.3 – химияи органикӣ ва 1.4.4 – химияи физики ВАКи Руссия) ва инчунин шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи самтҳои 6D072000 – Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ (6D072001 – Технологияи моддаҳои ғайрирганикӣ), 6D060600 – Химия (6D060601 – Химияи ғайрирганикӣ (техникӣ)фаъолият доранд.
Дар давраи солҳои 1991-2023 Институти химия 55 доктори илм ва 257 номзадони илм тайёр намуд.
Айни замон дар Институти кимиёи ба номи В. И. Никитини АМИТ 102 нафар кормандон, ки аз онҳо 72 нафарашон кормандони илмӣ: 3 нафар узви пайвастаи АМИТ, 1 нафар узви вобастаи АМИТ, 17 нафар докторони илм, ки аз инҳо 11-нафар профессорон ва 23-нафар номзадҳои илм ва 28 нафар ходимони илмии беунвон мебошанд, фаъолият доранд.
Дар тайёр наамудани кадрҳои илмӣ – аспирантура, магистратура ва докторантураи PhD, ки дар Институти химия амал мекунанд, нақши асосӣ мебозанд.
Дар давраи солҳои 1991-2023 дар Институте зиёда аз 120 аспирантон ва PhD-докторантов таҳсил намуданд. Айни замон дар Институт шӯъбаҳои магистратура ва доктарантура фаъолият менамоянд, ки дар он 3-доктарант, 20 нафар PhD-докторант ва 24 магистр ба корҳои илмӣ машғуланд.
Институти кимиёи ба номи В. И. Никитин АМИТ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника» ва Оинномаи Институти химия амалӣ мегардонад.
- Дар Институт 8 озмоишгоҳ ва 1 шӯъба фаъолияти илмӣ доранд:
-
– коркарди комплексии ашёи хом ва партовхо;
– геохимия ва химияи аналитикӣ;
-химияи пайвастагихои калонмолекулавӣ;
– ғанисозии маъданҳо;
– маводҳо ба коррозиятобовар;
– синтези органикӣ;
– химияи пайвастагиҳои гетеросиклӣ;
– фармакология.
– Энергияи гидрогенӣ.
- Самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ инҳоянд:
-
• Асосхои физико-химиявӣ ва технологии коркарди маъданҳои фосфордориз кони Ривати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Асосхои физико-химиявӣ ва технологии ба даст овардани пайвастагиҳои бор, алюминий, нуриҳои минералӣ, коагулянтҳо, маводҳои чинигӣ ва бинокорӣ;
• Тадқиқоти фармакологии ҳосилаҳои тиадиазинҳо, кислотаҳои гумусии ангиштҳои қаҳваранг ва флораи Тоҷикистон бо мақсади эҷоди доруҳо;
• Омӯзиши геохимияи элементҳои нодир дар ангиштҳои давраи юра, сангҳои гилии карбондори онҳо, бокситҳо ва гилҳои каолинӣ ва коркарди технологияи коркарди комплексии онҳо;
• Ҷанбаҳои физикӣ ва химиявии эҷоди таркибҳои зидди паразитӣ, ки дар асоси пайвастагиҳои гетеросиклии синтетикӣ ва нафтӣ ва ашёи хоми растании Тоҷикистон (меваҳои малахи асал ва дарахтони шоҳбулут) амал мекунанд;
• Коркарди таркибҳои хӯлаҳои нави алюминийи ноқилӣ ва додани тавсияҳо оид ба истифодабарии онҳо ба корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Сохторҳои холиси полимерҳои ионогении табиӣ ва дар асоси онҳо сохтани гидрогелҳои композитӣ;
• Коркарди технологияҳои инноватсионии синтези моддаҳои фаъоли биологӣ дар асоси ҳосилаҳои ацетилен ва манбаъҳои табиӣ;
• Энергияи гидроген.
Дар солҳои 1991—2023 дар Институти кимиё оид ба истифодаи ихтироот 13 таклиф пешнидод карда шуда, 9 ихтироот дар истеҳсолот ҷорӣ карда шуд.
Дар корхонаи алюминии Тоҷикистон усули тавлиди ферросилиций ва оҳан аз партовҳои истеҳсолот ҷорӣ шудааст, ки дар маҷмӯъ 1 миллион доллар самараи иқтисодӣ дорад. Илова бар ин, дар корхонаи «Тамохуш»-и шаҳри Исфара маводи ба зангзананда тобовар дар асоси алюминий ҷорӣ карда шуд.
Истеҳсоли коагулянтҳо барои филтратсияи об ба роҳ монда шудааст. Технологияи аз партовҳои истехсоли алюминий ва аз ашёи хоми минералии маҳаллӣ (сиенитҳои нефелинӣ ва флюорит) ба даст овардани маъдани криолит-глиноземӣ кор карда баромада шудааст. Дар асоси ин технология дар корхонаи алюминии Тоҷикистон коргоҳи коркарди партовҳо сохта ба истифода дода шуд.
Дар корхонаи «Зарафшон» усули бо хлор сублиматсия кардани тилло ва консентрати миси кони Тарор ҷорй карда шуд, Фоида аз истифодаи он дар давоми сол 4—5 миллион сумро ташкил дод.
Дар комбинати нимсаноатии озмоишгоҳи «Ғанигардонии маъданҳо» иқтидори 60 килограмм/соат тадқиқоти флотатсионии маъданҳои фосфордори кони Риват гузаронда шуд. 5000 кг маъдани фосфордори кони Риват ба флотатсия дучор карда шуд. Дар натиҷа орди фосфордор ба даст омад, ки дар таркиби он Р2О5 аз 22 то 24 %-ро ташкил медиҳад.
Дар Институти химия технологияи истеҳсоли пектин аз партовҳои мева (себ) дар дарачаи нимсаноатй бо патентхои зерин ҳифз карда шудааст: ЕАП 016871, патенти Евразия. Усули истеҳсоли пектинҳо аз моддаҳои растанӣ; UA 70046, Патенти Украина. Хатти технологии коркарди моддахои пектинй бо усули флеш.
Дар корхонаи воҳиди давлатии «Коргоҳи мошинсозӣ» озмоиши хӯлаҳои алюминий бо бериллий ва галлий гузаронида шуд. Мукаррар карда шудааст, ки ба кор бурдани ин ху-лахо суръати зангзании тачхизотро 1,5—2 баробар кам мекунад.
Дар ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текистил» хӯлаи ба зангзании алюминий-магний тобовар (ТҶ №972, аз 19.02.2019с.) озмуда шуд. ки самараи иктисодии он соле 10000 сомонро ташкил медихад.
ҶСК «Нокили ТАЛКО» аз санҷиши техникии «Хӯлаи ноқилҳои алюминий» (патентҳои ТҶ № 1058 (14.02.2020) ва ТҶ № 1059 (14.02.2020)) ҳангоми тунук кардани буридани симҳои симҳо ба андозаи 10% хӯлаҳои санҷидашуда бо ҳаҷми истеҳсоли 1000 тонна ноқилҳои ҷараёни барқ ва бо арзиши онҳо ~ 2000 доллар барои 1 тонна маҳсулот, 10% сарфаи металл бо ифодаи пулӣ 1000 тонна дар $ 2000, яъне 200 000 долларро ташкил медиҳад.
Соли 1996 Институти кимиё аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО ва Ассотсиатсияи байналмилалии пажӯҳишгарони илмии кишварҳои исломӣ як қатор грантҳо дарёфт кард.
Фаъолияти илмӣ-тадкикотй ва нашриёти Институти химияро кайд кардан низ лозим аст.
Дар давраи солҳои 1991-2023 аз тарафи ходимони илмии Институт 2100 мақола, 66 монография нашр гардида 80 патент ба даст оварда шуд.
Ба муносибати фаъолияти фаъолона дар соҳаи илм як қатор олимон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд:
ак. АМИТ У.М. Мирсаидов ордени «Дусти», ва медаляҳои далватӣ;
– профессор М.С. Пулатов ордени «Дусти»;
– узви вобастаи АМИТ. АН РТ М. Куканиев ордени «Шараф»,
нчунин як катор ходимони илмӣ бо мукофотхои ҷумҳуриявӣ ва байналхалкӣ хавасманд гардиданд:
(Ҷоизаи Шӯрои Вазирон)
– ак. АМИТ У.М Мирсаидов ва . И.Н. Ғаниев барандагони ҷоизаи байналмилалии ISESCO (ташкилоти илм, маориф ва санъати давлатҳои исломӣ);
– ак. АМИТ Д.Н. Пачаджанов ва У. М. Мирсаидов бо Ҷоизаи байнидавлатии ИДМ «Ситораҳои Иттиҳод»;
– ак. АМИТ У.M. Мирсаидов бо Ҷоизаи байналмилалии TWAS (Академияи сеюми илмҳои ҷаҳон);
— гурухи калони коркунони институт бо мукофоти Академияи фанхои Точикистон ба номи. С. Умаров.
– ак. АМИТ И.Н.. Ғаниев барандаи ҷоизаи Springer Nature Awards TOP (Олмон) ҳамчун муаллифи аз ҳама зиёд нашршуда;
— профессор А.Х. Кодиров ва академики АМИТ И.Н. Ғаниев бо медали тиллои Созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ мукофотонида шуданд.
– Доктори илмҳои кимиё Зиёдулло Обидов соҳиби дипломи «Беҳтарин олими ҷавони Авруосиё» гардид.
— Ходими илмии озмоишгоҳи химияи калонмолекулавӣ И. Исмоилов дар озмуни «Беҳтарин олими ҷавони ИДМ дар соли 2020» иштирок намуда, бо дипломи дараҷаи якум ва медали «Беҳтарин олими ҷавони соли 2020” сарфароз гардид;
— котиби илмии Институти химия М. Зоидова дар 13-умин намоишгоҳи байналмилалии дастовардҳои саноати кимиё, ки 29 октябри соли 2020 дар Кореяи Ҷанубӣ “Invention Exposition” баргузор гардид, ширкат варзида, бо медали тиллои “Korea International Women’s” мукофотонида шуд.
Ҳамин тарик, гуфтан мумкин аст, ки Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази рушди илми химия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
- Директорони институт аз давраи таъсисёбӣ
-
Академик Никитин В.И. 1946 – 1968 сол.
Академик Соложенкин П.М. 1968 - 1971 сол
Академик Нуъмонов И.У. 1971 – 1987 сол
Академик Мирсаидов У.М. 1987 – 2003 сол
Академик Халиков Д.Х. 2003 – 2014 сол
Профессор Муҳиддинов З.К. 2014 - 2019
Профессор Сафаров Аҳрор Мирзоевич. 2019 - то айни ҳол
Тамос:
E-mail: info@ikai.tj
Телефон/факс: (992 37) 225 80 95