Skip to main content

Санаи 26-28 сентябри соли 2025 дар музофоти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ташаббуси Маркази байналмилалии интиқоли технологияҳои нави Донишгоҳи нақлиёти Сиан ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси байланлмилалӣ баргузор гардид, ки дар он мушовири президенти Академияи миллии илмҳо профессор Қодирзода Фарҳод Анвар ва сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи РhD, профессор Қосимзода Солеҳ Салим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конфронс роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои илмӣ, роҳбарони ширкатҳои истеҳсолию тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Узбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конференсияи байналмилалиро аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст Қодирзода Фарҳод ифтитоҳ намуда, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бо Академияи миллии илмҳо дар сатҳи баланд баҳогузорӣ намуд. Дар идомаи суханронӣ аз ҷониби масъулини Академияи миллии илмҳо пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи натиҷаҳои илмии ҳарду кишвар дар истеҳсолот “Иттиҳоди ягонаи ҳамгироии байни муассисаҳои олӣ ва корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шавад. Ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи Иттиҳоди мазкур пешниҳод гардид, ки гузоштани замина барои бунёди институт ва ташаккули платформаҳои ҳамкории мунтазам, вобаста ба эҳтиёҷоти тарафайн ба ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот диққати асосиро равона сохтан, бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои ҳамкорӣ ҳамчун риштаи васлкунанда ба роҳ мондани табодули академӣ ва илмии донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва кормандони илмӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ монда шавад.

Дар ҳошияи суханрониҳои мазкур профессор Қосимзода Солеҳ дар мавзуи “Намунаи нави ҳамкориҳои илмию инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин” суханронӣ намуданд.

Дар рафти конференсия намояндагони муассисаю корхонаҳо масъалаи таъсиси “Иттиҳоди ягонаи ҳамгироии байни муассисаҳои олӣ ва корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро баррасӣ намуда, ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Бояд қайд намуд, ки Донишгоҳи нақлиёти Сиан яке аз шарикони асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти татбиқи лоиҳаҳои инноватсинӣ мебошад.