Skip to main content

Вобаста ба 30-солагии рӯзи таъсисёбии ҲХДТ имрӯз аз ҷонибиолимони ҷавони Институти фаслафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши илмӣ муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Қурбонова Ширин, Масъули кор бо магистрон, докторантони PhD ва унвонҷӯёни Институт номази илмҳои педагогӣ Абдумуминзода Ситора, Раиси Шурои олимони ҷавони Институт Юсуфзода Шодоб ва докторантону магистантон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал масъули кор бо магистрон, докторантони PhD ва унвонҷӯёни Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ номази илмҳои педагогӣ Абдумуминзода Ситора ҷаласаи ифтитоҳиро оғоз намуда, ҳозиринро барои ин рӯзҳои таърихӣ шодбош гуфтанд.

Баъдан муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Қурбонова Ширин суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз мо дар фазои Ваҳдати миллӣ ва рушду шукуфоии Ватани маҳбубамон аз 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷашн мегирем.

Тоҷикистон, ки дар як марҳилаи нави тараққиёт, давраи созандагиву бунёдкорӣ қарор дорад, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии диёри хеш заҳмату меҳнат карда истодаанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизбе ба майдони сиёсат омад, ки ба ҷомеаи феълии Тоҷикистон такя дошт ва эълон кард, ки ҷонибдори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва адолатпарвари иҷтимоист”.

Инчунин, Раиси Шурои олимони ҷавони Институт Юсуфзода Шодоб дар бораи фаъолият ва дастовардҳои Ташкилоти ҳизбии "Хирадмандони"-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суханронӣ намуданд.