
“Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.”
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки дар замони бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръат масъалаи худшиносии миллии ҷавонон ва такя ба ин қишри созандаву бунёдкори ҷомеа ҳамеша ва инчунин ба таври пайваста ба яке аз самтҳои асосии сиёсати феълии давлату ҳукумат ба шумор мераванд.
Зеро саҳми ҷавонон дар марҳалаи имрӯзаи рушди босуботи ҷомеа басо ҳам чашмрас аст. Чунки ҷавонон унсури таркибии ҳастии миллат ва рукни бунёдии мафкураи миллианд. Аз нигоҳи дигар фаъолияти рӯзмарраи ҷавонон ҳамеша бояд ба манофеи миллӣ ҷавобгӯ ва созгор бошад.Насли ҷавон низ бояд соҳибилм, эҷодкор, бофарҳанг, бомаърифат, меҳанпараст, меҳандӯст ва солимфикр ба камол расад.
Мо насли бузургсолро низ зарур аст, ки ҳамзамон ташаккули зеҳнӣ, илмӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллии ҷавононро ривоҷу равнақ дода, дар ин замина месазад, ки дар вуҷудашон меҳру муҳаббат ба Ватану Модар, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзамон дурӣ аз бегонапарастиро маскан диҳем.
Мо ҳамагон аз як гиребон сар бароварда, бояд аз Ватани соҳибистиқлолу соҳибтамаддуни хеш ҳамеша ифтихор намоем ва ҳамзамон дар самти ҳифзи манфиатҳои он, дифои соҳибихтиёрӣ ва муҳофизати марзу буми Ватани азиз ва ҳамзистии осоишта ҳамеша ҳушёру бедор бошем. Чароғи меҳру муҳаббат ба Ватан дар замири ҳар яки мо – соҳибватанони асил бояд ҳамеша фурӯзон бошад.Муҳимтар аз ҳама, мо бояд ба наслҳи имрӯзу оянда дуруст фаҳмонему роҳ нишон диҳем, ки соҳибватан будан ифтихори бузург асту ба қадру манзалати ин неъмати бебаҳою муқаддас – Ватан – Модар ва соҳибистиқлолӣ расидан масъулияти ҷиддист.
Тавре, ки шоири Ватандӯсту ваҳдатсаро устод Абулқосим Лоҳутӣ гуфта:
Дар роҳи Ватан мурдан зиндагист,
Мурдан зиндагонӣ дар бандагист.
Лозим ба тазаккур аст, ки айни замон ҷавонони далери кишвар қишри созандаву бунёдкори ҷомеа маҳсуб ёфта, ба таври пайваста ва ҳамеша дар мадди назари Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Чунки ба андешаи мо дар ҳақиқат саҳеҳ будани таваҷҷуҳи пайвастаи давлату ҳукумат ба ҷавонони кишвар боиси он гардидааст, ки ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа мо дар таҳавуллоти доимӣ қарор дошта бошад.Чунки ин неру ҳамеша ва дар ҳар давру замон созандаву бунёдкор мебошад ва садоқату муҳаббати ҷавонон ба Ватан дар шароити муосир беш аз ҳарвақта зарур мебошад.
Бояд гуфт, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симои ҷавонон ҳамеша парчамбардорон ва ояндасозони миллатро мебинанд. Аз ин рӯ, мавсуф ба таври пайваста таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин қишр ҷалб сохта, таълиму тарбия ва инчунин дастгирии онҳоро рисолати асосии миллат мешуморанд. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат зимни яке аз баромадҳои худ аз ҷумла чунин гуфтаанд: ”Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.
Дар фарҷом метавон гуфт, ки саҳми ҷавонон дар марҳалаи муосири рушди ҷомеа басо ҳам чашмрас аст. Зеро ҷавонон унсури таркибии ҳастии миллат ва рукни бунёдии мафкураи миллианд. Фаъолияти рӯзмарраи ҷавонон бояд ба манфиатҳои миллӣ мувофиқ ва ҷавобгӯй бошанд. Насли ҷавон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, серғайрату меҳандӯст ва меҳнатдӯсту солимфикр ба камол расанд. Инчунин ҷиҳати ташаккули зеҳнӣ, илмӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллии ҷавононро ривоҷу равнақ дода, ҳамзамон дар ин замина месазад, ки дар ниҳодашон муҳаббат ба Ватану арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва дурӣ ҷустан аз бегонапарастиро ҷой диҳем.
РАҲИМЗОДА Алишер Орзу, номзади илмҳои математика, директори Институти математикаи АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
- Мақолаҳо 22 May 25
Categories
БА РОҲ МОНДАНИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ МИЁНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ҚАЗОҚИСТОН
Имрӯз, 16 май президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ректори Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал - Форобӣ Туймебаев Жансейит мулоқот намуд.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, доир ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои дурнамои рушди фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал манзур намуд.
Дар мулоқот тарафҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ миёни олимону муҳаққиқони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобиро, ки дар марҳилаи нав оғоз меёбад, баррасӣ намуданд. Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самтҳои гуногуни илмҳои бунёдӣ созишнома ба имзо расониданд. Бояд гуфт, ки минбаъд дар доираи ин созишнома миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ ҳамкориҳо рушду густариш меёбанд.
Инчунин, ҷонибҳо дар доираи ин ҳамкориҳо барои ҷалби магистрантон ва докторантони PhD- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таҷриба андухтан дар самтҳои мухталиф дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ ба мувофиқа омаданд.
Дар охир барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар марҳилаи нав бо Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Имрӯз, 15 май бо иштироки президенти Академияи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ Полад Булбулоғлу, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Руссия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ва олимону зиёиён кори форум ба анҷом расид.
Дар оғоз президенти Академияи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба роҳбарияти Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ барои ҳамкориҳои муштарак дар баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо ташаббусҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор мегарданд. Бояд гуфт, ки форуми зиёиёни илмӣ ва эҷодии ИДМ бузургтарин чорабиниҳои башардӯстона дар кишварҳои ИДМ буда, дар он натиҷаҳои соли гузашта ҷамъбаст гардида, нақшаҳои чорабиниҳои муштарак баррасӣ ва оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон таҳия карда мешаванд.
Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дувум мизбони ин ҳамоиш мебошад. Дар ин замина бо боварӣ метавон гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои густариш ёфтани ҳамкориҳои зиёиёну эҷодкорон ва олимону муҳаққиқони кишварҳои муштаркулманофеъ имконият фароҳам оварда, ба ин восита табодули таҷриба ва беҳбудӣ бахшидан дар дилхоҳ соҳаҳо вусъат меёбат.
Дар анҷоми форум олимону зиёиён хулосаву пешниҳодҳои худро барои афзалият бахшидан дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон иброз дошта, барои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои узви давлатҳои ИДМ масъалагузорӣ намуданд.
Имрӯз, 15 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Академияҳои илмҳои кишварҳои узви давлатҳои ИДМ баргузор гардид.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмононро барои ташрифашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар форум сатҳи байналмилалӣ хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки ин анҷуман хусусияти анъанавӣ пайдо карда, дар тӯли тақрибан ду даҳсола як минбари доимӣ барои баррасии андешаҳои саривақтӣ ва қабули қарорҳое буд, ки барои кишварҳои мо дар соҳаи ҳамкориҳои башардӯстона бисёр муҳиманд. Воқеан ҳам рӯзи аввали Форум, ки дирӯз дар сатҳи хеле баланд баргузор шуд, як механизми тавонои оғози мубоҳисаҳои муштараки имрӯзаи мо мегардад.
Гуфта шуд, ки муҳити башардӯстона ва созанда ба мушкилоти давраи гузариш дар тамоми давлатҳои мо ҳассостар буд ва мушкилоти муайян танҳо як қисми нигарониҳои ҷиддӣ дар бораи сарнавишти халқҳо, мероси таърихию фарҳангӣ дар фазои бузурги тамаддун буданд.
Зимнан, дар кишварҳои ИДМ имкониятҳои нав ба вуҷуд омадаанд, ки ба донишҳои илмӣ, маориф ва фарҳанг бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Мамлакатҳои иттиҳод маҳз дар ҳамин соҳаҳо захираи асосии навсозӣ ва тараққиёти куллии иқтисодиёти миллирро фароҳам овардаанд
Дар идома таъкид гардид, ки омезиши бартариҳои рақобатие, ки ҳар як кишвари мо дорад, барои ҳама манфиатҳои назаррас хоҳад овард ва аз ин рӯ, ҳамкориҳои нав дар соҳаи гуманитарӣ метавонад яке аз лоиҳаҳои пешрафтаи Иттиҳод гардад, ки қодир ба тамоми равандҳои ҳамгироӣ такони нав бахшида, моделҳои универсалӣ ва саривақтии ҳамкориҳои моро пешниҳод мекунад. Дар ин ҷо, албатта, мо ба муколамаи мустақими эҷодӣ бо “семинарҳо”, доираҳои соҳибкорӣ умед мебандем ва дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ ба ташаббус ва захираҳои шумо такя мекунем.
Дар идомаи мулоқот роҳбарони муассисаҳои илмии кишварҳои аъзои давлатҳои ИДМ суханронӣ намуда, барои густариши ҳамкориҳои илмӣ дар самтҳои мухталиф пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ ШУРОИ ҲАМКОРИҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ ВА РАЁСАТИ ХАЗИНАИ БАЙНИДАВЛАТИИ БАШАРДӮСТОНА
Имрӯз, 15 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шурои ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва раёсати Хазинаи байнидавлатии башардӯстона баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Саториён ва дигар намояндагони кишварҳои ИДМ иштирок намуданд.
Зимни баргузории ҷаласа масъулин масъалаи баланд бардоштани фарҳангу маданияти халқиятҳо, зинда нигоҳ доштани фарҳанг ва тамаддуни башарият дар замони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳое мебошанд, ки бо доштани таъриху фарҳанг ва маданияти пурғановат қобили эътирофи ҷаҳониён гардидаанд. Бешак бетавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми фарҳангу мадданияти халқиятҳо иқдомҳои назаррасро роҳандозӣ намудааст.
Ҳамин аст, ки яке аз самтҳои дигари ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ бо кишварҳои аъзои давлатҳои ИДМ ин соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад, ки дар замони соҳибистқлоли густариш ёфтааст.
Имрӯз, 15 май дар ҳошияи Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзноманигорони кишварҳои узви ИДМ дар майдони мубоҳисавии «Имкониятҳои ВАО дар рушди фазои башардӯстонаи ИДМ» масъалаҳои мубрами соҳаи ВАО-ро баррасӣ намуданд.
Дар баргузории форум олимону муҳаққиқони самти илмҳои журналистикаи иттиҳодияи болозикр бо хушнудии тамом баромад намуда, оид ба нозукиҳои касбияти журналистика, навовариҳо, кор тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, нигоҳ доштани нозукиҳои кор дар самти ВАО, пешрафт ва истифодаи самараноки техникаву технология, ва омоданамооии мутахассисони варзида дар ин самт суханронӣ намуда, бо маърӯзаҳои хеш пешниҳодҳои худро баҳри пешрафти ин соҳа пешниҳод намуданд.
Имрӯз, 15 май идомаи Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки олимону зиёиёни кишварҳои муштаракулманофеъ дар бахши илму маориф баргузор гардид.
Дар бахши илму маорифи Форум намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Маҳмадалӣ Музаффарӣ баромад намуда, оид ба пешрафт ва муваффақ шудани насли оянда дар дар самти илму маориф ибрози ақида намуд.
Гуфта шуд, ки пешрафти тамоми давлатҳои дунё ба соҳаи илму маориф вобастагии амиқ дошта, ояндаи дурахшони халқиятҳо аз ин соҳа маншаъ мегирад ва ҳамин буд, ки Президенти маҳбуби давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи калидӣ ва афзалиятнок ном бурда, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, ҳамаи мову шумо олимону равшанфикронро мебояд баҳри пешрафти ин соҳа ва баланд бардоштани илм, аҳаммияти аввалдараҷа ба илмомӯзии насли нав, бо таври бояду шояд омӯзонидани техникаву технология, ки тақозои замон аст сай намоем.
Дар идома олимону муҳаққиқони хориҷи кишвар баромад намуда, оид ба баромади узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадалӣ Музаффарӣ ибрози ақида намуда, баромадашро саривақтӣ ва мавзуи рӯз ном бурданд.
Имрӯз, 15 май рӯзи дуюм аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида истоддааст. Дар ин рӯз дар толорҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшҳои мубоҳисавии форум бо иштироки васеи олимону зиёиёни кишварҳои ИДМ идома доранд.
Дар ин бахш олимону мутахассисон доир ба анъана ва навовариҳои фарҳанги кишварҳои иттиҳод бо ҳамдигар мубоҳиса намуданд. Дар кори форум узви вобастаи АМИТ Қоҳирова Гулчеҳра ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ва дурнамои рушди техникаву технология дар замони муосир ибрози ақида намуданд.
Дар идома олимону зиёиёни кишварҳои узви ИДМ дар суханрониҳои худ қайд намуданд, ки мо дар асре зиндагӣ дорем, ки техникаву технология бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст ва ин шароит ба фарҳанги навоварии ва рушди кори олимону муҳаққиқон мусоидати бемайлон намуда ва ҳамкориҳо байни олимони аъзои ИДМ низ метавонад ҳамаи мову шуморо муваффақи гардонад.
Нимаи дуюми рӯзи 14 май қисмати дуюми Форуми зиёиёну эҷодкорони илмии аъзои давлатҳои ИДМ бо баррасии мавзуи “Саҳми халқҳои иттиҳод дар ғалабаи бузург” дар як бахш баргузор гардид.
Дар ин бахш пешбарандаи форум доктори илмҳои таърих, узви вобастаи АМИТ Пирумшоев Ҳайдаршо ва Виктор Владимирович – мудири Шуъбаи оид ба робитаҳои байналмилалии ИВИ РАН буданд.
Бояд гуфт, ки дар ин бахш олимону зиёиёни давлатҳои муштаракулманофеъ баромад намуда, оид ба корнамоиҳои халқиятҳои кишварҳои узви иттиҳод дар Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ибрози ақида намуданд. Дар идома байни олимону зиёиён доир ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҳокимаҳои илмӣ баргузор гашта, қайд намуданд, ки яке аз сабаби ба даст овардани ғалаба, ин дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ, ба ҳам омадани халқиятҳо ва мубориза ба зидди душман бурдан аст.