Сиёсати дурбинона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷолиби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Гувоҳи ин гуфтаҳо якдилона қабул гардидани Қатъномаи “Даҳсолаи амал барои илмҳои Криосфера дар давраи солҳои 2025–2034” мебошад, ки рӯзи 13 августи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Қатъномаро таҳти рақами 78/321 қабул намуд. Дар навбати худ ин иқдоми беназир барои олимон боз як масъулияти пурарзишро барои солҳои 2025 - 2034 ба бор овард.
Асоси заминаи Қатъномаи мазкур аз Қатъномаи МУ СММ 77/158 аз 14 декабри соли 2022, дар бораи эълон гардидани “соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 марти ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо сарчашма гирифтааст, ки пешниҳоди беназири Пешвои муаззами миллати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар навбати худ, Қатъномаи 77/326 аз 25 августи соли 2023 дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии илм барои рушди устувор», солҳои 2024-2033, Қатъномаи 77/172 аз 14 декабри соли 2022, «Панҷсолаи амал барои рушди минтақаҳои кӯҳӣ» солҳои 2023-2027, Қатъномаи 72/73 аз 5 декабри соли 2017, «Даҳсолаи илмии Созмони Миллали Муттаҳид барои рушди устувор» заминаҳои дигари Қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои Криосфера барои солхои 2025–2034» ба шумор мераванд.
Бо дарназардошти он, ки инвентаризатсияи умумиҷаҳонии ҳолати мувозинат, ҳаҷм ва масоҳати пиряхҳо ва захираи барф дар Даҳсолаи байналмиллалии гидрологӣ, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) барои солҳои 1965–1974 бо ҷалби олимону коршиносони бонуфузи ҷаҳонӣ гузаронида шудааст, Қатъномаи мазкур ба эҳтибор гирифта шудааст.
Дар Қатънома зикр карда шудааст, ки пиряхҳо ва яхҳои абадӣ ҷузъи муҳими давраи гидрологӣ мебошанд ва обшавии босуръати пиряхҳо ва яхҳои абадӣ, таназзулёбии пиряхҳо ба ҳолати иқлими глобалӣ, баландшавии сатҳи баҳр, муҳити зист, некӯаҳволӣ ва саломатии башарият ва рушди устувор таъсири манфии назаррас доранд.
Криосфера, аз ҷумла пиряхҳо, қабати барф, ва яхбандии абадӣ дар нигоҳдории экосистемаҳо нақши муҳим доранд, ки заминаи рушди устувор ва некӯаҳволии инсоният, махсусан беҳдошти қишри осебпазири аҳолӣ кумак мерасонад.
Натиҷаҳои гузориши Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар соли 2022 ва Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ, пиряхҳои мероси ҷаҳонӣ: World Heritage Glaciers: Sentinels of Climate Change («Ледники на объектах всемирного наследия: защита от изменения климата») омадааст, ки суръатбахшии обшавии пиряхҳо дар объектҳои мероси ҷаҳонӣ: “аз се як ҳиссаи пиряхҳо то соли 2050 аз даст мераванд”.
Натиҷаҳои гузориши Созмони Умумиҷаҳонии ҳавошиносӣ (СУҲ) Вазъи Иқлими Глобалӣ дар соли 2023 State of the Global Climate 2023 («Состояние глобального климата в 2023 году») қайд карда шудааст, ки «тағйироти назаррас дар криосфераи миқёси ҷаҳонӣ тағирёбии иқлимро нишон медиҳанд».
Бо ёдоварӣ аз он, ки бисёре аз маконҳои мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), мамнӯъгоҳҳои биосфера ва геопаркҳои глобалиро дар бар мегиранд, ки дар ин мавзеъҳо пиряхҳо ҷойгир мебошанд ва зарурати арзёбии онҳо, ки то чӣ андоза ин мавзеъҳои аз ҷониби Созмон эътирофшуда, аз ҷумла маҳалҳо аз талафоти пиряхҳо ва гуногунии биологӣ тағйир ёфтаанд ва чӣ гуна маълумоти илмӣ ва таҷрибаи маҳаллӣ метавонанд ба фаҳмиши беҳтари таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ мусоидат намояд.
Маҷмаи Умумии СММ аз мизбонӣ ва баргузор намудани конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2025 истиқбол кард ва эъломияи Душанберо қабул намуд.
Дар навбати худ Маҷмаи Умумии СММ қарор қабул кардааст, ки давраи аз соли 2025 то 2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба илми Криосфера” эълон карда шавад, ки он дар доираи сохторҳо ва захираҳои мавҷуда ва саҳмҳои ихтиёрӣ барои ҳалли мушкилоти марбут ба обшавии пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера тавассути пешбурди тадқиқоти илмии дахлдор амалӣ карда шавад ва инчунин мониторинг дар доираи ҳадафи умумии пешбурди ҳамкориҳои илмии ҷаҳонӣ ва кӯшишҳо барои рушди устувор, ки дар доираи “Даҳсолаи байналмилалии илм барои рушди устувор” баён шудааст.
Ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид, ҳамаи ташкилотҳои дахлдори системаи Созмони Миллали Муттаҳид, дигар созмонҳои глобалӣ, минтақавӣ ва зерминтақавӣ, мардуми муқимӣ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла доираҳои илмӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шахсони алоҳидаро даъват менамояд.
Татбиқи Даҳсолаи амал дар ҳама сатҳҳо тавассути пешбурди фаъолиятҳо, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи Даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барфҳо ва яхҳои абадӣ дар системаи иқлим ва давраи гидрологӣ, инчунин оқибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии тағйироти ҳолати криосфераи Замин, мубодилаи таҷриба ва донишҳои беҳтарин дар ин соҳа, аз ҷумла дар соҳаи баланд бардоштани устуворӣ ба хатарҳои дахлдор пешбинӣ шудааст.
Иҷроиши Даҳсолаи амал оид ба илми криосфера ба души Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), дар ҳамкорӣ бо дигар институтҳои СММ, давлатҳо, ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ, институтҳои илмӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ вогузор карда шудааст.
Дар суханронии худ дар Конференсияи тарафҳо (СОР-29) дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа, Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки бо сарпарастии Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СУО) ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд, дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.
Ба мақсади таҳия ва амали намудани ин иқдомҳои нек мо олимону мутахассион ва кормандони соҳа бо иродаи мустаҳкам, навовариҳои инноватсионӣ ва масъулияти баланд “Даҳсолаи амал оид ба илми Криосфера”-ро дар сатҳи миллӣ амалӣ менамоем.
Хомидов Анвар - номзади илмҳои географӣ Ходими пешбари илмии МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ
