Skip to main content

17 феврали соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ Иксанов Тахир Гаделзянович мулоқот доир намуд.

Дар мулоқот намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории байналхалқии маданӣ Швидкой Михаил Ефимович, ҷонишини директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ Элвира Рафиқовна Доля ва дигарон иштирок доштанд.

Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар масъалаҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои муассисаҳои илмӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ (МФГС) изҳори андеша намуд.

Мақсад аз мулоқот мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти илмҳои гуманитарӣ ва таҳқиқотҳои илмӣ мебошад. Ҳамзамон дар доираи ҳамкориҳои муштарак ҷонибҳо барои баргузор намудани Форуми XVIII зиёиёни эҷодкори давлатҳои узви ИДМ санаи 13-14 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба мувоффиқа расиданд.

Зикр гардид, ки форуми мазкур ба муносибати 80- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва инчунин бо мақсади Соли нахустини ҳифзи саломатӣ дар ИДМ, ки соли 2026 эълон мегардад ба нақша гирифта шудааст. Таъкид гардид, ки дар доираи эълон гардидани Соли нахустини ҳифзи саломатӣ дар ИДМ соли 2026 ба табодули таҷриба, муҳокима ва банақшагирии ташаббусҳои муштараки бисёрҷониба дар соҳаи тарғиби тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.