(дар ҳошияи иштироки фаъоли тими футболи Тоҷикиситон дар Ҷоми Осиё-2023)
Дар рушди ҷомеаи солим нақш ва ҷойгоҳи варзиш муҳим арзёбӣ шуда, дар забони дипломатия он қосиди сулҳу дӯстӣ миёни кишварҳои ҷаҳон буда дар таҳаввулу таҳкими ҳамгироии муносибатҳо хеле бузург аст. Зеро кишварҳо ба ҳадафҳои умумибашарӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳоду ҳамбастагӣ ниёз доранд. Аз ҳамин лиҳоз мусобиқаҳои варзишӣ имкон фароҳам меоранд, ки давлатҳо ҳамкориҳоро дар доираи як рушди ҷомеаи солим таҳким бахшида тавсеа бахшанд. Аз ин сабаб, дар кишварҳои ҷаҳон пайваста мусобиқаҳо баргузор мешаванд, ки нақши созандаи худро мегузоранд.
Варзиш дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тарғиби ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонсонҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз16 апрели 2012 №825 «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва танзим менамояд. Дар давоми 20 соли истиқлол варзиш дар Тоҷикистон хеле рушд карда соли 1992 Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки уви Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад. Истиқлолият ба варзишгарони Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки онҳо фаъолона дар мусобиқаҳои ҷаҳон иштирок намоянд.
Дипломатияи варзишӣ дар таҳкими сулҳ ва муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Дар тӯли таърих, он ҳамчун воситаи баланд бардоштани дарки ҷаҳонии миллат ва таҳкими робитаҳои беҳтар байни кишварҳо хизмат мекунад. Дар ин зимн, олимпиадаи Юнони Қадим яке аз намунаҳои аввалини дипломатияи варзишӣ буд, ки варзишгарони давлатҳои гуногуни инсонҳову шаҳрҳоро муттаҳид мекард ва ягонагиро таҳким мебахшид.
Дар замони муосир, дипломатияи варзишӣ барои бартараф кардани ихтилофҳо бештар кӯмак намуда, мусоидат ба муколама байни миллатҳо идома медиҳад. Ҳамин тариқ, намунаи беҳтарини онро байни Иёлоти Муттаҳида ва Чин дар солҳои1970 метавон мушоҳида кард. Зеро дар сафари тими тенниси рӯи миз ба Чин ба коҳиши танишҳо мусоидат кард.
Дар моҳи октябри соли 2023 тими крикетиПокистонро дар Аҳмадобод истиқболи гарм намуда, пешвоз гирифтанд. Дар ин зимн, моҳи феврали 2024 капитани тими Ҳиндустон, ки дар даври плей-офф дар Ҷоми ҷаҳонии Дэвис дар гурӯҳи 1-ум бо Покистон қувваозмоӣ намуда, аз истиқболи хеле гарм ва меҳмоннавозӣ ин кишвари ҳамсоя қадрдонӣ ва ташаккурӣ намуда чунин изҳор кард: «Пеш аз омадан ба ин ҷо нигарониҳои муайян вуҷуд доштанд, аммо аз лаҳзаи фуруд омадан моро дар Покистон меҳмоннавозӣ ва истиқболи самимӣ гирифтанд. Аз замони омадани мо ба мо хеле хуб ғамхорӣ карда шуд ”. Ҳамин тариқ, тими духатарони ҳендболи Тоҷикистон дар солҳои 2022 бо тими Узбекистон мусобиқа намуда ҷойи дуюм ва дертар соли 2023 дар мусобиқаи Челенҷ трофи дар шаҳри Файсалобод-и Покистон ҷойи 3-юмро ишғол карда, соҳиби медал гаштанд, ки шаҳодат аз заминаҳои хуби иқтидори дипломатияи варзишӣ ва дӯстӣ миёни кишварҳо медиҳад.
Ин ҳамаи мисолу масалҳои тавоноии варзишро дар рафъи монеаҳо ва оғози муколамаи дипломатӣ ба таври дуруст нишон медиҳад. Илова аз он, дипломатияи варзишӣ як қувваи муҳим дар муносибатҳои байналмилалӣ буда, муколамаро ривоҷ дода, робитаҳоро истеҳком мебахшад.
Ҳамин тариқ, дипломатияи варзишӣ заминаро дар таҳкими муносибатҳо ва хатм ва коҳиш додани муноқишаҳо ба таври муассир ба вуҷуд оварда, дарҳоро барои ҳамкорӣ боз менамояд.
Дар даврони ҳозир дипломатияи варзишӣ ҳам дар соҳаҳои амалӣ ва ҳам дар соҳаи таълимӣ таваҷҷӯҳи бештар пайдо кардааст. Он инчунин иқтидори варзишу варзишгарҳоро дар гузаштан аз марзҳои сиёсӣ ва ба ҳам оварданиодамон таҷассум намуда, чун воситаи муҳим дар муносибатҳои байналмилалӣнақшу симои миллатҳоро ташаккул дода, дӯстиро таҳким медиҳад.
Хулоса, дипломатияи варзишӣ бо барномаҳои хубу созандаи ҷомеаи солим ба монанди ташкилоту клубҳои варзишӣ, тарбияи таълими варзишгарон, расму одоби мухлисондар эҷоди шаҳрвандони солиу сулҳпарвар нақши муҳим мебозад. Рушди ҳамаи намуди варзиш ва наќши мураббиёни болаёқатдар ташаккули муносибатњои байналмилалї созанда хоҳад буд. Ҳамин тариқ, дипломатияи варзишӣ шомили барномаҳои хуб буда, тарғибгару қосиди сулҳу суботи ҷомеаи солиму созанда мебошад.
Дипломатияи варзишӣ як соҳаи муҳим ҳисоб шуда, таҷрибаи он дар ҷаҳон потенсиали назаррас дорад. Зери сарпарастии Кумитаи олимпии Тоҷикистон якчанд ҷамиятҳои варзишӣ аз ҷумла Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, соли таъсисёбӣ 1992, Федератсияи футболи Тоҷикистон, соли таъсисёбӣ 1992, Федератсияи шиноварии Тоҷикистон ,соли таъсисёбӣ 2008, Федератсияи бокси Тоҷикистон, соли таъсисёбӣ 2009,Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон,соли таъсисёбӣ 1993, Федератсияи гуштии Тоҷикистон ,соли таъсисёбӣ 2007,Федератсияи гандболи Тоҷикистон соли таъсисёбӣ 2004, Федератсияи бадминтони Тоҷикистон, соли таъсисёбӣ 2010, Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ,соли таъсисёбӣ 2009, Федератсияи тирандозии Тоҷикистон соли таъсисёбӣ 2002, Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон(АМНЗВТ) соли таъсисёбӣ 2016 ва Федератсияи тенниси рӯйи мизи Тоҷикистон соли таъсисёбӣ 1993 барои рушди ҷомеаи солиму созанда фаъолият мекунанд.
Дар ин зимн, Федератсияи футболи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии варзишиест, ки дар футболи Тоҷикистонро идора ва назорат мекунад. Ҳамин тариқ, он дар рушди дипломатияи варзишӣ нақши муҳим бозида, тими миллӣ, дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон, дастаи мунтахаби миллии олимпӣ ва футзалу футболи занонаи Тоҷикистонро ташкил намуда, сарпарастӣ карда, иштироки онҳоро дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ таъмин менамояд. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон соли 1936 ба сифати як шӯъбаи футбол дар сохтори кумитаи варзиши ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуда аст. Пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон, соли 1994 ФФТ ҳамчун ташкилоти варзишӣ дубора эҳё гардид ва худи ҳамон сол ба ҳайати Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) пазируфта шуд.
Дар ин зимн, дар даврони истиқтиқлолияти кишвар аввалин маротиба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Доҳа-и Қатар фаъолони иштирок кард. Дар бозии даври чорякниҳоӣ футболбозон лаҳзаҳои зиёди голзанӣ ба вуҷуд оварда, дар як рақобати баробар аз тими миллии Урдун бо ҳисоби0:1 мағлуб шуданд.
Дар маҷмуъ мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 панҷ вохӯрӣ анҷом дод. Тими Тоҷикистон бар Лубнон пирӯз шуда, бо Чин мусовӣ намуд ва аз дастаи Қатар шикаст хӯрд. Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин баромади худ дар Ҷоми Осиё-2023 ба қатори ҳаштгонаи беҳтарини қитъа ворид шуд.
Ин чорабании варзишӣ қобилияти варзишгаронро барои муаррифгарии Тоҷикистон ва пешрафти сулҳу суботу созандагӣ нишон дод. Дипломатияи варзишӣ ба ғайр аз рамзҳо ба ҳамкории мустақим мусоидат мекунад ва дар байни шахсони алоҳида аз миллатҳои гуногун ҳамгирову ҳамдигарфаҳмиро инкишоф медиҳад.
Ин шакли ҷалб дар дипломатия ҷойгоҳҳи назаррасе дошта, робитаҳоро осон мекунад, ки дипломатияи анъанавӣ аксар вақт барои ноил шудан ба он талошу муборизаҳо менамояд. Ҷаҳони футбол шоҳиди афзоиши назаррас буда, нақши муҳим мебозад.
Ташаббусҳои созандаи дипломатияи варзишӣ ба муносибатҳои байналмилалӣ миёни кишварҳо кӯмак расонида, чун қосиди сулҳ таҳти унвони «ҷаҳони бо суботу созанда тавассути варзиш ва рушди ҷомеаи солим» дӯстиро таҷассум мекунанд.
Бо чунин арзишҳои воло ва рушди ҷомеаи солиму созанда ҳамаи намуди варзиш аз ҷумла футболро барои таҳкими башардӯстӣ ва сулҳ дар саросари ҷаҳон истифода бояд кард. Он чун дипломатияи хуби варзишӣ ҳам дар кишварҳои пешрафта ва ҳам дар кишварҳои ҳоли рушд ҷойгоҳу муҳим дошта, мусобиқаву муҳорибаҳои варзишӣ ҳамчун қосидисулҳ бештару хубтар истифода шаванд.Чунин табодулҳо таъсири амиқи дипломатӣ дошта, робитаҳоеро осон мекунанд, ки аксар вақт тавассути воситаҳои анъанавии дипломатӣ дарёфти онҳо мушкилтар мебошад.
Хулоса, дипломатияи варзишӣ ҳамчун як нерӯи тавоно нақши фаъол, аз қабили созмонҳои варзишӣ, варзишу варзишдӯстон муҳим арзёбӣ шуда, имкон медиҳад, ки робитаҳое, ки бо одамони тамоми қишрҳои ҳаёт таҳкиму тавсеа ёбанд.
Ҷаҳони футбол намунаи барҷастаи иқтидори дипломатияи варзишӣ мебошад. Бо узвияти густурдаи худ ва ташаббусҳои байналмилалӣ метавонад ба сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои ҷаҳонӣ мусоидат кунад. Иқтидору рушди дипломатияи варзишӣ барои эҷоди робитаҳои байни одамон ва таҳкими эҳтироми ҳамдигар ягона мебошад. Нигорандаи сатрҳо ҳамчун шаҳрванди кишвар ба тамоми мухлисон барои дастгирии тими миллии кишвар дар бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар изҳори сипос намуда, миннатдории самимӣ баён менамояд.
Мирсаид Раҳмонов - коршиноси минтақа ва ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ