Норасоии неруи барқ имрӯз мушкилоти як ва ё якчанд кишвари алоҳида набуда, он ба як падидаи сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин мушкилот на танҳо дар кишварҳои олами сеюм, ҳатто дар миқдори зиёди давлатҳои пешрафта низ ба назар мерасад. Аз ҷумла, тибқи омори охирин дар ин самт ибтидо аз соли 2023 чунин кишварҳо дар даҳгонаи пеши давлатҳое қарор доранд, ки дар онҳо норасоии барқ мушоҳида мешавад:
1. Чин (норасоӣ - 32,6 млн. квт.).
2. Ҷопон (- 14,5 млн. квт.).
3. Ҳиндустон (-14,3 млн. квт.).
4. Кореяи ҷанубӣ (- 9,8 млн. квт.).
5. Олмон (- 7,6 млн. квт.).
6. Италия (- 4,4 млн. квт.).
7. Туркия (- 4,4 млн. квт.).
8. Фаронса (- 4,2 млн. квт.).
9. Испания (- 3,4 млн. квт.).
10. Таиланд (- 2,9 млн. квт.).
Ҳамзамон, ба қатори дигар кишварҳои вобаста аз неруи барқ Нидерландия (норасоӣ - 2,4 млн. квт.), Вйетнам (норасоӣ - 2,0 млн. квт.), Белгия (норасоӣ - 1,9 млн. квт.) ва Полшаро (норасоӣ -1,9 млн. квт.) ворид сохтаанд.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар қитъаҳои гуногуни олам кишварҳое низ ҳастанд, ки мутаассифона, давлатҳои камтаъмин бо барқ ҳисобида шуда, фоизи хеле ками аҳолии онҳо ба ин неру дастрасӣ дорад. Ба ин кишварҳо Судони Ҷанубӣ (8,4 % аҳолӣ бо барқ таъмин аст), Бурунди (10,3% аҳолӣ), Чад (11,7% аҳолӣ), Малави (14% аҳолӣ), Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (15,7% аҳолӣ), Ҷумҳурии Демократии Конго (21,5% аҳолӣ), Сйерра-Леоне (29,4% аҳолӣ) ва ғайра дохиланд.
Боиси таассуф аст, ки имрӯз дар Осиёи Марказӣ низ норасоии неруи барқ ба мушкилоти доғи рӯз табдил ёфтааст. Барои мисол метавон таъкид намуд, ки аз соли 2022 инҷониб масъалаи норасоии неруи барқ дар Ҷумҳурии Қазоқистон торафт зиёдтар шуда истодааст. Дар ин давра норасоии неруи барқ дар ин кишвар дар давоми 8 моҳ - дар моҳҳои январ, май, июн, июл, август, сентябр, ноябр ва декабр ба қайд гирифта шуда, дар маҷмуъ, тибқи маълумоти мавҷуда истеҳсоли неруи барқ 112,86 млрд. квт. соатро ташкил додааст, ки нисбат ба солҳои гузашта тахминан 1,5% камтар аст.
Дар кишвари дӯсту ҳамсоя - Ҷумҳурии Қирғизистон низ дар фасли зимистон барои кам кардани истеъмол барқро қатъ мекунанд, зеро дар кишвар иқтидори зарурӣ барои истеҳсоли миқдори зарурии барқ ҳоло вуҷуд надорад. Барои гузаштан аз давраи тирамоҳу зимистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон тахминан 16,5 млрд. кВт. соат неруи барқ лозим аст, ки ин кишвар танҳо тақрибан 13,4 млрд. квт. соати онро истеҳсол карда метавонад.
Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон вазъ ба ҳамин монанд аст: сатҳи норасоии неруи барқ дар кишвар қариб ҳамарӯза зарурати барои чанд соат қатъ намудани интиқоли барқро ба вуҷуд меорад. Дар ин кишвари бародару ҳамсоя норасоии неруи барқ тахминан дар ҳаҷми истеъмоли ҳаррӯзаи 1820 млн. квт. соат мушоҳида мешавад.
Тавре, ки аз таҳлили омори мавҷуда аз манбаъҳои кушодаю дастрас бармеояд, норасоии неруи барқ имрӯз ба мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки сабаби асосии он табиӣ - тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад. Вале эътимоди комил дорем, ки инсоният имрӯз ба пешрафтатарин дастовардҳои илм дар соҳаи энергетика мусаллаҳ буда, қобил аст, ки дастаҷамъона барои ҳифзи табиат мубориза кунад ва омилҳои норасоии ҳама гуна навъҳои неруро аз миён барад. Дар кишвари мо низ бо болоравии сатҳи маърифати аҳолӣ дар истифодаи барқ ва бунёди комили НОБ-и Роғун, ки дар асоси технологияҳои навтарини ҷаҳонӣ сохта шуда истодааст, ин мушкилот дар солҳои наздиктарин ҳаллу фасли ниҳоии худро пайдо мекунад.
Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор
Имрӯз, 21 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба 65- солагии фаъолияти илмию пажуҳишии сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Яқубов Юсуфшо бахшида шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки фаъолияти илмии академик Юсуфшоҳ Яқубов яке аз саҳифаҳои равшан ва пурбори бостоншиносии тоҷик мебошад. Дар бораи роҳи илмӣ ва хидматҳои устод ҳарф задан на танҳо изҳори эҳтиром ба илму маърифат аст, балки арҷгузорӣ ба заҳмати тӯлонӣ ва корномаи донишманди бузург низ маҳсуб меёбад. Густардагӣ ва серсоҳа будани фаъолияти ӯ, ки бахшҳои муҳими таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги мардуми тоҷикро дарбар мегирад, баёнгари мақоми илмии устод мебошад.
Таъкид гардид, ки Юсуфшоҳ Яъқубов 16 ноябри соли 1937 дар деҳаи Равнови ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаашро дар зодгоҳ ва баъдан дар мактаб-интернатҳои Саричашма ва Кангурти вилояти Кӯлоб идома дода, соли 1955 ба факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мегардад. Ӯ соли 1960 донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ҳамчун мутахассиси ҷавон ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш фиристода мешавад.
Зикр гардид, ки зиёда аз 65 соли фаъолияти ӯ дар ҳамин муассисаи илмӣ роҳеро дар бар мегирад, ки аз вазифаи лаборант оғоз гардида, то ба даст овардани унвони баланди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мерасад. Дониши амиқ ва меҳнати пайваста ба ӯ имкон доданд, ки устод соли 1970 рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии Б. Я. Ставиский дар Маскав ҳимоя намояд. Соли 1988 бошад, рисолаи докториашро муваффақона дифоъ мекунад.
Гуфта шуд, ки академик Юсуфшо Яъқубов ба насли дуюми бостоншиносони тоҷик тааллуқ дорад. Роҳи илмии ӯ аз иштироки фаъолона дар ҳафриёти Панҷакенти қадим дар солҳои 1960 оғоз мегардад. Дар ҳамин ҷо устодони маъруф — А. М. Беленитский ва Б. Я. Ставиский — ба ӯ сабақҳои аввалини касбӣ додаанд. Барои ғанигардонии таҷрибаи худ ӯ дар ҳафриётҳои шаҳрҳои Ҳулбук, Кофирқалъа ва Аҷинатеппа низ иштирок кардааст.
Қайд гардид, ки фаъолияти мустақили илмии устод аз соли 1962 оғоз меёбад, замоне ки бо гурӯҳи таҳқиқотӣ дар водии Яғноб 10 ёдгории бостониро кашф намуд. Соли 1964 таҳти роҳбарии устод Ставиский ковишҳои мустақилонаи худро дар қалъаи Гардани Ҳисор оғоз кард. Дар тӯли даҳсолаҳо ӯ дар минтақаҳои мухталифи болооби Зарафшон ва Суғди баландкӯҳ тадқиқот анҷом дода, 118 ёдгории бостониро сабт ва омӯзиш кардааст.
Муҳимтарин давраи фаъолияти илмии Яъқубов ба омӯзиши ёдгориҳои куҳистони болооби Зарафшон марбут аст. Ду ёдгории нодири ин минтақа — Кум ва Гардани Ҳисор — ки дар наздикии Кўҳи Муғ ҷойгиранд, барои таърихи суғдиён аҳамияти бузург доранд. Маҳз дар ҳамин минтақа соли 1933 76 ҳуҷҷати машҳури хаттии суғдӣ пайдо шуда буданд. Тадқиқоти мунтазами Яъқубов имкон дод, ки масоили меъморӣ, сохтори иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳунармандӣ, фарҳанги моддии мардумони ин қалъаҳо ҳамаҷониба баррасӣ шаванд.
Дар идома, олимону муҳаққиқон атрофи фаъолият ва ковишҳои илмии академик Яқубов Юсуфшо андешаҳои хешро баён доштанд. Зикр гардид, ки академик дар тӯли чанд даҳсола бо пайгирӣ, таҳлилҳои илмӣ ва ҷустуҷӯҳои саҳроии худ боқимондаҳои тамаддунҳои қадимаи тоҷиконро бо далелҳои муътамад равшан намуда, ба илми бостоншиносии ватанӣ такони ҷиддӣ бахшидааст. Қайд намуданд, ки ковишҳои илмии академик Яқубов Юсуфшо дар мавзеъҳои таърихии Саразм, Тахти Сангин, Ҳулбук, Қубодиён ва маконҳои дигари муҳими таърихӣ имконият доданд, то саҳифаҳои нави ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ниёгон бо нигоҳи илмӣ боз ҳам пурра ва мушаххас инъикос ёбанд.
Сипас, академик Яқубов Юсуфшо дар баромади хеш ба роҳбарият, ҳамкорон ва шогирдон барои баргузории маҳфил ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои илмияш изҳори сипос намуд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳамаи дастовардҳои илмӣ натиҷаи саъю кӯшиши чандинсолаи худ ва ҳамкории самарабахш бо олимону кормандони муассисаҳои илмии кишвар мебошанд.Таъкид намуд, ки омӯзиши таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик на танҳо вазифаи илмӣ, балки масъулияти ватандӯстона ва маънавӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар як бозёфт, ҳар як ҳуҷҷат ва ҳар як далели таърихӣ дар худ паёми худшиносӣ, ифтихор ва сабақи пойдории давлатдориву фарҳанги миллиро ҷой медиҳад.
ИФТИТОҲИ РАСМИИ «НИЗОМИ ГАРМИДИҲИИ ДЕКАРБОНАТӢ БО ИСТИФОДА АЗ ЗАХИРАҲОИ ГАРМИДИҲИИ ЗЕРИЗАМИНӢ»
Имрӯз, 18 ноябр дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» ифтитоҳ гардид.
Дар кушодашавӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Мирзошариф Ҷалолов, роҳбари дафтари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), ҷаноби Сейҷу Имай ва намояндагон аз дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки роҳандозии лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» ниҳоят муҳим буда, ба ҳалли як қатор масъалаҳои муҳими энергетикӣ, экологӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Таъмини гармидиҳӣ дар шароити иқлими кӯҳӣ ва зимистонҳои сард, махсусан дар манотиқи дурдаст, яке аз масъалаҳои доғ боқӣ мемонад. Ҳоло қисмати зиёди хонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ бо истифода аз ангишт, ҳезум ва гази моеъ гарм карда мешаванд. Ин на танҳо хароҷоти зиёдро талаб мекунад, балки ба муҳити зист низ зарар мерасонад, чунки боиси тавлиди партовҳои гази карбон (CO₂) ва дигар моддаҳои ифлоскунанда мегардад.
Истифодаи манбаъҳои гармии зеризаминӣ дар шакли насоси гармии зеризаминӣ (GSHP – Ground Source Heat Pump) имконият медиҳад, ки гармидиҳӣ бо хароҷоти камтар ва партовҳои карбонӣ қариб ба сифр расонда шавад. Ин технология бо истифодаи ҳарорати устувори қабатҳои зеризаминӣ кор мекунад ва метавонад дар тамоми фаслҳои сол самаранок бошад.
Татбиқи чунин технология на танҳо ба коҳиши истифодаи сӯзишвории маъмулӣ мусоидат мекунад, балки намунаи равшани гузариш ба энергияҳои тоза ва барқароршаванда мебошад. Ҳамзамон, он метавонад сатҳи истиқлолияти энергетикии маҳаллиро баланд бардорад, хароҷоти аҳолӣ ва ташкилотҳоро коҳиш диҳад ва ба ҳифзи муҳити зист мусоидат намояд.
Дар ин технология зеҳни сунъӣ низ ба таври самаранок истифода шудааст. Системаҳои рақамӣ бо ёрии алгоритмҳои зеҳни сунъӣ доимо маълумотро аз сенсорҳо таҳлил мекунанд, аз ҷумла ҳарорати қабатҳои зеризаминӣ, талаботи гармӣ ва шароити иқлим. Ин имкон медиҳад, ки кори насосҳо ба таври худкор оптимизатсия шуда, истеъмоли энергия кам ва устувории тамоми шабака беҳтар гардад.
Истифодаи зеҳни сунъӣ инчунин ба пешгӯии сарбории гармидиҳӣ, идоракунии оқилонаи энергияи дохилии бино ва коҳиши хароҷоти истифодабарандагон мусоидат мекунад. Дар натиҷа, чунин система на танҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза ва камхарҷ аст, балки ба сатҳи навбатии идоракунии интеллектуалӣ мегузарад.
Дар шароити Тоҷикистон, ки дорои захираҳои хуби геотермалӣ мебошад, муттаҳидсозии GSHP ва зеҳни сунъӣ метавонад заминаи технологияи ояндадор гардад ва ба татбиқи стратегияҳои рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим саҳми муҳим гузорад.
Бо дарназардошти он, ки Тоҷикистон дорои захираҳои гуногуни геотермалӣ ва шароити мувофиқи иқлимӣ мебошад, татбиқи чунин лоиҳа метавонад намунаи пешқадам барои дигар минтақаҳо гардад ва ба амалисозии стратегияҳои миллии рушди устувор, истифодаи самараноки захираҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим саҳми назаррас гузорад.
ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ ГЕОТЕРМАЛӢ ДАР МАРКАЗИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ АМИТ
Имрӯз, 18 ноябр дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳаққиқони Тоҷикистону Ҷопон озмоишгоҳи геотермалӣ ба истифода дода шуд.
Зимни ифтитоҳ иттиллоъ дод шуд, ки озмоишгоҳи мазкур ба омӯзиш ва арзёбии захираҳои гармии зеризаминӣ машғул мешавад. Дар озмоишгоҳ ҳарорат ва хосиятҳои обҳои зеризаминӣ таҳлил мешаванд, потенсиали геотермалӣ муайян мегардад, таркиби минералӣ ва газҳои ҳамроҳ санҷида мешавад ва технологияҳои истифодаи гармии зеризаминӣ, аз ҷумла насосҳои гармидиҳии заминӣ (GSHP), озмоиш мешаванд. Ин озмоишгоҳ барои рушди энергетикаи тоза ва устувор аҳамияти муҳим дорад.
Таъкид гардид, ки дар озмоишгоҳ анализатори Хроматографияи ионӣ насб карда шудааст. Хроматографияи ионӣ вазифаи таҳлил ва ҷудокунии ионҳоро дар намунаҳои гуногуни об иҷро мекунад. Ин усул имкон медиҳад, ки консентратсияи анионҳо ва катионҳо бо дақиқии баланд муайян карда шавад, таркиби маҳлулҳо ошкор гардад, сифати об назорат шавад, ифлоскунандаҳо ва ионҳои номатлуб муайян шаванд ва раванди химиявӣ пайваста таҳти назорат нигоҳ дошта шавад.
Гуфта шуд, ки ин усул дар назорати экологӣ, гидрохимия, саноати озуқаворӣ ва дорусозӣ, инчунин дар озмоишгоҳҳое, ки таҳлили босуръат ва боэътимоди таркиби ионӣ талаб карда мешавад, васеъ истифода бурда мешавад.
ВОХУРӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ БЕҲТАР НАМУДАНИ НИЗОМИ ГАРМИДИҲИИ ДЕКАРБОНАТӢ БО ИСТИФОДА АЗ ЗАХИРАҲОИ ГАРМИДИҲИИ ЗЕРИЗАМИНӢ
Имрӯз, 18 ноябр дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» вохурӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳаққиқони Тоҷикистону Ҷопон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии хеш иброз дошт, ки бо дастгирии Донишгоҳи Акитаи Япония амалишавии лоиҳаи мазкур дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имконият медиҳад, то дар кишвар технологияи муосири гармидиҳии декарбонатӣ рушд ёфта, истифодаи захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ ба таври самаранок ба роҳ монда шавад.
Зикр гардид, ки имрӯз мо дар доираи ифтитоҳи хонаи гармидиҳии геотермалӣ, бахшида ба лоиҳаи iTAG-SATREPS — «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» — ҷамъ омадаем. Лоиҳаи мазкур бо ҷонибдории барномаи байналмилалии “Ҳамкориҳои илмӣ ва технология барои рушди устувор” (SATREPS), Донишгоҳи Акитаи Ҷопон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардид.
Таъкид гардид, ки амалисозии лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки низоми гармидиҳии кишвар бо усулҳои муосир такмил ёфта, ҳамзамон барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ватанӣ заминаи устувор фароҳам оварда шавад. Гуфта шуд, ки истифодаи гармии зеризаминӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди энергетикаи сабз дар кишвар маҳсуб меёбад.
Дар идома, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко иброз дошт, ки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетикаи сабз ва татбиқи технологияҳои муосир барои рушди устувори Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад ва татбиқи лоиҳаи гармидиҳии декарбонатӣ намунаи рӯшани ин ҳамкорӣ мебошад.
Дар фарҷоми вохурӣ иштирокчиён оид ба роҳҳои амалисозии босамари лоиҳа, ҷалби сармоягузорони байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ мубодилаи афкор намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ИБОДЗОДА САИДМУҚИМ ТИЛЛОХӮҶА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА МУБОДИЛАИ ИСТЕЪДОДҲО ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Боз як кашфиёти нодирро дар соли 2025 ҳаводорони астрономия ва мутахассисони ин соҳа таҷлил карданд. Ин ҳам бошад пайдоиши як ҷирми берун аз Низоми офтобӣ, ки аз фазои байниситорагӣ ба мо ворид шудааст. Номи ин ҷирм кометаи 3I/ATLAS буда, пас аз 1I/ʻOumuamua (2017) ва 2I/Borisov (2019) — сеюмин объекти байниситорагии аз ҷониби инсоният мушоҳида шуда мебошад.
Ҳафтаи равон (санаҳои 11–14 ноябри соли 2025) аз ҷониби муҳаққиқони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз телескопи Сейсс 1000 (1 метра) - и Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох мушоҳидаи ин ҷирми нодири байниситорагӣ — кометаи 3I/ATLAS, гузаронида шуд.
Тибқи баъзе маълумотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма баҳсу ҳангома ба миён оварданд, гӯё як зонди берунизаминӣ ба фазои наздизаминӣ ворид шудааст. Аммо таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ин хабарҳо асоси илмӣ надоранд. Ҷирми мушоҳидашуда дар асл як объекти нодири байниситорагӣ — кометаи 3I/ATLAS мебошад, ки ягон хатаре барои Замин эҷод намекунад.
Кометаи 3I/ATLAS санаи 1 июли соли 2025 тавассути системаи автоматии ATLAS (Asteroid Terrestrial-impact Last Alert System), ки дар Чили фаъолият дорад, ошкор гардид.
Натиҷаҳои аввалини мушоҳидаҳо нишон доданд, ки мадори ҷирм гиперболӣ буда, эксентриситети он аз 6 зиёд аст. Ин маънои онро дорад, ки ҷирм ба таври ҷозибавӣ аз Офтоб вобаста набуда, пас аз он, боз ба фазои байниситорагӣ бармегардад.
Комета бо суръати тақрибан 68 километр дар як сония вориди минтақаи дохилии Низоми офтобӣ шуда, масофаи наздиктарини он ба Офтоб дар нимаи моҳи сентябри соли 2025 ба қайд гирифта шуд.
Тибқи таҳқиқоти аввалия бо телескопҳои заминӣ ва кайҳонӣ (аз ҷумла James Webb Space Telescope), дар комаи кометаи 3I/ATLAS миқдори зиёди диоксиди карбон (CO₂) ва оксиди карбон (CO) ошкор шудааст. Ин нишон медиҳад, ки таркиби он аз бисёр кометаҳои дохилии Низоми офтобӣ фарқ мекунад.
Пайдоиши ҷирмҳои байниситорагӣ барои мутахассисони соҳаи астрономия аҳамияти бузург дорад. Онҳо ба олимон имкон медиҳанд, ки модда ва ташкилаи ибтидоии ситораҳо ва сайёраҳои дигарро омӯзанд. Ин гуна ҷирмҳо шояд пораҳои боқимонда аз системаҳое бошанд, ки дар онҳо ташаккули сайёраҳо ба таври дигар сурат гирифтааст.
Кометаи 3I/ATLAS яке аз навтарин ва ҷолибтарин кашфиётҳои астрономӣ дар даҳсолаи охир мебошад. Он ба монанди фиристодае аз олами дури ситораҳо буда, дар хусуси он ки кайҳон то чӣ андоза гуногун ва васеъ аст, ба мо маълумот меорад.
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии мубодилаи истеъдодҳо (CQITEC 2025) дар шаҳри Чунсини Чин иштирок намуданд
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва густариши муносибатҳои илмӣ миёни Тоҷикистон ва Чин, ҳайати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ, профессор Саидмуқим Ибодзода ва бо иштироки сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии АМИТ, профессор Қурбонов Қ.Ш., аз 13 то 16 ноябри соли равон дар Конфронси байналмилалии мубодилаи истеъдодҳо (CQITEC 2025) дар шаҳри Чунсини Ҷумҳурии Халқии Чин иштирок намуд.
Дар доираи сафари корӣ ҳайати Тоҷикистон аз ҷониби ноиби Президенти Академияи илмҳо ва технологияҳои Чунсин, Ҷен Сюн Бо, самимона пазироӣ гардид. Ҷонибҳо дар мулоқоти расмиву корӣ масъалаҳои марбут ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва муҳаққиқон, роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ, инчунин баргузории форумҳо ва чорабиниҳои илмии дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳайати илмии АМИТ ҳамчунин аз Клиникаи илмию амалии «Хайфу» боздид ба амал овард. Клиника бо истифода аз технологияҳои муосири лазерӣ ва ултрасадо табобати бемориҳои гуногуни инсонро, аз ҷумла бемориҳои саратонӣ, эхинококкии ҷигар, эндометриози бачадон ва дигар патологияҳоро ба роҳ мондааст. Олимони тоҷик бо имкониятҳои клиника, таҷҳизоти пешрафта ва усулҳои муосири ташхису табобат шинос гардиданд.
Сафари мазкур дар самти тавсеаи робитаҳои илмӣ ва тиббӣ миёни Тоҷикистону Чин қадами муҳими нав ба шумор рафта, заминаҳои тоза барои ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои таҳқиқотӣ, клиникӣ ва инноватсионӣ фароҳам меорад.
БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ — КИТОБ АСТ» ДАР НОМИНАТСИЯИ «АДАБИЁТИ ҶАҲОН»
Имрӯз, 15 ноябр аз рафти баргузории даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ – китоб аст» дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дидан намуданд.
Зимни боздид масъулин аз сатҳи омодагии иштирокчиён, баргузории марҳилаҳои озмун ва муҳити созандаи маърифатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» барои густариши ҷаҳонбинӣ ва боло бурдани савияи дониши фарҳангии ҷавонон аҳамияти хоса дорад.
Зикр гардид, ки адабиёти ҷаҳонӣ — ганҷинаи арзишҳои умумибашарӣ ва таҷассумгари таҷрибаи ҳазорсолаи инсоният буда, мутолиа ва омӯзиши он дар ташаккули тафаккури созанда нақши муҳим мебозад.
