Ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто
( Эссе )
Зикраш равост, ки имрӯз Парчами давлатии мо дар баробари дигар рамзҳои миллӣ мақому мартабаеро дорост, ки боиси шарҳу баён ва дӯст доштан аст. Парчам рамзи озодӣ, садоқат, рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору ору номуси ватандорист. Мардуми мо бо ин ифтихорот ҷилваи парчами сарбафалаки хешро рамзи ҳувияту огоҳии миллӣ дониста, ба ин рамзи муқаддас шукронаву арҷгузорӣ доранд.
Замоне ниёкони мо онро чун рамзи ишора ба ҷое ва ҷамъ омадан ба коре истифода бурдаанд. Замоне чун рамзи мубориза алайҳи золимон онро Дирафши Ковиёнӣ хонда, бо зару зевар ҷило дода, мояи ифтихор донистаанд. Бо ин ҳама ҷаззобият онро бо вожаҳои асили қадимаи тоҷикӣ «парчаму дирафш» хондаанд, ки ин рамзи озодӣ ва давлатдории таърихии мо будааст. Муҳаббати бепоёни ориёӣ ба парчам чунон будааст, ки сулолаи Сосониён дар он нақши Мурғи Ҳуморо зардӯзӣ намуда, парчамро нишона ва рамзи муқаддаси аҷдодӣ донистаанд. Ҳатто андешаву дилбохтагӣ ба он сарварону паҳлавонони номварро водор намуда будааст, ки ҳар яке дирафши хоси худро дошта, ба шеваҳои гуногун онро «алам», «парчам», «байрақ» ва «ливо» низ мехонданд.
Парчами мо то замони истилои араб парафшонӣ дошта, бо амри таърих дар баробари дигар дороиҳоямон бо дасти бегонагон нопадид гардида буд. Аммо дар хотираи таърихии мардуми мо на танҳо парчаму дигар рамзҳо, балки таҷассуми нақши паррандаи заррин, Мурғи Ҳумо ҳамчун рамзи иқболу бахт ва покию озодагӣ то ҳанӯз ҳувайдост. Ҳукми таърих чунин буд, ки тоҷикон ба истилою ғорати муғул ва дигар қавмҳои хонабардӯши саҳроӣ рӯ ба рӯ буданд, аммо андешаи озодӣ ва истиқлоли хешро аз даст надодаанд. Онҳо бо забони илму маърифат ба рафтору кирдор ва анъанаҳои мардуми кӯчӣ ҳикмати маънӣ зада, муҳаббату садоқат омӯзонданд. Яъне, тавассути ақлу хирад бегонагонро мутеи ҳукми худ сохта, аз чӣ бошад, ки боз ба онҳо бовар кардаанд. Бале, расида буд замоне, ки барои бегонагон дар қисмати ин минтақа номҳои Карону Шумону Курон вуҷуд доштанд, аммо ин номҳо ҳикмати дигаре низ доштанд. Афсӯс, саҳв ва айбҳои боварӣ ба бегонагон дар ин сарзамин солҳо роиҷ буданд, вале касе парво надошт, ҳама беэътиноӣ мекарданд.
Ҳамин тавр, боз расид айёме, ки ниёгони мо ба ҳикмати зиндагӣ назари дигар намуда, ба бегонагон мақому мартаба, илму маърифат ва замину ҳокимият низ инъом намуданд, ки оқибат шаҳди онро имрӯз мо мечашем. Куҷо шуд Девори бузурги Бухоро? Куҷо шуд Самарқанди сайқали рӯи замин? Чунин сабақҳои таърихӣ дар ин сарзамини аҷдодӣ то шикасти бузургтарин қалъаҳои тоҷикон, ба монанди қалъаи Ямчуни Бадахшон, Вишгарди Файзобод, Ҳулбуки Хатлон, Қалъаи Муъминобод, Ҳисори шодмон, Карони Дарвоз, қалъаҳои Хуҷанду Кӯлоби бостонӣ давом кард. Аммо руҳияи мубориз ва ҷасорати ин мардуми озодихоҳро касе шикаста натавонист.
Мубориза боз чанд қарни дигар давом ёфт. Бозиҳои фитнаангези таърихӣ то охири садаи ХХ-ум идома кард, вале ин мардум ба фардои миллати хеш бо андешаи қавӣ ва ору номуси ватандорӣ боварӣ дошт ва ниҳоят файзи насими истиқлол таровати тозаи баҳорӣ овард. Боз тоҷик аз нав андешаву қудрат ва тавоноии худро ҳувайдо карда, руҳияи шикастнопазири хешро дар рамзҳои миллӣ ва амали давлатдорӣ таҷассум намуда тавонист.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда боз дар садди аввали асри ХХ1 фитнаҳои таърихии фалсафаи ноошноёни миллат боло гирифта, Самарқанду Бухорои аҷдодиро маркази тамаддуни туркон эълон карда, бузургони тоҷикро бо китобу ашъори мондагорашон моли худӣ донистанд. Албатта ин сабақҳои таърихӣ моро водор менамояд, ки аз таъсири чунин неруи нарми бегонагон огоҳ буда, боз ҳам қавитару руҳбаланду шуҷоатманд бошем. Бузургии миллати тоҷик дар он аст, ки бегонагон ҳамеша ба ақлу хирад, шоиру бузургони он ниёз доранд. Умуман, дар бисёр мароҳили таърихӣ халқи тоҷик дар минтақаи Осиёи Миёна мисли як ғизоле буд, ки бисёр қабилаҳои кӯчӣ дар пайи шикори сарзамину табиати биҳиштӣ ва обу дони он буданд.
Дарвоқеъ, Тоҷикистон ҷаннати рӯи замин ва зеботарин Ватани аҷдодии мост, ки замоне мардуми он зери таъқибу фишори носипосон қарор гирифта буд. Аммо файзи истиқлол ба машоми миллати мо насими боди озодиро ҳадя кард. Имрӯз бо ин ҳама соҳибхирадӣ ва истиқлолхоҳӣ барои миллати мо замоне фаро расидааст, ки ифтихори Парчаму Нишон ва ҷасорати ҳимояи марзу буми Ватанро дошта бошем.
Ҳамин тавр, ифтихор аз Парчам ифтихор аз миллати куҳанбунёд буда, ҳамчун рамзи истиқлолу озодии миллати соҳибтамаддун боқӣ мондааст. Пас, ҳикмати парчами миллӣ эҳёи хотираи таърихӣ ва нишони соҳибдавлатию мустақилияти миллии тоҷик аст. Омӯзишу шинохти парчами миллӣ василаи пайдо намудани андешаву ҳувият ва устувории пояҳои давлати миллист.
Бояд зикр намуд, ки бо ин ҳама ифтихору имтиҳони таърихӣ мо аз он шукрона дорем, ки Парчам имрӯз рамзи озодию худогоҳист ва он барои таҷассуми истиқлол ва ваҳдату бунёдкорӣ заминаи бузурге эҷод карда метавонад. Боиси ифтихор аст, ки дар пойтахти азизи тоҷикон, шаҳри Душанбе, майдонҳои Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ ҳамчун рамзи таҷассумгари истиқлоли давлатӣ номгузорӣ шудаанд. Инчунин, бо ифтихор мегӯем: ҳар касеро ки фазилати ифтихор аз истиқлол ва ҳувияти миллӣ муяссар гардида бошад, ӯ фарзанди фарзонаи миллат аст. Парчами миллии мо нишонаи пойдории давлату ҳувият ва эҳтироми он, эҳтироми миллати тоҷик ва Тоҷикистони азиз мебошад.
Муҳаммад Абдураҳмон-узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ ДАР МАВЗУИ «МЕҲРГОН ҶАШНИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ ВА САОДАТ АСТ»
Имрӯз, 7-уми октябр дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2025, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамоиш таҳти унвони «Меҳргон ҷашни ваҳдату ягонагӣ ва саодат аст» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Ғайбулло Авзалов, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик - Қобилҷон Хушвахтзода, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор - Баҳромҷон Аҳмадзода ва муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлат Сафар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаро муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур - Шариф Бобозода ифтитоҳ кард ва меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёнажод буда, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши он ба шоҳаншоҳҳои давраи асотирӣ ва пешдодӣ дар робита бо пайдошавӣ ва рушду нумуи кишоварзӣ ва барқароркунии тақвими кишоварзӣ нисбат дода мешавад.
Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Ғайбулло Авзалов зимни суханронии хеш дар бораи ҷашни Меҳргон дар замони истиқлол тамаркуз карда, вобаста ба эҳёи дубораи ин ҷашни умумимиллӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳои шоистаи ин абармарди таърихсозро ёдоварӣ кард. Мавсуф қайд кард, ки Меҳргон пеш аз ҳама ҷашни замину табиат ва кишоварзон буда, онро ниёгони мо дар баробари Наврӯз ҷашни ҳосил номидаанд. Албатта, дар замони шуравӣ ин гуна ҷашнҳо набуд ва маҳз дар замони истиқлол бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон ҳамчун дувумин ҷашни миллӣ дар фасли заррини тирамоҳ дар саросари кишварамон таҷлил мегардад.
Дар идомаи ҳамоиш Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик - Қобилҷон Хушвахтзода дар бораи таърихи Меҳргон, моҳияти он, вижагиҳои ин ойини гузашта, ки онро шоҳ Фаридун асос гузоштааст, гузориши пурмуҳтаво кард. Ӯ таъкид дошт, ки Меҳргон ҷашни куҳан, дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббат буда, гоҳе маънои офтобро низ дорад. Онро гузаштагонамон дар рӯзи 16-уми меҳр таҷлил мекарданд, ки баробар ба 7-8-уми октябр аст. Ҳамчунин, зикр гардид, ки ин ҷашн бо талошҳои содиқонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинда шуд ва он, бешубҳа, ба баланд шудани худшиносиву худогоҳии миллат такони ҷиддӣ хоҳад дод.
Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор - Баҳромҷон Аҳмадзода ба сухан баромада, аз ҷумла қайд кард, ки аҳаммияти ин ҷашн ба кишоварзон, кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил, ки бо ҷашни Меҳрргон иртиботи мустақим доранд, бисёр муфид мебошад. Меҳргон дар баробари ҷашни кишоварзон, инчунин ҷашни маданияти баланди заминдорӣ ва ҳунари кишоварзӣ аст.
Дар суханронии худ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлат Сафар оид ба баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба расму ойини ниёгон, бузургдошти ҷашнҳои таърихсоз изҳори андеша намуда, диққати иштирокчиёнро ба дӯст доштани Ватан, садоқат ба Пешвои миллат, таҳкиму тақвият бахшидани ваҳдату ҳамбастагии миллӣ ҷалб намуд.
Дар хотима аз ҷониби Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба Китобхонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷилдҳои китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» туҳфа карда шуд.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” даври 3 Озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” ба анҷом расонид.
Дар ин Озмун магистранти Иниститути иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷавони донишманду соҳибхирад Ҷасурбек Султонов иштирок карда, дар ҷамъбастии Озмуни мазкур сазовори мақоми “ҶОИ ИФТИХОРӢ”-ро касб намуд.
Чӣ тавре, ки дар Сипоснома-и сарфарозгардидаи мавсуф зирк гардидааст: Барои саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ миёни ҷомеа ва сазовор шудан ба ҷойи ифтихорӣ дар даври 3 озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, сарфароз гардонида мешавад.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” даври 3 Озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” ба анҷом расонид.
Дар ин Озмун корманди Иниститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бонуи зираку ҳушёр Садаф Ҷангибекова иштирок карда, дар ҷамъбастии Озмуни мазкур Садаф Ҷангибекова сазовори мақоми “Даҳгонаи беҳтарин”-ро касб намуд.
Чӣ тавре, ки дар Ифтихорнома-и сарфарозгардидаи мавсуф зирк гардидааст: Барои саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ миёни ҷомеа ва сазовор шудан ба ҷойи ифтихорӣ дар даври 3 озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, сарфароз гардонида мешавад.
Имрӯз, 02 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди забони давлатӣ” баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш олимону забоншиносонро ба мунсоибати Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба сифати забони давлатӣ, балки ба ҳайси забони илму фарҳанг ҳам амал намуда истодааст, зеро имрӯз ба ин забон асарҳои зиёди илмӣ таълиф гардида, аз забонҳои дигар ҳам асарҳои зиёди илмию техникӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд.
Таъкид гардид, ки чунин мақоми баланд ва аҳаммияти иҷтимоии забони тоҷикӣ моро водор месозад, ки ба таълиму омӯзиш, таҳқиқ ва истифодаи шоистаи забони тоҷикӣ бо як муҳаббати бепоёну масъулияти баланд муносибат намоем. Чунин аст, рисолати зиёиёни имрӯза ва ояндаи ҷумҳурии мо, ки аз суханони зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: “Барои озодона бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтану суҳбат карда тавонистан, бояд ҳар як зиёии тоҷик на танҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад.”
Гуфта шуд, ки забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва он яке аз арзишдмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои ояндаи мо арзёбӣ мегардад. Таърихи башар гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад. Бояд бо ифтихор иброз дошт, ки пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони Истиқлол дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзу рушди он саъйу талош намуда, дар кишвар ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар баробари ин, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, барои пешрафти он силсилабарномаҳои давлатӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ба хотири бузургдошти ин рукни муҳимми давлатдориамон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид гардидаву ҳамасола Рӯзи забони давлатиро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоем.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа ҳисобида, моро вазифадор мекунад, то дар рушду густариши забони давлатиамон чи дар дохил ва чи хориҷ аз он камари ҳиммат баста, кору иқдомоти марбут ба ин масъалаҳоро мунтазам дар тамоми қишри ҷомеа амалӣ сохтаву ба роҳ монем. Зеро, «Забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост».
Гуфтан зарур аст, ки кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар тамоми раванди рушди забони тоҷикӣ дар замони Истиқлол дар пайи амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат фаъолиятҳои босамар ва пажуҳишҳои назаррасе анҷом дода, заминаҳои илмиро барои омӯзиш ва таълими забони тоҷикӣ фароҳам оварда, бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориҳои илмии судмандеро ба роҳ мондаанд, ки натиҷаҳои ин равобит дар таҳияи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, таҳияи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”, лоиҳаи “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.
Дар идомаи конфронс раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулозода Сахидот дар мавзуи “Забон шоҳсутуни бинои маънавии миллат” маъруза намуда, зикр дошт, ки забон яке аз муҳимтарин пояҳои ҳастии миллӣ ва нишонаи асили ҳувияти ҳар халқу миллат мебошад. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ (соли 1991), забони тоҷикӣ на танҳо ҳамчун василаи муошират, балки ҳамчун рамзи миллӣ, ягонагӣ ва худшиносии мардум нақши басо муҳиму калидӣ пайдо кард.
Сипас, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шарифзода Фарангиз дар мавзуи “Тавсеаи забони давлатӣ дар замони Истиқлол”, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ Сайфиддин Назарзода дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар фарҳангнигории тоҷик”, мудири шуъбаи забони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ Муҳаммадҷонзода Олимҷон дар мавзуи “Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон” ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон дар мавзуи “Номи асолати забон ва ҳувияти миллӣ” маъруза намуданд.
ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ МИЁНИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28 декабри соли 2023) ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷчуҳи ҳаматарафа зоҳир карда шудааст. Имсол зимни ироаи Паёми хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар байни тамоми кормандони муассисаву идораҳои давлатӣ курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шаванд.
Имрӯз, 01 октябр миёни кормандони Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шуд. Мақсад аз баргузории курси омӯзиши забонҳои хориҷӣ пеш аз ҳама дар амал татбиқ намудани дустуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар заминаи ин зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун замина барои омӯхтани илму фарҳанги кишварҳои дигар, дастовардҳои пешрафти илмӣ-техникӣ ва ба ҳайси воситаи муоширати байни миллатҳо ба маврид мебошад. Ёдовар мешавем, ки дарсҳои англисӣ миёни кормандон ҳар ҳафта рӯзҳои Душанбе ва Чоршанбе баргузор мегарданд.
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 80- СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД
Имрӯз, 30 сентябр дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ба муносибати 80- солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимони кишваро ба муносибати 80- солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид табрику таҳният хонда, иброз доштанд, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ 80-умин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид (СММ)-ро бо барпо намудани иҷлосияи Маҷмаи Умумӣ таҷлил мекунад. Дар ин иҷлосияи ҷашнӣ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои ин созмони умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат меварзанд.
Тавре, ки маълум аст, қарор дар бораи таъсиси Созмони Милали Муттаҳид дар Конфронси байналмилалии Сан-Франсиско, ки аз 25 апрел то 26 июни соли 1945 баргузор гардид, қабул карда шуд. Дар ин конфронс Оиннома аз ҷониби 50 давлати муассиси Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 26 июни соли 1945 якдилона қабул шуд. Оиннома пас аз тасвиби аксарияти кишварҳои узв 24 октябри соли 1945 эътибор пайдо кард.
Таъкид гардид, ки мақсади асосии Созмони Милали Муттаҳид дар моддаи 1-уми Оиннома ин муҳофизат намудани сулҳу амнияти байналмилалӣ ва бо ҳамин мақсад андешидани чораҳои самарабахши дастаҷамъона барои пешгирӣ кардан ва бартараф намудани таҳдид ба сулҳ ва саркӯб намудани амалҳои таҷовузкорона ва ё дигар вайронкуниҳои сулҳ, бо воситаҳои осоишта мувофиқи принсипҳои адолат ва ҳуқуқи байналмилалӣ танзим ё ҳалли баҳсҳо ё вазъиятҳои байналмилалӣ, ки метавонанд ба вайрон кардани сулҳ оварда расонанд».
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 ба узвияти СММ пазируфта шуда, инак 33 сол аст ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои нек, созанда ва инсондӯстонаи роҳбарияти олии мамлакат ва сокинони куҳанбунёди он ба ҷаҳониён паём медиҳад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкории судманд бо Созмони Милали Муттаҳид мавқеи муҳим ишғол менамояд.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст 29 сентябри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Миллати Муттаҳид суханронӣ карданд ва аз ҳамон маърӯзаи таърихӣ то ба имрӯз ҳамеша диққати аҳли сайёраро барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷалб намудаанд. Дар суханронии дигари худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши СММ баҳои баланд доданд: «Ҳафтод сол аст, ки Созмони Милали Муттаҳид дар ҷодаи ҳифзи сулҳу амният, инкишофи ҳамкории байналмилалӣ, ҳимояи ҳуқуқи башар, таҳкими субот, рушди устувор ва коҳиши камбизоативу нобаробарӣ кори зиёдеро анҷом додааст».
Ҳамзамон Сарвари давлат ҳамчунин саҳми хосаи Созмони Милали Муттаҳидро дар пуштибонӣ аз равандҳои ташаккули давлатҳои нави мустақил ва рушди минбаъдаи онҳо чунин баҳогузорӣ карданд: «Тоҷикистон низ, ки дар оғози истиқлоли хеш бо мушкилоту душвориҳои давраи гузариш рӯ ба рӯ гашта буд, пуштибонии фарогири Созмони Милалро эҳсос кард, ки ба шарофати он кишвар дилпурона ба ҷодаи рушди демократӣ қадам ниҳод»[1]. Дар баробари ҳамин Пешвои тоҷикони ҷаҳон аз нақши Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва одамрабоӣ сухан гуфтанд.
Инчунин, дар рӯзи ҷашни 80-солагии Созмони Милали Муттаҳид месазад, ки бори дигар аз ташаббусҳои глобалии роҳбарияти олии Тоҷикистон дар масоили об, захираҳои обу энергия, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуд, зеро ҳама ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавриди эълон намудани соли 2003 - Соли байналмилалии об, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз тарафи СММ аз ҳамовозӣ ва дастгирии самимӣ бархурдор шудаанд. Чунин ҳамгироӣ ва дастгирӣ аз эҳтиром ва нуфузи баланди Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.
Пӯшида нест, ки айни ҳол ҷаҳони муосир ба ҳолати ноустувориву номуайянӣ ва печидагиҳои рӯзафзун рӯ ба рӯ гардидааст. Ихтилофоти геополитикӣ, талошҳои азнавсозии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, мухолифату низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ барои сулҳу осоиши пойдор таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод кардаанд. Дар ин робита Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Тавре, ки мебинем бо гузашти як сол масъалаи қабули чунин қатънома аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо намудааст.
Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди нодида гирифтан ва поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ гардидааст, ки пойдевори назму низом ва сулҳу субот дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низову ихтилофро таъкид намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Татбиқи босуръати технологияҳои рақамӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ метавонад ба раванди амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат намояд. Тоҷикистон аз ҳамаи кишварҳои узв барои ҷонибдорӣ аз пешниҳод оид ба қабули қатъномаи махсус зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” аз 25 июли соли 2025 изҳори сипос менамояд.
Пешвои миллат изҳори итминон намуданд, ки ин қатънома ҳамчун василаи асосии истифодаи бехатар ва одилонаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо хидмат хоҳад кард. Дар ин замина таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор шумориданд.
Дар бобати ислоҳоти СММ Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 80-умини Маҷмаи Умумии СММ баромад намуда, мавқеи Тоҷикистонро чунин изҳор намуданд: «Тоҷикистон аз ислоҳоти фарогири низоми Созмони Милали Муттаҳид зимни ташаббуси “Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80”, "Созмони Милали Муттаҳид - 2.0" ва Диди Дабири кулл оид ба низоми муосири Созмони Милал ҷонибдорӣ менамояд.
Дар баробари ин, мо аз "Паймон ба хотири оянда" ҳамчун иқдоми муҳимми дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор истиқбол менамоем. Ин иқдомот ормонҳои муштарак ва иродаи умумии ҷомеаи ҷаҳониро дар амри вокуниш ба таҳдидҳои муосир ва бунёди заминаи устувор барои наслҳои оянда таҷассум менамоянд».
Хулоса, мо бори дигар зарурати тақвияти нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳидро дар таъмини сулҳу осоиши фарогир таъкид намуда, изҳор медорем, ки танҳо бо эътимод, ҳамкорӣ ва иродаи устувор мо метавонем ояндаи одилона, сулҳомез ва устуворро барои кулли инсоният бунёд намоем ва Тоҷикистон дар амри дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯзномаи ҷаҳонӣ омодаи ҳамкориҳои муштарак бо кишварҳои шарик ва тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Дар идома олимону муҳаққиқони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба нақш ва муҳиммияти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷомеаи муосир ва Тоҷикистон маъруза намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ КОРМАНДОНИ АМИТ ДАР “КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲАМГИРОИИ САНОАТ БО ДОНИШГОҲҲОИ ЧИНУ ТОҶИКИСТОН”
Санаи 26-28 сентябри соли 2025 дар музофоти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ташаббуси Маркази байналмилалии интиқоли технологияҳои нави Донишгоҳи нақлиёти Сиан ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси байланлмилалӣ баргузор гардид, ки дар он мушовири президенти Академияи миллии илмҳо профессор Қодирзода Фарҳод Анвар ва сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи РhD, профессор Қосимзода Солеҳ Салим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар конфронс роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои илмӣ, роҳбарони ширкатҳои истеҳсолию тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Узбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияи байналмилалиро аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст Қодирзода Фарҳод ифтитоҳ намуда, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бо Академияи миллии илмҳо дар сатҳи баланд баҳогузорӣ намуд. Дар идомаи суханронӣ аз ҷониби масъулини Академияи миллии илмҳо пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи натиҷаҳои илмии ҳарду кишвар дар истеҳсолот “Иттиҳоди ягонаи ҳамгироии байни муассисаҳои олӣ ва корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шавад. Ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи Иттиҳоди мазкур пешниҳод гардид, ки гузоштани замина барои бунёди институт ва ташаккули платформаҳои ҳамкории мунтазам, вобаста ба эҳтиёҷоти тарафайн ба ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот диққати асосиро равона сохтан, бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои ҳамкорӣ ҳамчун риштаи васлкунанда ба роҳ мондани табодули академӣ ва илмии донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва кормандони илмӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ монда шавад.
Дар ҳошияи суханрониҳои мазкур профессор Қосимзода Солеҳ дар мавзуи “Намунаи нави ҳамкориҳои илмию инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин” суханронӣ намуданд.
Дар рафти конференсия намояндагони муассисаю корхонаҳо масъалаи таъсиси “Иттиҳоди ягонаи ҳамгироии байни муассисаҳои олӣ ва корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро баррасӣ намуда, ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Бояд қайд намуд, ки Донишгоҳи нақлиёти Сиан яке аз шарикони асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти татбиқи лоиҳаҳои инноватсинӣ мебошад.
Имрӯз, 29 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ Конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – муаррифгари фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳон» баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимони кишваро ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ табрику таҳният хонда, таъкид доштанд, ки ҳамасола 30- юми сентябр дар кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистони азиз Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо шукуҳу шаҳомоти хосса таҷлил мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №664 "Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ" рӯи даст гирифта шуд.
Таъкид гардид, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) соли 1207 дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номаш Аҳмад Ҷалолуддин тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самар – қанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд. Соли 1232 дар Қуния, назди Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуфро аз худ мекунад. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Қунияи Рум вафот кардааст. Бузургтарин асари ӯ «Маснавии Маънавӣ», ки соли 1259 ба навиштаи ин асар сар кардааст ва зиёда аз 10 сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст. Мавзуи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоир ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст.
Оламе гарму пуршӯре туфонӣ, саршори ишқу меҳру сӯзу гудоз, ранҷе бархоста аз шавқу иштиёқ дар пардаи зеҳн зинда мешавад. Муҳаққиқон ба он назаранд, ки тамоми шаш дафтари “Маснавӣ” ба гунае иборат аз шарҳу тафсири ҳамин муқаддима пуршур аст. Бозгаште, ки танҳо аз роҳи ишқ, ишқи таҳаввулгарду комилсоз, инсонсоз, ҳастинофарин муяссар аст. Вале воқеат он аст, ки Мавлоно дар мақтаи муайне аз таълифи “Маснавӣ” оғоз кард, вале то он замон, замонаи иншоӣ ин шоҳкори гаронсанг тӯли солҳо дар бистари ғазалиёти дилошӯбе омода шуда буд. Ғазалиёте, ки дар “Девони шамс” ё “Девони кабир” фароҳм омадаанд.
Дар ибтидои замон дар перомуни рӯзгору ҷаҳони рангину пуррамзу нози Мавлоно ҳазорон мақолоту китобҳо таълиф шуда ва агар ҷамъоварӣ шавад, шояд китобхонаи бузурге шавад. Воқеан ҷозибае биловасф дар домани ҳар ғазале дар ҳоли ҷӯшиш аст, ки зеҳну қалбро, вуҷудро ба худ мекашад, равони инсонро нерӯе шодофарин, ҷунбанда, пуртаҳаррук медиҳад. Дунёи шигифтаангези андешаву афкор, калому гуфтори Мавлоно дар тӯли қарнҳо ҳамвора таваҷҷуҳи пажӯҳандагону донишмандони ақсои ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Ҳар яке аз ин дарёи ҳамеша хурушон дуру гавҳаре ёфта ва пеши азамату шукӯҳи кохи бузурги андеша ӯ сари эҳтирому таъзим фуруд овардааст.
Дар паҳнои адабиёти форсӣ мо шоирони бузурги соҳибдевони зиёд дорем. Шоироне, ки ашъорашон шабоҳатҳои зиёди мазмунӣ даранд. Ағлаб аз чақидаҳои зеҳни якдигар суд ҷустаанд, зери таъмири андешаву ҷаҳони фикрии якдигар мондаанд. Вале девони Мавлоно дар қиёс бо онҳо ҳоло ҳавои дигаре дорад.
Дар идома олимон Зиёӣ Хуршед - доктори илмҳои фалсафа дар мавзуҳои “Шахсияти Мавлоно ва таълимоти ӯ аз нигоҳи мутафаккирони гузашта ва муосири Шарқу Ғарб”, Алии Муҳаммади Хуросонӣ – номзади илмҳои филологӣ “Таҳқиқ ва нашри осори Мавлоно дар Тоҷикистон”, Маҳмадҷонова Муҳиба – доктори илмҳои фалсафа “Инсон дар таълимоти фалсафию ирфонии Мавлоно”, Охониёзов Абдураҳмон дар мавзуи “ Нусхаҳои хаттии Мавлоно дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев” маъруза намуданд.