Skip to main content

20 феврали соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Семинари илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Робитаи илм бо истеҳсолот: технологияҳои коркардшуда, мушкилоти татбиқ ва дурнамо” дар доираи амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №263 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

Мақсад аз ташкили семинар муаррифӣ кардани он технологияҳо ва лоиҳаҳои инноватсионие мебошад, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур тайи солҳои 2021-2024 коркард ва барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод шудаанд. Ҳамчунин муайян кардани роҳҳои минбаъдаи ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва корхонаҳои масъули татбиқи ин технологияҳо ҷиҳати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани онҳо аз мақсадҳои дигари кори семинар мебошад.

Дар кори семинар президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мудири Шуъбаи илм ва маорифи Раёсати илм, маориф ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, ноибони президенти АМИТ ва роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотии дахлдори АМИТ иштирок доштанд.

Дар кори семинар 12 технологияи коркардшуда ва 6 лоиҳаи инноватсионии татбиқшудаи олимони АМИТ, ҳамчунин 2 технологияи коркарду татбиқнамудаи олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 коркарду татбиқ шуда, муаррифӣ карда шуданд.

Пас аз муаррифии технологияҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ иштирокчиёни семинар аз кори анҷомёфта натиҷагирӣ карданд.