Ҳар сол дар кишвари мо Рӯзи модар бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо як санаи тақвимӣ, балки рамзи эҳтиром, муҳаббат ва қадршиносӣ нисбат ба бузургтарин шахсият дар зиндагии ҳар инсон - Модар мебошад. Модар олиҳаи меҳру шафқат, сарчашмаи зиндагӣ ва тарбиятгари аввалини башар аст. Ҷомеае, ки модарро гиромӣ медорад, ояндаи дурахшон дорад.
Модар - сарчашмаи ҳаёт ва меҳр. Аз лаҳзаҳои нахустини ҳаёт инсон худро дар оғӯши гарму пурмеҳри модар эҳсос мекунад. Маҳз навозишу аллаи модар аввалин суруди зиндагии мост. Ӯ бо шабзиндадориҳо, бо ғамхорӣ ва бо муҳаббати беандоза фарзандро ба камол мерасонад. Меҳри модар беминнат, беғараз ва ҷовидонист.
Модар на танҳо ҳаёт мебахшад, балки ба он маънӣ медиҳад. Ӯ бо суханони насиҳатомез, бо рафтори намунавӣ ва бо ахлоқи ҳамида фарзандро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Агар ҷомеа солим бошад, ин пеш аз ҳама аз тарбияи дурусти модарон сарчашма мегирад.
Ҷойгоҳи модар дар фарҳанги миллӣ. Дар фарҳанги тоҷик мақоми модар хеле баланд аст. Осори классикони мо саршор аз васфи модар ва зан мебошад. Шоирону адибони бузург модарро ҳамчун рамзи покӣ, вафо ва садоқат ситоиш кардаанд.
Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва дигар нобиғагони адабиёт дар ашъори худ аз меҳру бузургии модар ёд кардаанд. Дар «Шоҳнома» образи модар ҳамчун тарбиятгари қаҳрамонон бо эҳтироми хос тасвир ёфтааст.
Ин анъана то имрӯз идома дорад. Дар ҳар хонадон сухани модар қонун, дуои ӯ паноҳ ва розигии ӯ баракат шумурда мешавад.
Модар - мураббии насли солим. Ояндаи миллат дар дасти насли ҷавон аст ва тарбияи ин насл пеш аз ҳама ба зиммаи модар вогузор шудааст. Модар аввалин омӯзгорест, ки фарзандро бо забон, одоб, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ошно месозад.
Маҳз аз домони модар фарзанд эҳтироми бузургсолон, дӯст доштани Ватан ва масъулиятшиносиро меомӯзад. Агар модар босавод, фарҳангдӯст ва худогоҳ бошад, ҷомеа низ пешрафта мегардад. Аз ин рӯ, дастгирии модарон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва таълиму тарбияи онҳо вазифаи муҳими ҷомеа мебошад.
Нақши модар дар рушди ҷомеаи муосир. Имрӯз модарони тоҷик танҳо дар доираи хонадон маҳдуд нестанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногун - илму маориф, тандурустӣ, иқтисод, фарҳанг ва сиёсат фаъолият мекунанд. Ҳамзамон бо иҷрои вазифаҳои касбӣ, онҳо масъулияти тарбияи фарзандон ва нигоҳдории гармии оиларо низ ба дӯш доранд.
Ин дуҷониба будани масъулият заҳмати бузург металабад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва қадршиносии меҳнати модар бояд ҳамарӯза зоҳир гардад, на танҳо дар як рӯзи ид.
Қадршиносӣ - танҳо дар сухан набояд бошад. Мутаассифона, баъзан мо танҳо дар рӯзи ид бо гулдаста ё туҳфа модарро табрик мекунем. Аммо модар бештар аз ҳама ба меҳрубонӣ, таваҷҷуҳ ва ғамхории фарзандон ниёз дорад.
Як сухани нек, як оғӯши самимӣ, як кумак дар корҳои рӯзгор метавонад қалби модарро шод гардонад. Қадршиносии ҳақиқӣ дар эҳтироми доимӣ, дар гӯш кардани суханаш ва дар дастгирии ӯ зоҳир мешавад.
Модар - рамзи сулҳу ваҳдат. Модарон ҳамеша тарафдори сулҳу оромӣ ҳастанд. Онҳо намехоҳанд фарзандонашон дар муҳити ноором ба камол расанд. Аз ин рӯ, модар рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ маҳсуб мешавад.
Ҷомеае, ки ба модарон такя мекунад, ҳамеша ба сӯи ваҳдат ва субот қадам мегузорад. Зеро меҳру шафқати модар инсонҳоро ба ҳам наздик месозад ва ҳисси инсондӯстиро тақвият медиҳад.
Рӯзи модарон фурсати муносибест, то бори дигар ба бузургии ин шахсияти муқаддас арҷ гузорем. Модар офарандаи ҳаёт, мураббии насл ва сутуни устувори оила мебошад.
Бигзор ҳар рӯз барои модарон рӯзи ид бошад. Бигзор лабони онҳо ҳамеша хандон, қалбашон ором ва зиндагияшон пур аз меҳру муҳаббат бошад.
Эҳтироми модар - эҳтироми инсоният аст. Ҳар касе, ки модари худро қадр мекунад, арзишҳои волои ҳаётро пос медорад.
Бобоев Б.Д. - мудири сектори таълиму омӯзиши
Филиали Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд
ҲАМОИШ. АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
21 феврли соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 32- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон” ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар ҳамоши идона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону кормандон ва роҳбарони муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳозиринро ба муносибати 32- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки дар марҳилаҳои таърихии инкишофи худ Қувваҳои мусаллаҳи кишвар зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиаш баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкили Артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба як қувваи бузург табдил ёфт. Дар аввал баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дар нооромии вазъи сиёсии кишвар ва ба вартаи нестшавӣ қарор гирифтани он саҳм доштанд, аз набудани Қувваҳои муссаллаҳ истифода бурда, аксаран ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Мухолифини ҳукумат намегузоштанд, ки артиши миллӣ мукаммал шавад. Новобаста ба ин, ба Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар барқарорсозии ин аркони муҳимми давлатдорӣ дар муддати кутоҳ муваффақ шавад.
Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, сафи онро аксар ҷавонон ташкил медиҳанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон иброз менамоянд: «Ҷавонони мо дар рушди ҳама соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншоотҳои азими кишвар то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Имрӯз мо – қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози кишвар омили дар дарозои таърих боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад. Ҳизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар садҳо ҷавонон аз навоҳии мухталиф даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии манотиқи гуногуни давлат рисолати мардонагии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро менамоянд. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, мардонагиву шуҷоат, қавииродагиву адолатгустарӣ тарбия намуда, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти амнияти давлатӣ равона менамоянд.
Дар идома олимону кормандон маърузаҳои хешро доир ба таърихи таъсиси Артиши миллӣ моҳият ва хусусиятҳои он, рушду пешрафти он дар замони соҳибистиқлолӣ манзури ҳозирин намуданд. Дар фарҷоми ҳамоиши идона зумрае аз шахсиятҳое, ки дар тули фаъолияти худ дар барқарорсозии Артиши миллӣ ва дар ҳифзи марзу буми ватан ҷовидона хизмат намудаанд аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.
МИЗИ МУДАВВАР “НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР АМАЛИГАРДОНИИ ҚАТЪНОМАИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД “СОЛИ 2025 – СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО”.
20 - уми феврали соли 2025 дар маҷлисгоҳи Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 -уми августи соли 2023, №407 мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши занону бонувон дар амалигардонии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо иштироки занону бонувони Маркази омӯзиши пиряхҳо ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ доир гардид.
Мизи мудавварро директори Марказ Шерализода Н.Ш. ифтитоҳ намуда, аз тавваҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону бонувон ёдовар шуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мақоми занону бонувон як қатор барномаҳои мақсадноки давлатиро қабул намудааст, ки бо амалишавии онҳо шумораи занону бонувон дар хизмати давлатӣ, илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ нисбат ба даврони то соҳибистиқлолии кишвар маротибаҳо зиёд гардидааст.
Ин аст, ки нақши занону бонувон дар татбиқи ибтикорҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ муҳим арзёбӣ мегардад.
Зимни баромад иброз гардид, ки масъалаҳоии тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо дар меҳвари сиёсати хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Сипас занону бонувон дастовардҳои илмӣ ва нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати таҷлили сазовори конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо муаррифӣ намуда, лоиҳаи консепсияи иштироки занонро дар чорабиниҳои канории конфронси мазкур, ки санаи 29-31 майи соли ҷорӣ баргузор мегардад, муаррифӣ ва муҳокима намуданд.
РОБИТАИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ: ТЕХНОЛОГИЯҲОИ КОРКАРДШУДА, МУШКИЛОТИ ТАТБИҚ ВА ДУРНАМО
20 феврали соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Семинари илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Робитаи илм бо истеҳсолот: технологияҳои коркардшуда, мушкилоти татбиқ ва дурнамо” дар доираи амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №263 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
Мақсад аз ташкили семинар муаррифӣ кардани он технологияҳо ва лоиҳаҳои инноватсионие мебошад, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур тайи солҳои 2021-2024 коркард ва барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод шудаанд. Ҳамчунин муайян кардани роҳҳои минбаъдаи ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва корхонаҳои масъули татбиқи ин технологияҳо ҷиҳати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани онҳо аз мақсадҳои дигари кори семинар мебошад.
Дар кори семинар президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мудири Шуъбаи илм ва маорифи Раёсати илм, маориф ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, ноибони президенти АМИТ ва роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотии дахлдори АМИТ иштирок доштанд.
Дар кори семинар 12 технологияи коркардшуда ва 6 лоиҳаи инноватсионии татбиқшудаи олимони АМИТ, ҳамчунин 2 технологияи коркарду татбиқнамудаи олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 коркарду татбиқ шуда, муаррифӣ карда шуданд.
Пас аз муаррифии технологияҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ иштирокчиёни семинар аз кори анҷомёфта натиҷагирӣ карданд.
20 феврали соли равон дар ҳошияи баргузории Семинари илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Робитаи илм ва истеҳсолот: технологияҳои коркардшуда, мушкилоти татбиқ ва дурнамо” дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастовардҳои олимону кормандони Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ баргузор гардид.
Дар ин намоиши дастовардҳо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мудири Шуъбаи илм ва маорифи Раёсати илм, маориф ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика ва захираи об, кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишварзии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни муаррифӣ мутахассисон аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) МД Маркази пиряхшиносӣ, Институти масъалаҳои об, Институти ботаника, ва генетикаи растанӣ, Институти зоология, Институти геология доир ба натиҷаи дастоварду ихтирооти хеш маълумот манзур намуданд.
Гуфта шуд, ки олимону кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз натиҷаҳои илмю таҳқиқотӣ зиёда аз 30 патент ба даст овардаанд. Мақсад аз муаррифии ин дастовардҳо пайванди илм дар истеҳсолот буда, дар доираи амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №263 тасдиқ шудааст, роҳандозӣ гардид.
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2025 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд.
2. Моҳҳои апрел-майи соли 2025 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.
4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ намоянд.
5. Раисони шаҳру ноҳияҳо якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ бо дарки масъулият ба роҳ монанд.
6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намоянд.
7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
19 феврали соли 2025
№967
АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА 23 -ФЕВРАЛ- РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН:ДУСАД МАРДИ ҶАНГИ БЕҲ АЗ САД ҲАЗОР
Ташкилотҳои ибтидоии “Дипломат”-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар санаи 19 фералии соли 2025 бахшида ба -32 умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш ва аксияи ҳизбӣ таҳти шиори “Дусад марди ҷанги беҳ аз сад ҳазор”-ро бо аъзои фаъоли ҲХДТ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ баргузор намуданд. Дар ин ҳамоиши ҳизбӣ муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қурбонова Ширин ва муовини ТИ “Дипломат”-и ҲХДТ, муовини директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Дониёр Сангинзода иштирок намуданд.
19 феврали соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи “Артиши миллӣ – дастовард ва ҳомии бузурги истиқлолият” баргузор гардид.
Семинари илмиро муовин оид ба илм ва таълими директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ профессор Сангинзода Дониёр ифтитоҳ намуда, баён намуд, ки 18 декабри соли 1992 бо имзои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили артиши миллиро фароҳам овард. Вале заминаи амалии он бо таъсиси Бригадаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда шуд.
Бригадаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 декабри соли 1992 таъсис дода шуд, бо маҷмуи вазифаҳои бар зиммааш гузошташуда нахустсохтори артиши миллӣ, пешоҳанги мубориза бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мусаллаҳшуда ҳисоб мешавад. 23 феврали соли 1993 аз ҷумлаи ихтиёриёни «Фронти халқии Тоҷикистон», ки ҳамчун ҳимоятгарони низомии Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон ташкил ёфта буданд, дар майдони марказии пойтахт – шаҳри Душанбе паради низомӣ баргузор гардид.
Аввалин маротиба дар сатҳи қонун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 23 феврал дар қисми 4, моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи идонаи корӣ муқаррар гардид. Пас аз таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далел баён менамоем, ки халқи тоҷик давоми таҳаввулоти таърихии худ, баъди ҳазор сол соҳиби Қувваҳои Мусаллаҳ гардид, ки асосгузори он Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Дар идомаи семинари илмӣ ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт Холназаров Назар дармавзӯи “Артиши миллӣ дастовард ва ҳомии бузурги истиқлолият” баромад намуда, иброз намуд, ки вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд: зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор; ҳифзи фазои ҳавоии давлат; муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ; ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ; иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд. Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд: қӯшунҳои хушкигард; қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ; қӯшунҳои зудамал.
Дар ҳолатҳои зарурӣ ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешаванд.
Дар музокира ва муҳокимаи семинари илмӣ доир ба мавзӯи баррасишаванда кормандони Институт Қурбонова Ширин, Зиёзода Субҳиддин, Воҳидова Санавбар, Дороншоева Некбахт ширкат намуданд.
Маросими расмии супоридани таҷҳизоти муосири рентгени рақамӣ ба Маркази ҷумҳуриявии илмии Саратоншиносӣ
19 феврали соли 2025 дар Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии тақдими дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) баргузор гардид. Ин дастгоҳ бо мусоидати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсозии миллии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) дар Тоҷикистон мебошад, пешниҳод карда шуд.
Дар маросими тантанавӣ, муовини директор - Матин Ахмедов ва Олимҷон Азизов - мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ба ҳайси ёрдамчиёни ҳамоҳангсози миллии АБНА, инчунин Акбарҷон Муродзода - сардухтури Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии Саратоншиносӣ" ва кормандони марказ ширкат варзиданд.
Директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ - Акбарҷон Муродзода, зимни тақдими таҷҳизот чунин изҳор дошт: «Солҳои охир бо мусоидати бевоситаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсозии миллии АБНА дар Тоҷикистон мебошад, ба Марказҳои саратоншиносии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб дастгоҳҳои замонавӣ тақдим гардида истодааст, ки онҳо ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, имкон медиҳад, ки ташхисро дар марҳилаи аввал муйаян намуда, ба табобати саривақтии беморони гирифтори саратон шуруъ намоем. Ҳамзамон он барои дар амал татбиқ намудани Барномаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди бемориҳои саратон саҳми назаррасро гузошта истодааст".
Илова бар ин, мутахассиси Марказ - Абубакр Насруллоев, ҷиҳати баланд бардоштани донишу малака давоми як сол дар Маркази миллии саратоншиносии шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба таҷрибаомӯзӣ рафта, айни замон дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ фаъолияти худро дар самти ташхиси дақиқ ва саривақтии бемориҳои саратоншиносӣ ба роҳ мондааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки бештари лоиҳаҳои АБНА ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтар намудани шарту шароити табобатӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисоси касбӣ ва талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будани Марказҳои саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд.
