Инъикоси фаъолияти системаи ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият яке аз мавзуҳои мубрами ҷомеаи муосир ба шумор меравад, зеро маҳз тадқиқотҳои олимон дар ин раванд барои рушди тарбияи ҳуқуқӣ дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Вобаста ба ин, эълон шудани соли 2024 аз тарафи Пешвои миллат ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ дар назди системаи тарбияи ҳуқуқӣ вазифаҳои навро мегузорад ва яке аз онҳо ин ҷустуҷуи роҳ, усул, метод ва тарзҳои ба амалбарории ҳуқуқи давраи муосир мебошад. Вобаста ба мақсади амалисозии ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва фаъолияти системаи ҳуқуқӣ дар самти кор бо ҷавонон тағриби меъёрҳои Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (аз 10.12.1948), Конвенсияи Созмони Миллали Муттахид, Конститутсияи Точикистон (аз 6.11.1994), Конуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи муроҷиати шахрвандон», кодексҳои соҳавӣ ва дигар санадхои меъёри ҳуқуқӣ нақши асосӣ доранд.
Дар пешгуфтори Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон омадааст, ки халқи Тоҷикистон «қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Дар асоси моддаи аввал, Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, хусусиятҳои давраи нави давлатдории Ҷумхурии Точикистонро инъикос менамояд. Ҳадафи асосӣ ва ниҳоии Конститутсия ин ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати дахлнопазирии шахс, фароҳам овардани шароит барои гуногунандешӣ, озодии сухан, кафолати дахолатнопазирии моликият, фаъолияти озодии иктисодӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.
Вобаста ба ин меъёрҳо, дар мамлакат қонун ва санадҳои нав қабул шуданд ва ҳамвора дар соли 2006 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Шўъбаи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бо кӯшиши олимони соҳаи ҳуқуқи Тоҷикистон ба монанди академик Ф.Т. Тоҳиров, професорон Р.Ш. Сотиволдиев, И.Б. Буриев ва дигар олимон номгўи китобҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои таълимӣ ба тасвиб расиданд, ки дар инкишофи илми ҳуқуқ ва беҳбудии раванди тарбияи ҳуқуқӣ саҳми калон гузоштанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи илми ҳуқуқ асоснок ва устувор рушд намуда, заминаҳои ҳуқуқии давлатдории тоҷикро барпо намуд ва ин ҳамчун системаи илм муносибатҳои нави ҷамъиятии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, молу мулкӣ ва дигар соҳаҳоро фаро гирифт. Инчунин фаъолияти олимон эътибори аҳолиро ба илми ҳуқуқ баланд бардошта, дар масъалаҳои тайёр ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқӣ, такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи олимони соҳаи ҳуқуқ нақши босазо гузошт.
Азорабекова Ширингул Мамадмуродбековна - Ходими илмии шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Раёсати магистратура аспирантура ва докторантураи АМИТ тамоми шароитҳо барои таҳсил ва омоданамоии кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон омомода карда шудааст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар тули солҳои соҳибистиқлолии ватани азизамон таваҷҷуҳи давлату ҳукумат хосатан таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани илми ватанӣ равона гардидааст.
Роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар ин самт корҳоро ҷоннок намуда, ҳамарӯза аз рафти баргузории дарсҳои магистрантону докторантон дидан намуда, онҳоро роҳнамоӣ намуда истодаанд, имрӯз низ бо ин мақсад Сардори Раёсати магистратура аспирантура ва докторантураи PhD – и АМИТ Қосимзода Солеҳ ва мудири кафедраи забонҳои хориҷии АМИТ Саидзода Ҳалим аз рафти баргузории дарсҳо дидан намуда, бо онҳо оид ба шароитҳои баргузории дарсҳо суҳбату вохуриҳо анҷом доданд.
Дар асосӣ созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Ҷамъияти саҳомии ғайритиҷоратии (ҶСҒ) «Донишгоҳи Қазоқистони Ғарбӣ ба номи Махамбет Утемисова» ва Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон унвонҷӯ Сарманов Айбек Ертлеуович дар мавзуи «Сообщества донных беспозвоночных озёр разного генезиса западно-казахстанской области» дар назди “Институт” аз рӯи ихтисосӣ 03.02.08 – Экология ба Институт ташриф оварданд.
Айни ҳол муҳаққиқон имтиҳони минимуми худро супорида ва дар семинари байниозмоишгоҳӣ бо презинтатсия баромад намуданд. Инчунин, барои ҳимояи рисола тайёрии худро дида истодаанд.
Магистрантон ва унвонҷӯёни муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», ва «Магистранти сол» ширкат варзида соҳиби ифтихорнома ва мукофотҳо гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Зарифов Маҳммадзариф Ҷамшедович дар озмуни ҷумҳуриявии "Магистранти сол" миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардид. Ҳамзамон барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошад.
Инчунин, Давлатова Мунзифа Шукришоевна барои иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон" миёни докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва барои дастоварҳо дар бахши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ ва ва Буриев Умед Рустамович барои дастоварҳои дар бахши фанҳои гуманитарӣ дар самти сиёсатшиносӣ бо сипосномаҳо қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамзамон Султонзода Ҷасурбек магистранти курси 1- и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Қурбонов Муборакшоҳ барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли 2025 гардиданд.
СУХАНРОНИИ ОНЛАЙНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА БУЗУРГДОШТИ "ШОҲНОМА" - И ФИРДАВСӢ ДАР БРЮССЕЛ
24 апрели соли 2025 дар китобхонаи Мунтпунти шаҳри Брюссел сафорат дар ҳамбастагӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи Лёвани Белгия ва Ассотсиатсияи тоҷикони Белгия “Диёр” мизи мудавварро дар мавзуи “Шоҳномаи Фирдавсӣ: осори беназири адабиёти ҷаҳон” ташкил намуд.
Доираи васеи олимон, намояндагони ниҳодҳои аврупоиву белгиягӣ, коршиносон, санъаткорон, сокинони шаҳри Брюссел, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамзабонони муқими Белгияву Нидерланд меҳмони ин маҳфил буданд.
Дар кори ин нишаст президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода, вакили Парлумони Аврупо Тиерӣ Марианӣ, узви Академияи аврупоии илмҳо ва санъат, профессори Донишгоҳи Лёван Ян Таверниер, профессори Донишгоҳи Лёван Элин Горрис, директори барномаҳои нашриёти “Ҷаҳони дипломатӣ” Алберто Туркстра, профессори Донишгоҳи Лювен Морган Журдайн, пажуҳишгар Офран Бадахшонӣ ва магистранти Донишгоҳи Озоди Брюссел Шоҳина Беҳзодзода суханронӣ намуданд.
Сухангуён “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсиро дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва мероси ниёгон, ватандустӣ, арзишҳои инсондустиву сулҳпарварӣ, гуфтугуи тамаддунҳо ва рушди дипломатияи фарҳангӣ муҳим хонда, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи чеҳраҳои мондагор ва осори таърихиву фарҳангии миллати Тоҷик, махсусан зикр карданд.
Дар бахши дигари чорабинӣ мусиқинавози ҷавон Сипанд Додбеҳ санъати волои касбӣ ва мусиқии халқиро муаррифӣ намуд.
Дар толори бошукуҳи китобхона гушаи этнографӣ ташкил гардида, асарҳои классикӣ ва навору нигораҳо бахшида ба “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба намоиш гузошта шуд.
БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ ФИЛИАЛИ АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОИИ АМИТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 25 апрел президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дидан намуданд. Сохтмон дар бинои мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз ёфта, бо маром идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки санаи 29 октябри соли 2024 дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз лоиҳаи бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон муаррифӣ карда шуд. Зимни муаррифӣ қайд гардид, ки бинои мазкур аз маҷмуи биноҳои 2 ва 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати 0,12 садяк замин ба нақша гирифта шуд. Дар бинои мазкур сохтмони озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои маъмурӣ барои кормандони соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, толори маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои муосир, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷҷаҳаз гардидаанд, пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки филиали мазкур бо дарназардошти таваҷҷуҳ ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 бо мақсади рушд додани ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ миёни муассисаҳои вилояти Хатлон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
Маблағгузории сохтмони бино аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизотҳои дохили бино бошад аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) маблағгузорӣ мешавад. Ҳамчунин, имконияти баргузории машғулиятҳои дарсии амалӣ ва иҷрои корҳои лаборатории донишҷӯёни ихтисосҳои химия ва биология дар синфхонаҳои замонавиро доранд.
СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ “НОИЛ ШУДАН БА ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОРИ СММ- ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ ВАФТИ МОДАРОН ”
Имрӯз (25.04.2025) бо ташабусси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, Ҷамъияти анестизологҳо ва реаниматологҳои Тоҷикистон ба номи профессор Муродов М.К. ва Ассосиатсияи акушерон -геникологҳои Тоҷикистон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинар таҳти унвони “Ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори СММ- пешгирӣ намудани вафти модарон ” баргузор гардид.
Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. кушод.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Қобилҷон Хушвахтзода Хушвахт ҳозиринро бо баргузор намудани чунин ҳамоиш табрик намуда, саҳми илми тибби тоҷикро хуб арзёбӣ намуд. Махсусан, пешрафти илми тиб ва дастовардҳои олимон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷолиби диққат мебошанд. Ҳамин аст, ки дар амалияи тибби кишвар онҳо рӯз аз рӯз амалӣ гашта истодаанд.
Дар соҳаи илми тиб низ барои рушди илм ва ҷорӣ намудани технология муосир, тарбияи кадрҳои баландихтисос, тадбиқи қорҳои амалӣ ва табобати беморон чораҳои зиёде роҳандозӣ шуда истодааст.
Таҳқиқоти олимон дар самтҳои гуногуни илми тиб қарор гирифтанд, ки иҷроиши дурусти онҳо дар самтҳои гастроэнтерология, ҷарроҳии дилу раг, осебшиношӣ, акушерӣ – гинекологӣ ва ғайра нуфузи илмро боло мебардорад.
Сипас, раиси Ҷамъияти анестизологҳо ва реаниматологҳои Тоҷикистон, д.и.т., профессор Муродов А.М. ва раиси Ассосиатсияи акушерон -геникологҳои Тоҷикистон, н.и.т., дотсент Давлатзода Г.К. баромад намуда, ҳозиринро табрик ва ба кори семинар коёбиҳо орзу намуданд.
Мудири шуъбаи илмҳои тибби клиникӣ, д.и.т., профессор Рустамова М. С. дар мавзўи “Сохтори фавти модарон ва роҳҳои паст намудани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дотсенти кафедраи анестозология ва реаниматологияи “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустиӣ”-и МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Беларус”, н.и.т. Жаворонок А.Н. дар мавзӯи “Чанбаҳои муосири муолиҷаи хунравӣ ва назорати сохтори гемостаз” ва д.и.т., профессор Муродов А. М. дар мавзӯи “Таъсири шушҳо ба сохтори гемостаз дар занони ҳомиладори гирифтори синдроми аворизнокии узвҳо” суханронӣ намуда, доир ба дастоварду мушкилотҳои ҷойдошта ҳангоми беморихои занона андешаҳои худро баён намуданд. Махсусан, ҳозирин маърӯзаи илмии н.и.т. Жаворонок А.Н.-ро ба мароқи зиёд гӯш намуда, ба посухҳои худ ҷавоб гирифтанд.
Имрӯз, 23 апрел президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз гармхонаи Институти ботаника, физиалогия ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Зимни боздид ба роҳбарияти академия иттилоъ дода шуд, ки таъмири гармхона тавассути лоиҳаи Хизматрасонӣ дар самти обу ҳаво ва иқлим (ХООИ), ки аз ҷониби Каритас Швейтсария ва Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд (SDC) маблағгузорӣ шудааст, дастгирӣ гардид.
Таъкид гардид, ки дар ин гармхона барои барқарор намудани чарогоҳи зерҳадафи ноҳияи Рашт тавассути парвариши зиёда аз 20 намуди тухмиҳои бутта ва дарахтони ба шароити маҳал устувор парвариш карда мешавад. Тухмиҳои бутта ва дарахтони маҳаллӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон барои мутобиқгардонӣ дар шароити чарогоҳҳои минтақаи Рашт аз ҷониби кормандони Каритас Швейтсария ҷамъоварӣ карда шудааст.
Гармхона ҳамчун парваришгоҳи ниҳолҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Институт барои барқарор намудани чарогоҳҳои таназзулёфтаи минтақаи Рашт истифода бурда мешавад.
ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА БОЙГОНИИ АПОСТОЛИИ ВАТИКАН ВА КИТОБХОНАИ АПОСТОЛИИ ВАТИКАН
Имрӯз, 23 апрел президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Бойгонии Апостолии Ватикан ва китобхонаи Апостолии Ватикан мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Бойгонии Апостолии Ватикан ва Китобхонаи Апостолии Ватиканро ба имзо расониданд, ки минбаъд дар доираи ин ёддошт мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷмӯаҳои Трат муқаддас маҳфузанд мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.
Зимни мулоқот қайд гардид, ки бойгониҳои Апостолии Ватикан, ки ҳуҷҷатҳои бебаҳои марбут ба ҳукумати Калисои умумиҷаҳонӣ ва Китобхонаи Апостолии Ватикан, ки мероси бойю ғании китобҳои илмию санъатро маҳфуз медоранд, ба ихтиёри олимону муҳаққиқони тоҷик гузошта, барои пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ва омӯзишро дар ин самт ба роҳ монанд.
Гуфта шуд, ки Бойгонии Апостолии Ватикан ва Китобхонаи апостолии Ватикан дар доираи ин ёддошти тафоҳум саъй хоҳанд кард, ки ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди лоиҳаи таҳқиқотӣ кумак расонида, ҳамзамон дар таълифи силсилаи китобҳои “Мероси фарҳангии Хуросони бузург”, ки ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад, саҳми худро хоҳанд гузошт.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо дар доираи ин созишнома барои пешбурди корҳои илмию таҳқиқотии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Бойгонии апостолии Ватикан ва Китобхонаи Апостолии Ватикан ба мувофиқа омаданд.
