Skip to main content

21 майи соли равон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта бо иштироки раёсат ва олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳраки академӣ баргузор гардид.

Дар оғоз ҳайати олимону кормандон, магистрантону докторантониPhD ба хотири арҷ гузоштан ба сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шиору овезаҳои ватандӯстона роҳпаймоии осоишта баргузор намуданд. Дар роҳпаймоӣ имрӯза олимону кормандон тарафдорӣ аз сиёсати оқилона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, дар сафи пеш бо бардоштани расми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳпаймоии осоишта ҳусни оғоз бахшиданд.

Ҳамзамонолимони ҷавон, ки ҳамчун меросбарон ва муаррификунандаи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошанд ба хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти милливу ҳифзи арзишҳои давлатӣ бо бардоштани Парчами ҳаҷмаш32 метр дар чорабинӣ саҳми назарраси худро гузоштанд. Инчунин, гулдухтарони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба хотири эҳёи фарҳанги милливу либосҳои миллии тоҷикона, дар роҳпаймоии осоишта бо пушидани либосҳои миллии тоҷикона ба ҳусни чорабинӣ таровати дигар бахшиданд. Сипас дар саҳни бинои Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ чорабинӣ бо сухани муқаддимавии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ ёфт.

Дар суханронии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт тамоми олимони ҷавон ва ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, зимнан дар суханронии хеш аз сиёсати ҷавонпарварона ва дастгриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар гардид. Таъкид шуд, ки дар ҷомеаимуосир нақш ва манзалати ҷавонони фаъол, донишманду хештаншинос бағоят муҳим буда, пешрафт ташакул ва муаррифии имкониятҳои зеҳнии ҷомеаро бидуни онҳо тассавур кардан ғайриимкон аст. Рисолати шумо низ ҷавонони азиз аз он иборат аст, ки кору фаъолияти созандаи фарзандони баруманди миллати тоҷикро, ки имрӯз дар хизмати халқу диёранд шарафмандона идома диҳем.

Дар идома намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, тамоми ҷавонони кишварро ба ин муносибат самимона табрик намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ як қатор устодону кормандон ва олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ҳузурдошта қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамзамон аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Раиси Кумитаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ бо «Ифтихорнома» - и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.