Skip to main content

(дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ рӯзи 30-уми августи соли 2025 ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ)

Таълим ва тарбия ҳамчун рукнҳои асосии рушди ҷомеа аз қадимулайём дар маркази таваҷҷуҳи инсоният қарор доштанд. Дар тамаддуни тоҷикон аз замони Рӯдакӣ то давраи Ибни Сино, Саъдӣ ва Кошифӣ мақоми устод ҳамчун ҳидоятгар ва парварандаи ақлу ахлоқ бо эҳтироми хос таҷассум ёфтааст. Дар замони муосир низ, ки ҷаҳонишавӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва тағйироти иҷтимоӣ босуръат густариш меёбанд, аҳаммияти таълим ва тарбия бо эҳтиром ба устод боз ҳам бештар мегардад.

Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таълиму тарбия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки: “Масъалаи таълиму тарбия марбут ба имрӯзу ояндаи ҳар яки мост. Аз ин рӯ, дар таълиму тарбияи насли наврас бояд заррае ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем, серталаб бошем ва нисбат ба тақдири ояндаи фарзандонамон бо камоли масъулият муносибат намоем. Аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва умуман тамоми ҷомеа якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд кӯшиш намоянд, ки ҷинояткорӣ ва ҳама гуна қонуншиканиҳо дар байни наврасону ҷавонон пешгирӣ карда шавад. Мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро тарбияи дуруст диҳем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем, ба фарзандони худ барои омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шароити беҳтарин муҳайё созем ва ҳамеша дар фикри он бошем, ки фарзандони мо дар зиндагии ояндаи хеш азият накашанд.”

Ба андешаи мо, таълим ва тарбия имрӯз танҳо ба омӯзиши донишҳои фаннӣ маҳдуд намешавад, балки ба ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва ахлоқии насли нав нигаронида шудааст. Ҷомеаи пешрафта аз мактабу донишгоҳ танҳо мутахассиси касбӣ талаб намекунад, балки инсони дорои ахлоқи нек, масъулияти иҷтимоӣ ва тафаккури созандаро интизор аст.

Устод дар замони муосир ҳамоно меъёри маърифат, ахлоқ ва тарбия мебошад. Ӯ на танҳо дониши фаннӣ меомӯзонад, балки бо хислат, рафтор ва муносибати худ ба хонанда намунаи ибрат мегардад. Аз ин рӯ, эҳтироми устод на танҳо як арзиши анъанавӣ, балки зарурати иҷтимоиву ахлоқии ҷомеаи имрӯзист.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки: “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад.”

Дар суханронии худ Пешвои миллат ҳамчун нишонаи эҳтиром ба омӯзгорон қайд намуданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор" аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ шуда, барои баррасӣ ба парламент пешниҳод карда шудааст.

Эҳтиром ба устод – пайванди суннат ва замонавият. Дар фарҳанги тоҷикон устод «падари маънавӣ» шуморида мешавад. Бо вуҷуди тағйироти муосир ва таъсири фарҳангҳои хориҷӣ, эҳтироми устод набояд коста гардад, зеро ин меъёри маънавӣ заминаи пойдории фарҳанг ва давлатдорист.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дониш – ин омилест барои рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар кишвар, инчунин манбаи муваффақият ва зиндагии осудаи ҳар як инсон мебошад ва маҳз таҳсилоти олӣ метавонад ҷомеаро ба кадрҳои масъул ва бо диди васеъ таъмин намояд.

Яке аз масъалаҳое, ки Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватнома» ба он бештар диққат додааст, ин муносибати устоду шогирд ё ба тарзи дигар дигар гӯем, рафтори байни омӯзгору талаба мебошад, ки дар шароити имрӯза ҳам андешаҳои нависанда басо арзишманданд. Нахуст «Дар баёни устод ва шароити он» мақому манзалати омӯзгорро ба ёд меорад ва ба шогирдон ва толибилмон хитоб карда чунин мегӯяд: «Бидон, ки ҳеҷ коре бе устод муяссар намешавад ҳар кӣ бе устод коре кунад, бебунёд бошад. Аз шоҳи вилоят манқул (ишорат) аст, ки агар касе ба мартабаи кашф ва каромат расад ва корҳое аз ӯ дар вуҷуд ояд ва ӯро устоди дуруст набошад, аз ӯ ҳеҷ коре наёяд ва кори ӯ ҳеҷ чизро нашояд ва ин ҷо гуфтаанд:

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

Бинобар ин, ҳар кӣ хоҳад ба дараҷаи камол бирасад, бояд устод дошта бошад:

Ҳар кӣ бе устод кард оғози кор,

Кору бори ӯ надорад эътибор.

Домани устод гиру шод шав,

Муддате хизмат куну устод шав!

Ин ҷо нависанда ба шогирдон гӯшзад менамояд, ки хизмати устодро ба ҷо биёред, аз ӯ илму дониш омӯзед ва чун ба камол расидед, шумо ҳам устод мешавед ва соҳибном хоҳед гашт. Баъд нависанда хислатҳои устодро баён мекунад, ки ӯ кадом шарту шароитро бояд доро бошад. Якум, устод бояд покизамазҳаб бошад. Яъне дар роҳи хеш устувор бояд бошад. Дуюм, донишманд бошад ва аз илм ё фанни дарсмегуфтагиаш вукуфи комил дошта бошад. Сеюм, ахлоқи пок, рафтору кирдори накӯ дошта бошад, бо шогирдон муомилаи ҳасана карда тавонад. Чорум, ҳар хисоли арзишманде, ки дар ҳаққи футуввати ҷавонмардон арз кардем, бояд аз он бархурдор бошад. Муҳимаш он ки дар дил кинаю кудурат нисбат ба шогирд нагирад, ба онон баробар назар кунад.

Шогирд бояд чӣ гуна бошад? Ба назари нависанда шогирд бояд бо чунин сифатҳо ороста бошад: - назди устод бо камоли эътиқоду боварӣ ба хондан шурӯъ намояд; - ба устод содиқона хизмат кунад; - дилу забонаш рост, яъне як бошад; - њар чӣ устод гуфт, дар гӯш бигирад ва ҳар кор, ки фармуд, онро бояд содиқона сомон диҳад.

Шогирд ё талаба бояд дар назди устод чӣ гуна одоб дошта бошад?: -пеши устод (омӯзгор, муаллим) кам сухан гӯяд; - устодро эҳтиром кунад, ибтидо салом диҳад; - чун устод сухан гӯяд, хомӯш бошад ва бо камоли майлу хоҳиш ба гуфтори омӯзгор диққат диҳад; - агар суол дошта бошад, аз устод иҷозат пурсад; - дар назди устод (дар синфхона) бо касе гӯшакӣ ё сӯҳбат накунад; - эътироз ба гуфтори устод накунад; - дар назди устод ва волидайн ва калонсолон ҳамеша боодобу ботамиз бошад.

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,

Бинеҳ бар cap, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

Чунонки дидем, андешаҳои нависанда дар бораи вазифаҳои устоду шогирд имрӯз ҳам қимату арзиши худро гум накардаанд. Ҳар як хонанда бояд омӯзгорро ҳурмату эҳтиром кунад, зеро танҳо омӯзгор, муаллим дар дили шогирд шамъи илму донишро фурӯзон хоҳад кард, ӯро ба ростию покӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳидоят менамояд. Аз ин нигоҳ қадри устод дар назди шогирд басо баланд аст. Агар шогирд ба гуфтаҳои устод амал кунад, албатта, донишу камолоташ зиёд хоҳад шуд ва, ба гуфтаи адиб, адаб чизи муқаддас аст, адаб мисли тоҷ аст, ки аз нури Худованд чило медиҳад. Ана ҳамин тоҷро бар cap куну ҳар ҷо, ки хоҳӣ бирав! Бешубҳа обрӯву мақому манзалат хоҳӣ ёфт.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар одоби сухан гуфтан андешаҳои судманде гуфтааст. Аз љумла, «Бидон, ки шарафи одами ба нутқ (сухан) аст ва ҳар кӣ дар нутқ адаб риоят накунад, аз ин шараф бебаҳра бошад. Барон он ки нутқ ба савоб ояд ва илло хомӯшӣ беҳ аз он бувад».

Кошифӣ шаш мавриди сухан гуфтанро таъкид намудааст:

1. Дар ҳар ҷамъомад, ҳар маҷлис, ҳар нишаст ҳар фард мувофиқи ҳолаш, мақомаш, донишаш, дарку идрокаш бояд сухан гуяд: «Бо ӯ бо забони ӯ сухан бояд гуфт». Бо лутфу хушрафторӣ бо касон, бо дӯстон, бо рафиқон бояд сухан гуфт, на бо дағаливу дуруштӣ.

2. Дар вақти сухан гуфтан кас бояд кушодарӯй бошад. Сухане гӯяд, ки ба муроди дили шунаванда бошад, шунаванда малоли хотир нашавад, ғубори маломат ба дилаш наангезад.

3. Сухан бояд судбахшу бомағз бошад, инсонҳоро ба покиву ростӣ дар роҳи ҳақ ҳидоят намояд. То аз ӯ сухан напурсанд, сухан нагӯяд.

4. Дар вақти сухан гуфтан овоз баланд накунад. Дар вақти сухан гуфтан ба чапу рост назар наафканад. Яъне, ба ҳар тараф нанигарад.

5. Бо ғаразу киноя сухан нагӯяд. Аввал хуб андеша кунад ва пасон сухан гӯяд, то пушаймон нашавад.

6. Сухани гӯяндаро набурад. Чун суханашро ба охир расонид, он гоҳ лаб ба сухан кушояд. Сухан кӯтоҳу андак бояд гуфт. Сухан бисёр гуфтан хорӣ орад. «Бисёр гуфтан нишонаи андакақлӣ аст».

Ҳамин тавр, эҳтироми устод имрӯз метавонад бо шаклҳои нав – аз риояи интизом, масъулиятшиносӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгор то истифодаи дурусти технологияҳои таълимӣ ифода ёбад. Дар ҷомеаи муосир мушкилоте ба монанди паст шудани сатҳи ахлоқии ҷавонон, коҳиши нуфузи устод аз сабаби паҳншавии иттилооти интернетӣ ва рақобати бозори меҳнат мушоҳида мегардад.

Барои бартараф кардани ин мушкилот ба андешаи мо зарур аст, ки мақоми устод дар ҷомеа аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ боло бурда шавад, тарғиби арзишҳои миллии «эҳтиром ба устод» дар барномаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори умум тақвият ёбад, ҳамкории оила, мактаб ва ҷомеа дар масъалаи тарбия пурзӯр карда шавад.

Пешвои миллат ибрози ақида намуданд, ки: “...ин вазифаи инсонӣ ва қарзи имонии на танҳо аҳли маориф ва падару модарон, балки тамоми ҷомеа мебошад. Мактаб, оила ва ҷомеа – ин се неруи масъулу тавоно бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба хотири таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон дар ҳамбастагӣ ҷидду ҷаҳд намоянд.”

Хулоса, таълиму тарбия ва эҳтиром ба устод арзишҳоеанд, ки дар замони муосир низ на танҳо аҳаммияти худро аз даст надодаанд, балки дар шароити тағйироти ҷаҳонӣ боз ҳам муҳимтар гардидаанд. Пешрафти ҷомеа ва устувории давлат аз он вобаста аст, ки насли наврас бо дониш, ахлоқ ва эҳтироми амиқ ба устодон парвариш ёбад.

Дар фарҷоми суханронӣ Пешвои миллат мардуми Тоҷикистон, шаҳрвандону фарзандони Ватанро даъват ба он намуданд, ки барои ҷашни бошукӯҳи 35-умин солгарди истиқлол тамоми нерую заҳматро сарфи ободии диёр равона намоянд.

Бобоҷонзода И.Ҳ. – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва

ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз 30 августи соли 2025)

Илму маориф бо ҳам тавъам буда, дар тамоми тули таърихи инсоният дар робита бо якдигар ташаккул ва рушд ёфтаанд. Беҳуда нест, ки таълимгоҳҳои навъҳои гуногунро дар Шарқу Ғарб аз даврони бостон макони пайдоиши илм, нахустин ихтироъгоҳи техникаву технология ва заминаи кашфиёту бозёфтҳои муҳимтарини илмӣ донистаанд. Маориф бошад, дар навбати худ донишҳои илмиро аз насле ба насли дигар интиқол дода, онҳоро ҳифз кардааст ва дир хизмати инсоният ва рушди ҷомеаи инсонӣ қарор додааст. Аз ин рӯ, илму маориф бояд пайваста бо ҳамдигар дар робитаи устувор қарор дошта бошанд ва яке дигареро комил кунанд. Ин падида дар замони муосир аҳаммияти бузургтаре беш аз пеш пайдо мекунад, зеро чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз 30 августи соли 2025 қайд намуданд, ба даврони мо рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо, зеҳни сунъӣ хос буда, дар он «донишомӯзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст. Яъне асре, ки мо дар он кору зиндагӣ карда истодаем, асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин – замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад».

Бояд таъкид намуд, ки бо дарназардошти ташаккули ҷомеаи техногенӣ, дар даврони истиқлоли давлатӣ бо иқдомҳои Пешвои миллат ва роҳандозии сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳои зарурӣ барои рушди илму маориф, донишу донишандӯзӣ ва тақвияти робитаҳои илми академӣ бо муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот андешида шуда, дар ин самт нишондодҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Дар натиҷаи ин на танҳо рушди илми академӣ ва соҳаи маориф таъмин гардид, балки барои ҳамгироию воридшавии онҳо ба фазои байналмилалии илмию таҳсилотӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Муҳимтарин дастовард ва комёбии давлату миллати соҳибистиқлоли мо, чунонки Пешвои муаззами миллат дар суханрониашон хеле воқеъбинона ва хушбинона таъкид доштанд, ин аст, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ «насли наве, ки муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба ҳувияти миллӣ ва таваҷҷуҳ ба илму маърифат дар меҳвари шахсияташ қарор дорад, ба миён омад». Ҳама ин самараи заҳмату меҳнатҳои шабонарӯзии Сарвари давлат, фаъолияти содиқонаи аҳли илму маориф, падарону модарон ва аъзои пешоҳанги ҷомеа буда, дар саҳифаҳои таърихи миллат то абад боқӣ мемонад.

Бо вуҷуди пешрафту дастовардҳои муайян дар соҳаҳои илму маориф то кунун ҳам ҳалли масъалаҳои зиёде дар самти тақвияти робитаҳои илми академию донишгоҳӣ, олиму омӯзгор, мураббию муҳаққиқи ахлоқ у тарбия тақозо карда мешавад. Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз 30 августи соли 2025 дар назди олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон бо маќсади идомаи раванди мазкур якчанд вазифаҳоро гузоштанд, ки онҳоро метавон ҳамчун барномаи мухтасари тақвияти робитаҳои илму мариф барои ояндаи наздик ва дурнамои рушди ин соҳаҳои барои болобарии сатҳи маърифати ҷомеа калидӣ арзёбӣ намуд. Ин вазифаҳо, хусусан барои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, чунинад:

Аввалан, бештар муттаҳид кардани иқтидори зеҳнӣ дар кишвар ва мувоҷеҳ сохтани фаъолияти он ба самти соҳибмаърифату донишманд гардонидани наврасону ҷавонон. Тавре, ки дар мулоқот зикр гардид, дар қатори 131 ҳазор нафар омӯзгор, имрӯз дар ҷумҳурӣ шумораи зиёди олимон, аз ҷумла дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон анқариб 1,5 ҳазор муҳаққиқону ходимони илмӣ ҳамчун «неруи бузурги маънавӣ» ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ машгуланд. Ҷалб сохтани ин неру на танҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, балки ба тамоми зинаҳову шаклҳои дигари таҳсилот ба ҳайси устоду омӯзгор, роҳбари таҷрибаомӯзии таълимию илмӣ, мушовири илмӣ дар раванди таълифи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва амсоли он, аз як ҷониб, ба болоравии сифати таълим мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, ҳамчун омили пайвасткунандаи илму истеҳсолот, назария ва амалия, тақвиятдиҳандаи робитаи илми академию донишгоҳӣ ва муассисаҳои илмию таълимӣ ҷиҳати болобарии ҷаҳонбинии таълимгирандагон ва минбаъд, тамоми аъзои ҷомеа хизмати муассиреро ба иҷро мерасонад.

Дуюм, аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар якҷоягӣ бо Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш моҳ таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи барномаи давлатии омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ. Бояд таъкид намуд, ки сабабҳои асосии таҳияи чунин барнома бо норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, зарурати иҷрои чорабиниҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва омилҳои дигар вобастаанд Аммо дар баробари ин бояд ба эътибор гирифт, ки имрӯз дар кишварҳои пешрафта, масалан, тибқи стратегияи давлатии рушди маориф дар Ҷумҳурии Белорус, бо мақсади болобарии сатҳу сифати таълим ҳар чи бештар таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони соҳиби дипломҳои дараҷаи магистрӣ ва болотар аз он пешбинӣ гардидааст. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, дар лоиҳаи барномаи мазкур пешбинӣ намудани тақвияти мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти омода сохтани магистрҳо доир ба як қатор илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ ва тамоми илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таълим дода мешаванд, ба манфиати кор хоҳад буд.

Сеюм, дар ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо академияҳои соҳавӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар олимони соҳибтаҷриба аз нав таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ. Дар ин самт чунин талабот гузошта шудааст, ки китоби дарсӣ на танҳо бояд ба таълимгиранда донишҳои илмиро пешниҳод намояд, балки «андешаи ӯро бедор созад, дар ниҳоди хонанда ҷаҳонбинии дунявӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро ташаккул диҳад». Ҳамзамон бо ин, мо дар чунин ақидаем, ки дар лоиҳаи мазкур хусусияти китобҳои дарсии насли нав бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва педагогикаи миллӣ, методологияи таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, аз ҷумла принсипҳои умумию хусусӣ, вазифаҳои асосии китобҳои дарсӣ, талабот ба мазмун, муҳтаво ва сохтори китобҳои дарсӣ, талаботи дидактикӣ ва беҳдоштӣ ба онҳо, забони китобҳои дарсӣ ва аҳаммияти методологию мафкуравии он, гурӯҳбандии фанҳои таълимӣ ва махсусияти таълифи китобҳои дарсии насли нав аз рӯи самтҳои илм ва амсоли он ҳатман бояд ба эътибор гирифта шаванд.

Чорум, вазифаи хеле пурмасъулият, ки Сарвари давлат дар назди олимон дар самти тақвияти робитаи онҳо бо соҳаи маориф гузоштанд, ин аст, ки минбаъд «китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронида шаванд». Умеду эътимоди комил дорем, ки аз иҷрои ин масъулияти барои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ва умуман, барои соҳаҳои илму маориф ва ҳаёти маънавии ҷомеаи муосири мо сарнавиштсоз аҳли олимону муҳаққиқон ва ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарбаландона мебароянд. Барои ин амал дар ин боргоҳи илму маърифат неруи кофии зеҳнӣ, дастгоҳи муқтадири идорӣ ва аз ҳама муҳим, иродаву ихлоси содиқона ба давлату миллат ва ояндаи дурахшони он хизмат кардан мавҷуд аст.

Панҷум, ислоҳи вазъи бавуҷудомада дар иҷро нагардидани нақшаи қабул ба зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос дар солҳои охир аз ҷониби Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва академияҳои соҳавӣ. Дар ҳақиқат ҳам, чунин мушкилот дар қабули довталабон дар муассисаҳои болозикр мавҷуд буда, андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо мекунад. Аммо ин норасоӣ, аз ҷумла дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сабабҳои айнию зеҳнӣ, объективию субъективӣ дошта, муносибати комплексиро тақозо месозад. Барои мисол метавон гуфт, ки қатъи қабул ба магистратура дар баъзе ихтисосҳо аз ҷониби як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, махсусан ба ихтисосҳои фалсафӣ, омили камбудиҳо дар иҷрои нақшаи қабул ба Академияи миллии илмҳо дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос гардидааст. Аз ин рӯ, ҳалли ин мушкилот низ идомаи тақвияти робитаҳои илми академӣ ва соҳаи маорифро тақозо дорад.

Дар маҷмуъ, наздик сохтани илми академӣ ба истеҳсолот, назария ба амалия ва муассисаҳои илмӣ ба муассисаҳои таълимӣ яке аз роҳҳои калидии болобарии сифати таълиму тарбия дар кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз 30 августи соли 2025 таъкид доштанд, мо кормандони илмӣ низ бояд шахсан робитаҳоро бо соҳаи маориф тақвият бахшем ва дар радифи пешоҳангони дигари ҷомеа масъулияти онро ба дӯш гирем, ки «наврасону ҷавононро тарбияи дуруст диҳем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем, ба фарзандони худ барои омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шароити беҳтарин муҳайё созем ва ҳамеша дар фикри он бошем, ки фарзандони мо дар зиндагии ояндаи хеш азият накашанд».

Хуршед Зиёӣ доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов

(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ)

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илму техника, таҳияи китобҳои дарсии насли нав яке аз масъалаҳои калидии соҳаи маориф ва илми кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ санаи 30 августи соли 2025 такид намуданд, ки: “Яке аз масъалаҳои муҳимми зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар умум соҳаи маориф таълифи китобҳои дарсии насли нав мебошад. Китоби дарсӣ бояд хонандаро на фақат ба дараҷаи шинохти илм расонад, балки андешаи ӯро бедор созад, дар ниҳоди хонанда ҷаҳонбинии дунявӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро ташаккул диҳад. Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва Маркази тадқиқоти стратегӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби олимони соҳибтаҷриба Консепсияи таҳияи китобҳои дарсиро аз нав таҳия ва пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, зарур аст, ки китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронида шаванд. Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки корро дар ин самт тақвият бахшида, то охири соли равон эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимиро ба китобҳои дарсӣ пурра қонеъ намояд”.

Экспертизаи академии китобҳои дарсӣ раванди арзёбӣ ва таҳлили сифати китобҳои дарсӣ ва дигар адабиёти таълимӣ аз ҷониби мутахассисони соҳибихтисос, одатан олимони академия, бо мақсади таъмини мутобиқати онҳо ба стандартҳои давлатӣ, барномаҳои таълимӣ, дастовардҳои муосири илмӣ ва талаботи педагогӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин раванди муҳим дар асоси Қонуни ҶТ "Дар бораи адабиёти таълимӣ" (2014), Низомномаи намунавӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 майи 2015, №358) ва Қонуни ҶТ "Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" (2021) танзим карда мешавад. Инчунин, пешниҳоди Пешвои миллат дар бораи ташхиси ҳатмии китобҳои дарсӣ аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ба ин раванд марбут аст.
Экспертизаи академии китобҳои дарсӣ барои иҷрои ҳадафҳои зерин амалӣ карда мешавад:

1. Мутобиқат ба стандартҳо. Экспертизаи академӣ мувофиқати мундариҷаи китобҳои дарсиро ба стандартҳои давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимӣ ва талаботи муосири илмӣ месанҷад. Ин маънои онро дорад, ки китобҳо бояд ба талаботи Стратегияи миллии рушди маориф, стандартҳои Болоня ва тавсияҳои ЮНЕСКО ҷавобгӯ бошанд. Масалан, китобҳо бояд мундариҷаи бонизом дошта бошанд, ки ба нақшаи таълимӣ мувофиқат кунанд ва аз ҷониби мақомоти ваколатдор, ба монанди Вазорати маориф ва илм тасдиқ шаванд. Ин ҳадаф сифати таълимро баланд мебардорад ва мутобиқати китобҳоро бо талаботи расмӣ таъмин мекунад.

2. Сифати илмӣ. Экспертизаи академӣ дақиқии маълумоти илмӣ, истифодаи методҳои муосир ва инъикоси дастовардҳои охирини илмиро дар китобҳои дарсӣ санҷида, мувофиқати онҳоро ба таърифи "китоби дарсӣ" меомузад. Олимони АМИТ таҳлил менамоянд, ки маълумот дар китобҳо ба далелҳои илмӣ асос ёфтаанд ва ё не. Ин амал сифати таълимро беҳтар мекунад ва хонандагонро бо донишҳои муосир таъмин менамояд.

3. Мутобиқат ба синну сол. Экспертизаи академӣ мувофиқати мундариҷаи китобҳоро ба хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии хонандагон, донишҷӯён, магистрон ва докторони Ph.D арзёбӣ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки забон, сохтор ва мураккабии мавод бояд ба сатҳи фаҳмиши гурӯҳҳои мухталифи таълимгирандагон мувофиқ бошад. Масалан, барои хонандагони мактабҳои миёна мавод бояд фаҳмо ва бо мисолҳои амалӣ бошад, дар ҳоле ки барои докторони Ph.D маводҳои мураккаб ва таҳлилӣ лозиманд. Ин ҳадаф таълимро дастрас ва самаранок мегардонад.

4. Арзишҳои миллӣ ва дунявӣ. Экспертизаи академӣ инъикоси арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ ва ҷаҳонбинии дунявиро дар китобҳои дарсӣ таъмин мекунад, ки дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид мешавад. Ин талабот ба он равона шудааст, ки дар китобҳо бояд ба манфиатҳои давлатӣ, таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ арҷ гузошта шуда, ҳамзамон бо принсипҳои дунявӣ ва баробарии гендерӣ мувофиқ бошанд. Масалан, АМИТ бо ваколати ташхис метавонад мутобиқати китобро ба таҳлили баҳодиҳии ин арзишҳоро арёбӣ намояд.

5. Имконияти худомӯзӣ. Экспертизаи академӣ муҳтавои китобҳои дарсиро барои мусоидат ба омӯзиши мустақил баррасӣ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки китобҳо бояд машқҳо, вазифаҳои амалӣ ва супоришҳое дошта бошанд, ки хонандагонро ба тафаккури мустақил ва эҷодкорӣ водор созанд. Масалан, китобҳо бояд саволҳои танқидӣ, мисолҳои амалӣ ва манбаъҳои иловагиро дар бар гиранд, то хонандагон тавонанд мустақилона донишро аз худ кунанд. Ин ҳадаф ба тавсияҳои ЮНЕСКО мувофиқ аст.

6. Технологияҳои муосир. Дар шароити рақамикунонии маориф экспертизаи академӣ мутобиқати китобҳои дарсиро ба талаботи техникӣ ва методологӣ, бахусус барои адабиёти электронӣ арзёбӣ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки китобҳои рақамӣ бояд дар таҷҳизоти муосир (планшетҳо, компютерҳо) бенуқсон кор кунанд, дорои интерфейси муносиб ва мундариҷаи муназзам бошанд. Масалан, китобҳои электронӣ бояд ба талаботи иҷрошавандагӣ, мураттабӣ ва имконияти худомӯзии таълимгирандагон ҷавобгӯ бошанд. Инчунин, экспертизаи академӣ бояд ҳамгироии технологияҳои нав, ба монанди зеҳни сунъӣ ва платформаҳои таълимӣ, ки дар Чин ва Фаронса истифода мешаванд, ба назар гирад . Ин ҳадаф ба ислоҳоти маориф мувофиқ аст.

Мувофиқи моддаи 13-и Қонуни "Дар бораи адабиёти таълимӣ" ва банди 13-и Низомномаи намунавӣ, экспертиза метавонад касбӣ (аз ҷониби олимон ва мутахассисон) ва ҷамъиятӣ (бо иштироки омӯзгорон, падару модарон ва ҷомеа) бошад. Дар Тоҷикистон АМИТ мувофиқи моддаи 5-и Қонуни "Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" нақши калидӣ дар ташхиси илмӣ дорад.

Мувофиқи модаи 14 Қонуни "Дар бораи адабиёти таълимӣ" экспертиза сифати нашрияҳои таълимие, ки дар раванди таълим ба сифати адабиёти таълимии асосӣ истифода бурда мешаванд, дар асоси меъёрҳои зерин гузаронида мешавад: мутобиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф ва илм; мутобиқат ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот; мутобиқат ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ; риояи қоидаҳои имло; арзиши ғоявӣ доштан; мутобиқат ба анъанаҳои миллӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, муқаддасот ва арзишҳои миллӣ; сохтори комил доштан; фаҳмову даркшаванда будан; мутобиқат ба талаботи усули баёни маводи таълимӣ; мавҷудияти робитаи мутақобила бо фанҳои дигари таълимӣ; мутобиқат ба хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таълимгирандагон; имконпазирии инъикоси масъалаҳои баробарии гендерӣ; санҷиши натиҷаҳои таҷрибавӣ дар муассисаҳои таълимӣ.

Ҳангоми экспертизаи сифати адабиёти таълимии электронӣ меъёрҳои зерин низ ба назар гирифта мешаванд: иҷрошаванда будани ҳамаи ҷузъиёти барномаҳои компютерӣ, гузариш аз як барнома ба барномаи дигар, иқтибосҳо ва дигар амалҳое, ки барномаи компютерӣ пешбинӣ намудааст; бенуқсон кор кардани барномаи компютерӣ; амалӣ шудан дар ҳама навъи таҷҳизоти электронӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои адабиёти таълимии электронӣ пешбинӣ шудаанд; мураттабӣ ва сохтори муназзами маводи таълимӣ; имкониятҳои мустақилона кор кардани таълимгиранда. Мувофиқи Стандарти байнидавлатии ГОСТ 7.60-2003 «Низоми стандартҳои иттилоот, китобдорӣ ва нашриёт. Нашрияҳо.

Намудҳои асосӣ. Истилоҳот ва таърифҳо», ки аз ҷониби Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба стандартонӣ, метрология ва сертификатсия 22-юми майи соли 2003, №23 қабул гардидааст ва Тоҷикистон ба қабулаш овоз додааст, мафҳумҳои зерини адабиёти таълимӣ ва илмӣ пешбинӣ гардидаанд:

- Китоби дарсӣ – нашрияи таълимӣ, ки дарбаргирандаи муҳтавои бонизоми фанни таълимӣ, фаслҳову қисмҳои он мебошад, ки ба барномаи таълимӣ мувофиқ мекунад ва расман ҳамчун ин навъи нашрия тасдиқ шудааст.

- Воситаи таълимӣ – нашрияи таълимӣ, ки китоби дарсиро қисман ё пурра иваз мекунад ё ба сифати чунин навъи нашрия расман тасдиқ шудааст.

- Воситаи таълимӣ-методӣ – нашрияи таълимӣ, ки дорои маводҳо оид ба методологияи таълим, омӯзиши фанни таълимӣ, фасл, қисми он мебошад.

- Дастури таълимӣ – нашрияи таълимӣ, ки дорои маводҳо оид ба методикаи таълим, омӯзиши фаслу қисми фанни таълимӣ мебошад.

- Дастури амалӣ – нашрияи истеҳсолӣ-амалӣ, ки барои аз худ кардани дониш ва малакаи иҷрои кор пешбинӣ шудааст.

- Практикум – нашрияи таълимӣ, ки дорои вазифаҳои амалӣ ва машқҳое мебошад, ки ба азхудкунии маводи пешниҳодшуда мусоидат мекунанд.

- Барномаи таълимии фан (барномаи таълимӣ) – нашрияи таълимие, ки мундариҷа, ҳаҷм, инчунин тартиби омӯхтан ва таълими фанни таълимӣ, фасл ва қисмҳои онро муайян мекунад.

- Монография – нашри илмӣ ё илмии оммавӣ, ки омӯзиши пурра ва ҳамаҷонибаи як масъала ё мавзӯъро дар бар мегирад ва ба як ё якчанд муаллиф тааллуқ дорад.

- Диссертатсия – нашрияи илмии дар шакли кори илмии махсус омодагардида мебошад, ки хислати тахассусии илмӣ дорад ва барои ҳимояи оммавӣ ва гирифтани дараҷаи илмӣ омода карда шудааст.

- Автореферат – нашрияи илмӣ дар шакли брошюра омодагардида мебошад, ки дар он муҳтавои тадқиқоти муаллиф дарҷ гардида, барои гирифтани дараҷаи илмӣ пешниҳод шудааст.

- Мақолаи илмӣ (Scopus, Web of Science, тақризшавандаи КОА ҶТ, РИНС, конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, донишгоҳӣ) – нашрияи илмииест (асарест), ки натиҷаҳои асосии тадқиқотро, ки бо истифода аз методҳои илмӣ гузаронида мешавад, дар бар мегирад.

- Фишурдаи мақола (тезис) – нашрияи илмӣ дар шакли муқаррароти кутоҳи мантиқан бо ҳам алоқаманди мақола, ки далели он дар худи мақола оварда шудааст.

Ин мафҳумҳо асоси стандартизатсияи адабиёти таълимӣ ва илмиро дар Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ ташкил медиҳанд ва барои таъмини сифати китобҳои дарсӣ ва дигар нашрияҳо дар раванди таълим муҳиманд. Ин таърифҳо ба муайян кардани талабот ба мундариҷа, сохтор ва мақсади нашрияҳо мусоидат мекунанд, ки дар таҳияи китобҳои дарсии насли нав барои Тоҷикистон нақши муҳим доранд.

Дар кишварҳои Осиё, сиёсати таҳияи китобҳои дарсӣ аксар вақт бо ҳадафҳои рушди иқтисодӣ ва фарҳангӣ вобаста мебошад. Мувофиқи гузориши Бонки Осиёии Рушд дар бораи сиёсати китобҳои дарсӣ дар Осиё (2018), кишварҳо ба монанди Ҷопон, Чин ва Ҳиндустон низоми мукаммали тасдиқи китобҳои дарсиро доранд, ки дар онҳо ҳамкории байни ҳукумат ва нашриётҳои хусусӣ ҳукмфармост. Дар Ҷопон, мувофиқи қонунгузории соҳаи маориф, китобҳои дарсӣ аз ҷониби Вазорати маориф тасдиқ мешаванд ва ҳатман ба стандартҳои миллӣ мувофиқат мекунанд, ки ба ташаккули ҳувияти миллӣ мусоидат менамояд. Дар Чин, низоми марказонидашуда бо назардошти арзишҳои сиёсӣ ва рушди илмӣ амал мекунад, ва дар соли 2025 рақамикунонии китобҳо бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ афзудааст. Дар Ҳиндустон, мувофиқи "Қонуни ҳуқуқ ба таҳсилот" (2009), китобҳои дарсӣ аз экспертизаи мутахассисон мегузаранд ва ба гуногунии фарҳангӣ эҳтиром мегузоранд, ки ин дар соли 2025 бо самти баинобатгирии гендер ва ТИК такмил ёфтааст. Ин таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар Осиё таҳияи китобҳои дарсӣ бо ҳадафҳои миллӣ ва иқтисодӣ ҳамоҳанг аст ва метавонад барои Тоҷикистон намунаи муфид бошад, хусусан дар тақвияти арзишҳои миллӣ ва дунявӣ дар китобҳои дарсӣ.

Дар Аврупо, қонунгузории маориф ба принсипҳои ҳуқуқи инсон ва ҳамгироии аврупоӣ такя мекунад. Мувофиқи гузоришҳои Иттиҳоди Аврупо, дар кишварҳо ба монанди Олмон, Фаронса ва Британияи Кабир низоми таҳияи китобҳои дарсӣ марказонидашуда аст, аммо бо иштироки мутахассисони мустақил амалӣ меградад. Дар Фаронса, мувофиқи Кодекси маориф, Вазорати маориф барномаҳои миллӣ ва мундариҷаи китобҳоро муайян мекунад ва китобҳо пеш аз нашр аз экспертизаи академӣ мегузаранд, ки ба ташаккули ҷаҳонбинии дунявӣ ва шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Дар Олмон, қонунҳои федералӣ талаб мекунанд, ки китобҳои дарсӣ ба стандартҳои иёлотҳо мувофиқ бошанд, ва экспертиза аз ҷониби муассисаҳои илмӣ анҷом дода мешавад. Дар Британияи Кабир, мувофиқи Қонуни маориф (1988), китобҳо бо назардошти барномаҳои миллӣ таҳия мешаванд ва ба бедор кардани андешаи танқидӣ диққат медиҳанд. Таҷрибаҳои аврупоӣ нишон медиҳанд, ки ҳамкории байни ҳукумат ва академия амали калидӣ дар баланд бардоштани сифати китобҳои дарсӣ аст, ки ин барои Тоҷикистон метавонад ҳамчун асос барои такмили консепсияи таҳия хидмат кунад.

Дар кишварҳои Амрико низоми таҳияи китобҳои дарсӣ аксар вақт ғайримарказонидашуда аст. Дар ИМА мувофиқи тадқиқотҳои илмӣ иёлотҳо масъули тасдиқи китобҳо ҳастанд ва комиссияҳои махсус рӯйхати китобҳои тасдиқшударо таҳия мекунанд. Масалан, дар Калифорния ва Техас қонунҳо талаб мекунанд, ки китобҳо ба стандартҳои миллӣ ва маҳаллӣ мувофиқат кунанд ва экспертиза аз ҷониби мутахассисони илмӣ анҷом дода мешавад. Дар соли 2025, ИМА ба рақамикунонӣ ва ҳассосияти гендерӣ дар китобҳои дарсӣ диққат додааст. Дар Канада, қонуни маориф дар сатҳи музофотҳо амал мекунанд ва китобҳо бо назардошти гуногунии фарҳангӣ таҳия мешаванд. Дар Бразилия, мувофиқи Қонуни маориф (1996) Вазорати маориф низоми тасдиқи миллиро идора мекунад, ки ба паҳнкунии одилонаи китобҳо мусоидат менамояд. Ин таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар Америка диққат ба сифат ва дастрасӣ дода мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адабиёти таълимӣ" (аз 26 июли соли 2014 №1122) ҳамчун асоси ҳуқуқӣ барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти таҳия, нашр ва паҳнкунии адабиёти таълимӣ хидмат мекунад. Ин қонун ба Конститутсияи Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ асос ёфта, мафҳумҳои асосиро муайян мекунад, ба монанди адабиёти таълимӣ, асосӣ ва иловагӣ, электронӣ ва ғайра, ки бо таърифҳои ГОСТ 7.60-2003 (масалан, китоби дарсӣ, воситаи таълимӣ-методӣ) мувофиқат мекунанд. Қонун принсипҳои сиёсати давлатиро муайян мекунад, аз ҷумла мутобиқат ба стандартҳои таҳсилот, дастрасии озод, озмунҳои кушод ва кафолати пардохт барои таҳия. Инҳо ба ҳадафҳои рушди маориф мувофиқанд ва ба таҷрибаҳои аврупоӣ, ба монанди Фаронса, монанданд, ки экспертизаи ҳатмиро талаб мекунанд. Аммо, дар Тоҷикистон диққати бештар ба арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ дода мешавад, ки бо таҷрибаҳои осиёӣ (Чин, Ҷопон) ҳамоҳанг аст.

Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 майи 2015, №358) ҳамчун санадҳои зерқонунӣ ба Қонуни "Дар бораи адабиёти таълимӣ" асос ёфта, тартиби амалии таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимиро муайян мекунад. Низомнома тартиби тартиб додани Нақшаи нашр аз ҷониби Вазорати маориф ва илм (ВМИ)-ро муайян мекунад, ки ба Нақшаи таълимӣ ва эҳтиёҷоти муассисаҳо асос ёфтааст. Озмунҳо барои таҳияи барномаҳо ва китобҳои нав эълон мешаванд, ва мазмуни адабиёт бояд ба синну сол, дастовардҳои илмӣ ва принсипҳои дидактикӣ мувофиқ бошад. Ин низоми марказонидашуда ба моделҳои Чин ва Фаронса монанд аст. Экспертиза бо иштироки гурӯҳҳои ҳамоҳангсоз, Шӯрои миллии таҳсилот ва мушовараи Вазорати маориф ва илм амалӣ мегардад. Меъёрҳо мутобиқат ба стандартҳо, арзишҳои миллӣ ва имконияти худомӯзиро дар бар мегиранд ва тағйиротҳои 2023 иштироки омӯзгоронро дар гурӯҳҳо афзудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" (аз 20 апрели 2021, №1780) асосҳои ҳуқуқии ташкил, фаъолият ва идоракунии АМИТ-ро муайян мекунад. АМИТ муассисаи олии илмӣ аст, ки ба Президенти ҶТ тобеъ аст. Мувофиқи моддаи 5 вазифаҳои АМИТ таҳияи сиёсати илмӣ, омӯзиши масъалаҳои муҳимми иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ташхиси барномаҳо ва лоиҳаҳо, омодасозии кадрҳо, тарғиби донишҳо ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошанд. Ин ваколатҳо ба АМИТ дар ташхиси нашрияҳои илмӣ ва таълимӣ нақши калидӣ додааст.

Пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташхиси ҳатмии китобҳои дарсӣ пеш аз нашр аз ҷониби олимони АМИТ саривақтӣ аст, чунки экспертизаи академии китобҳои дарсӣ дар вобастагии ислоҳоти маориф, аз ҷумла рақамикунонии таълим ва татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030 оид ба баланд бардоштани сифати китобҳои дарсӣ, тақвияти арзишҳои ватандӯстӣ ва устувории асосҳои илмӣю таълимӣ мусоидат менамояд. Экспертизаи академии китобҳои дарсӣ дар Тоҷикистон як раванди муҳим барои таъмини сифати таълим аст, ки бо стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ мувофиқат мекунад. АМИТ метавонад ин равандро бо ташхиси дақиқ ва ҳамоҳангсозӣ такмил диҳад, то китобҳои дарсӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ бошанд. Тағйиротҳои таълимӣ (STEM, англисӣ, рақамӣ) сифати китобҳоро талаб мекунад ва АМИТ метавонад ҳамоҳангиро бо илми муосир, арзишҳои миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ (Болоня, ЮНЕСКО) таъмин кунад.

ДОНИЁР САНГИНЗОДА - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

ШИРИН ҚУРБОНОВА - сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих.

Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаи таҳсилоти миёна ва ё олии касбии кишвар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор мегардад. ки он ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Рӯзи дониш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи бузургдошти илму маърифату дониш истиқбол гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҳазорон нафар наврасону ҷавонон ба остонаи боргоҳҳои илму маърифат қадам мегузоранд ва дар дарси нахустин оид ба моҳияти илму дониш ва аҳамияти сулҳу субот маълумот гирифта, ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарғиби сулҳу субот даъват мешаванд. Дар арафаи соли нави таҳсил бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосиру ҷавобгӯи талабот бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, то насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Имрӯз, 30 август Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд. Дарси Сулҳ, ки ҳусни оғози соли нави таҳсил аст, дар таълимгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд ва ҳамбаста бо ифтихору ҳувияти миллӣ баргузор шуд. Дар ин дарс ба шогирдон дар хусуси моҳияту аҳамияти сулҳ, марҳалаҳои расидани халқи тоҷик ба сулҳи комил, фидокориҳои Пешвои миллат баҳри тантанаи сулҳ ва масъулияти ҳамагонӣ дар посдории сулҳу ваҳдат ба таври муассир нақл карда мешавад.

Вобаста ба дастуру ҳидоятҳои навбатии Сарвари мамалакат андешаронӣ намуда, қайд менамоем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Рӯзи дониш, Дарси сулҳ пайваста аз дастоварду пешравиҳо, натиҷаҳои ислоҳоту навсозӣ, татбиқи консепсияву барномаҳои давлатӣ, сатҳи донишу малакаи донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, мушкилоти дар низоми иҷтимоии аҳолӣ мавҷуда ва нисбат ба бурду бохти соҳаи илму маориф ҳамчун самти ояндасози давлат ва ҳалли масъалаҳои соҳа ёдовар шуда, насли ҷавонро ба илмомӯзӣ ва омӯзгоронро ба тарбияи дурусти насли ҷавону наврас ҳидоят намуданд. Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аҳамияти бо Дарси сулҳ оғоз намудани соли таҳсил андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мегардад.

Пешвои маорифпарвари миллат иброз доштанд, донишҷӯён ба омӯзгорону ва хонандагони бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё карда шудаанд, бо сатҳи баланди масъулият, саводу маърифат, хониши намунавӣ ва одобу ахлоқ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд. Ба таъкиди Сарвари давлат ҳар коре, ки Ҳукумати кишвар ба анҷом мерасонад, фақат ба хотири имрӯзу фардои босаодати насли оянда мебошад. Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон озмуни «Шоҳномахонӣ» гузаронида мешавад. Барои баргузории озмуни мазкур Пешвои миллат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон Сарвари давлат дастур доданд, ки ин озмун дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибон бо ҷоизаву мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ карда шаванд. Инчунин, дастур дода шуд, ки мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии хеш иброз доштанд, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бо маром идома дорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст. Дар ин давра, илова ба хароҷот аз буҷети давлат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз 11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 202 ба 8 миллиарду 431 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,8 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд. Таъкид гардид, ки рушди соҳаи маориф дар давраи соҳибистиқлолӣ низоми босуботи маориф ба вуҷуд омада, насли бомаърифат, хештаншинос ва ватандӯст ба камол расид.

Дар баробари ин, қайд карда шуд, ки имрӯз аз кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар фаъолияти боз ҳам бештару масъулона ва дигаргуниҳои куллиро талаб менамояд. Дар иртибот ба ин, қайд намуданд, ки ҳалли ин масъала на танҳо ба маблағгузории соҳа, балки ба сатҳи масъулиятшиносӣ, савияи донишу касбияти баланд, нангу номус, ҳисси миллӣ, иродаву виҷдон ва эҳсоси ватандӯстии роҳбарону кормандони соҳаи илму маориф, олимону омӯзгорон, аҳли зиё, падару модарон ва фаъолони ҷомеа иртиботи мустақим дорад.

Барои табъу нашр ва китобҳои дарсӣ ба олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар устодон супориш доданд, ки аз нав китобҳоро таҳлил намоянд. Пас аз тайёр намудани китобҳои дарсӣ олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муваззаф бар он ҳастанд, ки ин китобҳоро таҳлил намоянд. Имруз боиси ифтихор ва шарафмандии тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ки аз тарафи маҷмааи байналмиллалии Созмони миллали муттаҳид то кунун 6 пешниҳоди пешвои тамоми тоҷикони рӯйи дунё қабул гардидааст.

Дар фарҷоми андешаи хеш бояд қайд кард, ки бо ғамхорию тадбирҷӯӣ ва роҳнамоию дастгирии ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф марҳала ба марҳала пеш меравад, мақоми омӯзгор меафзояд, музди кори кормандони соҳа зиёд мешавад ва ба онҳо имтиёзҳои бештар муқаррар мегардад, ислоҳоти соҳаи маориф боз ҳам вусъат меёбад. Ҷавобан ба ғамхории ҳамешагӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли маорифи кишвар имсол низ соли нави таҳсилро бо омодагии комил, азму иродаи қавӣ ва бо шукргузорӣ аз Истиқлолу Ваҳдати миллӣ истиқбол гирифтанд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳову дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавонон ва олимону омӯзгорон бояд ба тарбияи насли наврас муваззаф шуда, сидқан дар пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем ва дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир ба бозори ҷаҳониро фароҳам орем. Чи хеле ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон гаштаву баргашта таъкид бар он мекунанд, ки ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст, ояндаи миллат маҳз аз ҷавонон вобастагӣ дорад. Ин ҳама ки Пешвои миллат дар паёмҳояшон ишора ба ҷавонон мекунанд ин бесабаб нест, ба он хотир ки ҷавонон ҳисси ватандӯстиашон, меҳру муҳабат нисбати Ватан зиёд шавад ва барои пешрафти ватани азизи худ ҳамаҷиҳата дар тамони намуди соҳаҳо саъю кушиш. Талош ва ҳаракат карда саҳмгузор бошанд.

Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам,

Ками худро нагӯям кам, ватан дорам, ватан дорам.

Агарчи кулбаам одист, вале дил маскани шодист,

Фараҳ хезад маро аз ғам, ватан дорам, ватан дорам.

Хасисон низ мебахшанд баҳри ҳифзи меҳан ҷон,

Ватан касро кунад ҳотам, ватан дорам, ватан дорам...

Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам,

Садоям бишнавад олам, ватан дорам, ватан дорам.

Муҳаммад Ғоиб, Шоири Халқии Тоҷикистон.

Номзади илмҳои техникӣ, ходими пешбари озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”, Котиби илмии Институти кимиёи

ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои тоҷикистон Худойбердизода Саидмири Убайдулло

РАВШАНИ ЗИНДАГӢ

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола «Рӯзи дониш» ҳамчун иди илму маърифат ва дониш таљлил карда мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки дар ҷаҳони муосир илм ва дониш ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии пешрафти ҷомеа аҳаммияти бештар пайдо мекунанд. Эҳтироми бузурги давлату Ҳукумат ба сулҳу субот, суботи сиёсии ҷомеа, мақоми илму маориф, меҳнати пурмашаққати омӯзгорон ва талошҳои хонандагону мактаббачагон - насли ояндаи миллат, шаҳодати равшани ин гуфтаҳо мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибитикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити таълим ба хонандагону донишҷӯён шароит фароҳам оварда шуда, дар тамоми гӯшаҳои мамлакат садҳо муассисаҳои илмӣ ва мактабҳо бо китобхонаҳои электронӣ ва шароити мусоид барои таҳсил таъсис дода мешавад. Дар арафаи Рўзи дониш ба фаъолият шурӯъ намудани Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон далели гуфтаҳои боло мебошад.

Таъсиси чунин як маркази таълимӣ барои таъмини идоракунии самтҳои мухталиф, ҳамгироии самтҳои гуногуни фаъолият ва муосирсозии раванди таълим дар донишгоҳи мазкур нақши муҳим хоҳад гузошт.

Арзиши дониш ва нақши он дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим арзёбї гардида, дониш заминаи асосии рушд, пешрафт ва зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир махзани илму маърифат ва технология калиди муваффақияти шахс ва давлат ба шумор рафта, дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба фармудаҳои бузургони миллати тоҷик, донишро ҳамчун «қутбнамои зиндагӣ», «чароғи равшан», «ҷавшани тан», «парчами зафармандӣ» ва «устоди беминнат» арзёбӣ намуданд.

Маориф ва сулҳ - ду пояи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, сулҳ ва ваҳдати миллӣ асоси ҳаёти осоишта ва шарти пешрафти ҳама соҳаҳо, бахусус илм ва маориф мебошад. Тарбияи насли наврас дар руҳияи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандӯстӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Талқини маърифати сулҳпарварӣ аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасон ва ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба сулҳу суботи кишвар, илму маориф ва ватани аҷдодӣ тарбия менамояд.

Ҷустуҷӯи роҳҳои такмили сифати таҳсилот, таъсиси стандартҳои нав, таҷдиди Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ бо ҷалби олимони соҳибтахассус амри зарурӣ шуморида шуда, дар ин замина яке аз масъалаҳои муҳими зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар умум соҳаи маориф таълифи китобҳои дарсии насли нав арзёбӣ мегардад.

Дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳияи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронидани онҳо, масъулияти олимони соҳаро боз ҳам дучанд гардонида, заҳмату талошҳои бештарро дар ин самт тақозо менамояд.

Қадамзода Дилшод Саттор - директори Институти зоология ва

паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ

Зимни иштирок дар вохӯрии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф бахшида ба Рӯзи дониш, ман, шахсан барои худ чанд масъалаи муҳимро бардоштам. Суханронии Пешвои миллат дар бораи зарурати зиёд намудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҷумҳурӣ басо муҳим арзёбӣ гардид, зеро ин иқдом метавонад барои рушди касбомӯзии ҷавонон такони ҷиддӣ бахшад.

Имрӯзҳо шоҳид ҳастем, ки дар бисёре аз донишгоҳҳои кишвар барои ихтисосманд намудани ҷавонон ба омӯзиши касб таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Яъне, касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ метавонад мушкилоти мавҷударо тадриҷан бартараф намояд.

Дар бархе аз ташкилотҳои кишварҳои аврупоӣ истилоҳи "корманди соҳибтахассус" истифода мешавад, ки мувофиқи дараҷаи касбӣ, на танҳо бо такя ба ихтисосе, ки дар донишгоҳ ё донишкада гирифтааст, балки дар заминаи донишҳои аз илмҳои ҳамҷавори соҳа андӯхтааш, шахсро ба кор қабул мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки дар донишгоҳҳо, илова бар омӯзиши фанҳо аз рӯи ихтисоси интихобкардаи донишҷӯ, роҳандозии таълими касбомӯзӣ низ метавонад ҷавононро дар бозори меҳнат рақобатпазир гардонад.

Масъалаи дигаре, ки Пешвои миллат ишора намуданд, ин гузариш ба таҳсили 12-солаи мактабҳои миёна мебошад. Чунин таҷриба дар бисёр давлатҳои мутараққӣ ҷорӣ шудааст. Имрӯз мо аз забони баъзе падару модарон мешунавем, ки фарзандони онҳо дар синни 6-солагӣ қобилияти хондан ва навиштанро доранд. Бинобар ин, волидон мехоҳанд чунин кӯдаконро аз синни 6-солагӣ ба мактаб равона созанд, аммо санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ чунин пешниҳодро иҷозат намедиҳанд.

Дар ин замина, аксар кӯдакон дар баробари таҳсил дар боғчаҳо ба омодагӣ ба синфи якум машғул мешаванд, ки онро “синфи омодагӣ” (ё «нулевой класс») меноманд. Ин нишон медиҳад, ки қобилияти хондану навиштан дар кӯдакон дар синни 6-солагӣ ташаккул меёбад. Имрӯзҳо талабот ба “синфи омодагӣ” рӯ ба афзоиш дорад. Аз ин рӯ, гузариш ба таҳсили 12-сола саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ мешавад. Зеро дар синни 7-солагӣ кӯдак аллакай хондану навиштанро ба таври пурра аз худ менамояд ва дар синфи ибтидоӣ тақрибан донишҳои аз боғча омӯхтаашро такрор мекунад.

Дар баробари ин, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба масъалаи омода намудани кадрҳо дар самти зеҳни сунъӣ ибрози назар намуданд, ки то ҳол шумораи мутахассисон дар ин соҳа кофӣ нест. Маврид ба зикр аст, ки ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» дар таърихи 25 июли соли 2025 бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид ва иқдоми мазкур мо, олимонро водор месозад, ки дар омода намудани мутахассисон ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешем. Маҳз бо мақсади татбиқи амалии ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки дар назди Академия Маркази зеҳни сунъиро таъсис диҳад ва дар ин замина роҳбарияти ин ниҳоди бонуфузи илмии ватанӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ гуфтушунидҳоро ба роҳ мондааст. Зеро таъсиси чунин марказҳо барои омода намудани мутахассисони баландихтисос мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи биноҳои нави Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи сайёҳӣ равона сохтанд. Дар воқеъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои бузург дошта, дар муқоиса ба дигар кишварҳои минтақа дорои нишондиҳандаи балантарин имконоти рушди сайёҳӣ ва захираҳои рекреатсионӣ мебошад. Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар ин замина, барои омода намудани кадрҳои соҳибунвони соҳаи сайёҳӣ, донишҷӯёни дараҷаи магистриро аз рӯйи ихтисоси «Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат» омода месозад. Раванди мазкур нишон медиҳад, ки талабот ба ихтисоси мазкур сол то сол меафзояд.

Рушди сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба яке аз самтҳои сердаромад мубаддал гардад, зеро бозори ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки соҳаи сайёҳӣ пас аз соҳаҳои нафт ва саноат дар ҷойи сеюм, вале аз лиҳози таъсироти мусбии экологӣ дар мақоми аввал қарор дорад. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун боргоҳи муҳимми илми ватанӣ барои пешбурди ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ҳамчунин, дар ҷараёни суханронии хеш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар заминаи донишкадаи сайёҳии донишгоҳи мазкур Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шавад. Бо таъсиси Академияи сайёҳӣ имкониятҳои васеъ барои пешбурди таҳқиқот дар соҳаи мазкур фароҳам гардида, шумораи донишҷӯёну унвонҷӯёни хориҷӣ низ афзоиш хоҳад ёфт.

Воқеан бо дастгирию пуштибонии ҳамешагии Пешвои миллат, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ шароити ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ муҳайё гардидааст. Аз ин рӯ, мо итминони комил дорем, ки бо ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат соҳаи сайёҳӣ дар оянда ба яке аз самтҳои сердаромади кишвар табдил хоҳад ёфт. Мо, олимон низ барои омода намудани мутахассисони соҳа тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳми арзандаи худро гузорем.

Ҳамвора ба ин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки китобҳои дарсӣ бояд пеш аз нашр аз санҷиши олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузаронида шаванд. Ин пешниҳоди Пешвои миллат оид ба санҷиши китобҳои дарсӣ пеш аз чоп далели эътимод ва нақши муҳим доштани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Мо, олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар баробари эътимоду боварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми кӯшиши худро ба он равона месозем, ки ба ин боварӣ сазовор бошем ва барои пешбурди соҳаи илми тоҷик содиқона хизмат намоем.

Муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат дар бораи мақому манзалати омӯзгор анедашаҳои арзишманд иброз намуда, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро нишонаи олии эҳтиром ва қадршиносии омӯзгор аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Бинобар ин, мо итминони комил дорем, ки Қонуни мазкур метавонад дар баробари боло бурдани шаъну шарафи омӯзгор, инчунин дар баланд бардоштани сифати таълими хонандагони кишвар такони ҷиддӣ бахшад.

Ҳамин тавр, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар анҷоми суханронии хеш, чун ҳамеша бо насиҳатҳои падарона иброз доштанд, ки ҳама якҷо пайваста заҳмат кашем ва обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Директори Институти масъалаҳои об,

гидроэнергетика ва экологияи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои техникӣ

Аминҷон Гулаҳмадзода

Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам!

Эмомалӣ Раҳмон

(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва дасри сулҳ )

Дар давраи начандон тӯлонӣ соҳаи иҷтимоии мамлакат, хусусан соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ рушд карда, таи зиёда аз се даҳсола беш аз 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо тамоми шароити ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шудааст. Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Дар соли 2024 шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти илму маорифро самтҳои афзалиятнок ҳисобида, ҷавонони бомаърифатро давомдиҳандаи наслҳои миллати тоҷик арзёбӣ намудаанд.

Маҳз самараи соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Ин ҳама пешравӣ дар кишвари мо таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоиро ба амал оварда, татбиқи омилҳои рақамикунонӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи маорифро замина гузошт.

Дар шароити муосир дар раванди таълим якчанд заминаҳои моддиву техникӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тадбирҳои муассир гузошта шуда, дар кишвар низоми рақамикунонии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Ин омили низоми идоракунӣ дар соҳаи маориф, барномаи иттилоотии «eDonish» буда, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 августи соли 2020, №409 “Дар бораи татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” тасдиқ гардидааст.

Ҳадафи асосии рақамикунонии соҳаи маорифи кишвар, ин баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, ки яке аз оимлҳои мусбати ин барнома, назорати волидайн тариқи рӯзномаи электронии хонанда огаҳӣ ёфтан мебошад. Инчунин, имкониятҳои барномаи «eDonish» ба хонандагон ва омӯзгорон барои беҳтар намудани шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда, тариқи ин барнома: ҷадвали дарсӣ дар шакли электронӣ, хабарнома аз омӯзгор, рӯзномаи электронии хонанда, мавзӯи дарс, вазифаи хонагӣ, баҳо ва ҳозиру ғоиби хонанда, пешрафти хонанда, муқоисаи хонандагон дар синф инчунин муқоисаи хонандагон дар мактаб аз тарафи волидайн ва ҳам аз тарафи омӯзгорон назорат карда мешавад.

Ҳадафи дигари рақамикунонии соҳаи маориф, ин муомилоти ҳуҷҷатҳо яъне истифодаи интиқолдиҳандаҳои иттилоотии коғазӣ коҳиш ёфта, ба ин васила нигоҳ доштан ва ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла буридани дарахтон сарфа карда мешавад. Инчунин, таъсири мусбии рақамикунонии соҳаи маориф дар он аст, ки маълумоти тарбиятгирандагон ва хонандагони тамоми муассисаҳо дар барномаи «eDonish» сабт гардида, бо ин усул мутахассисони соҳа метавонанд, вобаста ба савияи дониши толибилм, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ равона созанд.

Маҳз дастовардҳои мазкур дар соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, имрӯз дар кишвар 744 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 4037 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо шароити ба талаботи муосир ҷавобгӯ фаъолият намуда, ҳамаи муассисаҳо бо технологияҳои муосири замонавӣ ва бо китобхонаҳои электронӣ таъмин мебошад.

Ҳамин тариқ, низоми рақамикунонии соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, ба дастовардҳои назарраси иқтисодиёт мушарраф гардидааст. Инчунин, ин дастовардҳо ба ташаккули “ҳукумати электронӣ”, “энергияи сабз”, “иқтисоди сабз”, “иқтисоди рақамӣ”, ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ замина гузошта истодааст.

Сарчашмаҳо:

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 28.12.2024 https://president.tj

2. Рақамҳои оморӣ аз https://www.maorif.tj

Муҳаммадализода П.М. – н.и.и., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва дасри сулҳ )

Чароғи ақли инсон аст дониш,

Бақои илму ирфон аст дониш.

Туро ҳам раҳнамо, роҳатрасон аст,

Камоли умру имон аст дониш.

Дар ҷаҳони муосир, ки бо пешрафтҳои илмӣ-техникӣ ва тағйироти босуръат ҳамроҳ аст, дониш ҳамчун унсури асосӣ дар ташаккули ақли инсонӣ нақши муҳим мебозад. 1 сентябр, ки дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ҳамчун Рӯзи Дониш ҷашн гирифта мешавад, имкони хубест барои таъкид кардани аҳамияти дониш дар ҳаёти инсон. Ин рӯз на танҳо оғози соли нави таҳсил аст, балки рамзи ташаккули шахсият ва ақл аст.

Таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки дониш ва ақл бо ҳамдигар алоқаи зич доранд. Мувофиқи таърифҳо, дониш ҳамчун огоҳӣ аз далелҳо, шиносоӣ бо ҳолатҳо ва малакаҳои амалӣ маънидод мешавад. Дар ҳамин ҳол, ақл ҳамчун қобилияти омӯзиш, ҳалли мушкилот ва татбиқи донишҳо фаҳмида мешавад.

Дар таҳқиқотҳои психологӣ, аз ҷумла корҳои илмӣ дар бораи ҳикмат ва ақл гуфта мешавад, ки ақл ба ҳалли вазифаҳои ҳаётӣ равона шудааст, дар ҳоле ки дониш заминаи онро ташкил медиҳад. Масалан, дар мақолаҳои илмӣ дар бораи омӯзиши малакаҳо зикр шудааст, ки омӯзиш – ин раванди ҳосил кардани дониш аст, ки ба инсон имкон медиҳад, ки ба муҳити атроф мутобиқ шавад ва онро тағйир диҳад. Ҳамчунин, таҳқиқотҳо дар соҳаи неврологияи маърифатӣ нишон медиҳанд, ки дастрасӣ ба иттилоот ҳисси фаҳмишро афзун мегардонад ва ба ташаккули ақл мусоидат мекунад.

Дар асоси корҳои илмӣ дар бораи дониш ва ақл, муаллифон таъкид мекунанд, ки дониш ҳамчун сармояи ақлӣ амал мекунад, ки қобилияти қабули қарорҳо ва пешгӯиро беҳтар месозад. Инчунин, таҳқиқотҳо дар бораи ҳуммияти зеҳнӣ (intellectual humility) нишон медиҳанд, ки қобилияти ҳосил кардани дониши нав барои рушди ақл зарур аст. Дар маҷмӯъ, адабиётҳо тасдиқ мекунанд, ки бе дониш, ақл наметавонад пурра ташаккул ёбад.

Ҷавониро ба ҷуз дониш набахшӣ,

Бақои ақл бе хоҳиш набахшӣ.

Заковатро барои хеш фармо,

Ки бе илму амал созиш набахшӣ.

Дониш ҳамчун заминаи ақли инсонӣ амал мекунад, зеро он қобилиятҳои маърифатиро рушд медиҳад. Масалан, дар раванди таҳсил, кӯдакон на танҳо далелҳоро аз бар мекунанд, балки малакаҳои таҳлилӣ ва эҷодиро ҳосил мекунанд. Дар Тоҷикистон, ки таълим ҳамчун арзиши миллӣ эътироф шудааст, Рӯзи Дониш имконият медиҳад, ки ҷавононро ба омӯзиши доимӣ ҳавасманд кунем.

Аз нуқтаи назари илмӣ, дониш ҳаҷми хотираи дарозмуддатро афзун мегардонад, ки барои ҳалли мушкилоти мураккаб зарур аст. Дар замони зеҳни сунъӣ, аҳамияти дониш ҳанӯз ҳам баланд аст, чунки он ба инсон имкон медиҳад, ки иттилоотро таҳлил кунад ва қарорҳои мустақил қабул намояд. Масалан, дар таҳқиқотҳо гуфта мешавад, ки дониш қобилияти пешбинӣ ва маслиҳатдиҳиро тақвият медиҳад.

Инчунин, дониш тафаккури интиқодиро рушд медиҳад. Дар ҳаёти ҳаррӯза, шахсоне, ки дониши васеъ доранд, метавонанд мушкилотро аз нуқтаҳои гуногун дида бароянд ва натиҷаҳои нав ба даст оранд. Дар мисоли Тоҷикистон, омӯзиши илмҳои табиӣ ва гуманитарӣ ба ҷавонон кӯмак мекунад, ки ақли худро ташаккул диҳанд ва ба рушди ҷомеа саҳм гузоранд.

Ба ғайр аз ин, дониш ба мутобиқшавӣ мусоидат мекунад. Дар таҳқиқотҳои илмӣ, омӯзиш ҳамчун раванди мутобиқшавӣ ба муҳит тавсиф шудааст. Дар шароити Тоҷикистони муосир, ки бо тағйироти иқлимӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, дониш воситаи асосии мутобиқшавӣ аст.

Дар фарҷом қайд намудан муҳим аст, ки дониш ҳамчун замина ва ташаккулдиҳандаи ақли инсон нақши ҳалкунанда дорад. Дар Рӯзи Дониш, мо бояд ба омӯзиши доимӣ ҳавасмандӣ кунем, зеро он калиди рушди шахсӣ ва ҷомеа аст. Таҳқиқотҳо тасдиқ мекунанд, ки бе дониш, ақл наметавонад пурра рушд кунад.

Одамиро илму дониш зебу фар,

Зарфи холӣ мекунад гӯши ту кар.

Ҳар ки донишвар бувад, ӯ қодир аст,

Обрӯи ӯ бувад илму ҳунар.

Шарифзода Сурайё – сармутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони

Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар назди Раёсати АМИТ

(Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ)

123Ҳамасола дар Рӯзи дониш мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илму маорифи мамлакат доир мегардад, ки фурсати хубе барои масъалагузорӣ ҷиҳати тақвияти илму маорифи мамлакат мебошад. Як василаи хуби ҳалли мушкилоти соҳа ва муайяннамои дурнамои маорифи мамлакат ҳамчун соҳаи калидӣ маҳз дар ин рӯз мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Иштироки бевоситаи Пешвои миллат ва суханронӣ дар доираи Рӯзи дониш як такони ҷиддиест, ки метавонад мушкилотҳои зиёдеро ҳаллу фасл намояд.

Суханронии Пешвои миллат ҳама самтҳои соҳаро фаро гирифта, аз дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф ва мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа ёдовар гардид. Мусаллам аст, ки дар рушди соҳаи маориф Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир дар даврони Истиқлол ноил гардид. Чуноне ки иброз гардид: "дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд. Ҳамзамон, тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст."

Нишондодҳои зикршуда саъю талоши бесобиқаи роҳбарияти олии мамлакатро нишон медиҳад, ки боиси хушнудии ҳар шаҳрванди мамлакат ва баракати Истиқлол аст.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва саривақтие ки Пешвои муаззами миллат таваҷҷӯҳ намуданд ин рушди педагогикаи миллӣ дар ҳамбастагӣ бо технологияи муосири таълимӣ мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: "Имрӯз замоне фаро расидааст, ки мо педагогикаи миллии худро бо истифода аз дастоварду навгониҳои замони муосир ташаккул диҳем ва анҷом додани ин кор, пеш аз ҳама, вазифаи олимони соҳаи педагогика мебошад".

Воқеан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илм ва технология, масъалаи ташаккули педагогикаи миллӣ бо истифода аз дастовардҳои замони муосир беш аз ҳарвақта аҳамияти муҳим пайдо дорад. Таъкиди Пешвои муаззами миллат низ маҳз аз ин тақозои замон бармеояд.

Педагогикаи миллии мо бояд асоси фарҳангӣ, арзишҳо ва забони миллӣ бошад. Ҳамзамон бо риояи меъёрҳои муосири таълимӣ ҳамоҳангӣ пайдо кунад. Ба ин васила, насли наврас на танҳо дониши мукаммал мегирад, балки дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва меҳнати созанда парвариш меёбад.

Ҳамчун олимони соҳаи педагогика, масъулияти мо аст, ки илму таълимро бо таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ муттаҳид намуда, барои таҳкими педагогикаи миллии кишвар саҳмгузор бошем. Ин раванд метавонад заминаи рушди устувори таълим, рушди инсоният ва таъмини ояндаи дурахшони миллат бошад.

Маврид ба зикр аст, ки Педагогикаи миллӣ на танҳо илм аст, балки калиди пешрафти ҷомеа ва кафили ҳифзи ҳастии фарҳанг ва арзишҳои миллист. Барои ин, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи навгониҳои илмӣ ва технологияҳои нав дар соҳаи таълим бошем ва онҳоро роҳандозӣ намоем.

Муҳити таълимӣ бояд на танҳо бо маводҳои нав, усулҳои интерактивӣ ва технологияҳои рақамӣ таъмин гардад, балки таълим ва тарбияи кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ тақвият бахшад. Педагогикаи миллӣ бояд нақши асосиро дар тарбияи шахсиятҳои босавод, комил ва фаъол дар ҷомеа бозад.

Ҳамин тариқ, олимон ва мутахассисони соҳаи педагогика вазифадоранд, ки бо истифода аз методологияҳои муосир ва таҳқиқоти илмӣ ба такмили низоми таълимӣ саҳми арзанда гузоранд. Инчунин, онҳо бояд ба омӯзгорон ва мураббиён воситаҳои нави таълимӣ ва усулҳои муосири педагогиро омӯзонанд, то ки раванди таълим боз ҳам самаранок ва ҷолиб гардад.

Пешрафти педагогикаи миллӣ имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таълими пешқадам дар арсаи байналмилалӣ шинохта шавад ва насли наврасро барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ омода намояд. Аз ин рӯ, рушди педагогикаи миллӣ бо истифода аз дастовардҳои замони муосир на танҳо вазифаи илмӣ, балки қарзи миллӣ ва фарҳангист.

Ҳаминтавр, ин таъкиди Пешвои муаззами миллатро метавон як роҳ ва стратегияи миллӣ барои расидан ба ояндаи дурахшон арзёбӣ намуд. Итминони комил дорам, ки бардошт аз ин суханронӣ барои мо муҳаққиқони соҳаи педагогика як дастури ояндадорест, ки бо саъю талош дар ҳалли масъалаҳои соҳа метавон саҳмгузор буд.

АБДУМУМИНЗОДА Ситора, Номзади илмҳои педагогӣ

Санаи 30 августи соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ суханронии пурмазмун ва саршор аз андешаҳои роҳнамоӣ ироа намуданд. Ин суханронӣ барои ман ва кулли ҷавонони кишвар як дарси бузурги ҳаётӣ, як рамзи худшиносӣ ва як сабақи ватандӯстӣ гардид.

Дар оғози суханронии худ Пешвои миллат аҳаммияти таърихии 1-уми сентябрро ҳамчун Рӯзи муқаддаси дониш таъкид намуда, нақши илм, маориф ва маърифатро дар зиндагии ҷомеа ва ояндаи давлат равшан баён карданд. Ин ҷашн на танҳо оғози соли нави таҳсил аст, балки рамзи рӯ ба илму маърифат овардани наслҳои нав ва такмил додани фарҳангу худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. Ман ҳамчун магистранти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ифтихор эҳсос кардам, ки давлату Ҳукумат маорифро дар маркази сиёсати миллӣ қарор додаанд.

Дар суханрониашон Пешвои муаззами миллат махсус таъкид карданд, ки ҷавонон бояд бо донишҳои муосир мусаллаҳ бошанд, забонҳои хориҷиро омӯзанд, ба техникаву технологияҳои нав шинос бошанд ва аз фарҳангу таърихи миллати худ бохабар бошанд. Ин суханон ба ман неру бахшид, зеро масъулияти ҳар як ҷавон на танҳо таҳсил кардан, балки ба як шахсияти комил табдил ёфтан ва дар рушди Ватани азизу маҳбуби хеш саҳмгузор будан аст.

Яке аз қисматҳои асосӣ ва таъсирбахши суханронӣ ба масъалаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ бахшида шуд. Пешвои муаззами миллат бо хотиррасон кардани давраҳои душвори солҳои 90- уми асри гузашта таъкид намуданд, ки сулҳ ва оромии кишвар бо талошҳои зиёд ба даст омадааст ва онро бояд мисли гавҳараки чашм ҳифз кунем. Ман аз ин суханҳо дарк намудам, ки сулҳ танҳо як неъмати оддӣ нест, балки заминаи рушди маориф, иқтисод, фарҳанг ва умуман тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошад. Агар сулҳ намебуд, мо имрӯз имкони таҳсил, пешрафт ва созандагӣ намедоштем.

Ҳангоми шунидани ин суханҳо эҳсоси ифтихор дар қалби ман дучанд гардид, зеро насли ҷавон имрӯз дар фазои сулҳу ваҳдат таҳсил мекунад ва имкони омӯзиши илмҳои муосирро дорад. Ман масъулияти худро дар назди Ватан бештар эҳсос кардам: бояд ин неъмати бузургро ҳифз намоям, ба ҳар гуна таҳдид ва ғаразҳои бегона дода нашавам ва ҳамеша ба ваҳдату субот содиқ бошам.

Суханронии Пешвои муаззами миллат дорои паёми амиқи маънавию ахлоқӣ низ буд. Мо ҷавононро ба худшиносӣ, хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ даъват намуда, таъкид карданд, ки ҳар шахс бояд пеш аз ҳама шахсияти худро такмил диҳад ва барои ҷомеа шахси муфид бошад. Ин андешаҳо маро водор карданд, ки дар баробари омӯхтани фанҳои тахассусӣ, бояд ба тарбияи ахлоқӣ ва худогоҳии миллӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоям.

Дар суханронӣ инчунин масъалаҳои ободонӣ, илму техника, рушди забони давлатӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки илму маориф меҳвари рушди ҳар як давлат аст ва бе дониш ҷомеа ба пешрафт ноил намешавад. Ман аз ин суханҳо барои худ як ҳадафи муҳим гирифтам: бояд пайваста омӯзам, саъй кунам ва илму донишро ба манфиати Ватани азизи хеш истифода барам.

Дар маҷмӯъ, суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ барои ман на танҳо як маърузаи расмӣ буд, балки як дарси зиндагӣ ва як роҳнамо барои ояндаи равшан. Ман ҳис кардам, ки ҳар як сухани Пешвои муаззами миллат аз дили пурмеҳр ва аз масъулияти бузурги падаронаи эшон нисбат ба миллат сарчашма мегирад.

Ҳар як ҷавонони кишвар бояд ин суханонро бо масъулият қабул карда, роҳи донишандӯзӣ, худшиносӣ ва ватандӯстиро пеш гиранд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бо илму маърифат, бо фарҳанг ва бо сулҳу ваҳдат муаррифӣ намоем.

Хулоса, барои ман суханронии Пешвои миллат дар рӯзи муқаддаси дониш ва дарси сулҳ як ҳодисаи таърихӣ ва як сарчашмаи рӯҳбаландӣ буд. Ман қавл медиҳам, ки бо пайравӣ аз ин андешаҳои роҳнамо, ҳамеша барои рушди Тоҷикистони азизам, ҳифзи сулҳу субот ва баланд бардоштани сатҳи дониш кӯшиш менамоям.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 уми ихтисоси идоракунии давлатии

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Таассурот ва бардошт аз иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаи таҳсилоти миёна ва ё олии касбии кишвар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор мегардад, ки он ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Рӯзи дониш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи бузургдошти илму маърифату дониш истиқбол гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҳазорон нафар наврасону ҷавонон ба остонаи боргоҳҳои илму маърифат қадам мегузоранд ва дар дарси нахустин оид ба моҳияти илму дониш ва аҳамияти сулҳу субот маълумот гирифта, ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарғиби сулҳу субот даъват мешаванд. Дар арафаи соли нави таҳсил бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосиру ҷавобгӯи талабот бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, то насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Имсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ Рӯзи дониш ва Дарс сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф мулоқоти самимӣ доир намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинову иншооти нав дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар мулоқот ва суханронӣ намуданд. Дарси Сулҳ, ки ҳусни оғози соли нави таҳсил аст, дар таълимгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд ва ҳамбаста бо ифтихору ҳувияти миллӣ баргузор мегардад. Дар ин дарс ба шогирдон дар хусуси моҳияту аҳамияти сулҳ, марҳалаҳои расидани халқи тоҷик ба сулҳи комил, фидокориҳои Пешвои миллат баҳри тантанаи сулҳ ва масъулияти ҳамагонӣ дар посдории сулҳу ваҳдат ба таври муассир нақл карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро фурсати хубе барои таҳлилу баррасии вазъи соҳаи ҳаётан муҳим – маориф арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки бо шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешрафту дастовардҳои кишвар, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро сари баланду қомати болои мардум, бахту саодати ҳар як хонадон ва асоси пешрафти давлату миллат, аз ҷумла рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди ташаббуси навбатии Тоҷикистон доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»-ро идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ номиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ҷавонону наврасони ватандӯсти Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки мо бояд бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, бо ҳисси баланди миллӣ тамоми тавону неруи худро барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлати соҳибихтиёрамон равона созем

Директори Институти иқтисодиёт

ва демографияи АМИТ, д.и.и.Бобозода К.О.

Рӯзи дониш, ки ҳар сол санаи 1-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, ҳамчун рамзи оғози соли нави таълимӣ ва арҷгузорӣ ба илму маърифат дар бисёр кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъруф аст. Ин рӯз на танҳо ҳамчун иди мактаббачагон, балки ҳамчун фурсате барои бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва аҳамияти дониш дар рушди ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад.

Анъанаи таҷлили "Рӯзи дониш" ба давраи Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд, ки он соли 1935, бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Сотсиалистии Шӯравӣ (ИҶШС), дар тамоми муассисаҳои таълимӣ 1-уми сентябр ҳамчун рӯзи оғози соли таҳсил муқаррар гардида буд. Тасмими мазкур бо мақсади ягонасозии низоми таълим дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардида, соли 1984, ин сана расман ҳамчун "Рӯзи дониш" эълон гардид.

Баъд аз соли 1991, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, Рӯзи дониш бо ба роҳ мондани "Дарси сулҳ" тақвият ёфта, он ба рамзи Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва маърифат мубаддал гардид.

Рӯзи дониш дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" аз 21 июли соли 2011, №201 ва бо тағиротҳои минбаъдаи соли 2016, ҳамчун яке аз рӯзҳои ид, расман инъикос ёфтааст.

Таърих нишон медиҳад, ки дониш ҳамеша яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа мебошад.

Дар ҷомеаи муосир, дониш яке аз унсурҳои муҳими ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ гардидааст. Рӯзи дониш на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки фурсате барои таъкид ба аҳамияти илму маърифат буда, дар таҳкими сулҳу субот низ нақши муҳимро мебозад. Ба гуфтаи муҳаққиқон бошад, дониш дар раванди ҷаҳонишавӣ омили асосии рақобатпазирии миллатҳо гардидааст.

Дар асри XXI, дониш, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ омилҳои асосии пешрафти ҷомеа гардида, ин ба ҷавонон имконият медиҳад, ки ба омӯзиши илмҳои муосир ва технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ рӯ оваранд, то ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд.

Инчунин, Рӯзи дониш ба омӯзгорону донишҷӯён ва падару модарон имконият медиҳад, ки аҳамияти таълимро амиқ дарк намоянд. Ин рӯз на танҳо ба маърифат, балки ба тарбияи ахлоқӣ ва ҳувияти миллӣ низ саҳмгузор мебошад. Ба гуфтаи дигар муҳаққиқон, маориф яке аз рукнҳои асосии таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.

Ҳамин тавр, рӯзи дониш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳамчун иди оғози соли нави таҳсил, балки ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдати миллӣ ва маърифат аҳамияти хоса дорад. Таърихи он аз давраи Шӯравӣ сарчашма гирифта, дар шароити муосири Тоҷикистон ба воситаи пешбарандаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфтааст. Бо такя ба адабиёт ва манбаъҳои муътбар, метавон гуфт, ки Рӯзи дониш дар ташаккули ватандӯстию хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллию масъулияти хизматӣ нақши калидиро бозида, он ҳамчун илҳомбахши ҷавонон барои баланд бардоштани илму маърифат ва донишу малакаи онҳо боқӣ мемонад.

Адабиёт:

1. Аҳмадов, Ф. (2021). Таълим ва глобализатсия: Нақши дониш дар рушди ҷомеа. Душанбе: Нашриёти ДДТ.

2. Мирзоев, А. (2010). Таърихи маорифи Тоҷикистон дар асри XX. Душанбе: Ирфон.

3. Нурматов, Ш. (2018). Маориф ва пешрафти ҷомеа. Маҷаллаи "Илм ва Ҷомеа", №3, саҳ. 45–50.

4. Қосимов, Р. (2015). Таърихи ташаккули низоми маориф дар ИҶШС. Хуҷанд: Нашриёти Донишгоҳи Хуҷанд.

5. Саидов, Ҳ. (2019). Технология ва маориф: Роҳи пешрафти Тоҷикистон. Душанбе: Нашриёти "Илм".

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", аз 21 июли соли 2011, №201.

Олимҷон Азизов - мудири шӯъбаи менеҷмент, муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи

Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ.

Элбек Замиров - нозири калони шӯъбаи менеҷмент, муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи

Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Subscribe to Мақолаҳо